Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгохи масчид дар Ислом

7.Назари ислом дар бораи касоне, ки мардумро аз намозгузорӣ дар масҷидҳо манъ мекунанд

Аз он ҷое, ки намоз муҳимтарин асли ислом ва масҷид муҳимтарин ниҳоди исломӣ мебошад, дар тамоми тӯли таърихи ислом душманони ин дини мубин ҳамеша талош доштаанд, ки барои заиф сохтани ислом пеш аз ҳама дар масъалаи намози ҷамоат ва масҷидҳо халалу маҳдудиятҳо эҷод намоянд. Зеро онҳо ба хубӣ медонистанд, ки агар намози ҷамоат ва масҷид аз байн бираванд, сутуни асосии ислом шикаста шуда, ин дин аз равнақ мемонад. Аз ин рӯ, дар Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ, шахсоне, ки бо ҳар баҳона барои манъ кардани мусалмонон аз намози ҷамоат ва маҳдуд кардани фаъолияти масҷидҳо талош меварзад, ҳамчун душманони ислом ва ҳамчун инсонҳои золиму ситамкор муаррифӣ гашта, аз ҷониби Худованд шадидан сарзаниш ва таҳдид шудаанд.

Худованд дар Қуръони карим дар бораи инсонҳое, ки барои ба масҷид рафтани мардум мониа эҷод мекунанд ва масҷидҳоро мебанданду хароб мекунад, чунин мегӯяд:

Матни оя:

« وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَاجِدَ اللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَى فِى خَرَابِهَآ أُوْلَائِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَآ إِلاَّ خَآئِفِينَ لَهُمْ فِى الدُّنْيَا خِزْىٌ وَلَهُمْ فِى الاٌّ خِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ».

Тарҷумаи оя: Ва кист ситамгортар аз касе, ки мардумро аз зикри номи Худо (яъне ибодат) дар масҷидҳо манъ мекунад ва барои харобии масҷидҳо кӯшиш менамояд? Ҳол он ки ин гурӯҳ бояд бо тарсу хушӯъ вориди масҷидҳо шаванд. Онҳоро дар дунё зиллату хорӣ ва дар охират азоби бузург насиб аст.

Сураи «Бақара», ояи 114

Ин оя аз тарафи муфассирони бузурги Қуръони карим ба таври бисёр ҷиддию муфассал тафсир шудааст, ки барои рӯшан шудани маънои он чанд намуна меоварем:

1.Аз «Тафсири Кабир»-и Имом Фахри Розӣ:

…» فإن ظاهرها يقتضي أن يكون الساعي في تخريب المساجد أسوأ حالاً من المشرك لأن قوله ومن أظلم يتناول المشرك لأنه تعالى قال إِنَّ الشّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيم )لقمان (13فإذا كان الساعي في تخريبه في أعظم درجات الفسق وجب أن يكون الساعي في عمارته في أعظم درجات الإيمان».

Тарҷума: … Зоҳири оя ин маъноро дар бар мегирад: Ҳукму вазъияти касе, ки барои бастан ва хароб кардани масҷидҳо саъй мекунад, бадтар аз вазъияти мушрик мебошад. Барои он, ки қавли Худо: «Ва кист ситамгортар?» мушрикро низ дар бар мегирад, зеро Худованд дар ояи 13-уми сураи «Луқмон», мегӯяд: «Дар ҳақиқат ширк ситами (гуноҳи) бузург аст». Модом ки саъйкунанда дар хароб кардани масҷидҳо дар дараҷаҳои баландтарини фисқ ҳисобида мешавад, воҷиб аст, ки саъйкунанда дар сохтмону ободии масҷидҳо дар болотарин мартабаҳои имон ҳисобида шавад.

«Тафсири Кабир», ҷилди 4, саҳ. 11

2.Аз «Тафсири Анвору-л-Қуръон»:

«Ва кист золимтар (пурсиши инкорӣ аст, яъне ҳеҷ кас золимтар аз манъкунандаи масҷид нест) аз он кас, ки нагузорад дар масҷидҳои Худо номи Худо бурда шавад (ва мусалмононеро, ки барои хондани намоз, зикр, тиловат ва таълими Қуръон ба масҷидҳо меоянд, аз омадан ба онҳо боз дорад) ва дар вайронии онҳо талош кунад (яъне, дар вайронсозии бинои масҷидҳо ё барои манъ кардани тоъат ва ибодат дар онҳо чун таълими илм, нишастан дар онҳо барои эътикоф ва дигар фаъолиятҳои машрӯъ саъй ва талош кунад), ононро насазад ҷуз ин, ки тарсону ларзон дар онҳо дароянд. Дар ин дунё барои онон хорӣ аст ва барояшон дар охират азоби бузургро Худованд омода кардааст.

«Тафсири Анвору-л-Қуръон», ҷилди 1, саҳ. 141

Ҳамин тавр, бар тибқи назари муфассирону фақеҳони бузургвор ин ояи сареҳи Қуръонӣ ҳушдори ошкорои илоҳӣ нисбат ба касонест, ки барои бастан ва ё вайрон кардани масҷидҳо, яъне манъ кардани масҷидҳо аз намоз ва аз зикри Худо мекӯшанд.

Кӯшиши аз намоз боз доштани мусалмонон ва монеъ шудан ба масҷидравии онҳо ҳанӯз аз оғози пайдоиши ислом аз тарафи мушрикон ва мухолифони ислом пеш гирифта шуда буд ва бар тибқи нишондоди манбаъҳои таърихӣ дар садри чунин фаъолият мушрики машҳӯри Макка Абуҷаҳл, лаънатуллоҳи алайҳ, қарор дошт. Ҷаҳлу мухолифати Абуҷаҳл нисбат ба намозгузории мусалмонон ва масҷидравии онҳо то ҳадде расида буд, ки ӯ ҳатто ният дошт ҳангоми сар ба саҷда гузоштани Паёмбари ислом, алайҳиссалом, гардани эшонро бо пояш ба замин пахш намояд ва ё санге бар сари эшон бизанад, то эшон дигар сар бардошта натавонанд. Мувофиқи назари аксари муфассирони Қуръони карим, ояҳои 9-ум, 10-ум ва 14-уми сураи «Алақ», ки Худованд дар онҳо бо хитобу тааҷҷуб манъкунандагони намозро итобу сарзаниш менамояд, пеш аз ҳама дар шаъни Абуҷаҳл ва афроди ҳаммонанди ӯ нозил шудаанд:

Матни ояҳо:

« أَرَأَيْتَ الَّذِى يَنْهَى ﴿9﴾ عَبْداً إِذَا صَلَّى ﴿10﴾ أَلَمْ يَعْلَم بِأَنَّ اللَّهَ يَرَى﴿14﴾ »

Тарҷума: Оё дидӣ касеро, ки бозмедошт бандаеро, ки намоз мегузорид… Оё надонист, ки Худо (ин амали ӯро) мебинад?!

Сураи «Алақ», ояҳои 9, 10 ва 14

Соҳиби «Тафсири Кабир» ҳазрати Имом Фахри Розӣ ин ояҳои қуръониро ба таври муфассал тафсир карда, аз он нуктаҳои бисёр муҳиммеро истинбот менамояд, ки ба сабаби бузургии ҳаҷми матни тафсир, ин ҷо фақат хулосаи мазмунии баъзе аз он нуктаҳо оварда мешаванд:

1.Рӯзе Абуҷаҳл бо киноя аз саҷдаи Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ба мушрикони дигар гуфт: Оё Муҳаммад дар ҳузури шумо низ рӯи худро ба хок мемолад? Гуфтанд: Оре. Гуфт: Савганд мехӯрам, ки агар ӯро дар ин ҳолат бубинам, сарашро бо санг мекӯбам. Баъд аз он, рӯзе ӯ Расули Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-саломро, дар назди Каъба дар намоз дид ва санги калонеро бардошта, ҷониби эшон рафт, вале дар ҳол ба қафо баргашт. Гуфтанд: Эй Абу-л-Ҳакам, чӣ шуд, ки аз азми худ пас гаштӣ? Гуфт: Миёни худ ва ӯ чоҳе аз оташи даҳшатбор дидам.

Пас, ҳарчанд зоҳири ин ояҳо дар бораи Абуҷаҳл нозил шудааст, вале ҳар касе, ки мардумро азибодатиХудованд боз медорад, дар ин хитоби Худованд шомил шуда, дар кору ҷиноятҳои Абуҷаҳл шарик аст.

2. Дар аввал лақаби Абуҷаҳл Абу-л-Ҳакам буд. Дар натиҷаи аз намоз манъ кардани мусалмонон ба ӯ унвони Абуҷаҳл (падари ҷаҳолат) раво дониста шуд, зеро дар ҳоле, ки ӯ бандагонро аз ибодати Худо манъ мекунад, чигуна метавонад Абу-л- Ҳакам бошад?

3. Ин ояҳо ҳушдори Худованд аст бар ҳар касе, ки мусалмононро аз намоз боз медорад. Дар ривоят омадааст, ки Алӣ(р) дар намозгоҳ касонеро дид, ки қабл аз намози ид, намози нафл мехонанд. Фармуд: Ман надидам, ки Расули Худо, алайҳиссалом, қабл аз намози ид, намози нафл бихонанд. Гуфтанд: Пас чаро ононро аз намозгузорӣ боз намедорӣ? Фармуд: Метарсам, ки дар зери ин хитоби Худованд дохил нашавам, ки «Оё дидӣ касеро, ки боз медошт бандаеро, ки намоз мегузорид». Пас, Алӣ(р) онҳоро аз хондани намози нафл боз надошт.

Имом Фахри Розӣ. «Тафсири Кабир», ҷилди 32, саҳ. 21-22 ва 23

Дар баробари таҳдиду мазаммати манъкунандагони намоз дар масҷидҳо, шариати ислом созандагону ободгарони масҷидро ташвиқ карда, онҳоро дар ҷумлаи бандагоне дохил намудааст, ки рӯзи қиёмат дар сояи лутфи Худованд қарор гирифта, аз азоби дӯзах озод мебошанд. Чунончӣ, дар ин бора Расули Худо, алайҳиссалом, дар ҳадиси қудсӣ фармудаанд:

Аз матни ҳадис:

« قال الله: إن أحب عبادي إلي المتحابون في الدين يعمرون مساجدي ويستغفرون بالأسحار أولئك الذين إذا ذكرت خلقي بعذاب ذكرتهم فصرفت عذابي عن خلقي».

Тарҷума: Худованди таъоло мегӯяд: Маҳбубтарини бандагон дар назди ман касонеанд, ки ба хотири дин бо ҳам дӯстӣ мекунанд, масҷидҳои маро обод медоранд ва саҳаргоҳон талаби омӯрзиши гуноҳ мекунанд. Эшон касонеанд, ки вақте бандагонро ба азоб гирифтор кунам, азобамро аз ин бандагон дур месозам.

«Мусаннафи Абдурраззоқ», ҷилди 3, саҳ. 49, ҳадиси 4740

Ҳамин тавр, аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони карим, аз ҳадисҳои набавӣ ва аз фармудаҳои фақеҳон ва муфассирони бузурги исломӣ чунин бармеояд, ки манъ кардани мусалмонон аз намозгузорӣ дар масҷид ва ҳамчунин, пешгирии сохтмон ё бастани масҷидҳо аз назари шариати исломӣ шадидан маҳкум шуда, ин амалҳо дар ҷумлаи гуноҳони бузург ба ҳисоб мераванд.

8.Назари ислом дар бораи бастан, хароб кардан ва ба макони дигар табдил додани масҷидҳо

Яке аз масъалаҳои муҳимм дар боби шинохти ҷойгоҳи масҷид дар ислом донистани ҳукми бастан, хароб кардан ва ё ба мақсадҳои дигар истифода кардани бинои масҷид мебошад.Мувофиқи ҳукми шариати исломӣ, вақте биное бо нияти масҷид сохта мешавад ва ё маконе ҳамчун масҷид истифода мешавад, он бино ва он макон хонаи Худованд буда, ба мулки Худованд табдил мегардад. Дар чунин сурат аз назари шариати исломӣ ин бино наметавонад мавриди истифодаи дигар ё хариду фурӯш қарор гирад, вайрону хароб карда шавад ва ё баста шавад. Умуман, аз тарафи шахси мусалмон содир шудани кӯшиш ё амали бастани масҷид, ки хонаи Худованд аст, навъе исёни ошкорои инсон дар баробари Худои худ ва дини худ буда, дар шариати исломӣ комилан маҳкум аст.

Тавре ки дар бахши қаблӣ зикр шуд, Худованд дар Қуръони карим, дар ояи 114 сураи «Бақара» маҳдудкунандагони масҷидҳоро аз ҷумлаи золимтарин шахсҳо хонда, онҳоро шадидан маҳкум мекунад. Муфассири бузурги Қуръони карим Имом Қуртубӣ дар тафсири худ зимни шарҳи маънои ин оя дар мавриди аз намоз дар масҷид боздоштани намозгузорон ва манъи сохтани масҷидҳо аз ҷумла, чунин мефармоянд:

Аз матни тафсир:

…» ولذلك قلنا: لا يجوز نقض المسجد ولا بيعه ولا تعطيله وإن خربت

ودلت الآية أيضا على تعظيم أمر الصلاة وأنها لما كانت أفضل الأعمال وأعظمها أجرا كان منعها أعظم إثما«…

Тарҷума: …Ва вайрон кардан, фурӯхтан ва бастани масҷид мумкин нест, агарчӣ маҳалла хароб гашта бошад ҳам. … Ин оя бар бузургии шаъни намоз далолат мекунад, пас, агар намоз аз рӯи аҷр бузургтарин ва беҳтарини амалҳо бошад, боздоштани он бузургтарин гуноҳ аст.

«Тафсири Қуртубӣ», ҷилди 2, саҳ. 78

Мувофиқи таълимоти исломӣ, бинои масҷид ва маконе, ки бо ҳамин унвон истифода мешавад, то қиёмат ҳукми масҷидро дошта, бастан ва хароб кардани он имкон надорад. Назари мазҳаби ҳанафӣ дар ин бора чунин аст, ки ҳатто дар сурати дар он масҷид дигар хонда нашудани намоз, ҳукми масҷид боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, бастану хароб кардани он ҷоиз намебошад. Дар ин бора яке аз поягузорони мазҳаби ҳанафӣ, Имом Абуюсуф чунин мегӯяд:

Матн:

قال أبويوسف هو مسجد أبدا إلى قيام الساعة لا يعود ميراثا ولا يجوز نقله ونقل ماله إلى مسجد آخر سواء كانوا يصلون فيه أو لا

Тарҷума: Имом Абуюсуф мегӯяд, ки масҷид то қиёмат ҳамчун масҷид боқӣ мемонад ва он ба мерос баргардонда намешавад ва новобаста аз он, ки дар он масҷид намоз бихонанд ва ё на, интиқоли он ва интиқоли ашёи он ба масҷиди дигар ҷоиз нест…

Зайнуддин ибни Наҷими Ҳанафӣ.

«Ал-баҳру-р-роиқ шарҳи «Канзу-д-дақоиқ», ҷ. 5, саҳ. 271-272

Назари имомони мазҳаби ҳанафӣ Имом Муҳаммад ва Имом Абуюсуф дар «Дурру-л-мухтор» низ чунин омадааст:

Матн:

ولو خرب ما حوله واستغنى عنه يبقى مسجدا عند الإمام والثاني أبدا إلى قيام الساعة وبه يفتى حاوي القدسي

Тарҷума: Мувофиқи назари Имом Муҳаммад агар масҷид хароб шуда, дигар ниёзе ба он набошад, боз ҳам эҳтирому дахлнопазирии он ҳамчун масҷид боқӣ мемонад, тибқи назари Имом Абуюсуф ҳурмати масҷид то қиёмат ҳамчун масҷид маҳфуз аст. Дар китоби «Ҳовию-л-қудсӣ» низ ба ҳамин мазмун фатво дода шудааст.

«Дурру-л-мухтор», ҷ. 4, саҳ. 358.

Дар маҷмӯаи «Маҳмуду-л-фатово», ки яке аз муҳимтарин китобҳои фатвоҳои фиқҳи ҳанафии муосир мебошад, масъалаи бастан, хароб кардан ва ё барои корҳои дигар истифода кардани масҷид ба таври бисёр муфассал баррасӣ шуда, дар натиҷаи овардани назари манбаъҳои мӯътабари фиқҳӣ чунин хулоса гирифта мешавад, ки ин амалҳо аз назари шариати исломӣ ҳаргиз ҷоиз нестанд.

Дар ин китоб аз Муфтӣ Худоназар пурсида шудааст, ки агар масҷиди қадимӣ кӯҳна, вале ҳануз қобили истифода бошад, оё метавон ба ҷои он масҷиди дигаре, ки имкони гунҷоиши ҳамаи намозгузоронро дошта бошад ва дар атрофаш ҳам мадрасае бошад, бино бикунем ё на? Дар ин сурат бо масҷиди қадимӣ чӣ кор бояд кард?

Эшон дар посух гуфтааст:

«Масҷид то абад ба ҳоли масҷидияти худ боқӣ аст ва эҳтироми он бояд риоят шавад. Фақат метавон аз масҷиди қадимӣ истифодае кард, ки хилофи ҳурмат ва шаъни масҷид набошад, монанди ҷой додани мусофирон ё омӯзиши Қуръон ва таълими тифлон».

АзМуфтӣ Худоназар ҳамчунин савол шудааст, ки агар масҷиди қадимӣ дар канори деҳа бошад ва дигар истифода нашавад, оё метавон масҷиди қадимро ба мактаб табдил дод ё барои кори дигаре истифода кард ва ё онро шаҳид кард (вайрон кард) ? Ӯ дар ин маврид аз ҷумла, чунин фатво додааст:

«… Ҷое, ки як мартаба масҷид қарор дода шуда, то абад масҷид боқӣ мемонад. Бинобар ин, шаҳид кардани масҷиди қадим дуруст нест. Пас коре, ки хилофи шаъни масҷид аст, анҷом нагирад. Албатта, метавонанд дар худи масҷид дарс ва таълим анҷом диҳанд ва асбобҳои ҷузъиеро, ки қобили интиқол ҳастанд, метавонанд ба масҷиди нав мунтақил кунанд….»

Ҳамчунин, аз эшон савол шудааст, ки агар деҳае ду масҷид дошта бошад (яке қадим ва дигаре ҷадид), фурӯхтани масҷиди қадим барои масраф ва харҷи масҷиди нав ва низ табдил намудани масҷиди қадим ба хонаи исиқоматӣ дуруст аст ё не?

Муфтӣ Худоназар чунин фатво додаст: «Замине, ки якбор масҷид қарор гирифт, барои ҳамеша масҷид мемонад ва фурӯхтани он ба ҳеҷ унвон иҷозат нест ва табдили он ба хонаи истиқоматӣ низ шаръан дуруст намебошад».

Аллома Муфтӣ Худоназар. «Маҳмуду-л-фатово», ҷилди 4, 136-137

Тавре ки дида мешавад, дар таълимоти шариати исломӣ эҳтирому ҳурмати масҷид бисёр боло буда, ҳатто дар сурати кӯҳнаю фарсуда ва дигар қобили истифода набудани он ҳам хароб кардани масҷид иҷозат дода намешавад. Ин таълимоти шариат аз ҳукми сареҳи Қуръонӣ сарчашма мегирад, ки хароб кардани масҷидҳоро маҳкум карда, афроди дорои чунин ният ва амалро золиму ситамкор меномад.

Фақеҳ ва донишманди бузурги исломӣ Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби номдори худ «Тафсири Табарӣ» зимни тафсири ояи 114 сураи «Бақара» меорад:

Матн:

وتأويل قوله ومن أظلم وأي امرئ أشد تعديا وجراءة على الله وخلافا لأمره من امرئ منع مساجد الله أن يعبد الله فيها

Тарҷума: Маънои сухани Худованд: «ва кист золимтару ситамгартар…» чунин аст: чӣ касе нисбат ба шахсе, ки мардумро аз парастиши Худованд дар масҷидҳояш манъ мекунад, нисбати Худованд душманӣ ва густохии шадидтар дорад ва мухолифи амри ӯст?

«Тафсири Табарӣ», ҷ.1,с.497.

Тавре ки аз овардаҳои боло маълум гашт, назари дини мубини ислом дар масъалаи маҳдуд кардан ва бастану хароб сохтани масҷидҳо бисёр мушаххас ва қатъӣ мебошад. Албатта, бовар дорам, ки ашхосе, ки гоҳе ба маҳдуд кардани фаъолияти масҷидҳо ва гоҳе ҳатто ба бастан ва хароб кардани онҳо рӯй меоваранд, то имрӯз аз ҳукм ва таълимоти дини мубини ислом дар ин масъала ба хубӣ огоҳӣ надоштаанд. Зеро, мантиқан, маълум аст, ки мусалмоне, ки аз ин ҳукми Худованди худ ва аз ин назари шариати худ дар масъалаи бастан ва хароб кардани масҷидҳо огоҳии дуруст дошта бошад, ҳаргиз бо ихтиёри худ ба ин кор даст намезанад.


[1] Дар ин ҷо ва дар тамоми китоб шумораи ҳадисҳо мувофиқи шуморабандии низоми ягонаи «Оламӣ» нишон дода шудааст.

[2] Барои ошноии бештар бо шарҳи ояи 43 сураи «Оли Имрон» ва назари муфассирони Ќуръони карим дар мавриди маънои он ба бахши сеюми ҳамин китоб, саҳифаҳои 118-122 муроҷиат шавад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *