Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Даҳ ёри биҳиштӣ

Обл2

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Умар ибни Хаттоб (р) дар сатрҳо

Вай Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибни Абдулъуззои Қурайшии Адавӣ аст ва кунияаш Абуҳафс мебошад.

Сездаҳ сол баъд аз соли (ҳодисаи) «Фил» таваллуд шудааст.

Модараш: Ҳантама духтари Ҳошим ибни Муғира ибни Абдуллоҳ ибни Умар ибни Махзум мебошад.

Фарзандонаш:

— Абдуллоҳ, Абдурраҳмони Акбар ва Ҳафса (модари мӯъминон), ки модарашон Зайнаб духтари Маъзун аст.

— Зайди Акбар ва Руқая, ки модарашон Умми Кулсум духтари Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) ва модари ӯ Фотима духтари Расули Худо (с) мебошад.

— Зайди Асғар ва Абдуллоҳ, ки модарашон Умми Кулсум духтари Ҷавал мебошад.

— Осим, ки модараш Умми Ҷамила духтари Собит аст. Номи аслии ӯ Осия буда ва Паёмбар (с) онро тағийр дода гуфт: «Не, балки ту Ҷамила ҳастӣ».[21]

— Абдурраҳмони Авсат, ки модараш Луҳаяи каниз мебошад.

— Абдурраҳмони Асғар аз зане, ки муаррихон дар номи ӯ ихтилофи назар доранд.

— Зайд ва Зайнаб (хурдсолтарини фарзандони Умар (р) мебошанд), ки модарашон Фукиҳа мебошад, ки каниз буд.

— Фотима, ки модараш Умми Ҳаким ибни Ҳорис ибни Ҳишом ибни Муғира мебошад.

— Иёз, ки модараш Отика духтари Зайд ибни Амр ибни Нуфайл мебошад.

Ҳазрати Умар (р) ҳамагӣ 9 зан ва 14 фарзанд дошт, ки 10-тоаш писар ва 4-нафари онҳо духтар буданд.

Умар ибни Хаттоб (р) аз ашрофи Қурайш буд ва дар замони ҷоҳилият вазифаи сафирӣ бар ӯҳдаи вай буд. Ҳангоме ки дар байни худи қурайшиҳо ё байни онҳо ва дигарон ҷангу муноқишаҳо ба амал меомад, ӯро ба унвони сафир мефиристоданд.

Умар ибни Хаттоб (р) бо дуъои Паёмбар (с) мусулмон шуд ва бо Исломи ӯ дини мубини Ислом ғолибу пирӯз гардид. Ӯ ҳиҷрат кард ва яке аз аввалин муҳоҷирон буд, ки дар ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ иштирок варзида ва дар байъати Ризвон ҷанги Хайбар, фатҳи Макка ва Ҳунайн ва тамоми ҷангҳо ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) ҳузуру ширкат дошт. Ва ҳар ҷое, ки Расули Худо (с) мерафтанд, бо ӯ ҳамроҳ буданд. Пас аз мусулмон шуданаш бар кофирон бисёр сахтгир буд. Паёмбари Худо (с) дар ҳоле вафот карданд, ки аз ӯ розӣ буданд.

Ӯ баъд аз Абубакри Сиддиқ (р) хилофатро ба ӯҳда гирифт. Рӯзе, ки Абубакри Сиддиқ (р) вафот кард, барои халифагии ӯ байъат карда шуд ва ин воқеъа дар соли 13-и ҳиҷрӣ ба вуқӯъ пайваст. Пас аз он дорои беҳтарин ахлоқ гардид ва худро мисли мардуми оддӣ медонист. Худованд фатҳи Шом, Ироқ ва Мисрро ба ӯ муяссар кард.

Дар роҳи Худо хоксор буд, зиндагии пурмашаққат дошту камханда буд ва нақши ангуштаринаш чунин буд: «Эй Умар, барои панду ибрат марг басанда аст».

Барои фурӯтанӣ дар назди Худованди ғолибу баландмартаба қуввату тавоноӣ мехост ва ба мардум мегуфт: «Дар ҳақиқат, шумо хору залилтарин мардум будед, пас Худованд ба воситаи Паёмбараш (с) шуморо азиз гардонид. Пас ҳар вақте ки шумо аз ғайри ӯ иззат бихоҳед, Худованд шуморо хору залил мекунад».[22]

Паёмбари Худо (с) дар бораи ӯ фармудааст:

— «Умар ибни Хаттоб (р) чароғи аҳли Биҳишт аст».[23]

Аз ибни Аббос (р) аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки

— «Ҳароина Худованди ғолибу баландмартаба дар рӯзи Арафа бо тамоми мардум ба сурати умумӣ фахр мекунад ва бо Умар ибни Хаттоб (р) ба таври хусусӣ фахр хоҳад кард».[24]

— «Агар баъди ман пайғамбаре мебуд, ҳароина Умар ибни Хаттоб (р) мебуд».[25]

Абубакри Сиддиқ (р) фармудааст: Паёмбари Худо (с)-ро шунидам, ки мегуфт: «Офтоб бар марди беҳтаре аз Умар натобидааст».[26]

Исломи Умар (р)

Ҳангоме Худованди ғолибу баландмартаба Паёмбари худ – Муҳаммад (с)-ро мабъус кард, Умар ибни Хаттоб (р) яке аз сахттарин мухолифони дини Ислом ва тавонотарини онҳо аз ҷиҳати озору азият расонидан ба мусулмонон буд. Ва мардумро аз дохил шудан дар дини Ислом манъ мекард. Кофирони Қурайш аз ин вазъият истифода бурда, ӯро фиристоданд, то Паёмбари Худо (с)-ро бикушад.

Умар бо шамшери бараҳна ба роҳ баромад. Дар роҳ марде аз бани Заҳра бо ӯ рӯ ба рӯ шуда, гуфт: Эй писари Хаттоб, ба куҷо равонӣ?

Умар гуфт: Ба назди Муҳаммаде, ки бузургони Қурайшро паст задааст ва худоҳояшонро дашном додааст ва ҷамоъаташонро мухолифат намудааст.

Пас, он мард ӯро масхара карда гуфт: Ба ту як чизи аҷибро бигӯям?! Дар ҳақиқат шавҳари хоҳарат ва хоҳарат бедин шудаанд ва динеро, ки ту дар он ҳастӣ ва он дини падарони ту буд, тарк кардаанд!!

Пас, Умар (р) дар ғазаб шуда, ба хонаи хоҳараш омада, дарро куфт.

Гуфта шуд: Кист?

Умар дар ҳолати ғазаб гуфт: Писари Хаттоб.

Дар хона гурӯҳе нишаста, аз саҳифае, ки бо худ доштанд, Қуръон мехонданд. Ҳангоме, ки овози Умарро шуниданд, саросема шуда тарсиданд ва саҳифаи дар дасташонбударо фаромӯш карда, зуд пинҳон шуданд. Сипас хоҳари Умар бархоста, дарро барояш боз кард.

Пас Умар ба ӯ гуфт: Эй душмани ҷони худ, шунидам, ки ту бедин гаштаӣ!! Пас бо дасташ чунон ба рӯи вай зад, ки аз рӯяаш хун ҷорӣ шуд.

Хоҳараш гириста мегуфт: Эй писари Хаттоб, ҳар чӣ мехоҳӣ бикун, дар ҳақиқат ман мусулмон шудаам ва ба Худои якка ва ягона имон овардаам. Сипас гуфт: Эй Умар, агар ҳақ дар ғайри дини ту бошад (пас чӣ кор мекунӣ? Оё ҳақро дида аз он паравӣ мекунӣ ва ё куркурона дунболаи дини ботил меравӣ? Ман ҳақиқатро дар гуфтаҳои Муҳаммад (с) ва худои ӯ пайдо кардам ва ту ҳам) «Гувоҳи бидеҳ ба ин ки ҳеҷ худое ғайри Аллоҳ ягона вуҷуд надорад ва гувоҳи бидеҳ ки Муҳаммад (с) Паёмбари Худо (с) аст». «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ».

Дар баробари ин суханони ҳидояткунанда ба нури ҳақиқату яқин ва омехта бо хунҳои поку назиф дили Умар (р) биларзид ва хомуш монд. Пас ҳайратзада бар кат нишаст ва ба атрофаш назар кард, нохост чашмаш ба саҳифаи Қуръон бархӯрд. Гуфт: Ин навишта чист?. Ба ман бидеҳ, то бихонамаш.

Хоҳараш гуфт: Барои ту хондани ин ҷоиз нест, ба он даст расонидан барои мардони бо таҳорат иҷоза аст. Шумо аввалан бояд ғусл ва ё таҳорат намоед баъдан ин саҳифаи Қуръониро бихонед.

Умар бахоста таҳорат кард. Сипас он саҳифаро гирифта хонд: «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим»… Калимаҳои «ар-раҳмони-р-раҳим» бар Умар бисёр таъсир намуданд, ки дилашро ба ларза овард ва аз задани хаҳараш пушаймон шуд. Ҳангоме ба худ омад, хондани саҳифаро идома дод. Дар он саҳифа чунин навишта шуда буд:

طه ﴿۱﴾ مَا أَنزَلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لِتَشْقَى ﴿٢﴾ إِلَّا تَذْكِرَةً لِّمَن يَخْشَى ﴿٣﴾ تَنزِيلًا مِّمَّنْ خَلَقَ الْأَرْضَ وَالسَّمَاوَاتِ الْعُلَى ﴿٤﴾[27]

«То, Ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки дар ранҷ афтӣ. Танҳо ҳӯшдорест барои касе, ки метарсад. Аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офарида, нозил шудааст».

То, ки ба қавли Ҳақ таъоло:

إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَ فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي[28]

«Ҳароина, Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ман нест. Пас маро бипараст ва то маро ёд кунӣ, намоз бигузор», расид. Пас дар баробари нидои Ҳақ таъоло худдорӣ карда натавонист ва гуфт: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ». (Гувоҳӣ медиҳам, ки нест худое ғайри Аллоҳи ягона ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) паёмбари Худо аст).

Мардум баъди шунидани ин сухан аз камингоҳҳояшон такбиргӯён баромада, шукронаи Худованди ғолибу баландмартабаро намуда, гуфтанд: Эй писари Хаттоб, хушхабар барои ту, мо шунидем, ки дирӯз Паёмбари Худо (с) дуъо карданд, ки:

«Эй бор Худоё, иззат ва обрӯй бидеҳ Исломро ба яке аз ин ду марде, ки дар назди ту маҳбубтар бошанд: Умар ибни Хаттоб ё Умар ибни Ҳишом». Ва мо, албатта, уммедворем, ки дуъои Паёмбар барои туст, пас хуш бош.

Вақте мардум ба имони Умар (р) мутмаин шуданд, макони Паёмбари Худо (с)-ро ба ӯ нишон доданд. Умар ба он ҷо рафта, дарро куфт. Гуфта шуд: Кист?

Умар гуфт: Писари Хаттоб.

Аз сабаби он, ки мардум тавоноии ӯро медонистанд ва аз мусулмон шуданаш хабар надоштанд, касе аз онҳо ҷуръат намекард, ки дарро барояш кушояд.

Паёмбари Худо (с) гуфт: «Дарро ба рӯяш бикшоед, ба ростӣ агар Худованд (ҷ) ба ӯ хайрхоҳ аст, ҳидояташ мекунад».

Пас мардум дарро кушоданд ва Паёмбари Худо (с) ба назди ӯ баромад. Сипас аз миёнбандаш гирифта ба сӯи худ кашид. Баъд аз он гуфт: «Эй Умар, оё ту аз кирдорҳои қаблии худ даст намекашӣ, пеш аз ин ки Худованд бар сари ту хориву зорӣ фурӯд оварад, ҳамчуноне бар сари Валид ибни Муғира фурӯд овард? Парвардигоро, ин Умар ибни Хаттоб аст. Парвардигоро, дини Исломро ба дасти Умар иззату обурӯй бидеҳ».

Пас Умар (р) гуфт: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ». (Гувоҳӣ медиҳам, ки нест худое ғайри Аллоҳи ягона ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) паёмбари Худо аст).

Пас аз шунидани ин суханон мусулмонон чунон такбире гуфтанд, ки дар тамоми гӯшаву канори Макка шунида шуд. Ва Паёмбари Худо (с) ба синаи Умар ибни Хаттоб се маротиба зада гуфтанд: «Парвардигоро, он нопокиҳое, ки дар синаи ӯ мавҷуд аст, хориҷ бикун ва ба имон мубаддал гардон». Ва ин суханонро се бор такрор намуданд. Дар ин ҳангом Ҷабраил (а) аз осмон фуруд омада гуфт: «Эй Муҳаммад (с), аҳли осмон ба Исломи Умар хурсанд шуданд».

Баъд аз он Умар (р) гуфт: Эй Паёмбари Худо (с), оё мо дар роҳи ҳақ нестем, хоҳ бимирем ва хоҳ зинда бимонем?

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Бале, қасам ба зоте, ки нафси ман дар яди ӯст, албатта, шумо дар роҳи ҳақ ҳастед, хоҳ бимиред ва хоҳ зинда бимонед».

Пас Умар гуфт: Пас пинҳон доштани Ислом барои чист? Қасам ба зоте, ки туро ба паёмбарӣ фиристодааст, албатта, Исломро ошкор мекунем.

Паёмбари Худо (с) фикри Умар (р)-ро қабул кард. Пас ҳамроҳи мусулмонон ба кӯчаҳои Макка баромаданд ва онҳо дар ду саф буданд, ки пешопеши як саф Ҳамза ибни Абдулмуталлиб ва дар пеши сафи дигар Умар ибни Хаттоб қарор дошт ва ба Масҷидулҳаром дохил шуданд. Мушрикони Қурайш чун Умар ва Ҳамзаро дар сафи мусулмонон диданд, ончунон андӯҳгин шуданд, ки ҳеҷ гоҳ нашуда буданд. Пас дар ҳамон рӯз Паёмбари Худо (с) Умар (р)-ро Форуқ номид ва гуфт: «Ба таҳқиқ Худованд (ҷ) ҳақро дар дилу забони Умар ниҳод ва ӯ Форуқ аст. Худованд ба воситаи ӯ байни ҳақ ва ботил фарқ гузошт»[29].

Бо мусулмон шудани Умар ибни Хаттоб (р) дини мубини Ислом дар Макка ошкор гардид ва ба сӯи он ошкоро даъват карда мешуд ва мусалмонон дар Масҷидулҳаром намоз гузориданд. Абдуллоҳ ибни Масъуд доим мегуфт: «Аз замоне ки Умар мусулмон шуд, мо ҳамеша ғолибу соҳиби иззат будем».[30]

Ҳиҷрати Форуқ

Умар (р) дар Исломи худ шуҷоъ буд ва онро пинҳон ва пӯшида намедошт, балки ҳамеша ба ҳама ошкор мекард ва дар роҳи Ислом мубориза мебурд ва бо Қурайшиҳо меситезид. Ӯ дар назди Каъба намоз хонд ва мусалмонон низ ҳамроҳи ӯ намоз хонданд, дар ҳоле ки пеш аз ин аз тарси мушрикон намозхониашонро ошкор намекарданд.

Вақте ки Паёмбари Худо (с) саҳобагонро иҷозат дод, то ба ба Мадина ҳиҷрат кунанд, мусулмонон пинҳонӣ аз шаҳр мебаромаданд, магар Умар ибни Хаттоб (р). Ӯ вақте ки қасди ҳиҷрат намуд, шамшерашро ба миён овехта, камонашро дар китф гирифт ва якчанд тир дар даст ва найзаашро гирифта, аз назди Каъба гузашт, ки дар атрофи он гурӯҳи зиёди қурайшиҳо истода буданд. Ҳафт маротиба оромона Хонаи Каъбаро тавоф кард, баъд аз он ба мақоми Иброҳим (а) омада бо итминони комил ду ракъат намоз гузорид. Баъд аз он дар миёни ҳар кадом ҳалқаҳои мардум як-як истода ба онҳо гуфт: «касе мехоҳад, ки модараш бефарзанд шавад ва фарзандаш ятим бимонад ва занаш бева гардад, пас дар пушти ин водӣ бо ман рӯ ба рӯ шавад».

Касе аз ашрофи Қурайш ҷуръат накард, ки аз ҷояш бархезад. Аз паси ӯ якчанд ғуломи бечораро фиристоданд, Умар (р) ба онҳо раҳм намуд ва онҳоро аз дини Ислом огоҳ карда, роҳнамоӣ кард.[31] Паёмбари Худо (с) ҳамроҳи саҳобагонаш ба Мадина расиданд. Ва бародарӣ байни муҳоҷирон ва ансориҳо мустаҳкам шуд ва офтоби Ислом нурафшон гардида, бо нури худ тамоми мардумро фаро гирифт.

Шайтон аз Умар (р) метарсад

Рӯзе Умари Форуқ аз Паёмбари Худо (с) иҷозати ворид шудан хост. Дар ин вақт назди ӯ якчанд зани қурайшӣ қарор доштанд ва аз аз ҳад зиёд савол медоданд ва овозашонро аз овози ӯ баланд мекарданд. Ҳангоме садои Умар (р)-ро шуниданад, зуд ҳиҷобҳои худро дуруст намуданд. Паёмбари Худо (с) ба ӯ иҷозат дод. Чун Умар (р) даромад, Паёмбари Худо (с) механдиданд.

Форуқ (р) гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с) падару модари ман фидои ту бод, барои чӣ механдед»?!

Паёмбари Худо (с) гуфт: «Аз ҳоли ин заноне, ки дар назди ман буданд дар таъаҷҷубам. Чун овози туро шуниданд, зуд ҳиҷобҳои худро ба тартиб дароварданд».

Форуқ (р) гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с), ҳақдортар ҳастед, ки аз шумо битарсанд». Пас ба онҳо рӯ оварда гуфт: Эй душманони нафсҳои худ, оё аз ман метарсед ва аз Паёмбари Худо (с) наметарсед?!

Онҳо гуфтанд: Ту аз Паёмбари Худо (с) дуруштрафтортар ва дуруштгуфтортар ҳастӣ!

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Хомуш бош, эй писари Хаттоб, қасам ба зоте, ки нафси ман дар яди ӯст, агар шайтон бубинад, ки ту дар водие рафта истодаӣ, албатта, ӯ дар он водӣ намеравад».[32]

Мувофиқати ваҳй барои Умар (р)

Умар ибни Хаттоб (р) дар баъзе масоил ба Паёмбари Худо (с) изҳори назар мекард. Дар баъзе аз ин мавридҳо ба Паёмбари Худо (с) ваҳӣ нозил мешуд ва дар якчанд мавзеъ фикри Умар (р) бо фармудаи Худованд мувофиқат кард. Аз ҷумла:

Мувофиқат дар мақоми Иброҳим (а)

Умар (р) ба Паёмбари Худо (с) гуфт: Эй Паёмбари Худо (с), агар дар мақоми Иброҳим намозгоҳ мегирифтем, бисёр хуб мешуд. Пас дар ин маврид сухани Ҳақ таъоло нозил шуд:

﴿وَاتَّخِذُواْ مِن مَّقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى﴾[33]

«Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред».

Мувофиқат дар амри ҳиҷоб

Умар (р) ба Паёмбари Худо (с) гуфт: Эй Паёмбари Худо (с), ба назди занҳои ту ашхоси некӯкору бадкор дохил мешаванд, агар ту онҳоро ба пӯшидани ҳиҷоб амр мекардӣ, бисёр хуб мешуд. Пас ояти ҳиҷоб нозил шуд ва дар он сухани Ҳақ таъоло аст, ки:

﴿وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِن وَرَاء حِجَابٍ﴾[34]

«Ва агар аз занони Паёмбар чезе хостед, аз пушти парда бихоҳед».

Мувофиқат дар ояти сураи «Таҳрим»

Ҳангоме, ки занҳояш бар Паёмбари Худо (с) рашк бурданд, Умар (р) ба онҳо гуфт: Умед аст агар талоқ диҳад шуморо, Парвардигори ӯ заноне некӯтар аз шумо ба иваз диҳад.[35]

Пас ба ҳамин мазмун оят нозил шуд.

Мувофиқат дар ҳаром гардонидани шароб

Умар бисёр мехост, ки хамр (шарб, май) ҳаром гардонда шавад ва ҳамеша мегуфт: Парвардигоро, дар бораи хамр ба мо ҳукми ошкоре баён кун. Дар ҳақиқат, ки он ақл ва молро аз инсон мебарад. Пас сухани Худованд нозил шуд:

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلاَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ﴿٩٠﴾ إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَن ذِكْرِ اللّهِ وَعَنِ الصَّلاَةِ فَهَلْ أَنتُم مُّنتَهُونَ ﴿٩١﴾[36]

«Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он парҳез кунед, то растагор шавед! Шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боздорад, пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед?»

Мувофиқат дар асирони Бадр

Дар рӯзи Бадр Худованди азза ва ҷалла мушриконро шикаст дод. Ҳафтод нафари онҳо кушта шуд ва ҳафтод нафари дигар асир гирифта шуд. Пас Паёмбари Худо (с) аз Абубакр (р), Умар (р) ва Алӣ (р) дар бораи асирон машварат хост. Умар (р) гуфт: Ман чунин фикр дорам, ки ба ман имкон бидиҳӣ, ки фалон шахсе назди ман аст, гарданашро бизанам ва ба Алӣ имкон бидиҳӣ, ки гардани Уқайлро бизанад ва ба Ҳамза имкон бидиҳӣ, ки гардани фалониро бизанад, то Худованди азза ва ҷалла бидонад, ки дар дилҳои мо гузашту бахшише барои мушрикон нест. Инҳо сардорону пешвоён ва раҳбарони онҳоянд. Пас Паёмбари Худо (с) бо он чи Умар (р) ба ӯ гуфт, амал накард. Ва фикри саҳобагонеро, ки ба асирон бахшиш мехостанд қабул кард ва аз асирон фидя гирифт. Пас Худованди азза ва ҷалла ин оятҳоро нозил кард:

﴿مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَكُونَ لَهُ أَسْرَى حَتَّى يُثْخِنَ فِي الأَرْضِ تُرِيدُونَ عَرَضَ الدُّنْيَا وَاللّهُ يُرِيدُ الآخِرَةَ وَاللّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ ﴿٦٧﴾ لَّوْلاَ كِتَابٌ مِّنَ اللّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَا أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ ﴿٦٨﴾[37]

«Барои ҳеҷ паёмбаре насазад, ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи ин ҷаҳонро мехоҳед ва Худо маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст».

Баъдан чун Паёмбари Худо (с) Умар ибни Хаттоб (р)-ро диданд, ба ӯ гуфтанд: «Қариб буд, аз мухолифат бо ту ба мо бадие мерасид».[38]

Форуқ – аввалин амиру-л-мӯъминин

Чун Паёмбари Худо (с) вафот ёфтанд ва Абубакри Сиддиқ (р) халифа шуд, ӯро Халифаи Паёмбари Худо (с) мегуфтанд. Баъд аз он чун Сиддиқ (р) вафот кард ва Форуқ (р) халифа шуд, ӯро халифаи халифаи Паёмбари Худо (с) мегуфтанд.

Мусулмонон гуфтанд: Ҳар касе, ки баъд аз Умар биёяд, ба ӯ гуфта мешавад: Халифаи халифаи халифаи Паёмбари Худо (с), пас ин дароз хоҳад шуд.

Баъзе саҳобагони Паёмбари Худо (с) гуфтанд: Мо мӯъминон ҳастем ва Умар амири мост. Пас аз ин Умар ибни Хаттоб (р)-ро «Амирулмӯъминин» хонданд. Ӯ аввалин касест, ки чунин номгузорӣ шудааст.[39]

Форуқ ҳангоми ғазаб ва нармӣ

Алӣ, Усмон, Талҳа, Зубайр, Абдураҳмон ибни Авф ва Саъд (р) якҷоя машварат карданд ва ба Абдураҳмон ибни Авф, ки дар назди Умар (р) аз ҳамаи онҳо боҷуръаттар буд, гуфтанд: Эй Абдураҳмон, агар ба амирулмӯъминин дар бораи мушкилоти мардум сухан мегуфтӣ, бисёр хуб мешуд. Чунки ҳар вақте марде барои адои ҳоҷати худ меояд, аз ҳайбати ӯ дар бораи эҳтиёҷи худ сухан гуфта наметавонад ва ҳоҷаташ адо нашуда бармегардад.

Пас Абдураҳмон ибни Авф (р) ба назди Форуқ (р) даромада гуфт: Эй амиралмӯъминин, бо мардум нармӣ бикун, ҳароина ҳоҷатманде ба назди ту меояд ва ҳайбати ту намегузорад, ки ӯ дар бораи эҳтиёҷаш ҳарф бизанад ва сухане нагуфта бармегардад.

Пас, Форуқ (р) гуфт: Эй Абдурраҳмон, оё Алӣ, Усмон, Талҳа, Зубайр ва Саъд (р) туро фармуданд, ки ин суханонро бигӯӣ?

Абдураҳмон ибни Авф (р) гуфт: Оре.

Пас, Форуқ (р) гуфт: Эй Абдурраҳмон, қасам ба Худо, ба мардум ончунон нармрафторӣ кардам, ки дар ин кор аз Худо тарсидам ва ончунон сахтгирӣ кардам, ки дар сахтгирии худ ҳам аз Худо (ҷ) тарсидам. Пас роҳи наҷот куҷост?

Абдурраҳмон ибни Авф (р) аз назди ӯ баромада ридояшро ба замин мекашид ва мегиристу мегуфт: Вой бар ҳоли мардум баъди ту, вой бар ҳоли мардум, баъди ту!![40]

Ва Форуқ (р) мегуфт: «Қасам ба Худо, ҳароина дилам дар роҳи Худо (ҷ) аз маска (равған) ҳам нармтар шуд. Ҳамчунин дар роҳи Худо (ҷ) он қадар сахтдил шудам, ки дилам аз санг ҳам сахттар гашт».[41]

Ӯ ҳамчунин мегуфт: «Дар ҳақиқат ин амрест, ки ислоҳ намекунад, магар бо шиддате, ки дар он ҷабре нест ва нармрафторӣ мекунад, ки дар он хорие нест».[42]

Форуқ (р) ба минбар баромада мардумро таълим медод. Баъд аз он ба назди хонаводааш омада мегуфт: «Ба дурустӣ шунидед он чизеро, ки ман манъ намудам ва агар ман бидонам, ки яке аз шумо он мамнуъотро анҷом медиҳад, ман азобро барои шумо дучанд мекунам».[43]

Паёмбари Худо (с) дар ҳаққи ӯ фармудаанд: Дар иҷрои амри Худованд аз тамоми умматонам Умар сахтгиртар аст.[44]

Чӣ тавр Форуқ хурсанд шуд

Як шабе Форуқ (р) гардиш мекард, ногоҳ дар дохили ҳавлие занеро дид, ки дар атрофаш кӯдакон гирёнанд. Он зан дегеро пур аз об карда дар болои оташ ниҳода буд. Форуқ аз паси дар садо карда гуфт: Эй бандаи Худо, гиряи ин кӯдакон аз баҳри чист?

Гуфт: Аз гуруснагӣ мегирянд.

Форуқ (р) гуфт: Пас ин деги болои оташ чист?

Гуфт: Дар он обе андохтаам, ки бо он машғулашон медорам, то бихобанд. Дар гумони онҳо меорам, ки дар он каме орду равған аст. Худованд байни мо ва байни Умар ҳоким аст.

Умар (р), пас аз шунидани ин суханон бигирист ва шитобон ба сӯи байтулмол рафт ва зарферо гирифта, дар он орд, равған, хурмо, либос ва чанд дирҳам ниҳода онро пур кард. Баъд аз он ба ғуломаш – Аслам фармуд: Инро ба пушти ман бор кун.

Аслам гуфт: Эй амиралмӯъминин, инро ман ба ҷои ту мебардорам!

Форуқ (р) гуфт: Ту гуноҳи маро рӯзи Қиёмат ба худ мегирӣ?! Худам инро мебардорам, чунки ман дар охират аз онҳо пурсида хоҳам шуд. Сипас Форуқ он зарфи пурборро ба пушташ гирифта рафт. Чун ба манзили он зан расид, дегро гирифта, дар он каме орд ва равғану хурмо андохт ва бо дасти худ онро ҳаракат медод. Ва дар зери дег пуф мекард ва дуд аз дохили риши бузургаш мебаромад. Чун таъомро пухт, бо дасти худ гирифта ба кӯдакон хӯронид, то ин ки сер шуданд. Он зан ӯро нашинохта дар ҳаққаш дуъо мекард.

Баъд аз он Форуқ (р) дар баробари кӯдакон ба мисли шер гуё, ки фарзандонашро аз хатар муҳофизат мекарда бошад нишаст ва то он замоне дар ин ҳолат буд, ки кӯдакон бозӣ карда хандиданд.

Баъд аз он гуфт: Эй Аслам, оё медонӣ барои чӣ дар баробари онҳо ин қадар қаровулӣ карда нишастам?!

Аслам гуфт: Эй амиралмуъминин, намедонам.

Форуқ (р) фармуд: Онҳоро гирён дида будам ва нахостам онҳоро гузошта биравам, то ин ки хандон бубинам. Чун онҳо хандиданд, ман хурсанд шудам.

Форуқ ва арӯси Нил

Миср ба дасти фотеҳи он — Амр ибни Ос (р) ба Ислом дохил шуд. Нидо ва даъвати ӯ дар осмони он баланд шуд. Чун моҳи бауна (яке аз моҳҳои қибтӣ) даромад, аҳли Миср ба назди Амр (р) омада ба ӯ гуфтанд: Эй амир, дарёи Нил як расму одате дорад, ки бидуни он ҷорӣ немешавад.

Амр ибни Ос (р) фармуд: Он чӣ гуна аст?

Гуфтанд: Ҳар гоҳ дувоздаҳ шаб аз ин моҳ бигзарад, мо як ҷавондухтари душизаро интихоб карда, падару модарашро розӣ менамоем ва ӯро гирифта бо беҳтарин либосу зиннате, ки ҳаст оро дода, баъд аз он дар дарёи Нил мепартоем, сипас оби он ҷорӣ мешавад.

Амр (р) фармуд: Дар Ислом чунин амал ҷоиз нест. Албатта, Ислом, ҳар он чизе, ки қаблан буд, бекор мекунад.

Мардум ҷорӣ шудани Нилро мунтазир буданд. Моҳҳои бауна, абиба ва мисрӣ ҳам сипарӣ шуданд, Нил бошад на андак ва на бисёр ҷорӣ намешуд. Ҳатто мардум қасди кӯчидан карданд…

Чун Амр ибни Ос (р) ин ҳолатро дид, ба Форуқ (р) нома навиша ӯро аз ин ҳодиса хабардор кард.

Форуқ (р) дар ҷавоби ӯ навишт: «Ту дуруст амал намудаӣ. Ман дар дохили номаам ба ту руқъае фиристодаам, онро дар Нил биандоз».

Чун номаи Халифа ба Амр ибни Ос тақдим шуд, он руқъаро гирифт, ки дар он чунин навишта буд:

«Аз номи бандаи Худо, амирулмӯъминин Умар, ба дарёи Нили Миср.

Аммо баъд: агар ту аз пеши худ ва бо ихтиёри худ ҷорӣ мешудӣ, пас ҷорӣ нашав ва мо ба ту эҳтиёҷе надорем ва агар ба фармони Худованди воҳиду қаҳҳор ҷорӣ мешудӣ ва он зотест, ки туро ҷорӣ кардааст, пас мо аз Худованд мехоҳем, ки туро ҷорӣ намояд».

Амр ибни Ос он руқъаро дар Нил андохт. Чун субҳи шанбе бедор шуданд, диданд, ки Худованди азза ва ҷалла дар як шаб Нилро ба андозаи шонздаҳ зироъ (андозаи масофа) ҷорӣ намудааст. Ҳамин тавр, Худованд ин одати бадро аз аҳли Миср бартараф намуд.

Нидои Сория

Баъзе каромот низ аз Форуқ (р) ба вуҷуд омада буд.

Боре рӯзи ҷумъа бар минбари Паёмбари Худо (с) хутба мехонд. Ҳангоми хутбахонӣ ногоҳ чунин суханонро гуфт: «Эй Сория ибни Ҳисн, ба кӯҳ, шахсе, ки гургро чӯпон кард, монд дар андӯҳ».

Пас, аз шунидани ин суханон мардум ба ҳамдигар суоломез менигаристанд.

Алӣ (к.в.) гуфт: Рост гуфт, қасам ба Худо, албатта, аз он чизе, ки гуфт, шуморо огоҳ хоҳад кард.

Чун Умар (р) аз намоз фориғ шуд, Алӣ (к.в.) аз он суханаш пурсид.

Умар гуфт: Оё ман чунин сухане гуфтам?!

Алӣ (к.в.) гуфт: Оре, тамоми аҳли масҷид онро шуниданд.

Умар (р) гуфт: Дар дилам гузашт, ки мушрикон бародарони моро шикаст дода истодаанд ва онҳо ба сӯи кӯҳ мераванд. Агар ба кӯҳ паноҳ баранд ва ҷанг кунанд ғалаба мекунанд ва агар аз кӯҳ гузаранд ҳалок мешаванд. Дар ин вақт ин сухан аз забони ман баромад ва ту онро шунидӣ.

Баъди як моҳ аз назди мусулмонон марде омад ва муждаи пирӯзӣ расонида гуфт: Ман дар фалон рӯз ва фалон соат ҳангоми аз кӯҳ гузаштан садоеро шунидам, ки ба садои Умар (р) монанд буд ва мегуфт: «Эй Сория ибни Ҳисн, ба кӯҳ». Мо ин нидоро шунида, пушт ба кӯҳ такя кардем ва Худованд моро бар душман ғолиб гардонд.

Соли раммода (хокистар)

Чун дар соли 18-уми ҳиҷрӣ мардум аз ҳаҷ баргаштанд, Ҷазирату-л-араб ба хушксолии шадид мубтало шуд. Шаҳрҳо ба биёбонҳои хушк мубаддал гаштанд, ҳайвонот ҳалок шуданд ва мардуми зиёд гурусна монда фавтид. Он солро соли раммода (хокистар) номиданд, чунки тамоми замин сиёҳ гашта, ба хокистар монанд шуда буд.

Дар он сол Форуқ (р) чун намози хуфтанро бо мардум мегузорид, ба хона рафта, то охири шаб намоз хонада гиря мекард ва вақти саҳар чунин дуъо мекард: «Худовандо, уммати Муҳаммадро ба дасти ман ҳалок нагардон. Худовандо, ин балоро аз сари мо дур бикун».

Рӯзе дар ҳамон сол Умар (р) хост ба аспи худ савор шавад, чун дид, ки асп ҷав хӯрда истодааст.

Гуфт: Мусулмонон аз гуруснагӣ мемиранд ва ин ҳайвон ҷав мехӯрад?! Қасам ба Худо (ҷ), то мардум аз гуруснагӣ халос нашаванд онро савор намешавам.

Сипас, ба Амр ибни Ос (р), ки амири Миср буд, нома навишт, то аз роҳи баҳр ва хушкӣ ба мардум озуқа фиристад ва ба фарёди онҳо бирасад. Амр ибни Ос бо роҳи баҳрӣ бист киштӣ орд гӯшт ва либоса равон кард. Бо роҳи хушкӣ бошад, ҳазор шутур орд фиристод. Фиристодагони Форуқ (р) шутурони пурборро дар даромадгоҳи Шом пешвоз гирифтанд ва ба ҷониби росту чап фиристоданд. Мардум шутурҳоро кушта, хӯроки дуруст мекарданд ва аз орд нон мепухтанд ва либосҳоро мепӯшиданд. Ва он борҳое, ки бо роҳи баҳрӣ омада буданд, барои аҳли Тиҳома бурда шуд.

Чун Форуқ (р) намози шомро адо менамуд, нидо мекард: Эй мардум, аз Парвардигоратон омурзиши гуноҳонро талаб намоед ва ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз марҳаматаш дархост намоед ва борони раҳматашро талаб кунед, на борони азобашро. Ҳамеша ин амалро анҷом медод. То ин ки Худованд (ҷ) ин мушкилиро бартараф намуд ва ин балоро аз сари мусулмонон дур кард.

Амири одил

Қайсар подшоҳи Рум ба назди Умар ибни Хаттоб (р) расуле фиристод, то афъолу аҳволи ӯро мушоҳида намояд. Чун ба шаҳр даромад аз мардуми он пурсид: Подшоҳатон дар куҷост? Гуфтанд: Мо подшоҳ надорем, балки мо амире дорем, ки алҳол аз шаҳр берун рафтааст.

Он сафир ба талаби Умар (р) баромад. Ӯро дар зери офтоб, дар замин, дар болои реги гарм хобида дид. Вай дираашро (тозиёнаашро) чун болишт зери сар ниҳода буд ва арақ аз пешониаш мечакид, ки заминро тар карда буд.

Чун ӯро дар ин ҳол дид, дар дилаш тан дод (қоил шуд) ва гуфт: Марде, ки аз ҳайбаташ подшоҳон қарору ором надоранд, ҳолаш чунин аст!! Валекин, эй Умар (р) ту адл мекунию эмин мехобӣ ва подшоҳи мо ҷабр мекунад, пас шакке нест, ки ҳамеша тарсон ва дар хавф аст. Гувоҳӣ медиҳам, ки дини ту дини барҳақ аст. Ва агар ман ҳамчун сафир намеомадам, албатта, Исломро қабул мекардам, аммо ман дубора меоям ва мусалмон мешавам.

Байни Форуқ ва Каъбулаҳбор

Форуқ (р) ба назди занаш – Умми Кулсум духтари Алӣ ибни Абутолиб (р) даромада, ӯро гирён дид. Ба ӯ гуфт: чӣ чиз туро ба гиря кардан водор намуд?

Гуфт: Эй Амиралмӯъминин, ин яҳудӣ – яъне Каъбулаҳбор мегӯяд, ки ту бар даре аз дарҳои дӯзах ҳастӣ!

Умар (р) гуфт: Қасам ба Худо (ҷ), ҳароина умедворам, ки Худованд маро некбахт офарида бошад.

Баъд аз он Форуқ (р) шахсеро фиристода Каъбулаҳборро ба назди худ даъват кард. Чун вай ба назди Умар (р) омад, гуфт: Эй амиралмӯъминин, қасам ба зоте, ки нафси ман дар яди ӯст, моҳи зулҳиҷҷа сипарӣ нашуда, ту дохили биҳишт хоҳӣ шуд.

Форуқ (р) гуфт: Ин чӣ гуфтор аст?! Як бор дар биҳишт ва бори дигар дар дӯзах?!

Каъбулаҳбор гуфт: Эй амиралмӯъминин, қасам ба зоте, ки ҷони ман дар яди ӯст, ман дар китоби Худованд дидам, ки ту бар даре аз дарҳои дӯзах ҳастӣ ва мардумро аз афтодан дар он манъ мекунӣ. Пас ҳар вақте ки ту бимирӣ, мардум дар он меафтанд ва ин то рӯзи Қиёмат идома хоҳад ёфт.

Талаби шаҳодат кардани Форуқ (р)

Дар охирин ҳаҷҷе, ки Форуқ (р) анҷом дод, дастонашро ба ҷониби осмон бардошта, ба даргоҳи Парвадигораш чунин дуъо намуда гуфт: «Парвардигоро, умрам зиёд ва қувватам кам шуд ва раъиятам дар ҷаҳон паҳн гардид, пас маро ба ҷониби худ бибар ва зоеъу беҳуда магардон».

Ва ҳамеша аз Парвардигораш мехост, ки шаҳид шудан дар роҳашро насибаш гардонад. Махсусан, баъд аз оне, ки Паёмбари Худо (с)-ро шунида буд, ки ба кӯҳи Уҳуд мегуфт: «Эй Уҳуд, собит бош, ки дар болои ту ба ҷуз Паёмбар (с) ва Сиддиқ (р) ва ду шаҳид, ки қарор доранд касе нест». Ва дар он рӯз ҳамроҳи онҳо ғайри Абубакри Сиддиқ (р) ва Усмон ибни Аффон (р), касе набуд.

Рӯзе Паёмбар (с) бар тани Умар (р) куртаи сафедеро дида гуфт: «Куртаат нав аст ё обшуста».

Форуқ (р) гуфт: Обшустааст.

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Нав бипӯш ва некӯ зиндагӣ кун ва шаҳид бимир ва Худованд (р) ба ту дар дунё ва охират қаноъатмандиро насиб мегардонад».

Форуқ (р) Парвардигорашро мехонд ва мегуфт: «Парвардигоро, ман аз ту шаҳид шудан дар роҳатро ва мурдан дар шаҳри Паёмбарат (с)-ро мехоҳам». Худованди азза ва ҷалла дуъои Форуқ (р)-ро мустаҷоб кард ва ин ду чизро ба вай муяссар гардонид.

Абулуълуи маҷусии малъун, ки лаънати Худо (ҷ) ва Паёмбар (с) ва тамоми мусалмонони олам бар ӯ бод, ки Фаирӯз ном дошт ва ғуломи Муғира ибни Шӯъба ва аз асирони Наҳованд буд, дар ҳоли рост кардани сафҳои намози бомдод ба бадани Умар (р) бо корди дудама се зарба зад, Форуқ (р) ба замин афтод ва мегуфт:

وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ قَدَرًا مَّقْدُورًا

«Ва кори Худо андозагузоришуда аст».

Абулуълуъаи маҷусии (малъун) дар ҳоли гурехтан ҳар касе аз намуозгузоро, ки рӯбарӯяш меомад, ӯро бо корд мезад, то ин ки сездаҳ намозгузорро маҷрӯҳ кард, ки нӯҳ нафари онҳо ба шаҳодат расиданд. Яке аз намозгузорони ғаюр тавонист либосеро бар сари ӯ партофта, аз пушташ бидорад. Пас бо ҳамон ханҷараш даст ба худкуши зад ва худро ба ҳалокат расонид.

Ибни Аббос (р) дасти Абдурраҳмон ибни Афв (р)-ро гирифта барои адои намоз пеш гузаронид. Ӯ намозро сабук хонд. Форуқ (р)-ро ба манзилаш бурда шуд. Чун аз беҳушӣ ба худ омад, аз қотили худ пурсид. Воқеъаро ба ӯ хабар доданд.

Ҳазрати Умар (р) гуфт: Ситоиш Худовандеро, ки марги маро ба дасти марде, ки ба сӯи Худо даъват мекунад, анҷом надод (яъне маро ба дасти як шахси кофиру оташпарасте ба шаҳодат расонид).

Баъд аз он об хоста таҳорат кард ва намозро адо намуд, дар ҳоле ки аз ҷароҳаташ хун равон буд. Сипас гуфт: касе намозро тарк намояд, аз Ислом баҳрае нахоҳад бурд.

Чун табибро даъват карданд, ҷароҳати вайро дида, ба ӯ гуфт: Эй амиралмӯъминин, ҳар он чи васият кардан мехоҳӣ, васият бикун, қасам ба Худо, ки то бегоҳ нахоҳӣ зист.

Мардуми дар атрофаш буда гуфтанд: эй амиралмӯъминин, халифа таъин бикун.

Форуқ (р) фармуд: Ба ин кор касеро муносибтар аз он нафароне, ки Паёмбар (с) дар ҳоли ризоият аз онҳо вафот намуд, намебинам. Баъд аз он Алӣ ибни Абутолиб, Усмон ибни Аффон, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Зубайр ибни Авом, Абдурраҳмон ибни Афв ва Саъд ибни Абуваққос (р)-ро номбар кард.

Баъд аз он саҳобагони Паёмбар (с) аз ӯ васият хостанд. Умар (р) ба онҳо гуфт: «Шуморо ба китоби Худованд васият мекунам, то замоне, ки бо он амал намоед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд ва шуморо ба азиз доштани муҳоҷирон васият мекунам. Ба таҳқиқ гоҳо мардум зиёд ва гоҳо кам мешаванд ва шуморо ба эҳтиром кардани ансор васият мекунам, ҳароина онҳо мардумоне ҳастанд, ки Ислом ба онҳо паноҳ бурд ва шуморо ба гиромӣ доштани арабҳо васият мекунам, ки онҳо аслу ҷавҳари шумо ва бародарони шумо ва душмани душманони шумоянд. Ва шуморо ба аҳли зимма васият мекунам, ки онҳо зиммабардори Паёмбаратон ва сабаби рӯзии хонаводаи шумо ҳастанд».

Баъд аз он Форуқ (р) ба писараш Абдуллоҳ (р) гуфт: Эй Абдуллоҳ, ба назди уммулмӯъминин Оиша (р) бирав ва бигӯ, ки Умар (а) ба ту салом мерасонад. Магӯ амирулмӯъминин, ки ман имрӯз барои мӯъминон амир нестам. Ва мегӯяд: оё ба ӯ иҷозат медиҳад, ки ҳамроҳи дӯстонаш дафн карда шавад?

Чун Абдуллоҳ ибни Умар ба назди Оиша (р) омад, ӯро гирён дид. Пас ба ӯ салом дода гуфт: Умар ибни Хаттоб аз шумо иҷозат мехоҳад, ки ҳамроҳи дӯстонаш дафн карда шавад.

Уммулмӯъминин Оиша (р) гуфт: Қасам ба Худо, ки ман низ ҳаминро мехостам.

Чун Абдуллоҳ ба назди падараш баргашт, Форуқ (р) бо уммедворӣ ба ӯ гуфт: Чӣ хабар бо худ дорӣ?

Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: Он чи дӯст медоштӣ, бароят иҷозат дода шуд.

Форуқ бо итминони хотир гуфт: ситоиш Худоро, барои ман чизе муҳимтар аз ин ҷойгоҳ набуд.

Сипас Форуқ (р) фармуд: қасам ба Худо, агар он чи дар рӯи замин аст, азони ман мебуд, ҳароина аз даҳшати ин азоб фидя медодам.

Ибни Аббос (р) гуфт: қасам ба Худо, албатта, умедворам, ки онро набинӣ, магар он андозае, ки Худованди Азза ва Ҷалла гуфтааст:

وَإِن مِّنكُمْ إِلَّا وَارِدُهَا

«Ва нест аз шумо ҷуз воридшаванда ба он».

Агар мо намедонистем, ки ту амири мӯъминон ва пешвои мӯъминон ҳастӣ ва аз рӯи китоби Худо (ҷ) ҳукм мекунӣ ва қисматро баробар анҷом медиҳӣ… Эй амиралмӯъминин, қасам ба Худо, набуд Исломи ту магар фирӯзӣ ва набуд пешвоии ту магар фатҳу кушоиш ва қасам ба Худо, ки дар замони амирии ту замин аз адл лабрез гашт. Ва агар ду нафар бо хусумат назди ту шикоят мекарданд, албатта, бо сухани ту ба салоҳ меомаданд.

Пас, Форуқ (р) гуфт: эй ибни Аббос, оё ба ин гуфтаҳо барои ман рӯзе, ки бо Худо мулоқӣ хоҳӣ шуд, гувоҳӣ медиҳӣ!

Ибни Аббос (р) гуфт: Оре, гувоҳӣ медиҳам.

Баъд аз он Форуқ, коҳеро аз замин гирифта гуфт: Кошкӣ ман ҳамин коҳ мешудам, кошкӣ офарида намешудам, кошкӣ маро модарам намезод, кошкӣ чизе намебудам, кошкӣ аз ёдҳо фаромӯшшуда мебудам… Вой бар ман ва вой бар модари ман, агар Худо (ҷ) маро наомурзад. Бо ин ҳол рӯҳи покаш аз бадан ҷудо шуд. Мусибате аз мусбати он рӯз сахттар бар мусулмонон нарасида буд.

Сипас ҷасади Форуқ (р)-ро асҳоби Пасёмбари Худо (с) бар души худ гирифта оварданд ва дар масҷиди Паёмбари Худо (с) бар вай намози ҷаноза хонда шуд ва дар назди Паёмбар (с) ва Абубакри Сиддиқ (р) гӯронида шуд.

Абдуллоҳ ибни Салом (р) назди қабри ӯ истода мегирист ва мегуфт: «Беҳтарин бародари Исломӣ будӣ, ҷонфидо дар роҳи Ҳақ ва бахил дар роҳи ботил, дар ҳолати ризо розӣ будӣ ва дар ҳолати ғазаб ғазаб мекардӣ, некӯкору хушахлоқ будӣ, маддоҳ ва ғайбаткунанда набудӣ».

Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) истод ва гуфт: «Эй Абуҳафс, Худованд туро биомурзад. Баъд аз Паёмбар (с) барои ман маҳбубтар аз ту касе нест».

Қалъаи Ислом

Зайд ибни Ваҳб назди Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) омада хоҳиш намуд, то барои ӯ оятеро аз Қуръон тиловат кунад. Ӯ оятеро барояш тиловат кард. Зайд (р) гуфт: Умар (р) ин оятро барои ман дигар хел хонда буд! Пас ибни Масъуд (р) чунон гирист, ки сангрезаҳо аз оби дидагонаш тар шуданд. Баъд аз он гуфт: Ҳамон тавре бихон, ки Умар (р) барои ту хонда буд. Қасам ба Худо, ҳароина Умар барои Ислом ба манзалаи қалъаи мустаҳкаме буд, ки Ислом ба он дохил мешуд ва аз он намебаромад. Чун Умар (р) кушта шуд, дар он қалъа рахнае шуд, ки Ислом аз он мебарояд ва дар он дохил намешавад.

Саъид ибни Зайд (р)-ро диданд, ки мегирист. Ба ӯ гуфтанд: Барои чӣ гиря мекунӣ? Гуфт: Барои Ислом мегирям. Ба таҳқиқ марги Умар (р) ба Ислом рахнаи бузург ворид кард, ки асари он то рӯзи Қиёмат аз байн намеравад.

Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) рӯзе Умар ибни Хаттоб (р)-ро ёдоварӣ карда гуфт: Дӯст намедорам, ки барои ман офтоб тулӯъ кунад ё ғуруб намояд ва ман баъди Умар боқӣ бимонам.

Ҳузайфа ибни Ямонӣ (р) гуфт: Ислом дар замони Умар мисли марди пешоянда буд, ки ҳамеша наздик мешуд, чун Умар (р) кушта шуд, мисли марди ба қафораванда гашт, ки ҳамеша дур меравад.

Баъзе амалҳое, ки аввалин бор Форуқ (р) анҷом дод

Аввалин шахсест, ки лақаби «Амирулмӯъминин»-ро гирифт.

Аввалин шахсест, ки таърихро (солшумориро) аз ҳиҷрат навишт.

Аввалин шахсест, ки қиёми моҳи Рамазонро суннат гардонид ва мардумро дар ин кор сарҷамъ намуд ва барои анҷом додани ин амал ба кишварҳо нома навишт.

Аввалин шахсест, ки Қуръонро дар шакли китоб ҷамъ намуд.

Аввалин шахсест, ки сабти аснодро ба роҳ монд ва мардумро бо қабилаҳояшон номнавис кард.

Аввалин шахсест, ки барои огоҳ шудан аз аҳволи раъият, шабона дар шаҳр мегашт.

Аввалин шахсест, ки қоидаҳои наҳв (грамматикаи забони арабӣ)-ро вазъ намуд ва фармуд, ки танҳо забондонон хонданро ба мардум таълим диҳанд.

Аввалин шахсест, ки анборхона сохт ва дар он орд, хурмо, мавиз ва дигар чизҳои лозимаро захира намуд, то аз он чизҳо ба дармондагон кӯмак намоянд.

Аввалин шахсест, ки барои лашкариён бимаи (суғуртаи) иҷтимоӣ муаян намуд.

Аввалин шахсест, ки аркони давлати Исломиро мустаҳкам кард ва нуфузашро васеъ намуд ва идораашро ба низом даровард ва адолату ҳақиқатро дар гӯшаву канори он ҷорӣ намуд.

Аввалин шахсест, ки аз Миср дар киштиҳо хӯрокворӣ овард.

Аввалин шахсест, ки дар аҳди Абубакри Сиддиқ (р) вазифаи қозигиро ба ӯҳда дошт.

Аввалин шахсест, ки дар шаҳрҳо қозӣ таъин намуд ва вазифаи қозигиро алоҳида сохт.

Аввалин шахсест, ки баробарҳуқуқиро дар вақти мурофиъаи додгоҳӣ тасдиқ кард.

Аввалин шахсест, ки ҳабсхона сохт, ки гунаҳкорон дар он ҷо ҳабс карда мешуданд.

Аввалин шахсест, ки ба васеъ кардани масҷиди Набавӣ шурӯъ намуд.

Аввалин шахсест, ки барои тақсим кардани ҳадяҳо ба мусулмонон асос гузошт.

Аввалин шахсест, ки пулҳои Исломӣ сикка зад.

Аввалин садақае, ки дар дини Ислом анҷом дода шуд, садақаи Умар ибни Хаттоб аст ва он замине буд дар Хайбар, ки ба Умар (р) расида буд.

Аввалин шахсест, ки дурра (тозиёна) ба даст гирифта бо он адаб дод. Баъди ин ҳодиса гуфта мешуд, ки «дурраи Умар (р) аз шамшери шумо боҳайбаттар аст».

Аввалин шахсест, ки барои шаробхорӣ 80 тозиёна зад.

Аввалин шахсест, ки мардумро дар намози ҷаноза ҷамъ намуд.

Аввалин шахсест, ки барои интиқоли мактубҳо аз пайк (почта) истифода намуд.

Аввалин шахсест, ки наҳрҳо (ҷӯйборҳо) канд ва пулҳо (купрукҳо) сохт.

Аввалин шахсест, ки ба обод кардани заминҳо фармон дод ва гуфт: ҳар касе замини мурдаеро зинда кунад, пас он замин аз они вай аст.

Аввалин шахсест, ки дар моҳи Рамазон масҷидҳоро равшан кард.

Аввалин шахсест, ки дар масҷиди Паёмбари Худо (с) аз сангреза фарш кард.

Аввалин шахсест, ки байтулмол созмон дод.

Аввалин шахсест, ки роҳати лашкарро бисёр мехост ва амр кард, ки лашкариёнро аз дидорбинӣ бо аҳли хонаводаҳояшон аз чаҳор моҳ зиёд манъ накунанд.

Аввалин шахсест, ки шаҳрҳоро обод кард ва заминҳо ва кӯҳҳоро поку обод намуд ва ба заминҳо хироҷ муаян кард ва ба аҳли зимма ҷизя муқаррар сохт.

Аввалин шахсест, ки яҳудиёнро аз Ҳиҷоз берун кард ва аз Ҷазирату-л-араб ба Шом муҳоҷирашон намуд ва аҳли Наҷронро хориҷ кард.

Аввалин шахсест, ки футуҳоти бузурги мусалмононро оғоз кард ва он заминҳо ва ноҳияҳоеро тасарруф намуд, ки дар онҳо хироҷ ва фоида аст. Тамоми Ироқу Озарбойҷон ва ноҳияҳои Басра ва заминҳояш ва ноҳияҳои Аҳвоз ва Форс ва аксари сарзамини Осиёи Миёна, Мовароуннаҳр ва навоҳии Шомро фатҳ кард, ғайр аз Аҷнодин, ки он дар замони хилофати Сиддиқ (р) фатҳ карда шуда буд. Ҳамчунин Умар (р) ноҳияҳои Алҷазира, Мавсил, Миср ва Искандарияро фатҳ кард. Ҳангоме, ки ӯро ба қатл расонданд, лашкари ӯ дар Рай[45] қарор дошт ва тамоми он сарзаминро фатҳ карда буданд.

Эй хонандаи гиромӣ, огоҳ бош, ки мусалмон шудани аҷдоду бобоҳои мо ба дасти ин абармарди бузург ва дуввумин ёри Паёмбар (с) анҷом гирифтааст. Пас дӯсташ бидор ва дар ҳаққаш дуъои хайр бикун ва номашро зинда намо.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *