Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Даҳ ёри биҳиштӣ

Обл4

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Алӣ ибни Абутолиб (к.в.)

Алӣ ибни Абутолиб ибни Ҳошим ибни Абдулманоф ибни Қусай Қурайшии Ҳошимӣ буда, ба кунияи Абулҳасан хитоб карда мешуд. Ӯ ба Расули акрам (с) писарамак, домод (шавҳари духтараш Фотимаи Заҳро (р)) ва падари Ҳасан (р) ва Ҳусайн (р) — наберагони гиромии Паёмбар (с) буд. Ҳазрати Алӣ (р) аввалин халифа аз бани Ҳошим ба ҳисоб мерафт ва аз миёни наврасон аввалин шахсе буд, ки Ислом овард. Падару модараш низ ҳошимӣ буданд.

Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) халифаи чоруми рошидӣ, яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратёфта, паҳлавони шуҷоъ, бузургтарин суханвар ва донишманди беназири илми балоғат ва қазоват буд. Падари ҳазрати Алӣ (к.в.) Абутолиб буд, ки бо кунияи Абдуманоф низ ном бурда мешуд. Модараш бошад, Фотима бинти Асад ибни Ҳошим ибни Абдуманоф буд. Модари ҳазрати Алӣ (к.в.) қабл аз ҳиҷрати Паёмбар (с) Исломро пазируфта, дар Маккаи мукаррама аз олам гузашт. Баъзе муаррихон зикр кардаанд, ки ӯ низ ҳиҷрат кардааст.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) писари хурдии Абутолиб буд ва даҳ сол қабл аз зуҳури дини мубини Ислом дар Маккаи мукаррама ба дунё омадааст. Алӣ (к.в.) чеҳраи зебо дошт, чобукона роҳ мерафт ва шӯхтабиъат буд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) дар тӯли умраш чаҳордаҳ писар ва нуздаҳ духтар дошт, ки номҳояшон чунин аст:

— Ҳасан, Ҳусайн, Зайнаби Кубро, Умми Кулсуми Кубро, ки модарашон ҳазрати Фотима бинти Расулуллоҳ (с) мебошад;

— Муҳаммади Акбар, ки модараш Хавла бинти Ҷаъфар ибни Қайс мебошад;

— Убайдуллоҳ ва Абубакр, модарашон Лайло бинти Масъуд мебошад;

— Аббоси Акбар, Усмон, Ҷаъфари акбар ва Абдуллоҳ, модарашон Умми Банин бинти Ҳизом мебошад;

— Муҳаммади Асғар, ки модараш каниз буд;

— Яҳё ва Авн, ки модарашон Асмо бинти Умайс мебошад;

— Умари Акбар ва Руқия, ки модарашон Умми Ҳабиб бинти Рабиъаи Тағлибӣ мебошад;

— Муҳаммади Авсат, ки модараш Умома бинти Абуъос ибни Рабеъ ибни Абдулъузо буд ва модари ӯ Зайнаб бинти расули Худо (с) буд ва модари Зайнаб бошад, Хадиҷа бинти Хувайлид аст.

— Уммул-Ҳасан ва Рамлату-л-Кубро, ки модарашон Умми Саъид бинти Урваи Сақафӣ мебошад;

— Умми Ҳонӣ, Маймуна, Зайнабу-с-Суғро, Фотима, Амома, Хадиҷа умму-л-Киром, Умми Салама, Умму Ҷаъфар, Ҷумона ва Нафиса духтарони ҳазрати Алӣ (к.в.) маҳсуб мешаванд. Ва фарзанди дигари ҳазрати Алӣ (к.в.), ки дар айёми тифлӣ аз олам даргузашт ҳанӯз ном гузошта нашуда буд ва модараш Муҳайт бинти Имрулқайс ибни Адӣ буд.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) бардорандаи ливои Расулуллоҳ (с) ва аз ҷумлаи шахсоне, буд, ки дар рӯзи набарди Уҳуд, вақте ки мусалмонон шикаст хӯрда, пароканда шуданд, ҳамроҳи Расули Худо (с) побарҷо истод ва паймон баст, ки то дами марг Паёмбарро ҳамроҳӣ мекунад. Расули акрам (с) Алӣ (к.в.)-ро ҳамроҳи сад мард ба сӯйи бани Саъд, ки дар Фадак ном мавзеъ иқомат доштанд, фиристод. Ҳамроҳи онҳо яке аз байрақҳои муҳоҷирон буд, ки рӯзи фатҳи Макка онро бардошта мерафтанд. Ҳамчунин ҳазрати Алӣ (к.в.) бо амри Расули акрам (с) бо лашкари теъдодашон гуногун ба минтақаҳои қабоили Тай, сарзамини Яман баҳри даъват ба дини Худо сафарҳо мекард. Ҳазрати Алӣ (к.в.) дар тамоми муҳориба ва сафарҳо Расули Худо (с)-ро ҳамроҳӣ мекард. Ба ҷуз ғазваи Табук, ки дар он ғазва бо амри Расули акрам (с) барои нигаҳбонии хонаводаи Паёмбар (с) дар Мадина бозистод.

Ҳангоми бастани муъоҳидаи сулҳи Ҳудайбия Расули акрам (с) ҳазрати Алӣ (к.в.)-ро даъват кард, то ки матни шартномаи миёни Ӯ ва Қурайшро бинависад. Расули акрам (с) ҳазрати Алӣ (к.в.)-ро дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ ба Макка фиристод, то ки ба ҳоҷиёни хонаи Худо сураи «Бароат»-ро бихонад. Расули акрам (с) дар робита ба ин кор фармуданд: «Барои иҷрои ин амр намеравад, магар шахсе, ки аз аҳли ман аст ва ман аз аҳли ӯ ҳастам»[68].

Ҳазрати Алӣ (к.в.) котиби ваҳйи Паёмбар (с) ва яке аз чаҳор нафаре буданд, ки дар давраи дар қайди ҳаёт будани Расули акрам (с) Қуръонро ҷамъ карда буданд. Алӣ (к.в.) гуфта буд:

— Вақте ки Расули акрам (с) аз олам гузашт қасам ёд кардам, ки то Қуръонро ҷамъоварӣ накунам, ридоямро (ҷомаамро) аз танам намекашам. Ва чунин ҳам кардам. Алӣ (к.в.) аз Паёмбар (с) ҳадисҳои зиёд ривоят кардааст ва саҳобагони киром ва тобеъин дар бораи ӯ низ ривоятҳои зиёд кардаанд. Баъд аз вафоти Расули акрам (с) ҳазрати Алӣ (к.в.) дар ғусл додани тани муборакаш ширкат дошт ва бадани Расул (с)-ро ба синааш такя дода буд. Дар бадани мубораки Паёмбар (с) ягон чизе, ки одатан дар бадани мурдагон дида мешавад, мушоҳида намешуд. Аз ин рӯ ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфт:

— Падару модарам фидоят, чӣ поку беолоиш аст зинда ва мурдаи ту. Алӣ (к.в.) шахсе буд, ки ба ҳазрати Умар (р) маслиҳат дод, ки соли ҳиҷрати Паёмбарро ибтидои санаи таърихи Ислом, муқаррар намояд. Ӯ яке аз шаш нафари аҳли Шӯро буд, ки ҳазрати Умар (р) қабл аз марг онҳоро ихтиёр карда буд, то ки бо машварат як нафарашонро амирулмӯъминин интихоб кунанд.

Аввалин шахсе аст, ки илми наҳвро асос гузоштааст. Дар нигини ангуштаринаш суханони «Аллоҳу-л-малик» ҳаккокӣ шуда буд.

Исломи Алӣ (к.в.)

Аз ҷумлаи неъматҳое, ки Худо (ҷ) ба ҳазрати Алӣ (к.в.) арзонӣ дошт, ин буд, ки ӯ қабл аз Ислом дар хонадони Расули акрам (с) тарбият гирифта, ба воя расид. Сабаб дар он буд, ки қабл аз зуҳури Ислом қабилаи Қурайш ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд ва амаки Паёмбар (с) Абутолиб марди серфарзанд буд. Паёмбар (с) мушкилоти ӯро дида, ба амаки дигараш Аббос, ки сарватмандтарин марди бани Ҳошим буд гуфт:

— Эй Аббос, бародарат Абутолиб серфарзанд аст ва аҳволи мардумро нағз медонӣ. Бирав яке аз фарзандонашро сарпараст шав, то ки бори зиндагиаш сабуктар шавад.

Расули акрам (с) ба ин манзур Алӣ (к.в)-ро ба хонаи худ бурд. Чун Худованд ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба паёмбарӣ фиристод, он ҳангом Алӣ (р) даҳ сол дошт. Вақте Алӣ (к.в.) вориди хонаи Расули акрам (с) шуд, мушоҳида кард, ки Расули акрам (с) ҳамроҳи ҳамсараш Хадиҷа бинти Хувайлид (р) намоз мегузоранд. Инро дида ҳайрон шуд ва аз Паёмбар (с) пурсид:

— Эй Муҳаммад (с) ин чист? Расули акрам (с) дар ҷавоб гуфтанд: «Ин дини баргузидаи Худост, барои интишори он расул фиристодааст. Ман туро ба сӯйи Худо ва ибодати Ӯ ва инкори бутҳо — Лоту Узо даъват мекунам».

Ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфт:

— Ин суханест, ки то ҳол назири онро нашунида будам, то ба падарам маслиҳат накунам, чизе гуфта наметавонам. Паёмбари Худо (с) дар он лаҳзаҳо намехост, ки сираш фош шавад, ба ин хотир ба Алӣ (к.в.) гуфтанд: «Эй Алӣ, ин розро ба касе ифшо макун».

Ин гуфтугӯ баъд аз як рӯзи рисолати Паёмбар (с) буд. Алӣ (к.в.) он шаб ба фикр фурӯ рафт ва гуфтаҳои Муҳаммад (с)-ро дар тарозӯи ақл бармекашид. Дар баҳри андеша ғутовар буд, ки Худованд синаашро фарох гардонд ва муҳаббати Исломро дар қалбаш афканд. Пагоҳии барвақт ба назди Паёмбар (с) шитофт ва Ислом овард. Алӣ (к.в.) чанд замоне аз хавфи падар сирашро паноҳ мекард. Ӯ аввалин марде буд, ки ҳамроҳи Паёмбар (с) намоз гузошт ва боре ҳам бутро парастиш накардааст.[69]

Алии бутшикан

Рӯзе Алӣ (к.в.) ҳамроҳи Паёмбар (с) ҷониби Каъба раҳсипор шуданд. Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд:

— «Бинишин».

Баъд аз нишастани Алӣ Расули акрам (с) хост ба китфи Алӣ такя карда, ба болои баландӣ барояд, вале ҳис кард, ки Алӣ тавони ин корро надорад. Аз ин лиҳоз ба Алӣ (к.в.) гуфт:

— «Ба китфони ман баро».

Алӣ (к.в.) ба китфони Расули акрам (с) баромад. Паёмбар (с) аз ҷояш баланд шуд. Алӣ (к.в.) кӯшиш кард, то ки бутеро, ки болои хонаи Каъба буд, ба даст бигирад. Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд:

«Бутро ба поён парто!». Алӣ бутро аз баландӣ ба замин ҳаво дод ва он пора-пора шуд. Баъд аз ин онҳо зуд аз он ҷо дур шуданд, то ки ба чашми мушрикон наафтанд.[70]

Ҳиҷрат ба Мадина

Асҳоби Набӣ (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карданд. Расули акрам (с) дар Макка мунтазири амри Худо монд, то ки бо дастури Ӯ ба Мадина ҳиҷрат намояд. Мушрикони Қурайш ором нанишаста, тори макр метаниданд, то ки Паёмбарро дар ҷойи хобаш нобуд созанд. Ҷабраили Амин (а) Паёмбарро огоҳ кард, ки шаб дар манзилаш нахобад. Паёмбар (с) ҳазрати Алиро талабида, ба ӯ гуфтанд: «Дар бистари ман бихоб ва худатро бо ҷомаи сабзи ман пӯшон. Ба ту ҳаргиз осебе аз онҳо намерасад». Баъд аз он афзуд:

— Қурайшиҳо туро дар ҷойи хоби ман дида, мунтазир мемонанд. Инро гуфта, Паёмбар (с) аз хона баромад. Мушриконе, ки дар паси дарвоза дар камин буданд, ӯро надиданд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) дар бистари хоби Набӣ (с) дароз кашид. Мушрикон Алиро дар бистар дида, фикр карданд, ки Паёмбар (с) аст. Худованди азза ва ҷалла ба Ҷабраил ва Микоил амр кард, ки ба замин фуруд оянд ва ҳазрати Алӣ (к.в.)-ро ҳимоят кунанд. Ҷабраили амин (а) дар наздики сар ва Микоил (а) поёни пойи Алӣ (к.в.) қарор гирифтанд.

Ҷабраил (а) мегуфт:

— Ҳай, ҳай, кист, ки чунин фазилат насибаш шавад? Эй фарзанди Абутолиб, Худованд бо ту дар назди малоика ифтихор мекунад. Ҳазрати Алӣ (к.в.) ба ҳамин минвол се рӯз дар Макка боқӣ монд ва амонатҳое, ки Паёмбар (с) дастураш дода буд, баъд аз он ки ба соҳибонаш баргардонид, пинҳонӣ ба Мадина ҳиҷрат кард. Шабҳо роҳ мепаймуд ва рӯзона пинҳон мешуд, то ки аз дунболи Паёмбар (с) ба Мадина расид.

Вақте ки хабари омадани Алӣ (к.в.) ба Паёмбар (с) расид, гуфт, ки ӯро ба наздам даъват кунед. Дар ҷавоб хабар доданд, ки Алӣ (к.в.) роҳ рафта наметавонад. Паёмбар (с) худаш ба дидани Алӣ (к.в.) рафт. Вақте ки Паёмбар (с) пойҳои варамидаи Алиро дид гирён шуд. Паёмбар (с) ба дастонаш оби даҳони муборакашро гирифта, ба пойҳои хунолуди Алӣ (к.в.) молид ва дуъо карда, аз Худо шифо талабид. Баъд аз ин, Алӣ (к.в.) ҳаргиз аз дарди пой шикоят накард. Паёмбар (с) дасташро ба китфи Алӣ (к.в.) гузошта ва ба ӯ гуфтанд: «Ту дар дунё ва охират бародари ман ҳастӣ»[71].

Алӣ (к.в.) байрақи ҳидоят

Рӯзе аз рӯзҳо Расули акрам (с) ба асҳобаш гуфтанд: «Худованд дар хусуси Алӣ (к.в.) бо ман аҳде кард. Пас гуфтам, «Худоё, он аҳдро ба ман баён намо».

Худованд гуфт:

«Алӣ байрақи ҳидоят, пешвои дӯстони Худо ва нури шахсоне аст, ки итоъати Маро ба ҷой меоранд. Алӣ ҳикматест, ки онро барои парҳезгорон лозим гардондам. Ҳар кӣ ӯро дӯст дорад, Маро дӯст доштааст ва ҳар ки ӯро душман гирад, Маро душман гирифтааст. Эй Расули Ман, ин башоратро ба Алӣ бирасон».

Вақте ки Алӣ (к.в.) ба ҳузури Паёмбар (с) омад, Расули акрам (с) ин хабари хушро ба ӯ расонд. Алӣ (к.в.) бо миннатдорӣ ба Паёмбар (с) гуфт:

«- Эй расули Худо (ҷ), ман бандаи Худо (ҷ) ҳастам ва зери тоъати Ӯям. Агар азобам кунад, пас ба сабаби кӯтоҳии ман аст ва агар он чиро, ки ба ман башорат додӣ, насибам гардонад, Худованд ба ҳоли ман донотар аст».

Расули акрам (с) гуфтанд: «Худовандо, дилашро пурнур гардон ва имонро баҳори он бисоз». Худованд дуъои Расулашро пазируфт ва ба ӯ гуфтанд:

«Ба ростӣ, чунин кардам»[72].

Издивоҷи Алӣ (к.в.)

Рӯзе ба назди Алӣ (к.в.) зане саросема омада, гуфт:

— Хабарат ҳаст, ки Фотима бинти Расулуллоҳ (с)-ро хостгорӣ карда истодаанд.

Алӣ (к.в.) дар ҷавоб гуфт:

— Не, хабар надорам.

Зан гуфт:

— Хостгорӣ карда истодааанд. Чаро ту ба назди Паёмбар (с) намеравӣ, то ки Фотимаро хостгор шавӣ. Паёмбар (с) ӯро ба ту ба занӣ медиҳад.

Алӣ (к.в.) гуфт:

— Чизе аз моли дунё надорам, ки Фотимаро никоҳ кунам.

Он зан паст наомад ва Алиро ба ҳадде ташвиқ кард, ки ӯ аз ҷой бархост ва ба ҳузури Паёмбар (с) ворид шуда, рӯ ба рӯяш нишаст, вале аз ҳайбати Паёмбар (с) маҷоли сухан гуфтан накард.

Расули акрам (с) бо лутф аз ӯ пурсиданд: «Чӣ мушкил туро ба омадан водор сохт?»

Алӣ (к.в.) хомӯш монд.

Паёмбар (с) мақсади ӯро пай бурда, гуфтанд: «Шояд ба мақсади хостгории Фотима омадӣ?»

Алӣ (к.в.) дар ҷавоб гуфт:

— Оре!

Паёмбар (с) гуфтанд: «Оё чизе дорӣ, ки маҳрияи Фотима (р) гардонӣ?»

Алӣ (к.в.) гуфт:

— Не, ба Худо қасам чизе надорам, эй Расули Худо.

Паёмбар (с) гуфтанд: «Зиреҳат куҷост? (либоси ҷанги)»

Алӣ (к.в.) дар ҷавоб гуфт:

— Зиреҳам дар хона, вале он беш аз чаҳор дирҳам арзиш надорад.

Паёмбари Худо гуфтанд: «Ҳамон чаҳор дирҳамро барои Фотима (р) фирист, ӯро ба ту ба занӣ медиҳам».

Алӣ (к.в.) бо ҳамин миқдор мол Фотима (р)-ро ба никоҳ даровард. Ин ҳодиса баъд аз як соли ҳиҷрат ба Мадина сурат гирифт. Расулуллоҳ (с) дар рӯзи никоҳ дар ҳаққи наварӯсон дуъо карда, гуфтанд: «Худовандо, пайванди онҳоро муборак гардон»[73]. Баъд аз як соли ҳамхонагӣ ҳазрати Фотима (р) фарзанд ба дунё овард.

Абутуроб

Рӯзе Алӣ (к.в.) ба назди Фотима (р) ворид шуд ва баъд аз чанд лаҳза аз хона баромад ва ба саҳни масҷид рафта, якпаҳлӯ дароз кашид. Пасон Расули акрам (с) ба назди духтараш омад ва аз ӯ пурсид:

— Писари амакат куҷост?

Фотима (р) ба падари бузургвораш гуфт:

— Ӯ дар саҳни масҷид хобидааст.

Расули акрам (с) ба назди Алӣ (к.в.) омада, дид, ки хобидааст ва ҷомааш аз пушташ ба замин афтода, баданаш хоколуд гаштааст. Расули акрам (с) бо меҳр аз пушти Алӣ (к.в.) хокро афшонд ва бо табассум гуфт: «Биншин, эй Абутуроб (яъне, эй марди хоколуд)». Барои ҳазрати Алӣ (к.в.) то дами марг ин ном муҳбубтарини номҳо буд[74].

Шуҷоъати Алӣ (к.в.)

Алӣ (к.в.) дар шуҷоъат ва ҳунарҳои ҳарбӣ шахси номдор буд. Ӯ дар ғазваи Бадр, Уҳуд, Хандақ ва Байъати Ризвон ва дигар муҳорибаҳо ҳамроҳ бо Паёмбар (с) иштирок дошт, ба ҷуз ғазваи Табук, ки дар он Паёмбар (с) ӯро барои саробонии хонаводааш мукаллаф карда буд. Ӯ дар ин корзорҳо аз худ номи нек ва корнамоиҳои шоистаи таҳсин боқӣ гузошт. Расули акрам (с) борҳо байрақро ба дасти Алӣ (к.в.) медод.

Ғазваи Бадр

Дар он рӯз Алӣ (к.в.) бо либоси сафедаш миёни ҳама маълум буд. Дар оғози муҳориба дар ҷанги якка ба якка Валид ибни Утбаи мушрикро нобуд кард ва бо ҳаракатҳои барқосои шамшераш сафҳои мушриконро пароканда сохт. Дар бораи муборизони дар ин муҳориба ширкатварзида Расули акрам (с) ба Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Эй Умар, оё медонистӣ, ки Худованд бар аҳли Бадр гуфт: Ҳар он чи мехоҳед, бикунед».

Ғазваи Уҳуд

Вақте мусалмонон шикаст хурда, пароканда шуданд, ҳазрати Алӣ (к.в.) ба ҷустуҷӯи Паёмбар (с) оғоз кард. Ӯро дар миёни зиндаҳо наёфт ва зуд кушташудагонро аз назар гузаронд. Миёни онҳо низ Паёмбар (с)-ро наёфт. Худ ба худ гуфт:

— Қасам ба Худо (ҷ), ки Паёмбар (с) фирор намекунад ва миёни куштагон низ нест. Худованд аз сабаби хатоҳои мо Расулашро аз миёни мо бардошт. Ягона роҳи наҷот он аст, ки то нафаси охирин бо душман меҷангам, то кушта шавам. Дар он мубориза шамшери Алӣ (к.в.) шикаст ва ӯ ба сӯйи гурӯҳе аз мусалмонон рафт, ки Расули акрам (с)-ро миёни онҳо дид. Паёмбар (с) байрақро ба дасти Алӣ (к.в.) дод, зеро байрақбардор Мусъаб ибни Умайр (р) ҳалок шуда буд. Дар он рӯз шонздаҳ ҷойи бадани Алӣ (к.в.) захмӣ шуд, ки ҳар кадоми ин зарбаҳо касро ба замин яксон мекард, вале ҳазрати Алӣ (к.в.)-ро Ҷабраили амин (а) бардошта, нигоҳ медошт[75].

Ғазваи Аҳзоб

Баъзе саворагони мушрикон барои убур аз хандақе, ки Паёмбар (с) ҳамроҳи асҳоб дар атрофи Мадина канда буданд, тангно ҷустӯҷу мекарданд. Алӣ (к.в.) ҳамроҳи мусалмонон бо мушрикони савора рӯ ба рӯ омад ва пеши роҳашонро гирифт. Миёни саворагони мушрик Амр ибни Абдувуд буд, ки бо паҳлавонӣ миёни арабҳо машҳур ва аз ин лиҳоз ғурури зиёд дошт. Ӯ нописандона садо баланд кард:

— Кӣ бо ман меразмад?

Ҳазрати Алӣ (к.в.) омодаи баромадан шуд ва аз Паёмбар (с) иҷозат хост. Паёмбар (с) гуфтанд: «Ин Амр аст. Биншин».

Амр ибни Абдувуд бори дигар овоз баланд карда, муборизи ба худ муносиб хост. Касе ҷуръати баромадан накард. Амр аз ин мағруртар шуд ва ба таҳқири мусалмонон забон кушода гуфт:

— Куҷост ҷаннати шумо, ки мегӯед кушташудагонатон вориди он мешаванд. Оё ягон нафар бо ман меразмад?

Ҳазрати Алӣ (к.в.) ба Паёмбар (с) гуфт:

— Эй расули Худо, ман мебароям,.

Паёмбар (с) гуфтанд: «Баргард ба ҷоят».

Вақте ки Амр бори сеюм размандае талаб кард, ин дафъа низ Алӣ (к.в.) аз Паёмбар (с) изн хост. Паёмбари гиромӣ бо исрор гуфтанд: «Охир ин Амр аст»!

Алӣ (к.в.) бо боварӣ гуфт:

— Агарчи Амр ҳам бошад. Паёмбар (с) ин дафъа ба Алӣ (к.в.) иҷозат дод ва ӯ ба майдон баромад.

Амр нописандона пурсид:

— Ту кистӣ?

Гуфт: Алӣ ибни Абутолиб.

Амр гуфт:

— Эй писари бародарам, оё аз амакҳоят ягон нафари аз ту бузургсолтар нест. Ман намехоҳам, ки туро бикушам. Алӣ (к.в.) дар ҷавоб гуфт:

— Қасам ба Худо, ман мехоҳам, ки туро бикушам. Амр аз ин ҷавоби ҳазрати Алӣ (к.в.) дар ғазаб шуда, аз асп фуруд омад ва аз ғазаб ба рӯи аспаш зада, захмӣ кард. Баъд аз ин шамшерашро аз миён кашид ва он мисли оташпора дурахшид. Сипас ҷониби Алӣ раҳсипор шуд ва ба ӯ ҳамла кард. Алӣ (к.в.) далерона ҳамлаҳои ӯро рад кард ва ба гарданаш шамшер зада, корашро тамом кард ва бо хушнудӣ назди мусалмонон, ки садои такбирашон баланд гашта буд, баргашт ва бо сурур шеъреро бихонд, ки мазмунаш ин аст:

«Аз беандешагӣ ва аблаҳӣ сангро мепарастид (Амр). Вале ман Худои Муҳаммадро ба хотири савоб мепарастам. Ҳаргиз гумон накунед, эй мардум, ки Худо динаш ва Расулашро хор мекарда бошад».

Фатҳи Хайбар

Хайбар шаҳри яҳудинишинест, ки дар ҷониби шимолии Мадинаи мунаввара воқеъ аст. Яҳудиён онро ба лонаи фитнаву дасиса ва макони тарҳрезии ҷангҳо мубаддал карда буданд. Ҳаминҳо буданд, ки гурӯҳҳои душманро бар зидди мусалмонон ба ситез оварданд ва Мадинаро муҳосира карданд.

Инчунин қабилаи бани Қурайзаро таҳрик карданд, ки дар натиҷа онҳо ба мусалмонон хиёнат карда, аҳдашонро шикастанд. Яҳудиёни Хайбар бо мунофиқон ҳампаймон гаштанд ва барои ҷанг бо Паёмбар (с) омодагӣ гирифтанд ва нақшаи нобуд кардани Паёмбар (с)-ро тарҳрезӣ карданд. Паёмбар (с) бо асҳобашон барои фатҳи Хайбар аз ҷониби Худо маъмур шуданд ва дар наздикии қалъаҳои Хайбар лашкаргоҳ таъйин карданд. Дар он шаб, ки қасди ҳамла ба қалъаро доштанд, Паёмбар (с) гуфтанд: «Байрақро ба шахсе медиҳам, ки Худованд тавассути ӯ қалъаро фатҳ месозад ва он мард, Худо (ҷ) ва Расулашро дӯст медорад ва Худову Расулаш низ ӯро дӯст медоранд». Ҳама асҳоб кӯшиш мекаранд, ки байрақи Паёмбарро ба дасти худ гиранд.

Паёмбар (с) гуфт: Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) куҷост?

Гуфтанд: — Эй расули Худо (с) чашмонаш дард мекунанд.

Паёмбар (с) гуфтанд: «Ягон нафарро бифиристед, то ки Алиро ба наздам бихонад».

Алӣ (к.в.) ба ҳузури Паёмбар (с) омад. Ӯро дарди чашм азият медод. Расули акрам (с) оби даҳонашро ба чашмаш молид ва дуъо кард. Чашмони Алӣ (к.в.) шифо ёфтанд, гӯё пеш аз ин дард намекарданд. Паёмбар (с) парчамро ҳаракат дода, ба дасти Алӣ (к.в.) дод.

Алӣ (к.в.) гуфт:

«Эй Паёмбари Худо, бо онҳо то даме, ки мусалмон нашаванд, мубориза мебарам».

Паёмбар (с) гуфтанд: «Пагоҳии барвақт, бе садо ба майдони назди қалъа бирав. Сипас онҳоро ба Ислом даъват намо. Агар Исломро бипазиранд ба онҳо бифаҳмон, ки масъулияташон дар назди Худо чист. Қасам ба Худо, эй Алӣ (к.в.), агар Худо ба сабаби даъвати ту як нафарро ҳам ба роҳи ҳақ ҳидоят намояд, барои ту аз фоидаи уштурҳои сурхмӯй дида беҳтар аст».[76]

Ҳазрати Алӣ (к.в.) мувофиқи фармудаи Паёмбар (с) парчамро гирифта, бо суръат ба ҷониби қалъа равона шуд. Мусалмонон мегуфтанд, ки бо нармӣ ва меҳрубонӣ даъваташон намо. Ҳазрати Алӣ (к.в.) роҳашро давом дод ва ба наздикии қалъа расид. Он ҷо болои сангҳои калони кӯҳпайкар парчамро мустаҳкам кард, то ки партавфишонӣ кунад. Дар ҳамин лаҳза аз болои девори қалъа яҳудие баромада ҳазрати Алӣ (к.в.)-ро дида пурсид:

— Ту кистӣ?

Алӣ (к.в.) дар ҷавоб гуфт:

«- Ман Алӣ ибни Абутолиб ҳастам».

Яҳудӣ гуфт:

«- Бо он чизе, ки ба Мӯсо (а) нозил шуда буд, мехоҳед олимақом шавед».

Ҳазрати Алӣ (к.в.) яҳудиёнро ба Ислом даъват кард. Онҳо давъаташро рад карданд ва пешвояшон ба ҷанги Алӣ (к.в.) баромад. Ӯ дар сар тоскулоҳи ямонӣ ва дар даст шамшер дошт. Онҳо бар якдигар якчанд зарба радду бадал карданд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) бо шуҷоъати ба худаш хос зарбае ба сари яҳудӣ зад ва ӯро ба хок яксон кард. Ин фатҳи азим тавассути шуҷоъати ҳазрати Алӣ (к.в.) ба мусалмонон муяссар гардид.

Қиссаи Ҳотиб

Мушрикони Қурайш ва иттифоқчиёни онҳо паймони бо Расули акрам (с) бастаашонро шикастанд. Паёмбар (с) барои фатҳи Макка омодагӣ мегирифтанд. Ҳотиб ибни Абубалтаъа, ки яке аз саҳобагони Паёмбар (с) буд, номае ба аҳли Макка навишт ва онҳоро аз нақшаи мусалмонон огоҳ кардани шуда номаро тавассути зане ба Макка фиристодан хост. Он зан номаро дар сараш пинҳон кард ва ба сӯйи Макка ба роҳ баромад.

Худованд Расулашро аз ин сирри Ҳотиб огоҳ сохт. Паёмбар (с) Алӣ (к.в.) ва Зубайр ибни Аввом (р)-ро барои пайдо кардани он нома аз дунболи зан фиристод. Алӣ (к.в.) ва Зубайр (р) дар мавзеъе он занро дастгир карданд ва аз ӯ номаро талабиданд. Зан бо исрор талаби онҳоро рад кард ва кофтуковӣ бору буғчааш низ ягон самар надод.

Алӣ (к.в.) ба он зан гуфт:

«- Қасам ба Худо (ҷ), ки Паёмбар (с) дурӯғ нагуфтааст ва намегӯяд ва мо низ дурӯғ намегӯем. Ё он номаро ба мо медиҳӣ ва ё мо то пайдо кардани нома ҷустуҷӯят мекунем».

Зан ҷиддӣ будани сухани Алӣ (к.в.)-ро пай бурд ва номаро бароварда ба онҳо дод ва онҳо номаро ба Паёмбар (с) расониданд.

Сафари Яман

Расули Худо (с) Алӣ ибни Абутолиб (к.в.)-ро ба Яман фиристод, то ки мардуми Яманро ба Ислом даъват намояд. Паёмбар (с) нома навишт ва онро ба Алӣ (к.в.) супорид, то ки онро ба мардуми қабилаи Ҳамдон бихонад. Вақте ки Алӣ (к.в.) ва ҳамроҳонаш ба наздикиҳои Яман расиданд, мардум овозаи онҳоро шунида, ба наздашон ҷамъ шуданд. Алӣ (к.в.) якҷоя бо ҳамроҳонаш намози бомдодро хонданд. Баъд аз намоз ҳазрати Алӣ (к.в.) мардуми ҷамъомадаро дар як саф кашонд ва дар назди онҳо истода Худоро ҳамду сано гуфт ва сипас номаи Паёмбар (с)-ро ба онҳо хонд. Дар он рӯз тамоми қавми Ҳамадон Ислом оварданд. Алӣ (к.в.) ба Паёмбар (с) нома навишта, ин хушхабарро ба эшон маълум сохт.

Паёмбар (с) номаро гирифта хонда ва аз хушнудӣ саҷдаи шукр ба ҷо оварданд ва гуфтанд: «Осоиш ба қавми Ҳамадон, осоиш ба қавми Ҳамадон». Ба ҳамин минвол қабилаҳои дигари сарзамини Яман низ ба қавми Ҳамадон пайравӣ карда, Исломро қабул мекарданд.

Обрӯи Алӣ (к.в.) дар назди Паёмбар (с)

Расули акрам (с) ба ғазваи Табук хориҷ шуданд ва Алиро барои сарпарастии аҳли хонаводаашон ҷойнишин таъйн карданд. Алӣ (к.в.), ки хоҳиши бо Паёмбар (с) рафтанро дошт, гуфт:

— Эй Паёмбари Худо (с) худатон меравед ва маро ин ҷо мегузоред?

Паёмбар (с) бо табассум ҷониби Алӣ (к.в.) нигоҳи пурмеҳр афканда ва ба ӯ гуфтанд: «Оё розӣ намешавӣ, ки ба манзалаи Ҳорун (а) барои Мӯсо (а) бошӣ, магар ин ки баъд аз ман набӣ нест».

Алӣ (к.в.) гуфт:

— Бале, мехоҳам эй расули Худо.

Паёмбар (с) гуфтанд:

«Чунин ҳам ҳаст».

Алӣ (к.в.) инро шунида, зуд ба қафо баргашт[77].

Халифаи зоҳид

Боре Расули акрам (с) ба Алӣ (к.в.) гуфтанд:

«Эй Алӣ (к.в.), ҳароина, Худованд туро бо хислате зинат додааст, ки дигар бандагонашро надодааст ва он хислатро Худованд дӯст медорад. Ин хислат зуҳд (парҳезкорӣ) дар дунё мебошад. Худованд (ҷ) туро чунин офаридааст, ки ту аз дунё чизе намегирӣ ва дунё низ аз ту чизе намегирад. Инчунин ба ту муҳаббати мискинонро ҳадя кардааст. Мардум аз пешвоии ту розӣ мешаванд ва ту аз пайравии онҳо розӣ мегардӣ. Хушӣ бод барои касоне, ки туро дӯст доштанд ва ба ту садоқат зоҳир карданд. Вой бар ҳоли ашхосе, ки бо ту кина варзиданд ва дар ҳаққи ту дурӯғ гуфтанд. Пас шахсоне, ки туро дӯст доштанд ва ба ту садоқат зоҳир карданд, онҳо дар хонаат ҳамсоягони туанд ва дар қасрат ҳамнишинони туанд. Аммо шахсоне, ки бо ту кина варзиданд ва дар ҳаққи ту дурӯғ гуфтанд, Худованд онҳоро рӯзи Қиёмат дар макони дурӯғгӯён мегузорад»[78].

Вақте ки Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) баъд аз шаҳодати Усмон (р) дар моҳи зулҳиҷҷаи соли 35-уми ҳиҷрии қамарӣ халифа интихоб шуд ва мардум бо ӯ байъат (аҳду паймон) карданд, зуҳду парҳезгорияш афзунтар гардид ва дар кори тақсими амвол пайрави Абубакри Сиддиқ (р) буд. Ҳар қадар моле, ки ба наздаш ворид мешуд, ҳамаашро садақа мекард. Дар байтулмол танҳо он миқдор мол боқӣ мемонд, ки аз тақсими он дар давоми ҳамон рӯз монда бошад. Ҳазрати Алӣ (к.в.) мегуфт:

— Эй дунё дигареро мағрури худ бисоз.

Баъд аз ин амр мекард, ки байтулмолро ҷорӯб бизананд ва он ҷо ду ракъат намоз гузорида, таманно мекард, ки рӯзи Қиёмат барояш шоҳидӣ бидиҳад. Ҳазрати Алӣ (к.в.) танҳо ба бозорҳо мебаромад. Ва одамони роҳгумкардаро роҳнамоӣ мекард, ба заъифон кӯмак мерасонд ва одамонро ба тақводорӣ, ростгӯи ва савдои мунсифона даъват мекард.

Рӯзе барои харидани либосе ба бозор баромад, вале бо худ пул надошт. Аз ин рӯ шамшерашро ба савдо гузошта, гуфт:

— Ки шамшерамро мехарад. Қасам ба он зоте, ки донаро аз замин мерӯёнад, басо вақтҳо бо ин шамшер аз расули Худо ҳимоят кардаам. Агар барои харидани пӯшок нақдинае медоштам, ҳаргиз шамшерамро ба савдо намегузоштам.

Дар ҳамин ҳол марде ба ӯ гуфт:

— Ман пули пӯшокро ба ту қарз медиҳам, эй амирулмӯъминин.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) чаҳор дирҳам қарз гирифт ва ба назди фурӯшандае рафта, гуфт:

— Оё маро мешиносӣ?

Фурӯшанда гуфт:

— Оре, ту амирулмӯъминин ҳастӣ.

Алӣ (к.в.) он фурӯшандаро тарк кард ва ба назди дигараш рафта ҳамон суолро дод. Фурӯшанда гуфт:

— На, туро намешиносам.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) аз ӯ либоси даркориашро ба қимати чаҳор дирҳам харида, пӯшид сипас гуфт:

— Ҳамду сано Худоро, ки Алӣ ибни Абутолибро либос пӯшонд. Аз ҳамин ҷиҳат буд, ки боре марде аз ҳокимони араб ба назди ӯ даромад ва гуфт:-

— Қасам ба Худо, эй амирулмӯъминин, ту хилофатро зинат додӣ, на хилофат туро ва ту онро баланд бардоштӣ, аммо хилофат туро бардошта натавонист (яъне, аз худ набурд). Хилофат эҳтиёҷ ба ту дорад, вале ту ба он ҳеҷ эҳтиёҷе надорӣ[79].

Халифа ҳангоми қазоват

Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) зиреҳи гумкардаашро назди марди насроние пайдо кард ва бо он мард барои даъво назди қозӣ Шурайҳ рафтанд. Алӣ (к.в.) ба қозӣ гуфт:

— Ин зиреҳ, (либоси оҳанини ҷанговарони қадим барои муҳофизат аз тиру шамшер) зиреҳи ман аст.

Қозӣ ба марди насронӣ гуфт:

— Ба ин гуфтаи амирулмӯъминин чӣ мегӯӣ?

Он мард гуфт:

— Зиреҳ, зиреҳи ман аст.

Шурайҳ ба ҳазрати Алӣ (к.в.) рӯ оварда гуфт:

— Ба ин гуфтаҳо ягон шоҳид дорӣ?

Ҳазрати Алӣ (к.в.) хандида, гуфт:

— Шурайҳ дар қазоват ба нишон расидӣ. Ман ягон шоҳид надорам.

Шурайҳ мувофиқи қонуни шаръ зиреҳро ба марди насронӣ дод. Он мард зиреҳро аз назди қозӣ Шурайҳ гирифта, берун шуд, вале лаҳзае нагузашта баргашта, гуфт:

— Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ин ҳукм, ҳукми паёмбарона аст. Амирулмӯъминин маро ба назди қозии худаш мебарад ва қозӣ бар зидди ӯ ҳукм мебарорад. Ман шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ худои барҳақе нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва расули Худо (ҷ) аст.

Баъд аз ин ба ҳазрати Алӣ (к.в.) рӯй оварда, гуфт:

— Ин зиреҳ, зиреҳи ту аст, эй амирулмӯъминин, ман онро аз уштурат гирифтам, он рӯзе, ки ту ба ҷанги Сиффин мерафтӣ. Ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфт: Акнун, ки Ислом овардӣ, зиреҳ аз он туст[80].

Дарбони илм

Дар тӯли солҳои аввали нузули ваҳй ба Паёмбар (с) Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) ҳамроҳи Паёмбар (с) буд ва нузули онро мушоҳида мекард ва аз дигарон пештар онро аз Расули акрам (с) мешунид ва гӯшу қалбашро барои пазируфтани асрор ва нури ваҳй бахшида буд. Аз ин рӯ борҳо мегуфт:

— Аз ман бипурсед. Аз ман бипурсед. Қасам ба Худо (ҷ), аз он чӣ мепурсед огоҳатон мекунам. Маро аз китоби Худо (ҷ) суол кунед. Қасам ба Худо (ҷ), ягон оёте нест, ки намедониста бошам, ки шаб нозил шудааст ё рӯз, дар кӯҳ нозил шудааст ва ё дар ҳамворӣ[81]. Дар ин хусус Расули акрам (с) гуфтанд: «Ман шаҳри илм ҳастам ва Алӣ (к.в.) дари он аст. Пас ҳар ки илмро мехоҳад аз дари он ворид шавад[82]».

Инчунин Паёмбар (с) дар бораи асҳобашон мегуфтанд: «Донотарини онҳо дар масъалаи қазоват Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) аст[83]».

Ва беҳтарини уммат Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба мардум мегуфт:

— Қасам ба Худо (ҷ), ба Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) аз даҳ нӯҳ ҳиссаи илмро дода шудааст.

Ҳазрати Умар (р) мегуфт:

— Агар Алӣ (к.в.) намебуд, Умар (р) ҳалок мешуд[84].

Видоъ бо амрулмӯъминин

Рӯзе Паёмбар (с) ба Алӣ (к.в.) гуфтанд: «Миёни аввалинҳо ва охиринҳо бадбахтаринашон кист

Алӣ (к.в.) гуфт:

— Аллоҳ (ҷ) ва Расулаш донотаранд!

Пас, расули Худо (с) гуфтанд: «Бадбахтарини аввалинҳо кушандаи уштур (уштури Солеҳ паёмбар) аст ва бадбахтарини охиринҳо касест, ки туро бо теғ мезанад».

Инро гуфта Расули акрам (с) ба он ҷойи бадани Алӣ (к.в.) ишорат карданд, ки бо теғ зада мешавад. Ва ин шахси бадбахтарин Абдурраҳмон ибни Мулҷами Муродӣ ном дошт ва шахси малъун ва ҷиноятпеша буд. Миёни ҳамқавмонаш нафареро кушта, рӯ ба гурез ниҳод. Дар Куфа бо Шабиб ибни Ваҷараи Ашҷаъӣ вохӯрда ба ӯ гуфт, ки барои куштани Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) омадааст. Шабибро ба ҳамкорӣ даъват кард. Шабиб даъвати ибни Мулҷами бадбахтро пазируфт. Онҳо шаби 17-уми моҳи мубораки Рамазон, наздикиҳои дамидани субҳ ба роҳ баромаданд ва дар назди маконе, ки амирулмӯъминин аз он ҷо берун меомад, камин гирифтанд.

Он субҳ Имом Ҳасан (р) назди падари бузургвораш ҳозир шуд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) ба фарзанди ҷигарбандаш гуфт:

— Шабона аз хоб бархостам, то ки аҳли хонаводаро барои намози шаб бедор кунам. Дар ҷоям нишаста будам, ки чашмонам беихтиёр пӯшида шуд. Расули Худоро пешорӯи худ дидам, ки маро насиҳат мекард. Пас ба Паёмбар (с) гуфтам:

— Аз уммати ту душманӣ ва нофармонӣ надидам.

Паёмбар (с) ба ман гуфтанд: «Дар ҳаққашон дуъо намо».

Ман гуфтам:

— Худоё, барои ман аз онҳо беҳтарашро иваз намо. Ва барои онҳо аз ман бадтареро иваз намо.

Ҳамин вақт муаззин — Ибни Тайёҳ ворид шуда хабар дод, ки вақти намоз шудааст. Ҳасан (р) аз дасти падари бузургвораш гирифта дар бархостанаш кӯмак намуд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) сӯйи масҷид равон шуд ва пеш-пеши ӯ Ибни Тайёҳ ва аз дунболаш Ҳасан (р) роҳ мерафтанд. Дар ҳамин асно селаи ғозҳои хонагӣ ба ҷониби ҳазрати Алӣ (к.в.) омада, доду фарёд карданд. Ҳазрати Ҳасан (р) ҳамроҳи Тайёҳ онҳоро ронданд. Алӣ (к.в.) гуфт:

— Бигзоредашон, онҳо навҳасароӣ мекунанд.

Вақте ки ҳазарти Алӣ (к.в.) аз хона берун шуд, чун ҳарвақта нидо кард:

— Эй мардум, намоз, намоз! Дар ҳамин лаҳза ду нафар аз рӯ ба рӯяш пайдо шуда, ба ӯ бо шамшерҳои заҳролуд ҳамла карданд. Амирулмӯъминин аз пой дарафтод. Мардум аз ҳар ҷониб он ду палидро давра гирифтанд. Шабиб аз миёни мардум фирор кард, аммо ибни Мулҷам дастгир шуда ва ба назди ҳазрати Алӣ (к.в.) бурда шуд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфт:

— Ин мард асир аст. Бо ӯ муъомилаи некӯ кунед ва шароити нигаҳдорияшро хуб созед. Агар ман зинда монам, ӯро мебахшам ва ё қатлаш мекунам ва агар аз дунё гузаштам. тарзе, ки маро кушт, бикушедаш, аммо аз ҳад нагузаред, зеро Худо (ҷ) аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад.

Дере нагузашта Амр, ки табиби соҳибтаҷриба буд, ба назди ҳазрати Алӣ (к.в.) дохил шуд ва хоҳиш кард, ки сарашро кушояд, то ки захмро аз назар гузаронад. Баъд аз дидани ҷойи захм ба Алӣ (к.в.) гуфт:

— Хароше беш нест.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) бо боварӣ ва оромии хотир гуфт:

— Ман шуморо танҳо мегузорам. Духтари ҳазрати Алӣ (к.в.) Умми Кулсум (ҳамсари Умар (р)) инро шунида, аз зери ҳиҷоб гирён шуд. Алӣ (к.в.) ӯро дида гуфт:

— Ором шав! Агар он чи ман мебинам, медидӣ, ҳаргиз гиря намекардӣ.

Амр гуфт:

— Эй амирулмӯъминин, чиро мебинӣ?

Алӣ (к.в.) гуфт:

— Малоикро, паёмбаронро ва ҳазрати Муҳаммад (с)-ро, ки мегӯяд: «Эй Алӣ, башорат бидеҳ, ки ҷое, ки меоӣ, аз ҷое, ки дар он ҳастӣ, беҳтар аст».

Ҷамъомадагон ба ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфтанд:

— Оё ба ҷои худат ягон нафарро халифа таъйин намекунӣ?

Ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфт:

— Паёмбар (с) касеро таъйин накард, ман низ ин корро намекунам. Агар Худо (ҷ) барои мардум некӣ бихоҳад, баъд аз сари ман онҳоро дар атрофи беҳтаринашон сарҷамъ мекунад, чуноне ки баъд аз даргузашти Паёмбар (с) дар атрофи беҳтаринамон сарҷамъ карда буд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) соли 40-уми ҳиҷрӣ, шабе, ки аз моҳи Рамазон 11 рӯз боқӣ монда буд, дунёи фониро тарк кард. Хилофати ӯ чаҳор солу нӯҳ моҳ давом кард ва дар он рӯз 63 сол дошт. Баъд аз вафоти ҳазрати Алӣ (к.в.) Абдураҳмон ибни Мулҷами бадбахт аз зиндон берун оварда, қатл карда шуд. Баъд аз дафни ҳазрати Алӣ (к.в.) фарзандаш Ҳасан (р) миёни мардум хитоб кард:

«Эй мардум, имшаб марде аз миёни шумо фавтид, ки касе аз пешиниён ва пасомадагон дар илм баробари ӯ набуданд. Расули Худо (с) ба ӯ парчам медод ва ҳамчун намояндаи худаш ба ҳар ҷо мефиристод. Ҷабраил (а) аз ҷониби рост ва Микоил (а) аз ҷониби чап ӯро ҳимоя мекарданд, то он даме, ки Худованд (ҷ) кушоишро насибаш гардонд. Аз моли дунё тиллову нуқра ҷамъ намекард. Баъд аз вафоташ ҳафсад дирҳам боқӣ гузошт ва онро барои ҳоҷати аҳли хонавода сарф карданӣ буд»[85].

Васияти ҳазрати Алӣ (к.в.)

Ҳазрати Алӣ (к.в.) чанд дақиқа пеш аз вафоташ фарзандонашро даъват намуд, то ба онҳо васият кунад. Фарзандон бо сардории Ҳасан (р) ва Ҳусайн (р) ҳозир шуданд.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) васият кард: «Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ин васиятест, ки Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) мекунад. Шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ худои барҳақ нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва расули Аллоҳ (ҷ) аст. Худованд (ҷ) ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристодааст, то ки онро бар болои ҳамаи динҳои дигар ғолиб гардонад, ҳарчанд мушриконро ин кор нописанд бошад. Ҳароина, намозам, роҳу равишам, зиндагонӣ ва мамотам аз барои Худованди оламиён аст, ки ҳеҷ шарике надорад ва ба ин кор амр шудаам ва ман мусалмонам.

Туро, эй Ҳасан (р) ва тамоми фарзандонам ва онҳоеро, ки мактубам ба онҳо мерасад ба тарси аз Худо (ҷ) васият мекунам ва мегӯям, ки ин дунёро тарк накунед, магар бо имони ба Худо (ҷ), ҳамагӣ ба ресмони Худо (ҷ) (дини Ислом) чанг бизанед ва пароканда нашавед. Ба хешовндонатон муносибати некӯ дошта бошед ва ба он силаи раҳм шуморо осон мегардонад. Аз Худо (ҷ) битарсед ва дар ҳаққи ятимон ғамхорӣ кунед ва нагузоред, ки онҳо зоеъ шаванд.

Аз Худо (ҷ) битарсед ва дар ҳаққи ҳамсоягонатон некӣ кунед. Ин васияти Паёмбари шумост, ки ҳамеша ба некӯӣ бо ҳамсоягон васият мекард, то ҳатто мо гумон мекардем, ки ҳамсоя аз ҳамсоя мерос мебарад.

Аз Худо (ҷ) битарсед ва ҳаққи Қуръонро риоя намоед, то ки ягон нафаре дар амал ба он аз шумо пешдастӣ накунад. Аз Худо (ҷ) битарсед ва намозро барпо бидоред, зеро он сутуни дини шумо аст. Аз Худо (ҷ) битарсед ва ҳаққи хонаи Худоро риоя намоед, то ки он аз шумо холӣ нагардад. Ҳароина, агар он тарк карда шавад, мӯҳлат дода намешавед (яъне, азоби Худо (ҷ) шуморо фаро мегирад).

Аз Худо (ҷ) битарсед ва моҳи Рамазонро гиромӣ бидоред. Ҳароина, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон оташи дӯзахро нигоҳ медорад. Аз Худо (ҷ) битарсед ва дар роҳи Ӯ бо молу ҷонатон ҷиҳод кунед. Аз Худо битарсед ва ҳаққи саҳобагони Паёмбаратонро риоя намоед. Ҳароина, расули Худо (с) ба эҳтиром кардани онҳо васият кардааст. Аз Худо (ҷ) битарсед ва ҳаққи фақирону мискинонро риоя намоед ва дар маъошатон онҳоро шарик созед. Аз Худо битарсед ва ҳуқуқи канизонатонро поймол насозед, зеро охирин чизе, ки доир ба он Паёмбари Худо (с) сухан карданд. ҳамин аст, ки гуфт:

— Шуморо ба риояи ҳуқуқи ду заъиф васият мекунам: занонатон ва канизонатон.

Намозро, намозро барпо доред. Дар иҷрои амри Худо (ҷ) аз маломати маломаткунандагон наҳаросед. Худованд (ҷ) дар муқобили ашхосе, ки ба шумо душманӣ меварзанд, кифоя аст. Ба одамон сухани некӯ гӯед, ҳамчуноне, ки Худованд шуморо амр кардааст. Амри маъруф ва наҳй мункарро тарк накунед. Агар чунин кунед, ҳокимяти шумо ба дасти бадтаринатон меафтад, он гоҳ ба даргоҳи Худо (ҷ) дуъову зорӣ мекунед, вале дуъоятон қабули даргоҳи илоҳӣ намешавад. Дар корҳои некӯ ҳамдаст бошед ва дар корҳои гуноҳу душманӣ ҳамдастӣ накунед. Аз Худо (ҷ) битарсед, зеро Худо (ҷ) шадидулиқоб аст. Худованд (ҷ) шуморо нигаҳбон бошад, эй аҳли байт. Шуморо ба Худо месупорам ва ба шумо раҳмати Худоро хоҳонам».

Вақте ки ҳазрати Алӣ (к.в.) аз васият ба фарзандонаш фориғ шуд, ҷуз калимаи тайиба, дигар чизе нагуфт ва Худованд (ҷ) рӯҳашро қабз кард. Раҳмати Худо бар ӯ ва Худованд (ҷ) аз ӯ розӣ бод.

Фазоили ҳазрати Алӣ (к.в.)

Ҳазрати Алӣ (к.в.) дорои фазилатҳои зиёд аст. Аз ин рӯ Имом Аҳмад (р) барои ӯ гуфтааст:

— Дар бори ҳеҷ яке аз саҳобагон ба андозаи Алӣ (к.в.) ривоят ворид нашудааст. Аз ҷумла Худованд (ҷ) дар каломи покаш гуфтааст:

وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلَاةَ وَآتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا

Сухани Худо:

«Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва аз Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад».[86]

Инчунин Паёмбари Худо (с), Алӣ (к.в.), Фотима (р), Ҳусайн ва Ҳасанро даъват карда, ба эшон чунин гуфт:

«Худовандо, инҳо аҳли байти ман ҳастанд, аз онҳо палидиро дур кун ва покашон бисоз».

Ва боз Паёмбари Худо (с) гуфтанд: «Малоика ба ман ва ба Алӣ ҳафт сол дуруд фиристоданд, зеро ҳамроҳи ман ғайр аз ӯ касе аз мардон намоз нагузошта буд».

Инчунин Паёмбар (с) гуфтанд: «Алӣ аз ман аст ва ман аз ӯям ва ӯ баъд аз ман дӯсти ҳамаи мӯъминон аст.

Инчунин гуфтанд: «Ҳар киро мавлояш бошам, пас Алӣ низ мавлои ӯст. Худовандо ҳар кас, ки бо ӯ дӯстӣ кунад, ӯро дӯст бигир ва ҳар кӣ бо ӯ душманӣ варзад, душманаш бигир».

Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:

— Эй Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) бар ту муборак бод. аз ин рӯз дӯсти тамоми мӯъминон гаштӣ[87].

Паёмбар (с) ба ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфтанд: «Дӯст намедорад туро ба ҷуз мӯъмин ва кина намеварзад бо ту магар мунофиқ».

Ҷобир (р) мегуфт: — Мо мунофиқонро аз рӯи кинаварзиданашон бо Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) мешинохтем»[88].

Расули акрам (с) гуфтанд: «Ман макони ҳикмат ҳастам ва Алӣ (к.в.) дари он аст».

Расули Худо (с) ба Алӣ (к.в.) гуфтанд: Эй Алӣ, ҳафт хислат дорӣ, ки рӯзи Қиёмат касе дорои он нест ту аввалин мӯъмин ҳастӣ, қавитарини онҳо ба амри Худо ҳастӣ. Ва рауфтарини онҳо дар муносибат ба раъият ҳастӣ. Ва олимтарини онҳо дар қазоват ҳастӣ». Инро гуфта Расули акрам (с) ба китфи Алӣ (к.в.) бо дасташон навозишкорона заданд.

Рӯзе Расули акрам (с) дар бораи амирии ҳазрати Алӣ (к.в.) гуфтанд: «Ва агар Алиро амир интихоб кунед, ӯро роҳнамои росткор меёбед, ки шуморо ба роҳи рост мебарад».

Инчунин рӯзе Расули акрам (с) фармуданд: «Ба назди ман сайиди арабро даъват кунед».

Модари мӯъминон Оиша (р) гуфт:

— Оё сайиди араб ту нестӣ?

Паёмбар (с) гуфтанд: «Ман сайиди фарзандони Одам ҳастам ва Алӣ сайиди араб ҳаст.

Ибни Аббос (р) гуфт:

— Алӣ (к.в.) чор хислате дорад, ки дигарон аз он маҳруманд: вай аввалин марди Араб ва Аҷам аст, ки ҳамроҳи расули Худо (с) намоз гузоштасст; Ӯ онест, ки парчами Расули акрам (с) дар тамоми муборизаҳо ҳамроҳаш буд; Ӯ шахсе аст, ки рӯзе, ки ҳама фирор карданд ҳамроҳи Паёмбар (с) сабр намуд; Ва Ӯ шахсест, ки Паёмбар (с)-ро баъди вафоташ ғусл дода, ба хок гузошт.

Ибни Аббос (р) инчунин мегӯяд:

— Расули акрам (с) гуфтанд: «Худованд ҳеҷ ояте фуру нафиристод, ки дар он хитоби (эй ононе, ки имон овардаед) бошад, магар, ки Алӣ (к.в.) сарвар ва амири он аст[89]».

Ибни Аббос (р) дар тафсири ояти зерин чунин мегӯяд:

الَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُم بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ سِرًّا وَعَلاَنِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

Сухани Худо:

«Онон, ки амволи хешро дар шабу рӯз, дар пинҳону ошкор сарф мекунанд, аҷрашон бо Парвардигорашон аст, на бимнок мешаванд ва на ғамгин»[90]

Ин оят дар ҳаққи Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) нозил шудааст, зеро ӯ чаҳор дирҳам дошт ва якеашро шабона, дуюмашро рӯзона, сеюмашро пинҳон аз чашми дигарон ва чаҳорумашро дар назди шоҳидон садақа кард[91].

Анас (р) мегӯяд:

— Ба Паёмбар (с) мурғи бирёне ҳадя карда шуд. Паёмбар (с) гуфтанд: «Худовандо дӯстдоштатарин бандаатро ба назди мо бирасон». Лаҳзае чанд Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) ба назди Паёмбар (с) ҳозир шуд ва он мурғи бирёнро ҳамроҳ хӯрданд.

Ҳазрати Алӣ (к.в.) бо ифтихор мегӯяд:

Муҳаммади набӣ бародар ва падарарӯсам аст;

— Ҳамзаи сайидушшуҳадо амаки ман аст;

— Ҷаъфар, ки рӯҳаш ҳамроҳи малоика парвоз мекунад, фарзанди модарам аст;

— Духтари Муҳаммад (с) арӯси ман аст;

— Ва наберагони Аҳмад (р) фарзандони мананд;

— Дар қабули Ислом аз шумо сабқат кардам;

— Ҳамроҳи Паёмбар (с) аввалин шуда намоз гузоштам.

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Талҳа (р) ибни Убайдуллоҳ

Талҳа ибни Убайдуллоҳ ибни Усмон ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайм ибни Мураи Қурайшии Тамимии Маккӣ мебошад. Ва кунияааш Абумуҳаммад аст. Ҷавонмарди шуҷоъу бисёр сахӣ буд ва яке аз даҳгонаи башорат додашуда ба ҷаннат буда, ҳаштумин шахсиятест, ки дар дини Ислом дохил шудааст. Ба тангдастиаш нигоҳ накарда, бисёр сахию карим буд.

Талҳа писари Убайдуллоҳ (р) марди сиёҳҷурда буда, сермӯй ва хубрӯй буд. Ва дар роҳравиаш каме саросима буд. Талҳа (р) яке аз уламову ҳукамои Қурайш буд ва тиҷорати хубе дар Ироқ дошт ва касе набуд дар бани Тамим магар, ки ҳоҷаташро бароварда, дар дини Ислом барояшон вафогӣ мекард. Ӯ дар роҳи Худо (ҷ) азияти бисёре дида сипас ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кард. Рафиқи Расули акрам (с) шуда рафоқаташро хуб анҷом дод ҳатто, ки Паёмбар (с) аз ӯ розиву хурсанд аз дунё гузашт. Ва дар ҳамин фикру андешаву ақида истимрор дошт, то ҷое ки ба Парвардигораш рӯ ба рӯ шуда, дар ҷое, ки ба номи Мавқиату-л-ҷамал аст, шаҳид гашта ва дар Басра дафн карда шудааст.

Модараш

Саъба духтари Абдуллоҳи Ҳаҷрамӣ, хоҳари аълои писари Ҳаҷрамӣ (р) ва бибияш Отика духтари Ваҳб соҳиби рифодат дар Маккаи Мукаррама.

Фарзандони Талҳа (р)

Муҳаммад ва Имрон. Ва модарашон Ҳамна духтари Ҷаҳш ва бибияшон Умайма духтари Абдулмуталлиби писари Ҳошим. Ва ба ҳамин писари Муҳаммадаш куният гузошта шуд ва ин Муҳаммади писарашро Саҷҷод (яъне, бисёр саҷдакунанда) лақаб монданд, барои ибодати бисёраш ва бисёр ҷавони хайрхоҳу қаноъатманд ва обиди Худованд (ҷ) буданаш. Дар ҳаёти Паёмбари бузург (с) таваллуд ёфт ва Ӯ (с) Муҳаммад ном гузошташ ва дар Мавқиату-л-ҷамал ҳамроҳи падараш шаҳид карда шуд.

Мусо: Модараш Хавла духтари Қаъқоъи писари Маъбад аз бани (қабилаи) Тамим аст ва Қаъқоъро дар саховатмандияш ба дарёи Фурот зарбулмасал мезаданд.

Яъқуб: Бисёр шуҷоъу далер буд, кушта шуд.

Исмоилу Исҳоқ: Модарашон умми Кулсум духтари Абубакри Сиддиқ (р) мебошад.

Исо ва Яҳё: Модари инҳо, Суъда духтари Авфи Муррӣ мебошад.

Умми Исҳоқ духтараш: Ва ин духтарашро Имом Ҳасан (р) писари ҳазрати Алӣ (р) тазвиҷ намуд, пасон барояш писаре таваллуд кард бо номи Талҳа, баъд аз он вақте ки имом Ҳасан вафот кард занашро (умми Исҳоқро) бародараш Имом Ҳусейн (р) тазвиҷ кард, ва духтардор шуд бо номи Фотима ва модараш марази ҷарбо (бемориест, ки дар пӯст таъсири сахт мерасонад) буд, яъне ба ин беморӣ гирифтор шуда буд ва ин бемор модари Ҳориси духтари Қисома аз бани Той ҳам мебошад.

Саъба: Модараш бошад умми валад аст (каниз).

Марям: Модари ин ҳам умми валад аст.

Солиҳ: Модараш Фаръа духтари Алӣ аз бани Тағлиб мебошад.

Талҳа ибни Убуйдуллоҳ ҳамагӣ 9 зан ва 12 фарзанд дошт, ки онҳо 9 писар ва 3 духтар буданд.

Талҳа писари Убайдуллоҳ дар ғазваи Уҳуд, Хандақ ва Ҳудайбия ширкат варзида, ва байъат намудааст байъати Ризвонро ва хуллас дар ҳамаи ғазваҳо ҳамроҳи Расул (с) иштирок намудааст. Ва дар ғазваи Уҳуд гирифтори балои бузург шуд. Паёмбар (с) худаш нигоҳбонияш карда, ба дасти муборакаш тирро ба сӯйи душманон андохт, ҳатто ки ангушти муборакаш аз кор монд. Ва вақте ба сари Талҳа (р) аз ҷониби душман зарба афтод, Паёмбар (с) ӯро ба пушти муборакаш ҳамл намуда, болои як санги калон баровард. Ва ҳамчунон дар ғазваи Бадр низ Паёмбари гиромӣ (с) тир андохт ба сӯйи душманоне, ки дар рӯ ба рӯи Талҳа (р) буданд. Паёмбари бузург (с) дар як ҷамоъате, ки аз 9- нафар иборат буд ва ҳамроҳи Талҳа (р) даҳ нафар мешуданд амир таъин намуда фиристодаш ва Расул (с) фармуданд, ки нишонии шумо «гурӯҳи даҳнафара» аст. Ва Расул (с) дар рӯзи ғазваи Уҳуд Талҳаро Талҳаи хайр ном гузошт ва дар ғазваи «Соҳиби аъшира» бошад Талҳаи фаёз ном гузошташ ва дар рӯзи Ҳунайн низ Талҳату-л-ҷуд ном гузошташ. Ва дар ҳақиқат Талҳа (р) саховатманду ҷаводу карим буд.

Ва Талҳа (р) аз Паёмбари гиромӣ (с) сиву ҳашт ҳадис ривоят намудааст.

Вақте ки вафоти амирулъмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) даррасид, амри хилофат ба дасти шаш нафар гузошта шуд ва ин шаш нафар, ки номзадияшон барои хилофат буд, Паёмбари бузург (с) вақти вафоташ аз инҳо розӣ буд. Ва онҳо иборатанд: Усмон ибни Аффон, Алӣ ибни Абутолиб, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Зубайр ибни Аввом, Саъд ибни Абуваққос ва Абдураҳмон ибни Авф.

Ислом овардани Талҳа (р)

Талҳа (р) ҳамроҳи қофилае аз қофилаҳои Қурайш ба тиҷорат ба сӯйи билоди Шом баромад, вақте ки қофилаашон ба шаҳри Бусро расид, ҳамвора дар бозори ин шаҳр ба хариду фӯруш пардохт. Вақте ки Талҳа (р) дар ин бозори калон ҳамроҳи дигар тоҷирон, барои хариду фурӯш ба ин тарафу он тараф мерафт роҳиберо шунид, ки мегуфт: аҳли Мавсимро суол кунед, оё ягон нафаре дар баини инҳо аз аҳли Ҳарам ҳаст? Пас Талҳа (р) ба назди ӯ рафт ва гуфт: бале ман аз аҳли Ҳарам ҳастам!!

Роҳиб гуфт: То ҳол Аҳмад дар шаҳри шумо набаромадааст?

Талҳа (р) таъаҷҷуб карда пурсид: Аҳмад кист?

Роҳиб гуфт, ки Аҳмади писари Абдуллоҳ писари Абдулмуталлибро дар назар дорам ва ин моҳест, ки бояд дар ин моҳ ба пайғамбарӣ мабъус шавад ва Ӯ (с) охирини анбиёст ва ҷои пайдоишаш Ҳарам (Макка) буда, ҷои ҳиҷраташ як замини саҳрои хурмозор (мурод Мадинаи мунаварра аст) мебошад, пас чӣ хуб мешуд, ки ба сӯи Ӯ (с) бозгашта, ва имон биёрӣ.

Роҳиб ҳазрати Талҳа (р)-ро ба имон овардани ба Паёмбар (с) тарғиб намуд. Ин сухани роҳиб дар дили Талҳа (р) ҷой гирифта, ба Маккаи мукаррама баргашт. Вақте ба Макка расид, мардумро савол карда гуфт:

— Оё ягон хабари наве ҳаст? Пас гуфтанд: Оре, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ба паёмбарӣ мабъус шудааст ва ӯро Абубакр писари Абуқуҳофа (р) пайравӣ мекунад. Пас Талҳа (р) бо худ гуфт, ки Муҳаммад (с) ва Абубакр (р)? Қасам ба Худо (ҷ), ки ин ду нафар ҳеҷ гоҳ дар роҳи гумроҳӣ ҷамъ намешаванд. Пас Талҳа (р) рӯ ба сӯи хонаи Абубакр (р) карда, шитобон рафта дари хонаашро кӯбид ва ба назди ӯ даромада гуфт:

— Оё ту Муҳаммадро пайравӣ мекунӣ?!

Абубакри Сиддиқ (р) гуфт: «Оре, ту ҳам зуд рафта имон биёр. зеро, ки Ӯ (с) дар ҳақиқат ба сӯйи ҳақ даъват мекунад».

Ҳамин тавр, Абубакр (р) Талҳа (р)-ро дар Ислом оварданаш тарғиб менамуд ва сифату ахбори Паёмбари гироми (с)-ро ба ӯ қисса менамуд ва инчунин Талҳа (р) ба Абубакри Сиддиқ (р) гуфтаҳои роҳибро нисбати Расули акрам (с) қисса мекард. Пас Абубакр (р) ҳамроҳи Талҳа (р) ба назди Расули акрам (с) даромада, Ислом оварданашро ошкор кард ва суханони роҳибро ба Ӯ (с) гуфт ва Расули акрам (с) аз ӯ хурсанд гашт.

Ду рафиқи қариб

Талҳа (р) бо вуҷуде, ки бузурги қавмаш буд ва тиҷорати вофир дошт боз ҳам барои Ислом оварданаш ва тарафдорияш барои мусалмонҳо азияти бисёре дид. Вақте Навфал ибни Хувайлид ибни Адавия, ки ӯро Шери Қурайш меномиданд, Абубакр ва Талҳа (р)-ро дид, ки аз хонаи Расули акрам (с) баромаданд, шитобон омада ҳар дуи онҳоро дошта, бо як ресмон сахт баст, то ки ҳардуи онҳоро аз намозу аз дини Ислом боз дорад, лекин «Қаринайн». яъне Абубакр ва Талҳа (р) ба азоби Навфал сабру тоқат карданду мақсади ӯро напазируфтанд то ҳине ки ӯ аз ҳардуи онҳо ноумед шуда, онҳоро озод кард. Паёмбар (с) доим дуъо карда мегуфт: «Эй бор Худоё, моро аз шарри Ибни Адавия эмин дор».[92]

Ба сӯйи Мадинаи мунаввара

Расули акрам (с) ҳамроҳи Абубакри Сиддиқ (р) ба Мадинаи мунаварра ҳиҷрат кард ва дар ин вақт Талҳа (р) аз Шом бармегашт. Дар роҳ бо онҳо вохӯрда ва ба ҳардуи онҳо либоси нав пӯшонид, ки аз Шом оварда буд ва ба Паёмбар (с) хабар дод, ки мусалмонҳоеро, ки дар Мадина мебошанд аз онҳо хавотиранд. Паёмбари Худо (с) ҳамроҳи ҳамсафараш роҳашро босуръат ба тарафи Мадина давом дод ва Талҳа (р) бошад, ба сӯйи Макка раҳсипор шуд. Вақте корҳои худро дар Макка анҷом дод, ба Мадинаи мунаварра ҳиҷрат намуд ва дар ин ҳиҷраташ аҳли хонадони Абубакр (р) ҳамроҳаш буданд. Вақте Талҳа (р) ба Мадина қадам гузошт, дар хонаи Асъад ибни Зурора истиқомат кард, ҳатто ки Расули акрам (с) хонаи нав барояш таъин намуд.[93]

Ғазваи Бадр

Корвони қурайшиҳо, ки дар он молу сарвати зиёд буд ва аз Макка ба Шом барои тиҷорат мерафт, аз Паёмбар (с) ва саҳобагонаш раҳо ёфт. Чун вақти бозгашташон ба Макка қариб шуд, Расули акрам (с) Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ва Саъид ибни Зайд (р)-ро ба тарафи шимол фиристод, то ки хабари бозгаштани аҳли Маккаро аз Шом равшан кунанд. Вақте ки ин ду саҳобаи гиромӣ ба Ҳавроъ (номи маконест) расиданд ва бозгашти аҳли Маккаро аз тарафи Шом мунтазир шуданд, ҳатто ки Абусуфён ибни Ҳарб ҳамроҳи ъир (қофилае аз харҳо) аз наздашон гузашт. Ин ду саҳобаи гиромӣ шитобон ба Мадинаи мунаввара баргаштанд, то ки ба Расули акрам (с) ин хабарро расонанд. Лекин қабл аз ба Мадина расиданашон ин хабар ба Расули акрам (с) расида буд. Баъд аз он Расули акрам (с) ҳамроҳи асҳоб баромада, қофилаи Қурайшро ҷустӯҷу карданд. Аммо Абусуфён ибни Ҳарб, ки эҳтиёткору пурҳазар буд ва аз ҳуҷуми мусалмонҳо метарсид, ба соҳили баҳр роҳ пеш гирифт ва барои Қурайш қосид (хабаррасон) фиристода, аз эҳтимоляти сар задани ҳамлаи мусалмонҳо болои қофила хабар дода, барои наҷоти корвон аз онҳо кӯмак хост.

Дар ҳамон рӯзе, ки лашкари мусалмонҳо ба лашкари мушрикон дар Бадр рӯ ба рӯ шуданд, Талҳа (р) ва Саъд (р) ба Мадина расиданд. Ва вақте аз ин ҳодиса огоҳ шуданд, шитобон аз Мадинаи мунаввара баромаданд, то ба назди Расули акрам (с) ва муҷоҳидин бирасанд, лекин, мутаассифона, баъди фориғ шудани мусалмонон аз ҷанги Бадр бо онҳо рӯ ба рӯ шуданд. Аллоҳ таъоло ба Муҳаммад (с) ва мусалмонҳо нусрату фатҳи хубе ато намуда буд. Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ва Саъд ибни Зайд (р) ба ин нусрат хушнуд гаштанд ва дар баробари ин ҳамчунон аз ақиб монданашон аз ин маърака ғамнок шуданд. Паёмбар (с) бо ҳардуи инҳо оромиву итминонро ҳидоят фармуда гуфт: «Барои шумо низ савоби муҷоҳидони ин маърака насиб гаштааст». Ҳамчуноне ки ба иштирокчиёни ин маърака аз ғаниматҳои бадастоварда насиб гашта буд, барои ҳардуи онҳо низ насиб гашт.

Ҳамин тавр, Талҳа (р) ба хушнудии Худованд (ҷ) мушарраф гардид ва аз беҳтарини мардуми рӯи замин гашт.

Талҳа (р) доим мунтазир буд, ки як рӯзе ҳамроҳи Расули акрам (с) дар роҳи Худо (ҷ) бо душманони Худову Паёмбараш биҷангад. Ӯ шуҷоъву далер буд ҳамчуноне, ки қабл аз ҳиҷрат аҳли Макка ӯро мешинохт.

Ғазваи Уҳуд

Аҳли Макка аз мағлуб шуданашон ва аз байн рафтани бузургонашон дар ҷанги Бадр дар оташи ғазаб месӯхтанд. Мушрикон беқарор буданд ва мехостанд, аз мусалмонҳо интиқом гиранд. Ҳатто ки мушрикони Қурайш осебрасидаҳоро аз гиря кардан барои мурдаҳояшон манъ мекарданд, то ки мусалмонон фикр накунанд, ки мушрикон аз талафи ёфтаашон андӯҳгинанд. Ва мушрикони аҳли Қурайш тасмим гирифтанд, ки ҳарбе (ҷанге)-ро зидди Паёмбари гиромӣ (с) ва асҳобаш барпо кунанд, ки ғазаби онҳоро фурӯ нишонад ва қусурашонро, ки дар дигар ғазваҳо ба онҳо расида буд, бароранд. Ҳамин тавр ҳарби тоҳини аламовар бар рӯйи замин давр мезаду давр мезад. Қабл аз оғози ҷанги Уҳуд Расули акрам (с) иддае аз тирандозонро дар болои кӯҳе қарор дода ба онҳо дастур дод, ки дар ҳолати ғалаба ва ё шикасти мусалмонҳо онҳо бояд ҳамин ҷо бимонанд ва аз ақибгоҳи мусалмонон дифоъ намоянд. Дар аввалин ҳамлае, ки байни мусалмонҳо ва мушрикини Қурайш сурат гирифт пирӯзӣ насиби мусалмонҳо гашт ва мушрикини шикастхӯрда рӯ ба гурез афтоданд. Мусалмонҳои масти зафар мушрикинро дунболагирӣ карда ва дар айни ҳол машғули ҷамъоварии ғаниматҳои ҷангӣ шуданд. Камонвароне, ки дар боли кӯҳ қарор доштанд, ин ҳолро дида дастури Расулуллоҳ (с)-ро аз хотир бароварданд ва мисли дигар мусалмонҳо хостанд ба ҷамъоварии ғаниматҳо машғул шаванд. Бо вуҷуди он ки амири тирандозон дастури ҳазрати Паёмбарро барояшон хотиррасон кард ба ҷуз иддаи каме қароргоҳро тарк карда ва машғули ҷамъоварии ғаниматҳо шуданд. Дар ҳамин вақт лашкари мушрикини Қурайш фурсати нодиреро пайдо карда ногаҳон аз пушти сари мусалмонҳо ба ҳуҷум гузашта ва лиҷоми ҷангро ба дасти худ гирифтанд. Пеши ин ҳамлаи ғофилгиронаи лашкари мушрикинро мусалмонҳо дар ҳоле, ки сафҳояшон пароканда ва низомашон аз байн рафта буд, мехостанд бигиранд, вале ҳайҳот кор аз даст рафта буд ва мусалмонҳои шикастхӯрда дар ҳоли гурез қарор доштанд. Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи дувоздаҳ тан аз ёронаш, ки ҳамаашон ба ҷуз Талҳа (р) аз ансори аҳли Мадина буданд барои дифоъ аз худ ва наҷот аз дасти мушрикини муҳоҷим, ки қасди ҳалоки Паёмбар (с) ва ёрони бовафояшро доштанд, ба тарафи кӯҳ паноҳ бурданд. Чун иддае аз мушрикини дунболагир ба Паёмбар (с) ва ёронаш наздик омаданд, Паёмбар (с) фармуданд: «ки ҳозир ҳаст, ки ҷоннисорӣ карда инҳоро аз мо дур кунад ва дар иваз рафиқи ҷаннатии ман бошад». Талҳа (р) гуфт: «ман ҳозирам эй расули Худо (с)». Расулуллоҳ (с) гуфт: «ту ҳастӣ, вале ман ғайри туро дар назар дорам». Марди ансорие омодагии худро эълон дошта ва дар муқобили мушрикини муҳоҷим ба ҳуҷум гузашт ва то охирин нафасаш ҷангид ва монеъи пешомадани онҳо шуд, то ин ки шаҳид гашт. Дар ин муддат Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи ёронаш як миқдор болои кӯҳ баромаданд ва аз мушрикин дур шуданд. Чун мушрикин бори дигар ба мусалмонҳо наздик омаданд, Паёмбар (с) фармуд: «ин дафъа ҳарифи инҳо кист» боз Талҳа (р) омодагии худро эълом дошт ва аз Расулуллоҳ (с) ҳамон ҷавоби пештараро шунид. Марди дигаре аз ансор омодагиашро эълон дошт ва дар баробари мушрикин ба муқотала пардохт ва то шаҳид шуданаш ҷангид. Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи ёронаш боло мебаромад ва ин манзара ҳамчунон такрор меёфт ҳатто ки аз ансор касе боқӣ намонд ва ҳамагӣ шаҳид шуданд. Чун Талҳа (р) бо расули Худо (с) танҳо монд аҳд кард, ки то ҷон дорад меҷангад ва то зиндааст намегузорад, ки ба расули Худо (с) зараре расад. Танҳо худаш мисли як лашкари том устувор истода ва мушрикини муҳоҷимро аз чапу рост шамшер мезад. Дар ҳамин вақт чашмаш ба Молик ибни Зуҳайри мушрик хурд, ки ба сӯи Расулуллоҳ (с) тир андохт. Талҳа (р) ин тирро аз рӯйи расули Худо (с) бо дасташ дур кард. Найза ба ангушти хурди дасташ бархурда ва онро қатъ кард. Талҳа (р) аз шиддати дард «ҳассӣ, ҳассӣ» гуфт ва ин калимае аст, ки арабҳо дар вақти дарду алами сахт расидан мегуянд. Расули Худо (с) фармуданд: «эй Талҳа (р) агар ба ҷойи «ҳассӣ» «бисмиллоҳ» мегуфтӣ фариштаҳо туро он чунон баланд мебардоштанд, ки мардум туро медиданд, ҳатто ки ба осмон мебардоштандат».

Шаҳиди зинда

Барои ба даст овардани Паёмбар (с) ва асҳобаш мушрикин аз ҳама гуна силоҳои дар даст доштаашон истифода карданд, тир андохтанд, шамшер заданд ҳатто ки Ӯ (с) ва Талҳа (р)-ро бо сангпораҳо мезаданд, пас сангпорае ба чеҳраи муборакаш расид ва лабҳои муборакашро хуншор кард ва ду дандони пешашро шикаст. Пас он хун ба рӯи муборакаш ҷорӣ шуда, машаққату ранҷурӣ фаро гирифташ. Талҳа (р) бошад, ҷароҳати вазнине ба сараш расид, ба ин нигоҳ накарда, пуштибониву дифоъи Расули Худоро мекард. Ҷоннисорӣ намуда, худро дар дами шамшерҳои мушрикон мегузошту Паёмбари гиромӣ (с)-ро дифоъ менамуд, ҳатто ки ба тамоми баданаш бистучаҳор ҷароҳати вазнин расид. Лекин Талҳа (р) ба ҳамаи инҳо нигоҳ накарда, тоқат мекард ва Расули акрам (с)-ро бардошта, болои кӯҳ мерафт. Ҳар вақто яке аз мушрикон ба сӯяш ҳамла мекард, ӯро мекушт, то ки Паёмбар (с)-ро ба болои кӯҳ бурда расонид. Ва Расули акрам (с) мехост, ки болои санги бузурге ором гирад, аммо аз шиддати дарди ҷароҳате, ки мушрикон бар бадани муборакашон расонида буданд наметавонист қарор бигирад. Дар ин вақт Талҳа (р) давида, барои болои санг баромадани Расули акрам (с) кӯмак расонд. Паёмбар (с) дар ҳоле, ки ӯро мужда медод гуфт: «Талҳа (р) ин рӯзро ба номи худаш монд» пасон бо дасти муборакаш ба сӯи пушташ ишора карда гуфт: «ин Ҷабраил (а) аст ва хабар дода истодааст маро ба ин ки туро аз тамоми сахтиҳои рӯзи қиёмат ба изни Худованд (ҷ) наҷот хоҳад дод». Ҳазрати Талҳа (р) корашро ба дин минвол идома дода хатар ва зарари мушрикинро аз Паёмбар (с) дур кард. Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) мегуяд: ман ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ (р) аз Паёмбар (с) дур будем, чун ба наздашон расидем ва хостам захмҳояшро мудово кунам гуфт: «маро бигзоред ва ба кӯмаки бародаратон Талҳа (р) бишитобед». Пас аз аз фориғ шуданамон аз Паёмбар (с) чун ба назди Талҳа (р) рафтем дидем, ки хун аз захмҳояш фаввора мезанад ва беҳол афтодааст. Пас захмҳояшро ҷароҳатбандӣ кардем ва ҳисоб карда дидем, ки захмҳои аз зарби найза ва шамшер бар баданаш расида беш аз ҳафтодто аст. Баъд аз он Расули акрам (с) ба тарафи асҳоби гиромиаш назар карда фармуданд: «касе дӯст дорад дидани шаҳидеро, ки дар рӯи замин роҳ меравад, пас бар рӯи Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) назар кунад». Оиша (р) мегуяд: «падарам Абубакри Сиддиқ (р) ҳар вақт ғазваи Уҳудро ба хотир меовард мегуфт: он рӯз ҳамааш барои Талҳа (р) аст».

Мардони содиқ

Вақте расули Худо (с) аз ҷанги Уҳуд баргашт, ба минбар баромада ҳамду санои Худовандро гуфт, сипас қавли Ҳақ таъолоро хонд:

مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُم مَّن قَضَى نَحْبَهُ وَمِنْهُم مَّن يَنتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا

Сухани Худо:

«Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони хеш ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд».[94]

Як марди бодиянишин аз ҷояш бархост ва гуфт: кист ҳамон мард, ки ҷонашро дар роҳи Худо (ҷ) назр кардааст? Расули акрам (с) посух надоданд. Боз се бори дигар пурсид. Вақте Расули акрам (с) Талҳа (р)-ро, ки либоси сабз бар тан дошт, дар рӯ ба рӯйи худ дид, гуфт: «Пурсанда куҷост?» Аъробӣ гуфт: манам, эй расули Худо (с).

Пас Расули Худо (с) ба сӯйи Талҳа (р) ишора карда гуфт: «Ҳамин мард аз ҷумлаи шахсонест, ки ҷонашро дар роҳи Худо (ҷ) назр кардааст».

Дар рӯзи ғазваи Уҳуд ин шеърро барои Талҳа (р) мехонданд:

Ва Талҳа (р) азиз дошт Муҳаммадро дар байни ду кӯҳ,

Дар вақте ки ба ӯ тангӣ пеш омаду роҳ баста шуд.

Ба ҳар ду кафи дасташ дур кард аз ӯ найзаро,

Ки ангуштҳояш зери найза монда, қатъу шикаста шуд.

Баъди Муҳаммад (с) гашт пешвою раҳбари мардум,

Садри Исломро қарор дод, то қарор гирифта шуд.

Ҷазои мунофиқҳо

Дар соли нуҳуми ҳиҷрии набавӣ, ахборе ба сӯйи Мадинаи мунаввара расид, ки Рум омодагӣ гирифтааст, ки бо мақсади маҳв кардани дини Ислом зидди мусалмонҳо ҷанг кунад.

Расули акрам (с) тасмим гирифт, ки бар зидди онҳо дар кишварашон ҷанг карда шавад ва имкон надиҳанд, ки онҳо ба сарзамини исломӣ дароянд. Пас асҳоби киромашро амр кард, ки ба ҷанг омодагӣ гиранд. Ба аҳли Макка ва қабилаҳои араб расул фиристода, онҳоро бар ҷиҳод ва инфоқ дар роҳи Худо (ҷ). тарғиб менамуд.

Дар ин вақт ба Расули акрам (с) хабар расид, ки ҷамъе аз мунофиқҳо дар хонаи Сувайлими Яҳудӣ ҷамъ шуданд ва мардумро аз баромадан ҳамроҳи Расули акрам (с) дар ғазваи Табук манъ мекунанд, пас Паёмбар (с) Талҳа (р)-ро ҳамроҳи гурӯҳе аз асҳобаш амр кард, ки рафта хонаи Сувайлими Яҳудиро оташ зананд. Ин дастури Расули акрам (с)-ро Талҳа (р) ҳамроҳи рафиқонаш анҷом доданд. Вақте ки мунофиқҳо шӯълаи оташро дар хона диданд, баромада гурехтанд.[95]

Талҳаи файёз

Баъди ғазваи Бадр, Талҳа (р) ақибнишинӣ накарда, балки дар ҳамаи набардҳо ҳамроҳи Расули акрам (с) иштирок мекард. Дар ғазваи Аҳзоб низ ширкат намуда, яке аз шуҷоътарини мусалмонон дар ин ҷанг буд. Дар байни мусалмонон машҳуртарин қаҳрамон буд. Ҳамчунин дар байъати Ризвон ҳузур дошт. Дар рӯзи ғазваи Табук моли бисёре овард ва ба мусалмонон дод ва дар роҳи Худо (ҷ) бо нафсаш ва молаш ҷиҳод кард. Талҳа (р) вақте ки ҳаққи Парвардигорашро адо менамуд, боз ба тиҷорати молаш машғул мешуд. Дар ҳамаи аъмолаш комёб буд. Яке аз сарватмандтарин мусалмонҳо буд ва молу амволи зиёде дошт ва аз ин молу сарваташ дар роҳи Худо (ҷ) ба ғайри ҳисоб сарф мекард. Талҳа (р) доимо ин суханонро такрор мекард: «Ба таҳқиқ камтарин айб барои мард ин аст, ки ҳамеша дар хонааш бинишинад».

Боре Талҳа (р) ҳамроҳи Расули акрам (с) дар яке ғазваҳо баромад. Дар он ҷо дар доманаи як кӯҳ чоҳеро харид ва шутуреро забҳ карда, мардумро обу таъом дод. Расули акрам (с) барояш гуфт: «Ту Талҳаи файёз ҳастӣ», яъне, бисёр сахиву бо файз ҳастӣ.

Талҳаи сахӣ

Талҳа (р) дар дунёи саховатмандӣ яке аз бузургтарин сахиён ба шумор мерафт ва ӯро барои саховатмандияш зарбулмасал қарор медоданд.

Рӯзе Талҳа (р) бетобу парешонхотир назди ҳамсари худ Суъда духтари Авфи Мурайя даромад. Суъда ба ҳамсараш Талҳа (р) гуфт:

— Чаро ки ғазаболуд мебинамат?! Оё туро аз ман чизе нороҳат месозад, бигӯй то осудаат гардонам?!.

Пас Талҳа (р) барояш гуфт:

«Не қасам ба Худо, ҳароина ту беҳтарин ва дӯсттарин фарзанди мусалмон ҳастӣ».

Боз пурсидаш: Ҳолат чӣ тавр аст?!

Талҳа (р) барояш гуфт: «Моле, ки назди ман аст бисёр шудааст, чӣ карданамро намедонам!!»

Сипас зани солеҳааш барояш гуфт:

— Чӣ сарсону саргардон ҳастӣ? Тақсимаш кун.

Пасон Талҳа (р) моли худро бар қавму хешовандонаш тақсим намуд, ҳатто ки як дирҳам барои худаш боқӣ намонд. Вақте хазинадорашро пурсиданд, ки чӣ миқдор молро ин шаб нафақа дод?

Гуфт: чаҳорсад ҳазор дирҳамро дар ин шаб тақсим кард.

Дар як рӯзи дигар Талҳа (р) заминашро ба ҳазрати Усмон (р) ба маблағи ҳафсад ҳазор дирҳам фурӯхт. Вақте ки ин маблағро ба дасти худ гирифта, ба хонааш омад, худ ба худ чунин гуфт: «Ба таҳқиқ марде бо ин миқдор маблағ шабро рӯз намуда, намедонад, ки Аллоҳ таъоло фардо барои ӯ чӣ амрро раво мебинад, ба Худо қасам, ки ин мағрурист». Чунин андешида пасон дар кӯчаҳои Мадина баромад ва барои қавмаш ба тақсим кардани молаш шуруъ кард, баъд аз он ба фуқарои муҳоҷирин ва ансор, ҳатто ки вақти саҳар шуд ва билохира ҳамаи ин маблағро ба хешу ақрабо ва мӯҳтоҷон тақсим намуд, ҳатто ки як дирҳам низ боқӣ намонд.

Даромади Талҳа (р) аз тарафи Ироқ дар ҳудуди чаҳорсад ҳазор ва ё панҷсад ҳазор динор буд ва аз Суррот (номи маконест) дар ҳудуди даҳ ҳазор динор буд ва инчунин аз водиҳои Мадинаи мунаввара даромаде ба ӯ (р) мерасид.

Талҳа (р) беҳтарин марде буд аз рӯи некӣ ба аҳлу ақрабояш, пас ягон фақире набуд аз бани Тамим магар, ки ҳоҷаташ ва ҳоҷати аҳлу аёлашро мебаровард ва бе зану бе шавҳарҳои ин қабиларо хонадор (тазвиҷ) мекард, низ ба камбағалҳояшон кӯмак менамуд ва инчунин қарзҳои қарздорҳояшонро медод.

Субайҳаи Тамимӣ сӣ ҳазор дирҳам қарздор буд, Талҳа (р) онро аз ҷониби ӯ пардохт намуд. Талҳа (р) ҳар сол ба уммулмӯъминин Оиша (р) даҳ ҳазор дирҳам мепардохт.[96]

Ҳамсараш Суъда духтари Авф мегӯяд, ки Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) дар як рӯз сад ҳазор дирҳамро садақа кард.[97]

Ҳазрати Талҳа (р) ва дузд

Рӯзе Талҳа (р) як ридо (болопӯш, або)-и фохире бар тан дошт ва дар роҳ мерафт, ки ногаҳон як марде ҳамроҳаш шуд, сипас бо ҳиллае ридоашро аз танаш дуздида гурехт. Мардум ӯро дошта гирифтанд, лекин вақте ки Талҳа (р) ҳоли ӯро дид, аз раҳму шафқат гуфт: Баргардонедаш бар ӯ!! Пас ҳангоме дузд Талҳа (р)-ро дид, хиҷил шуда сарашро ҷунбонида, ридоро ба назди Талҳа (р) гузошт. Аммо Талҳа (р) аз рӯи ҳилму тавозуъ ба ӯ гуфт: «Бигир, Худованд (ҷ) баракат бидиҳад туро дар ин либос, ба таҳқиқ ман аз Худо (ҷ) шарм мекунам, ки шахсе дар ягон чизи ман орзу кунаду ман ӯро ноумед созам».[98]

Калимаи наҷот

Рӯзе Умар (р) ва Талҳа (р) баъди вафоти Расули акрам (с) дар роҳ мерафтанд. Умар (р) дид, ки Талҳа (р) бисёр ғамгин аст. Ба ӯ гуфт: Мебинамат, ки баъд аз фавти Расули акрам (с) бисёр ғамгину нотоб ҳастӣ?! Талҳа (р) гуфт: «Ман Паёмбари бузургро шунида будам, ки мефармуд: Ман як калимаеро медонам, ки агар шахс вақти мавташ онро бигӯяд, барояш дар номаи аъмолаш нур мешавад ва дар вақти мурданаш рӯҳу ҷасадаш як ҳаловату хубие меёбад». Талҳа (р) мегӯяд, ки баъд аз он ман дигар саволаш накардам, ки он калима чист ва худи Ӯ (с) низ маро хабар надод!! Ана ҳамон чиз аст, ки маро андӯҳгин сохтааст. Умар (р) дар ҳоле, ки ба ӯ башорат медод, гуфт: ман медонам, ки он калима кадом аст. Талҳа (р) дар ҳаяҷон афтода ҳамди Худо (ҷ) гуфта савол кард, ки чист он? Ҳазрати Умар (р) фармуд: ин калимаест, ки ҳазрати Паёмбар (с) ҳангоми марги амакаш онро ба ӯ талқин мекард ва агар барои наҷот ягон чизи аз он беҳтар мешуд, ҳароина амакашро ба гуфтани он амр мекард. Ин калимаи «Ло илоҳа иллалоҳ» аст.

Сипас Талҳа (р) ором ёфта, мутмаин шуда гуфт: Рост мегӯӣ.[99]

Рӯзи Наҳованд[100]

Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) зиндагии бошарафонаву сутудае ба сар мебурд ва реҳлату ҷиҳодашро дар зери амри хулафои рошидин идома мебахшид ва барои нусрати Ислом ва мусалмонон бетараф набуда, амал мекард. Дар замони хилофати Шайхайн: Абубакр (р) ва Умар (р) барои Талҳа (р) як шаъну маконати бузурге буд.

Дар рӯзи Наҳованд Умари Форуқ (р) истода, аз асҳоби Расули акрам (с) барои баромадан ба ҷанги шоҳони Форс машварат мепурсид. Шоҳони Форс бо яксаду панҷоҳ ҳазор ҷанговари пурқувват омода буданд ва сипоҳсолорашон Файразон буд. Ва ин душманон аҳд бар ин карданд, ки мусалмонҳоро нобуд карда дар кишварашон ҳукмронӣ кунанд!

Умар (р) бо рафиқонаш дар ҳамин маслиҳат буданд, ки Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) гуфт: «Эй Умар (р), ту беҳтарини мо ҳастӣ аз рӯи фикр ва донотарини мо ҳастӣ ба мардумат».

Баъд аз он Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) аз ҷояш бархоста калимаи шаҳодатро ба забон ронду сипас гуфт: «Эй амиралмӯъминин, ин амр ба дасти туст ва худ таҷрибаи хубе дорӣ, пас кор фармо андеша ва фикри худатро, ин амр ба сӯйи туст, пас амр кун моро, ки итоъат кунем ва даъват кун моро, ки иҷобатат кунем, пас бешак ту соҳиби ин амр ҳастӣ ва ба таҳқиқ имтиҳонгирифташудаӣ ва ҳар коре, ки анҷом додаӣ боиси норозигии Худо (ҷ) нашудааст, балки боиси хушнудии Худо (ҷ) шудааст».[101]

Форуқ (р) хурсанд шуда, рӯҳбаланд гашт, сипас гуфт:

— Қасам ба Худо, беҳтарин камонвари фардоро бароятон амир таъин мекунам.

Ҳамаи асҳоб гуфтанд: — Он шахс кист?

Умар (р) фармуд: — Нуъмон ибни Муқрини Музанӣ аст.

Пас гуфтанд: — Бале вай арзанда ва сазовор аст.

Ба таҳқиқ дар рӯзи Наҳованд барои мусалмонҳо як фатҳи ошкоре буд ва Худованд (ҷ) мусалмонҳоро нусрати бузурге ато кард ва дар он маърака, ки «Фатҳу-л-футуҳ» меномиданаш, сипоҳсолор Нуъмон ибни Муқрин шаҳодат ёфт.

Мавқиъату-л-ҷамал

Дар ҳақиқат Талҳа (р) ба оқибати кору ҳаёташ мутмаъин буд. Расули акрам (с) ба ҷаннат башораташ дода буд, пас мемирад ва зинда мешавад ва ӯ аз ҷумлаи касонест, ки бо Худо аҳде кардааст ва аҳдшиканӣ накардааст ва ҳаргиз фитнае бар ӯ намерасад ва ҳаргиз беҳудагие ӯро фаро намегирад.

Вақте фитна барпо шуд ва амирулмӯъминин Усмон ибни Аффон (р) ба шаҳодат расид. Ҳазрати Алӣ (р) ягон василаеро тарк накард магар, ки василаҷӯӣ кард, то ки пеши ин фитнаро бигирад. Вақте ки «Мавқиъату-л-ҷамал» барпо шуд, гурӯҳе, ки дар ҷустуҷӯи қотилони Усмон ибни Аффон (р) буданд, бо гурӯҳе, ки Алӣ (р)-ро нусрат медоданд, рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин вақт Талҳа (р) низ ҳамроҳи ҷустуҷӯ- кунандагони қотилони Усмон (р), баромад. Пас аз он ки амирулмӯъминин Алӣ (к.в.) бо ӯ мулоқот намуда насиҳаташ кард ва аз манзалату фазоилаш огоҳаш намуд. Талҳа (р) худро аз ҷанг қафо кашид ҳатто, ки ба сафҳои охир расида хост, ки аз майдони ҷанг барояд, аммо чун шаҳодаташ ҳатмӣ буд тири дайдуе аз қазо омада ба зонуяш расиду, рагҳои хунгарди пояшро қатъ намуд ва аз ҷароҳаташ хун ҷорӣ шуд. Агар онро манъ медоштанд, меистод ва агар ба ҳоли худ мегузоштанд, хунаш беист мерафт. Чун дӯстонаш хостанд пояшро баста хунравиашро манъ кунанд. Талҳа (р) гуфт: «Бигузоредаш, ки ҷорӣ бошад зеро ин тирест, ки Худованд равонаш кардааст». Баъд аз он ба забонаш «Бисмиллоҳ»-ро ба такрор меронд ва амри Худованд (ҷ) чунин буд, ки воқеъ шуд.

Хуни покаш бардавом мерехт ва дар рӯзи панҷшанбеи даҳуми ҷимоду-л-ахир, соли 36-уми ҳиҷрӣ дар синни 62-солагиаш вафот кард.

Ҳамин тавр, Талҳа (р) бо шаҳидону солеҳон рӯ ба рӯ шуда беҳтарин рафиқҳои худро пайдо кард. Ҷойи дафнаш дар назди соҳил, дар Басра дар замини Ироқ буд. Баъд аз мурданаш баъзе хешовандонаш се рӯз пай дар пай дар хоб диданд, ки ӯ (р) мегуфт: «Маро аз қабрам ба ҷои дигар интиқол бидиҳед, ки дар ин ҷо ба ман об азият мерасонад». Пас хешовандонаш назди Абдуллоҳ ибни Аббос (р), ки ноиби халифа дар Басра буд, омаданд ва ин ҳодисаро ба ӯ хабар доданд, сипас омада қабрашро боз карданд. Пас ин ҳангом диданд, ки ҷасади поки аз тарафи об будааш каме сабз шудааст, лекин боқии ҷасадаш ҳамон тавре ки буд, боқӣ мондааст ва аз ҷасадаш чизе тағйир наёфтааст ба ҷуз чанд мӯйи ришаш. Пас Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ҳамроҳи хешовандонаш барои дафни ӯ (р) як ҷоеро дар Басра ба маблағи даҳ ҳазор дирҳам харидорӣ карданд ва ин ҷасади покро ба он ҷо интиқол доданд.

Гиряи амирулмӯъминин

Баъди анҷом ёфтани «Мавқиъату-л-ҷамал» амирулмӯъминин Алӣ (р) баромада, шаҳидони ду ҷонибро менигарист. Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р)-ро дид, ки дар як тарафе хоб аст. Пас аз аспаш фаромада, ӯро бардошта шинонд ва хокҳоро аз рӯю ришаш пок кард ва дар ҳоле, ки гиряи талхе мекард гуфт: « Бисёр сахту душвор аст бар ман дидани ту, эй Абумуҳаммад кушташудаву ғалтон дар водие дар зери ситорагони осмон, ҳар чӣ дорам аз ниҳону ошкор ба Парвардигорам шикоят мекунам». Баъд аз он бо алам гуфт: «Эй кош, бист сол пеш аз ин рӯз мурда будам». Ҳамин тавр ӯ, (р) ва асҳобаш барои ин шаҳиди пок гиря мекарданд.[102]

Алӣ (р) ва ду писари Талҳа (р)

Бо вуҷуди он ки ҳазрати Талҳа (р) саховатманду ҷавод буд, вақте вафот кард, дар дасти хазинадораш ду миллёну дусад ҳазор дирҳам буд ва боқии сарваташро ба сиӣ миллён дирҳам қимат гузоштанд. Чун ҳазрати Алӣ (р) ба Куфа омад, ду писари Талҳа (р)-ро ба назди худ хонд ва ба онҳо гуфт: Эй писарони бародарам, ба сӯйи заминатон рафта, худатон онро соҳибӣ кунед. Пас ба таҳқиқ ман гирифта будамаш, то ки мардум он ҷоро аз худ накунанд. Ва ман умед дорам, ки бо падари шумо аз зумраи шахсоне бошам, ки Худованд дар Қуръон зикр кардааст:

وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَى سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ

Сухани Худо:

«Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳамдигаранд».[103]

Фазилатҳои Талҳа (р)

Ривоят аст аз Анас ибни Молик (р), ки гуфт: Расули акрам (с) аз барои Талҳа (р) фармуд: «Башорат гир, эй Абумуҳаммад, ба таҳқиқ Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаву ояндаи туро мағфират кардааст ва номатро дар девони муқаррабон сабт карда аст».[104]

Расули акрам (с) ҳамроҳи Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р), Алӣ (р), Талҳа (р) ва Зубайр (р) дар болои кӯҳи Ҳиро буданд, ногоҳ санги бузурге ҷунбид. Расули акрам (с) фармуд: «Ором бош! Дар болои ту ба ҷуз набӣ, сиддиқ ва шаҳид дигар касе нест».

Ривоят аст аз Умар (р) ки гуфт: Як шабе бори маркаби Расули акрам (с) афтод ва шунидам, ки ӯ (с) мегуфт: «Кадом яке аз шумо бори маркаби манро дуруст кунад, барои ӯ ҷаннат аст». Пас Талҳа (р) шитобон рафта, бори маркабашро дуруст кард ва Ӯ (с) савор шуд.[105]

Амирулмӯъминин Алӣ (к.в.) дар рӯзи ҷанги Ҷамал гуфт: Гӯшҳоям садои Расули акрам (р)-ро шунид, ки мегуфт: «Талҳа ва Зубайр дар ҷаннат ҳамсояҳои мананд».[106]

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд, ки Расули акрам (с) ба Талҳа (р) мегуфт: «Ту дар ҳифзи Худо ва назараш ҳастӣ, то ки ба Ӯ (ҷ) рӯ ба рӯ бишавӣ».[107]

Як рӯзе Расули акрам (с) ба асҳобаш фармуд: «Шахсе, ки аз дидани он касе хурсанд шавад, ки дар рӯйи замин мегардаду, лекин ҷону нафси худро дар роҳи Худо (ҷ) назр кардааст, пас ба сӯйи Талҳа (р) бингарад».[108]

Ҳазрати Абуҳурайра (р) мегӯяд, ки Расули акрам (с) фармудааст: «Дар ҳақиқат дар рӯзи Уҳуд ба ҷуз ду нафар наздам касе набуд: Ҷабраил (а) аз тарафи ростам ва Талҳа (р) аз тарафи чапам».[109]

Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (с) ба Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) гуфтанд: «Ту ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз наздикони ман ҳастӣ». Ин суханро барои он мегуфт, ки Талҳа (р) Ҳамна духтари Ҷаҳшро ба занӣ гирифт, ки вай хоҳари Зайнаби духтари Ҷаҳш зани Паёмбари Худо (с) мебошад ва модари Зайнаб ва Ҳамна Умайма мебошад, ки вай духтари Абдулмуталлиби амаки Паёмбар (с) аст.[110]

Рӯзе Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) ба назди Паёбари Худо (с) даромад, ки дар дасти Паёмбари Худо як себи биҳӣ буд. Паёмбари Худо (с) себро ба тарафи Талҳа (р) ҳаво дода фармуданд: Эй Абумуҳаммад, онро бо худ бигир, ки бар дил фараҳ мебахшад.[111]

Соиб ибни Язид гуфт: Ҳамроҳи Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) дар сафару ҳазар ҳузур доштам ва касеро сахитар дар бахшидани дирҳаму либос ва таъом аз Талҳа (р) надидам.[112]

Қубайса ибни Ҷобир гуфт: Касеро ба монанди Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) надидам, ки моли бисёреро бе талаби соилон бидиҳад.[113]

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *