Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

60. Умар чароғро дуруст мекунад

Ҳангоми саҳар Раҷо ибни Ҳива назди Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз рафта ҳамсӯҳбат шуданд. Ин ҳангом чароғ хомӯш шуд.

Раҷо барои ислоҳи он ҳаракат кард, ки Умар ӯро боздошт ва худ бархоста он чароғро дуруст намуд ва бо адабу тавозӯъ гуфт: Ман чун Умар ибни Абдулазиз аз ҷоям бархостам ва ҳамчунон ба ҷоям нишастам. Аз ахлоқи ношоиста аст, ки инсон меҳмони худро кор фармояд.

61. Он чи Умар аз ҳамсараш мехоҳад

Рӯзе зане назди Фотима бинти Абдулмалик омад. Чун ӯро дар либосҳои фарсуда дид ва ба ӯ гуфт: Эй Фотима, оё сару либос ва ҳайати худро барои ҳамсарат дуруст намекунӣ?

Фотима ба ӯ гуфт: Эй фалонӣ, оё зан ҳолу ҳайати худро бо он чи ки шавҳараш мехоҳад, ислоҳ мекунад?

Гуфт: Бале.

Фотима гуфт: Пас ин ҳолатест, ки Умар дӯст медорад.

62. Имтиҳони волиҳо

Ҳангоме ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Билол ибни Абӯбурда назди ӯ омада табрику таҳнияташ намуда гуфт: Эй амирулмӯъминин, ягона касе, ки хилофатро мушарраф ва музайян сохт, шумо мебошед. Ва чанд назме дар васфи халифа гуфт.

Баъд аз он кунҷи масҷидро ихтиёр намуда, шабу рӯз намоз мегузориду Қуръон мехонд.

Умар инро дида хост ба хотири зуҳду тақво ва фазлаш вилояти Ироқро ба ӯ супорад.

Қабл аз ин халифа хост, ӯро имтиҳон намояд. Биноан, мардеро пинҳонӣ ба наздаш фиристод. Он мард ба вай гуфт: Агар барои ба даст овардани вилояти Ироқ барои шумо амал намоям ба ман чи хоҳӣ дод?

Билол гуфт: Чунину чунон ба шумо медиҳам.

Он мард ба назди амирулмӯъминин омада, хабари мулоқоташро бо Билол гуфт.

Амирулмӯъминин ӯро аз наздаш ронд ва гуфт: Эй аҳли Ироқ соҳиби шумо ба хотири мансаб суханҳое гуфт, ки балоғату фасоҳаташ афзуду зуҳдаш кост.

63. Хиштеро болои хишт нагузоштааст

Умар ибни Абдулазиз биное намесохт. Ӯ мегуфт: Суннати Расули Худо (с), эшон аз дунё рафтанду хиштеро болои хишт ва чӯберо болои чӯб нагузоштанд.

Умар ибни Абдулазиз зинапояе дошт, ки мустаҳкам набуд ва ҳаргоҳ ки болои он мешуд, ё поин мешуд, метарсид, ки аз он меафтад.

Яке аз писаронаш аз он зинапояро аз сари нав мустаҳкам намуд. Чун Умар болои он шуд, дид, ки мустаҳкам аст ва намеҷунбид, аз атрофиёнаш пурсид.

Ба ӯ гуфтанд: Фалонӣ онро аз нав обод кард.

Умар гуфт: Инро ба ҳоли пешинааш баргардонед, зеро ман бо Худо аҳд кардам, ки чун ин амрро ба дӯш гирифтам, хиштеро болои хишт намегузорам.

64. Худованд нусрат намедиҳад лашкареро, ки шумо дар он ҳастед

Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид ва Язид ибни Абӯмуслими Сақафӣ – яке аз аъвони Ҳаҷҷоҷ – дар роҳ ба сӯи Рум ба ғазвае мерафт. Чун дар роҳ буд, номаи Амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз ба ӯ расид, ки навишта буд:

«Ҳар ҷое, ки намаи амирулмӯъминин ба шумо расид, аз ҳамонҷо баргардед, зеро Худованд лашкареро, ки шумо дар он ҳастед, нусрату мадад намекунад».

65. Либоси амирулмӯъминин

Рӯзе Амирулмӯъминин дар намози ҷумъа каме таъхир кард. Баъд аз он омада бо мардум намозро гузорид ва дар ҷои маъмулиаш нишаст.

Ба ӯ гуфтанд: Эй Амирулмӯъминин мисли ин, ки ҷумъаро дер хондед?

Гуфт: Бале.

Баъд аз он сабаби дермониашро баён кард: Либосамро шуста буданд, интизори хушк шуданаш будам.

Рӯзе аз рӯзҳо Умар ибни Абдулазиз намози ҷумъаро гузорида дар ҷояш нишаст ва либоси поргишудае дар бар дошт.

Марде ба ӯ гуфт: Эй амирулмӯъминин, Худо ба шумо молу мулк додааст, чӣ мешуд, ки либоси нав мепӯшидед?

Лаҳзае чанд Умар сар ба поин карду баъд ба ӯ нигариста гуфт: Беҳтарин эътидол, ҳангоми дороӣ аст ва беҳтарини афву бахшиш, ҳангоми қодир будан аст.

66. Пардаи хона ва мардуми гурусна

Масъулони Байтулҳаром ба амирулмӯъминин Умар мактуб навиштанд, то барои пардапӯш намудани Хонаи Худо амр намоянд, ҳамчуноне, ки халифаҳои собиқ мекарданд.

Умар ба эшон чунин навишт: Ман чунин фикр дорам, ки маблағи онро барои мардумони фақиру нодор сарф намоям, зеро мадади эшон аз пардапӯшии Хона беҳтар аст.

67. Ҳилму бурдбории бузургон

Шабе амирулмӯъминин Умар ҳамроҳи яке аз муҳофизонаш ба масҷид мерафт, ки пояш ба як шахсе бархӯрд, ки дар роҳ хоб буд. Он мард боғазаб ба Умар гуфт:

Оё ту девонаӣ?

Умар гуфт: На.

Муҳофизи Умар хост ҷазои он мардро бидиҳад, ки нисбати халифа беэҳтиромӣ нишон додааст.

Умар ба ӯ гуфт: Ором бош, зеро ӯ маро пурсид, ки девона ҳастӣ?

Гуфтам: На.

Рӯзе Умар ибни Абдулазиз болои минбар шуд ва марде аз байни мардум бархоста суханҳои беҷо гуфт ва ӯро дар ғазаб кард.

Умар ба вай гуфт: Эй фалонӣ, хостед, ки шайтон маро бо қуввати султониям мағрур созад ва ба шумо кореро анҷом диҳам, ки шумо онро фардо ба ман анҷом диҳед. Биравед, Худованд мову шуморо бубахшад.

68. Умар назди аҳли китоб

Рӯзе Абдуллоҳ ибни Умар ибни Абдулазиз аз назди савмааи роҳибе дар Ҷазира, ки соҳиби илм бар китобҳо буд, мегузашт. Он роҳиб назди Абдуллоҳ омад ва гуфт: Медонед барои чи назди шумо омадам.

Гуфт: На.

Роҳиб гуфт: Барои ҳаққи падарат, ман ӯро аз зумраи имомони одил мешуморам.

69. Умар дар назди қозӣ

Марде аз аҳли Миср назди Умар ибни Абдулазиз омад ва чун дар рӯбарӯяш нишаст, гуфт: Эй амирулмӯъминин, падари шумо Абдулазиз вилояти билоди моро ба ӯҳда дошт ва ба Абдулмалик ибни Марвон навишт, ки заминҳои ҳилвон ҳастанд ва он заминҳои хироҷӣ мебошанд. Пас онро ба ӯ дод ва баъд аз вафоти падарат шумо ва бародаронат соҳиби он шудед. Пас аз Худо битарсед ва монанди падарат маро зулм нанамоед.

Умар гуфт: Ман дар он замин шарик дорам аз бародарону хоҳарон ва эшон бидуни ҳукми қозӣ ризо намешавад. Ҳамроҳ назди қозӣ намеравем, агар ба фоидаи ман ҳукм кард, мегирам ва агар бар зидди ман ҳукм кард ба шумо таслим мекунам.

Ҳарду ба назди қозӣ рафтанд. Баъд аз шунидани суханҳои ҳарду, қозӣ ба фоидаи марди мисрӣ фатво дод. Умар ба чеҳраи кушода гуфт: Агар ғайри аз ин ҳукм мекардед, туро дигар ба мансаби қазо намешинонидам.

70. Баргашти ҳақҳо

Марде аз сарватмандони Ҷазира ба Умар аз Ҳишом ибни Абдулмалик шикоят кард. Умар ба Ҳишом гуфт: Эй Ҳишом, оё ин мард ба шумо душманӣ дорад?

Гуфт: Бале.

Умар гуфт: Ба душманат (хасмат) бинишин.

Ҳишом гуфт: Ман вакил дорам, ки ба ӯ мунозараву мухасама мекунад.

Умар гуфт: Дар қабзи зироаташ ғайри худатро вакил накардӣ, пас чӣ гуна барои хусуматаш дигар касро вакил менамоӣ!?

Чун ҳарду дар пеши рӯи Умар баробар омаданд, ҳар вақто он мард сухан мегуфт, Ҳишом ӯро сарзаниш карда таҳдид менамуд.

Умар дар ғазаб шуда фарёд зад: Оё назди ман хасматро таҳдид менамоӣ, эй каҷпой?

Баъд аз он Умар масъаларо ба фоидаи он мард ҳукм намуд, то заминашро аз Ҳишом бигирад.

Умар ба муҳофизаш гуфт: Аз паси Ҳишом бархез, агар он мардро аз аз ҳаққаш манъ намуд ё таҳдидаш кард, гарданашро ба шамшер бизан.

71. Намехоҳам Худоро бо хуни эшон мулоқот намоям

Умар ибни Абдулазиз бо замири пок ва дастони тоҳир ба омили худ дар Басра навишт:

Аммо баъд: Номаи шумо ба ман расид, ки дар он аз омилони худ ва хиёнати эшон сухан гуфтаӣ ва аз ман пурсидаӣ, ки барои азобу ҷазои онҳо ба шумо иҷозат диҳам, гӯё ки ман баро шумо ҳомӣ ва нигаҳбон ҳастам, на Худованд. Пас ҳине ки номаи моро гирифтед ва ҳуҷҷат бар онҳо собит шуд, бар асоси он ҳуҷҷат эшонро ҷазо деҳ. Вагарна, пас аз намози аср эшонро бар ин, ки ба моли мусулмонон хиёнат накардаанд, ба Худои ягона савганд бидеҳ, пас агар савганд хӯрданд, эшонро озод намо, зеро он моли Худованд аст. Савганд мехурам, ки ин ки Худовандро ба хиёнаташон мулоқот намоянд, бароям беҳтар аз он аст, ки Худоро ба хуни эшон мулоқот намоям.

72. Асалро бар мо фосид намудед

Умар ибни Абдулазиз бар чаҳорпоён ва маркабҳои «барид», яъне хаткашон борашро ҳамл намекард, магар дар он ҳоҷати мусулмонҳо бошад.

Ӯ ба омили худ нома навишт, то барояш асал харад, бидуни истифодаи моли мусулмонон. Пас омилаш асал харида бо истифодаи маркабҳои барид ба ӯ ирсол дошт.

Умар гуфт: Асалро то ин ҷо бо чӣ оварданд?

Гуфтанд: Бо маркаби «барид», хаткашон.

Ӯ амр намуд, то он асалро фурӯхтанд ва пулашро дар байтулмоли мусулмонон гузоштанд.

Баъд аз он гуфт: Асалро бар мо фосид намудед.

73. Шаҳрро бо адл қалъабандӣ намо

Боре яке аз омилони амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз ба ӯ нома навишт:

Аммо баъд: Шаҳри мо хароб гаштааст, пас агар амирулмӯъминин ирода дошта бошад, моле барои ислоҳи он равона созад.

Умар ба ӯ чунин посухнома навишт:

Аммо баъд: Номаи шуморо хонда фаҳмидам, ин ки шаҳри шумо хароб гаштааст. Чун ин номаи моро хондед, шаҳратонро бо адл ободу ислоҳ намоед ва кӯчаҳои онро аз зулм пок созед, зеро ислоҳи шаҳр ин аст. Вассалом.

74. Ислоҳи шаҳрҳо

Умар ибни Абдулазиз Яҳёи Ғассониро амири Мавсил таин намуд, ки аз ҳама шаҳрҳо дида дуздию сирқат дар он ҷо зиёдтар буд.

Ӯ ба амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз нома навишта ҳолати шаҳрро ба ӯ фаҳмонд ва пурсид, ки оё мардумро бо гумон дастгир кунад ва бар тӯҳмат занад, ё бар асоси шоҳид ва одати мардум кор кунад?

Умар ба ӯ навишт, ки бар асоси шоҳид ва он чи суннат бар он ҷорист, амал намояд, пас агар ҳақ эшонро ислоҳ накард, Худованд ҳаргиз ислоҳашон нанамояд.

Яҳё гуфт: Ба тавсияи Умар рафтор намудам, аз Мавсил хориҷ нашудам ҳатто, ки онҷо аз ислоҳшудатарин шаҳр шуда буд ва дуздӣ дар онҷо кам ба мушоҳида мерасид.

75. Умар ва ходимазан

Фотима бинти Абдулмалик ходимазане дошт. (Фотима ҳамсари Умар ибни Абдулазиз буд). Он ходимазанро ба назди Умар ибни Абдулазиз фиристода гуфт: Инро ба шумо бахшидам, ҳоҷататро аз ӯ барор.

Умар ба ӯ гуфт: Биншин, чизе аз дунё бароям аҷибтар аз шумо нест, саргузаштатро ба ман бигӯ.

Ходимазан гуфт: Духтаре аз қавми Бар-бар будам. Падарам ҷинояте содир карда аз Мӯсо ибни Насир омили амирулмӯъминин дар Африко фирор кард. Пас Мӯсо ибни Насир маро ба Абдулмалик фиристод ва Абдулмалик маро ба Фотима бахшид ва Фотима маро ба шумо фиристод.

Умар ибни Абдулазиз ӯро муҷҷаҳаз намуда ба сӯи аҳлу оилааш фиристод.

76. Умар бо оби дидааш оташро хомӯш мекунад

Дар яке аз шабҳои зимистон Зиёд мавлои Ибни Айёш ба назди амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд. Умар пеши оташдоне нишаста китоб мехонд. Зиёд пеши оташдон нишаста гарм шуда истод. Чун Умар аз китобаш фориғ шуд, назди Зиёд омада нишаст ва гуфт: Эй Зиёд ба ман қисса кунед.

Зиёд гуфт: Ман қиссакунанда нестам.

Умар гуфт: Пас сухан бигӯ.

Чун Зиёд аз дохилшудани биҳишту дӯзах сухан гуфт: Умар чунон ашк резонд, ки оташпораҳоро хомӯш кард.

77. Ҳангоми ғазаб касеро ҷазо намедиҳад

Аз тақвову парҳезгории амирулмӯъминин Умар ибни Абдулазиз ҳамин буд, ки дар ҳоли ғазаб касеро ҷазо намедод.

Рӯзе Умар бар марде аз аҳолии Байтулмуқаддас ғазаб кард, хеле ғазаби сахт. Ӯро аз либосаш берун карда дар бандҳо бастанд, баъд аз он қамчинро оварданд, ҳатто мардум гумон доштанд, ки Умар худаш ӯро мезанад.

Чун ғазабаш фурӯ рафт, гуфт: Ӯро озод намоед, аммо агар ман ғазаболуд намебудам, ҳароина ӯро дурра мезадам. Баъд аз он ояти зернинро тиловат намуд:

Сухани Худо:

ﭽ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭼ آل عمران: ١٣٤

«Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад!».

(Сураи Оли Имрон, ояти 134)

Авзоъӣ гуфт: Умар ибни Абдулазиз агар мехост шахсеро ҷазо диҳад, ӯро се рӯз ҳабс мекард аз хавфу кароҳати ин ки дар аввали ғазабаш ба ҷазои ӯ шитоб накарда бошад.

78. Забонамро бо он олуда намесозам

Рӯзе ба Умар ибни Абдулазиз гуфтанд: Дар бораи аҳли Сиффин чӣ мегӯед?

Гуфт: Он хунҳое ҳастанд, ки Худованд дасти маро аз он пок сохтааст ва намехоҳам забонамро бо он олуда созам.

Риёҳ ибни Убайда мегӯяд: Назди Умар ибни Абдулазиз нишаста будам, аз Ҳаҷҷоҷ ёд шуд, ӯро дашном дода аз қимматаш костам.

Умар гуфт: Нашитоб, эй Риёҳ. Шунидам, ки мард зулм мекунад ва мазлум золимро дашному бадгӯӣ мекунад, ба андозае, ки ҳаққашро бо ин роҳ аз ӯ меситонад ва фазли золим бар вай меафзояд.

79. Динори гумшуда

Ваҳб ибни Мунаббиҳ хозини байтулмол дар Яман буд. Ӯ ба амирулмӯъминин Умар чунин навишт:

Аммо баъд: Аз байтулмол динореро гум кардам.

Умар ибни Абдулазиз ба ӯ чунин навишт:

Аммо баъд: Ман шуморо дар дину амонат тӯҳмат намекунам, лекин дар зоеъ намудан ва ифрот намуданат туро тӯҳмат мекунам. Ман далел ва ҳуҷҷати мусулмонон дар амволашон ҳастам. Ва метарсам аз ин ки шумо, ки савганд ёд менамоед. Вассалом.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *