Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Даҳ ёри биҳиштӣ

Обл3

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Шахсияти Усмон ибни Аффон (р)

Вай Усмон ибни Аффон ибни Абуос ибни Умая буда, насабаш ба қабилаи Қурайш мерасад. Унвонҳои ифтихории амиралмӯъминин, зиннурайн (соҳиби ду нур), соҳиби ду ҳиҷрат, шавҳари ду духтар, сеюмин халифаи рошид (росткор)-ро дорад.

Усмон ибни Аффон (р) яке аз зеботарини мардон буда, чеҳари нозуку зебо ва риши калони сиёҳ дошт. Мӯйи сараш ғафс буда, на дароз буду на кӯтоҳ. Усмон (р) ахлоқи карим, ҳиммати баланд дошт ва марди боҳаё буд.

Падари Усмон (р) тоҷири варзида буд. Ӯ дар яке аз сафарҳои тиҷоратиаш вафот карда, писари навболиғашро танҳо гузошт. Дар бораи Усмон (р) ҳаргиз ривоят нашудааст, ки дар айёми бачагӣ ё наврасӣ мушкилоти зиндагиро чашида бошад. Усмон (р) миёни қавмаш дар сарватмандӣ ва шараф мақоми волотаринро доро буд.

Модари Усмон (р) Арво бинти Курайз духтари Умми Ҳакам буд. Умми Ҳакам духтари Байзо бинти Абдулмуталлиб ибни Ҳошим буд ва аммаи Расули акрам (с) маҳсуб мешуд. Дар замони ҷоҳилият Усмон (р) соҳиби кунияи Абуамр буд. Баъд аз зуҳури Ислом, пас аз он ки Усмон (р) духтари Расули акрам (с)-Руқияро ба занӣ гирифт соҳиби Абдуллоҳ ном писарбачаи дӯстрӯяк шуд. Аз ин рӯ мусалмонон Усмонро бо кунияи Абуабдуллоҳ хитоб карданд.

Баъд аз он ки Абдуллоҳ ба синни шашсолагӣ расид, боре хурӯс ба ӯ ҳамла карда, ба чашмонаш минқор зад. Пас аз ин ҳодиса Абдуллоҳ бемори вазнин шуда, (дар соли чоруми ҳиҷрӣ) аз дунё гузашт.

Ҷанозаи Абдуллоҳро Расули акрам (с) хонд ва Усмон (р) ӯро дар қабр гузошт. Усмон (р) ғайр аз Абдуллоҳ, ки аз Руқияи духтари Расули акрам (с) ба дунё омада буд, фарзандони дигар ҳам доштанд. Аз ҷумла:

— Абдуллоҳи Асғар, ки модараш Фотиҳа бинти Ғазвон мебошад;

— Амр, Холид, Абон, Умар ва Марям, ки модарашон Умми Амр бинти Ҷундуб мебошад;

— Валид, Саъид ва умми Саъид, ки модарашон Фотима бинти Валид ибни Абдушшамс мебошад;

— Абдулмалик, ки модараш умми Банин бинти Уяйна ибни Ҳисни Фазорӣ мебошад;

— Оиша, умми Абон, умми Амр, ки модарашон Рамла бинти Шайба мебошад;

— Марям, ки модараш Ноила бинти Фурофиса мебошад;

— Умми Банин, ки модараш каниз буд.

Ҳазрати Усмон (р) ҳамагӣ 8 зан ва 16 фарзанд дошт, ки 9-тоаш писар ва 7-тоаш духтар буданд.

Усмон (р) дар замони ҷоҳилият ва баъд аз зуҳури Ислом ҳам ба тиҷорат машғул буд ва молашро қарзи ҳасана медод.

Усмон (р) яке аз даҳ нафаре аст, ки Расули акрам (с) ӯро ба ҷаннат башорат додааст ва донандаи хуби шариъати Ислом ба шумор меравад. Расули акрам (с) ҳангоми хуруҷ ба ғазваи Зотурриқоъ ва ғазваи Ғатафон Усмон (р)-ро ба ҷойи худ дар Мадина гузошт. Инчунин Расули акрам (с) ба Усмон (р) амр кард, ки ба Наҳшал ибни Молики Воилӣ, ки ба ҳузури Расули акрам (с) омада буд, мактубе бинависад ва дар он шариъати Исломро ба Наҳшал шарҳ бидиҳад.

Усмон (р) аз Расули акрам (с) 146 ҳадис ривоят кардааст. Усмон (р) дар ғазваи Уҳуд, Хандақ ва Ҳудайбия иштирок кардааст. Дар Ҳудайбия Расули акрам (с) ба ҷойи Ӯ байъат кард ва бо як дасти муборакашон дасти дигарашро гирифта, гуфтанд: «Ин дасти Усмон аст». Дар ғазваи Табук низ ҳозир буд ва лашкари Усраро аз маблағи худаш муҷаҳҳаз гардонид. Дар айёми ҳаҷҷи видоъ ҳамроҳи Расули акрам (с) ҳаҷ кард. Расули акрам (с) аз олам гузаштанд ва аз Усмон (р) розӣ буданд. Баъд аз вафоти Расули Худо (с) бо Абубакри Сиддиқ (р) ба беҳтарин ваҷҳ дӯстиву рафоқат дошт. Абубакр (р) аз дунё гузашт, дар ҳоле ки аз Усмон (р) розӣ буд. Баъд аз он бо Умар (р) низ тарзе, ки бо Абубакр (р) дӯсту бародар буд, муъомила мекард. Умар (р) дар ҳоле ки аз Усмон (р) розӣ буд аз олам гузашт ва қабл аз вафот васият кард, ки шаш нафар аз саҳобаҳои лаёқатманд бо ҳам машварат карда, як нафарашонро халифа интихоб намоянд. Миёни он шаш нафари номбаркардаи Умар (р) Усмон (р) низ буд ва беҳтарини эшон маҳсуб мешуд.

Дар айёми хилофати Усмон (р) Арманистон, Қафқоз, Хуросон, Кирмон, Сиистон, Африқо ва ҷазираи Қибрис (Кипр) фатҳ гардид.

Усмон (р) аввалин шахсест, ки масоҳати Масҷиду-л-ҳаромро васеъ кардааст ва дар аҳди хилофати ӯ масҷиди Набавӣ низ калон карда шуд. Усмон (р) аввалин шахсе аст, ки дар рӯзи ид пеш аз намоз хутба хонд ва амр кард, ки рӯзи ҷумъа азони аввал дода шавад. Инчунин Усмон (р) гирдоварии Қуръонро ба анҷом расонид.

Усмон (р) аввалин шахсест, ки кормандони ҳифзи тартиботро ба кор андохт ва амр кард, ки мусалмонон дар сарзаминҳое, ки партофта шудааст, сокин шаванд ва онро аз худ намоянд. Ӯ аввалин шахсест, ки барои кори қазоват хонаи алоҳида ихтиёр кард, зеро Абубакр ва Умар (р) барои қазоват дар масҷид менишастанд. Нақши нигини ангуштарини Усмон (р) чунин буд: «Ба зоте имон овардам, ки накӯ офарид».

Ислом овардани Усмон ибни Аффон (р)

Боре Усмон ибни Аффон (р) бо мақсади тиҷорат ва касби ризқу рӯзӣ ба сарзамини Шом сафар кард. Дар ин сафар ӯро Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ҳамроҳӣ мекард. Онҳо дар сарзамини Шом заҳмат кашида, моли барои тиҷораташон муносибро ҷӯстуҷӯ мекарданд. Баъд аз заҳмати зиёд онҳо ба яке аз боғҳои сердолу дарахте, ки дар он вақт дар минтақаи Шом мавҷуд буд, омада истироҳат карданд. Дар яке аз ҳамин гуна лаҳзаҳои истироҳат, ки ғанаб рафта буданд, ҷорчие онҳоро садо карда, гуфт: «Эй мардуми хобида, бедор шавед! Бидонед, ки Муҳаммад (с) дар Макка зуҳур кард».

Ин нидо борҳо такрор шуд ва ҳар яки он ду нафар ин суханонро дар зеҳни худ ҷой карданд ва ба ҳамдигар чизе нагуфтанд аз тарси он ки мабодо пеш аз ин ҳам дар ин бора чизе шунида бошад. Ин суханони ҷорчӣ дар хотираи Усмон (р) нақш баста буд ва шабу рӯз аз зеҳнаш дур намешуд. Баъд аз омода кардани бори тиҷорат ба Макка баргашт. Ҳанӯз барои истироҳат ба манзилаш ворид нашуда холааш, Суъдо бинти Курайзро, ки коҳинзан буд, дучор омад. Холааш ӯро бо табассум пешвоз гирифта, мужда дод ва гуфт:

— Эй Усмон (р) ту марди соҳибҷамол ва нотиқ ҳастӣ. Ин марди набӣ соҳиби бурҳон ва фиристодаи Худованди дайён аст ва бо худ танзил ва Фурқон (Қуръон) дорад. Пайраваш бош, то бутҳо фиребат надиҳанд.

Усмони ҳайратзада гуфт:

— Ту ҳодисаеро ёдрас мекунӣ, ки дар сарзамини мо ба вуқӯъ пайвастааст.

Холааш гуфт:

— Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, расул аст аз ҷониби Аллоҳ, даъват мекунад сӯйи Худо (ҷ), чароғи ӯ раҳнамо, дини ӯ наҷот ва кори ӯ бобарор аст.

Баъд аз шунидани ин калимаҳо Усмон (р) ба андеша фурӯ рафта, аз хона баромад. Дар ҳамин асно бо Абубакр (р) дучор омад. Усмон (р) аз хабари шунидааш Абубакр (р)-ро огоҳ кард. Абубакри Сиддиқ (р) ба ӯ гуфт:

— Вой бар ту, эй Усмон (р), охир ту марди хирадманд ҳастӣ ва назди ту ҳаққу ботил пӯшида намемонад. Ин бутҳое, ки қавми мо мепарастанд, чӣ ҳастанд?! Оё онҳо санги лол нестанд, ки намешунаванд ва намебинанд ва суду зиён ҳам намерасонанд?

Усмон (р) гуфт:

— Бале, қасам ба Худо, ки чунин аст.

Абубакри Сиддиқ (р) гуфт:

— Қасам ба Худо, ки холаат ба ту рост гуфтааст.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) паёмбари Худо (ҷ) аст. Худованд ӯро ба сӯйи халқаш ҳамчун расул фиристодааст. Оё ту ба назди Расули Худо (с) меравӣ?

Абубакри Сиддиқ (р) суханашро ба охир нарасонда, Усмон (р) мақсади ниҳонии ӯро пай бурд ва ҳамроҳаш назди Расули Худо (с) равон шуд. Ҳангоме, ки Расули Худо (с) Усмон (р)-ро дид гуфт:

— Эй Усмон, даъвати Худоро бипазир, ман дар ҳақиқат фиристодаи Худо ба сӯйи ту ва ба сӯйи халқи Худо (ҷ) ҳастам.

Усмон (р) дарҳол Ислом оварда, шоҳидӣ дод, ки ҷуз Аллоҳи пок Худои дигаре нест ва Муҳаммад (с) банда ва Расули Худо аст. Дере нагузашта Усмон (р) Руқия духтари Расули Худоро ба занӣ гирифт. Дар бораи никоҳи онҳо мегуфтанд: беҳтарин ҷуфте, ки инсон дидааст, Руқия асту ҳамсараш Усмон (р).

Аввалин муҳоҷирон

Баъд аз Ислом овардан бо вуҷуди мақому мартабаи Усмон (р) миёни қавмаш аз озору азияти ҳамқавмонаш эмин намонд. Амаки Усмон (р), Ҳакам ибни Абуос ибни Умая ӯро бо ресмон баста гуфт:

— Оё аз дини аҷдодият рӯй мегардонӣ ва ба дини нав майл мекунӣ? Қасам ба Худо (ҷ), то он даме, ки дини наватро тарк накунӣ аз банд озодат намекунам. Усмон (р) дар ҷавоб бо исрори марде, ки роҳи ҳақро шинохтааст, гуфт:

— Қасам ба Худо (ҷ), ки ин динро ҳаргиз тарк намекунам.

Амакаш чун пештара Усмон (р)-ро азобу шиканҷаи дарднок медод, вале ӯ бо исрор ва устувории бештар дар дини Ислом ворид мешуд ва ақидааш матин мегашт. Кор ба ҷое расид, ки амакаш ноумед шуд ва ихтиёрашро ба худаш дод ва аз ӯ даст бардошт.

Бо гузашти вақт шумораи мусалмононе, ки дини Худоро мепазируфтанд бештару бештар мешуд ва оташи ғазаб кинаи мушрикони Қурайш низ аланга гирифта, азобу шиканҷаи мусалмононро зиёд мекарданд. Вақте ки Расули акрам (с) ин аҳволи ногувори мусалмонони заъифу нотавонро дид, ба онҳо гуфт:

Чӣ мешуд агар ба сарзамини Ҳабашистон ҳиҷрат мекардед? Он ҷо подшоҳе ҳукмрон аст, ки ба касе зулмро раво намебинад ва он сарзамини ростӣ аст. Бошад, ки Худованд барои шумо кушоише бидиҳад ва аз ин бало раҳоятон созад. Баъд аз ин гуфтор чанд нафаре аз асҳоби Паёмбар (с) ба сӯйи Ҳабашистон равона гардиданд, то ки аз фитна наҷот ёбанд. Онҳо дини худро бо худ гирифта ба Худо паноҳ бурданд. Ин аввалин ҳиҷрат дар Ислом буд. Аввалин шахсе, ки аз мусалмонон ҳиҷрат кард, Усмон ибни Аффон (р) ва ҳамсари меҳрубонаш Руқия бинти Расули Худо (с) буданд.

Расули Худо (с) муштоқи хабари мусалмонони муҳоҷир ва домоду фарзандаш гашта буд, ки нобаҳангом зане аз аҳли Қурайш аз сарзамини Ҳабашистон баргашт ва ба назди Расули акрам (с) омада гуфт:

— Эй Муҳаммад (с) домод ва духтаратро дидам. Расули акрам (с) пурсон шуданд:

— Эшон чӣ ҳол доранд?

Зан гуфт:

— Дидам, ки домодат духтаратро дар хар савор карда, худаш бошад, онро аз нухтааш гирифта, ба пеш меронад.

Расули акрам (с) лутф карда гуфтанд: «Худо нигоҳ дорадашон, ҳароина, Усмон аввалин шахсест, ки баъд аз паёмбар Лут (а) ҳамроҳи ҳамсараш ҳиҷрат кардааст».

Чанде баъд ба гӯши мусалмонони муҳоҷир овозае расид, ки гӯё қабилаи Қурайш роҳи дурустро ихтиёр кардаанд ва пайрави Расули акрам (с) шудаанд. Ин овозаро шунида, муҳоҷирони муштоқи ватан ба он бовар карданд ва ба Макка баргаштанд. Вақте ки дурӯғ будан ин овозаҳо барояшон маълум шуд, дубора ба сарзамини Ҳабашистон бозгаштанд.

Усмон (р) низ ҳамроҳи ҳамсараш бори дуюм ҳиҷрат карданд. Аммо вақте ки муштоқи дидори Расули акрам (с) ва шаҳри Макка шуданд ва ба ватан бозгаштанд ва то лаҳзае, ки Худованд ба Паёмбараш ва ба дигар мусалмонон иҷозаи ҳиҷрат ба Мадинаро дод, дар Макка ҳамроҳи Расули акрам (с) буданд. Усмон (р) ҳамроҳи ҳамсараш ва мусалмонони Макка ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кард ва дар хонаи Авс ибни Собит фурӯд омад. Авс ибни Собит бародари Ҳассон ибни Собит-шоири маъруфи араб буд ва онҳо аз қабилаи бани Наҷҷор маҳсуб мешуданд. Ҳассон Усмонро бениҳоят эҳтиром мекард ва дӯст медошт.

Расули акрам (с) баъд аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара ҳар як муҳоҷирро бо мусалмонони Мадина, ки ансорашон меномиданд, бародархондагӣ қарор дод ва барои Усмон (р) Абдураҳмон ибни Авф ва Авс ибни Собитро бародар муқаррар кард.

Вақте ки Расули акрам (с) дар Мадина хонаҳои асҳобро тақсим мекард, тарҳи хонаи Усмонро низ муайян кард. Гуфта мешавад, ки равоқи хонаи Усмон, ки аз он рӯшноӣ вориди хона мешавад, рӯ ба рӯйи дари баромади Расули акрам (с) воқеъ будааст.

Соҳиби ду нур

Расули акрам (с) ҳамроҳ бо асҳоби киром ба ғазваи Бадр равон гардиданд ва ба Усмон (р) амр карданд, ки ҳамроҳи завҷааш Руқия, ки бемори бистарӣ буд, дар Мадина бимонад. Вале аҷал ба Руқия (р) амон надод. Дар ҳамон рӯзе, ки Зайд ибни Ҳориса муждаи фатҳи мусалмононро ба Макка овард, Руқия (р) аз олами фонӣ даргузашт. Расули акрам (с), ки аз фатҳи додаи Худо (ҷ) дар ғазваи Бадр хушнуд шуда буд, бо шунидани хабари вафоти фарзанди ҷигарбандаш сахт ғамгин шуд, вале худро ба даст гирифта, ба назди Усмон (р) рафт, то ки ба ӯ дар ин мусибат тасаллӣ диҳад.

Расули акрам (с) Усмон (р)-ро икром карда, ӯро аз ҷумлаи иштирокчиёни он ғазваи Бадр ҳисобид ва аз ғаниматҳо барои ӯ ҳиссаеро ҷудо намуд. Бар замми ин ҳама духтараш умми Кулсумро ба никоҳи Усмон (р) даровард. Одамон аз ин баъд Усмон (р)-ро Зинурайн (соҳиби ду нур), ки мурод аз он ду нури чашми Расули акрам (с) буд, лақаб ниҳоданд.

Ба занӣ гирифтани духтари дуюми Расули акрам (с) аз ҷониби Усмон (р) фазилате буд, ки Худованд ба Усмон (р) хос гардонид, зеро ягон марде аз умматҳои пешин ду духтари паёмбареро ба занӣ нагирифтаааст. Вақте ки умми Кулсум (р) дар моҳи шаъбони соли нуҳуми ҳиҷрӣ вафот кард, Расули акрам (с) афсус хурданд, ки дигар духтари бешавҳар надоранд, то ки боз ҳам ба никоҳи домоди дӯстдоштааш Усмон (р) дароваранд ва Расули акрам (с) дар ин бора фармуданд: «Агар духтари сеюм медоштам, ӯро низ ба никоҳи Усмон (р) медаровардам».

Инчунин Расули акрам (с) фармуданд: «Агар даҳ духтар ҳам медоштам, ҳароина, онҳоро ба Усмон (р) ба занӣ медодам».

Расули Худо (с) фармуданд: «Аз Парвардигорам масъалат кардам, ки вориди дӯзах насозад шахсеро, ки бо ман домодӣ доранд ва шахсеро, ки ман ба онҳо домод ҳастам[46]».

Ислом овардани Усмон ибни Аффон (р) неъмати бузурге буд, ки Худованд онро бар мусалмонон арзонӣ дошт, зеро ҳар мусибате, ки бар мусалмонон соя меафканад, Усмон (р) аввалин шуда худро ба ғами мусалмонон шарик мегардонд ва чораи халосиро меҷӯст.

Дар шаҳри Мадина чашмае буд, ки оби ширину гуворо аз он фаввора мезад ва онро чоҳи Равма меномиданд. Соҳиби ин об марди яҳудие буд ва обро ба мусалмонон мефурӯхт. Расули акрам (с) таманно мекард, ки нафаре аз мусалмонон аз он райгон истифода кунад.

Аз ин рӯ Расули акрам (с) фармуданд: «Ҳар касе чоҳи Равмаро бихарад ва дар ихтиёри мусалмонон гузорад ва бо далваш (сатилаш) ба далвҳои онҳо об резад, Худованд дар Ҷаннат ӯро сероб гардонад».

Усмон ибни Аффон (р) суханони гуҳарбори Расули акрам (с)-ро шунида, зуд ба назди соҳиби чоҳ рафт, ба ӯ пешниҳод кард, ки чоҳро бифурӯшад. Марди яҳудӣ ба фурӯхтани нисфи чоҳ бо нархи 12-ҳазор дирҳам розӣ шуд, бо он шарт, ки як рӯз чоҳ дар ихтиёри ҳазрати Усмон (р) бошад ва як рӯз дар ихтиёри он марди яҳудӣ.

Ба ҳамин тарз мусалмонон рӯзе, ки об дар ихтиёри Усмон (р) буд ба миқдори даркорӣ обро захира мекарданд, то ки аз он яҳудӣ об нахаранд. Яҳудӣ дид, ки бозораш касод мешавад, аз ин рӯ ба назди Усмон (р) омад ва пешниҳод кард, ки нисфи боқимондаи чоҳро низ бихарад. Ҳазрати Усмон (р) дар ивази 8-ҳазор дирҳам чоҳи Равмаро пурра молик шуд ва онро дар ихтиёри мусалмонон гузошт.

Хона дар ҷаннат

Масҷиди Набавӣ бар Расули акрам (с) ва асҳоби гиромиашон рӯз ба рӯз тангӣ мекард. Расули акрам (с) бори дигар таманно карданд, ки аз миёни асҳоб нафаре пайдо шавад, ки хонаҳои дар ҳамсоягии масҷид бударо бихарад ва ба масҷид зам намояд, то ки масҷид васеътар гардад. Расули акрам (с) дар ин хусус фармуданд: «Кист, ки ин масҷидро дар ивази хонае дар ҷаннат барои мо васеъ мекунад?»

Ҳазрати Усмон (р) ин хоҳиши Расули Худоро бо хушнудӣ пазируфт ва зуд ба назди соҳибони хонаҳо рафта, маслиҳат кард ва хонаҳояшонро бо нархи гарон харида, аз он ҳисоб масҷиди Набавиро васеъ кард[47].

Саховат ва бахшишҳои Усмон (р) дар роҳи дини Ислом беҳисоб буд. Ӯ ҳар ҳафта, дар рӯзи мубораки ҷумъа як нафар ғуломро харида, озод мекард. Агар рӯзи ҷумъае ин кор муяссараш намешуд, пас рӯзи ҷумъаи оянда ду ғуломро озод мекард. Рӯзе Талҳа (р) Усмон (р)-ро дар беруни масҷиди Набавӣ рӯ ба рӯ омад ва баъд аз салому аҳволпурсӣ гуфт:

— Панҷоҳ ҳазоре, ки ман аз ту қарз гирифта будам. омода кардам. Ягон нафарро бифирист, то ки онро бигирад.

Усмон (р) дар ҷавоб гуфт:

— Ман ба хотири ҷавонмардиат онро ба ту бахшидам,[48].

Лашкари Усра

Ҳеракл, императори Рум баъд аз ғалаба бар форсҳо мағрур гашта, қарор дод, ки ба ҷониби Мадина лашкар бикашад ва мусалмононро шикаст бидиҳад. Ин овозаҳо ба гӯши Расули акрам (с) расиданд. Пас Расули Худо асҳоби киромро нидо кард, ки барои ғазва (ҷанг) бо румиҳо дар Табук (номи мавзеъ) омода шаванд, то ки пеши роҳи душманро бигиранд. Он шабу рӯз гармои шадид ҳукмронӣ мекард ва мавсими пухтани мева наздик буд. Шиддати гармо бар мусалмонон мушкилию машаққат меовард, аз ин рӯ он лашкарро Усра, яъне мушкилу кулфатбор ном ниҳоданд.

Расули акрам (с) асҳоби киромро ташвиқ ба хайру саховат карданд, то ки лашкарро барои ин кори мушкил ва муҳим муҷаҳҳаз гардонад, пас фармуданд: «Ҳар кӣ ин лашкарро муҷаҳҳаз гардонад, Худованд меомурзадаш». Ин даъвати Расули акрам (с)-ро мусулмонон пазируфтанд ва Усмон (р) аз ҷой бархоста гуфт:

— Эй Паёмбари Худо, ман сад уштурро ба тамоми таҷҳизоташ омода мекунам. Расули Худо (с) боризоят ба ӯ назар афканд. Баъд аз ин Расули акрам (с) бархоста, бори дигар хостори хайру саховати мусалмонон шуд. Боз шахсе ҳаст, ки хайре намояд. Ин бор ҳам Усмон (р) аз ҷой бархост ва гуфт:

— Ман боз 100 уштури дигарро бо тамоми таҷҳизоташ омода месозам, эй Расули Худо!

Аз ин гуфта чеҳраи Расули акрам (с) дурахшид ва бори сеюм аз ҷамъомадагон талаби кӯмак барои омода сохтани сипоҳ намуд. Ин бор ҳам Усмон (р) аз ҷой бархост ва гуфт:

— Боз 100 уштурро бо тамоми таҳҷизоти сафар омода месозам, эй Расули Худо (с).

Баъди ин гуфтаҳо Усмон (р) ба хонааш рафта, бо ҳазор динор баргашт ва онҳоро ба домони Расули акрам (с) рехт ва дар назди Паёмбар (с) истод. Расули акрам (с) аз хушнудӣ Усмонро дар бағал гирифту каме аз замин бардошт ва ӯро раҳо карда, дар ҳаққаш чунин дуъо кард:

«Худованд, туро биомурзад, эй Усмон, он чи аз ту сар задааст ва он чи сар мезанад ва он чи пинҳон ва ё ошкор анҷом додаӣ ва он чи то рӯзи қиёмат қоим аст». Баъд аз ин рӯз ҳар коре ки Усмон (р) анҷом бидиҳад зарар нахоҳад кард[49].

Байъати Ризвон

Дар моҳи зилқаъдаи соли шашуми ҳиҷрӣ Расули Худо (с) ҳамроҳ бо муҳоҷирон ва ансор ва ашхосе, ки аз қабоили араб бо эшон пайваста буданд, ба ҷониби Макка, бо мақсади ҳаҷҷи умра равона шуданд ва ҳамроҳ бо худ чорвои ҳадя мекардаашонро низ пеш ронданд. Инчунин ҳангоми ба Макка наздик шудан эҳром низ пӯшиданд, то ки мақсадашон ба аҳли Макка рӯшан шавад ва онҳо низ аз ҷангу хунрезӣ бозистанд ва бидонанд, ки Расули акрам (с) ба мақсади зиёрати хонаи Худо омадааст.

Вақте Расули акрам (с) ва ёронаш ба мавзеъи наздики Макка расиданд, уштури Расули акрам (с) ба замин хобид. Ёрони Паёмбар гуфтанд, ки уштур дигар аз ҷояш намеҷунбад. Расули Акрам (с) гуфт: «Ин гуна одат надошт, вале он зоте, ки филро аз ворид шудан ба Макка манъ карда буд, ин уштурро низ манъ кардааст».

Расули акрам (с) ҳамроҳи асҳоби киром дар ҳамон мавзеъ фурӯд омаданд. Сипас Паёмбар (с) Умар ибни Хаттоб (р)-ро талабид ва хост, ки ӯро ба Макка назди ашрофи Қурайш фиристад, то ки мақсади омаданашонро ба онҳо бозгӯ намояд.

Ҳазрати Умар (р) гуфт:

— Эй Расули Худо, ман аз қабилаи Қурайш ҳазар мекунам. Дар Макка ягон нафаре аз бани Адӣ маро манъ карда наметавонанд, вале қабилаи Қурайш медонад, ки ман нисбати эшон душманӣ дорам. Эй Расули Худо, ман ба Шумо мардеро тавсия медиҳам, ки барои ин кор аз ман дида беҳтар аст. Ин мард Усмон ибни Аффон (р) аст. Расули акрам (с) пешниҳоди Умар (р)-ро пазируфт ва Усмон (р)-ро ба Макка назди Абусуфён ибни Ҳарб ва ашрофзодагони Қурайш фиристод, то ки ба онҳо бигӯяд, ки Паёмбар (с) ва ёронаш ба мақсади зиёрати хонаи Худо ва бузургдошти шукӯҳу шаҳомати он омадаанд.

Усмон (р) пешниҳоди Расули Худо (с)-ро ба ҷону дил пазируфт ва ба сӯйи Макка раҳсипор шуд. Дар наздикии Макка бо Абнон ибни Саъд ибни Ос дучор омад ва Усмон (р)-ро ба оғӯш гирифт ва сипас ба ӯ кафолати бехатарӣ дод, то ки пайғоми Расули Худо (с)-ро ба ашрофони Қурайш бирасонад. Усмон (р) ба назди Абусуфён ва калоншавандаҳои қабилаи Қурайш рафт ва пайғоми Расули акрам (с) ба онҳо расонд. Баъд аз ин ашрофони Қурайш ба Усмон (р) пешниҳод карданд, ки агар бихоҳад хонаи Худоро тавоф кунад. Усмон (р) дар ҷавоб гуфт:

— То Расули Худо (с) тавоф накунад, ман ба худ иҷозаи тавофро намедиҳам. Қурайшиҳо Усмон (р)-ро чанд муддат дар назди худ нигоҳ доштанд. Ба Расули акрам (с) ва асҳобашон овозае расид, ки гӯё Усмон (р)-ро ба қатл расондаанд. Расули Худо (с) бо шунидани ин овоза гуфтанд, ки то лаҳзаи охирин ҳамин ҷо меистем ва бо қотилони Усмон (р) меҷангем. Сипас Расули акрам (с) асҳобашро барои байъат (бастани аҳд) даъват намуданд. Ин байъат, ки дар таърих бо номи байъати Ризвон машҳур аст ва зикраш дар Қуръони маҷид низ омадааст, ки дар зери дарахт баргузор гардид.

Мусалмонон бо Паёмбар (с) даст дода, байъат карданд, ки то нафаси охирин бо душман меҷанганд ва аз майдони мубориза фирор намекунанд. Расули акрам (с) аз ҷониби Усмон (р) байъат карда, гуфтанд: «Ҳароина, Усмон (р) дар пайи иҷрои супориши Худо ва Расулаш аст». Баъд аз ин бо як дасти дигараш зада, гуфтанд: «Ин дасти Усмон аст».

Мусалмонон ҳар як орзу карданд, ки кош ин каромат ва ин фазл насибашон мешуд, зеро дасти мубораки Паёмбари Худо (с), ки аз ҷониби Усмон (р) байъат карда буд, аз дастони онҳо беҳтару афзалтар буд.

Худованди мутаъол дар бораи ин байъат, оят нозил кардааст:

لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا

Сухани Худо:

«Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик подошашон дод».[50]

Сухани Худо:

«Ҳароина, онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, албатта, бар зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад».[51]

Вақте Қурайш аз ин байъат огоҳ шуданд, Усмон (р)-ро раҳо карданд ва ӯ ба назди Расули акрам (с) сиҳату саломат бозгашт. Баъд аз ин, гурӯҳе аз қабилаи Қурайш ба назди Паёмбари Худо (с) омада, ба эшон сулҳ бастанд. Ин сулҳ бо номи сулҳи Ҳудайбия машҳуру маъруф аст[52].

Ҳаё ва тавозӯъи Усмон (р)

Модари мӯъминон Оиша (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) дар хона нишаста буданд ва зонуяшон урён буд. Дар ҳамин лаҳза Абубакр (р) иҷозаи вуруд хостанд ва даромаданд. Расули акрам (с) дар ҳамон ҳолаташон боқӣ монданд. Пасон Умар (р) иҷозат хоста ва бо иҷозати Расули Худо (с) вориди кулба шуд. Паёмбар (с) дар ҳамон ҳолати аввалаашон нишаста буданд. Сипас Усмон (р) иҷозат хостанд. Расули Худо (с) зонуяшонро пӯшонида, ба Усмон (р) иҷозати вуруд доданд.

Вақте ки ин асҳоби киром аз ҷой бахостанд, Оиша (р) ба Расули акрам (с) гуфтанд:

— Эй Расули Худо (с) Абубакр ва Умар (р) иҷозати вуруд хостанд ва дохил шуданд, Шумо бошед бо ҳоли худ боқӣ мондед, вале бо омадани Усмон (р) бо гӯшаи пироҳанатон зонуятонро пӯшонидед?!

Расули акрам (с) гуфтанд:

— Эй Оиша (р), қасам ба Худо (ҷ), марде, ки малакҳо аз ӯ мешарманд, мо шарм надорем?

Хазрати Усмон (р) баъд аз оне, ки Исломро қабул кард, ҳар рӯз ғусл мекард. Ҳангоми ғусл дар хона аз шиддати ҳаё лунгиро аз миёнаш намекушод, ҳол он ки дари хона баста буд. Ҳангоми роҳ рафтан низ, аз ҳаё қоматашро каме хам карда, роҳ мерафт. Аз ин рӯ Расули акрам (с) фармуданд: «Боҳаётарин марди уммати ман Усмон мебошад[53]»

Усмон (р) одате дошт, ки дар аёми хилофаташ таъоми амириашро ба одамон медод, худаш бошад ба хона даромада, хӯроки оддӣ мехӯрд. Либосаш низ аз матоъи дурушт буд. Боре вақте Усмон (р) дар айёми хилофаташ дар масҷид хоб рафта буд, дар баданаш асари пайи сангпораҳоро мушоҳида карданд. Инчунин мардум Усмон (р)-ро диданд, ки савори маркаб мерафт ва ғуломаш аз пушти ӯ дар маркаб нишаста буд. Ҳарчанд ҳазрати Усмон (р) дар он айём халифаи мусалмонон буд.

Ҳазрати Усмон (р) ҳангоми таҳорат кардан барои хондани намоз нисфи шаб касеро нороҳат намекард. Инро дида наздиконаш пешниҳод карданд, ки яке аз хидматгоронро бедор кунад, то ки оби таҳорат омода кунад.

Усмон (р) дар ҷавоб гуфт:

На, ҳаргиз на, шаб барои истироҳати хидматгорон аст. Ва аз аҳли оила низ нисфи шаб касеро бедор намекард, магар ягон нафаре, ки худаш бедор мешуд ва дар овардани об ба ӯ кӯмак мерасонд.

Тасбеҳи сангрезаҳо

Боре дар ҳузури Абузари Ғифорӣ (р) аз Усмон (р) ёдовар шуданд. Абузар (р) гуфт:

— Ман Усмон (р)-ро дар ҳолате дидам, ки он лаҳзаро то даме, ки зиндаам фаромӯш нахоҳам кард.

Сипас афзуд:

— Ман ҳамеша дунболи Расули акрам (с) мегаштам, то ки аз суханони гуҳарборашон чизе бишнавам ва аз эшон чизе биомӯзам. Рӯзе дидам, ки Паёмбар (с) танҳо нишастааст. Фурсатро ғанимат дониста, зуд ба ҳузурашон шитофтам ва наздашон нишастам. Дере нагузашта Абубакр (р) омад ва салом дода, аз ҷониби рости Расули акрам (с) нишаст. Пас аз лаҳзае Умар (р) омад ва салом арз карда, аз ҷониби рости Абубакр (р) нишаст. Баъд аз Умар (р) Усмон (р) ҳозир шуд ва салом гуфта, аз ҷониби рости Умар (р) нишаст. Дар рӯ ба рӯйи Расули акрам (с) болои рег ҳафт ё нӯҳ сангреза хобида буд. Паёмбар (с) онҳоро ба дасташ гирифт ва он сангрезаҳо тасбеҳ (ҳамди Худо) гуфтанд, ҳатто ман садои нолиши онҳоро шунидам. Баъд аз он Паёмбар (с) сангрезаҳоро ба замин гузошт. Сангчаҳо хомӯш шуданд. Баъдан Паёмбар (с) онҳоро аз замин чида ба кафи дасти Абубакр (р) ниҳод, сангчаҳо ба тасбеҳгӯӣ оғоз карданд. Абубакр (р) низ сангчаҳоро ба замин гузошт. Ин дафъа низ онҳо хомӯш шуданд. Баъд аз ин чун пештара Паёмбари гиромӣ сангчаҳоро якто-якто чида, ба дасти Умар (р) гузошт. Ин дафъа низ сангчаҳо ба тасбеҳгӯӣ оғоз карданд, ҳатто. ки ман садои нолишашонро шунидам. Умар (р) низ сангчаҳоро ба замин гузошт ва онҳо сокит шуданд. Расули акрам (с) ин даъфа низ онҳоро баргирифт ва ба дасти Усмон (р) дод. Сангчаҳо дар кафи Усмон (р) низ ба гуфтани тасбеҳ оғоз карданд ва садояшон ба гӯшам бараъло расид. Усмон (р) низ сангчаҳоро гашта ба замин гузошт ва онҳо сокит шуданд. Расули акрам (с) фармуданд: «Ин хилофат баъд аз нубувват аст[54]».

Халифаи сеюм

Амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) рӯзе болои минбар баромад ва ба мусалмонон гуфт:

— Аз олам, ки даргузаштам, раёсати шуморо ба ӯҳдаи шаш нафаре, ки Расули Худо (с) пеш аз вафоташ аз онҳо розӣ буд, месупорам. Он шаш нафар инҳоянд: Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) ва ҳамтои ӯ Зубайр ибни Аввом (р), Абдурраҳмон ибни Авф (р) ва ҳамтои ӯ Усмон ибни Аффон (р), Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ва ҳамтои ӯ Саъд ибни Абуваққос (р). Огоҳ бошед, ки ман шуморо дар ҳама кор ба тақво ва тарс аз Худо васият мекунам.

Ин шаш нафар баъд аз шаҳодати Умар (р) бо ҳам машварат карда, ихтиёри интихоби амири мӯъминонро ба Абдурраҳмон ибни Авф (р) доданд, то ки беҳтаринашонро барои мусалмонон амир таъйин кунад. Вақте, ки Абдурраҳмон бо ҳар як аз аъзои Шӯро машварат кард, онҳо Усмон (р)-ро пешниҳод карданд. Баъд аз ин Абдурраҳмон дар муддати се шабонарӯз бо мусалмонон, сарони қабилаҳо ва ашхоси соҳибхирад машварат карда, шахси мавриди эътимоди онҳоро маълум кард. Ба ин мақсад бо мусалмонон дар ҷамъомадҳо ва сӯҳбатҳои алоҳида машваратҳо кард. Ҳатто занони ҳиҷобдорро пурсон шуд ва аз раъйи ҷавонони хурдсол бохабар гардид. Инчунин бо савораҳои ба Мадина воридшаванда ва аъроби ба шаҳр омада низ ҳамсӯҳбат шуд. Дар ҳамаи ин сӯҳбатҳо ду нафарро ҳам наёфт, ки бо номзадии Усмон (р) мухолиф бошанд. Ҳамин тариқ каромати Расули акрам (с) таҳаққуқ ёфт ва мусалмонон бо Усмон (р), рӯзи душанбе, ки аз моҳи зилҳиҷҷаи соли 23-юми ҳиҷрӣ як шаб боқӣ монда буд, байъат карданд. Рӯзи дигар, ки рӯзи аввали моҳи муҳаррами соли 24-уми ҳиҷрӣ оғоз шуда буд, Усмон (р) ба назди мардум баромад ва Худоро ҳамду сано гуфт ва бар Паёмбар (с) дуруд фиристода, чунин хитоб кард:

— Эй мардум! Шумо дар дунёе ҳастед, ки ногузир онро тарк хоҳед кард ва дар боқимондаи коре ҳастед, ки бешак, ба охир хоҳад расид. Пас дар ин чандрӯза дунё ва дар ин муддати каму кӯтоҳи умратон, бишитобед, то беҳтарин корҳоеро, ки аз дастатон бармеояд, анҷом диҳед. Бидонед, ки дунё фиреб аст. Мабодо фиребандае шуморо (ба итминони он ки Худо ғафур ва раҳим аст) фиреб диҳад ва аз ҷодаи ҳақ бадар барад. Аз гузаштагон панд ва ибрат гиред. Куҷоянд дилбохтагони дунё, ки дил ба дунё бастанд ва ба ҳаёти ҷовидонаи охират таваҷҷӯҳ накарданд. Онҳо дунёи худро обод карданд, вале аз он андаке баҳра гирифтанд? Оё намедонед, ки ин дунё буд, ки онҳоро аз худ дур афканд? Пас чӣ беҳтар, ки қабл аз он ки дунё шуморо дур афканад, шумо пешдастӣ кунед ва онро аз худ дур афканед ва ҷиддан толиби охират бошед. Худованд дар бораи ҳаёти дунё беҳтарин мисолро оварда, мефармояд:

وَاضْرِبْ لَهُم مَّثَلَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا كَمَاء أَنزَلْنَاهُ مِنَ السَّمَاء فَاخْتَلَطَ بِهِ نَبَاتُ الْأَرْضِ فَأَصْبَحَ هَشِيمًا تَذْرُوهُ الرِّيَاحُ وَكَانَ اللَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ مُّقْتَدِرًا ﴿٤٥﴾ الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلًا ﴿٤٦﴾

Сухани Худо:

«Барояшон зиндагии дунёро мисол ор, ки чун боронест, ки аз осмон фурӯд оварем ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Худо бар ҳар коре тавоност! Дороиву фарзанд зебу зинатҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҳамвора барҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст».[55]

Баъд аз он Усмон (р) ба сарлашкарон, имомҳои масоҷид ва посдорони байтулмол нома навишта, онҳоро амри маъруф ва наҳйи мункар кард ва тоъати Худову Расулашро хотиррасон кард ва тарки бидъатро тавсия дод. Дар маросими ҳаҷҷи ҳамонсола Усмон (р) Абдурраҳмон ибни Авф (р)-ро ба Макка фиристод ва ин ҳаҷ дар соли 24-уми ҳиҷрии қамарӣ анҷом пазируфт. Баъд аз ин сол Усмон (р) даҳ сол пайваста ҳамчун халифа ҳамроҳи мусалмонон дар маросими ҳаҷ иштирок кард. Танҳо соли охири хилофаташ аз сабаби дар муҳосираи душманон гирифтор шуданаш, ба ҳаҷ рафта натавонист. Ин ҳодиса дар соли 35-уми ҳиҷрии қамарӣ ба вуқуъ пайваст ва Абдураҳмон ибни Аббос (р) ҳамроҳи мусалмонон ба ҳаҷ рафт.

Дар давраи хилофати Усмон (р) мусалмонон бо фазли Худо (ҷ) минтақаҳои зиёдеро фатҳ карданд ва ҳудуди давлати Исломӣ тавсиъа ёфта, машриқу мағрибро фаро гирифт ва барои одамон ростии фармудаи Худованди бузург ошкор шуд, ки дар каломи покаш гуфтааст:

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُم فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّن بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا وَمَن كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

Сухани Худо:

«Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчуноне мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд».[56]

هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

Сухани Худо:

«Ӯ касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд».[57]

هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَه عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

Сухани Худо:

«Ӯст он Худое ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин бифиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд».[58]

Инчунин Расули акрам (с) фармуданд:

«Ҳар вақте ки Қайсар ҳалок шавад, баъд аз ӯ қайсар наояд ва ҳар гоҳе Кисро ҳалок шавад баъд аз ӯ кисро наояд. Қасам ба зоте, ки ҷони ман зери фармони Ӯст, бешубҳа, шумо хазинаҳои онҳоро дар роҳи Худо нафақа мекунед».

Ин ҳама гуфтаҳо дар замони хилофати Усмон (р) амалӣ шуд ва мусалмонон чунон сарватманду бадавлат шуданд, ки ягон миллате дар рӯи замин чунин сарвату ғановат надошт.

Ҳасан (р) дар бораи даврони хилофати Усмон (р) мегӯяд:

«Рӯзе набуд, ки байни мардум чизе аз мол ва ё ашё тақсим накунанд. Ба мардум гуфта мешуд, ки пагоҳ барои гирифтани ризқу рӯзиятон ҳозир шавед ва онро фаровон мегирифтанд. Рӯзе дигар барои гирифтани либос ҳозир мешуданд ва либоси зарбофт мегирифтанд. Хулоса, аз тамоми неъматҳо таъмин буданд ва амнияти комил таъмин шуда буд. Мусалмоне аз мусалмони дигар тарсу хавф надошт. Мисли бародар зиндагӣ мекарданд».

Амирулмӯъминин — Усмон ибни Аффон (р) пеш аз барпо кардани намоз дар масҷид менишаст ва аз аҳволи мусалмонон пурсон мешуд.

Мусҳафи Усмонӣ

Ҳузайфа ибни Яман (р) дар баъзе ғазваҳо иштирок намуда, дар қироъати қориёни манотиқи гуногун ихтилоф ва нуқсон мушоҳида кард. Инҳо мардуме буданд, ки ба тозагӣ фавҷ-фавҷ дини Худоро пазируфтанд. Ҳузайфа (р) ба назди Усмон (р) шитофт ва ба эшон гуфт:

— Эй амирулмӯъминин, мусалмононро пеш аз оне, ки мисли насоро ва яҳуд дар китобашон ихтилоф кунанд, дарёб. Инро гуфта, ихтилофи мусалмононро дар қироъати Қуръон зикр кард.

Ҳазрати Усмон (р) зуд асҳоби Расули акрам (с)-ро ҷамъ карда, машварат орост. Онон ба хулосае омаданд, ки Қуръонро бо ҳарфи якхела бинависанд ва мардум дар минтақаҳои гуногун аз рӯи нусхаи ягона тиловат кунанд, то ки ихтилофи лафзӣ бартараф шавад. Ба ин ният Усмон (р) талаб кард, ки мусҳафе, ки бо супориши Абубакри Сиддиқ (р) Зайд ибни Собит (котиби ваҳйи Паёмбар (с)) ҷамъоварӣ карда буд, ҳозир карда шавад. Ин мусҳаф дар айёми зиндагонии Абубакри Сиддиқ (р) назди ӯ нигоҳ дошта мешуд. Баъди вафоташ ҳазрати Умар (р) нигаҳбони он шуд. Баъд аз шаҳодати ҳазрати Умар (р) китоб ба модари мӯъминон Ҳафса бинти Умар (р) дода шуд. Ҳазрати Усмон (р) мусҳафро дархост карда, гирифт ва Зайд ибни Собити Ансориро амр кард, ки аз ин мусҳафи эътимоднок истифода бурда, бо такя ба қориёни машҳур ва мувассақ, ба мисли Саъид ибни Оси Умавӣ, Абдуллоҳ ибни Зубайри Асадӣ ва Абдураҳмон ибни Ҳорис ибни Ҳишоми Махзумӣ (р), нусхабардорӣ кунад. Инчунин Усмон (р) ба онҳо амр кард, ки агар дар талаффузи ягон калима ихтилоф афтод ба лаҳҷаи Қурайш руҷӯъ кунанд.

Аз ин нусхаҳои бардошташуда як нусхагӣ ба Шом, Миср, Басра, Куфа, Маккаи мукаррама ва Яман фиристоданд ва як нусхаашро дар Мадинаи мунаввара нигоҳ доштанд. Аз ин сабаб, ки ин мусҳафҳо бо амр ва зери сарпарастӣ ва назорати Усмон (р) ва дар айёми хилофати ӯ нусхабардорӣ шуданд ба онҳо «Мусҳафи Усмонӣ» ном гузоштанд. Баъд аз ин мусҳафҳое, ки миёни мардум буд ва бо ин нусхаҳои мувассақ ихтилофе дошт, гирифта сӯзонида шуд, то ки сабаби ихтилоф нашаванд. Ҳамин тавр он нусхаҳои мувассақи каломи поки Аллоҳ то имрӯз мавриди баҳрабардории мусалмонон қарор доранд. Вақте Усмон ибни Аффон (р) ин кори бениҳоят муҳимро анҷом дод, саҳобаи гиромии Расули акрам (с) Абуҳурайра (р) ба наздаш ҳозир шуд ва ба ӯ гуфт:

— Кори дуруст кардӣ ва муваффақ ҳам шудӣ. Ман шоҳиди зиндаам ва аз Расули акрам (с) шунидам, ки мегуфтанд: «Аз уммати ман ашхосе ки маро бениҳоят дӯст медоранд, касонеанд, ки баъд аз сари ман меоянд ва маро надида ба варақе, ки ба ман муаллақ аст, амал мекунанд».

Абуҳурайра дар давоми суханаш гуфт:

— Ман пурсидам, ки бо кадом варақи муаллақ? То он даме, ки мусҳафҳоро дидам.

Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) мегуфт:

«Эй мардум! Дар ҳаққи Усмон (р) аз ҳад муболиға накунед. Мегӯед, ки мусҳафҳоро сӯзонд. Қасам ба Худо, ки Усмон (р) он мусҳафҳои ихтилофи лафзӣ доштаро дар ҳузури шумораи зиёди саҳобаҳои Муҳаммад (с) сӯзонд. Кошкӣ ман мисли ӯ рафтор мекардам[59]».

Ҷониби ҳамдами олӣ

Амиралмӯъминин Усмон (р) ҳар гоҳе аз назди қабре мегузашт, гирён мешуд, ба ҳадде, ки ришаш аз оби дида тар мешуд ва мегуфт:

«Ман, ки байни ҷаннат ва дӯзах қарор дорам ва намедонам, ки ба кадоме аз онҳо дохил карда мешавам. Мехостам, ки як каф хок бошам, пеш аз оне, ки бидонам ба кадоме аз онҳо ворид мешавам».

Рӯзе ҳазрати Усмон (р) рӯзадор буд ва бо хушнудӣ ба ҳамсӯҳбатонаш рӯ оварда, хоби шаб дидаашро нақл карда, мегуфт:

— Расули акрам (с)-ро дар хоб дидам, ки Абубакру Умар (р) ҳамроҳаш буданд. Расули Худо ба ман гуфт: «Эй Усмон (р), ҳамроҳи мо ифтор кун[60]».

Баъд аз ин ӯ амр кард, ки барояш мусҳаф биёранд. Ӯ ба хондани сураи Бақара шурӯъ кард. Дар ҳамин ҳолат гурӯҳе аз мунофиқон хонаи Усмон (р)-ро иҳота карда, вориди он шуданд ва бисёрӣ ба ӯ зарба заданд. Усмон (р) мусҳафро дар бағал гирифт ва ба паҳлӯи чапаш такя карда, гуфт:

«Пок аст Худованди бузург

Ин суханро гуфта, ҷон ба ҳақ супорид ва Қуръони маҷид дар бараш буд. Қуръоне, ки онро комилан ҳифз карда, аз ихтилоф дар он пешгирӣ кард ва дар охир худро фидои он сохт.

Ҳазрати Усмон (р) мегуфт:

— Агар дилҳои мо пок шавад, аз каломи Аллоҳ ҳаргиз сер намешавем. Ман хуш надорам, ки рӯзе бар ман бигузарад ва ман он рӯз ба мусҳаф назар накарда бошам. Қотилони Усмон (р) шахсеро ба қатл расониданд, ки шаб нахобида Қуръонро дар як ракъат намоз хатм мекард, силаи раҳмро анҷом медод, ба гуруснагон хӯрок медод ва дармондагонро такягоҳ буд. Ҳодисаи қатли ҳазрати Усмон (р) шаби ҳаждаҳуми моҳи зулҳиҷҷаи соли 35-уми ҳиҷрии қамарӣ буд. Рӯҳи покаш ба сӯйи биҳишт, ки барояш омода гардида буд, ба парвоз даромад ва онро Расули акрам (с) ва ду ҳамнишинаш Абубакру Умар (р) пешвоз гирифтанд.

Халифаи сеюми росткор, Усмон ибни Аффон (р) дар оромгоҳи Бақеъ, дар маконе, ки ҳар гоҳ аз он ҷо Усмон (р) ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш мегузашт ва мегуфт:

«Ин ҷо марди солиҳе дафн карда мешавад».

Ҳануз ҳамон вақт Усмон (р) он порчаи заминро харида, ба оромгоҳи Бақеъ зам карда буд. Худованд бо сабаби кӯшишҳои Усмон (р) уммати Расулашро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Баъд аз сари Усмон (р) мусалмонон зуд бо Алӣ ибни Абутолиб (р) байъат карданд ва ӯ кори хилофат ва ҷомеъаи мусалмононро ба низом даровард[61].

Фазилатҳои Усмон ибни Аффон (р)

Ҳазрати Усмон (р) бо хислатҳои каримӣ ва шарму ҳаё ороста буд. Рӯзҳо кораш бахшиши мол ва рӯзадорӣ буд ва шабҳо шабхезию саҷдаи Худованди пок. Ӯ соҳиби фазилатҳои бешумор буд. Расули акрам (с) дар бораи ӯ гуфтааст: «Паёмбаре нест, ки аз асҳобаш рафиқе дар ҷаннат надошта бошад. Ҳароина, Усмон ибни Аффон (р) рафиқи ман дар ҷаннат аст».[62]

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Расули Худо Усмон (р)-ро ба оғуш гирифт ва гуфт: «Ту дар дунё ва охират дӯсти ман ҳастӣ»[63].

Инчунин Расули акрам (с) гуфт: «Усмон боҳаётарин ва каримтарин (саховатмандтарин) уммати ман аст»[64].

Аз модари мӯъмимнон Оиша (р) дар бораи Усмон (р) пурсиданд, ӯ фармуд:

— Қасам ба Худо, ки Усмон (р) дар назди Расули акрам (с) нишаста буд ва Расули Худо (с) пуштнокӣ ба ман такя зада буд ва ҳазрати Ҷабраил (а) ба Паёмбар (с) ваҳй нозил мекард. Паёмбар, ба Усмон (р) мегуфт:

«Бинавис, эй Усмон».

Баъд аз ин Оиша (р) афзуд:

«Худованд ин мақомро танҳо ба шахсе муяссар мегардонад, ки дар назди худаш ва расулаш гиромӣ бошад».[65]

Аз Абусаъид (р) ривоят аст, ки гуфтааст:

— Расули акрам (с)-ро дидам, ки аз аввали шаб то дамидани субҳ даст бардошта, барои Усмон (р) дуъо карда, мегуфтанд: «Худовандо, аз Усмон розиям, аз ӯ розӣ шав».[66]

Расули акрам (с) ба ҷанозаи марде ҳозир шуд, то ки намози ҷанозаро гузорад, вале пеш аз намози ҷаноза он ҷоро тарк кард. Асҳоб пурсиданд:

— Эй Расули Худо (с), пеш аз ин надидем, ки ҷанозаеро тарк карда бошӣ.

Расули акрам (с) гуфтанд:

«Ин мард Усмонро бад медид ва Худованди азза ва ҷалла ӯро бад дид».

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки дар мавриди ояти зерини каломи Аллоҳ чунин мегуфт:

أَمَّنْ هُوَ قَانِتٌ آنَاء اللَّيْلِ سَاجِدًا وَقَائِمًا يَحْذَرُ الْآخِرَةَ وَيَرْجُو رَحْمَةَ رَبِّهِ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ ﴿٩﴾

Сухани Худо:

«Оё он кас, ки дар ҳамаи соати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд, бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо хирадмандон панд мегиранд».[67]

— Ин оят ба ҳазрати Усмон (р) ишорат мекард.

Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) мегуфт:

«Усмон (р) беҳтарини мо буд ва дар силаи раҳм пешдастарини мо буд. Ӯ дар покизагиву ҳаё ва парҳезгори беҳтарин ба шумор мерафт. Аз ҷумлаи касоне буд, ки имон оварда амали солеҳ анҷом доданд, пас аз он парҳезгорӣ карда, имон оварданд, пас аз он парҳезгорӣ карда, накӯӣ карданд».

Васияти Зиннурайн

Ҳангоме Усмон (р) ба шаҳодат расид, хазинаашро тафтиш карда, аз он сандуқи сарбастае пайдо карданд. Сандуқро кушода, аз он варақеро гирифтанд, ки дар он чунин навиштаҷот буд:

«Ин аст васияти Усмон ибни Аффон (р). Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Усмон ибни Аффон шоҳидӣ медиҳад, ки нест худое барҳақ магар Аллоҳ, яккаву ягона аст, шарике надорад ва шоҳидӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва Расули Худо аст ва шоҳидӣ медиҳам, ки Ҷаннат ҳақ аст ва дӯзах ҳақ аст. Ва шоҳидӣ медиҳам, ки Худованд мурдагонро рӯзи Қиёмат, ки дар омаданаш ҳеҷ шакке нест, зинда мегардонад. Ва шоҳидӣ медиҳам, ки Худованд ваъдаашро хилоф намекунад. Ва бо амри Худо зиндагӣ мекунем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем ва ба ҷониби Ӯ зинда гардонида мешавем, агар Худо хоҳад».

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *