Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгохи масчид дар Ислом

Дар баробари чунин боло донистани фазилату мақоми намози ҷамоат, шариати исломӣ барои мусалмононе, ки намозро бо ҷамоат ба ҷой меоваранд, аҷру савоби зиёдеро муқаррар намудааст. Аз мазмуни куллии таълимоти исломӣ дар ин маврид бармеояд, ки шахси мӯъмини намозгузор аз лаҳзае, ки бо нийяти анҷоми намози ҷамоат ба таҳорат оғоз мекунад, то лаҳзаи хориҷ шудан аз хона ва рафтану ворид шудан ба масҷид ва баргузории намози ҷамоат ва бозгашт ба хонаи худ шомили савоби бузурги илоҳӣ буда, Худованд дар ҳар лаҳзае аз ин соати муборак дараҷаи ӯро болотар ва гуноҳони ӯро камтар месозад.

Бар тибқи ҳадиси дигаре, ки ҳам ҳазрати Имом Бухорӣ(р) ва ҳам ҳазрати Имом Муслим(р) дар китобҳои саҳеҳи худ овардаанд, ҷаноби Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар ин бора чунин хабар додаанд:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ: صَلَاةُ الْجَمِيعِ تَزِيدُ عَلَى صَلَاتِهِ فِي بَيْتِهِ وَصَلَاتِهِ فِي سُوقِهِ خَمْسًا وَعِشْرِينَ دَرَجَةً فَإِنَّ أَحَدَكُمْ إِذَا تَوَضَّأَ فَأَحْسَنَ وَأَتَى الْمَسْجِدَ لَا يُرِيدُ إِلَّا الصَّلَاةَ لَمْ يَخْطُ خَطْوَةً إِلَّا رَفَعَهُ اللَّهُ بِهَا دَرَجَةً وَحَطَّ عَنْهُ خَطِيئَةً حَتَّى يَدْخُلَ الْمَسْجِدَ وَإِذَا دَخَلَ الْمَسْجِدَ كَانَ فِي صَلَاةٍ مَا كَانَتْ تَحْبِسُهُ وَتُصَلِّي عَلَيْهِ الْمَلَائِكَةُ مَا دَامَ فِي مَجْلِسِهِ الَّذِي يُصَلِّي فِيهِ اللَّهُمَّ اغْفِرْ لَهُ اللَّهُمَّ ارْحَمْهُ مَا لَمْ يُحْدِثْ فِيهِ».

Тарҷума: Абуҳурайра мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Намози ҷамоат бар намози шахс дар хонааш ё дар бозор бисту панҷ дараҷа болотар аст. Ҳангоме ки яке аз шумо вузӯи комил гирифта, холисона ба хотири адои намоз ба сӯи масҷид равона шавад, то замони ворид шудан ба масҷид Худованди мутаъол дар ҳар қадаме мақоми ӯро як дараҷа боло бардошта, як гуноҳи ӯро пок месозад. Аз лаҳзаи ворид шудан ба масҷид то замони хориҷ шудан аз он ӯ дар ҳукми намоз аст ва то вақте ки он банда таҳорат дорад ва дар ҷои намозаш нишастааст, фариштагон бар ӯ дуруду дуъо мефиристанд, ки Худоё, гуноҳони ӯро бубахш ва ӯро шомили раҳматат гардон.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Салот», ҳадиси 457,

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозеъи салот», ҳадиси 1059

Ин ҳадиси набавӣ бо баъзе ихтисору тафсилот ва баъзе ибораҳои дигар дар «Саҳеҳи Ибни Ҳиббон» низ дар се маврид оварда шудааст:

Ниг.: «Саҳеҳи Ибни Ҳиббон», ҷилди 5, саҳ. 390, ҳадисҳои 2043, 2044 ва 2045

Вале касоне, ки барои баргузории намози ҷамоат масофаи дуртареро қадам зада, ба масҷид меоянд, фазилати болотар дошта, аҷру савоби боз бештар мегиранд:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي مُوسَى Z قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ y: أَعْظَمُ النَّاسِ أَجْرًا فِي الصَّلَاةِ أَبْعَدُهُمْ فَأَبْعَدُهُمْ مَمْشًى وَالَّذِي يَنْتَظِرُ الصَّلَاةَ حَتَّى يُصَلِّيَهَا مَعَ الْإِمَامِ أَعْظَمُ أَجْرًا مِنْ الَّذِي يُصَلِّي ثُمَّ يَنَامُ».

Тарҷума: Абумӯсо мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Касоне, ки аз роҳи дуртар ба намози ҷамоат меоянд, аҷру савоби бузургтар дарёфт менамоянд. Касоне, ки интизор мешаванд, то намозро бо имом ба ҷамоат бигузоранд, нисбат ба касоне, ки намозро мехонанду мехобанд, аҷру подоши бузургтар мегиранд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 614

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозиъи салот», ҳадиси 1064

Худованди мутаъол мусалмононеро, ки намозашонро бо ҷамоат гузошта, боиси ободии масҷидҳои Худо мешаванд, дар ҷумлаи бандагони хосси худ дониста, барои онҳо аҷру подоши хоссаеро ваъда кардааст. Ин маънӣ дар ҳадиси зерини Паёмбари гиромии ислом, дуруд бар ӯ, чунин ифода ёфтааст:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z عَنْ النَّبِيِّ y مَنْ غَدَا إِلَى الْمَسْجِدِ أَوْ رَاحَ أَعَدَّ اللَّهُ لَهُ فِي الْجَنَّةِ نُزُلًا كُلَّمَا غَدَا أَوْ رَاحَ».

Тарҷума: Абуҳурайра мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Ҳар касе субҳу шом ба сӯи масҷид равад, Худои таъоло барои ӯ дар ҷаннат манзиле омода мекунад, ҳар субҳу шоме, ки равад, чунин подошро дармеёбад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 622

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозиъи салот», ҳадиси 1073

Паёмбари гиромӣ, алайҳиссалом, чунин хабар додаанд, ки касоне, ки ба таври доимӣ ба намози ҷамоат мераванд ва ба масҷид дил мебанданд, дар рӯзи қиёмат зери сояи лутфи Худованд қарор хоҳанд гирифт:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z عَنْ النَّبِيِّ y قَالَ: سَبْعَةٌ يُظِلُّهُمْ اللَّهُ تَعَالَى فِي ظِلِّهِ يَوْمَ لَا ظِلَّ إِلَّا ظِلُّهُ: إِمَامٌ عَدْلٌ, وَشَابٌّ نَشَأَ فِي عِبَادَةِ اللَّهِ, وَرَجُلٌ قَلْبُهُ مُعَلَّقٌ فِي الْمَسَاجِدِ …»

Тарҷума: Абуҳурайра(р) мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Дар рӯзи қиёмат, ки ба ҷуз сояи Худованд сояе нест, Ӯ барои ҳафт тоифа сояафканӣ мекунад: Пешвои одил ва ҷавоне, ки дар ибодати Худо нашъунамо ёфтааст ва марде, ки дили ӯ ба масҷидҳо пайваст бошад…

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Закот», ҳадиси 1334

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Закот», ҳадиси 1712

Албатта, барои инсони заифимон ва коҳилу танбал масҷидравӣ ва бо ҷамоат хондани намоз кори мушкиле менамояд. Хусусан, барои адои намозҳое, ки дар торикӣ адо мешаванд, яъне намози бомдод ва хуфтан, бахше аз мусалмонон ба масҷид рафтанро мушкил меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки дар масҷид бо ҷамоат хондани намози бомдоду хуфтан савоби ниҳоят зиёд дошта, фазли он аз намозҳои дигар басе болотар аст. Бо дар назар доштани мушкилии намози бомдод ва хуфтан барои коҳилон ва ҳукми Худованд дар бораи фазилати ин намозҳо, Расули акрам, алайҳиссалом, чунин хабар медиҳанд:

Аз матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ y: لَيْسَ صَلَاةٌ أَثْقَلَ عَلَى الْمُنَافِقِينَ مِنْ الْفَجْرِ وَالْعِشَاءِ وَلَوْ يَعْلَمُونَ مَا فِيهِمَا لَأَتَوْهُمَا وَلَوْ حَبْوًا «…

Тарҷума: Абуҳурайра мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Ҳеҷ намоз барои шахси мунофиқ аз намози бомдоду хуфтан вазнинтар нест. Агар мардум медонистанд, ки дар ин ду намоз чӣ андоза савоб аст, гаваккашон бо шиками худ ба масҷид меомаданд…

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 617

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Масоҷид ва мавозиъи салот», ҳадиси 1041

Дар ин бора, Худованди мутаъол аз тариқи ҳадиси набавӣ башорат медиҳад, ки ҳар касе дар торикӣ, яъне вақти намози бомдод ва хуфтан, ба масҷид меравад, рӯзи қиёмат роҳи онҳо бо нури илоҳӣ рӯшан хоҳад шуд:

Аз матни ҳадис:

«عن ابن عباس Z قال: قال رسول الله y: بشر المشائين إلى المساجد في الظلم بالنور التام يوم القيامة»

Тарҷума: Ибни Аббос овардааст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Касонеро, ки дар торикӣ ба сӯи масҷид равонанд, ба нури комил дар рӯзи қиёмат мужда деҳ…

«Мӯъҷами Кабири Табаронӣ», ҷилди 10, саҳ. 289, ҳадиси 1068

Ҳамчунин ин ҳадис бо ривояти Бурайдаи Асламӣ дар «Сунани Тирмизӣ» низ зикр шудааст.

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Салот», ҳадиси 207

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин далелҳои фаровон аз Қуръони карим ва суннати набавӣ, фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ ҳукми намози ҷамоатро воҷиб дониста, ҳамагӣ ба ин мазмун фатво додаанд, ки чанд намунаи он чунин аст:

Матн:

…» أن صلاة الجماعة واجبة على الراجح في المذهب أو سنة مؤكدة في حكم الواجب كما في البحر وصرحوا بفسق تاركها وتعزيره وأن ه يأثم« …

Тарҷума: Ҳукми намози ҷамоатро аксари фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ воҷиб донистаанд ва чунон ки дар «Баҳр-ур-роиқ» зикр шудааст, суннати муаккада дар ҳукми воҷиб аст ва таъкид кардаанд, ки тарккунандаи он гунаҳгор ва фосиқ буда, сазовори ҷазост...

Ибни Обидин. «Радду-л-муҳтор ало «Дурри-л-мухтор»,

ҷ.1, саҳ. 457

Матн:

«الجماعة سنة مؤكدة لقوله عليه الصلاة والسلام الجماعة سنة من سنن الهدى لا يتخلف عنها إلا منافق »

Тарҷума аз матн: Намози ҷамоат суннати муаккада аст бар асоси сухани Паёмбар, алайҳиссалом, ки фармудаанд: Ҷамоат суннатест аз суннатҳои илоҳӣ ва онро тарк намекунад, магар мунофиқ…

Имом Марғилонӣ. «Ҳидоя» — шарҳи «Бидояту-л-мубтадӣ», ҷ.1. саҳ. 55

Ва, ниҳоят, яке аз муҳимтарин далелҳои воҷиб будани бо ҷамоат хондани намозҳо ва ҳатмӣ будани иштироки мусалмонон дар намози ҷамоат муносибати шахсии ҷаноби Пайғамбар, алайҳиссалом, ба он, яъне ба намози ҷамоат мебошад. Паёмбари акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар тамоми умри худ намозро бо ҷамоат мегузориданд ва ҳаргиз ҷамоатро тарк накардаанд ва ҳатто дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёташон намозро бо ҷамоат хондаанд. Ҳадисҳои расида гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳатто дар рӯзҳои охири умрашон, ки он ҷаноб дигар қуввати ба масҷид рафтан ва имоматӣ кардан надоштанд, аз наздиконашон хоҳиш мекарданд, ки аз китфҳояшон дошта, эшонро то сафи намози ҷамоат расонанд.

Масалан, ҳадиси зерин манзараи дар охирин рӯзҳои зиндагии худ дар намози ҷамоат иштирок намудани Паёмбари акрам, алайҳиссаломро ба таври муфассал хабар медиҳад:

Матни ҳадис:

حَدَّثَنَا عُمَرُ بْنُ حَفْصِ بْنِ غِيَاثٍ قَالَ حَدَّثَنِي أَبِي قَالَ حَدَّثَنَا الْأَعْمَشُ عَنْ إِبْرَاهِيمَ عَنْ الْأَسْوَدِ قَالَ كُنَّا عِنْدَ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا فَذَكَرْنَا الْمُوَاظَبَةَ عَلَى الصَّلَاةِ وَالتَّعْظِيمَ لَهَا قَالَتْ لَمَّا مَرِضَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَرَضَهُ الَّذِي مَاتَ فِيهِ فَحَضَرَتْ الصَّلَاةُ فَأُذِّنَ فَقَالَ مُرُوا أَبَا بَكْرٍ فَلْيُصَلِّ بِالنَّاسِ فَقِيلَ لَهُ إِنَّ أَبَا بَكْرٍ رَجُلٌ أَسِيفٌ إِذَا قَامَ فِي مَقَامِكَ لَمْ يَسْتَطِعْ أَنْ يُصَلِّيَ بِالنَّاسِ وَأَعَادَ فَأَعَادُوا لَهُ فَأَعَادَ الثَّالِثَةَ فَقَالَ إِنَّكُنَّ صَوَاحِبُ يُوسُفَ مُرُوا أَبَا بَكْرٍ فَلْيُصَلِّ بِالنَّاسِ فَخَرَجَ أَبُو بَكْرٍ فَصَلَّى فَوَجَدَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْ نَفْسِهِ خِفَّةً فَخَرَجَ يُهَادَى بَيْنَ رَجُلَيْنِ كَأَنِّي أَنْظُرُ رِجْلَيْهِ تَخُطَّانِ مِنْ الْوَجَعِ فَأَرَادَ أَبُو بَكْرٍ أَنْ يَتَأَخَّرَ فَأَوْمَأَ إِلَيْهِ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ مَكَانَكَ ثُمَّ أُتِيَ بِهِ حَتَّى جَلَسَ إِلَى جَنْبِهِ

Тарҷума: Аз Оиша(р) мегӯяд: Ҳангоме ки Паёмбар, алайҳиссалом, ба беморие, ки аз он вафот ёфтанд, гирифтор шуданд, вақти намоз фаро расид ва азон дода шуд, фармуданд: Абубакрро амр кунед, ки барои мардум намоз бихонад (имоматӣ кунад), касе гуфт: Абубакр дили нозуке дорад, агар ба ҷои шумо биистад (аз шиддати гиря) наметавонад барои мардум намоз бихонад. Боз Паёмбари Худо, алайҳиссалом, гуфтаи худро такрор карданд, онҳо ҳам ҳамон ҷавобро дубора гуфтанд, бори сеюм ҳамин гуфту шунуд такрор гардид, Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Шумоён монанди бародарони Юсуф, алайҳиссалом, ҳастед, Абубакрро амр кунед, ки ба мардум намоз бихонад. Абубакр бархост ва барои мардум намоз хонд ва Паёмбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар худ сабукӣ эҳсос карданд ва бо ёрии ду нафар дар ҳоле ки ба тарафи чапу рост мекалавиданд, аз хона берун шуда, ба намоз рафтанд. Оиша мегӯяд: Пойҳои Паёмбари Худо, алайҳиссалом, ки ҳамон вақт аз шиддати заъф ба замин кашида мешуд, ҳаргиз аз назарам намераванд. Чун эшон ба намоз омаданд, Абубакр(р) мехост ба қафо ояд, вале Паёмбари Худо, алайҳиссалом, ишора карданд, ки дар ҷои худ бош, баъд аз он Паёмбар, алайҳиссаломро оварданд, дар паҳлӯи Абубакр(р) нишастанд ва намоз гузориданд…

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 624

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 634

Дар чунин ҳолати вазнин дар намози ҷамоат иштирок кардани Паёмбари акрам, алайҳиссаломро саҳобаҳои бузургвори эшон ва манбаъҳои дигари таърихӣ тасдиқ намуда, ба таври дақиқ зикр кардаанд, ки он ду марде, ки аз зери бозувони Паёмбар, дуруд бар ӯ, гирифта, эшонро ба намоз бурданд, Ҳазрати Алӣ(р) ва амаки эшон ҳазрати Аббос будаанд:

Матни ҳадиси 2:

حَدَّثَنَا إِبْرَاهِيمُ بْنُ مُوسَى قَالَ أَخْبَرَنَا هِشَامُ بْنُ يُوسُفَ عَنْ مَعْمَرٍ عَنْ الزُّهْرِيِّ قَالَ أَخْبَرَنِي عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ قَالَ قَالَتْ عَائِشَةُ لَمَّا ثَقُلَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَاشْتَدَّ وَجَعُهُ اسْتَأْذَنَ أَزْوَاجَهُ أَنْ يُمَرَّضَ فِي بَيْتِي فَأَذِنَّ لَهُ فَخَرَجَ بَيْنَ رَجُلَيْنِ تَخُطُّ رِجْلَاهُ الْأَرْضَ وَكَانَ بَيْنَ الْعَبَّاسِ وَرَجُلٍ آخَرَ قَالَ عُبَيْدُ اللَّهِ فَذَكَرْتُ ذَلِكَ لِابْنِ عَبَّاسٍ مَا قَالَتْ عَائِشَةُ فَقَالَ لِي وَهَلْ تَدْرِي مَنْ الرَّجُلُ الَّذِي لَمْ تُسَمِّ عَائِشَةُ قُلْتُ لَا قَالَ هُوَ عَلِيُّ بْنُ أَبِي طَالِبٍ

Тарҷума: Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ мегӯяд, Оиша(р) гуфт: Ҳангоме, ки Паёмбари Худо, алайҳиссалом, вазнин шуданд ва беморияшон шиддат ёфт, аз ҳамсарони худ иҷозат хостанд то дар хонаи ман парасторӣ шаванд, онҳо ба Паёмбари Худо, алайҳиссалом, иҷозат доданд. Паёмбар, алайҳиссалом, (пас аз каме беҳбудӣ) дар байни ду мард амакашон Аббос ва марди дигар дар ҳоле, ки поҳои муборакашон ба замин кашида мешуд, ба масҷид рафтанд. Убайдуллоҳ мегӯяд, ки ин ҳодисаро ба Абдуллоҳ ибни Аббос он тавре ки Оиша гуфта буд, зикр кардам. Абдуллоҳ ба ман гуфт, ки оё номи мардеро, ки Оиша онро зикр накард медонӣ? Гуфтам: На. Гуфтанд: Ишон Алӣ ибни Абутолиб буданд.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Азон», ҳадиси 625

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Салот», ҳадиси 631

Ин амали Паёмбари ислом, алайҳиссалом, нишон медиҳад, ки намоз бояд ҳатман ба таври ҷамоат хонда шавад ва он ҷаноб ҳатто дар ҳоле, ки худ роҳ рафта наметавонистанд, бо ёрии дигарон худро ба сафи намози ҷамоат расониданд. Аммо вой бар ҳоли мо ва вой бар дасту пойи сиҳҳати мо, ки дидаю дониста бар хилофи суннати Пайғамбари бузургворамон амал карда, дар намозҳои ҷамоати масҷидҳо иштирок намекунем.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *