Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Даҳ ёри биҳиштӣ

Обл9

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Саъид ибни Зайд[185]

Вай Саъид ибни Зайд ибни Амр ибни Нуфайл ибни Абдулузо ибни Риёҳ ибни Абдуллоҳ ибни Қурт ибни Разоҳ ибни Адӣ ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиби Қурайшии Адавӣ аст ва кунияташ Абулаъвар мебошад. Бо Расули акрам (с) дар Каъб ибни Луай ҳамнасаб мешавад. Ӯ писари амаки Умари Форуқ (р) мебошад ва занаш Фотима бошад, духтари Хаттоб хоҳари Умар ибни Хаттоб (р) аст.

Саъид ибни Зайд марди баландқомату сиёҳҷурда ва сермӯй буд. Саъид (р) ҳамроҳи занаш Фотима (р) пеш аз ҳазрати Умар (р) Ислом оварда ва ҳарду ҳиҷрат карданд. Саъид ибни Зайд (р) яке аз беҳтарин саҳобагон ва пешвои онҳо буда, аз аввалин пешқадамон дар ғазваи Бадр буд ва аз ҷумлаи шахсоне, ки Худо аз онҳо розӣ буда ва онҳо низ аз Ӯ (ҷ) розӣ шуданд. Марди ростқавлу саховатпеша буд ва ҷону молашро дар роҳи Худои таъоло дареғ намедошт. Аз маломати маломатгарон наметарсид ва муҳимтараш ба зикр ин ки муҷобуд даъват буд (дуъояш қабул мешуд).

Модараш: Фотима духтари Баъҷа ибни Умая ибни Хувайлид аз бани Хузоъа ва аз собиқини дар Ислом буд.

Фарзандҳояш: Фарзандҳои Саъид ибни Зайд инҳо буданд:

— Абдурраҳмони калонӣ, ки модараш Фотима ва ин Умми Ҷамил духтари Хаттоб ибни Нуфайл аст.

— Абдуллоҳи калонӣ ва Отика, ки модари ҳарду Ҷалиса духтари Сувайд ибни Сомит мебошад.

— Абдурраҳмони хурдӣ, Умари хурдӣ, Умми Мӯсо ва Умми Ҳасан, ки модари инҳо бошад, Умома духтари Дуҷайҷ аст, ки аз қавми Ғассол мебошад.

— Муҳаммад ва Иброҳими хурдӣ, Умми Ҳабиби калонӣ ва Умми Ҳасани хурдӣ, Умми Зайди калонӣ ва умми Салама, умми Ҳабиби хурдию умми Саъиди калонӣ ва Умми Зайди хурдӣ, ки модари ҳамаи инҳо Ҳазма духтари Қайс аст, ки аз бани Фиҳр мебошад.

— Амри хурдӣ ва Ал-асвад, ки модари ҳарду Умми Асвад аст, ки занест аз бани Тағлиб.

— Амри калонӣ ва Талҳаву Зуҷла (ин зан аст), ки модари инҳо Зумх аст, ки духтари Ал-асбағ аз бани Калб мебошад.

— Иброҳими калонӣ ва Ҳафса, ки модари ҳарду духтари Қурба аст, ки аз бани Тағлиб мебошад.

— Холид ва Умми Холид ва Умми Нуъмон,ки модари инҳо Умми Башир мебошад, ки духтари Абумасъуди ансорӣ аст.

— Умми Зайди хурдӣ, (ӯро Мухтор писари Абуубайд ба занӣ гирифтааст), ки модараш аз бани Тай аст.

— Оиша ва Зайнаб, умми Абдулҳавло ва умми Солиҳ, ки модари инҳо канизак мебошад.

Саъид ибни Зайд ҳамагӣ 10 зан 30 фарзанд дошт, ки 19-тои он духтар ва 11 нафари онҳо писар буданд.

Падари мӯъмину мусалмон

Падари Саъид (р) Зайд писари Амр ибни Нуфайл буд ва ӯ бутпарастиро дар ҳамон давр хеле бад медид, пас рӯ ба сӯйи Худованд (ҷ) мекарду аз ҳақиқат ҷустуҷӯ менамуд ва дини ростро талаб мекард, пас ба замини Шом қадам ранҷа карда, аҳли китоб (Яҳуду Насоро)-ро аз илму дин суол мекард, лекин дини онҳо ба ӯ писанд наомад, баъд аз ин ки дар ӯ таҳриф ворид шуда буд, пас гуфт:

— Дини шумо монанди дини қавми мост, шумо ҳам ширк меоред, онҳо ҳам ширк меоранд, лекин фарқи байни шумо ва онҳо ин аст, ки назди шумо пандест аз ҷониби Худованд (ҷ) ва назди онҳо ин панд нест. Пас як роҳибе барояш гуфт:

Ва ӯ касе буд, ки илми аҳли насронӣ ба ӯ интиҳо меёфт:

— Бешак ту ҳароина, динеро талаб мекунӣ, ки вай ҳоло дар рӯйи замин вуҷуд надорад. Пас Зайд ибни Амр гуфт:

— Вай чӣ гуна динест?

Сипас роҳиб гуфт:

— Дини Иброҳим аст. Пас Зайд бо суруру шодӣ гуфт:

— Иброҳим дар кадом дин буд?

Роҳиб ҷавоб дода гуфт:

— Иброҳим дар дини росте буд, ки Худоро ба танҳоияш ибодат мекард ва ба ӯ шарике намеовард ва душмани касе буд, ки ғайри Худоро парастиш мекард ва ҳайвони кушташудаи барои бутҳоро намехӯрд ва ба сӯйи Каъба намоз мегузорид.

Чашмҳои Зайд писари Амр (р) аз шунидани ин суханҳо медурахшид. Сипас гуфт:

— Ҳамин динро меписандам ва ман бар ҳамин дин ҳастам, аммо сангу чӯбе, ки ба дасти худам месозам, инҳо чизе нест. Баъд аз он роҳиб барояш гуфт:

— Ҳақ дар кишвари худат (Макка) аст, пас ба дурустӣ Худованд аз қавли худаш шахсеро ба дини Иброҳим (а) ба вуҷуд меорад, ки ӯ беҳтарини халқи Худо (ҷ) ба шумор меравад. Сипас Зайд писари Амр (р) ба Макка баргашт, дар ҳоле, ки ӯ дар дини Иброҳим (а) буд. Пас Омир писари Рабиъаро дида барояш гуфт:

— Эй Омир дар ҳақиқат ман мухолифати қавмам кардам ва тобеъи дини Иброҳим шудам, дине, ки Исмоил бар он дин буд ва намоз мехонд ба сӯйи ҳамин қибла (Каъба) ва ман мунтазири паёмбаре аз фарзандони Исмоил ҳастам, ки ба наздикӣ мебарояд, лекин намедонам, ки ӯро дармеёбам ё на ва ман имон меорам ва ӯро тасдиқ мекунам ва шоҳидӣ медиҳам ин ки ӯ набӣ ва паёмбар аст, агар мабодо ту ӯро дарёфтӣ аз ман ба ӯ салом бигӯ. Ва ҳамин тавр Зайд писари Амр (р) ба дини Иброҳим (а) умр ба сар мебурд, пас муроқаба менамуд офтобро. Вақте ки дур мешуд рӯ ба сӯйи Каъба мекарду як ракъат намоз мехонд ва ду саҷда мекард, баъд аз он мегуфт:

— Ин қиблаи Иброҳим (а) ва Исмоил (а) аст, ибодат намекунам сангеро ва намоз намехонам барои санге ва забҳ намекунам барои санге ва забҳ кардашудаи барои ӯро намехӯрам ва ба палидиҳо қасам намехӯрам ва намоз намегузорам магар ба сӯйи ҳамин хона, то вақти мурданам. Эй бор Худоё, агар ман бидонам, ки кадом тарз ибодат кардан ба ту писанд аст, туро ҳамин тарз ибодат мекунам, лекин ман намедонам.

Ин суханҳоро мегуфту саҷда мекард. Ҳамчунин Зайд писари Амр (р) ҳаҷ мекард ва ба Арафот истода, талбия мегуфт. Баъд аз он аз Арафот пои пиёда мефаромаду мегуфт:

— Лаббайка, ҳаққан-ҳаққан, паноҳ талаб мекунам аз он чизе, ки Иброҳим (а) паноҳ талаб мекард.

Зайд ибни Амр (р) пушташро ба Каъба такя медоду мегуфт:

— Эй қурайшиҳо, қасам ба он зоте, ки ҷони Зайд (р) ба дасти Ӯст, ягон нафари шумо ҷуз ман дар ин рӯзҳо ба дини Иброҳим (а) нестед ва ҳукм мекард, ки эй қурайшиҳо, худатонро аз судхӯрӣ нигоҳ доред зеро, ки ин амал ҷуз фақирӣ дигар чизе намеоварад. Баъд аз он онҳоро барои қурбонӣ карданашон барои бутҳо айб мекард ва мегуфт:

— Гӯсфанде, ки Худованд (ҷ) ӯро халқ кардааст ва аз осмон барои ӯ об фиристодааст ва дар рӯйи замин барои ӯ алаф офаридааст, баъд аз он шумо онро барои ғайри Худованд қурбонӣ мекунед, ки ин амр таъаҷҷубовараст.

Зайд ибни Амр ба он марде, ки мехост духтарашро зинда ба гӯр карда бикушад, мегуфт: ӯро накуш, хароҷоти зиндагии вайро ман ба ӯҳда мегирам. Ва он духтаракро аз дасти падараш мегирифт. Чун ӯ ба воя мерасид, ба падараш мегуфт: Агар бихоҳӣ онро ба ту бозпас медиҳам ва агар хоҳӣ хароҷоташро ба ӯҳда мегирам.

Зайд ибни Амр Паёмбари Худоро дида буд, аммо панҷ сол қабл аз он ки ба он ҳазрат ваҳйи илоҳӣ нозил шавад, ӯ аз олам даргузашт ва дар пояи кӯҳи Ҳиро дафн карда шуд.

Чун ҳазрати Муҳаммад (с) ба паёмбарӣ мабъус гардид, Омир ибни Рабиъа аз аввалинҳо шуда дини Исломро пазируфт ва Паёмбари Худо (с)-ро аз гуфтаҳои Зайд ибни Амр хабар дод ва саломашро ба ӯ расонд. Паёмбари Худо (с) ҷавоби саломи ӯро баргардонида гуфт: «Ӯро дар Биҳишт дидам, ки гесӯвони ҳуронро мекашид».

Баъд аз он Паёмбари Худо (с) дар бораи ӯ фармуд: «Рӯзи Қиёмат ҳамчун уммати мусулмон барангехта мешавад».

Саъид дар роҳи рост[186]

Саъид ибни Зайд дар хонаводае ба воя расид, ки гумроҳиҳои қурайшиёнро инкор мекарданд. Ва дар канори падаре парвариш ёфт, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд. Чун нури Ислом дар сарзамини Макка тулӯъ намуд Саъид ибни Зайд аз аввалинҳо шуда ба Худованди азза ва ҷалла имон оварда, рисолати Паёмбараш (с)-ро тасдиқ кард.

Саъид ибни Зайд баъди имон оварданаш ба Паёмбари Худо (с) гуфт: Эй Расули Худо (с), ту падари маро медонистӣ ва дар борааш шунидаӣ ва агар то замони паёмбарии ту мезист, албатта, ба ту имон оварда, пайравии туро мекард. Барои ӯ аз Худованд омурзиш бихоҳ.

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Худованд Зайд ибни Амрро раҳмату мағфират кунад, ҳароина ӯ бар дини Иброҳим вафот намуд».

Аз ин рӯз ба баъд ҳар вақте мусулмонон ӯро ёддоварӣ мекарданд, барояш аз Худованд раҳмату мағфират мехостанд.

Дар каломи Худованд омадааст:

Сухани Худо:

«Ва касонеро, ки аз парастиши бутон парҳез кардаанд ва ба Худо рӯй овардаанд, башорат (хабари хуш) аст. Пас бандагони Маро башорат деҳ»[187]

Баъзеҳо мегӯянд, ки ин оят дар ҳаққи се нафаре, ки дар замони ҷоҳилият Худои азза ва ҷалларо ягона медонистанд, нозил шудааст. Онҳо Зайд ибни Амр ибни Нуфайл, Абузар ва Салмон буданд. Онҳо касонеанд, ки Худованд бе китобу бе паёмбар онҳоро роҳнамоӣ кардааст.[188]

Мусулмон шудани Умар (р)

Дар оғози Ислом Саъид ибни Зайд ва занаш Фотима бинти Хаттоб (р) Исломашонро пинҳон медоштанд. Хаббоб ибни Арат (р) ба назди онҳо омада қуръонхониро ба онҳо таълим медод.

Рӯзе Умар бо шамшери бараҳна ба қасди куштани Паёмбари Худо (с) ба роҳ баромад. Дар роҳ марде аз бани Адӣ ибни Каъб бо ӯ рӯ ба рӯ шуд. Он мард мусалмон шуда буд ва Исломашро аз қавмаш пинҳон медошт ва номаш Нуъайм ибни Абдуллоҳи Наҳҳом буд. Нуъайм ба Умар гуфт: Эй писари Хаттоб, ба куҷо равонӣ?

Умар гуфт: ба назди Муҳаммаде, ки бузургони Қурайшро паст задааст ва худоҳояшонро дашном додааст ва ҷамоъаташонро мухолифат намудааст. Мехоҳам ӯро ба қатл расонам.

Пас, Нуъайм ба ӯ гуфт: Эй Умар ту ба худ мағрур шудаӣ! Оё гумон мекунӣ, ки чун ту Муҳаммадро бикушӣ, бани Абдуманоф туро мегузоранд, ки дар рӯи замин роҳ биравӣ!?

Нуъайм мехост, ки ӯро аз роҳаш бигардонад, пас ба ӯ гуфт: эй Умар, оё ба назди аҳли байтат баргашта, кори онҳоро дуруст намекунӣ?!

Умар ба даҳшат афтода гуфт: кадом аҳли байтам?!

Нуъайм гуфт: Дар ҳақиқат язна ва хоҳарат мусулмон шудаанд ва пайравии дини Муҳаммад (с)-ро мекунанд!!

Пас, Умар дар ғазаб шуда, ба хонаи хоҳараш равон шуд. Дар хона Саъид ибни Зайд ва занаш Фотима ва Хаббоб ибни Арат (р) буданд. Чун ба хонаи онҳо расид, дарро сахт куфт.

Чун овози Умарро шуниданд, Хаббоб дар ҳуҷрае пинҳон шуд ва саҳифаеро, ки дар он баъзе оятҳои сураи Тоҳо навишта шуда буд, фаромӯш карда, ҳамон ҷо гузошт.

Вақте Умар ба хона ворид шуд дар ҳолати ғазаб гуфт: Маро хабар доданд, ки ҳардуи шумо дини Муҳаммад (с)-ро пайравӣ мекунед. Баъд аз он язнааш Саъид писари Амр (р)-ро дошта, мехост, ки ӯро бизанад, дар ин вақт хоҳараш Фотима (р) аз ҷояш хеста аз шавҳараш Саъид (р) дифоъ кард, ки Умар язнаашро гузошта, хоҳарашро зад, дар ин ҳолат зану шавҳари мӯъмину мусалмон ба як овоз фарёдкунон гуфтанд: Бале! Мо мусалмон шудем ва ба Худову Расули ӯ имон овардем, акнун ҳар чӣ мехоҳӣ бикун!! Вақте Умар (р) дид, ки аз рӯи хоҳараш ва ҷону ҷигараш хун ҷорӣ мешавад, дар ин вақт раҳмаш омада, асабаш ором ва аз кардаи худ пушаймон шуд. Ба ин тарафу он тараф нигариста он саҳифаро дид ва хост, ки саҳифаро бигирад, лекин хоҳараш ба ӯ гуфт:

— Эй бародар, ба сабаби ба Худои ягона шарик оварданат ту нопок ҳастӣ ва ҳукм ин аст, ки ҷуз одамони пок инро дигар касе намерасад. Пас Умар аз ҷояш бархест ва ғусл кард баъд аз он хоҳараш саҳифаро ба ӯ дод ва ӯ каме аз он саҳифаро хонд, пас дар хушӯъу оромиш гуфт:

— Чи хуб аст ин калимаҳо ва беҳтар аст. Чун Хаббоб (р) ин суханро аз Умар (р) шунид ба наздаш баромад ва барояш гуфт:

Эй писари Хаттоб, хурсанд шав, ки дирӯз Паёмбари Худо (с) дуъо карда буданд, ки:

«Эй бор Худоё, иззат ва обрӯй бидеҳ Исломро ба яке аз ин ду марде, ки дар назди ту маҳбубтар бошанд: Умар ибни Хаттоб ё Умар ибни Ҳишом». Ва мо албатта, уммедворем, ки дуъои Паёмбар барои туст, пас хуш бош. Пас ризои Аллоҳро биҷӯй эй Умар.

Дар ин вақт Умар дар ҳоле, ки Худованди бузург дар дилаш ҳидоятро андохта буд, гуфт: Маро ба назди Муҳаммад (с) баред, то ба ӯ имон биёрам. Пас Умар ибни Хаттоб аз хонаи Саъид ибни Зайд ба назди Паёмбари Худо рафт ва Ислом овард ва исломовардани ӯ фатҳи бузурге барои дини Ислом ва ҳамаи мусалмонҳо буд.[189]

Иҷозати ҷанг

Саъид ибни Зайд (р) дар Макка аз мушрикон азияту озор медид ва монанди дигар мусалмонон сабр мекард. Чун Худованди азза ва ҷалла ба мусалмонон иҷозат дод, то ба Мадина ҳиҷрат намоянд, Саъид низ ҳамроҳи занаш-Фотима (р) бо аввалин муҳоҷирон ҳиҷрат кард. Паёмбари Худо (с) байни ӯ ва Убай ибни Каъб (р) бародархондагӣ барқарор намуд.

Ба Паёмбари Худо (с) пеш аз байъати Ақаба иҷозати ҷанг кардан бо мушрикон дода нашуда буд. Ва ба даъвати ба сӯйи Худо ва сабр кардан дар баробари азияту озор ва сарфи назар кардани ҷоҳилон амр карда мешуд. Пас он Ҳазрат (с) ба Парвардигораш муноҷот карда мегуфт:

«Парвардигоро, аз нотованоию ночориам ва аз хорию зориям ба ту шикоят мекунам. Эй меҳрубонтарини меҳрубонон, Ту тарбияткунандаи бечорагонӣ ва Ту Парвардигори ман ҳастӣ, Маро ба кӣ месупорӣ?

Ба бегонае, ки бо чеҳраи гирифта маро пешвоз мегирад? Ё ба душмане, ки саранҷоми кори маро дар ихтиёраш гузоштаӣ? Бо вуҷуди ин агар Ту бар ман ғазаб надошта бошӣ, пас ман боке надорам. Аммо афву бахшиши Ту барои ман беҳтар аст. Ба нури ваҷҳи Ту паноҳ мебарам, ки торикиҳо аз он равшан шудаанд ва кори дунё ва охират сомон пазируфтааст. Ба Ту паноҳ мебарам аз ин ки ғазабат бар ман нозил шавад ё хашмат бар ман фуруд ояд. Ва нест тавоноӣ ва нест қуввате магар бо ёрии Ту»

Қурайшиҳо касонеро, ки пайравии Паёмбар (с)-ро менамуданд бисёр фишороварӣ мекарданд, то ки аз динашон баргарданд. Мусалмонон аз дасти онҳо дар ранҷу азоб буданд ва аз шаҳрашон бадарға шуда ба кишварҳои дигар мегурехтанд. Баъзеашон дар сарзамини Ҳабаша ва қисми дигар дар Мадина муҳоҷир буданд.

Мусалмононро мушрикон мезаданд ва онҳо маҷрӯҳ шуда ба назди Паёмбар (с) омада арз мекарданд. Паёмбари Худо (с) ба онҳо мегуфт:

«Сабур бошед, зеро ман иҷоза надорам, ки бо онҳо биҷангам».

Чун мушрикони Қурайш бар Худои азза ва ҷалла саркашӣ намуданд ва Паёмбараш (с)-ро дурӯғгӯ донистанд ва касонеро, ки гуфтаҳои паёмбарашро тасдиқ мекарданд, азобу шиканҷа дода, бадарға карданд, Худованд ба Паёмбараш (с) иҷозат дод, то бо мушрикону золимон ва саркашон ҷанг карда, онҳоро мағлуб гардонад. Аввалин ояте, ки ба Паёмбар (с) иҷозати ҷангу ҷиҳод бо таҷовузкоронро дод, ин буд:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ ﴿٣٩﴾ الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِن دِيَارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ إِلَّا أَن يَقُولُوا رَبُّنَا اللَّهُ وَلَوْلَا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُم بِبَعْضٍ لَّهُدِّمَتْ صَوَامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَوَاتٌ وَمَسَاجِدُ يُذْكَرُ فِيهَا اسْمُ اللَّهِ كَثِيرًا وَلَيَنصُرَنَّ اللَّهُ مَن يَنصُرُهُ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ﴿٤٠﴾ الَّذِينَ إِن مَّكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنكَرِ وَلِلَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ ﴿٤۱﴾

Сухани Худо:

«Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо ба пирӯз гардониданашон тавоност. Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буда, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худои яктост». Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо касеро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст! Ҳамон касон, ки агар дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост»![190]

Баъдан Худои таъоло ин оятро бар Паёмбари гиромӣ (с) нозил фармуд:

﴿وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لاَ تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلّهِ فَإِنِ انتَهَواْ فَلاَ عُدْوَانَ إِلاَّ عَلَى الظَّالِمِينَ﴾

Сухани Худо:

«Бо онҳо биҷангед, то дигар фитнае набошад ва дин танҳо дини Худо шавад. Вале агар аз дини худ даст бардоштанд, таҷовуз ҷуз ба ситамкорон раво нест!» [191]

Яъне бо мушрикон биҷангед, то ин ки мӯъминон аз динашон хориҷ нашаванд ва то ин ки ҳамроҳи Худо ибодату бандагӣ карда нашавад ғайри ӯро.

Ҷанги Бадр

Корвони қурайшиҳо, ки дар он молу сарвати зиёд буд ва аз Макка ба Шом барои тиҷорат мерафт, аз Паёмбар (с) ва саҳобагонаш раҳо ёфт.Чун вақти бозгашти корвон аз Шом ба Макка наздик омад, Паёмбар (с) Саъид ибни Зайд (р) ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р)-ро пеш аз баромадани худаш аз Мадина, фиристод, то хабари омадани корвонро аниқу дақиқ кунанд. Саъид ибни Зайд (р) ҳамроҳи Талҳа (р) ба роҳ баромад, то сафари ҷиҳодашро бо ҳиммати бузург оғоз бахшад ва бо ин амали худ ризои Парвардигори азза ва ҷалла ва савоби охиратро дарёбад.

Чун ба маконе бо номи Ҳавроъ расиданд, дар он ҷо истоданд, то ин ки корвон аз назди онҳо гузашт. Пеш аз бозгаштани Саъид (р) ва Талҳа (р) ба Паёмбар (с) аз осмон хабари омадани корвон расид. Пас Паёмбар ба саҳобагонаш нидо карда гуфт:

«Ин корвони Қурайш аст, ки дар он молу амволи онҳост. Ба он ҳамла кунед, шояд Худованд онро бар шумо дастрас гардонад».

Абусуфён ибни Ҳарб роҳбари корвон буд. Ӯ медонист, ки роҳи Макка серхавфу пурхатар аст. Аз ҳар саворае, ки бо ӯ рӯ ба рӯ меомад, хабари роҳҳоро пурсон мешуд. Ҷосусонаш ба ӯ хабар доданд, ки Паёмбар (с) дар роҳ саҳобагонашро барои ҳамла кардан ба корвон омода кардааст.

Худи ҳамон лаҳза Абусуфён ибни Ҳарб роҳи асосиро, ки аз ҷониби чап буд ва аз Бадр мегузашт тарк карда, роҳи соҳилро пеш гирифт, то аз лашкари Мадина наҷот ёбад. Ҳамчунин Абусуфён Замзама ибни Амри Ғиффориро ба Макка фиристод, то ин ки қурайшиёнро ба кӯмаки корвонашон бихонад. Замзама зуд ба роҳ баромад. Чун ба Макка расид дар байни водӣ, дар болои уштураш истода фарёд зад: «эй ҷамоъаи Қурайш, уштурони пурбори худро дарёбед! Ба молҳои шумо, ки дар дасти Абусуфён буд, Паёмбар (с) ва саҳобагонаш дастдарозӣ кардаанд. Гумон намекунам, ки он амволро дарёбед! Ба кӯмак бишитобед!»

Дар ин вақт Саъид ибни Зайд (р) ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) дар роҳи Мадина буданд, то хабари корвонро ба Паёмбар (с) бирасонанд ва аз баромадани Паёмбар (с) аз Мадина огоҳ набуданд. Онҳо вақте ба Мадина расиданд, ки Паёмбар (с) ва саҳобагонаш дар он рӯз дар Бадр бо лашкари мушрикон рӯ ба рӯ шуда буданд.Саъид ва Талҳа зуд аз Мадина баромада бо тамоми суръат ҳаракат мекарданд, то ба назди Паёмбар (с) бирасанд. Чун онҳо омаданд, Паёмбар (с) аз ҷанги Бадр фориғ шуда буд. Худованд ба ӯ пирӯзӣ бахшида, бар душманаш ғолиб гардонда буд. Чун Паёмбар (с) онҳоро дид, ба сӯяшон бо назари марҳамату ғамхорӣ нигарист, ки он дар дили онҳо оромию итминон бахшид. Паёмбар (с) ба онҳо хабар дод, ки шумо дар аҷру савоб бо шахсоне, ки дар ҷанги Бадр ширкат доштанд, баробаред. Ҳамчунин Паёмбар (с) саҳмҳои онҳоро аз моли ғанимат монанди шахсони дар ҷанг иштирокнамуда муайян кард. Саъид ибни Зайд (р) аз ҷумлаи аҳли Бадр ба шумор меравад, ки онҳо беҳтарин одамон дар рӯйи замин буданд.[192]

Ҷанги Бани Қурайза

Саъид ибни Зайд (р) дар ҷангҳои Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия ва дигар ҷангҳо ҳамроҳи Паёмбар (с) буд.

Ҳангоме, ки яҳудиёни бани Қурайза, бо Паёмбар (с) аҳдшиканӣ карда, хостанд ба мусалмонон ғадру фиреб кунанд, Паёмбар (с) муаззинро фармуд, то дар байни мардум нидо кунад, ки:

«Ҳар он касе ки фармонбардору мутеъ аст, ҳатман намози асрашро дар бани Қурайза гузорад».

Мусалмонон зуд аз паи иҷрои фармони Паёмбар (с) шуданд ва пешоҳанги онҳо қаҳрамони пешқадам Саъид ибни Зайд (р) буд. Онҳо ҳамон лаҳза ба роҳ баромада, ба ҷониби бани Қурайза ҳаракат карданд. Ба он ҷо расида, яҳудиҳоро дар қалъаҳояшон муддати 25 рӯз муҳосира карданд. Чун яҳудиёни бани Қурайза аз муҳосира ба танг омаданд ва Худои таъоло дар дилҳояшон тарсро ворид кард, чораи дигаре ба ҷуз фармонбардории Паёмбар (с) наёфтанд.

Аммо Паёмбар (с) Саъид ибни Муъозро (р) фармуд, то дар бораи онҳо ҳукме содир намояд. Пас Саъид ибни Муъоз (р) гуфт:

— Ман чунин ҳукм мекунам, ки мардонашон кушта шаванд ва амволашон тақсим карда шавад ва занону кӯдаконашон ғулом карда шаванд.

Пас, Паёмбар (с) ба Саъид (р) гуфт:

«Дар ҳаққи онҳо бо ҳукми Худованди ҳафт осмон ҳукм намудӣ». Паёмбар (с) молу амвол ва занону кӯдакони бани Қурайзаро ба мусалмонон тақсим кард, баъд аз оне, ки панҷякашро ҷудо карда, барои савораҳо се ҳисса, ду ҳисса барои асп ва як ҳисса барои савораҳо ва як ҳисса барои пиёдаҳо (касе, ки асп надошт), муайян намуд.

Баъд аз он Паёмбар (с) Саъид ибни Зайд (р)-ро ба наздаш даъват кард, ба ӯ фармуд, ки асирони бани Қурайзаро ба Наҷд бурда фурӯшад ва ба ивази он аспу силоҳ бихарад, то қуввату тавоноии мусалмонон биафзояд.

Саъид ибни Зайд (р) барои иҷро кардани фармони Паёмбар (с) ба Наҷд рафта, дар ивази ғуломон асп ва силоҳ харида ба Мадинаи мунаввара баргашт ва ба ризои Худо ва Паёмбараш ноил шуд.[193]

Васиятҳои Паёмбари Худо (с)

Аз васиятҳои Паёмбар (с) маълум мешавад, ки мақому манзалати Саъид (р) дар назди Паёмбар (с) баробари мақоми дигар ёрони биҳиштӣ буд. Ӯ ҳамеша дар вақти ҷанг аз пеши Паёмбар (с) ва дар сафи намоз аз паси он Ҳазрат (с) буд. Ва ягон мусалмон аз муҳоҷирон ва ансориҳо ба мартабаву мақоми ёрони биҳиштӣ расида наметавонанд.

Ҳангоме, ки Паёмбар (с) аз «Ҳаҷҷату-л-видоъ» ба Мадина баргашт болои минбар баромада, Худованди азза ва ҷалларо ҳамду сано гуфт ва баъд аз он фармуд:

«Эй мардум! Ба таҳқиқ бидонед, ки Абубакр (р) ҳаргиз ба ман бадие накардаааст… Эй мардум, ҳароина, ман розӣ ҳастам аз Умар, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Саъд, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъид ибни Зайд (р) ва муҳоҷирони аввалин. Ин бартариро барои онҳо эътироф кунед. Эй мардум, ҳароина, Худованд аҳли Бадр ва Ҳудайбияро омурзид… Эй мардум дар ҳаққи саҳобагонам ва падарарӯсону (хусурону) домодҳоям эҳтиромро риоя кунед. Мабодо Худованд ба сабаби шикояти яке аз онҳо шуморо ба азоб гирифтор гардонад, чунки ин аз ҷумлаи он гуноҳонест, ки бахшида намешаванд. Эй мардум, забонатонро аз бадгӯйи мардум боздоред, чун яке аз мусалмонон бимирад, пас дар ҳаққи ӯ сухани некӯ бигӯед»[194].

Дар қалби Ярмук

Дар ҷанги Ярмук лашкари румиҳо бо чунон сипоҳиёни зиёд омаданд, ки тамоми гӯшаву канори ин сарзамин ҳамворию пастӣ ва баландиҳои онро пур карданд. Гӯё, ки гӯсфандони сиёҳанд ва бо садоҳое монанди овози раъд фарёд мезаданд. Роҳибонашон бошанд, Инҷилро тиловат карда, онҳоро ба ҷанг тарғиб мекарданд. Шамшери Худо — Холид ибни Валид (р) ба назди амири қалб (маркази лашкар) Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) рафта, бо ӯ машварат карда гуфт:

— Барои шикаст додани ин сипоҳи анбӯҳ як ҳамлаи бузурге лозим аст, ки онро рад карда натавонанд ва ман аз маймана (қаноти рости лашкар) ва майсара (қаноти чапи лашкар) метарсам ва чунин пешниҳод дорам, ки савораҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, дар паси маймана ва майсара қарор диҳем, чун ҳар вақте ки душман бо онҳо бархӯрд кунад, барояшон кӯмаккунанда бошанд, пас мо аз паси душман ҳамла мекунем.

Абуубайда ба ӯ гуфт:

— Пешниҳоди некӯ кардӣ! Пас Холид ибни Валид (р) савораҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, як гурӯҳро дар паси маймана қарор дод ва худи ӯ низ дар ҳамин гурӯҳ буд ва гурӯҳи дигарро аз паси майсара гузошта, Қайс ибни Ҳубайраро сардори он гурӯҳ таъин кард, то ин ки мардум нагурезанд ва савораҳоро дар пас монда буд, то барояшон ёридиҳанда бошанд.

Холид ба Абуубайда (р) фармуд, ки аз қалб (маркази лашкар) ба қафо ба паси лашкар биравад. Ҳар вақте ки гурезандае аз сипоҳи мусалмонон ӯро бинад, аз ӯ шарм дошта, ба ҷанг баргардад. Холид (р) ишора кард, ки Саъид (р) дар қалб, дар ҷойи Абуубайда (р) биистад.

Чун ду гурӯҳ муқобили ҳам истода, ба муборизаву муқотила пардохтанд ва маъракаи ҷанг ба ҷӯшу хурӯш омад, Саъид (р) бо гурӯҳи худ бо тамоми ҳастиаш ба ҷанг шурӯъ намуд ва монанди кӯҳҳои сарбафалак побарҷой монда, бисёр ҷанги бошиддат кард ва ӯ аз ҷумлаи он саҳобагону сарбозоне аст, ки дар майдони ҷиҳод, кофирону мушриконро ба хок яксон мекарданд.

Мусалмонон як тану як ҷон шуда ба румиҳо ҳамла карданд ва сафҳои онҳоро рахна карда, онҳоро таъқиб карда, қисмеро куштанд ва гурӯҳеро ба асорат гирифтанд. Худованди азза ва ҷалла мусалмононро пирӯзӣ ва ғолибияти пурра бахшид.

Яке аз сарлашкарони румӣ хост, ки сирри пирӯзии мусалмононро бар қавмаш бидонад. Пас ду марди арабзабони насрониро ба наздаш даъват карда, ба онҳо гуфт:

— Бояд, ки яке аз шумо рафта барои мо дар байни ин қавм ҷосусӣ кунад ва хабари онҳоро ба мо биёрад ва дигаре то баргаштани он дар назди чизу чораи рафиқаш барои нигаҳбонӣ биистад.

Пас яке аз онҳо дар байни мусалмонон рафта, чанд муддат биистод. Баъд аз он омада, ба сарлашкари румиҳо гуфт:

— Ман аз назди мардони бонизоми дақиқкоре омадам, ки ба аспони беҳтарин савор мешаванд. Дар шаб ибодаткунандаанд ва аммо рӯзона сарбозу ҷавонмарданд ва дар тирандозӣ хеле моҳиранд ва садои онҳо ба хондани Қуръон ва зикри Худо он қадар баланд аст, ки агар бо ҳамнишинат сухан бигӯӣ, туро нахоҳад шунид.

Сарлашкари румиҳо ба қавмаш рӯ оварда гуфт:

— Аз мусалмонон чизе ба сари шумо омад, ки шумо тоқати онро надоред.[195]

Амири Зоҳид[196]

Баъди хотимаи ҷанги Ярмук Саъид ибни Зайд (р) ҳамроҳи Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) дар муҳосира ва фатҳи шаҳри Димишқ ширкат дошт. Пеш аз он ки Абуубайда (р) бо лашкари худ ба Урдун, барои идома додани футуҳот дар ин сарзамин биравад, Саъид (р)-ро дар Димишқ волӣ таъин намуд. Ӯ аввалин шахсе аз мусалмонон буд, ки волии шаҳри Димишқ шуд.

Аммо Саъид (р) дар Димишқ зиёд наистода ба Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) чунин нома навишт:

«Саломи Худо ба ту бод! Худованди якторо аз ҷониби ту сипосгузорам. Аммо баъд, ман наметавонам ин ҷо ором бинишинам ва ту бо ёрони худ дар роҳи Худо ва барои ризои Худо ҷиҳод бикунӣ. Чун ин номаи ман ба ту расид, барои волигӣ шахсеро бифирист, ки ба ин кор рағбат дорад. Ман ҳароина зуд ба назди ту хоҳам омад. Саломи Худо бар ту бод».

Чун он нома ба Абуубайда (р) расид, гуфт:

— Ҳароина ӯ волигиро тарк мекунад!!

Баъд аз он Язид ибни Абусуфёнро даъват карда ба ӯ гуфт:

— Волигии Димишқро ба ӯҳда бигир!

Ҳамин тавр Саъид (р) ба роҳату оромии волигию амирӣ ва фиребу фитнаҳои он такя накард ва онро беҳтар донист, ки дар қатори муҷоҳидон дар майдонҳои ҳарбу зарб дар зери сояи найзаву силоҳҳо бошад.

Амиралмӯъминин Умар (р) ба сарлашкараш Абуубайда (р), ки дар сарзаммини Шом қарор дошт, номае навишт ва дар он ба ӯ мегуфт:

— «Аз аҳволи мардум маро огоҳ бикун ва аз Холид (р) ба ман хабар бидеҳ, ки ӯ чӣ гуна мардест? Ва аз ҳоли Язид ибни Абусуфён ва Амр ибни Ос ва насиҳатҳои онҳо барои мусалмонон огоҳ бинамо ва аз ҳоли бародаронам Саъид ва Муъоз (р) ба ман хабар бидеҳ

Абуубайда (р) ба ӯ посух навишта гуфт:

— «Холид беҳтарин мард аст ва носеҳтарин шахс барои мусалмонон ва сахттарин ҷанговар барои душманон аст ва Амру Язид насиҳат ва кӯшишҳояшон он гунаест, ки ту дӯст медорӣ. Аммо Саъид (р) ва Муъоз (р) ҳамон гунае, ки аҳд карда будӣ ба ҷуз ин ки фармонравоӣ дар дунё онҳоро зоҳидтар кардааст ва ба охират роғибтар».

Дили Саъид (р) ҳамеша бо ёди Худои азза ва ҷалла машғул буд ва дар кори дунё парҳезкориро пеша карда буд. Ҳар андозае, ки метавонист бо ҷиҳод, зикр ва ибодат бо Худо наздикӣ меҷуст.

Дар аҳли Шӯро

Умари Форуқ (р) домодаш — Саъид (р)-ро дӯст медошт ва ҳурмату эҳтиромаш менамуд ва ӯ бузургию собиқаи ӯро дар Ислом медонист ва ҳамеша ёдоварӣ мекард, ки чӣ гуна дар хонаи ӯ дар Макка насими имон бар дили вай вазид. Чун Абулӯълӯъаи маҷусӣ, лаънати Худо бар вай бод, ба амиралмӯъминин Умар (р) ғадр карда, ҳангоми намоз ӯро бо ханҷар маҷрӯҳ кард, дар ин вақт Форуқ (р) Саъид (р)-ро дар аҳли Шӯро дохил насохт.

Саъид (р) дар мартаба ва бузургӣ аз аҳли Шӯро кам набуд, аммо Умар (р) ба хотири он ки дар ӯ заррае аз манфиъатхоҳӣ боқӣ намонад, ӯро ба аҳли Шӯро дохил накард. Чунки ӯ домоди вай ва писари амакаш буд. Агар ӯро дар аҳли Шӯро шомил мекард, баъзеҳо мегуфтанд:

— Писари амакашро пешниҳод кард!!

Форуқ (р) аз кори Шӯро фарзандон ва хешовандонашро хориҷ намуд. Чун Умар (р) аз дунёи фонӣ реҳлат кард, Саъид (р) барояш бисёр гиряҳои талх кард. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки барои чӣ гиря мекунӣ?

Ӯ гуфт:

— Ба ҳоли Ислом мегирям, ки зеро марги Умар (р) ба Ислом рахнае ворид сохт, ки то рӯзи қиёмат ба ҳам нахоҳад омад[197].

Зани дурӯғгӯ

Арво бинти Увайс канизи Саъид (р) буд ва ӯ дар мавзеъе бо номи Ақиқ зиндагӣ мекард. Ин зан хост ба волии Мадина Марвон ибни Ҳакам даъво кунад. Пас ба назди вай омада гуфт:

— Ҳароина, Саъид (р) бар ман зулм кардаст ва дар замини ман ҳаққи маро риоя накардааст!! Вай аз замини ман дуздида, дар замини худаш ҳамроҳ кардааст!!

Марвон ибни Ҳакам фармуд, то Саъид (р)-ро ҳозир намуданд ва ӯро аз ин масъала пурсон шуд.

Саъид (р) дар таъаҷҷуб монда гуфт:

— Оё ман ба ҳаққи Арво зулм мекунам?! Қасам ба Худо, ки ман 600 зироъ замини худро ба ӯ бахшидаам, ба хотири ҳадисе, ки аз Паёмбар (с) шунида будам. Марвон ибни Ҳакам гуфт:

— Он кадом ҳадис аст?

Саъид (р) гуфт?

Паёмбари Худо (с)-ро шунидам, ки мегуфт:

«Ҳар он касе ки аз ҳаққи нафаре аз мусалмонон, чизе ба ғайри ҳақ бигирад, он чиз дар рӯзи қиёмат дар гарданаш овехта мешавад»!!

Пас Маарвон ибни Ҳакам бо камоли эътимод ба дӯсти Паёмбар (с) гуфт:

— Баъд аз ин аз ту ҳуҷҷати дигаре намехоҳам.

Баъд аз он Саъид (р) дастонашро ба ҷониби осмон бардошта чунин дуъо кард: Парвардигоро, ҳароина, ин зан гумон дорад, ки ман ба ӯ зулм кардаам. Пас агар ӯ дурӯғгӯ бошад, чашмонашро кӯр бикун ва чоҳашро барояш қабр бигардон ва нури ҳақиқатро ба мусалмонон равшан намо, то бидонанд, ки ман ба ин зан зулм накардаам.

Дар ҳамин вақт дар сарзамини Ақиқ чунон борони селе борид, ки қаблан ҳеҷ гоҳ наборида буд ва он ҳарду марзе, ки дар он ихтилоф буд намоён гардид ва Худои азза ва ҷалла ростқавлии Саъид (р)-ро ошкор кард. Дере аз ин ҳодиса нагузашта Худои азза ва ҷалла чашмони он зани дурӯғгӯро кӯр сохт. Он зани бадбахт шабона ҳамроҳи канизакаш, ки ӯро раҳнамоӣ мекард, рафта коргаронро аз хоб бедор месохт. Як шабе канизакашро бедор накарда худаш танҳо ва бо эҳтиёт дар ҳавлиаш роҳ мерафт, ки ногоҳ дар чоҳ афтод ва он чоҳ қабри ӯ шуд[198].

Васияти Уммулмӯъминин (р)

Муъовия ибни Абусуфён ба Марвон нома навишта фармуд, ки барои хилофати писараш – Язид бо мардум байъат кунад. Марде аз аҳли Шом ба ӯ гуфт:

— Барои чӣ ин корро анҷом намедиҳӣ?

Марвон ибни Ҳакам (р) гуфт:

— Сабр мекунам, то ин ки Саъид (р) омада байъат кунад, чунки ӯ пешвои аҳли шаҳр аст. Агар ӯ байъат кунад, тамоми мардум байъат хоҳанд кард.

Он марди шомӣ бо дуруштӣ гуфт:

— Ман рафта ӯро ба наздат биёрам?

Марвон ибни Ҳакам гуфт:

— Бирав.

Он марди шомӣ ба назди Саъид (р) омада гуфт:

— Бирав ва байъат бикун!

Саъид (р) гуфт:

— Ту бирав, ман баъдтар рафта, байъат хоҳам кард.

Он мард гуфт:

— Бирав ва байъат бикун, вагарна саратро аз тан ҷудо хоҳам кард.

Саъид (р) бо камоли нармию меҳрубонӣ гуфт:

— Оё ту гардани маро мезанӣ? Қасам ба Худо, ки ту маро ба назди мардумоне даъват мекунӣ, ки ман дар роҳи Ислом ҳамроҳи онҳо мубориза кардаам!! Чун он мард аз мақому манзалати Саъид (р) огоҳӣ ёфт, шарм дошт ба назди Маврони ибни Ҳакам бозгашт ва воқеъаро ба ӯ нақл кард. Марвон бисёр нороҳат шуда ба ӯ гуфт:

— Хомӯш бош!

Яке аз модарони мӯъминон (занони Паёмбар (с)) вафот карда буд ва қаблан васият намуда буд, ки намози ҷанозаашро Саъид (р) бигузорад.

Он марди шомӣ ба Марвон гуфт:

— Чаро ту бар уммулмӯъминин намози ҷанозаро намехонӣ?!

Марвон гуфт:

— Мардеро мунтазирам, ки ту мехостӣ гарданашро бизанӣ. Чунки уммулмӯъминин васият кардааст, ки намози ҷанозаашро вай бихонад!

Он мард аз кардааш пушаймон шуда гуфт: Астағфируллоҳ. (Талаби омурзиш мекунам аз Худо).[199]

Даҳ нафар биҳиштӣ ҳастанд

Рӯзе Саъид ибни Зайд (р) мардеро шунид, ки саҳобагони Паёмбари Худо (с)-ро дашном медод. Аз шунидани он чунон ба ғазаб омад, ки рӯяш сурх гашт ва гуфт:

— Паёмбари Худо (с) фармудаанд:

«Даҳ нафар дар биҳиштанд: Абубакр (р) дар биҳишт аст, Умар (р) дар биҳишт аст, Усмон дар биҳишт аст, Алӣ (р) дар биҳишт аст, Талҳа (р) дар биҳишт аст, Зубайр (р) дар биҳишт аст, Абдурраҳмон (р) дар биҳишт аст, Саъд (р) дар биҳишт аст, Абуубайда (р) дар биҳишт аст… ва агар мехостед даҳумашро низ ном мебурдам».

Мардум бисёр хоҳиш карда ба ӯ мегуфтанд:

— Эй дӯсти Паёмбари Худо (с) даҳумин шахс кист?

Пас Саъид (р) гуфт:

— Ба хотири ризои Худованд, шумо зиёд хоҳишу илтиҷо кардед. Худованд бузург аст!! Ман даҳумини онҳо ҳастам.

Баъд аз он ба тарафи рост гашта суханашро давом дод ва гуфт:

— Қасам ба Худо, амали марде, ки ҳамроҳӣ Паёмбари Худо (с) дар ҷанге иштирок карда, рӯяш ғуборолуда гаштааст, беҳтар аст аз амали яке аз шумо, агарчанде ба ӯ монанди Нӯҳ (а) умри зиёд дода шавад.[200]

Пас даҳ ёри биҳиштӣ беҳтарин мардуми Қурайшанд ва беҳтарини муҳоҷирон ва беҳтарин иштирокчиёни ҷанги Бадр мебошанд. Онҳо пешвоёни ин уммат дар дунё ва охират ҳастанд. Онҳо муборизони шуҷоъи ин уммат ва қаҳрамонони Исломанд.

Саъид ибни Зайд (р) соли 50 ё 51-ҳиҷрӣ, дар синни 77 солагӣ, рӯзи ҷумъа дар хонааш, ки дар Атиқ буд, аз дунё реҳлат намуд.

Чун Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб (р) хабари марги ӯро шунид, намози ҷумъаро тарк намуда, ба назди вай ҳозир шуд. Саъд ибни Абуваққос низ ҳамроҳи ӯ омад. Пас ҷасади покашро шуста, дар тобут гузошта ба Мадина оварданд ва бар вай намози ҷаноза хонда, дар замини поки Мадина ба хок супориданд.[201]

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Абуубайда ибни Ҷарроҳ

Вай Омир ибни Абдуллоҳ ибни Ҷарроҳ ибни Ҳилол ибни Уҳайб ибни Забба ибни Ҳорис ибни Фиҳри Қурайшии Маккӣ аст. Бо куния ва насабаш ба сӯйи бобояш, яъне падари падараш машҳур шудааст, ки Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) гуфта мешавад. Ва дар ному насаби бузургон монанди ин бисёр дида мешавад. Насаби вай дар Фиҳр бо насаби Паёмбар (с) як мешавад.

Яке аз он даҳ нафарест, ки ба онҳо духули Биҳишт башорат дода шудааст ва яке аз аввалинҳо шуда Исломро пазируфтааст. Ба Ҳабашистон ва ҳамчунин ба Мадина ҳиҷрат кардааст. Дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, ва байъати Ризвон ва дигар мавзеъҳо ҳамроҳи Паёмбари Худо (с) ҳузур дошт ва «Қавию Амин» номида мешуд.

Яке аз ҳофизон ва ровиёни ҳадиси шарифи Набавӣ (с) буда ва аз ҷомеъони Қуръони азим ба шумор меравад[202].

Абубакри Сиддиқ (р) хост ӯро халифаи оянда таъин кунад ва дар рӯзи Сақифа ба он ишора намуд. Баъд аз он ӯро нозири амвол таъин кард ва ба Шом фиристод. Чун ба хилофати Форуқ (р) байъат карда шуд, ӯро сарлашкари қушунҳое, ки ба Шом ҳамла мекарданд, таъин намуд. Ӯ тамоми сарзамини Шомро фатҳ кард ва аз ҷониби Шарқ ба дарёи Фурот ва аз тарафи Шимол ба Осиёи хурд расид. Аз ҷиҳати меҳрубонию хоксорияш дилҳои мардум ба ҷониби ӯ моил шуда буданд.

Модараш: Умайма бинти Ғанм, аз бани Ҳорис ибни Фиҳр. Яке аз инъомҳои Худованди азза ва ҷалла бар Умайма ин буд, ки то зуҳури Ислом умр дид ва дилаш барои дохил шудан дар Ислом кушода шуд.

Писаронаш: Абуубайда (р) ду фарзанд дошт: Язид ва Умайр, ки модари онҳо Ҳинд бинти Ҷобир ибни Ваҳб мебошад. Фарзандони Абуубайда (р) дар ҷавонӣ аз дунё гузаштанд ва аз ӯ касе боқӣ намонд. Нақши ангуштаринаш чунин буд: «Ал-хумсу лиллоҳ» (панҷяк аз они Худо аст).

Абуубайда (р) дар замони ҷоҳилият дар миёни қавму қабилаи худ соҳиби обрӯю ҳайбат буд ва барои онҳо мушовир ба ҳисоб мерафт ва бо заковату доноӣ шӯҳрат дошт.

Худованди азза ва ҷалла ба Абуубайда (р) ҳам дар илм ва ҳам дар ҷисм бахшишҳои зиёд кардааст, аз қабили хубрӯию хушрӯи ва ҳаё. Абдуллоҳ бини Умар (р) мегуфт:

— Се нафар аз қабилаи Қурайш хубрӯйтарин, хушахлоқтарин ва боҳаётарин мурдуманд. Чун бо ту сухан бигӯянд, дурӯғ нахоҳанд гуфт ва агар бо онҳо сухан бигӯӣ туро дурӯғгӯ намедонанд ва онҳо Абубакри Сиддиқ (р), Усмон ибни Аффон (р) ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) мебошанд.

Исломи Абуубайда (р)

Баъди равшан шудани нури Ислом гурӯҳе аз аввалинҳо шуда ба сӯйи нури мубини илоҳӣ шитофтанд ва даъватро пазируфтанд ва қабул намуданд ва бо он нуронӣ гаштанд.

Абубакри Сиддиқ (р) аз ҷумлаи ҳамин аввалинҳо буд, ки ба Ислому кӯмаки содиқонаи худ ба Расули акрам (с) иктифо накарда, балки мардумро пинҳонӣ ва бо ҳикмату сабурӣ ба Ислом даъват мекард ва бо мардум оҳиста-оҳиста дар бораи Ислом ҳарф мезад, то ба ҳақиқат ва хубии он яқин ҳосил мекарданд, пас онро ихтиёр карда, мутеъона ба он дохил мешуданд.

Сиддиқ (р) дар Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) зиндадилӣ ва покии фитратро дарку эҳсос намуда, дар бораи Ислом бо ӯ сухан гуфт. Худованд он чунон синаашро зуд кушода кард ва пардаи шакку шубҳа аз андешааш дур шуд, ки даъвати Сиддиқ (р)-ро қабул кард. Абуубайда ҳамроҳи гурӯҳе аз бузургони араб, ки дар байни онҳо: Усмон ибни Маъзун, Убайда ибни Ҳорис ибни Мутталиб, Абдурраҳмон ибни Афв ва Абусалама ибни Абдуласад буданд, ба назди Паёмбар (с) рафтанд. Он Ҳазрат (с) Исломро ба онҳо арза намуд ва аз қавонини он огоҳашон кард ва дӯстиашонро ба он барангехт. Пас онҳо ҳама дар як вақт мусалмон шуданд ва ин воқеъа дар Маҳди (гаҳвора) даъват ба амал омад пеш аз оне ки Паёмбари Худо (с) хонаи Арқамро ҳамчун макони даъвату таблиғаш ихтиёр намоянд.

Абуубайда (р) аз пойдеворҳои аввалине буд, ки қасри бузурги дини Ислом дар болои он барпо карда шуд[203].

Ҳиҷрати Абуубайда (р)

Абуубайда (р) Ислом овард, монанди Исломи тавонмандони дурустрафтори соҳибақле, ки ҷаҳолату фиреб ва тарсу ваҳм ба имони онҳо рахнае ворид карда натавонист. Ҳиҷрат карданро, ки амри Худованди таъоло буд, қабул кард ва бо камоли имону яқин пазируфт. Ва дар ин роҳ тамоми он мушкилоте, ки саҳобагони гиромии Паёмбар (с) дар оғози интишори Ислом таҳаммул карда буданд, паси сар намуд, аз қабили ранҷу таъқиб ва азобу фишороварӣ. Дар тамоми ин озмоишҳо собитқадам буд. Худо ва Паёмбараш (с)-ро дар тамоми ҳолатҳо фармонбардорӣ мекард. Ӯ аз аввалинҳо шуда ба мулки Ҳабаша ҳиҷрат намуд.

Аммо Абуубайда (р) иқоматашро дар замини Ҳабаша дароз накарда ва ба Макка баргашт. Сипас ба Мадина ҳиҷрат кард. Бинобар ин аз зумраи саҳобагоне гашт, ки ду бор ҳиҷрат карда буданд ва Худованд онҳоро дар Қуръони карим зикр карда ва савобу мартабаи бузургеро ба онҳо бахшид. Парвардигор дар бораи онҳо фармуд:

فَالَّذِينَ هَاجَرُواْ وَأُخْرِجُواْ مِن دِيَارِهِمْ وَأُوذُواْ فِي سَبِيلِي وَقَاتَلُواْ وَقُتِلُواْ لأُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَلأُدْخِلَنَّهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ ثَوَابًا مِّن عِندِ اللّهِ وَاللّهُ عِندَهُ حُسْنُ الثَّوَابِ

Сухани Худо:

«Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин подошест аз ҷониби Худо ва подоши некӯ назди Худост».[204]

Паёмбари Худо (с) барои Абуубайдаи муҳоҷир аз байни ансориҳо Саъд ибни Муъоз — пешвои қабилаи Авсро бародархон ихтиёр кард.

Амини уммат

Ба ростӣ Абуубайда (р) мавзеъи эътимод ва муҳаббати Паёмбари Худо (с) буд, ки дар бораи ӯ мегуфт:

«Накӯ мардест Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р)».

Ва ҳамчунин мегуфт:

«Агар ман хоҳам дар рафтору гуфтори тамоми саҳобагони худ норасоӣ меёбам, ба ҷуз Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р)».[205]

Чун аз уммулмӯъминин Оиша (р) пурсиданд, ки Паёмбари Худо (с) кадом саҳобагонро бештар дӯст медошт?

Ӯ дар ҷавоб фармуд:

— Абубакр, баъд аз он Умар, баъд аз он Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р).

Пас ба ӯ гуфтанд:

— Баъд аз он кӣ?

Пас ӯ сукут кард.[206]

Боре Абусаълаба ба назди Паёмбари Худо (с) омада, ба ӯ гуфт:

— Маро ба назди марди хубе барои таълим гирифтан бифирист. Пас ӯро ба назди Абуубайда (р) фиристод ва ба Абусаълаба гуфт:

«- Туро ба назди марде фиристодам, ки ҳам таълими хуб медиҳад ва ҳам одобатро некӯ мегардонад».

Ҳангоме ки як гурӯҳ мардум аз Наҷрон ба назди Паёмбари Худо (с) омаданд, аз вай хостанд, ки ҳамроҳи онҳо марди амонатдореро фиристад, то ба онҳо аҳкоми дини Исломро таълим диҳад ва дар байнашон ҳукм кунад. Онҳо гуфтанд:

— Мардеро аз саҳобагони худ, ки бароямон сазовор медонӣ, ҳамроҳи мо бифирист, то дар он чизҳое, ки мо ихтилоф дорем ҳукми дуруст намояд.

Пас Паёмбари Худо (с) фармуд:

«Албатта, ҳамроҳи шумо марди тавоною аминеро мефиристам».

Саҳобагони Паёмбари Худо (с) чун аз ин хабар огоҳӣ пайдо намуданд, ҳар кадоме аз онҳо мехост, ки дорои чунин сифатҳо бошад ва ба ин башорат ноил гардад. Аммо Паёмбари Худо (с) ба Абуубайда (р) нигариста гуфт:

«Эй Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) бархез!».

Чун бархост, Паёмбари Худо (с) фармуд:

«Ин шахс амини ин уммат аст. Бидонед, ки ҳар уммат амине дорад ва амини ин уммат Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) мебошад».

Баъд аз он Паёмбари Худо (с) ба Абуубайда (р) гуфт:

«Ҳамроҳи онҳо бирав ва дар он ихтилофҳое, ки дар байнашон мавҷуд аст, барҳақ ҳукм бикун».

Ҳамин тариқ Паёмбари Худо (с) ба Абуубайда (р) хилъати фохирае аз ситоишу некӯӣ пӯшонид, ки ҳаргиз кӯҳна намешавад. Пас аз ин дар байни саҳобагони Паёмбари Худо (с) ӯро Қавии амин мегуфтанд. [207]

Вохӯрии мушкил

Паёмбари Худо (с) саҳобаҳои мӯъмину яктопарасташро барои интиқом гирифтан аз кофирону мушриконе, ки онҳоро ба ғайри ҳақ аз диёру манзилашон хориҷ карда буданд, хуб омода мекард.

Байни гурӯҳҳои имон ва гурӯҳҳои шайтон ҷанг оғоз шуд. Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р), ки номашро дар рӯйхати мусалмонони беҳтарин сабт карда буд, ҳамчунин дар рӯйхати муҷоҳидони содиқу ғолиб навишт. Абуубайда (р) ба иштирок кардан дар ҷангҳо ҳамроҳи Паёмбари Худо (с) бисёр ҳорис шуд. Ғазваи Бадр аз аввалин чунин ҷангҳо буд. Абуубайда (р) дар ин ҷанг падарашро дар сафҳои мушрикон дида, аз рӯ ба рӯ шудан бо ӯ парҳез мекард ва аз Худованди азза ва ҷалла мехост, ки касе аз мусалмонон ӯро аз падараш халос созад.

Аммо падари мушрику кофир бошад ба писараш ҳамла мекард ва Абуубайда (р) барои риояти ҳаққи падарӣ аз ӯ дур мешуд. Чун падараш аз ҳад зиёд қасди ӯ кард ва хост ӯро бо шамшер бизанад, дар назди Абуубайда (р) чорае ҷуз ин набуд, ки ҳурмати падарашро дар дилаш инкор кунад ва танҳо Парвардигори бузургашро ёд намояд.

Пас ба ҷониби падараш рӯй оварда, ба хотири аз байн бурдани рӯҳи ботилу саркашаш, ӯро бикушт. Абуубайда (р) падарашро накушт, балки ширкро дар шахсияти падараш қатл кард. Дар ҳаққи Абуубайда (р) оятҳои каримае нозил шуд, ки мадҳу ситоиши ӯро мекунанд:

لَا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءهُمْ أَوْ أَبْنَاءهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ أُوْلَئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٍ مِّنْهُ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ أُوْلَئِكَ حِزْبُ اللَّهِ أَلَا إِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ ﴿۲۲﴾

Сухани Худо:

«Намеёбӣ мардумеро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошанд ва бо касоне, ки бо Худо ва паёмбараш мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд (зеро вақте ки инсон як нафарро дӯст дорад имкон надорад, ки душманони ӯро низ дӯст гирад), ҳарчанд он мухолифон падарон ё фарзандон ё бародарон ва ё аз қабилаи онҳо бошанд. Худо бар дилашон рақами имон зада ва ба рӯҳе аз худ ёриашон кардааст ва онҳоро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад. Дар он ҷо ҷовидона бошад. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Инҳо ҳизби Худоянд, огоҳ бош, ки ҳизби Худо, ҳароина, растагоронанд (наҷотёфтагонанд)».[208]

Ғазваи Уҳуд

Сол сипарӣ гашт ва мусалмонон бо мушрикон дар ҷанги Уҳуд рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин ҷанг тирандозон фармони Паёмбар (с)-ро ба ҷо наоварданд, ки дар натиҷа лашкари мусалмонон музтариб шуда, рӯ ба гурез оварданд. Вақте ки мардум ба қафо мегурехтанд, Абуубайда (р) ҳамроҳи Паёмбар (с) биистод ва дар он рӯз мусулмонон ба бузургтарин бало мубтало шуданд. Мушрикон ба ҷониби Паёмбар (с) тир андохтанд ва ӯ дар чуқурие афтод ва рӯйи муборакаш ҷароҳат гирифт, дандонаш шикаст ва ду ҳалқаи кулоҳи ҷангиаш дар рухсорааш даромад.

Абубакри Сиддиқ (р) ба сӯйи Паёмбар (с) мешитофт ва Абуубайда (р)-ро дид, ки давон-давон аз тарафи Машриқ меояд ва дар назди Паёмбари Худо (с) ӯро дарёб кард. Ӯ ба Абубакр (р) гуфт:

«Эй Абубакр, аз барои Худо, маро бигзор, то ҳалқаҳои тоскулоҳро аз рухсори Паёмбар (с) бикашам». Ва ин хоҳиши худро ҳамчунон такрор мекард, то ки Абубакр (р) ӯро иҷоза дод. Абуубайда (р) нахост, ки он ҳалқаҳоро бо дасташ бигирад ва ба Паёмбари Худо (с) озоре бирасонад. Бинобар ин аз нӯги он ҳалқаҳо бо даҳонаш сахт газида, оҳиста-оҳиста онҳоро берун мекашид. Чун ҳалқаи аввалро баровард, ҳамроҳи он як дандони пешаш афтод. Сиддиқ (р) хост, ки ба мисли Абуубайда (р) ҳалқаи дуюмро берун кашад, аммо Абуубайда (р) пешдастӣ кард ва ба ӯ гуфт:

— Ман қасам ёд кардам, ки аз баҳри Худо маро бигзорӣ!

Пас Абуубайда (р) ҳалқаи дуюмро монанди дафъаи аввал кашида гирифт ва ҳамроҳи он ҳалқа дандони дигари пешаш афтод ва пеши даҳонаш бе дандон монд. Ин чиз барои дигарон айб маълум мешавад, аммо барои Ӯ (с) зебоӣ буд. Чунки аз афтодани ду дандони пеш лабу даҳонаш зебо шуд. Ҳатто дар ин маврид гуфта мешуд:

«Аз тарзе, ки Абуубайда (р) истифода карда ду дандони пешӣ Расули Худо (с)-ро канд, тарзи дандонкании хубтаре дида нашудааст».[209]

Ба ҷониби Зулқисса

Бани Муҳорибу Саълаба якҷоя шуда, чорпоёни аҳли Мадина, ки дар заминҳои Ҳайфо (мавзеъест, ки аз Мадина 4 мил дур аст) мечариданд, ғорат карданд. Баъди адои намози шом Паёмбар (с) Абуубайда (р)-ро бо чил марди мусалмон ба назди онҳо фиристод. Онҳо пиёда равон шуда, ҳангоми субҳ ба Зулқисса (мавзеъест, ки аз Мадина 24 мил дур аст) расиданд ва ба мушрикон ҳамла карданд. Мушрикон аз онҳо гурехта ба кӯҳҳо паноҳ буданд. Абуубайда (р) тавонист, ки он ҳайвонтро баргардонад ва мардеро аз онҳо асир гирифта, ба назди Паёмбар (с) ба Мадина биояд.

Ин ҳодиса дар соли 6-уми ҳиҷрат рух дода буд.[210]

Моҳии бузург

Баъд аз он Паёмбари Худо (с) Абуубайда (р)-ро ба зиёда аз 300 мард амир таъйин намуда, ба тарафи соҳил фиристод, то корвони қурайшиёнро назорат кунанд. Онҳо ба роҳ баромаданд, чун ба нисфи роҳ расиданд, хӯрокашон тамом шуд. Пас ҳар касе чизе аз хӯрокӣ дошт, ҳозир кард. Як халта хурмо дар назди Абуубайда (р) ҷамъ шуд. Пас ҳар рӯз ба онҳо як қабзагӣ хурмо медод. Вақте дид, ки хурмо кам мондааст ва ба онҳо аз яктогӣ зиёд намерасад, онро яктогӣ тақсим мекард.

Онҳо дар байни худ мегуфтанд:

— Як хурмо чӣ мешавад?

Пас он як дона хурморо мемакиданд, ҳамчуноне, ки кӯдак синаи модарашро мемакад. Сипас аз болояш об менӯшиданд ва он рӯзашонро, то шаб басанда буд. Чун хурмо тамом шуд, онҳо аз гуруснагӣ барги дарахтонро мехӯрданд.

Абуубайда (р) ва ҳамроҳонаш ба гуруснагию маҳрумиятҳо аҳамият надода, ба пеш мерафтанд ва ба ҷуз иҷро кардани супорише, ки Паёмбар (с) ба ӯҳдаи онҳо ниҳода буд, чизе дигаре намехостанд. Чун ба соҳили баҳр расиданд, ба назарашон як чизи ғафсу калон намудор шуд. Чун наздик омаданд, диданд, ки он моҳӣ аст ва он моҳиро «Анбар» меноманд. Баҳр он моҳиро барои онҳо берун андохтааст.

Абуубайда (р) бо дудилагӣ гуфт:

— Ин худмурдааст… нахӯред!!

Баъд аз он гуфт:

— Ин лашкари Паёмбар (с) аст ва дар роҳи Худо мераванд ва мо чораи дигаре надорем. Пас бихӯред.

Аз он моҳии бузург, то бист рӯз хӯрданд. Он моҳӣ он қадар бузургҷусса буд, ки 13 мард дар ҷойи чашмаш нишастанд. Абуубайда (р) фармуд, то ду устухони қабурғаи он моҳиро дар замин насб карданд. Баъд аз он савора аз зери он гузашт ва ба онҳо нарасид.

Онҳо чанд муддат он ҷо боқӣ монданд. Чун ба ягон найрангу макр рӯ ба рӯ нашуданд, ба Мадина баргаштанд. Паёмбар (с) ба онҳо гуфт:

— Чӣ шуморо боздошт?

Абуубайда (р) гуфт:

— Мо корвони Қурайшро меҷӯстем… Баъд аз он қиссаи он моҳиро ба Паёмбар (с) ҳикоят кард.

Паёмбар (с) фармуданд:

«Ба таҳқиқ вай рӯзии шумо буд, ки Худованд ба шумо арзонӣ фармуд. Оё аз гӯшти он бо худ доред»?

Гуфтанд:

— Бале.

Пас аз гӯшти он моҳӣ фиристоданд ва Паёмбар (с) аз он хӯрданд[211].

Фурӯтанӣ ва хоксории Абуубайда (р)

Абуубайда (р) ҳаёташро бо дасти худ зинату ороиш бахшид ва бо мубориза ва паҳлавонии худ бузургиро ба даст оварда, ба мартабаҳои назаррасу олӣ расид. Дар баробари ин дорои ахлоқи хоксорона буд ва худро бо сифатҳои нармрафторию парҳезкорӣ оро дода, аз фахру ҳавобаландӣ парҳез мекард ва худро марде медонист, ки ҳадафаш ҳамарӯза ба аҷру подоши Худованд ноил шудан буд ва агарчанде мардум дар дунё ёде аз ӯ накунанд.

Дар ҷанги Зоту-с-салосил, ки он мавзеъест дар баландиҳои Шом Паёмбар (с) Амр ибни Ос (р)-ро амир таъйин намуда, фиристод. Чун Амр (р) ва ҳамроҳонаш ба он ҷо расиданд, аз бисёрии душман хавф бурда, шахсеро барои кӯмак хостан ба назди Паёмбар (с) фиристод. Он ҳазрат (с) гурӯҳе аз муҳоҷирони аввалинро, ки дар миёни онҳо Абубакри Сиддиқ (р) ва Умар ибни Хаттоб (р) низ буданд, ба кӯмаки онҳо фиристод ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р)-ро бар онҳо амир таъин намуд.

Чун ба назди Амр (р) расиданд, вай гуфт:

— Ман амири шумо ҳастам ва ман аз Паёмбар (с) хостам, ки шуморо ба ёрии ман фиристад.

Муҳоҷирон гуфтанд:

— Не, балки ту амири ҳамроҳони худ ҳастӣ ва Абуубайда (р) амири муҳоҷирон аст.

Чун Абуубайда (р) ин ҳолатро мушоҳида кард, хост, ки ин мушкилиро осон намояд, пас бо камоли фурӯтанию хоксорӣ фармуд:

— Эй Амр, оё медонӣ, ки Паёмбар (с) дар охирин аҳде бо ман карда буд, чунин фармуд:

«Чун ба назди дӯстонат расидӣ, фармонбардории якдигар бикунед ва мухолифат наварзед».

Амр гуфт:

— Ман амири ту ҳастам ва ту ёрикунандаи ман. Пас Абуубайда (р) ба хотири пайравӣ ва итоъат намудан ба сухани Паёмбар (с) амириро ба ӯ бахшид. Пас Амр ибни Ос (р) ба пеш гузашта, бо мардум намоз гузошт.

Вақте ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид, фармуд:

«Худованд Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р)-ро биомурзад» .[212]

Ҳангоме ки Абуубайда (р) Димишқро муҳосира карда буд, ёварҳо омада, дар фатҳи шаҳр ба ӯ кӯмаку дастгирӣ мекарданд ва сардори ин гурӯҳ Холид ибни Валид (р) буд. Абуубайда (р) ӯро хуш пазироӣ карда мақому манзалаташро бузург дошт. Ӯ дар Холид (р) бузургию далериро мушоҳида мекард. Чун вақти намоз омад, ба ӯ гуфт ки пеш гузашта намози мардумро бихон, ки ту барои имомат ҳақдортар ҳастӣ, зеро ту ба кӯмаки ман омадаӣ.

Аммо Холид, ки бузургӣ ва мақому манзалати Абуубайда (р)-ро медонист, ба ӯ гуфт:

— Ман пеш намегузарам аз марде, ки Паёмбар (с) дар бораи ӯ фармудааст:

«Ҳар уммат амине дорад ва амини ин уммат Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) аст».

Абуубайда (р) дар байни лашкариёнаш гашта. ба онҳо мегуфт:

«Эй мардум, ман марде аз Қурайшам. Ҳар касе аз шумо хоҳ сиёҳпӯст бошад ё сурхпӯст, озод бошад ё банда, аҷам бошад ё араб, агар дар парҳезгорӣ аз ман пешдастӣ кунад, ҳароина дӯст дорам, ки хидматашро ба ҷо орам. Эй мардум, агарчи ман амири шумоям, аммо бе машварати шумо кор намекунам. Шумо метавонед ҳар рӯз фикри худро ба ман пешниҳод намоед. Ба ростӣ, ман ба машварати шумо эҳтиёҷ дорам». [213]

Дар саройи бани Соъида

Вақте ки Паёмбар (с) аз дунё реҳлат намуданд, ансориҳо ва муҳоҷирон дар саройи бани Соъида барои интихоб кардани халифаи Паёмбари Худо (с) ҷамъ омаданд.

Абубакри Сиддиқ (р) бархосту гуфт:

— Ман розиям, ки яке аз ин ду мардро халифа интихоб намоед: Умар ибни Хаттоб ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р). Ба кадоме, ки мехоҳед, байъат кунед.

Форуқ (р) пешдастӣ карда гуфт: Биё, эй Абуубайда (р), ман бо ту байъат намоям.

Сиддиқ (р) ба Абуубайда (р) гуфт:

— Биё, мо бо ту байъат намоем, ки Паёмбар (с) фармудаанд:

«Ҳароина ту амини ин уммат ҳастӣ».

Аммо Абуубайда (р) бо камоли адабу фурӯтанӣ ба саҳобагон аз фазилату бузургӣ ва пешдастии Сиддиқ (р) дар Ислом ёдрас шуда, гуфт:

— Ман ҳаргиз пешдастӣ карданӣ нестам ба марде, ки Паёмбар (с) ба ӯ фармуд, то дар намоз имоми мо бошад ва то баромадани ҷони Паёмбар (с) имоми мо буд.

Пас Умари Форуқ (р) фармуд:

— Ман дӯсттар дорам, ки гарданам зада шавад, аз ин ки амирӣ кунам бар қавме, ки дар миёни онҳо Абубакр (р) бошад.

Эй Абубакр (р), дастатро бидеҳ, Абубакр (р) дасташро дароз намуд ва Умару Абуубайда (р) бо ӯ байъат карданд ва муҳоҷирону ансориён низ бо ӯ байъат карданд.[214]

Нармрафтору навозишкор

Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) баъди вафоти Паёмбар (с) хислати аминию қавигии худро дар суҳбати халифаи ӯ Абубакри Сиддиқ (р) идома бахшид. Ӯ дунёро паси сар гузошта, масъулиятро дар қуввату амонате ба ӯҳда дошт, ки агар тамоми аҳли замин аз он бигиранд, барояшон басанда буд.

Тоифаҳо аз сарзаминҳои араб ва аз тамоми гӯшаву канор ба назди халифаи мусалмонон омада, талаб мекарданд, ки мардеро барояшон роҳбар таъйин кунад.

Сиддиқ (р) ба онҳо мегуфт:

— Кадом шахсеро, ки мехоҳанд, интихоб намоянд. Онҳо гуфтанд: эй халифаи Паёмбар (с), шумо барои мо якеро ихтиёр кунед.

Ӯ фармуд:

— Бар шумо лозим бод итоъати марди нармрафтору навозишкор, ки чун ба ӯ зулм карда шавад, зулм намекунанд ва чун ба ӯ бадӣ карда шавад, бубахшад ва чун аз ӯ дурӣ ҷӯянд, ӯ наздикӣ намояд. Бар мӯъминон меҳрубон асту бар кофирон сахтгир. Ин мард Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) аст[215].

Рӯзе Сиддиқ (р) Абуубайда (р)-ро барои як коре, ки оқибати хатарнок дошт, ба назди Алӣ ибни Абутолиб (р) фиристод. Пас аввалин сухане, ки Абубакри Сиддиқ ба Абуубайда (р) гуфт, чунин аст:

«Эй Абуубайда (р), ту бисёр амину некӯкор ҳастӣ ва бисёр вақт Худованд дини Исломро ба дасти ту ғолибу пирӯз гардонд ва дар назди Паёмбар (с) соҳиби иззату обрӯи зиёд будӣ, ки дар бораи ту фармуда буд»:

«Ҳар уммат амине дорад ва амини ин уммат Абубайда (р) аст». Ва ҳамеша барои дин пушту паноҳ ва барои мӯъминон умедгоҳ ва барои хонаводаат пуштибон ва барои бародаронат кӯмаккунанда будӣ. Хостам туро барои коре фиристам, ки он хатари хавфнок дорад ва ислоҳи он бузургтарин некӯкорист. Ва агар ҷароҳати он бо нармию меҳрубонии ту ба ҳам наояд ва агар бадии он бо мулоимати ту дур карда нашавад, бадбахтию ноумедие ба вуҷуд хоҳад омад. Ва баъд аз ин ба корҳои талхтару мушкилтар аз ин эҳтиёҷ меафтад. Ва аз Худованд мехоҳам, ки низоми ин корро ба дасти ту сомон бахшад. Эй Абуубайда (р) барои анҷоми ин кор бирав ва дар ин роҳ меҳрубонӣ бинамо ва ба хотири ризои Худои азза ва ҷалла ва Паёмбари Ӯ (с) ва ин гурӯҳ насиҳат бикун.

Иншоаллоҳ, Худованд ҳомию носир ва раҳнамои туст».[216]

Дар Ярмук

Чун Сиддиқ (р) аз ҷанги аҳли Ридат ва ҷанги Мусайламаи Каззоб фориғ шуд, сарлашкаронро барои фатҳи сарзамини Шом омода кард ва Абуубайда (р)-ро барои яке аз чаҳор лашкаре, ки аз тарафи Шом рӯ оварда буданд, амир таъин кард ва ба забти Ҳимс амр намуд ва ба роҳ баромада, пиёда ҳамроҳи ӯ мерафт ва ба ӯ васият мекард.

Чун лашкарҳои Ислом ба ҷониби Шом ҳамла оварданд, ин Румро ба ташвиш овард ва аҳли Рум сахт тарсиданд ва ба Ҳиракл (Геракл) нома навишта, ӯро аз чигунагии аҳвол огоҳ карданд. Ҳиракл барои пароканда сохтани лашкари мусалмонон сарлашкарон ва ҷанговарони худро фиристод, то ин ки онҳо лашкарҳои мусалмононро машғул дошта ва нагузоранд, ки ба ҳамдигар кӯмак намоянд, то ҳар гурӯҳ дар алоҳидагӣ дар баробари румиҳо заъифу нотавон гардад.

Аммо лашкарҳои Исломӣ ин имкониятро аз румиҳо рабуда, дар мавзеъе бо номи «Ярмук» таҳти роҳбарии шамшери Худо — Холид ибни Валид ҷамъ омаданд. Холид (р) пешниҳод кард, ки Абуубайда (р) аз қалби лашкар баромада дар паси тамоми лашкар биистад. Ҳар вақте ки мусалмонон гурехтан хоҳанд, ӯро дида аз ӯ шармида ба ҷанг баргарданд. Абуубайда (р) роҳбарии қалбро ба Саъид ибни Зайд дода, ба қафо рафт.

Чун ду лашкар бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд, Абуубайда (р) истода шуд ва мусалмононро насиҳат карда мегуфт:

— Эй бандагони Худо! Худоро нусрат намоед, то Ӯ низ ба шумо ёрӣ намуда собитқадам созад. Эй ҷамоъати мусалмонон, сабур бошед. Ба таҳқиқ сабр наҷотдиҳанда аз куфр аст ва сабаби ризояти Парвардигор аст ва дуркунандаи беобрӯист. Дар майдони ҷанг собитқадам бошед ва ҷангро шумо оғоз накунед. Найзаҳоро рост карда, худро бо сипар муҳофизат кунед ва хомӯширо пеша карда ба ҷуз ёди Худованд чизе нагӯед».

Як марде, ки қасди шаҳодат карда буд, ба назди Абуубайда (р) омада гуфт: Ман ба кори худ омода ҳастам (яъне, мехоҳам шаҳид шавам)! Оё ба Паёмбари Худо (с) ҳоҷате дорӣ?

Абуубайда (р) гуфт:

— Оре, аз ҷониби ман ба Ӯ салом бирасон ва бигӯ: эй Паёмбар (с) ба ростӣ, мо он чизе, ки Парвардигорамон ба мо ваъда карда буд, дидем.

Пас он мард пеш рафта бо кофирон ҷангид ва шаҳид шуд ва аввалин мусалмоне буд, ки дар ин рӯзи ҷанг кушта шуд. Дар айни ҷӯшу хӯруши ҷанг аз Мадина нома омад ва онро ба Холид ибни Валид доданд. Дар он аз марги Сиддиқ (р) ва халифа шудани Умари Форуқ (р) хабар дода мешуд. Инчунин Умар (р) мехост, ки шуҷоъати Холид ва амонати Абуубайда (р) муттаҳид карда шавад. Бинобар ин ба Холид фармуда буд, ки амириро ба Абуубайда (р) супорад ва Абуубайда (р) Холидро мушовир бигирад.

Холид (р) мактубро гирифта мӯҳтавояшро пинҳон дошт, то ин ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу хатарноки ҷанг дар лашкари мусалмонон сустию заъифӣ пайдо нашавад.

Чун Худованди азза ва ҷалла дар ҷанги Ярмук ба мусалмонон пирӯзӣ бахшид ва онҳоро бар румиён ғолиб гардонид, Холид воқеъиятро ба мусалмонон ошкор кард ва аз марги Абубакри Сиддиқ (р) хабардор намуд. Сарвариро ба Абуубайда (р) таслим намуда, гуфт:

— «Амини ин уммат амири шумо таъин карда шуд».

Абуубайда (р) бо камоли фурӯтанӣ гуфт:

— Паёмбари Худо (с)-ро шунидам, ки мегуфт:

«Холид шамшере аз шамшерҳои Худованд аст ва беҳтарин ҷавонмарди қавӣ аст».

Сипас ба ӯ гуфт:

«-Ман подшоҳии дунёро намехоҳам ва бар дунё коре намекунам ва ҳар он чизе ки мебинам, зуд аст, ки ба поён мерасад ва аз байн меравад ва ҷуз ин нест, ки мо бародаронем ва ба амри Худо қоим ҳастем. Ва бар мард зарар намекунад, ки бародари динию дунявиаш ба ӯ роҳбарӣ кунад…»[217].

Амири амирон

Дар сарзамини Шом амирӣ ба ӯҳдаи Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) гузошта шуд ва аввалин шахсе буд, ки дар Шом «амири амирон» номида шуд. Пас ба ҷамъ кардани ғаниматҳо шурӯъ кард. Панҷяки онро гирифта ба Мадина ба назди амиралмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) фиристод.

Абуубайда (р) дар шаҳрҳои Шом лашкари мусалмонҳоро аз як пирӯзӣ ба пирӯзии дигар мерасонд, то ин ки Худованди азза ва ҷалла тамоми сарзамини Шомро бо дасти ӯ фатҳ намуд. Аз ҷониби Шарқ то ба дарёи Фурот расид ва аз ҷониби Шимол ба Осиёи Хурд. Аҳли Рум ба Абуубайда (р) нома ирсол намуда гуфтанд:

— Мо мехоҳем ки мардеро ба назди ту фиристем, то ба шумо пешниҳоди сулҳ карда ва туро ба инсоф даъват намояд. Пас агар қабул кардӣ, ин ҳам барои ту ва ҳам барои мо хуб аст ва агар саркашӣ намудӣ, албатта, барои ту бад аст.

Пас марди дарозқаду сурхмӯй ва кабудчашмеро фиристоданд. Чун вай омада ба мусалмонон наздик шуд, Абуубайда (р)-ро аз миёни мардум шинохта натавонист ва надонист, ки оё ӯ дар миёни онҳо ҳаст ё не!

Пас гуфт:

— Эй ҷамоъати араб, амиратон куҷост?

Ба ӯ гуфтанд:

— Вай ана ҳамин мард аст.

Чун ба Абуубайда (р) нигарист дид, ки вай дар рӯй замин нишаста аспашро медорад ва ҷавшан бар тан дораду дар дасташ якчанд тирест, ки онҳоро меҷунбонад?

Дар ҳайрат монда ва ӯ пурсид:

— Оё ту амири инҳо ҳастӣ?

Абуубайда (р) гуфт:

— Оре.

Ӯ гуфт:

— Чаро дар замин менишинӣ?! Агар дар болои курсӣ ё гилеме менишастӣ, хуб намешуд?!

Абуубайда (р) ба ӯ гуфт:

— Ман ба ҷуз шамшеру силоҳ ва аспам чизе дар ихтиёри худ надорам ва агар гилему курсӣ ҳам медоштам, дар болои он наменишастам ва бародари мусалмони худро, ки шояд қадру манзалаташ дар назди Худои азза ва ҷалла аз ман баландтар бошад, ба замин намешинондам. Мо бандагони Худоем. Дар болои замин роҳ мегардем, менишинем, мехӯрем ва хоб мекунем ва ин чиз маро дар назди Худованд беқадр намекунад, балки подошам бузургтар шуда, мартабаам баландтар бардошта мешавад. Пас ҳоҷататро пешниҳод бикун.

Чун байни амири амирон Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) ва яке аз сарлашкарони румӣ сулҳ барқарор гардид, онҳо назди ӯ таъоми лазизе оварда, гуфтанд:

— Ин таъом барои амир аст!

Абуубайда гуфт:

— Оё ба лашкариён низ чунин таъоме додаед?

Гуфтанд:

— Не, мо ба ин кор қодир нестем.

Абуубайда (р) гуфт:

— Пас мо ба таъомҳои гуногуне, ки танҳо барои мо пухта мешавад, эҳтиёҷе надорем. Абуубайда (р) бадтарин мард мебуд, агар худро дар чизе аз сипоҳиёнаш боло медонист. Ӯ лашкареро аз кишварашон ҳамроҳӣ кард, ки дар назди ӯ хуни худро резонидаанд… Қасам ба Худо, намехӯрам, магар он чизеро, ки онҳо мехӯранд.[218]

Бародарам куҷост?

Дар вақти фатҳ кардани сарзамини Шом ба Умари Форуқ (р) хабар доданд, ки румиҳо Абуубайда (р) ва лашкарашро дар муҳосира гирифта, ба онҳо фишор меоранд ва ба онҳо машаққати зиёд расидааст.

Пас Умари Форуқ (р) ба ӯ номае навишт, ки дар он ӯро ба далерию шуҷоъатпешагӣ даъват мекард:

«Салом! Аммо баъд, албатта, ҳар мушкилию сахтие, ки бар сари бандаи мӯъмин меояд, ҳароина, Худованд барои он як кӯшоише ато мекунад ва албатта як мушкилӣ бар ду осонӣ ғолиб намеояд».

﴿ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اصْبِرُواْ وَصَابِرُواْ وَرَابِطُواْ وَاتَّقُواْ اللّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

Сухани Худо:

«Эй касоне, ки имон овардаед, бурдбор бошед ва дигаронро ба бурдборӣ фаро хонед ва дар ҷангҳо пойдорӣ кунед ва аз Худо битарсед, шояд, ки растагор шавед».[219]

Абуубайда (р) дар посухи он навишт:

«Салом. Аммо баъд, ба ростӣ, Худованди азза ва ҷалла дар китобаш мефармояд:

﴿اعْلَمُوا أَنَّمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَزِينَةٌ وَتَفَاخُرٌ بَيْنَكُمْ وَتَكَاثُرٌ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ كَمَثَلِ غَيْثٍ أَعْجَبَ الْكُفَّارَ نَبَاتُهُ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَاهُ مُصْفَرًّا ثُمَّ يَكُونُ حُطَامًا وَفِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَغْفِرَةٌ مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٌ وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَاعُ الْغُرُورِ ﴿۲٠﴾ سَابِقُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا كَعَرْضِ السَّمَاء وَالْأَرْضِ أُعِدَّتْ لِلَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ذَلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَاء وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ ﴿۲۱﴾

Сухани Худо:

«Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар амволу авлод монанди борон ба вақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (ҳайрон кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва насиби гурӯҳе омурзиши Худо ва хушнудии ӯ ва зиндагии дунё ҷуз матоъи фиребанда нест. Барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ба биҳиште, ки паҳнои он ҳамсони паҳнои осмонҳову замин аст, бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад арзонияш медорад, ки Худо соҳиби бахшоише бузург аст».[220]

Умари Форуқ (р) он номаро гирифта ба болои минбар баромада хонд. Баъд аз он фармуд:

— Эй аҳли Мадина, ба ҷиҳод рағбат намоед, чунки Абуубайда (р) инро пешниҳод мекунад.

Худи Умар ибни Хаттоб (р) барои кӯмаки Абуубайда (р) роҳи Шомро пеш гирифт. Форуқ (р) дар роҳ хабар ёфт, ки Худои азза ва ҷалла Абуубайда (р)-ро бар душманонаш пирӯз гардонд. Аммо дар Шом бемории тоъун сар задааст.

Чун Форуқ (р) ба минтақае бо номи Сарғ[221] расид, амирони қушунҳо ва бузургони он сарзамин ӯро пешвоз гирифтанд. Пас Умар (р) гуфт:

— Бародарам куҷост?

Абуубайда (р) савори шутураш ба назди ӯ омад. Умар (р) дасти ӯро фишурда салом кард. Баъд аз он ба мардум гуфт:

— Моро танҳо гузоред. Чун танҳо шуданд, ӯро ба оғӯш гирифт ва дасташро бӯсид ва ҳардуяшон гиря мекарданд.

Сипас Форуқ (р) ҳамроҳи Абуубайда (р) ба хонаи вай омаданд. Умар (р) дар он манзил ба ҷуз шамшер сипар ва найзаи ӯ чизе надид. Умар (р) гуфт:

— Чаро чизе намегирӣ?

Абуубайда (р) гуфт:

— Эй амиралмӯъминин, ҳароина, ин гуна корҳо гапро дар ҳаққи мо зиёд мекунад.

Баъд аз он Форуқ (р) ба ӯ гуфт:

— Оё хӯроке дорӣ?

Абуубайда (р) бархоста ба назди сабади хурде рафт ва аз даруни он нонрезаҳоро гирифт. Умар бигирист ва гуфт:

— Эй Абуубайда (р), ба ҷуз ту дунё ҳамаи моро дигаргун кард[222].

Шаҳиди тоъун

Ҳаёти Абуубайда (р) ба бузургӣ расид ва саҳифаҳои қаҳрамонӣ дар он сершумор шуд. Аммо поён ёфтани ҳаёт амрест ногузир. Ногоҳ тоъуни Амвос ба Шом ҳамла кард ва ҷони мардумро ба монанди дос медаравид. Хабар ба амиралмӯъминин расид. Ӯ аз парҳезкорӣ ва беаҳамиятии Абуубайда (р) дар чунин корҳо огоҳ буд. Пас хост ӯро ба Мадина оварда аз макони вабо дур кунад. Ба ӯ нома навишт:

«Ман ба ту коре дорам ва бе ҳузури ту онро анҷом дода наметавонам. Чун ин номаи ман ба ту расид, агар шаб бошад то субҳ наистода равон шав ва агар рӯз бошад, бегоҳ нашуда ба назди ман биё».

Чун Абуубайда (р) он номаро хонд, гуфт:

— Дар ҳақиқат ҳоҷати амиралмӯъмининро донистам, ҳароина, ӯ мехоҳад, ки шахси нопойдор зинда бимонад.

Баъд аз он ба ӯ чунин посух навишт:

«-Ман ҳамроҳи лашкаре аз лашкарҳои мусалмононам, худамро аз онҳо беҳтар намедонам. Ба таҳқиқ ман он ҳоҷате, ки ту пешниҳод кардӣ донистам ва ту мехоҳӣ, ки шахси нопойдор боқӣ бимонад. Ҳар вақте ин номаи ман ба ту бирасад, маро аз даъвати худ раҳо бикун ва иҷозати нишастан бидеҳ (яъне маро иҷоза деҳ то ин ҷо монам)».

Чун Умар (р) он номаро хонд бигирист ва об аз чашмонаш бирехт. Атрофиёнаш гумон, карданд, ки Абуубайда (р) аз дунё реҳлат намудааст. Пас гуфтанд:

— Эй амиралмӯъминин, оё Абуубайда вафот кардааст?

Гуфт:

— Не, аммо маргаш наздик аст.

Ба ростӣ он сарлашкари парҳезкор дар ҳаёти ин дунё дар байни лашкариёнаш монданро интихоб кард ва ҳамроҳи онҳо он ранҷу балоро бардошт мекард. Ба қазову қадари илоҳӣ розӣ буд ва ба шаҳид гаштан майл дошт. Чунки Паёмбар (с)-ро шунида буд, ки мегуфт:

«Ҳар кас дар бемории тоъун бимирад, шаҳид аст».

Баъд аз он ки Маъоз ибни Ҷабал (р) дар Шом ҷонишин таъин гашт, Абуубайда (р) ба ҷониби Байтулмуқаддас равон шуд. Ӯ мехост дар он ҷо намоз хонад. Дар роҳ дар замини Урдун аҷал ба ӯ даррасид ва дар наздикии Бийсон вафот кард ва умраш ба 85 расида буд. Ӯ дар замине вафот кард, ки онро худи ӯ аз бутпарастии форсҳо ва таъқиботи румиҳо пок намуда буд ва ҷисми покаш дар зери он қарор гирифт.

Баъд аз он ки Маъоз ибни Ҷабал (р) бар вай намози ҷаноза хонд, дар байни мардум истода, хитоб карда гуфт:

«Эй мусалмонон, дар ҳақиқат шумо бар мусибати бузурге гирифтор шудед. Қасам ба Худо, аз бандагони Худо ҳаргиз мардеро аз ӯ покдилтару поктинаттар ва сахт дӯстдорандаи мардум ва насиҳатгартар ба онҳо надидаам. Қасам ба Худо, ҳароина, вай аз беҳтарин ашхос дар рӯйи замин буд, пас барои ӯ раҳмату мағфират бихоҳед»[223].

Орзуи Умари Форуқ (р)

Умар ибни Хаттоб (р) рӯзе ба ҳамнишинонаш гуфт:

— Орзуҳоятонро бигӯед!

Яке аз онҳо гуфт:

— Меҳоҳам, ки ин хона пур аз тилло ва нуқра шавад ва ман онро дар роҳи ризои Худо сарф кунам.

Дигарӣ гуфт:

— Мехоҳам, ки хона пур аз лӯълӯъу забарҷаду ҷавоҳирот бошад ва ман онро дар роҳи Худо садақа кунам.

Пас Умар Форуқ (р) гуфт:

— Аммо ман мехоҳам, ки ин хона пур аз мардоне монанди Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) бошад, пас онҳоро дар итоъати Худованд роҳбар таъин кунам.

Баъд аз он Форуқ (р) ба Абуубайда 4000 дирҳам ва 400 динор фиристод ва ба шахси фиристодааш гуфт:

— Бингар то чӣ мекунад? Абуубайда (р) тамоми он пулҳоро ба фақирону бечорагон тақсим кард. Чун фиристодаи Умар (р) онҳоро аз ин воқеъа хабардор намуд. Умар (р) гуфт:

— Ман ба шумо гуфта будам!

Ситоиш Худовандеро, ки касонеро офарид, ки дар роҳи Ислом чунин корҳои бузургу наҷиберо мекунанд.

Форуқ (р) ҳамеша мегуфт:

— Агар аҷали ман фаро бирасад ва Абуубайда зинда бошад, ҳароина бе машварате ӯро халифа таъин мекунам. Агар Худованди азза ва ҷалла аз ман бипурсад, ки барои чӣ ӯро бар уммати Муҳаммад (с) халифа кардӣ?

Мегуфтам:

Паёмбаратро шунидам, ки мегуфт:

— Вай амини ин уммат аст[224].

  1. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/125-132).

  2. Имом Тирмизӣ (3679), «Ат-табақоту-л-кубро» (3/126).

  3. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (3/26).

  4. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (3/29), «Сирати набавия»-и ибни Ҳошим (1/288-289).

  5. Тафсири ибни Касир (2/250), «Усуду-л-ғобба» (3/310-311).

  6. Имом Тирмизӣ (3661), «Усуду-л-ғобба» (3/326).

  7. «Ҳиляту-л-авлиё» (1/28).

  8. Сураи Ҳадид, ояти 10.

  9. Ин ҳадисро ҳоким дар «Мустадрак»-аш дар (3/62-63) овардааст ва инчунин гуфтааст, ки асноди ин ҳадис саҳеҳ аст.

  10. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/127).

  11. Имом Тирмизӣ, 3664, «Ат-табақоту-л-кубро» (3/130).

  12. Имом Тирмизӣ, ҳадиси (3675).

  13. «Усуду-л-ғобба» (3/ 326-327).

  14. Сураи Оли Имрон, ояти 144.

  15. Сураи Тавба, ояти 40.

  16. Сураи Ќоф, ояти 19.

  17. . «Ат-табақоту-л-кубро» (3/139-157).

  18. «Усуду-л-ғобба» (3/323).

  19. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/148-150).

  20. Сураи Зумар, ояти 33.

  21. «Ат-табақоту-л-кубро» (201/3).

  22. «Њуляту-л-авлиё» (47/1).

  23. «Сифату-с-сафва» (86/1) ва «Маҷмаъу-з-завоид» (84/9).

  24. «Асаду-л-ғобба» (4/154).

  25. Тахриҷи Аҳмад (154/4) ва Тирмизӣ (619/5).

  26. Тахриҷи Тирмизӣ (3684) ва «Асаду-л-ғобба» (160/4).

  27. Сураи То-Њо, оятҳои 1-4.

  28. Сураи То-Њо, ояти 14.

  29. Тирмизӣ (3682) ва Аҳмад (2/35)

  30. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/202-205)

  31. «Усуду-л-ғобба» (4/152-153).

  32. Бухорӣ дар боби табассум ва зиҳк ривоят кардааст (6085).

  33. Сураи Бақара, ояти 125.

  34. Сураи Аҳзоб, ояти 53.

  35. Сураи Таҳрим, ояти 5. «Сифату-с-сафва» (1/85)

  36. Сураи Моида, оятҳои 90-91.

  37. Сураи Анфол, оятҳои 67-68.

  38. «Њуллияту-л-авлиё» (1/42-43) ва «Усуду-л-ғобба» (4/106).

  39. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/213).

  40. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/218).

  41. «Њиляту-л-авлиё» (1/50, 51).

  42. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/262).

  43. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/219).

  44. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/220).

  45. Рай – шаҳри машҳурест, ки масофаи байни он ва Нишопур яксаду шаст фарсах аст.

  46. Ибни Касир, «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (3/303-304). «Усуду-л-ғобба» (3/586).

  47. «Усуду-л-ғобба» (3/591).

  48. Ибни Касир, «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (8/216).

  49. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя»(7/177-213). «Њиляту-л-авлиё». (1/59).

  50. Сураи Фатҳ, ояти 18.

  51. Сураи Фатҳ, ояти 10.

  52. Ибни Касир, «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/164-168).

  53. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/215), «Њулияту-л-авлиё» (1/56).

  54. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (6/132-133).

  55. Сураи Каҳф, оятҳои 45-46.

  56. Сураи Нур, ояти 55.

  57. Сураи Тавба, ояти 33.

  58. Сураи Саф, ояти 9.

  59. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/117-118).

  60. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/182).

  61. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/181-219).

  62. Ин ҳадисро Имом Аҳмад ривоят кардааст.

  63. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/213).

  64. «Њиляту-л-авлиё» (1/56).

  65. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/156-157).

  66. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/209).

  67. Сураи Зумар, ояти 9.

  68. Ибни Касир, «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (5/36-39).

  69. Ибни Касир, «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя»(3/ 24-26).

  70. «Сифату-с-сафва» (1/ 96-97).

  71. . Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» «3/174, 177, 197, 227, 226).

  72. «Њиляту-л-авлиё» (1/ 96-97).

  73. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (3/342-347).

  74. . Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/336).

  75. «Усуду-л-ғобба» (4/97-98).

  76. Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст. «Ал-мағозӣ», ҷ.5, саҳ, 181.

  77. Ин ҳадисро Имом Муслим дар китоби «Фазоилу-с-саҳоба» ривоят кардааст.

  78. «Усуду-л-ғобба» (4/101).

  79. . Ибни Касир, «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (8/3-5).

  80. . Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (8/4-5).

  81. «Ал-исоба» (4/467).

  82. Ин ҳадисро Њоким ривоят кардааст.

  83. «Ал-истиъоб» (3/205).

  84. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/360).

  85. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (5/201).

  86. Сураи Аҳзоб, ояти 33.

  87. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/350).

  88. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/359).

  89. «Њиляту-л-авлиё» (1/64).

  90. Сураи Бақара, ояти 274.

  91. «Усуду-л-ғобба» (4/104).

  92. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/161).

  93. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/161,162).

  94. Сураи Аҳзоб, ояти 23.

  95. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (5\3,4).

  96. «Ат-табақоту-л-кубро» (3\166).

  97. «Њулияту-л-авлиё» (1\88).

  98. «Ар-риёзу-н-назра» (2\543).

  99. «Сияру аъломи-н-нубало» (1\37-38).

  100. Номи шаҳрест дар кишвари Форс.

  101. «Ар-риёзу-н-назра» (2\346, 347).

  102. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7\248).

  103. Сураи Њиҷр, ояти 47.

  104. «Ар-риёзу-н-назра» (2\342).

  105. «Ар-риёзу-н-назра» (2\339).

  106. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7\249).

  107. «Ар-риёзу-н-назра» (2\343).

  108. «Ат-табақоту-л-кубро» (3\164).

  109. «Сияру аъломи-н-нубало» (1\9,244).

  110. «Ар-риёзу-н-назра» (2\343).

  111. «Мустадрак»-и ибни Њоким (3\370).

  112. «Ат-табақоту-л-кубро» (3\167).

  113. «Ат-табақоту-л-кубро» (3\165).

  114. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/83-84).

  115. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/57).

  116. «Сияру аъломи-н-нубало» (1/25).

  117. «Њиляту-л-авлиё» (1/89-90).

  118. Сураи Оли Имрон, ояти 174.

  119. Сураи Оли Имрон, ояти 172.

  120. Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст (3719).

  121. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/78-79).

  122. «Сияру-л-аъломи-н-нубало» (1/51).

  123. «Ал-бидоя ван-ниҳоя» (4/336, 337).

  124. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/11).

  125. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/.97-101) ва «Ќодату фатҳу миср ва-ш-шом» (208-209).

  126. Зарфест, ки дар он донагӣ мегиранд.

  127. Бухорӣ (1/178) ва Муслим.

  128. Сураи Зумар, ояти 31.

  129. «Асаду-л-ғобба» (2/251, 252), «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/251).

  130. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/79), «Ал- исоба» (2/458).

  131. Водиест дар як ноҳияи Мадина, ки пур аз чашмаву хурмозор мебошад.

  132. «Асаду-л-ғобба» (2/ 250, 251), «Ар-риёзу-н- назара» (2/360).

  133. «Асаду-л-ғобба» (2/250), «Њулияту-л-авлиё) (1/90, 91).

  134. Маконест дар қарибии Басра.

  135. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/81-84), «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7-8/266-268).

  136. Сураи Њиҷр, ояти 47.

  137. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/163-164). «Усуду-л-ғобба» (3/480-485).

  138. «Ал-ансоб» (2/345).

  139. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/163).

  140. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (3/66-226-229).

  141. Сураи Њашр, ояти 9.

  142. «Сияру-л-аъломи-н-нубало» (1/85).

  143. «Њуляту-л-авлиё» (1/100).

  144. «Ар-риёзу-н-назара» (2/378,379).

  145. Сураи Бақара, оятҳои 261-262.

  146. Сураи Тавба, ояти 79.

  147. «Сияру-л-аъломи нубало» (1/80).

  148. «Њиляту-л-авлиё» (1/99).

  149. «Ар-риёзу-н-назара» (2/379, 385).

  150. «Сияру-л-аълом» (1/78).

  151. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/35).

  152. Сураи Фатҳ, ояти 18.

  153. Ќалъаест байни Мадина ва байни Димишқ

  154. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/179).

  155. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/164).

  156. «Сияру-л-аъломи-н-нубало» (1/84).

  157. «Ал-исоба» (2/292).

  158. «Сияру-л-аъломи-н-нубало» (1/ 77-79).

  159. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/314).

  160. «Усуду-л-ғобба» (3//484).

  161. «Ар-риёзу-н-назара» (2/380).

  162. «Ал-исоба» (2/292).

  163. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (5/355).

  164. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/144-147).

  165. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/163-164).

  166. «Ал-исоба» (2/292).

  167. Ривояти Имом Бухорӣ (2/98), «Усуду-л-ғобба» (3/484).

  168. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/164).

  169. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/ 98-101).

  170. «Ар-риёзу-н-назара» (2/380).

  171. Ибни Касир. «Ал-бидоя ван-ниҳоя» «8/74-75), «Усуду-л-ғоба» (2/368).

  172. Сураи Луқмон, ояти 15

  173. Сураи Анъом, ояти 52

  174. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/103).

  175. «Ар-риёзу-н-назра» (2/400).

  176. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/103-105).

  177. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/27).

  178. Ибни Касир. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (8/73-74). «Сияру аъломи-н-нубало» (1/102).

  179. «Њиляту-л-авлиё» «1/94-95).

  180. Ибни Касир. «Ал-бидоя ван-ниҳоя» (8/75).

  181. . Ибни Касир. Ал-бидоя ван-ниҳоя, ҷ.8, саҳ, 76-77.

  182. Сураи Анбиё, ояти 105.

  183. Сураи Духон, оятҳои 25-28.

  184. «Сияру аъломи-н-нубало» (1/118).

  185. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/289-295).

  186. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/290-292).

  187. Сураи Зумар, ояти 17.

  188. «Ар-риёзу-н-назра» (2/405).

  189. «Ал-бидоя ван-ниҳоя» (3/79-82)

  190. Сураи Њаҷ, оятҳои 39-41.

  191. Сураи Бақара, ояти 193.

  192. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/292, 293).

  193. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/293).

  194. «Таҳзибу торихи ибни Асокир» (6/129-130).

  195. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/14-16).

  196. «Ар-риёзу-н-назра» (2/408, 409).

  197. «Сияру аълому-н-нубало» (1/138).

  198. «Усуду-л-ғоба» (2/388).

  199. «Таҳзибу торихи ибни Асокир» (6/130).

  200. «Усуду-л-ғобба» (2/388-389).

  201. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/283-294).

  202. «Ат-табақоту-л-кубро (3/312-316)

  203. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/313).

  204. Сураи Оли Имрон, ояти 195

  205. «Ал-исоба» (3/477).

  206. «Ал-исоба» (3/477).

  207. «Ат-табақоту-л- кубро» (3/314).

  208. Сураи Муҷодала, ояти 22.

  209. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/29-30).

  210. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (4/178).

  211. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/313-314).

  212. «Ал-бидоя ван-ниҳоя» (4/273275).

  213. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/315).

  214. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (5/245-246).

  215. «Ар-риёзу-н-назра» (2/414-415).

  216. Мавсуъату-л-фидои фи-л-ислом (3/307).

  217. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (8/2-16,94).

  218. «Ал-бидоя ва-н-ниҳоя» (7/16).

  219. Сураи Оли Имрон, ояти 200.

  220. Сураи Њадид, оятҳои 20-21.

  221. Сарғ — мавзеъест дар аввали Њиҷоз ва охири Шом, байни Муғиса ва Табук.

  222. «Таҳзибу таърихи ибни Асокир» (7/164-165).

  223. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/3/6).

  224. «Ат-табақоту-л-кубро» (3/ 315-316).

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *