Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгохи масчид дар Ислом

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Ал-масоҷид ва-л-ҷамоот», ҳадиси 765

Бо ҳамин мазмун аз ҳазрати Фотима(р) низ ҳадиси зерин расидааст:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ الْحَسَنِ عَنْ أُمِّهِ فَاطِمَةَ بِنْتِ الْحُسَيْنِ عَنْ جَدَّتِهَا فَاطِمَةَ الْكُبْرَى رضى الله عنها قَالَتْ: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ y إِذَا دَخَلَ الْمَسْجِدَ صَلَّى عَلَى مُحَمَّدٍ وَسَلَّمَ وَقَالَ: رَبِّ اغْفِرْ لِي ذُنُوبِي وَافْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ وَإِذَا خَرَجَ صَلَّى عَلَى مُحَمَّدٍ وَسَلَّمَ وَقَالَ: رَبِّ اغْفِرْ لِي ذُنُوبِي وَافْتَحْ لِي أَبْوَابَ فَضْلِكَ».

Тарҷума: Ҳазрати Фотима(р) мегӯяд, ки ҳар гоҳ Паёмбари Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, дохили масҷид мешуданд пас аз салавот ин дуъоро мехонданд: «Парвардгоро, гуноҳони маро биёмурз ва дарвозаи раҳмататро бар рӯи ман бикушо». Ва ҳар гоҳ, ки хориҷ мешуданд пас аз салавот ин дуъоро мехонданд: «Парвардгоро, гуноҳони маро биёмурз ва дарҳои фазлатро бар рӯи ман бикушо».

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Салот», ҳадиси 289

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25212

(Барои ошноӣ бо шарҳи ин ҳадис ниг.: «Туҳфату-л-аҳвазӣ», ҷилди 2, саҳ. 214-216)

Одоби дигаре, ки шариати исломӣ барои мусалмонон дар масъалаи вуруди масҷид таълим медиҳад, ба ҷой овардани намози таҳияи масҷид аст. Яъне, фарди мусалмон пас аз дохил шудан ба масҷид ва пеш аз нишастан ҳамчун хушнудӣ аз вуруд ба хонаи Худо ва эҳтиром ба масҷид ду ракъат намози нафл мехонад. Ин таълими шариати исломӣ дар ҳадиси зерин омадааст:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي قَتَادَةَ السَّلَمِيِّ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمْ الْمَسْجِدَ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ قَبْلَ أَنْ يَجْلِسَ».

Тарҷума: Абуқатодаи Саламӣ мегӯяд, ки Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Чун касе аз шумо ба масҷид дохил шавад, пеш аз он, ки бинишинад, ду ракъат намози таҳияи масҷид бихонад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Салот», ҳадиси 425

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Салоту-л-мусофирин ва қасруҳо», ҳадиси 1166

Аллома Муҳаммадманзури Нӯъмонӣ дар ҳошияи ин ҳадиси набавӣ чунин овардааст: «Масҷид бо Худованди мутаъол нисбати хоссе дорад ва ба ин сабаб онро хонаи Худо мегӯянд. Бинобар ин, яке аз ҳуқуқ ва одоби дохил шудан ба он ин аст, ки пеш аз ин ки дар масҷид бинишинад, ду ракъат намоз бихонад ва ин гӯё таҳият ва саломи боргоҳи Худованд аст ва барои ҳамин ин намозро «таҳияту-л-масҷид» мегӯянд, вале аз назари ҷумҳури имомони аҳли суннат ин намоз ҳукми мустаҳаббро дорад».

Аллома Муҳаммадманзури Нӯъмонӣ. «Маъорифу-л-ҳадис», ҷилди 3, саҳ. 138

Бо ҳамин мазмун дар «Саҳеҳи Бухорӣ» ҳадиси дигаре низ аз Расули акрам, алайҳиссалом, бо ривояти Каъб ибни Молик омадааст.

Ниг.: «Саҳеҳи Бухорӣ»,

китоби «Тафсиру-л-Қуръон», ҳадиси 4309 ва 2858

Хулоса, ҳадису фатвоҳои шаръии боло нишон медиҳанд, ки дар таълимоти шариати исломӣ муҳимтарин одоби вуруду хуруҷи масҷид ворид шудан бо пои рост, хондани дуъои дохилшавӣ, ба ҷой овардани намози таҳияти масҷид, хориҷ шудан бо пои чап, хондани дуъои беруншавӣ аз масҷид мебошад. Ҳамин тавр, дохил шудан ва хориҷ шудан аз масҷид одобу қоидаи хосси худро дошта, дар таълимоти исломӣ аз мусалмонон талаб мешавад, ки бо риояти ин одоб эҳтироми масҷидро пурра ба ҷой оваранд.

2.Тозаву озода ва хушбӯй нигоҳ доштани масҷидҳо

Яке аз муҳимтарин талаботи шариати исломӣ дар бораи масҷидҳо тозаву озода ва хушбӯю муаттар нигоҳ доштани онҳо мебошад. Мақсад аз покию тозагӣ фақат покии фазои маънавии масҷид набуда, балки ҳама ҷои масҷид, аз ҷумла фаршу сақф, дару девор ва муҳиту фазои он бояд тозаву озода бошанд. Ин тозагӣ бояд ба гунае бошад, ки шахс баробари ворид шудан ба масҷид эҳсос кунад, ки вориди як макони хосси аз ҳар назар поку озода гаштааст.

Паёмбари ислом, алайҳиссалом, ба масъалаи покии муҳит ва фазои масҷид таваҷҷуҳи хосса намуда, ҳамеша ба риояти ин зарурат ва ин асли исломӣ таъкид мефармуданд. Чунон ки ҳазрати Оиша(р) шаҳодат додаанд:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَائِشَةَ رضى الله عنها قَالَتْ: أَمَرَ رَسُولُ اللَّهِ y بِبِنَاءِ الْمَسَاجِدِ فِي الدُّورِ وَأَنْ تُنَظَّفَ وَتُطَيَّبَ».

Тарҷума: Аз Оиша(р) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, ба сохтани масҷидҳо дар маҳаллаҳо амр карданд ва ба поку хушбӯй нигоҳ доштани онҳо таъкид намуданд.

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 542,

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 384

Ҳамин ҳадис, ки ба поку озодаву хушбӯй нигоҳ доштани масҷидҳо таъкид менамояд, дар маҷмӯаи ҳадисҳои Имом Аҳмад ва Ибни Ҳиббон низ оварда шудааст.

Ниг.: «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25182

«Саҳеҳи Ибни Ҳиббон», ҷилди 4, саҳ. 513, ҳадиси 1634

Мувофиқи таълимоти шариати исломӣ, барои тозаву муаттар нигоҳ доштани фазои масҷид намозгузорон бояд ба масҷид бо либос ва бадани тоза ворид гашта, пеш аз масҷидравӣ ҳатто аз истеъмоли чизҳои бадбӯй худдорӣ намоянд. Ба хотири олуда нашудани фазои масҷид аз бӯйҳои нофорам, ҷаноби Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ҳатто мусалмононеро, ки сирпиёз истеъмол кардаанд, то вақти аз даҳонашон рафтани бӯи он аз дохил шудан ба масҷид манъ намудаанд. Ҳазрати Имом Бухорӣ дар ин маврид ҳадиси саҳеҳеро аз Расули Худо, алайҳиссалом, дар «Саҳеҳи Бухорӣ» овардаанд, ки матни он чунин аст:

Матни ҳадис:

…»عَنْ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا أَنَّ النَّبِيَّ y قَالَ: فِي غَزْوَةِ خَيْبَرَ مَنْ أَكَلَ مِنْ هَذِهِ الشَّجَرَةِ يَعْنِي الثُّومَ فَلَا يَقْرَبَنَّ مَسْجِدَنَا».

Тарҷума: Ибни Умар(р) мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, дар рӯзи ғазваи Хайбар фармуданд: Касе, ки аз ин гиёҳ, яъне сирпиёз бихӯрад, ба масҷиди мо наздик нашавад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 806

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозиъи салот», ҳадиси 870

Ин масъала, яъне дар шариати исломӣ аз вуруд ба масҷид манъ шудани шахсе, ки сирпиёз истеъмол намудааст, дар чандин ҳадиси дигари Расули Худо, алайҳиссалом, бо ибораҳои дигартар таъкид гаштааст, ки барои намуна метавон ба ҳадисҳои зерин дар манбаъҳои мӯътабари ҳадис муроҷиат намуд:

1.«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 808,

2. «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозиъи салот», ҳадисҳои 875 ва 877

Қобили зикр аст, ки мувофиқи мазмуни ин ҳадисҳо, Расули акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, худи сирпиёзро ҳаром эълон накардаанд, балки фақат ба сабаби бӯи тези он ва имкони аз он бадбӯй гаштани фазои масҷид чунин таъкид фармудаанд. Аз ин рӯ, мусалмононро зарур аст, ки ҳангоми рафтан ва ворид шудан ба масҷидҳо ба масъалаи тозагию озодагии шахсӣ таваҷҷӯҳ намуда, ин талаботи муҳимми шариатро дар назар гиранд. Дар ин росто, хусусан, ба масъалаи покизагии либос ва пойю ҷуроби худ таваҷҷӯҳ намудани намозгузорон ҳам боиси ба ҷо омадани шароити зарурӣ барои намоз ва ҳам боиси пок мондани муҳити масҷид мегардад.

Мувофиқи таълимоти шариати исломӣ барои нигоҳ доштани эҳтиром ва мақоми волои масҷид ҳатто анҷоми баъзе аз амалҳои шаръӣ дар он манъ шудааст, ки намунаи он дар дохили масҷид манъ будани анҷоми таъзирот, яъне баргузории ҷазодиҳии шаръӣ мебошад.

Расули акрам, алайҳиссалом, дар ин маврид фармудаанд:

Аз матни ҳадис:

«عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ لَا تُقَامُ الْحُدُودُ فِي الْمَسَاجِدِ»

Тарҷума: Ибни Аббос мегӯяд, ки Паёмбар, алайҳиссалом, фармуданд: Дар масҷидҳо ҳудуд (ҷазоҳои шаръӣ) ба ҷой оварда намешаванд …

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Диёт», ҳадиси 1321

3. Масъалаи хӯрдани таъом дар масҷидҳо

Яке аз мавзӯъҳои баҳсноки дигар дар боби фарҳангу одоби масҷиду масҷиддорӣ масъалаи ҷоиз будан ё набудани хӯрдани таъом дар масҷидҳо мебошад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала нахуст ба сарчашмаҳои аслии шариати исломӣ, яъне Қуръон ва Суннат, муроҷиат менамоем. Дар Қуръони карим дар ин маврид ҳукме, ки далолат бар макрӯҳ будани ин масъала бикунад, наомадааст, вале дар суннати Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ҳукми ин масъала комилан муайян аст. Бар тибқи ҳадисҳо, Паёмбари ислом на танҳо хӯрдани таъом дар масҷидҳоро манъ накардаанд, балки худашон низ борҳо дар масҷид чизе хӯрда ва ё нӯшидаанд ва дар замони эшон таъом хӯрдан дар масҷидҳо як амри маъмулӣ будааст. Барои намуна ҳадисҳои зеринро меорем:

Матни ҳадис:

«أخبرنا محمد بن الحسن أنه سمع عبد الله بن الحارث بن جزء Z يقول: كنا نأكل على عهد رسول الله y في المسجد الخبز واللحم ثم نصلي ولا نتوضأ».

Тарҷума: Муҳаммад ибни Ҳасан … аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис ибни Ҷузъ овардааст, ки мо дар замони Расули Худо, алайҳиссалом, дар масҷид нону гӯшт мехӯрдем, сипас намоз мегузоридем ва таҳорати нав намекардем.

«Саҳеҳи Ибни Ҳиббон». ҷилди 4, саҳ. 529, ҳадиси 1657

Ҳамин ҳадис дар «Сунани Ибни Моҷа» чунин ворид шудааст:

Матни ҳадис:

«عَبْدَ اللَّهِ بْنَ حَارِث Z يَقُولُ: كُنَّا نَأْكُلُ عَلَى عَهْدِ رَسُولِ اللَّهِ y فِي الْمَسْجِدِ الْخُبْزَ وَاللَّحْمَ».

Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Ҳорис мегӯяд: Мо дар замони Расули Худо, алайҳиссалом, дар масҷид нону гӯшт мехӯрдем.

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Атъима», ҳадиси 3291

Ҳазрати Имом Аҳмад низ дар «Муснад»-и худ ин ҳадисро бо ҷузъиёти бештар нақл кардаанд ва муаллифи «Мисбоҳ-уз-зуҷоҷа» ҳам онро овардааст. Ниг.: «Муснади Имом Аҳмад», ҳадисҳои 17041 ва 17049; «Мисбоҳу-з-зуҷоҷа», ҷ. 4, саҳ.15.

Ҳамчунин дар ҳадиси дигар аз Умми Омир зикр шудааст, ки Паёмбар, алайҳиссаломро, дар масҷид бо шӯрбо зиёфат додам ва эшон пас аз хӯрдани он бидуни ин ки дубора таҳорат кунанд, намози худро хонданд.»(«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 25850)

Ҳамин тавр, ин ду ҳадис далолат мекунад, ки дар замони Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, таъом хӯрдан дар масҷидҳо ҷоиз ва маъмӯл будааст ва он Ҳазрат ин амалро манъ накардаанд. Аз ин рӯ, масъалаи макрӯҳ будани хӯрдани таъом дар масҷидҳо аз Қуръон ва Суннат барнамеояд.

Вале, дар мазҳаби мо, яъне мазҳаби ҳанафӣ фатвои имомони мазҳаб ва аксари фақеҳони мӯътабари он дар ин масъала чунин аст, ки ба истиснои касоне, ки дар масҷид эътикоф менишинанд, барои дигарон таъом хӯрдан дар толори ибодатии масҷид, яъне хонақоҳ, макрӯҳ мебошад. Дар ин маврид ниг.: «Фатвои Ҳиндия», ҷилди 5, саҳ. 321-322.

Дар ин масъала бояд ба ду нуктаи муҳимм таваҷҷӯҳ намуд:

1.Макрӯҳ донистани хӯрдани таъом дар масҷид на ба худи ин амал, балки ба пайомадҳои он дахл дорад. Аксари фақеҳони ҳанафӣ дар ин маврид фармудаанд, ки сабаби макрӯҳ донистани ин амал дар он аст, ки дар натиҷаи хӯрдани таъом дар фазои масҷид бӯи равғану хӯрок паҳн гашта, дар фарши он пасмондаҳои хӯрок ва нонрезаю об мерезад ва ин ҳама боиси ифлосии масҷид мешавад. Аз тарафи дигар, ифлосии масҷид боиси пайдо шудани нонхӯраку мӯрча ва дигар ҳашарот гашта, ба покизагии он халал мерасад. Яъне на худи таъомхӯрӣ, балки оқибату осори он макрӯҳ мебошад.

Барои қиёс ин ҳукмро метавон бо ҳукми макрӯҳ эълон шудани вуруди шахси сирпиёзхӯрда ба масҷид муқоиса кард. Дар ин масъала шариати исломӣ худи хурдани сирпиёзро макрӯҳ намедонад, балки ба сабаби бадбӯии он ба масҷид омадани шахсеро, ки аз даҳонаш бӯи сирпиёз меояд, манъ кардааст. Пас, агар дар масҷид хӯрдани таъом боиси бадбӯӣ ва ифлосии масҷид намешуд, ин амал усулан боке надорад.

2.Вале тавре ки маълум аст, дар фарҳанги минтақаҳои мо дар тамоми давраҳо дар масҷид нишастан ва таъом хӯрдан маъмӯл будааст. Аз сабаби он, ки масъалаи макрӯҳ будани хӯрдани таъом дар масҷид маҳз ба толори намозгузории он дахл дорад, маъмӯлан дар ҳамаи масҷидҳо ҳуҷраи алоҳидае барои нишаст ва сӯҳбату таъом месохтанд ва ё рӯи ҳавлии масҷид суффа ё айвон дуруст мекарданд. Ин ҳуҷраҳо дар баъзе маҳаллаҳо бо номи аловхонаи масҷид ё чойхона машҳӯр буда, дар он мардум худоиҳо, ифторҳо ва ё хӯроки садақаи худро меоранд ва бо ҳам мехӯранд. Ҳамчунин мӯйсафедон дар фосилаи байни намози шом то хуфтан дар он ҷо хӯроки бегоҳии худро мехӯранд ва гоҳо ин ҳуҷраҳо ба унвони мусофирхона истифода мешавад. Пас, дар фарҳанги масҷиддории мардуми мо масъалаи таъом хӯрдан дар масҷид ҳалли дурусти худро ёфтааст ва мардум на дар толори намозгузорӣ, балки дар айвон, суффа ва ё ҳуҷраҳои иловагии масҷид хӯрок мехӯранд, ки ин ба мазҳаби ҳанафӣ комилан мутобиқ мебошад.

Ҳамин тавр, шариати исломӣ ва хусусан, мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари мардуми мусалмони Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, хӯрдани таъом дар ҳуҷраҳои иловагӣ, дар айвон, суффа ва саҳни ҳавлии масҷидро манъ намекунад. Аз ин рӯ, мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ, мусалмонони Тоҷикистон метавонанд дар ин бахшҳои масҷид озодона хӯрок хӯранд.

Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии масъалаи таъом хӯрдан дар масҷидҳо

Аз сабаби он ки дар вақтҳои охир масъалаи таъом хӯрдан дар масҷидҳо ба як мавзӯи рӯз табдил шуда, ҳатто дар баъзе аз минтақаҳои кишвар бо фатвои баъзе муллоҳои кӯтоҳандеш мақомоти давлатии маҳаллӣ ин амалро манъ мекунанд, барои мардуми намозгузор чунин саволе пеш омадааст, ки оё ин иқдом ҳеҷ асоси қонунӣ ва ё пояи шаръӣ дорад? Назари шариати исломӣ дар ин маврид то ин ҷо баён карда шуд, вале ҳамчунин зарур аст, ки ҷанбаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ин мавзӯъро низ то ҳадде рӯшан созем.

Аз сабаби он ки хӯрдани таъом дар масҷид моҳияти ғайриқонунӣ надорад ва ё мухолиф бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, дар ин маврид аз тарафи қонунҳои кишвар ҳеҷ гуна маҳдудият муқаррар нашудааст. Танҳо масъалае, ки дар ин маврид дар қонунгузории кишвар омадааст, ин аст, ки моддаи 13-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидани ҷашни мавлудхониро дар масҷидҳо бидуни додани таъом пешбинӣ кардааст. Аммо на қонуни мазкур ва на қонунҳои дигари кишвар хӯрдани таъом дар масҷидро ба таври куллӣ манъ намекунад.

Баръакси ин, хӯрдани таъом дар масҷид як масъалаи дохилии масҷидҳо буда, аз тарафи мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ манъ кардани он навъе дахолати бемавқеъ ба фаъолияти дохилии ташкилотҳои динӣ мебошад. Ҳамзамон бо ин, дар куҷо хӯрок хӯрдани шаҳрвандон ҳуқуқи табиии онҳо буда, масъалаи сирф шахсӣ ва хусусии ҳар шаҳрванд аст. Таъйини мамнӯъият дар ин масъала, ба истиснои ҷойҳое, ки қонун манъ карда бошад, худ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад, дар ҳоле ки аз ин маҳдудият на ба ҳукумат ва на ба касе ҳеҷ суде нест. Пас, масъалаи манъ кардани хӯрдани таъом дар масҷидҳо ҳеҷ гуна асоси қонунӣ надорад.

Илова бар ҷанбаи шаръию ҳуқуқӣ, ҷанбаи иҷтимоии ин масъала низ муҳимм аст. Дар фарҳанги исломӣ масҷидҳо илова бар ҷои намозгузорӣ, макони баргузории бисёре аз марсиму маъракаҳои дигари динии мардум низ мебошанд, ки дар бахше аз онҳо зарурат ба додани таъом пеш меояд. Масалан, мавридҳои зеринро мулоҳаза фармоем:

1.Агар дар деҳа касе вафот кунад, бахше аз ҷанозахонҳои роҳдур аз соатҳо пеш омада, то замони баровардани майит дар масҷиди маҳалла ё деҳа менишинанд. Баъзе аз онҳо, хусусан, мӯйсафедон ҳадди ақалл ба нӯшидани чой ва ё тановули як пора нон эҳтиёҷ доранд. Дар чунин рӯзҳо аҳли деҳа дар масҷид ин шароитро фароҳам меоранд. Дар сурати манъ будани таъомхӯрӣ дар масҷид, ҳам омадаҳо ва ҳам аҳли деҳ дар вазъи ногуворе қарор мегиранд.

2.Баъзе аз мардум, хусусан, дар шаҳрҳо имкон надоранд, ки маросимҳои худоӣ ва додани баъзе таъомҳои садақаро дар хонаи худ баргузор намоянд. Онҳо ногузир як табақ таъомро ҳангоми шом ба масҷид мефиристанд, то мӯйсафедон ва дигар намозгузорон онро бихӯранд ва дуъо кунанд ва савобаш ба соҳиби хайр бирасад. Ин яке аз маъмӯлтарин корҳо дар байни мусалмонони кишвар мебошад ва дар сурати манъи хӯрдани таъом дар масҷид иҷрои он мушкил мешавад. Пас шаҳрванд маҷбур аст таъомро дар хона ташкил намояд, ки он вақт бояд ба ҷои як табақ чанд табақ хӯрок тайёр бикунад ва низ барои меҳмонон дастурхон орояд. Пас дар чунин сурат харҷи шаҳрванд бештар мешавад, на камтар. Ҳол он, ки ҳадаф аз «танзим» кам кардани харҷҳо буд, на афзудани онҳо.

3.Ё касоне, ки аз рӯи эътиқод дар натиҷаи пеш омадани хурсандӣ ва ё раҳоӣ аз бӯҳрону гирифторие садақае мекунанд ва онро маъмӯлан дар шакли таъоме ба масҷид мебаранд. Албатта, шахсан банда тарафдори фақат дар шакли таъом гузаронидани садақаҳо нестам ва ҳанӯз чанд сол пеш дар бораи зарурати ба садақаҳои ғайритаъомӣ ташвиқ намудани аҳолӣ таъкид карда будам (Ниг.: Ҳ.А.Тураҷонзода. Шариат ва ҷомеа.- Душанбе:«Нодир», 2006). Вале ҳоло ин воқеият аст, ки мардум асосан дар шакли таъом садақа мекунанд.

4.Илова бар ин, дар моҳи шарифи Рамазон мардум ифтор ташкил карда, маъмулан онро ба масҷид мефиристанд. Ҷои тааҷҷуб аст, ки агар дар масҷид хӯрдани таъом манъ гардад, ифторро ба куҷо мефиристанд. Тамоми аҳли масҷидро дар шомгоҳи Рамазон ба хонаи шахсӣ даъват кардан мушкил аст. Аз тарфи дигар, манъ кардани ифтор низ имкон надорад ва мардуми мусалмон онро ҳатман давом медиҳанд, зеро ифтор дар дини ислом суннат аст ва ташвиқу тарғиб шудааст.

5.Вале дар канори ҳамаи ин, нишастан, сӯҳбат ва хӯрдани таъом дар масҷид хусусан, барои мӯйсафедҳо як амри бисёр муҳим аст. Тавре маълум аст, масҷидҳо маъмӯлан дар як нуқтаи маҳалла ё деҳа ҷойгир буда, аз хонаи баъзе аз намозгузорон то як километр масофа доранд. Мӯйсафедоне, ки мехоҳанд аз савоби намози ҷамоат дар масҷид баҳраманд гарданд, одатан барои адои намози аср ба масҷид омада, то намози хуфтан дар он ҷо мемонанд. Онҳо дар фосилаи байни намози аср ва намози шом зикр ва сӯҳбат карда, дар фосилаи байни шом то хуфтан хӯроки бегоҳӣ мехӯранд. Ин масъала барои онҳо ду аҳаммият дорад:

Аввалан, онҳо ба ин тариқ вақти холии бегоҳии худро мегузаронанд. Зеро пирамардони нафақахӯр наметавонад ҳамеша дар хона нишинанд ва онҳо низ ниёз доранд, ки вақти холии худро дар ҷои дилхоҳашон бо дӯстон гузаронанд. Одатан, дар соатҳои бегоҳӣ баъзе ҷавонон дар варзишгоҳу клубу кӯчаҳо, оилаҳои ҷавонтар дар паркҳо, занону бачаҳо дар ҳавлиҳои назди биноҳо ҷамъ мешаванд ва сӯҳбату истироҳат мекунанд, пивонӯшон ба пивбарҳо ва арақнӯшҳои пулдор ба ресторанҳо мераванд. Вале мусулмонҳои худотарс ва мӯйсафедони намозгузор ба масҷид мераванд ва дар фосилаи байни ибодатҳо сари як пиёла чой бо ҳамсолону дӯстони худ сӯҳбат мекунанд ва ғубори дил мебароранд. Аз ин назар, айвону суффаи масҷидҳо навъе клуби маънавии мӯйсафедону мардони солхӯрдаи ботақво мебошанд ва дар ин ҷой бо ҳам хӯрок хӯрдан низ ҷузъе аз истироҳати пиронсолонаи онҳост. Аз ин рӯ, ба назар мерасад, ки андешаи манъи хӯрокхӯрӣ дар масҷидҳо аз тарафи касоне пеш гирифта мешавад, ки бо урф ва тарзи зиндагии миллии падарону бобоёни худ дуруст ошно нестанд ва ба зиндагии «аврупоӣ» одат кардаанд. Охир пирони намозгузор наметавонанд мисли онҳо бегоҳрӯзиҳо ба парку ресторану клубу казиноҳо раванд. Инро имону эътиқоди онҳо ва вазъи молию рӯҳии ишон намебардорад.

Сониян, тавре, ки зикр шуд, на ҳамаи намозгузорон дар канори масҷид зиндагӣ мекунанд ва на ҳамаи онҳо метавонанд дар фосилаи байни намозҳо ба хона раванд ва бозоянд. Хусусан, барои афроди калонсол, пас аз намози шом барои хӯроки бегоҳӣ ба хона баргаштан ва пас аз сарфи хӯрок дубора барои адои намози хуфтан ба масҷид баргаштан бисёр мушкил аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки савоби дар масҷид бо ҷамоат хондани намози хуфтан бас бузург аст, ин пирамардон аз савоби ҷамоати намози хуфтан маҳрум мегардаданд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки ҷанбаҳои шаръӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии масъалаи хӯрдани таъом дар масҷидҳо чунин аст:

1.Қуръони карим ва Суннати набавӣ хӯрдани таъом дар масҷидҳоро манъ накардааст ва ҳадисҳои расида аз Расули акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ҷоиз будани ин амалро дар замони ишон нишон медиҳанд. Вале аксари фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ баъдан бо мақсади тоза нигоҳ доштани масҷид дар дохили он хӯрдани таъомро макрӯҳ донистаанд. Аммо, мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ дар суффа, айвон, ҳуҷраҳои изофӣ ва саҳни ҳавлии масҷидҳо хӯрдани таъом ҷоиз аст ва мушкиле надорад.

2.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани таъом дар масҷидро фақат ҳангоми мавлудхонӣ манъ намуда, дар ҳеҷ вақти дигар манъ накардааст. Аз ин рӯ, мутобиқи қонунгузории ҶТ манъи ин масъала ҷузъи вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нест.

3.Аз назари иҷтимоӣ барои мусалмонон масҷид илова бар ҷои намозгузорӣ макони баргузории як силсила маросимҳои динӣ ва ҳамчунин макони дидору сӯҳбат ва пурмазмун гузаронидани вақти холӣ буда, манъи нишасту таъомхӯрӣ дар он ба шеваи маъмӯли зиндагии онҳо халали ҷиддӣ ворид мекунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳои боло, муносибати дуруст ба ин масъала чунин аст, ки ҳалли он дар ихтиёри худи намозгузорони масҷидҳо гузошта шуда, дар масҷидҳое, ки ҷойҳои алоҳидаи таъомхӯрӣ доранд, ба ин амал набояд мониае эҷод карда шавад.

4.Ҷоиз будани баргузории ҳалқаҳои дарс ва таълиму тарбия дар масҷид

Барои ҳамаи мусалмонон фарзу зарур будани касби илму дониш яке аз муҳимтарин таълимоти шариати исломӣ мебошад. Дар иҷрои ин амри исломӣ нақш ва ҷойгоҳи масҷид бисёр бузург аст, зеро аз оғози ислом яке аз нақшҳои асосии масҷид нашри илму дониш будааст. Анъанаи дар масҷидҳо ташкил кардани ҳалқаҳои дарсию маърифатӣ дар замони зиндагии Паёмбари Ислом, алайҳиссалом, роиҷ буда, худи ҷаноби Расулуллоҳ, дуруд бар ӯ, гоҳо ҳамчун муаллим ба чунин ҳалқаҳо мепайвастанд. Ҳадиси зерин аз ин воқеияти замони эшон шаҳодат медиҳад:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو Z قَالَ: خَرَجَ رَسُولُ اللَّهِ y ذَاتَ يَوْمٍ مِنْ بَعْضِ حُجَرِهِ فَدَخَلَ الْمَسْجِدَ فَإِذَا هُوَ بِحَلْقَتَيْنِ إِحْدَاهُمَا يَقْرَءُونَ الْقُرْآنَ وَيَدْعُونَ اللَّهَ وَالْأُخْرَى يَتَعَلَّمُونَ وَيُعَلِّمُونَ فَقَالَ النَّبِيُّ y: كُلٌّ عَلَى خَيْرٍ هَؤُلَاءِ يَقْرَءُونَ الْقُرْآنَ وَيَدْعُونَ اللَّهَ فَإِنْ شَاءَ أَعْطَاهُمْ وَإِنْ شَاءَ مَنَعَهُمْ وَهَؤُلَاءِ يَتَعَلَّمُونَ وَإِنَّمَا بُعِثْتُ مُعَلِّمًا فَجَلَسَ مَعَهُمْ».

Тарҷума: Аз Абдуллоҳ ибни Амр омадааст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, рӯзе аз яке аз ҳуҷраҳояш дохили масҷид шуда, ду гурӯҳ аз мардумро дид, ки ҳалқавор нишастанд: як гурӯҳ Қуръон мехонданду дуъо мекарданд ва гурӯҳи дигар илм меомӯхтанду таълим медоданд. Расули Худо, алайҳиссалом, гуфтанд: Ҳамаи онҳо дар роҳи хайру савобанд. Онҳо, ки Қуръон мехонанд ва дуъо мекунанд, агар Худо бихоҳад, хостаашонро медиҳад ва агар хоҳад бозмедорад. Инҳо, ки илм меомӯзанд ва ман, ки ҳамчун муаллим фиристода шудаам,(бо инҳо мебошам). Пас ҳамроҳи ин гурӯҳ нишаст».

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Ал- муқаддима», ҳадиси 225

ва «Сунани Дорамӣ», китоби «Ал- муқаддима», ҳадиси 325

Дар ҳадиси дигар, ки онро Абуҳурайра аз Паёмбар, алайҳиссалом, ривоят карда, ишон дар мавриди омӯзиш ва таълим дар масҷид мегӯянд:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ: مَا اجْتَمَعَ قَوْمٌ فِي بَيْتٍ مِنْ بُيُوتِ اللَّهِ تَعَالَى يَتْلُونَ كِتَابَ اللَّهِ وَيَتَدَارَسُونَهُ بَيْنَهُمْ إِلَّا نَزَلَتْ عَلَيْهِمْ السَّكِينَةُ وَغَشِيَتْهُمْ الرَّحْمَةُ وَحَفَّتْهُمْ الْمَلَائِكَةُ وَذَكَرَهُمْ اللَّهُ فِيمَنْ عِنْدَهُ».

Тарҷума: Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбар, алайҳиссалом, фармуданд: Ҳангоме мардум дар хонае аз хонаҳои Худои таъоло ҷамъ мешаванд, китоби Худо (Қуръонро) тиловат мекунанд ва бо ҳам вайро меомӯзанд, оромиш ва итминон(аз ҷониби Худо) бар онҳо(бар қалбашон) нозил мешавад ва раҳмат(меҳрубонии Худо) онҳоро фаро мегирад ва фариштагон онҳоро дар ҳалқаи худ мегиранд ва Худованд онҳоро дар назди касоне, ки дар пеши Ӯ ҳастанд, ёд мекунад.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 1243

ва «Сунани Дорамӣ», китоби «Ал- муқаддима», ҳадиси 325

Ин суннати неки исломӣ, яъне дар масҷидҳо баргузор кардани ҳалқаҳои дарсӣ дар тамоми дарозои таърихи ислом идома дошта, дар чунин ҳалқаю маҳфилҳо даҳҳо ва даҳҳо олимони номдори исломӣ тарбият ёфтаанд. Масалан, донишгоҳи машҳӯри Ал-Азҳари Миср асрҳо дар шакли масҷид-донишгоҳ фаъолият мекард, ҳалқаҳои дарсии устодони он дар атрофи сутунҳои масҷиди Ал-Азҳар доир мегаштанд.

Истифода аз ин анъанаи исломӣ имрӯз низ метавонад дар баланд бардоштани маърифати динии мардум нақши муҳимм бозад. Таҳлили вазъи феълии ҷомеаи мо нишон медиҳад, ки маҳз камбуди саводу маърифати динӣ яке аз сабабҳои каҷравиҳои ахлоқию ақидатии бахше аз мардуми мо гаштааст. Модом ки имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили гурӯҳҳои таълимии наздимасҷидиро иҷозат медиҳад, пас ба уламои исломӣ ва хусусан, имомони масҷидҳо зарур аст, ки дар масҷидҳои худ гурӯҳҳои таълимӣ ташкил намуда, дар некӯсозии ахлоқу маънавияти ҷомеа саҳми амалӣ гузоранд. Чунин амал ҳам иҷрои вазифаи имонӣ ва ҳам ба ҷо овардани масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Барои боз ҳам рӯшантар шудани одобу қоидаҳои масҷидравӣ фақеҳони исломӣ дар тӯли асрҳо кӯшидаанд, ки онҳоро ба забони сода ва ба тартиби муаяйн ва ба шакли ҷузъӣ омода ва барои мусалмонон пешниҳод созанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин корҳо тадвини китоби оламшумули «Фатовои Ҳиндия» мебошад, ки дар натиҷаи ҳамкории гурӯҳи бузурге аз фақеҳони мӯътабари мазҳаби ҳанафӣ анҷом шудааст. Муаллифони ин китоб аз ҷумла назари шариати исломӣ ва фатвоҳои мавҷудаи уламои исломӣ дар масъалаи одоби масҷиддорию масҷидравиро гирд оварда, барои мӯъминон пешниҳод кардаанд. Ин ҷо бисёр муносиб аст, ки ҳамчун хулосаи ин баҳсҳо тарҷумаи хулосаи фатвои китоби «Фатовои Ҳиндия» дар боби одоби масҷидравию масҷиддорӣ, ки инъикосгари мавқеъ ва фатвоҳои уламои бузурги ҳанафӣ мебошад, ироа карда шавад:

«Ҳар амале аз аъмоли дунё дар масҷид макрӯҳ аст. Дар масҷид рӯ ба рӯ ақди никоҳ бастан мустаҳабб аст. Касе, ки баданаш ба наҷосат олуда бошад, ба масҷид надарояд («Хизонату-л-муфтиин»).

Фақеҳ(р) дар «Танбеҳ» зикр кардааст, ки эҳтироми масҷид 15-тост:

  1. Ҳангоми дохил шудан салом бидиҳад, агар қавм нишаста, машғули дарс ва ё зикр набошанд. Агар дар масҷид касе набошад ё ин, ки дар намоз бошанд, пас бигӯяд: Салом бар мо ва бар бандагони солиҳи Худо аз ҷониби Худо бод.
  2. Қабл аз нишастан ду ракъат намоз бигузорад.
  3. Хариду фурӯш накунад.
  4. Шамшер накашад.
  5. Чизи гумкардаашро дар масҷид наҷӯяд (напурсад).
  6. Овозашро ба ҷуз ба зикри Худо баланд накунад.
  7. Сухани дунёҷӯёна нагӯяд.
  8. Аз болои гардани мардум қадам назанад.
  9. Барои ҷой ҷанҷол накунад.
  10. Дар сафи намоз барои касе ҷойро танг накунад.
  11. Аз пеши намозгузорон нагузарад.
  12. Дар масҷид туф накунад.
  13. Аз ангуштонаш садо набарорад.
  14. Масҷидро аз вуруди тифлон (яъне, кӯдакони бесарпарасте, ки ҳануз тару хушкро фарқ намекунанд), наҷосатҳо, девонагон, иҷрои ҳудуд (ҷазодиҳӣ) пок дорад.
  15. Зикри Худоро дар он зиёд гӯяд.

Баромадан бар рӯи боми ҳар масҷиде макрӯҳ аст, аз ин рӯ, агар гармо сахт шавад, бо ҷамоат дар болои боми масҷид намоз гузоштан макрӯҳ аст, магар вақте ки масҷид танг бошад. Дар ин вақт ба хотири зарурат баромадан макрӯҳ нест.

«Фатовои Ҳиндия», ҷилди 5, саҳ. 321-322

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *