Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

45. Марде ба Умар шикоят мекунад

Умар ибни Абдулазиз дар тан либоси оддӣ маркаби худро савор шуда берун шуд.

Марде савори роҳилаи худ омада аз Умар пурсон шуд. Ба ӯ гуфтанд, ки берун шуда буд, ҳозир дар ҳоли баргаштан аст ва алон хоҳад расид.

Баъд аз лаҳзае Умар бо марде, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, аз дур намоён шуд.

Ба ӯ гуфтанд: Ин Умар ибни Абдулазиз аст. Пас он мард назди Умар бархосту дар бораи замини худ аз Адӣ ибни Атия шикоят кард.

Умар дарҳол амр намуд то замини он мард баргардонида шавад.

Сипас, аз он мард пурсид, ки дар омаданат то ин ҷо чӣ қадар масраф кардед?

Гуфт: Эй Амирулмӯъминин аз нафақаи ман мепурсед ва шумо замини маро баргардонидед, ки беҳтар аз 100 ҳазор дирҳам ҳазор аст.

Умар гуфт: Ман ҳаққи шуморо баргардонидам. Маро огоҳ кун, ки чанд масраф кардед?

Мард гуфт: Шаст дирҳам.

Умар амр намуд то ин маблағро аз байтулмол ба он мард доданд ва чун азми бозгашт кард, Умар ӯро нидо кард ва чун баргашт ба ӯ гуфт: Ин панҷ дирҳамро аз моли ман бигиру то баргаштанат ба назди аҳлат онро нафақа кун, агар Худо хоҳад.

46. Худованд рӯзи қиёмат шуморо аз ман мепурсад

Бо либосҳои фарсуда марди аъробие, ки асари фақру бенавоӣ дар ӯ намоён буд, назди амирулмӯъминин Умар дохил шуда бо овози заиф гуфт: Эй амирулмӯъминин, ҳоҷат маро назди шумо овардааст ва тоқати ман ба интиҳо расидаасту Худованд шуморо рӯзи қиёмат аз ман хоҳад пурсид.

Умар гуфт: Он чи гуфтӣ, барои ман такрор кунед.

Аъробӣ гуфтаҳояшро такрор намуд. Умар ибни Абдулазиз сарашро поён намуд ва ашк резонд, ҳатто ин ки замини назди пояш тар шуд, баъд аз он сарашро бардошт.

Гуфт: Шумо чанд нафар ҳастед?

Гуфт: Ман ва ҳашт духтарам.

Умар барои ӯ ва духтаронаш миқдори муайяне аз мол моҳона таъйин кард ва сад дирҳам ба вай дода гуфт: Ин сад дирҳамро аз моли худам ба шумо медиҳам на аз моли мардум.

47. Омили шумо дар Озарбойҷон маро зулм намуд

Бо пойҳои ларзону қалби пур аз ҳарос марде аз аҳли Озарбойҷон назди амирулмӯъминин Умар даромада гуфт: Эй амирулмӯъминин шуморо аз он рӯзе, ки дар пешгоҳи Худо меистед, ёдрас мекунам, он рӯзе, ки бе амали яқин ва бидуни покӣ аз гуноҳ бо ӯ таъоло рӯ ба рӯ мешавед.

Умар ибни Абдулазиз гиряи талх намуда аз ӯ пурсид: Ҳоҷати шумо чист?

Он мард гуфт: Омили Озарбойҷон ба ман зулм намуд ва аз ман дувоздаҳ ҳазор дирҳам гирифта дар байтулмоли мусулмонон гузошт.

Умар дар ҳоле ки ашк дар чашмонаш медурахшид гуфт: Фавран ба ӯ нома нависед, то дирҳамҳои ин шахсро баргардонад.

48. Волӣ ва девори мурғхона

Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз ба волии худ дар Миср Аюб ибни Шарҳабил чунин навишт: Дар ҳақиқат Фартуна мавлозани Зиасбаҳ ба ман нома навишта, паст будани деворашро баён намудааст, ки сабаби ба яғмо бурдани мурғоҳояш шудааст. Ӯ аз мо мепурсад, ки атрофи мурғонаашро девори баланд гирем, то садди роҳи дуздон шавад. Чун ин номаи ман ба шумо расид худи шумо ба назди ӯ мераведу ҳоҷаташро бароварда месозад.

Чун нома расид Аюби Шарҳабил онро хонда ба минтақаи Ҷиза рафта он занро, ки сиёҳипусти мискине будааст, ёфт ва аз номаи навиштааш ва амирулмӯъмин ӯро огоҳ сохт ва ҳоҷати ӯро бароварда карда, баргашт.

49. Умар барои чӣ гиря кард?

Рӯзе Фотима бинти Абдулмалик назди шавҳараш амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуда, ӯро рӯи ҷойнамозаш дарёфт, ки ашк мерезад. Ба ӯ гуфт: Эй амирулмӯъминин, оё ҳодисае рух додааст?

Умар бо аламу андӯҳ гуфт: Ман амри уммати Муҳаммадро ба дӯш гирифтам ва медонам, ки фардо дар рӯзи қиёмат аз гуруснаву мусофиру ятим ва бечораву бемору мазлуми он Худованд маро мепурсад ва ман аз он дар ҳаросам, ки ҳуҷҷати ман он гоҳ собит намешавад, пас ба худам раҳмам омаду гиря кардам.

50. Умар аз ҳоли раият ҷустуҷӯ мекунад

Ҳини чошт амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз ва ғуломаш Музоҳим савори маркаб шуда ба роҳ баромаданд, то ахбори вилоятдориашро аз саворагону мусофирон бипурсад.

Саворае аз аҳли Мадина бо эшон рӯ ба рӯ шуд. Ӯро аз мардум ва ҳоли онҳо пурсиданд. Савора ба онҳо гуфт: Агар хоҳед ҳамаи хабарҳоямро ба шумо мегӯям ва агар хоҳед баъзеи онро.

Гуфтанд: Ҳамаи хабарҳоро бигӯ.

Он мард гуфт: Ман Мадинаро дар ҳоле тарк гуфтам, ки золим дар он ҷо мақҳур ва мазлум дар он ҷо мансур аст ва ғани мавфуру оил маҷбур аст.

Умар инро шунида хушҳол шуда гуфт: Савганд ба Худо, агар ҳамаи шаҳрҳо ба ин сифат бошанд, беҳтар аст барои ман аз дунё ва он чи дар он аст.

51. Ду порае аз оташ

Духтари Умар ибни Абулазиз гавҳареро ба падараш фиростода гуфт: Падарҷон агар тавонед дуввуми (шарики) инро ба ман биёред, зеро ин танҳо як дона аст ва ман мехоҳам шарики онро дошта бошаму дар гӯшҳоям андозам.

Умар ибни Абдулазиз ду оташпораро ба духтараш фиристода гуфт: Агар тавонӣ, ки инро дар гӯшҳоят андозӣ, ман шарики он гавҳарро бароят меорам.

52. Шарри ӯро аз мусулмонон нигоҳ дор

Марде шамшер ба даст шитобон дохили масҷиди Паёмбар (с) шуда, намози мардумро қатъ кард. Абӯбакр ибни Муҳаммад амири Мадина ӯро дастгир карда ба амирулмӯъминин Умар нома навишт.

Умар ибни Абдулазиз дар ҷавоби ӯ нома фиристод. Абубакр ибни Муҳаммад номаро дар назди он мард хонд. Он мард Умарро дашном дод ва он номарову шахсе ки номаро овардааст.

Абубакр хост ӯро гардан занад, аммо аз ин кор даст кашида амирулмӯъмининро огоҳ намуд, ки ӯро дашном дода ва амири Мадина майл ба куштани ӯ кардааст.

Умар дар ҷавоб навишт: Агар ӯро қатл мекардед, ҳароина шуморо қатл мекардам, зеро касе ба дашноми касе кушта намешавад, магар ба дашноми Набӣ (с) кушта мешавад. Чун китоби ман, яъне номаам ба шумо расид, ӯро ҳабс намоед ва ҳар моҳ ӯро талаб намоед, то тавба намояд ва чун тавба намояд, озодаш кунед. Он мард ҳамчунон дар ҳабс буд, то ин ки Умар вафот намуд ва Язид ибни Абдулмалик ба хилофат расид ва гардани он мардро зад.

53. Сабади хурмо

Амири Урдун ду сабади хурмо ба амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз фиристод. Амирулмӯъминин гуфт: Ба кадом васила инро оварданд?

Гуфтанд: Тавассути чаҳорпоёни хаткашон. Гуфт: Худованд маро аз мусулмонон дида ба чаҳорпоёни хаткашон мустаҳиқтар нагардонидааст. Инро аз назди ман берун кунед ва фурӯхта пулашро барои алафи чаҳорпоёни хаткашон сарф намоед.

Писари бародараш барои шахсе, ки хурмо овардааст, гуфт: Ин хурморо ба бозор бибар ва чун пулаш муайян шуд, ба ман биёр то онро бихарам. Ва чун пули он ду сабади хурмо муайян шуд ба чаҳордаҳ дирам писари бародараш онро харида якеашро ба худаш гирифту дигарашро ба амирулмӯъминин фиристод.

Чун он мард ба назди амирулмӯъминин дохил шуд, Умар гуфт: Ин чист? Он мард гуфт: Писари бародарат онро харида якеашро ба шумо фиристод. Умар бо хушҳолӣ гуфт: Акнун хӯрдани он барои ман пок аст.

54. Муҳаббати Паёмбар (с)

Мавлои Расули Худо (с) Амр ибни Зар назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд.

Умар гуфт: Шумо мавлои Расули Худо ҳастед?

Гуфт: Бале.

Умар гуфт: Ман низ мавлои Расули Худо (с) ҳастам, ҳоҷататро бигӯ.

Гуфт: Эй амирулмӯъминин, модарам пир аст ва ходиме надорад, то ёвараш бошад.

Умар гуфт: Ба ӯ ходиме амр намудем, ҳоҷататро бигӯ.

Гуфт: Эй Амирулмӯъминин, ба ман нафақа таъйин кун.

Гуфт: Сӣ динор моҳона нафақаи шуморо таъйин намудем, ҳоҷататро бигӯ.

Гуфт: Басанда аст, эй Амирулмӯъминин.

Умар гуфт: Агар то фурӯ рафтани офтоб аз ман мепурсид, ба вай ато мекардам.

Гуфта шудааст: Ин амалро Умар ба хотири Паёмбар (с) анҷом додааст.

55. Ба фақирон медиҳаду аз шоирон бозмедорад

Ҷарири шоир назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуда ба вай гуфт: Эй амирулмӯъминин ба ман чунин хабар расидааст, ки шумо дӯст медоред, ки ваъз гуфта шавед ва мадҳ карданатонро бад мебинед. Баъд аз он қасидаеро ба вай хонд, ки дар он фақру ҳоли худро васф мекард.

Умар гуфт: Ва он чи аз ману шумо ғоиб аст аз ин шадидтар аст.

Пас Умар корвоне аз хӯрокаву либоса ва ҳадяҳо ба вай дод, то байни фақиронашон тақсим намояд.

Баъд аз он Умар гуфт: Эй Ҷарир, оё шумо аз муҳоҷирин ҳастед?

Гуфт: На.

Боз аз вай пурсид: Байни шумо ва ансор қаробати хешӣ вуҷуд дорад?

Гуфт: На.

Умар гуфт: Аз ҷумлаи муҷоҳидон ҳастед?

Гуфт: На.

Умар ба ӯ гуфт: Пас ман барои шумо ҳаққе дар моли мусулмонон намебинам.

Ҷарир гуфт: Худованд барои ман ҳаққеро фарз гардонидааст, агар онро аз ман дафъ нанамоӣ.

Умар гуфт: Вой бар ту, ҳаққи ту кадом аст?

Гуфт: Марди роҳе аз минтақаи дур омада назди дарвозаи ту мондааст.

Умар гуфт: Агар чунин бошад, ба шумо медиҳам. Ва бист диноре, ки аз атояш зиёдатӣ намуд ба вай дод ва гуфт: Ин зиёдатӣ аз атои ман аст, агар аз ин ҳам бисёр зиёдатӣ мекард, ба шумо медодам. Бигир ва агар хоҳед ситоиш кунед ва агар хоҳед мазаммат намоед.

Ҷарир гуфт: Балки ситоиш мекунам.

Чун Ҷарир аз назди амирулмӯъминин берун шуд, шоирон атрофи ӯ ҷамъ шуда пурсиданд: Бо худ чӣ хабар овардӣ?

Гуфт: Хабаре ки бароятон бад аст. Аз назди шахсе берун шудам, ки ба фақирон медиҳаду аз шоъирон бозмедорад.

56. Худованд Муҳаммадро чун доъӣ фиристод

Умар ибни Абдулазиз бо волии Миср Ҳаён ибни Шурайҳ чунин навишт: Шахсе ки «Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р-Расулуллоҳ» гуфт ва намозро барпо дошт, пардохти ҷизяро аз ӯ боздор. Ҳаён ба ӯ чунин навишт: Эй амирулмӯъминин, агар шумо чунин кунед, ҳама ба дини Ислом мегараванд ва аз ҷизя як дирҳам намегиред. Вой бар ту, эй Ҳаён!! Худованди таборак ва таъоло Муҳаммадро чун доъии роҳи ҳақ фиристод на ҷамъоварандаи ҷизя.

57. Байни Умар ва Увайси Қарнӣ

Абӯсулаймони Доронии зоҳид ва Абӯсафвон дар бораи ин ки кадоме аз ин ду бештар зоҳиданд: Увайси Қарнӣ ё Умар ибни Абдулазиз, мунозара намуданд.

Абӯсулаймон гуфт: Умар ибни Абдулазиз аз Увайс дида зоҳидтар аст.

Абӯсафвон гуфт: Барои чӣ?

Абусулаймон гуфт: Зеро ин ки Умар ибни Абдулазизро дунё ба рӯяш омад ва ба он мубтало шуд ва ӯ аз он рӯй гардонид ва зуҳдро пеша кард.

Абӯсафвон гуфт: Увайс низ агар чунин мешуд, зуҳдро пеша мекард. Абӯсулаймон ба ӯ гуфт: Касеро, ки таҷриба шуду саҳеҳ баромад, мисли касе, ки таҷриба нашудааст, намегардонем.

58. Онҳо душманони шумо дар рӯзи қиёматанд

Зиёд ибни Абӯзиёд мавлои ибни Аёш бо риояи адабу эҳтиром назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд.

Умар мехост, ки аз ӯ ваъз шунавад, ба ӯ гуфт: Эй Зиёд намебинед, ки ба риояи амри уммати Муҳаммад (с) мубтало шудам?

Зиёд гуфт: Эй амирулмӯъминин дар васф намудан накӯш, балки дар пайдо намудани роҳи баромадан аз ин ҳолат бикӯш. Агар ҳар тори мӯят нутқ кунад, ба асли он чи ки шумо ҳастед, намерасад.

Боз Зиёд гуфт: Эй амирулмӯъминин, аз ҳоли марде хабарам деҳ, ки душмани сарсахте дорад?

Гуфт: Ҳоли бадест.

Зиёд гуфт: Агар ду душмани сарсахт дошта бошад?

Гуфт: Ҳолаш бадтар мешавад.

Зиёд гуфт: Агар се нафар бошанд?

Умар гуфт: Зиндагӣ бо чунин ҳолат хуш набошад. Зиёд гуфт: Пас савганд ба Худо, эй амирулмӯъминин ҳар як уммати Муҳаммад душмани шумост. Пас Умар ибни Абдулазиз гиряи сахте кард, ки овози нолааш шунида шуд. Зиёд гуфт: Эй кош ин суханро ба вай намегуфтам.

59. Чӣ чиз сабаби гиряи шумо шуд, эй амирулмӯъминин?

Ҳишом ибни Мисод назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз нишаста ваъзаш гуфт, то ин ки ӯро гирён намуд. Пас ходими ӯ Музоҳим наздаш даромада гуфт: Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ назди дарвоза аст.

Умар гуфт: Бигузор дарояд.

Ӯ дохил шуда дид, ки Умар ашки чашмонашро пок мекунад. Муҳаммад ибни Каъб гуфт: Эй амирулмӯъминин чӣ чиз сабаби гиряи шумо шуд?

Ҳишом гуфт: Сабабаш чунину чунон аст.

Муҳаммад ба ӯ гуфт: Эй амирулмӯъминин, дунё монанди бозорест, ки аз он баъзеҳо фоида карда баромаданд, баъзеи дигар зарар. Чӣ қадар рӯзҳое буд бо эшон, ки мағрурашон сохта буд, мисли имрӯзи мо, то ин ки марг ба онҳо расид ва аз ин дунё маломатшуда рафтанд ва ҳеҷ тӯшаву зоде барои охират нагирифта буданд. Ва он чи дар ин дунё ҷамъ намуда буданд, ба дасти касе расид, ки некӯие аз ӯ ба эшон намерасад.

Пас эй Амирулмӯъминин, аз Худо битарс ва дар қалби худ ду чизро нигоҳ дор: Аввал ин ки он чиро, ки мехоҳед рӯзи мулоқоти Парвардигор бо худ дошта бошед, пеши рӯи худ ҳамеша гузор ва аз он чи ки намехоҳӣ дар он рӯз бо худ дошта бошӣ, бипарҳез ва бадили онро дарёб.

Пас эй Амирулмӯъминин аз Худо битарс. Дарҳоятро бикушову мазлумонро нусрат бидеҳ. Се хислатест, ки ҳар ки дорои он бошад, имони ба Худоро комил хоҳад кард: Агар розӣ шавад, ризояш ӯро ба ботил намеандозад ва агар ғазаб кунад, ғазабаш ӯро аз ҳақ берун намекунад ва агар қодир шавад, ғайри моли худро тановул намекунад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *