Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгохи масчид дар Ислом

5.Ҳукми шариат дар мавриди тарки намози ҷамоат

Дар канори хабар додани ҳукму фазилати намози ҷамоат ва башорат додани аҷру савобу подошҳои илоҳӣ дар ивази он, шариати исломӣ ҳамчунин мусалмононро аз тарки намози ҷамоат барҳазар дошта, ҳукму оқибату пайомадҳои тарки онро ба таври возеҳ баён мекунад. Тарки намози ҷамоат аз назари шариати исломӣ ҳамчун тарки яке аз суннатҳои муаккадаи шаръӣ ва тарки пайравӣ аз роҳи Паёмбари акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва гумроҳии ошкор ба ҳисоб рафта, ба таври бисёр шадид наҳй шудааст. Шахси аз намози ҷамоат дурмонда дар манбаъҳои шаръӣ ба гӯсфанди аз рама ҷудомонда ташбеҳ шудааст, ки ба осонӣ тӯъмаи гургон хоҳад шуд. Ҳамин тавр, инсоне, ки аз масҷид ва намози ҷамоат дур мондааст, низ метавонад ба осонӣ ба доми васвасаи шайтон афтода, ба сӯи фасоду гумроҳӣ равад:

Матни ҳадис:

«عَنْ مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ Z أَنَّ نَبِيَّ اللَّهِ y قَالَ: إِنَّ الشَّيْطَانَ ذِئْبُ الْإِنْسَانِ كَذِئْبِ الْغَنَمِ يَأْخُذُ الشَّاةَ الْقَاصِيَةَ وَالنَّاحِيَةَ فَإِيَّاكُمْ وَالشِّعَابَ وَعَلَيْكُمْ بِالْجَمَاعَةِ وَالْعَامَّةِ وَالْمَسْجِدِ».

Тарҷума: Муоз ибни Ҷабал мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Шайтон гурги инсон аст, мисли гурги гӯсфандон, ки гӯсфанди аз рама ҷудомонда ва дурмондаро мегирад. Зинҳор худро аз канор гирифтан аз ҷамоат нигаҳ доред ва ҳатман бо ҷамъият ва бо оммаи мардум ва бо масҷид бошед.

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 2102

ва «Мӯъҷами Кабири Табаронӣ», ҷилди 20, саҳ. 164. ҳадиси 344

Аз ин рӯ, бе узри воқеӣ тарк кардани намози ҷамоат аз тарафи шариати исломӣ манъ гашта, мусалмононе, ки чунин рафтор мекунанд, шадидан сарзаниш шудаанд. Аз ҷумла, аз мазмуни ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ, алайҳиссалом, маълум мешавад, ки ҳукми тарккунандагони намози ҷамоат дар ислом басе шадид ва қатъӣ мебошад:

1. Матни ҳадис:

…»عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y : مَنْ سَمِعَ الْمُنَادِيَ فَلَمْ يَمْنَعْهُ مِنْ اتِّبَاعِهِ عُذْرٌ قَالُوا: وَمَا الْعُذْرُ قَالَ خَوْفٌ أَوْ مَرَضٌ لَمْ تُقْبَلْ مِنْهُ الصَّلَاةُ الَّتِي صَلَّى «…

Тарҷума: Ибни Аббос мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Касе садои азони муаззинро шунавад, дигар ҳеҷ узре ӯро аз масҷид рафтан боз дошта наметавонад. Пурсиданд, ки узр чист? Гуфтанд: Узри тарки намози ҷамоат хавф ва ё беморист. Агар бе доштани ин узрҳо ба масҷид нараваду дар хонааш намоз гузорад, намози ӯ ба даргоҳи илоҳӣ қабул нахоҳад шуд.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 464,

2.Аз матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z قَالَ: أَتَى النَّبِيَّ y رَجُلٌ أَعْمَى فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّهُ لَيْسَ لِي قَائِدٌ يَقُودُنِي إِلَى الْمَسْجِدِ. فَسَأَلَ رَسُولَ اللَّهِ y أَنْ يُرَخِّصَ لَهُ فَيُصَلِّيَ فِي بَيْتِهِ فَرَخَّصَ لَهُ. فَلَمَّا وَلَّى دَعَاهُ فَقَالَ: هَلْ تَسْمَعُ النِّدَاءَ بِالصَّلَاةِ قَالَ: نَعَمْ قَالَ فَأَجِبْ».

Тарҷума: Абуҳурайра нақл мекунад, ки марди нобиное назди Расули Худо, алайҳиссалом, омад ва пурсид: Эй Расули Худо, ман касе надорам, ки маро ба масҷид барад, оё барои ман рухсат ҳаст, ки намозро дар хонаам гузорам? Ба ӯ иҷозат доданд. Вақте ки пушт гардонид, ӯро бозхонда гуфтанд: Оё овози азонро мешунавӣ? Гуфт: Оре. Фармуданд: Пас даъвати Ҳаққро иҷобат кун (ва ба масҷид биё).

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Ал-масоҷид ва-л-мавозиъу-с-салот», ҳадиси 1044

Дар ҳамин масъала аз ҳазрати Алӣ(р) низ ривояте ворид шудааст, ки агар шахс ҳамсояи масҷид бошад ва овози азонро шунавад, намози дар хона хондаи ӯ қабул нест:

Матни ривоят:

«عن علي Z قال: لا صلاة لجار المسجد إلا في المسجد. قيل: ومن جار المسجد قال: من أسمعه المنادي».

Тарҷума: Ҳазрати Алӣ(р) фармуданд: Намози ҳамсояи масҷид берун аз масҷид қабул нест. Пурсида шуд, ки ҳамсояи масҷид кист? Гуфт: Касе, ки овози муаззинро бишнавад.

«Мусаннафи Ибни Абу Шайба». ҷилди 1, саҳ. 304, ҳадиси 3469

Масъалаи воҷиб будани намози ҷамоат дар осори фиқҳии фақеҳони мӯътабари аҳли суннат ва ҷамоат ва хусусан, мазҳаби ҳанафӣ низ ба таври бисёр муфассал таҳлилу баррасӣ шудааст. Яке аз фақеҳони номвар Имом Заҳабӣ тарки бе узри намози ҷамоатро аз гуноҳони кабира дониста, барои исботи ин хулосаи худ дар китоби «Кабоир» ҳадисҳои набавӣ ва фатвоҳои шаръиро дар мавриди ҳукми касоне, ки бо вуҷуди шунидани азон ба сӯи масҷид намераванд, гирдоварӣ кардааст.

Ниг.: Имом Заҳабӣ. «Ал-кабоир», ҷилди 1, саҳ. 232

****

Ҳамин тавр, аз фармудаҳои манбаъҳои шаръӣ, ки то ин ҷо оварда шуд, ба рӯшанӣ маълум мегардад, ки масъалаи намози ҷамоат дар таълимоти исломӣ масъалаи бисёр муҳимм буда, мусалмонон даъват шудаанд, ки ин суннати муаккадаи исломро муроот бикунанд. Худованди мутаъол барои касоне, ки намозро дар масҷидҳо бо ҷамоат мегузоранд, аҷру савоби зиёдеро ваъда карда, касонеро, ки бе узри воқеӣ намози ҷамоатро тарк мекунанд, сарзаниш намудааст ва намози онҳоро мавриди қабул надонистааст.

Аз ин таъкиду фармудаҳои шариати исломӣ маълум мегардад, ки ҳар фарди мусалмон бояд талош варзад, ки намози худро бо ҷамоат дар масҷид бигузорад, то ҳам тарки суннат накарда бошад ва ҳам савоби бузурги Худовандиро ба даст оварад.

Баррасии ҳукми шариати исломӣ дар масъалаи намози ҷамоат дар масҷид ва исбот шудани ҳатмияти он барои мусалмонон суолеро ба миён меорад, ки дар сурате, ки ҳамаи мусалмонон барои намоз ба масҷидҳо бираванд, оё масҷидҳо зарфият ва гунҷоиши онҳоро доранд ва оё ба таври ҳатмӣ ба масҷидҳо рафтан вақту заҳмати зиёдеро талаб намекунад? Дар посух ба ин саволи мантиқӣ бояд гуфт, ки дар як кишвари мусалмоннишин бояд ҳар як гузару маҳаллаву деҳа масҷиди панҷвақтаи худ ва ҳар идораву муассисаву корхона намозхона ё ҳуҷраи намозгузории худро дошта бошад, то мардум битавонанд бе сарф кардани вақту имконоти зиёд дар он ҷо намози худро бо ҷамоат гузоранд. Ҳазрати Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар ин масъала ба мусалмонон дастури дақиқ додаанд:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَائِشَةَ رضى الله عنها قَالَتْ: أَمَرَ رَسُولُ اللَّهِ y بِبِنَاءِ الْمَسَاجِدِ فِي الدُّورِ وَأَنْ تُنَظَّفَ وَتُطَيَّبَ».

Тарҷума: Оиша(р) мегӯяд: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, ба сохтани масҷидҳо ва поку хушбӯй нигоҳ доштани онҳо дар қабилаҳо ва маҳаллаҳо амр карданд.

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 542,

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 384

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25182

Муаллифи «Тӯҳфату-л-Аҳвазӣ, шарҳи Тирмизӣ» дар шарҳи ин дастури Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, аз ҷумла чунин мегӯяд:

Аз матни шарҳи ҳадис:

…»وَحِكْمَةُ أَمْرِهِ لِأَهْلِ كُلِّ مَحَلَّةِ بِبِنَاءِ مَسْجِدٍ فِيهَا أَنَّهُ قَدْ يَتَعَذَّرُ أَوْ يَشُقُّ عَلَى أَهْلِ مَحَلَّةٍ الذَّهَابُ لِلْأُخْرَى فَيُحْرَمُونَ أَجْرَ الْمَسْجِدِ وَفَضْلَ إِقَامَةِ الْجَمَاعَةِ فِيهِ فَأُمِرُوا بِذَلِكَ لِيَتَيَسَّرَ لِأَهْلِ كُلِّ مَحَلَّةٍ الْعِبَادَةُ فِي مَسْجِدِهِمْ مِنْ غَيْرِ مَشَقَّةٍ تَلْحَقُهُمْ»

Тарҷума: Ҳикмати амри Паёмбар, алайҳиссалом, дар бораи дар ҳар маҳалла бино кардани масҷид дар он аст, ки гоҳо барои аҳли маҳаллае рафтан ба маҳаллаи дигар душвор меафтад, пас эшон аз савоби масҷид ва фазилати намози ҷамоат маҳрум мемонанд. Аз ин рӯ, ба сохтани масҷидҳо амр намуданд, то барои аҳли ҳар маҳаллае бидуни заҳмату душворӣ ибодат кардан дар масҷидашон муяссар гардад.

«Тӯҳфату-л- Аҳвазӣ, шарҳи Тирмизӣ», ҷилди 3, саҳ. 168

Агар талаботи шариати исломӣ дар бораи ҳатмият ва зарурати намози ҷамоатро ба шароити имрӯзаи зиндагии мусалмонони Тоҷикистон муқосиа намоем, мебинем, ки имрӯз бо лутфи Худованд аксари маҳаллаҳо ва деҳаҳои мо дорои масҷидҳои панҷвақтаи худ мебошанд. Яъне имрӯз барои аксари намозгузорон имкони дар масҷиди маҳаллаи худ ва наздикии хонаи худ ба ҷо овардани намози ҷамоат мавҷуд аст. Дар чунин шароит, бе узру сабаби воқеӣ тарк кардани намози ҷамоат ва дар намозҳои панҷвақта холӣ гузоштани масҷидҳо бар хилофи дастури шариати исломӣ буда, на танҳо аз савоби ҷамоат маҳрум мешаванд, балки ба таври ошкоро тарк намудани суннати муаккадаи Расули Худо, дуруд бар ӯ, мебошад. Аз ин рӯ, мусалмононе, ки аз намози ҷамоат дар масҷидҳо дурӣ меҷӯянд, бояд ин амали худро бо дастурҳои дақиқи шариати исломӣ ва фармудаҳои саҳеҳи Паёмбари гиромӣ, алайҳиссалом, муқоиса карда, худ аз рафтори худ хулосагирӣ намоянд.

Албатта, ҳангоми сӯҳбат дар бораи масҷидҳои панҷвақта ва ё масҷидҳои маҳалла, ногузир масъалаи вазъияти ҳуқуқии фаъолияти онҳо пеш меояд. Баъзе аз мансабдорон масҷиди маҳалларо ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ҳисобида, талаб мекунанд, ки он бояд дорои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ буда, аз қайди давлатӣ гузаронида шавад. Чунин навъи фаҳми мақоми ҳуқуқии масҷидҳои панҷвақтаи маҳалл боиси бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ гаштани фаъолияти онҳо мегардад, зеро як масҷиди панҷвақтаи маҳалл имкони ҷавобгӯӣ ба чунин талабҳои ғайриконститутсиониро надорад.

Барои ҳалли ин масъла, ки имрӯз ба яке аз мушкилаҳои ҷиддии ҷомеаи мо табдил шудааст, беҳтар аст аз масҷидҳои панҷвақтаи маҳаллӣ ба даст овардани мақоми шахсияти ҳуқуқӣ талаб карда нашавад. Зеро ин масҷидҳо дар асл ҳуҷраҳои намозгузорӣ ё намозхонаҳои маҳалла буда, дар онҳо ҳеҷ кас ҳамчун корманди штатӣ кор намекунад ва онҳо ҳеҷ гуна идора, маъмурият, ҳисоби бонкӣ ва дигар навъӣ фаъолиятҳоро надоранд. Ҳукми ин гуна намозгоҳҳо бояд дар ҳукми маҳалҳои намозгузорие бошанд, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон дар аксари ҷойҳои ҷамъиятӣ мавҷуд мебошанд. Масалан, дар кишварҳои демократӣ дар вокзалҳо, фурӯдгоҳҳо, фурӯшгоҳҳои бузург, қисмҳои ҳарбӣ, зиндонҳо, поркҳо ва ғайра масҷидҳо ва ҳуҷраҳои ибодат мавҷуд ҳастанд. Ҳатто дар табақаи сеюми фурӯдгоҳи Домодедовои Москва масҷид вуҷуд дорад. Чунин масҷидҳо шахсияти ҳуқуқӣ набуда, ҳукми намозхона ва ё ҳуҷраи ибодатро доранд ва ҷузъи зерсохтори ҳамон муассисаҳо мебошанд.

Ҳамин тавр, имрӯз метавон ба масҷидҳои маҳалла низ чунин нигоҳ кард ва онҳоро ҳамчун намозгоҳҳои гузарҳо ва маҳаллаҳо эътироф намуд. Дар чунин ҳолат яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки имрӯз боиси нигаронии намозгузорон дар маҳаллаҳо гаштааст, ҳалли худро хоҳад ёфт.

Шартҳое чун доштани ҳайати муассисон, сертификати истифодаи замин, лоиҳаи сохтмон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, бақайдгирии давлатӣ ва ғайра бояд танҳо нисбат ба масҷидҳои ҷомеъ пешбинӣ гардад, зеро онҳо дорои мақоми ташкилоти динӣ буда, иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ, молиявӣ ва ғайруҳум мебошанд.

6. Фарҳангу одобе, ки бояд мусалмонон дар масҷид риоя кунанд

Тавре ки гуфта шуд, дар таълимоти дини мубини ислом масҷид дорои ҷойгоҳи бисёр боло мебошад. Чунин мақому фазилати масҷид аз мусалмонон талаб мекунад, ки барои ба ҷой омадани эҳтироми масҷид ва таъмин шудани шукӯҳу ободии ҳамешагии он одобу фарҳанги махсуси масҷидравию масҷиддориро муроот кунанд.

Зери мафҳуми одобу фарҳанги масҷиддорӣ маҷмӯи талаботе дар назар дошта шудааст, ки шариати исломӣ барои ҳифзи ҷойгоҳу эҳтироми масҷид дар ин самт барои мусалмонон муайян кардааст. Ин фарҳангу тартиб аз ҷумла одоби даромадан ва хориҷ шудан аз масҷид, дуъоҳои зурурӣ барои ин лаҳзаҳо, тозаву озодаву хушбӯй нигоҳ доштани масҷид, донистани амалҳои мамнӯъ ё ҷоиз дар масҷид, муносибати намозгузор бо мусалмонони дигар дар масҷид ва ғайраро дар бар мегирад. Аз он ҷо, ки мавзӯи одоби масҷидравию масҷиддорӣ дар фиқҳи исломӣ басе густарда аст, дар ин ҷо бо такя ба сарчашмаҳои мӯътабари фиқҳӣ фақат баъзе аз талаботи муҳимми онро ба таври мухтасар баён менамоем:

1. Одоби дохил шудан ба масҷид ва хориҷ шудан аз он

Нахустин одобе, ки бояд аз тарафи ҳар мусалмон дар нисбати масҷид риоят карда шавад, одоби ворид шудан ба масҷид ва хориҷ шудан аз он аст. Чун масҷид хонаи Худованд ва макони поку беолоиш аст, вуруду хуруҷи он одобу қоидаи хосси худро дорад.

Чигунагии ин одобро Паёмбари ислом, алайҳиссалом, барои мусалмонон пеш аз ҳама бо рафтори шахсии худ таълим додаанд. Мувофиқи ҳадисҳои расида ҳазрати Расулаллоҳ, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ба масҷид бо пои рост ворид шуда, аз он бо пои чапашон хориҷ мешуданд ва ҳангоми ворид шудан ва хориҷ шудан дуъоҳои махсусеро мехонданд. Чигунагии ин амали эшон дар ҳадиси зерин, ки аз Абдуллоҳ ибни Аббос(р) расидааст, чунин баён мешавад:

Матни ҳадис:

«عن ابن عباس Z عن النبي y: كان إذا دخل المسجد قدم رجله اليمنى وقال: وأن المساجد لله فلا تدعوا مع الله أحدا, اللهم أنا عبدك وزائرك وعلى كل مزور حق وأنت خير مزور فأسألك برحمتك أن تفك رقبتي من النار . فإذا خرج من المسجد قدم رجله اليسرى وقال: اللهم صب علي الخير صبا ولا تنزع عني صالح ما أعطيتني أبدا ولا تجعل معيشتي كدا واجعل لي في الأرض جدا أي غنى».

Тарҷума: Ибни Аббос(р) ривоят мекунад, ки чун Расули Худо, алайҳиссалом, ба масҷид медаромад, пойи росташро пеш мегузошт ва мегуфт: Масҷидҳо хосси Худованди ягонаанд ва касеро бо Худо дар ибодат шарик накунед. Худоё, ман банда ва меҳмони туям ва бар ҳар мизбоне ҳаққест (ки меҳмони худро эҳтиром кунад). Ту беҳтарин зиёратшудаӣ, пас туро ба раҳматат мепурсам, ки маро аз оташи дӯзах озод созӣ. Ва чун аз масҷид мебаромад, пойи чапашро пеш мегузошт ва мегуфт: Худоё, бар сари ман хайру некиро бирез ва ин хайру некиҳое, ки бар ман ато фармудаӣ, ҳаргиз магир, зиндагии маро мушкил магардон, барои ман дар замин фаровонӣ арзонӣ дор.

«Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 19, саҳ. 22

Тартибу одоби ба масҷид дохил шудан ва аз он хориҷ гаштанро ҷаноби Расулуллоҳ, алайҳиссалом, дар ҳадиси дигари худ ба таври зер таълим додаанд: Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي حُمَيْدٍ Z أَوْ عَنْ أَبِي أُسَيْدٍ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y : إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمْ الْمَسْجِدَ فَلْيَقُلْ: اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ. وَإِذَا خَرَجَ فَلْيَقُلْ: اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ».

Тарҷума: Абусайди Соидӣ мегӯяд. Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Ҳангоме, ки яке аз шумо дохили масҷид мешавад, ин дуъоро бихонад, ки «Худоё, дарвозаҳои раҳмататро бароям бикушо» ва чун аз масҷид берун мешавад, ин дуъоро бихонад, ки «Худоё, фазли туро мехоҳам».

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Салоту-л-мусофирин ва қасруҳо», ҳадиси 1165

ва «Сунани Нисоӣ», китоби «Масоҷид», ҳадиси 721

Аллома Муҳаммадманзури Нӯъмонӣ дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: «Дар Қуръони маҷид лафзи «раҳмат» бештар бар неъматҳои динӣ ва маънавӣ ва лафзи «фазл» бар ризқ ва дигар неъматҳои дунявӣ итлоқ гардидааст. Бинобар ин, Паёмбари гиромии ислом, алайҳиссалом, ҳангоми дохил шудан ба масҷид дуъои фатҳи боби раҳматро таълим доданд. Зеро масҷид ҷойи ба даст овардани неъматҳои динӣ, маънавӣ ва ухравӣ аст. Ва ба ҳангоми берун шудан аз масҷид талаби фазл ва неъматҳои дунявиро талқин фармуданд. Зеро барои кори дунё берун аз масҷид муносиб аст. Сарчашмаи хосси ин ду амр ин аст, ки ба ҳангоми дохил шудан ва берун шудан аз масҷид, инсон аз Худо ғофил набошад ва дар ҳар ду ҳолат таваҷҷӯҳи ӯ ба сӯи Худо монанди таваҷҷӯҳи суолкунанда бошад».

Аллома Муҳаммадманзури Нӯъмонӣ. «Маъорифу-л-ҳадис», ҷилди 3, саҳ. 137

Ровии машҳӯри ҳадисҳои набавӣ Абуҳурайра низ ҳадисеро аз Расули Худо, алайҳиссалом, овардааст, ки дар он дуъоҳои зарурӣ ҳангоми вуруд ва хуруҷи масҷид таълим дода мешаванд:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمْ الْمَسْجِدَ فَلْيُسَلِّمْ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلْيَقُلْ: اللَّهُمَّ افْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ. وَإِذَا خَرَجَ فَلْيُسَلِّمْ عَلَى النَّبِيِّ y وَلْيَقُلْ: اللَّهُمَّ اعْصِمْنِي مِنْ الشَّيْطَانِ الرَّجِيم»ِ.

Тарҷума: Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбар, дуруд бар ӯ, фармуданд: Ҳангоме, ки яке аз шумо дохили масҷид мешавад ба ман дуруду салом расонда, ин дуъоро бихонад. «Бор Худоё дарвозаҳои раҳмататро бароям бикушо» ва чун аз масҷид берун мешавад ба ман дуруду салом расонда, ин дуъоро бихонад. «Бор Худоё маро дар паноҳи худат аз шайтони рондашуда нигаҳ дор».

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *