Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

28. Умар ва писари Сулаймон ибни Абдулмалик

Писари Сулаймон ибни Абдулмалик аз Музоҳим пурсид, ки ба амирулмӯъминин ҳоҷате дорам ва иҷозат гирифта дохил шуд ва гуфт: Эй амирулмӯъминин, барои чи порчаи замини маро рад мекунед?

Умар гуфт: Паноҳ мебарам ба Худо, аз ин ки порчаи заминеро, ки дар ислом сиҳҳат дошта бошад, рад намоям.

Баъд аз он Ибни Сулаймон номаеро аз остинаш бароварда дод.

Чун Умар аз хондани он фориғ шуд, гуфт: Ин замин аз кӣ буд?

Ибни Сулаймон гуфт: Аз Фосиқ ибни Ҳаҷҷоҷ.

Умар гуфт: Пас ӯ беҳтар аст ба соҳиб шудани молаш.

Ибни Сулаймон гуфт: Ин аз байтулмол аст.

Умар гуфт: Пас мусулмонон беҳтаранд ба молик шудани он.

Ибни Сулймон дар ҳоле, ки пай бурда буд, қитъаи замин дар ҳаоли аз даст рафтан аст, гуфт: Эй амирулмӯъминин номаро баргардон.

Умар гуфт: Агар ин номаро ба мо намеовардед, шуморо аз он намепурсидам, аммо чун онро овардед, намегузорам, ки ба роҳи ботил талаб намоед.

Ибни Сулаймон гирён шуд.

Музоҳим аз ҳоли ӯ ба риққат омада гуфт: Эй Амирулмӯъминин бо Ибни Сулаймон чунин рафтор мекунед, ҳол он ки ӯ маҳбубтарин мардум назди шумост?!

Умар гуфт: Ҳалокӣ бод бар ту! Ин нафси ман аст, ки аз он дифоъ мекунам ва ӯ ба масобаи фарзанди ман аст.

29. Маргро назди болинат гузор

Абӯҳозими зоҳид бо иззате назди Умар ибни Абдулазиз ворид шуд.

Умар ибни Абдулазиз ба вай гуфт: Маро панд гӯй.

Абӯҳозим гуфт: Сар бимону маргро назди болинат гузор. Баъд аз он бинигар он чизеро, ки дар он лаҳза мехоҳӣ бо ту бошад, алон бо худ бигир ва ончиро ки он лаҳза намехоҳӣ бо худ дошта бошед, алон тарк намо.

Абӯҳозим ба Умар ибни Абдулазиз нома ирсол намуда пандаш гуфт: Барҳазар аз он бош, ки Муҳаммад (с)-ро дар ҳоле мулоқот намоӣ, ки ба расонидани рисолат тасдиқкунанда бошию Ӯ (с) ба бадии хилофат бар уммати вай шоҳид бошад.

* Боре марде Умар ибни Абдулазизро дар рӯяш мадҳ намуд. Умар гуфт: Эй фалон, агар ончи аз нафси худ, ман медонам, шумо медонистед, ба рӯям нигоҳ намекардед.

* Рӯзе ба ӯ гуфтанд: Эй амирулмӯъминин, чӣ гуна субҳ намудед? (Яъне дар ин вақти субҳ чӣ ҳол доред?) Гуфт: Субҳ намудам дар ҳоле, ки дар ибодати Парвардигорам суст ҳастам, бо гуноҳу хатоҳо олудаам, аз Худованд таманои манзилати некӯкоронро дораму хилофи амалкардаи эшон рафтор менамоям.

30. Собиқ назм мегӯяду Умар мегиряд

Бо риояи адабу эҳтиром шоир ва зоҳид Собиқи Барбарӣ назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд. Умар аз ӯ талаб намуд, ки шеъре барояш сарояд. Собиқ қасидае суруд ва чун ба ҷое расид, ки васфи мулоқот бо марг ва нолаву фиғони занонро мекард, Умар гирён шуд ва овозаш шунида мешуд то ин ки аз ҳуш рафт.

Чунин ҳолат бо Умар дар мулоқоташ ба ин шоири зоҳид чандин маротиба рух додааст.

31. Бо пӯшиш ва сатри Илоҳӣ мағрур набошед

Холид ибни Сафвон яке аз воизон ва хатибон назди амирулмӯъминин Умар дохил шуд.

Амирулмӯъминин ба ӯ гуфт: Панди мухтасаре ба ман бидеҳ.

Холид гуфт: Эй амирулмӯъминин, ба таҳқиқ баъзе қавмҳоро сатри Худованд бар эшон мағрур сохта ва ҳусни санои мардум ба фитна андохтааст, пас ҷаҳли ғайри шумо ба шумо илматро ба нафси худ ғолиб насозад. Аз мағрур шудан ба сатри Илоҳӣ Худованд мову шуморо дар паноҳаш гираду ба фитнаи санои мардум гирифтор насозад ва аз он чи фарз гардонида аст мутахалиф насозад ва бар лаҳву лааб моил нагардонад.

Умар ибни Абдулазиз гирён шуда оби дидаашро пок намуда гуфт: Худованд мову шуморо аз пайравӣ намудани ҳавову ҳавас нигоҳ дорад.

Рӯзе Умар ибни Абдулазиз аз Холид хоҳиш намуд, то панде барояш диҳад Холид гуфт: Худованд розӣ нашуд, ки касе болотар аз шумо бошад, пас шумо розӣ нашавед, ки касе дар шукри кардан ба Ӯ таъоло аз шумо боло бошад. Умар инро шунида чунон гиря намуд, ки аз ҳуш рафт. Баъд аз он ба ҳуш омада гуфт: Эй Холид! Розӣ нашуд, ки касе болотар аз ман бошад, пас савганд ба Худо аз хавфи шадид дорам ва дар ҳузури доим ҳастам. Аз ӯ таъоло тарси бузург дораму муҳаббати зиёд. Беандоза ӯро меситояму шукри бепоёнаш мекунам. Ҳамаи инро ман то ҳадди ниҳоии тоқатам ба ҷо меорам.

32. Тифли хурдсол ва себ

Умар ибни Абдулазиз себҳои ғаниматро тақсим мекард, ки писари хурдсоли ӯ як себро гирифт. Умар онро аз даҳонаш кашида гирифт. Писарбачаи хурдсол гирякунон сӯи модараш шитофт. Модараш нафаре ба бозор фиристод, то барояш себ оварданд.

Чун Умар ба хона баргашт, бӯи себ дар хона эҳсос кард ва бо ҳарос гуфт: Эй Фотима, оё чизе аз ин моли ғанимат овардӣ?

Ӯ гуфт: На, аз бозор себ оварданд.

Умар гуфт: Савганд ба Худо, аз дасти писарам себро кашидам, гӯё ки аз қалбам онро кашидам, лекин бад дидам, ки худамро аз насиби Илоҳӣ, ба ивази он себ аз моли мусулмонон, маҳрум созам.

33. Рағбати Умар ба охират

Чун Умар ибни Абдулазиз замони хилофатро ба даст гирифт, яке аз бародарони некӯкораш назди ӯ дохил шуда, ба ӯ гуфт: Агар хоҳӣ ба ту ҳамчун Умар сухан мегӯям, дар бораи ончи, ки имрӯз онро бад мебинӣ ва фардо онро дӯст медорӣ ва агар хоҳӣ, бо шумо ҳамчун амирулмӯъминин сухан мегӯям, дар бораи он чи, ки онро имрӯз дӯст медореду фардо бадаш мебинед.

Умар гуфт: Маро сухан бигӯ ҳамчун Умар, ба он чи, ки имрӯз бад мебинамаш ва фардо дӯсташ медорам.

34. Амире, ки як динор надорад

Дар яке аз рӯзҳои тобистони гарм амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз назди ҳамсараш Фотима бинти Абдулмалик дохил шуда гуфт: Назди шумо дирҳаме ҳаст, то ангур харам.

Гуфт: На.

Умар гуфт: Чизе нест (барои иваз) то бо он ангур харам.

Гуфт: На.

Баъд аз он Фотима ботааҷҷуб ба ӯ нагириста гуфт: Шумо амирулмӯъминин як дирҳам ва ё чизе надоред, то ангур бихаред!!

Умар бо табассуми ризоятмандона гуфт: Ин бар мо аз рӯ ба рӯ шудан бо занҷирҳо дар оташи дӯзах осонтар аст.

35. Беҳтарин аҳли замонаш

Умар ибни Абдулазиз дар қофилаи мутавозеъ аз миёни саҳро убур карда ба Макка равон буд. Дар ин асно мори мурдаеро дида гуфт: Ба ман олати хокандоз (бел) биёред.

Ҳамроҳонаш гуфтанд: Мо худ ин корро хоҳем кард.

Гуфт: На.

Баъд аз он чуқурие канда он морро дар латтае печонида дафн намуд. Ин замон садое шунида шуд, ки соҳибаш дида намешуд: Раҳмати Худо бар ту бод эй Суррақ. Ман шаҳодат медиҳам, ки аз Паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: «Эй Суррақ, ту дар саҳрое вафот мекунӣ, пас беҳтарини уммати ман туро дафн мекунад».

Умар ибни Абдулазиз ба соҳиби овоз гуфт: Шумо кистед, Худо раҳмат кунад шуморо?

Соҳиби овоз гуфт: Ман марде аз ҷин ҳастам ва ин Суррақ аст, аз ҷумлаи ҷинҳое, ки бо Паёмбар (с) байъат кардаанд. Аз онҳо боқӣ намонда буд ғайр аз ман ва ӯ. Ва шаҳодат медиҳам, ки Паёмбар (с)-ро шунидам, ки мегуфт: «Эй Суррақ, ту дар замини саҳрое вафот мекунӣ ва беҳтарини умматам туро дафн мекунад.

Пас Умар чунон гиря намуд, ки қариб буд, ки аз маркабаш ба зер афтад.

36. Нигинро фурӯш ва пулашро хайр кун

Хабарҳо дар бораи ин ки писари халифа – амирулмӯъминин Умар ангуштарие харидааст, ба қиммати ҳазор дирҳам, ба Умар расид. Ӯ дарҳол ба писараш мактуб навишт, ки он ангуштариро фурӯхта пулашро садақа диҳад ва ба қиммати як дирҳам ангуштарӣ харида дар он нависад ки: «Раҳмати Худо бар он инсоне бод, ки қадри худро мешиносад». Вассалом.

* Муслима ибни Абдулмалик дар таому инфоқ, хеле зиёд сарф мекард. Умар ибни Абдулазиз инро шунида, Муслимаро назди худ хонд.

Баъд аз он амр намуд, то шурбои нахӯд ва гӯшти бирён тайёр карданд. Чун Муслима субҳи барвақт омада буд, то вақти чошт нишаст ва эҳсоси гуруснагӣ намуда аз ҷояш бархост, то биравад, лекин Умар ӯро иҷозат надода, амр ба нишастан намудаш.

Баъд аз он то нисфи рӯзи онҷо монд ва чун рӯз нисф шуд хост биравад, боз Умар амр кард, ки биншин! Ва чун Умар шиддати гуруснагиро дар вай ҳис намуд фармуд, то хӯроки шурбои бо нахудро ба вай оварданд ва Муслима бо иштиҳои том онро хӯрд. Чун аз тановул даст кашид, Умар фармуд, то гӯшти пухташударо биёранд ва ба ӯ гуфт: Бихӯр!

Муслима гуфт: Сер кардаам.

Умар гуфт: Бихӯр!

Муслима гуфт: Сер кардаам, дигар ҷой нест.

Умар гуфт: Пас чӣ тавр аст, сарфи беҳад дар таом ва дохил шудан ба оташи дӯзах дар ҳоле, ки ин иваз аз вай ва бадали он шуда метавонад?

37. Байтулмолро барои Зиёд бикушо

Зиёд мавлои ибни Аббос бо як оромиро сукуни зоҳидона ва ҳайбати шоҳона назди Амирулмӯъминин омада иҷозати ворид шудан гирифт. Чун назди Умар дохил шуд, саломе ғайри саломи хилофат дод ва чун ба хотираш омад, ба вай саломи хилофат дод. Умар ба ӯ гуфт: Ва алайкуму-с-салом. Саломи аввалинат барои ман беҳтар аст. Баъд аз он Зиёд болои замин нишаст ва Умар низ аз болои сарираш поин шуда, бо ӯ нишаст ва гуфт: Ман наметавонам, ки дар баландӣ нишинаму Зиёд дар болои замин. Баъд аз сӯҳбатҳои тӯлонӣ, Зиёд азми бозгашт намуда аз ҷой бархост. Умар ба хазинадори байтулмол гуфт: Дарвозаи байтулмолро бикушо, то Зиёд ҳар чӣ хоҳад, бигирад. Хазинадори байтулмол дарвозаро кушод ва Зиёд дохил шуда барои худ ва ёронаш ҳаштоду чанд дирҳам гирифт. Чун хазинадор адабу зуҳди зиёдро дар гирифтани мол дид, гуфт: Амирулмӯъминин ба он чи ки мекунад, доност.

38. Рӯзе, ки мардум монанди парвонагони пароканда бошанд

Бо афсус ва андӯҳи зиёд Фотима бинти Абдулмалик нишаста буду ашк мерезонд, ки бародаронашон Муслима ва Ҳишом ворид шуданд ва гуфтанд: Ин чи кор аст, ки ҳамеша онро анҷом медиҳӣ? Оё барои шавҳарат чунин мекунӣ, ё чизе аз дунё аз дастат рафтааст? Мо бо молу аҳлу авлодамон ба хидматат ҳозир ҳастем.

Дар ҳоле, ки ашк дар чашмони Фотима медурахшид, гуфт: Барои ҳеҷ чизе афсус намехӯрам, лекин савганд ба Худо, шабе манзараеро дар ӯ дидам, пас донистам, ки сабаби асосие, ки ӯро ба чунин ҳол овардааст хавфи бузургест, ки дар қалбаш ҷой гирифтааст.

Гуфтанд: Чӣ дидед?

Гуфт: Дидам, ки шабе намоз мегузорид ва чун ба ин оят расид:

ﭽ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭼ القارعة: ٤ — ٥

«Рӯзе ки мардум чун парвонагони пароканда бошанд ва кӯҳҳо чун пашми задашуда (ҳалоҷишуда)». (Ал-Қориъа: 4-5)

фиғон бардошту гуфт: Чӣ бад субҳест, баъд аз он аз ҷояш ҷасту афтид ва нафасҳои вазнин мекашид, ҳатто гумон кардам, ки нафсаш хориҷ мешавад, баъд аз он оромиш ёфт. Ман гумон кардам, ки қазо кардааст. Баъдан ба ҳуш омада нидо кард: Эй чӣ бад субҳест. Баъдан аз ҷояш ҷасту дар ҳавлӣ чарх задан гирифт ва мегуфт: Ҳалоки мо бод аз рӯзе, ки мардум дар он монанди парвонагони пароканда бошанд ва кӯҳҳо монанди пашмҳои боддодашуда мебошанд. Ҳамчунин буд ҳоли ӯ, то ин ки субҳ дамид ва баъд афтод, ҳатто ки азони фаҷрро доданд. Савганд ба Худо ҳар гоҳ он шабашро ба ёд меорам, беихтиёр ашки чашмам сарозер мешавад ва худамро нигоҳ дошта наметавонам.

39. Муҳаббати Алӣ (р)

Язид ибни Умар ибни Муриқ (Мавлои Алӣ ибни Абӯтолиб (р)) гуфт: Ҳине, ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, дар диёри Шом будам ва ӯ дар Ханосра буду ғарибонро дусад дирҳамӣ медод.

Язид мегӯяд: Назди Умар омадам ва ӯ ба ман гуфт: Шумо аз куҷоед?

Гуфтам: Аз аҳли Ҳиҷоз.

Гуфт: Аз кадоми аҳли Ҳиҷоз.

Гуфтам: Аз Қурайш.

Гуфт: Аз кадоми Қурайш?

Гуфтам: Аз Бани Ҳошим.

Гуфт: Аз кадом Бани Ҳошим?

Гуфтам: Мавлои Алӣ (р).

Гуфт: Алӣ кист?

Ман сукут кардам.

Гуфт: Кист?

Гуфтам: Алӣ ибни Абутолиб (р) аз ҷояш рост шуда дасташро рӯи синааш гузошта гуфт: Савганд ба Худо, ман низ мавлои Алӣ ҳастам.

Баъд аз он гуфт: Ман шаҳодат медиҳам бар адади онҳое, ки Набӣ (с)-ро дарёфтанд, ки мегуфтанд: Паёмбар (с) фармуданд: «Шахсеро, ки ман мавлои ӯ ҳастам, Алӣ мавлои ӯст».

Баъд аз он гуфт: Эй Музоҳим, монанди ин касро чанд медиҳед?

Гуфт: Дусад дирҳам.

Гуфт: Панҷоҳ дирҳам ба хотири вилояташ бар Алӣ (р) ба вай бидиҳед.

Баъд аз он атои муайяне бар вай муқаррар намуда ба ӯ гуфт: Ба ватанат баргард, он чи ба дигарон мерасад, ба шумо низ, иншоаллоҳ, хоҳад расид.

40. Қалбамро такон додед

Ба амирулмӯъминин аз яке омилонаш хабаре расид. Дарҳол ба вай номае ирсол намуда панду андарзи зиёде гуфт.

Аз ҷумла дар он нома чунин навишт: «Эй бародар шуморо аз ҳоли ҷаҳаннамиёне ёдовар мешавам, ки то абад дар онҷо гирифторанд. Барҳазар бош аз он лаҳзае, ки аз даргоҳӣ Илоҳӣ шуморо мебаранд ва аз раҳмати ӯ ноумед ҳастед».

Чун омил ин номаро хонд, рахти сафар барбаст ва баъд аз муддате назди Умар расид.

Умар ба ӯ гуфт: Чӣ чиз боиси омадани шумо шуд?

Гуфт: Эй амирулмӯъминин, бо ин номаат қалбамро кашида гирифтӣ. Ман ҳаргиз ба вилоят барнахоҳам гашт.

41. Маркабро хаста намудед

Умар ибни Абдулазиз ғуломе дошт, ки бо маркаби ӯ кор мекард ва рӯзона як дирҳам ба Умар медод. Рӯзе се дирҳам ба Умар дод.

Умар бо тааҷҷуб гуфт: Ин чист?

Ӯ гуфт: Бозор имрӯз равнақ ёфта буд.

Умар гуфт: На, лекин шумо маркабро хаставу беҳол намудед. Се рӯз онро истироҳат диҳед.

Умар ба омили худ дар Миср – Аён ибни Шурайҳ навишта буд: Ба ман чунин хабар расид, ки дар Миср боркашҳое ҳастанд, ки ҳар уштуреро ҳазор ратл бор мекунад, пас ҳарвақто ин номаи ман ба шумо расид, нашунавам, ки касе бар уштур зиёда аз 500 ратл бор карда бошад.

42. Умар ба канизи худ хидмат мекунад.

Дар яке аз рӯзҳои гармии тобистон Умар ба ходимазани худ гуфт: Эй ходима, бод бидеҳ то истироҳат намоям. Ходима амри Умарро иҷро намуда, ба бодбезак ӯро шамол дод ва Умар хобид. Дар ин байн муддате нагузашта худи ходимаро низ хоб ғалаба карду хобид. Чун Умар бедор шуд, ходимаро хобида дид, ӯро бод дод, то роҳат кунад.

Ходима ногаҳон бедор шуду Умаро дид ва садо баровард.

Умар ба вай гуфт: Шумо низ монанди ман башар ҳастед. Шуморо низ гарм шудааст, пас хостам ба шумо роҳат бидиҳам, чуноне ки ба ман роҳат додед.

43. Аҳмақтарини мардум кист?

Ҳангоми чошт амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз байни иддае аз мардум, ки мехостанд суханашро бишунаванд, нишаста буд. Умар ба хотири таъдибу таълими эшон гуфт: Аҳмақтарини мардум кист?

Гуфтанд: Марде, ки охираташро ба дунёяш фурӯхта аст.

Умар бо чеҳраи ҳозин гуфт: Ба аҳмақтар аз он шуморо огоҳ намоям?

Гуфтанд: Оре.

Гуфт: Мардест, ки охираташро ба дунёи ғайраш фурухтааст.

44. Сухан бигӯ талоқе бар шумо нест

Марде назди амирулмӯъминин Умар омад, ки ашк дар чашмонаш ҳалқа зада буд, гуфт: Эй Амирулмӯъминин!! Ман мазлумаму сухан гуфта наметавонам. (Зеро яке аз волиҳо ҳавли ё боғи ӯро гирифта савгандаш додааст, ки шикоят ё ошкор накунад).

Умар ба ӯ гуфт: Вой бар ту! Савганди талоқ аст бар ту?

Гуфт: Бале.

Умар гуфт: Бигӯ ва бар шумо талоқе нест.

Он мард ба волие, ки зулмаш намудааст ишора намуда гуфт: Ин аст ки боғ ё ҳавлии маро гирифтааст.

Умар дар ҳоле, ки ғазаб вуҷудашро фаро гирифта буд гуфт: Боғ ё ҳавлии ӯро баргардон.

Ва боз дар ҳоле ки чеҳрааш дигаргун шуда буд гуфт: Агар уқубати навпайдое дар ислом намекардам, ҳароина амр мекардам, ки асари саҷдаро аз ҷабинат маҳв мекарданд.

Байни чашмони волӣ асари саҷда буд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *