Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгохи масчид дар Ислом

3. Ҳукми шариати исломӣ дар масъалаи зинат додани масҷидҳо ва фахр кардан ба он

Яке аз баҳсҳое, ки ҳангоми сохтани масҷид ба миён меояд, ин аст, ки оё дар шариати исломӣ зебу зинат додани масҷид ва мусобиқаю рақобат дар бузургию зебоии он ҷоиз аст? Оё мӯъминон метавонанд масҷидҳояшонро нақшу нигор ва тиллокорӣ бикунанд ва ё барои пеш гузаштан аз мӯъминони дигар бидуни зарурат бинои масҷидашонро аз дигарон бузургтар созанд? Ва оё метавонанд фақат барои намоиш ва ифтихор ба ин амал даст зананд?

Вақте ки бо ин саволҳо ба манбаъҳои аслии шариати исломӣ рӯ меоварем, маълум мешавад, ки ороишу зинат додани масҷидҳо низ ҳамонанди масъалаҳои дигар, фақат дар ҳадди эътидол дурусту ҷоиз аст. Шариати исломӣ иҷозат медиҳад, ки мусалмонон масҷидҳошонро бо хаттотию ҳаккокии номҳои поки Худованд, ояҳои қуръонӣ, ҳадисҳои набавӣ ва ғайра ороиш диҳанд ва ё бо истифода аз ҳунарҳои нафисаи наҷҷорию кандакорӣ девору сақф ва дару тирезаҳои масҷидро ороиш бидиҳанд. Бунёдгузори мазҳаби мо Ҳазрати Имом Абуҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳ, дар ҳадди эътидол зебу ороиш додани масҷидҳоро ҷоиз дониста, аз ҷумла зарҳалкорӣ кардани онҳоро низ иҷозат додаанд. Имом Қуртубӣ дар тафсири худ ба нақл аз эшон чунин овардааст:

Матн:

«قال أبو حنيفة رحمه الله: لا بأس بنقش المساجد بماء الذهب».

Тарҷума: Имом Абуҳанифа(р) фармуданд: Бо оби тилло нақшу ороиш додани масҷидҳо боке надорад.

«Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 12, саҳ. 267

Фақеҳони бузургвори мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала дар пайравӣ аз қавли Имоми Аъзам(р) аҳкоми ороиш ва зинатбахшии масҷидро ба таври ҷузъӣ муайян намудаанд. Масалан, Имом Шамсуддини Сарахсӣ дар ин мавзӯъ баҳси муфассал карда, аз ҷумла мегӯяд, ки зинат додани масҷид бо тилло ва тамоми чизҳои дигаре, ки Худованд онҳоро ҳалол қарор додааст, дуруст мебошад. Вале эшон ин масъаларо низ рӯшан кардаанд, ки аз ҳисоби моли худи масҷид бо тилло ва ғайра зинат додани масҷид дуруст нест, вале агар шахсе бихоҳад аз ҳисоби моли ҳалоли худ бидуни риё ва худнамоӣ ин корро анҷом диҳад, дуруст аст ва Худованд аҷру подоши ӯро хоҳад дод.

Ниг.: Имом Сарахсӣ. «Ал-мабсут», ҷилди 30, саҳ. 283-285

Фақеҳи дигари бузургвори ҳанафӣ Имом Бурҳонуддини Марғилонӣ низ дар китоби «Ҳидоя» дар ин маврид овардааст, ки дар мазҳаби мо бо хишт ва гаҷ ва оби тилло (зарҳал) ва ғайра зинат додани масҷидҳо саҳеҳ ва ҷоиз мебошад:

Матн:

«ولا بأس بأن ينقش المسجد بالجص والساج وماء الذهب».

Тарҷума: Бо гач, чӯби дарахти соҷ ва оби тилло нақшу ороиш додани масҷидҳо боке надорад.

Имом Марғилонӣ. «Ҳидоя шарҳи «Бидояту-л-мубтадӣ», ҷилди 1, саҳ. 65

Ба ҷоиз будани зебу зинати масҷидҳо дар шариати исломӣ ҳамчунин, суннати масҷидсозию масҷиддорӣ дар таърихи ислом далолат менамояд, зеро дар тӯли таърих масҷидҳо ҳамеша бо истифода аз беҳтарин ва нафистарин ҳунарҳои ҳамон замон ороиш дода мешуданд. Дар ин бора низ Имом Қуртубӣ овардааст, ки бо вуҷуди он, ки халифаҳои исломӣ Умар ибни Абдулазиз ва Валид ибни Абдулмалик бо сарфи маблағҳои фаровон масҷиди Набавӣ ва масҷиди Димишқро зинат доданд, касе аз уламои исломӣ ин амали онҳоро хилофи шариат эълон накард.

Дар ин бора ниг.: Тафсири «Анвору-л-Қуръон», ҷилди 4, саҳ. 221

ва «Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 12, саҳ. 267

Умуман, суннати зебу ороиш додани масҷидҳо дар фарҳанги исломӣ боис гаштааст, ки дар ин замина мактаби хосси меъморию ҳунарие ба вуҷуд ояд, ки дар давраҳои муайян ба баландтарин дастовардҳо ноил гаштааст. Ба ҳам ҷамъ омадани маҷмӯаи ҳунарҳои зарифу нафис дар сохтану ороиши масҷидҳо онҳоро ба яке аз арзишмандтарин ёдгориҳои ҳунарии башарӣ табдил намудаанд, ки имрӯз низ мо намунаҳои беҳтарини онро дар масҷидҳои таърихии Маккаву Мадина, Мисру Шом, Покистону Ҳинду Туркия, Шимоли Африқою Андалуси Испониё ва ғайра мебинем.

Дар рушди санъату ҳунари масҷидсозӣ ва масҷидороӣ хусусан, гузаштагони мо ба сатҳи бисёр баланд расида, ҳануз дар асрҳои миёна дар ин замина асарҳои комилу ҷовидонии меъморию ҳунариро офаридаанд, ки онро метавон дар мисоли масҷиду мадрасаҳои номдори Самарқанду Бухорою Хоразм ва Ҳироту Исфаҳону Машҳад мушоҳида кард.

Ва аммо, мутобиқи таълимоти шариати исломӣ, бузургу баланд сохтани бинои масҷидҳо ва зебу зинат додани онҳо бояд фақат барои баёни ихлосу иродат ба Худованд ва барои нишон додани шукӯҳи дини мубини ислом ва фарҳанги исломӣ бошад. Аз ин рӯ, шариати исломӣ ба мақсади худнамоию фахрфурӯшӣ бузургу баланд ва зебову ороста сохтани масҷидҳоро наҳй мекунад.

Хусусан, агар бузургу баланд сохтани масҷидҳо ва зебу ороиш додани онҳо ба хотири фахрфурӯшию ман-манӣ ва рақобату мусобиқа бо мусалмонони дигар анҷом шуда бошад, шариати исломӣ онро на танҳо раво намедонад, балки шадидан наҳй мекунад. Ин матлаб дар ҳадиси зеринба таври возеҳ гуфта шудааст:

Матни ҳадис:

…» عن أنس بن مالك Z قال: نهى رسول الله y أن يتباهى الناس في المساجد».

Тарҷума: … Анас ибни Молик ривоят карда, ки Расули Худо, алайҳиссалом, аз фахрфурӯшӣ кардани мардум дар масҷидҳо наҳй кардаанд.

«Саҳеҳи Ибни Ҳиббон», ҷилди 4, саҳ. 492, ҳадиси 1613

Ҷаноби Расулуллоҳ, дуруд бар ӯ, ин масъаларо борҳо таъкид фармуда, дар баъзе аз ҳадисҳояшон ҳатто хабар додаанд, ки бо баландию зебоии масҷидҳояшон ба ҳамдигар фахрфурӯшӣ кардани мусалмонон яке аз аломатҳои наздик шудани қиёмат мебошад:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَنَسٍ Z أَنَّ النَّبِيَّ y قَالَ: لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَتَبَاهَى النَّاسُ فِي الْمَسَاجِدِ».

Тарҷума: Анас(р) мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: То вақте ки мардум дар (масъалаи) масҷидҳо бо ҳамдигар фахрфурӯшӣ накунанд, қиёмат барпо намешавад.

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 379

Муаллифи «Авну-л-маъбуд, шарҳи «Сунани Абудовуд» Муҳаммад Шамсулҳаққи Азимободӣ дар шарҳи ин ҳадиси набавӣ чунин меорад:

Матн:

…»أَيْ يَتَفَاخَر فِي شَأْنهَا أَوْ بِنَائِهَا يَعْنِي يَتَفَاخَر كُلّ أَحَد بِمَسْجِدِهِ وَيَقُول: مَسْجِدِي أَرْفَع أَوْ أَزْيَن أَوْ أَوْسَع أَوْ أَحْسَن رِيَاء وَسُمْعَة وَاجْتِلَابًا لِلْمِدْحَةِ . قَالَ اِبْن رَسْلَان : هَذَا الْحَدِيث فِيهِ مُعْجِزَة ظَاهِرَة لِإِخْبَارِهِ y عَمَّا سَيَقَعُ بَعْده فَإِنَّ تَزيين الْمَسَاجِد وَالْمُبَاهَاة بِزَخْرَفَتِهَا كَثُرَ مِنْ الْمُلُوك وَالْأُمَرَاء فِي هَذَا الزَّمَان بِالْقَاهِرَةِ وَالشَّام وَبَيْت الْمَقْدِس بِأَخْذِهِمْ أَمْوَال النَّاس ظُلْمًا وَعِمَارَتهمْ بِهَا الْمَدَارِس عَلَى شَكْل بَدِيع «…

Тарҷума: Яъне (замоне мерасад, ки) ҳар касе ба хотири худнамоӣ ва касб кардани мадҳу ситоиши дигарон бо шукӯҳи масҷид ё бинои он фахр карда мегӯяд: Масҷиди ман баландтар ё зеботар ё кушодтар ё хубтар аст. Ибни Раслон мегӯяд: Ин ҳадис мӯъҷизаи ошкорост, зеро Паёмбари Худо, алайҳиссалом, он чизеро, ки баъди ӯ воқеъ мешавад, хабар додааст. Ҳоло зинат додани масҷидҳо ва фахр кардан бо зебоии онҳо аз ҷониби бисёре аз шоҳону амирони Қоҳираву Шому Байтулмуқаддас ба чашм мерасад. Онҳо моли мардумро ба зулм ситонида, бо шаклҳои аҷиб мадрасаҳо бино мекунанд…

«Авн у-л-маъбуд, шарҳи «Сунани Абудовуд»,

ҷилди 2, саҳ. 84

Ҳамин ҳадиси набавӣ дар «Саҳеҳи Ибни Ҳиббон» низ дар ду мавриди гуногун сабт ва зикр шудааст.

Ниг.: «Саҳеҳи Ибни Ҳиббон», ҷилди 4, саҳ. 492, ҳадиси 1614

ва ҷилди 15, саҳ. 162, ҳадиси 6760

Ҳамин тавр, аз матолиби боло рӯшан мешавад, ки аз назари шариати исломӣ баланду бошукӯҳ сохтан ва зебу зинат додани масҷидҳо ҷоиз буда, хусусан, мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа, раҳматуллоҳи алайҳ, ин амалро комилан иҷозат додааст. Вале, ҳамзамон бо ин, шариати исломӣ ду шарти муҳимро дар ин масъала таъйин намудааст: аввалан, бузургсозию зинату ороиши масҷидҳо бояд дар ҳадди зарурат ва эътидол бошад, сониян, ин амал бояд барои ғуруру фахрфурӯшӣ дар баробари мусалмонони дигар анҷом нашавад. Пас, барои мусалмонон зарур аст, ки дар масъалаи сохтмон ва зебу зинати масҷидҳо ин талаботи шариати исломиро ба назар гирифта, ҳар амалеро, ки дар ин самт пеш мегиранд, бо нияти пок ва танҳо барои ризояти Худованд анҷом бидиҳанд.

4.Фазилати намози ҷамоат дар масҷид

Агарчи масҷид дар таълимоти исломӣ дорои нақшу вазифаҳои мухталиф аст, вале муҳимтарин нақши он макони ибодати дастаҷамъӣ, яъне намози ҷамоати мусалмонон мебошад ва тамоми нақшҳои дигари масҷид дар баробари ин нақш ҷойгоҳи дувумдараҷа доранд. Масъалаи намози ҷамоат ва зарурати дар масҷид баргузор кардани он яке аз нуктаҳои калидии шариати исломӣ буда, як бахши муҳимме аз фиқҳи ибодотро ташкил кардааст. Таъкид бар намози ҷамоат ва даъвати мусалмонон ба баргузории он дар масҷид ҳам дар Қуръони карим, ҳам дар ҳадисҳои набавӣ, ҳам дар феъли ҷаноби Пайғамбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ва ҳам дар китобҳои фиқҳу фатвоҳои шаръӣ ба таври возеҳ баён гашта, ба сабаби фаровонии таъкидҳо ва рӯшании маънои матни онҳо дар ин масъала ҳеч ҷои шакк боқӣ намондааст.

Масъалаи намози ҷамоат дар Қуръони карим борҳо ба таври сареҳ ё зимнӣ таъкид гаштааст. Масалан, Худованд чунин мефармояд:

Матни оя:

« وَأَقِيمُواْ الصَّلواةَ وَآتُواْ الزَّكَواةَ وَارْكَعُواْ مَعَ الرَّاكِعِينَ».

Тарҷума: Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва бо рукӯъкунандагон(намозгузорон) рукӯъ кунед (намоз гузоред).

Сураи «Бақара», ояи 43

Имом Қуртубӣ дар тафсири худ ҳангоми шарҳи ин оя масъалаи суннат ё воҷиб будани намози ҷамоат барои мусалмононро ба таври муфассал баррасӣ карда, илова бар назари худ назари фақеҳону муфассирони дигари исломиро дар ин мавзӯъ чунин баён намудааст:

Матн:

« مع الراكعين مع تقتضي المعية والجمعية وقد اختلف العلماء في شهود الجماعة على قولين: فالذي عليه الجمهور أن ذلك من السنن المؤكدة ويجب على من أدمن التخلف عنها من غير عذر العقوبة. وقد أوجبها بعض أهل العلم فرضا على الكفاية

وقال داود: الصلاة في الجماعة فرض على كل أحد في خاصته كالجمعةوقال الشافعي: لا أرخص لمن قدر على الجماعة في ترك إتيانها إلا من عذر حكاه ابن المنذر»

Тарҷума: Дар ибораи «маъа-р-рокиъин» лафзи «маъа» маънои ҳамроҳ ва ҷамъиятро ифода мекунад… Ва уламо ихтилоф кардаанд дар зарурати ҷамоат бар ду қавл: Ҷумҳури уламо бар онанд, ки ин (бо ҷамоат хондан) аз суннатҳои муаккада аст ва бар касе, ки бидуни узр намози ҷамоатро тарк мекунад, ҷазо воҷиб мегардад. Ва баъзе аз аҳли илм ҷамоатро фарзи кифоя донистаанд…

Ва Довуд мегӯяд: Намози ҷамоат барои ҳар касе, ки ба ӯ намози ҷумъа фарз аст, низ фарз мебошад …

Ва Шофиъӣ мегӯяд: Ман рухсат намедиҳам барои тарки ҷамоат кардан онеро, ки имкони ҷамоат дорад, магар касе, ки узр дошта бошад…

«Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 1, саҳ. 348-349

Масъалаи воҷиб будани намози ҷамоат ҳамчунин дар сураи «Оли Имрон» ба таври зерин омадааст:

Матни оя:

« يامَرْيَمُ اقْنُتِى لِرَبِّكِ وَاسْجُدِى وَارْكَعِى مَعَ الرَاكِعِينَ»

Тарҷумаи оя: Эй Марям! Мутеъ ва фармонбурдори Худо бош ва намозатро ҳамроҳ бо рукӯъкунандагон (намозгузорон) ба ҷой овар.

Сураи «Оли Имрон», ояи 43

Муфассирони мӯътабари Қуръони карим ин ояро низ ҳамчун амри мустақими Худованд ба намози ҷамоат тафсир намуда, аз он масъалаи воҷиб будани намози ҷамоатро истинбот кардаанд. Ба таври мисол, назари баъзе аз муфассирони бузурги аҳли суннат ва ҷамоат дар мавриди маънои ин оя чунин аст:

Дар «Тафсири Насафӣ» омадааст:

Матн:

واركعي مع الراكعين ( أى ولتكن صلاتك مع المصلين أى فى الجماعة أو وانظمى نفسك فى جملة المصلين وكونى فى عدادهم ولا تكونى فى عداد غيرهم».

Тарҷума: Ва рукӯъ кун (эй Марям) бо рукӯъкунандагон, яъне бояд намози ту бо намозгузорон бошад яъне дар ҷамоат, ё ин, ки ва муназзам бисоз худро дар ҷумлаи намозгузорон ва ҳамеша дар баробари онҳо бош ва дар баробари ғайри онҳо мабош.

«Тафсири Насафӣ», ҷилди 1, саҳ. 154

Дар тафсири «Рӯҳу-л-маъонӣ» мегӯяд:

Матн:

« والاكثرون على أن فائدة قوله سبحانه )مع الركعين( الإرشاد إلى صلاة الجماعة».

Тарҷума: Ва аксари муфассирони киром бар ин ҳастанд, ки маънои қайди қавли Худои пок «مع الراكعين » яъне «бо рукӯъкунандагон», ишорат ба намози ҷамоат мекунад.[2]

Шаҳобуддин Саидмаҳмуди Олусии Бағдодӣ. «Тафсири Руҳу-л-маъонӣ», ҷилди 3, саҳ. 157

Яке аз далелҳои қуръонии дар ҳамаи ҳолатҳо ҳатмӣ будани намози ҷамоат барои мусалмонон дар он аст, ки шариати исломӣ тарки онро ҳатто дар ҳангоми ҷанг бо душман пешбинӣ намекунад. Худованд дар Қуръони карим, дар ояи 102-юми сураи «Нисо» ҳатто тартиби ҳангоми ҷанг бо ҷамоат баргузоридани «намози хавф»-ро ба Паёмбари акрам, дуруд бар ӯ, таълим додаст, ки ин амри қуръонӣ гувоҳи ҳатмияти ҷамоат дар ҳама ҳолатҳост.

Аз матни оя:

« وَإِذَا كُنتَ فِيهِمْ فَأَقَمْتَ لَهُمُ الصَّلَواةَ فَلْتَقُمْ طَآئِفَةٌ مِّنْهُمْ مَّعَكَ وَلْيَأْخُذُواْ أَسْلِحَتَهُمْ فَإِذَا سَجَدُواْ فَلْيَكُونُواْ مِن وَرَآئِكُمْ وَلْتَأْتِ طَآئِفَةٌ أُخْرَى لَمْ يُصَلُّواْ فَلْيُصَلُّواْ مَعَكَ

Тарҷума ва шарҳи мухтасар: Эй Муҳаммад! Агар ҳангоми намози хавф бо онҳо будӣ, (тартиби баргузории он чунин аст, ки) бояд гурӯҳе аз онҳо барои эҳтиёт аслиҳаи худро бардошта, намози ҷамоатро ба ту иқтидо кунад ва гурӯҳи дигар дар сангар дар муқобили душман омода биистанд. Чун гурӯҳи аввал ракъати якуми намозашро тамом кард, ба сангар биравад ва гурӯҳе, ки намоз нахондааст, биёяд ва аз паси ту намозашро бихонад…

Сураи «Нисо», ояи 102

Барои шарҳи маънии ин ояи муборака нигар: «Тафсири Қуртубӣ», ҷ.5, саҳ.364-373; «Тафсири Насафӣ», ҷ.1, саҳ.245; «Сафвату-т-тафосир», ҷ.1, саҳ. 555-557, «Аҳкому-л-Қуръон», ҷ.3, саҳ. 236-247.

Ҳамчунин ҳангоми яке аз ғазваҳо дар атрофи Наҷд мувофиқи ҳамин тартиб намоз гузоштани Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, дар ҳадиси саҳеҳе сабт гаштааст, ки Имом Бухорӣ онро дар китоби худ овардаанд. Ниг.: «Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 890

Чунин таъкиди қатъии шариати исломӣ бар зарурати намози ҷамоат нишон медиҳад, ки бепарвоӣ ва беаҳаммиятии мӯъминон ба ин амр аз назари ислом мавриди сарзаниш мебошад. Имрӯзҳо бисёре аз мусулмонон ба сабаби маҷлис, тӯй, вохӯрӣ, сӯҳбат, тамошои филми телевизионӣ ва монанди инҳо намози ҷамоатро тарк мекунанд. Вале тавре, ки дида шуд, шариати ислом тарки ҷамоатро ҳатто дар ҳолати ҷанг пешбинӣ намекунад. Пас аз ин нукта метавон хулоса гирифт, ки барои шахси мусалмон бепарвоӣ ва бидуни узри воқеӣ тарк кардани намози ҷамоат гуноҳи бузург мебошад.

Дар таълимоти исломӣ ва китобҳои шаръӣ намози ҷамоат ҳам аз назари савобу аҷри шаръӣ ва ҳам аз назари аҳамияти иҷтимоиву сиёсӣ шарҳу тавзеҳ гашта, паҳлӯҳои гуногуни ин масъала кушода шудаанд. Аввалин масъалае, ки дар мавриди намози ҷамоат бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, мақому ҷойгоҳи баланди шаръии он нисбат ба намозҳои инфиродӣ ё танҳоӣ мебошад. Аз ҳар ҷиҳат бартар будани намози ҷамоат дар як силсила аз ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбари ислом, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, зикр шудаанд, ки мувофиқи онҳо аҷру савоби намози ҷамоат нисбат ба намози танҳоӣ 27 маротиба болотар мебошад:

Матни ҳадис:

«عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: صَلَاةُ الْجَمَاعَةِ تَفْضُلُ صَلَاةَ الْفرَذِّ بِسَبْعٍ وَعِشْرِينَ دَرَجَة».

Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Умар мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Намози ҷамоат бар намози танҳогузор 27 маротиба афзалият дорад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 609

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозиъи салот», ҳадиси 1038

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *