Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

80. Шумо озод ҳастед

Умар ибни Абдулазиз ғуломе дошт. Рӯзе ӯ ба ҳезумчинӣ рафт ва муддати дарозе ғайб зад. Чун баргашт Умар ибни Абдулазиз ӯро маломат кард.

Ғулом дар ғазаб шуда гуфт: Мардум ҳама ба хайр ҳастанд, магар ману шумо Умар ибни Абдулазиз дар ҳарос афтид, ки аз тоқаташ зиёд бар ӯ таҳмил накунад, биноан ӯро озод намуд.

81. Феъли Ҳаҷҷоҷро макун

Ба Умар ибни Абдулазиз хабар расид, ки омили ӯ Адӣ ибни Артаа баъзе корҳоеро анҷом медиҳад, ки ба феълҳои Ҳаҷҷоҷ монанд аст. Пас Умар ба ӯ нома навишт: Шунидам, ки шумо пайравӣ аз феъли Ҳаҷҷоҷ мекунед. Пайравӣ аз вай макунед, зеро ӯ намозро дар ғайри вақташ мегузошт, закотро ба ғайри ҳаққаш мегирифт дар дигар корҳо аз ин ҳам бадтар буд.

Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз мардеро ба коре таъийн намуд ва пасон шунид, ки барои Ҳаҷҷоҷ кор мекунад, пас ӯро озод намуд. Он мард омада аз Умар узр пурсида гуфт: Барои ӯ андаке кор кардам. Умар гуфт: Аз сӯҳбати бад як рӯз ё кам аз он кофист.

82. Молҳои закот

Хабари ба хилофат расидани Умар ибни Абдулазиз миёни мардум хеле босуръат паҳн шуд ва ҳамагон ба адои садақаву моли закот шитофтанд.

Баъзе волиҳо ба ӯ нома навиштанд: Мардум чун аз ба хилофат расидани шумо огоҳ шуданд, ба додани закот (закоти фитр) шитофтанд ва аз он моли зиёде ҷамъ шудааст ва нахостем дар он тағйироте биёрем, то раъйи худро маълум намоед.

Умар ба вай чунин навишт: Савганд ёд мекунам, ки ману туро бар он чи гумон мекунанд наёфтаанд, пас ҳар чи ҳаст, баъд аз гирифтани номаам, онро берун намо.

83. Амир ва себ

Амирулмӯъминин Умар иштиҳои хӯрдани себ кард ва бо овози шунаво гуфт: Агар пеши мо андаке себ мебуд, он бӯи хубу маззаи хуш дорад.

Марде аз аҳли байташ инро шунида чанд дона себро ба ӯ ҳадя фиристод. Чун он фиристода бо себҳо омад, Умар дар ҳоле ки ба себҳо менигарист, гуфт: Эй мард, ин себҳоро бардору саломи маро ба касе, ки себҳоро фиристодааст, бирасон ва ба вай бигӯ, ки ҳадяи ӯ ба мо ба беҳтарин мавқеъ расид.

Ғулом, ки аллакай рад намудани Умарро эҳсос намуда буд гуфт: Эй амирулмӯъминин, он кас писари амакат ва аз аҳли байти шумо аст ва шумо медонед, ки Паёмбар (с) ҳадяро мехӯрду садақаро намехӯрд.

Умар бо чеҳраи кушода гуфт: Вой бар ту, ҳадя барои Паёмбар (с) ҳадя буд ва он барои мо имрӯз ришва аст.

84. Писарбачаи ҳаким

Гурӯҳе аз мардум назди Умар ибни Абдулазиз омаданд, ки писарбачаи хурдсоле онҳоро сардорӣ мекард.

Чун писарбача хост бо намояндагӣ аз гурӯҳ сухан гӯяд, бо ӯ гуфт: Эй писарам, сухан карданро ба касе бигузор, ки аз шумо калосолтар аст.

Лекин писарбачаи сухандон муаддабона чунин посух гуфт: Эй амирулмӯъминин, эътибори инсон бо ду ҷузъи хурдаш – қалб ва забонаш мебошад ва агар кор ба эътибори синну сол мебуд, дар байни мусулмонон ҳароина шахсе ёфт мешуд, ки мустаҳиқтар аз шумо буд.

Умар аз суханони писарбача хушҳол гашта, чеҳрааш кушода шуд ва гуфт: Рост гуфтӣ, рост гуфтӣ.

85. Шаби амир

Муғира ибни Ҳаким назди Фотима бинти Абдулмалик ҳамсари Умар ибни Абдулазиз нишаста буд ва ба сирату саргузашти Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз гӯш медод.

Фотима ки ба умқи хотираҳояш фурӯ рафта буд, гуфт: Эй Муғира, шояд дар байни мардон шахсоне ҳастанд, ки аз Умар дида бисёртар намозу рӯза мегузоранд, лекин ман аз мардум касеро надидам, ки аз Парвардигораш тавре, ки Умар метарсид, ҳамчунон битарсад. Ӯ ҳине, ки вориди хона мешуд, худро дар масҷидаш меандохт ва даст ба дуову зорӣ баланд мекард, намоз мегузориду ашк мерезонид, то ин ки хоб бар вай ғолиб мешуд. Чун бедор мешуд, боз ба ибодат мепардохт ва шабашро ҳамчунон то ба охир мегузаронид.

86. Ҳаққи заифон

Рӯзе Ҳишом ибни Абдулмалик назди Умар ибни Абдулазиз аз боби насиҳат ба ӯ гуфт: Эй амирулмӯъминин, ман фиристодаи қавмат ҳастам ба назди шумо. Эшон дар дилҳояшон эҳсосе пайдо шудааст ва мегӯянд: Бо раъйи худат кор мекунӣ ва раъйи собиқ халифаҳоро тарк кардаӣ.

Умар ба ӯ гуфт: Агар ду номае ба ман оред, яке аз Муъовия ва дуввумӣ аз Абдулмалик, ҳарду бо як амр, пас бо кадоме аз ду нома амал хоҳам кард?

Ҳишом гуфт: ба собиқтарини он ва аз он дур нахоҳам шуд.

Умар гуфт: Пас ман китоби Худоро аз ҳама собиқтар ёфтаам ва бо он амал мекунам.

Баъд аз он гуфт: Бубинед агар марде ҳалок гардад ва аз худ фарзандони хурду бузург гузорад ва фарзандони бузург амволи фарзандони хурдро бихӯранд ва онҳо ба назди шумо даъвокунон биоянд, чи кор хоҳед кард?

Гуфт: Моли эшон ва ҳуқуқашонро ба онҳо бармегардонам.

Умар гуфт: Ман бисёре аз волиҳои пеш аз худамро дарёфтам, ки бо истифода аз қуввату мансаби худ моли мардумро хӯрдаанд. Пайравонашон низ чунин кардаанд. Чун ман сари қудрат омадам, мардум омада аз ҳуқуқашонро талаб мекунанд ва ман роҳе ҷуз баргардонидани ҳаққи заифон надорам.

Ҳишом гуфт: Худованд шуморо муваффақ гардонад, эй амирулмӯъминин!

87. Дуо кун то Худо маро бимиронад

Умар ибни Абдулазиз амири мусулмонон Абдуллоҳ ибни Абӯзакариёро назди худ хонд, ки аз зумраи зоҳидону атқиё ва мусатаҷобу-д-даъват буд.

Чун назди Умар ибни Абдулазиз омад, гуфт: Эй ибни Абузакариё, оё медонӣ барои чӣ шуморо назди худ хондам?

Гуфт: На.

Гуфт: Ба хотири коре, ки ба шумо нахоҳам гуфт, то ин ки бароям савганд ёд накунед, ки онро иҷро менамоед.

Гуфт: Эй амирулмӯъминин, ҳар чи, ки аз ман мехоҳед, анҷом хоҳам дод.

Ба ӯ гуфт: Савганд ёд кун.

Чун савганд ёд намуд гуфт: Аз Худо талабу дуо кун, то маро бимиронад.

Ӯ гуфт: Чӣ бад намояндае ҳастам барои мусулмонон. Ман душмани уммати Муҳаммад (с) ҳастам.

Умар гуфт: Шумо барои ман савганд ёд намудед. Ибни Абӯзакариё гуфт: Алҳамдулиллоҳ, баъд аз он барои ӯ дуо кард ва гуфт: Эй бор Худоё, баъд аз вай маро боқӣ нагузор.

Ин ҳангом писарбачаи хурдсоле аз Умар вориди маҷлис шуд.

Умар гуфт: Инро низ шомили дуо кун, зеро ман дӯсташ медорам.

Пас барои ӯ низ дуо намуд. Пас аз он Умар вафот намуд, ибни Абӯзакариё низ вафот намуд ва инчунин он писарбачаи хурдсол ҳам аз олам чашм пӯшид.

88. Дӯст доштани марг

Беморӣ тамоми вуҷуди Умар ибни Абдулазизро фаро гирифта ӯро дар бистари марг хобонда буд. Табиб ба аёдати ӯ омада гуфт: Ин мардро заҳр додаанд ва аз марг дар амонаш намебинам.

Умар ба ӯ нигариста гуфт: Касонеро ҳам, ки заҳр нанӯшонидаанд, аз марг дар амон набин.

Табиб ба ӯ гуфт: Эй амирулмӯъминин, оё вуҷуди заҳрро эҳсос намудӣ. Ман метарсам, ки ҷони шумо аз даст хоҳад рафт.

Умар гуфт: Аллоҳ (ҷ) беҳтарин зотест, ки ҷони ман ба сӯи ӯ меравад. Савганд ба Худо, агар шифои ман дар мисос намудани нармии гӯшам бошад, дастамро боло намебардорам. Эй бор Худоё, дар мулоқоти Умар бо худ баракат биандоз.

Чанд рӯзе нагузашт, ки Умар аз олам чашм пӯшид.

89. Умарро заҳр менӯшонанд

Муҷоҳид ибни Ҷубайр ба назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз, ки бемор буд, дохил шуд. Умар аз вай пурсид: Мардум дар бораи ман чӣ мегӯянд?

Гуфт: Мегӯянд, ки шумо масҳур ҳастед.

Умар гуфт: Ман масҳур (сеҳршуда) нестам. Лекин заҳр нӯшонида шудам.

Баъд аз он ғуломеро ба назди худ хонда гуфт: Чи чиз туро ба заҳр додани ман водошт?

Гуфт: Ҳазор динор доданд ва ин ки озод хоҳам шуд.

Умар гуфт: Ҳазор динорро биёр.

Ҳазор динорро гирифта дар байтулмол гузошта ба ғулом гуфт: Ҳар ҷо ки меравӣ бирав, ту озод ҳастӣ.

90. Умар ва Яҳудӣ

Рӯзе Валид ибни Ҳишоми Муъитӣ бо марди яҳудие вохӯрд.

Яҳудӣ гуфт: Умар ин амро ба дӯш мегирад (яъне хилофатро) ва дар он адолатро пеша мекунад.

Валид гуфт: Пас бо Умар вохурда ӯро аз ин амр огоҳ сохтам.

Чун Умар ба хилофат расид, баъд аз муддате боз бо он яҳудӣ вохӯрдам ва ӯ ба ман гуфт: Оё шуморо огоҳ насохтам ва гуфтаи ман амалӣ нашуд.

Гуфтам: Бале.

Пас яҳудӣ гуфт: Ал-он ин мардро заҳр додаанд, ба ӯ бигӯ, то худашро наҷот диҳад.

Валид босуръат ба назди амирулмӯъминин рафта ӯро аз гуфтаи яҳудӣ огоҳ сохт. Умар гуфт: Эй Парвардигор! Чи қадар донанда ҳастанд?!

Савганд ба Худо, лаҳзае, ки нӯшонида шудам, худам донистам. Агар шифоям дар нармии гушам бошад, онро мисос намекунам.

91. Ишора ба дафни ӯ дар ҳамсоягии Паёмбар (с)

Байни ҷамоате аз мусулмонон халифаи одил Умар ибни Абдулазиз нишаста ба суханону аҳволи онҳо гӯш медод. Эшон ба ӯ гуфтанд, ки маконе, ки қабри Паёмбар (с) ҷойгир шудааст, он ҷо ҷои як нафари дигаре низ ҳаст ва онро ба вай пешниҳод намуданд.

Ба ӯ гуфтанд: Агар ба Мадина наздик мешудед?

Пас Умар ибни Абдулазиз пешниҳоди эшонро фаҳмид ва дар ҳоле ки ашк дар чашмонаш медурахшид, гуфт: Ин ки Худованд маро ба ҳар азобе ба ҷуз оташ гирифтор намояд, барои ман беҳтар аз ин аст, ки ман худро лоиқу сазовори он макон донам.

92. Пероҳани амирулмӯъминин

Умар ибни Абдулазиз дар бистари беморӣ буд. Муслима ибни Абдулмалик ба аёдати ӯ омад. Дид, ки пероҳани чиркине дар бар дорад.

Пас ба Фотима бинти Абдулмалик гуфт: Эй Фотима пероҳани Амирулмӯъмининро бишӯед. Мардум ба аёдати ӯ меоянд.

Гуфт: Мешӯямаш, иншоаллоҳ.

Бори дигар чун Муслима ибни Абдулмалик ба аёдати Умар омад, боз ҳамон пероҳанро дар танааш дид, ки чиркинтар шудааст.

Ғазаболуд шуда гуфт: Эй Фотима, оё шуморо ба шустани пероҳани Амирулмӯъминин амр нанамуда будам?

Фотима гуфт: Савганд ба Худо, ғайр аз ин пероҳане надорад.

93. Умар баъд аз маргаш фарзандонашро фақир мегузорад

Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дар бистари марг буд. Муслима ибни Абдулмалик наздаш даромада зиёраташ кард ва гуфт: Эй Амирулмӯъминин шумо баъд аз сари худ фарзандонатонро фақиру нодор мегузоред, агар ишонро ба ман васият мекардед ё ба амсоли ман аз аҳли байтат, хуб мешуд.

Умар бо овозе, ки аз беморӣ заиф шуда буд, гуфт: Такя диҳед ба ман.

Баъд аз он гуфт: Аммо сухани шуморо, ки ман эшонро аз ин мол фақир гузоштаам, савганд ба Худо, ман ҳаққи онҳоро манъ накардаам ва он ҳаққе, ки аз эшон набуд, ба онҳо надодаам. Аммо сухани шумо, ки онҳоро ба шумо васият намоям, васӣ ва валии ман дар онҳо Худоест, ки китобро нозил кардааст ва ӯ валии солеҳон аст. Фарзандони ман яке аз ду намуд мардонанд. Ё мардоне ҳастанд, ки аз Худо метарсанд ва Худо барои эшон раҳоӣ ва кушоиш медиҳад, ва ё мардоне ҳастнад, ки муртакиби маосӣ мебошад ва ман намехоҳам, ки ӯро дар маъсияти Худо қувват диҳам.

Баъд аз он фарзандонашро, ки аз даҳ нафар зиёдтар буданд, назди худ хонда ба эшон нагирист ва ашкаш аз чашмонаш ҷорӣ шуда гуфт: Эй фарзандонам падари шумо байни ду амр қарор дошт: Байни ин ки шумо бою сарватманд бошед ва падаратон дохили дӯзах шавад ва байни ин, ки шумо фақир бошед ва падаратон дохили ҷаннат гардад. Ва ин ки шумо фақир бошеду падаратон дохили ҷаннат шавад бароям хубтар буд аз ин ки ғанӣ бошеду дохили дӯзах шавем. Акнун бархезед Худо нигоҳдори шумо бошад.

94. Оё васияте доред?

Муслима ибни Абдулмалик ба назди амирулмӯъминин Умар, дар ҳоле, ки дар бистари марг буд, дохил шуданд.

Муслима гуфт: Эй амирулмӯъминин, оё васияте доред?

Умар гуфт: Оё моле ҳаст, ки бар он васият намоям? Муслима гуфт: Ин сад ҳазор маблағи нақд ба шумо медиҳам, пас онҳоро ҳар навъ мехоҳед васият намоед.

Умар гуфт: Эй Муслима, биё кори дигар мекунем.

Муслима гуфт: Он чӣ кор аст?

Умар гуфт: Ин маблағро аз он ҷое, ки гирифтаӣ ба ҳамон ҷо бармегардонӣ.

Муслима гирён шуда гуфт: Худованд шуморо раҳмат кунад, савганд ба Худо, қалбҳои сахти моро нарм кардӣ ва муҳаббати моро дар дили мардум ҷой намудӣ ва дар байни солеҳон номи маро ҷовидон сохтӣ.

Баъд аз он Муслима гуфт: Ба фарзандонат васият бикун.

Умар гуфт: Ба эшон касеро васият мекунам, ки китобро нозил кардаасту валии солеҳон аст.

95. Рӯяш ба сӯи қибла

Умар ибни Абдулазиз дар бистари марг хобид ва марг бар ӯ даррасид.

Пас ба Раҷо ибни Ҳива гуфт: Эй Раҷо ҳар вақто ман вафот намудам ва маро шуста кафан намудед ва намоз гузорида дар лаҳад мондед, гиреҳро кушо ва рӯи маро бубин. Эй Раҷо, агар рӯи ман ба сӯи қибла бошад Худоро ситоиш намоед ва агар дидед, ки ба тарафи қибла нест, ба мусулмонони ҳозиршуда муроҷиат кун, то аз Худованд барои ман раҳмат битилабанд.

Раҷо гуфт: Чун ба лаҳад гузошта шуд ва хишт бар даҳони лаҳад гузоштанд, хиштро аз зери сараш бардошта рӯяшро дидам, ки монанди моҳи дурахшон сӯи қибла гашта буд.

96. Амалкарди Умарро давом медиҳем

Амирулмӯъминин Ҳишом ибни Абдулмалик дар курсии хилофат нишаст. Марде омада ба ӯ гуфт: Эй амирулмӯъминин, падарат Абдулмалик ибни Марвон порчаи замине ба бобоям дода буданд. Валид ва Сулаймон писарони Абдулмалик онро муқаррар сохтанд, ҳатто ин ки Умар ибни Абдулазиз (р) омад ва он заминро кашида гирифт.

Ҳишом гуфт: Савганд ба Худо, шумо шахси аҷиб ҳастед. Шумо касонеро, ки ба бобоят замин доданд ва онро дубора муқаррар сохтанд, зикр мекунед ва ба онҳо раҳмат намефиристед ва касеро, ки онро кашида гирифтааст, зикр мекунед ва ба ӯ раҳмат мефиристед. Мо ончиро Умар ибни Абдулазиз анҷом додааст, давом медиҳем.

97. Умар ҳалок шуду гург ҷуръат кард

Қарибиҳои чошт ғулом босуръат ва фарёдзанон омад: Эй мавло, гург барраро бурд ва он ҳам дар нисфирӯзӣ.

Хуҷаини он ғулом доду фарёд бардошт ва либосро дар танаш дарронд.

Ба ӯ гуфтаанд: Субҳоналлоҳ, ҳамаи инро барои як барра мекунед.

Гуфт: Савганд ба Худо инро барои як барра накардам, балки барои Умар ибни Абдулазиз кардам, ки ӯ ҳалок гардидааст, зеро гург ин ҷуръатро дар замони ҳаёти Умар надошт.

Чун вақтро ҳисоб намуданд дарёфтанд, ки Умар дар ҳамон рӯз вафот намуда будааст.

Мӯсо ибни Аъюн низ ривоят мекунад, ки дар Кирмон гӯсфанд мечаронидем, ки гург бар гӯсфанд ҳамла намуд ва пеш аз он гургу гӯсфанд як ҷо будубош доштанд. Чун ин ҳодисаро дидам, гуфтам, ҳароина он марди солеҳ ҳалок шудааст.

98. Номаи Умар рад намешавад

Зане бо либосҳои фарсуда, ки нишонаҳои фақр дар ӯ дида мешуд, назди Умар ибни Абдулазиз омада дар рӯ ба рӯи дарвозааш истода гуфт: Оё амирулмӯъминин ҳоҷибе дорад?

Пас он зан назди Фотима, ки нишаста буд, дохил шуд ва салом дод. Фотима ҷавоби саломашро дода ба даромадан таклифаш намуд.

Чун он зан нишаст ба хона ва ашёи он нигариста дид, ки чизи қимматноке вуҷуд надорад, гуфт: Ман ба хотире омадам, ки хонаамро аз ҳисоби ин хона обод намоям!

Фотима гуфт: Ин хонаро обод намудани хонаҳои амсоли шумо хароб намудааст.

Баъд аз ин Умар ибни Абдулазиз вориди манзил гашт ва аз чоҳе, ки дар як тарафи ҳавлӣ воқеъ шуда буд, об гирифта дар лойе, ки дар саҳни ҳавлӣ буд пошид. Дар ин асно ӯ ба Фотима бисёр менигарист.

Он зан гуфт: Аз ин мард худро сатр намо, ки ба шумо бисёр назар дорад.

Фотима гуфт: Ӯ амирулмӯъминин аст.

Баъд аз он Умар ба эшон наздик шуда ба онҳо салом дод ва вориди меҳроб шуда намоз гузорид. Баъд аз он аз зарфе, ки ангур дошт, хубтарашро ихтиёр карда дар ихтиёри онҳо гузошт ва аз он зан пурсид: Чӣ ҳоҷат доред?

Гуфт: Зане аз аҳле Ироқ ҳастам. Панҷ духтар дорам. Назди шумо омадаам, то дастгирии эшонро намоед. Умар қаламу дафтар бардошта ба волии Ироқ амр навишт, ки ба онҳо нафақае муайян намояд.

Он зан номаро гирифта ба Ироқ омад ва онро ба дасти волии Ироқ супорид.

Волӣ чун номаро гирифт, ашки зиёде резонид ва бо овози ҳазин гуфт: Худовандо соҳиби ин китобро раҳмат кунад.

Он зан пурсид: Оё вафот намудааст?

Гуфт: Бале.

Зан оҳу фиғон бардошт.

Аммо волӣ гуфт: Барои боке шумо надорад. Ман номаи ӯро рад намекунам. Валӣ ҳоҷати ӯро бароварда сохта ба духтаронаш нафақа таъйин намуд.

99. Бадгумонӣ нисбати Умар

Рӯзе Умар ибни Валид ибни Абдулмалик назди амирулмӯъминин Язид ибни Абдулмалик, ки баъд аз вафоти Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расида буд, омада гуфт: Эй Амирулмӯъминин!! Ин худнамо (яъне Умар ибни Абдулазиз), ки дирӯз рафт, ҳар қадар ки тавонист, бо худ гавҳарҳои қимматбаҳоро бурда дар ду хона гузоштааст.

Язид ба назди хоҳараш Фотима ҳамсари Умар нафаре фиристод ва аз он чӣ хабараш намуданд, ӯро пурсон шуд. Фотима он хабарро инкор намуда, як миқдор либосҳои фарсудаеро, ки Умар мерос гузошта буд, нишон дод.

Аммо фиристодагон аз он ду ҳуҷраи қулфзада пурсиданд ва Фотима гуфт: Бубинед ҳар чӣ бошад, метавонед дар байтулмол гузоред.

Чун Язид ва Умар ибни Валид ибни Абдулмалик ҳамроҳи мардум вориди ҳуҷраҳои қулфзада шуданд, ҷуз ҷойнамозу кӯзаҳои об чизе наёфтанд.

Язид ибни Абдулмалик ва мардум ҳама гирён шуданд ва Умар ибни Валид ибни Абдулмалик аз ин бадгумонии худ нисбати Умар ибни Абдулазиз назди Худованд тавбаву надомат кард.

100. Худоро фиреб дод ва Худо фиребдиҳандаи ӯст

Валид ибни Ҳишом шахси худнамо буд. Ӯ барои фиреб додани Умар ва барои ин ки худро бо сифате, ки дорои он нест, зиннат бидиҳад, номае навишт:

Ман нафақаи худро дар як моҳ андоза кардам ва онро фалон қадар дирҳам ёфтам, ки аз масорифи ман зиёдтар аст. Агар амирулмӯъминин онро кам кардан хоҳанд, пас боке нахоҳад дошт.

Умар гуфт: Валид мехоҳад худро назди мо бо сифатҳое зиннат диҳад, ки онро дар вай гумон намекунем. Агар касеро бар асоси гумон азл кардан шояд, аввал ӯро азл мекардам.

Баъд аз он, амр намуд, то моҳонаи ӯро ба андозае, ки хоста буд, кам карданд.

Баъд аз он Умар ба Язид ибни Абдулмалик, ки валиаҳдаш буд, номае навишт: Валид ибни Ҳишом ба ман номае навишт, ки ғолиби гумони ман он аст, ки ӯ худро бо сифоте, ки дорои он нест, зиннат медиҳад. Агар кореро бар асоси гумонам иҷро мекардам, ҳаргиз барои ман кор намекард, лекин ман бо зоҳир амал мекунам ва Худованд худ олими ғайб аст. Пас ман шуморо савганд медиҳам, ки агар бо ман ҳодисае рух дод ва ин амр ба дӯши шумо афтид ва ӯ шуморо аз баргардонидани моҳонааш пурсид ва зикр кард, ки ман онро кам кардаам, ҳаргиз дар ин кор бар шумо пирӯз наояд. Ӯ Худовандро фиреб дод ва Худованд фиребдиҳандаи ӯст.

Чун Умар вафот намуд ва Язид дар ҷои ӯ нишаст, Валид ибни Ҳишом ба ӯ навишт: Умар пардохти моҳонаи маро кам кард ва бар ман зулм намуд.

Язид дар ғазаб шуд ва ӯро аз вазифа озод намуда ҳамаи пардохти моҳонае, ки дар замони хилофати Умар гирифта буд, ҳамчун тавон аз вай ситонида гирифт ва ҳаргиз ба вай вазифае надод.

101. Асари амали солеҳ дар фарзандон боқӣ мемонад

Халифаи Аббоси Мансур аз Абдурраҳмон пурсид, ки маро вазъ бигӯ.

Абдурраҳмон гуфт: Бо он чи шунидаам ё бо он чи дидаам.

Гуфт: Бо он чи дидаӣ.

Абдурраҳмон гуфт: Умар ибни Абдулазизро дидам, ки баъд аз вафоташ ёздаҳ писар дошт ва ҳабдаҳ динор мерос гузошт. Аз ин маблағ барои ӯ ба ду динор кафанворӣ хариданд, ба панҷ динор ҷои қабрашро ва боқиро байни фарзандонаш тақсим намуданд, ки ҳар кадоми онҳро нуздаҳ дирҳамӣ расид.

Ҳишом ибни Абдулмалик вафот кард ва ёздаҳ писар баъд аз худ гузошт ва аз моли боқимондааш барои ҳар яки он маблағи миллион мерос расонид.

Абдурраҳмон гуфт: Яке аз писарони Умарро дидам, ки баъд аз марги падараш аз моли худаш бо садҳо сар асп хӯрока ва либосаву муҳимоти ҷангӣ ба ҷабҳаи ҷиҳод дар роҳи Худо бурда истодааст. Ҳамчунин яке аз писарони Ҳишомро дидам, ки аз мардум садақа металабид.

102. Асир ва Малики Рум

Умар ибни Абдулазиз намояндаашро ба назди малики Рум фиристод. Чун он намоянда аз назди малик бозмегашт, дар роҳи худ аз мавзее гузашт, ки аз марде, ки дона орд мекард, садои тиловати Қуръон шунид. Ба ӯ салом дод, аммо ҷавобе нашудид. Ду се маротибаи дигар такрор кард, вале ҷавоби саломро нагардонид ва гуфт: Дар кӯзаи ин диёр салом вуҷуд дорад?

Сипас намояндаи халифа худро муаррифӣ кард, ки фиристодаи амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз аст, ба малики Рум. Пас аз ҳоли ӯ пурсид ки чи гуна аст?

Он мард гуфт: Ман аз фалон мавзеъ асир шудаам. Чун маро ба назди сардори Рум оварданд, ӯ таклиф намуд то дар дини насронӣ дарояму оини онро пазирам, вале ман инкор кардам. Ӯ гуфт: Агар қабул накунӣ, чашмонатро мешикофам. Ман динамро аз чашмонам беҳтар донистам. Пас чашмонамро кӯр карданд ва ба ин мавзеъ оварданд. Рӯзона як миқдор гандум ба ман меоранд, то онро барояшон орд кунам ва як нон барои хӯрокам медиҳанд.

Чун намоянда ба назди халифа расид ва хабари он мардро ба ӯ расонид, ашк аз чашмони амирулмӯъминин Умар ҷорӣ шуд ва пеши пояшро тар намуд. Баъд аз он амр намуд, то ба малики Рум чунин нома нависанд:

Аммо баъд, хабари фалон ибни фалон ба ман расид ва ман ба Худо қасам мехурам, ки агар ӯро ба ман нафиристед, ба сӯи шумо лашкаре мекашам, ки аввалаш дар назди ту бошад охираш дар назди худам.

Чун нома ба малики Рум расид, онро хонда гуфт: Ин марди солеҳро ба чунин кор вонамедорам, балки он мардро ба наздаш мефиристам.

Намояндаи амир дар Рум иқомат гузид ва дар интизори ин буд, ки ба асир иҷозати рафтан дода шавад.

Рӯзе фиристодаи Умар омада дид, ки малики Рум аз курсӣ поин шуда ва навмедӣ дар чеҳрааш ҳувайдост. Малик ба ӯ гуфт: Оё медонед барои чи ин тавр кардам?

Намоянда гуфт: На.

Малик гуфт: Аз баъзе аторфи билод омада ба ман гуфтанд, ки марди солеҳ (Умар) вафот намудааст.

Баъд аз он гуфт: Агар марди солеҳ дар байни қавми бад бошад, он ҷо бисёр намеистад, балки ба зудӣ аз байнашон хориҷ мешавад.

Намояндаи амирулмӯъминин аз бозгашт бо асир навмед шуда буд, ба Малик гуфт: Ба ман иҷозати рафтан медиҳед?

Малик дар ҳоле ки навмедиро дар чеҳраи намоянда ҳис мекард, гуфт: Намехоҳам бо он амре, ки дар ҳаёташ намуда буд, баъд аз маргаш нофармонӣ кунам. Пас он марди асирро ҳамроҳи намоянда фиристод.

Марди солеҳ вафот намуд

Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз асирони Румро дар ивази асирони мусулмон иваз намуд.

Муҳаммад ибни Маъбад мегӯяд: Ҳар вақто назди малики Рум медаромадам ва бузургони Рум назди ӯ дохил мешуданд, ман хориҷ мешудам.

Рӯзе назди Малик дохил шуда дидам, ки рӯи замин нишаста ва андӯҳгин менамояд.

Гуфтам: Чӣ ҳол дорӣ?

Гуфт: Намедонӣ чӣ ҳодиса рух додааст?

Гуфтам: Чӣ ҳодиса рух додааст?

Гуфт: Марди солеҳ вафот намудааст.

Гуфтам: Кӣ?

Гуфт: Умар ибни Абдулазиз.

Баъд аз он малики Рум гуфт: Ман гумон мекунам агар касе баъд аз Исои Масеҳ мурдаро зинда мекард, ҳароина он кас Умар ибни Абдулазиз мебуд.

Баъд аз он малик гуфт: Ман аз роҳибе, ки дарвозаро бар рӯяш пӯшида дунёро тарк мегӯяд ва ибодат мекунад тааҷҷуб намекунам, лекин ба он шахсе тааҷҷуб мекунам, ки дунё зери қадамаш буду онро тарк гуфта ибодати Худоро ихтиёр намуд.

Рӯзе аз рӯзҳо марде Молик ибни Динорро нидо кард: Эй Зоҳид!

Молик гуфт: Савганд ба Худо, ман зоҳид нестам, зоҳид Умар ибни Абдулазиз аст, ки дунё ба рӯяш омад ва аз он рӯй гардонид.

Гиряи мардум

Фиристодаи амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз чун ба Басра мерасид ва аз омаданаш мардум огоҳ мешуданд, хушҳол шуда ба истиқболаш мешитофтанд. Намояндаи амирулмӯъминин ҳамеша ба кори хайре меомад ё атову бахшиши зиёд мекард, ё ба кори хайре амр мекард ва ё аз кори шарре мардумро манъ менамуд. Мардум ҳамроҳи ӯ мерафтанд, то ин ки вориди масҷид шуда номаи амирулмӯъмининро барояшон мехонд.

Рӯзе намояндаи амирулмӯъминин Умар бо номае омад ва мардум ба сӯяш шитофта диданд, ки ашкаш аз чашмонаш ҷорист. Мардум сабаби гиряашро пурсиданд.

Гуфт: Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз вафот намуд. Мардум аз гиряи ӯ ба гиря омаданд ва дохили масҷид шуда хабари вафоти ӯро хонданд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *