Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Даҳ ёри биҳиштӣ

Обл6

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Зубайр ибни Аввом[114]

Вай Зубайр ибни Аввом ибни Хувайлид ибни Асад ибни Абдулузо ибни Қусай аст. Ӯ марди собитқадам буда, соҳиби шамшери тез ва ростфикр, кушандаи душман ва сарфкунандаи амвол ва ёри Расули Худо (с) мебошад. Ва писари аммаи Расули акрам (с)-Сафия духтари Абдулмуталлиб мебошад. Ва яке аз шашгонаи аҳли Шӯро аст, ҳамонҳое, ки Расули акрам (с) вафот кард, дар ҳоле ки аз онҳо розӣ буд. Ва яке аз нависандагони ваҳй аз барои Паёмбар (с) буд. Ва аввалин шахсе, ки шамшерро дар роҳи Худо (ҷ) кашид ва кунияташ Абуабдуллоҳ мебошад.

Модараш: Сафия (р)духтари Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай мебошад, ки Ислом оварда ва ҳиҷрат кардааст.

Ӯ Зубайр (р)-ро аз хурдияш тарбияи дурушту сахт медод. Хусусан баъди вафоти падараш Аввом ибни Хувайлид ва ӯро сахт мезад, то ки ба ҳаёти сахту душвор одат кунаду фарёдкунандаи ҷангро лаббай гӯяд ва дар хонааш ҳамчун занон нанишинад. Ва рӯзе амакаш Навфал ибни Хувайлид дид, ки модараш ӯро мезанаду туршрӯйӣ мекунад, пас ба модараш итоб карда гуфт:

— Ӯро куштӣ, ҳалокаш кардӣ!! Оё фарзандро ин тавр мезананд, ин чи бетарбиягист?

Модараш гуфт:

— Инро чунин мезанам, ки адаб гирад ва лашкарро мағлуб созад ва ғаниматро ба қувват биёварад.

Дар ҳақиқат Зубайр (р) дар Макка ба ҷангидан шурӯъ кард, дар ҳоле, ки писари наврас буд, ва дасташ шикаста, зарби сахте бардошт, пас як мард ӯро бардошта, ба назди Сафия (р), ки модараш буд, бурд. Модараш ҳоли ӯро дида пурсид, ки ба ӯ чӣ шудааст? Гуфтанд:

— Зубайр (р) дар роҳи Худо (ҷ) ҷангидааст!! Пас ин мавқиъ барои фахри модараш айни муддаъо буд, ки Зубайр (р) дар ҳақиқат шуҷоъ будааст.

Фарзандҳояш: Зубайр ибни Аввом (р) панҷ зан ва ёздаҳ писар ва нӯҳ духтар дошт. Абдуллоҳ, Урва, Мунзир, Осим, Муҳоҷир, Хадиҷатул Кубро ва модари Ҳасан ва Оиша, ки модари инҳо соҳиби нитоқайн Асмоа бинти Абубакри Сиддиқ (р) буд.

Ва Абдуллоҳ якумин кӯдаке буд, ки баъди ҳиҷрат дар Мадинаи мунаварра ба дунё омад, сипас назди Расули акрам (с) овардашуд ва Ӯ (с) хурморо бо дандонҳои муборакаш майда карда ба даҳони ин тифли муборак гузошт ва нахустин нафаре буд, ки оби даҳони Ӯ (с) ба шикамаш фурӯ рафт, баъд аз он Расули акрам (с) сарашро молида, барояш дуъо кард ва номашро Абдуллоҳ гузошт.

— Холид, Амр, Ҳабиба, Савда, Ҳинд, ки модари инҳо Умми Холид ва ин зан канизи бинти Холид ибни Саъид ибни Ос мебошад.

— Мусъаб, Ҳамза, Рамла, ки модари инҳо Рабоб духтари Унайф писари Убайди Калбия мебошад. Ва Мусъаб аз саховатмандтарини мардуми араб буда ба мардум меҳрубон буд, ва инчунин хубрӯй, карим, шуҷоъ ва сахӣ буд.

— Убайда ва Ҷаъфар, ки модари инҳо Зайнаб духтари Марсад писари Амр писари Саълаба мебошад.

— Зайнаб, ки модараш Умми Кулсум духтари Уқба писари Абумуъит мебошад.

— Хадиҷату-с-Суғро, модараш Ҳалол духтари Қайс писари Навфал аз бани Асад мебошад.

Зубайр (р) мегуфт:

— Дар ҳақиқат Талҳа ибни Убайдуллоҳ (р) фарзандҳояшро ба номи анбиё ном мегузошт, лекин ӯ хуб медонист, ки баъди Муҳаммад (с) набие нест. Ва ман бошам, ном мегузорам фарзандонамро ба номи шаҳидон, умед аст, ки инҳо низ дар роҳи Худо (ҷ) шаҳодат ёбанд. Пас номи Абдуллоҳро бо хотири Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (р) ва Мунзирро ба хотири Мунзир ибни Амр (р) ва Урваро ба хотири Урва писари Масъуд (р) ва Ҳамзаро ба хотири Ҳамза ибни Абдулмуталлиб (р) Ҷаъфарро ба хотири Ҷаъфар ибни Абутолиб (р) ва Мусъабро ба хотири Мусъаб ибни Умайр (р) ва Убайдаро ба хотири Убайда ибни Ҳорис (р) ва Холидро ба хотири Холид ибни Саъид (р) ва Амрро ба хотири Амр ибни Саъид ибни Ос (р) ном гузоштам.

Зубайр (р), Талҳа (р), Алӣ (р), Саъд ибни Абуваққос (р) ҳамсол мебошанд. Зубайр (р) дар ғазваи Бадр ва Ҳудайбия ширкат варзидааст. Ва Расули акрам (с) фармудаанд: «Шахсе, ки дар ҷанги Бадр ва Ҳудайбия иштирок намудааст, ҳаргиз ба оташи дӯзах намедарояд». Ва ҳамчунин Зубайр (р) ҳамроҳи Расули акрам (с) дар ғазваи Уҳуд собитқадам буду барои шаҳид гардидан байъат кард ва дар ғазваи Фатҳ яке аз муҳоҷирони сегона ба шумор мерафт. Хулласи калом, ин ки ӯ аз ҳамаи ғазваҳое, ки Расули акрам (с) иштирок кардааст ақибнишинӣ накардааст. Зубайр (р) ба амри Паёмбари гиромӣ (с) номае ба бани Муоъвия ибни Ҷарвал фиристод. Зубайр (р) ободиеро (ягон ҷойро) соҳиб нагаштааст ва на хироҷро ва на чизи дигареро ба ҷуз он ғаниматҳое, ки дар ғазваҳо ҳамроҳи Расули акрам (с) ва ҳамроҳи халифаҳои рошидин ба даст овардааст.

Зубайр (р) ба писараш Абдуллоҳ (р) мегуфт:

«Эй писаракам, ман модари туро ба занӣ гирифтам ва Расули акрам (с) Оишаи холаатро ва байни ману Ӯ (с) силаи раҳму қаробат аст ва аммаи падарам умми Ҳабиб бинти Асад бибии Расули акрам (с) аст ва модарам аммаи Ӯ (с) аст, низ модари Ӯ (с) Омина духтари Ваҳаби писари Абдуманоф аст ва бибии ман Ҳола бошад, духтари Ваҳаби писари Абдуманоф аст ва ҳамсари Ӯ (с) Хадиҷа (р) бинти Хувайлид бошад аммаи ман аст».

Бар роҳи ҳақ

Абубакри Сиддиқ (р) дар байниқавмаш марди маҳбуб, тоҷир ва соҳиби ахлоқи беҳтарин буд. Ва рафиқони худро, ки аз ҳар кадоми онҳо боварӣ дошт, ба дини Ислом ва ибодати Худо (ҷ) даъват менамуд ва Зубайр ибни Аввом (р) аз нафарҳое буд, ки ба сабаби даъвати ӯ Ислом овард. Сипас ба назди Паёмбар (с) овардаш, баъд аз он Исломи худро ошкору таъйид намуда, байъат кард ва чаҳорумин ё панҷумин мардони озоде буд, ки баъди Абубакр (р) Ислом овардааст.

Зубайр (р) Ислом овард, Исломи орифонае, ки руҳу равони онро нури имон равшан намудааст, пас аз барои Худои меҳрубон нафси озоди худро таслим намуд, ки дар ин вақт писарбачаи дувоздаҳсола буд. Вақте ки Зубайр (р) ба даъвати ҳақ имон овард, амакаш азобаш медод ва инчунин дар бурё меовехташ ва ӯро ба алангаи оташ кӯрдуд меадохт ва ба ӯ (р) мегуфт:

— Ба куфр баргард. Зубайр (р), ки ҳақиқату фазилати Исломро дарк намуда буд дар ҷавобаш мегуфт:

— Ҳеҷ гоҳ кофир намешавам.[115]

Аввалин шахсе, ки шамшерро дар роҳи Худо баркашид

Зубайр (р) дар хонадони бо обурӯи Қурайш, ки падару бобояш ба мардони шуҷоъ маъруф буданд, нашуънамо ёфта ва тарбияи пешқадамиву шуҷоъатмандӣ гирифтааст ва дар ҳақиқат аз кӯдакияш далеру шуҷоъ буд. Ва дар оғози Ислом, вақте ки мусалмонҳо ададашон кам буд, дар хонаи Арқам хабари дурӯғе ба Зубайр (р) расид, ки гӯё душманони Ислом Расули акрам (с)-ро дар баландии Макка бароварда куштанианд. Дар ин вақт Зубайр (р) шамшерро гирифта баромад, дар ҳоле ки писарбачаи дувоздаҳсола буд ва мардумро ду тарафа карда ба худаш роҳ кушод. Мардум аз ин кори ӯ таъаҷҷуб мекарданду мегуфтанд: Кӯдакасту ҳамроҳаш шамшер дорад!! Вақте, ки Зубайр Расули акрам (с)-ро дар баландии Макка дид, Расули акрам (с) ба ӯ гуфт: «Чӣ шуд туро, эй Зубайр?»

Зубайр (р) гуфт: Омадам то бо шамшерам бизанам касеро, ки туро асир гирифтани аст. Сипас Расули акрам (с) табассум карда, ба ӯ ва шамшераш дуъои хайр намуд. Дар ин вақт Ҷибраил (а) фуруд омада, ба Расули акрам (с) гуфт:

Ба таҳқиқ Аллоҳ таъоло ба ту салом мерасонаду мегӯяд: «Ба Зубайр (р) аз ҷониби ман салом бигӯ ва ба ӯ хушхабарӣ бидеҳ, бо ин ки Худованд (ҷ) ба ӯ савоби ҳар шахсе, ки дар роҳи Худо (ҷ) шамшер бардоштааст, додааст ва ин савоб барои ӯ то рӯзи қиёмат хоҳад буд аз ғайри ин ки аз аҷрҳои онҳо чизе кам карда шавад, зеро ки ӯ аввалин шахсест, ки дар роҳи Худо азза ва ҷалла шамшерро баркашидааст».

Ҳиҷрати Зубайр (р)

Зубайр ибни Аввом (р) ду бор ба замини Ҳабаша ҳиҷрат кардааст, ҷое ки мусалмонҳоро дар он ҷо аз ҷониби Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша истиқболи хубе намуда буданд. Вақте мусалмонҳо дар Ҳабаша буданд, марде аз аҳли Ҳабаша Наҷҷоширо дар мулкаш хусумат мекард, пас мусалмонҳо барои ин амр ғамгин буданд, ки мабодо он мард ба Наҷҷошӣ, малики Ҳабаша ғолиб биёяду мусалмонҳоро аз он ҷо бадарға кунад! Сипас Наҷҷошӣ ба сӯйи вай ба ҷанг равон шуд ва байнашон дарёи Нил қарор дошт. Хуллас, байни ду гурӯҳ ҷанги сахт барпо шуд! Пас асҳоби Расули акрам (с) гуфтанд:

— Кадом мард аз мо меравад ва аз натиҷаи ин воқеъа ба мо хабаре меорад? Зубайр (р) аз ҷояш хеста ба ин амри муҳиму хатарнок омода шуд ва бо далерию шуҷоъатмандӣ гуфт:

— Ман меравам ва ҳол он ки дар он замон аз рӯи синну сол ҷавонтарини ин қавм ба шумор мерафт. Пас барояш саночеро дам карда ба синааш бастанд, баъд аз он шинокунон ба он тарафи Нил ҷое, ки ҷанг мерафт расид. Чун Наҷҷошӣ бар душманаш нусрат ёфт, Зубайр (р) ба сӯйи асҳобаш баргашт ва ба онҳо либосашро бардошта, ҳаракат медод ва мегуфт:

— Огоҳ бошед хушхабаре барои шумо, Наҷҷошӣ бар душманаш зафар ёфт ва Худованд (ҷ) душманашро ҳалок сохт ва мулкашро собит ва мустаҳкам гардонд. Мусалмонҳои муҳоҷир аз ин хабар бисёр хурсанд шуданд ва ҳамчуноне, ки мӯҳтарам буданд, ҳамин тавр дар назди Наҷҷошӣ муҳтарам монданд. Лекин Зубайр (р) дар замини Ҳабаша бисёр наистода, ҳамроҳи якчанд нафар ба Макка баргашт, пас вақте ки аҳди бародарӣ баст Расули акрам (с) байни асҳобаш аз муҳоҷирони дар Макка, бародар хонд байни Зубайр (р) ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (р)-ро. Ва сабр кард Зубайр (р) бар азият расондани мушрикҳо, то он вақте ки Расули акрам (с) мусалмонҳоро ба Мадинаи мунаварра барои ҳиҷрат кардан иҷозат дод, пас Зубайр (р) худаш танҳо ҳиҷрат кард ва ба хонаи Мунзир писари Муҳаммад ибни Ҷулоҳ (р) сукунат гирифт ва ҳине ки Расули акрам (с) байни муҳоҷирин ва ансор аҳди бародарӣ баст, Зубайр (р) Салма писари Салома ибни Вақш (р)-ро бародар хонд. Ва замоне ки Расули акрам (с) заминтақсимкуниро дар Мадинаи мунаварра шурӯъ кард, як замини кушодеро барои Зубайр (р) дод.

Шери Рабиз

Мушрикон Хубайб ибни Адӣ (р)-ро бароварданд, то бикушандаш, пас Хубайб (р) гуфт:

— Бигзоред маро то ду ракъат намоз бигузорам, пас раҳояш карданд, то ду ракъат намоз хонд, сипас гуфт:

— Агар мушрикон намегуфтанд, ки тарсид, ҳароина, зиёд мехондам ва ин ду байтро замзама мекард:

Ва айб намекунам, ҳине ки кушта мешавам мусалмон,

Бар кадом тарафе, ки бошад, дар роҳи Худо ҷойи куштанам.

Пас зинда ба зинда ӯро овехтан, қабл аз овехтанаш дуъо карда мегуфт:

— Эй бор Худоё, ба таҳқиқ ту медонӣ ки нест назди ман касе, то ки ин ҳоламро ба Паёмбарат бирасонад, пас саломи маро ба Ӯ (с) бирасон. Баъд аз он мушрикон бо тиру найза ҳалокаш карданд. Вақте ин хабар ба Паёмбар (с) расид гуфт: «Кадоми шумо Хубайбро аз чӯби овехташудааш бардошта биёрад, барои ӯ дари ҷаннат боз аст». Пас Зубайр (р) барои ин кор пешдастӣ карда гуфт:

— Ман ва рафиқам Миқдод. Пас ҳарду ба роҳ баромаданд ва шабу рӯз роҳ мерафтанд, то ки ба он макон расиданд. Диданд, ки 40 мард дар назди чӯби Хубайб (р) овехташуда хобанд, лекин Хубайб (р) дар муддати 40 рӯз ҳамчун дарахти сабз ҳеҷ тағйире наёфтааст. Сипас Зубайр (р) бо як ҷасорату эҳтиёткории хос ҷасади Хубайб (р)-ро аз чуби дор раҳо карда ӯро болои аспи худ бор кард ва ҳамроҳи рафиқаш Миқдод баргаштанд. Ногоҳ 70 тан аз мушрикон ба ҳардуи инҳо рӯ ба рӯй шуданд. Зубайр (р) ҷасади Хубайб ибни Адиро ба замин гузошт ва замин ҷасади мубораки Хубайб (р)-ро фурӯ бурд!! Ва Зубайр (р) ба мушрикон дар ҳоле, ки тарсашон медод, гуфт:

— Эй қавми Қурайш, бо мо чӣ кардан мехоҳед?! Баъд аз он саллаашро аз сараш гирифта гуфт:

— Ман Зубайр ибни Аввом (р) ҳастам ва модарам бошад Сафия духтари Абдулмуталлиб аст ва ин рафиқам Миқдод писари Амр мебошад. Мо ин ду шери майдон ҳастем, агар хоҳед бо мо ҷанг кунед ва агар хоҳед роҳи худро пеш гиред. Пас он мушрикон пароканда шуда рафтанд. Чун Зубайр (р) ҳамроҳи рафиқаш ба назди Паёмбар (с) баргаштанд, Ҷабраил (а) дар наздаш буд ва гуфт:

— «Эй Муҳаммад (с) ба таҳқиқ малоика ба ин ду саҳобаат фахр мекунанд».

Муборизи пешсаф

Зубайр (р) яке аз бузургтарин муборизон дар роҳи Худо (ҷ) ба шумор мерафт. Аз ягон ҷанг ақибнишинӣ намекард. Синааш бошад, аз асари найзаҳо монанди чашма сӯрох шуда буд. Писараш Урва (р) чунин мефармояд:

— Падарам Зубайр (р) бо шамшер се зарба хӯрда буд, ки як зарбааш дар гардани ӯ афтида буд ба андозае, ки ангуштам дар он меғунҷид. Ва ин се зарба дутояш дар ғазваи Бадр буд ва яктояш дар ғазваи Ярмук.[116]

Яке аз аҳли тобеъин Зубайр (р)-ро дид, ки дар баданаш асари захмҳои шамшер намоён буд. Пас ба Зубайр (р) гуфт:

-Қасам ба Худо, ин захмҳое, ки дар бадани, ту мебинам, ҳеҷ гоҳ дар дигар шахс надида будам. Пас Зубайр (р) фармуд: Қасам ба номи Худо (ҷ), ки ҳамаи инҳоро ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) ва дар роҳи Худо (ҷ) бардоштаам.

Ва оварданд, ки аз Алӣ (к.в.) дар масҷиди Набавӣ, пурсида шуд: Эй падари Ҳасан (р), шуҷоътарини мардум кист?

— Вай ба сӯйи Зубайр (р) ишора кард ва гуфт:

— Ӯ касест, ки ғазабаш мисли ғазаби паланг асту ҳамла карданаш мисли ҳамлаи шер.[117]

Ширкат дар ғазваи Бадр

Аввалин саҳифаи наве, ки Зубайр (р) баъди ҳиҷрат ба Мадинаи мунаварра барои ҷиҳодаш оғоз намуд, ин ғазваи Бадр буд. Паёмбар (с) ӯро ҳамроҳи як гурӯҳ аз асҳобаш фиристод, то ки мушриконро дар назди оби Бадр ҷустуҷӯ намоянд ва ба Паёмбар (с) хабар диҳанд. Онҳо обдиҳандагонашонро дар назди оби Бадр ёфтанд ва ба назди Паёмбар (с) оварданд. Паёмбар (с) аз онҳо макони мушрикони Қурайшро ва инчунин ададашонро фаҳмид. Дар рӯзи ғазваи Бадр ҳамроҳи Паёмбар (с) ғайр аз ду аспи саворие, ки бар яктоаш аз тарафи рост Зубайр (р) ва бар дигараш аз тарафи чап Миқдод (р) савор буд, дигар саворие набуд.

Ҳамон рӯз Зубайр (р) дар сар саллаи зард дошт: Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: «Ба таҳқиқ малоика фаромаданд бо симои (шаклу либоси) Зубайр (р)».

Яъне дар он рӯз малоика фаромада буданд ва ҷанг мекарданд аз ҷониби Паёмбар (с) ва аз ҷониби асҳобаш. Малоика аз рӯи икрому эҳтироми Зубайр (р) бар сар саллаи зард доштанд. Аз ин ҷиҳат аст, ки писари набераи Зубайр (р)- Омир ибни Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) фахр карда, мегӯяд:

— «Бобои ман, писари аммаи Муҳаммад ва вазири Ӯ (с) буд. Вақти бало ва мушкилӣ беҳтарин мубориз буд ва рӯзи Бадр аввалин шуҷоъ буд. Дар ҷанг бо саллаи зард иштирирок кардааст, дар симояш малоикаи нусрат фурӯд омаданд ва ҷангиданд».

Ва ҳамчунон Зубайр (р) барои мушрикон як балое буд, пас ба мушрикон ҳамла карда, онҳоро ба танг меовард. Ва ба танҳоӣ сафҳои онҳоро рахна мекард. Ва дар ин маъракаи ҷанг ду ҷароҳати бузурге ба ӯ расид.

Ва Зубайр (р) бо яке аз сардорони кофирон рӯ ба рӯ шуд. Вай Убайда ибни Саъид ибни Ос мебошад, ки ҷавшанпӯш буд, магар ду чашмашро дидан мумкин буд ва кунияташ Абузоти Каришӣ аст. Пас Зубайр (р) ба вай ҳамла карда бо найза дар чашмаш зада ӯро кушт.

Ғазваи Уҳуд

Як сол сипарӣ гашт, боз мусалмонҳо бо мушрикон дар ғазваи Уҳуд рӯ ба рӯ шуданд. Аз мушрикон Талҳа ибни Абуталҳаи Абдарӣ байрақбардори мушрикон ба майдон баромада ба ҷанг даъват намуд. Мардум аз ҷиҳати ғазабноку пурҳайбат буданаш аз ӯ мегурехтанд. Зубайр (р) ба муқобилаш баромада, ба болои уштури ӯ ҷаҳид ва ҳамроҳаш муқовимат намуд, ҳатто, ки ӯро аз уштураш бар замин афтонд ва бо шамшераш ӯро кушт. Пас Расули акрам (с) ӯро сано гуфта фармуд: «Агар Зубайр (р) ба муқобилаш намебаромад, ман худам ба муқобили ӯ мебаромадам, чунки мардум аз ӯ метарсиданд».

Ба таҳқиқ Зубайр (р) ҳамроҳи Паёмбар (с) баъди ин воқеъа собитқадам монд ва байъат намуд, ки дар ҳамин рӯз ҷони худро дар роҳи Худо (ҷ) фидо мекунад.

Чун мушрикон ақибнишинӣ карданд, Паёмбар (с) хавф бурданд, ки мабодо мушрикон баргашта, ҳамла кунанд ва ба асҳобаш фармуданд: «Кӣ дар пайи инҳо (мушрикҳо) меравад, то бидонанд, ки мо ҳам қуввае дорем

Абубакр ва Зубайр (р) ҳамроҳи ҳафтод-тан саҳоба ба ин кор сафарбар шуданд. Сипас ин гурӯҳи мусалмонҳо дар ҷустуҷӯи мушрикон баромаданд. Чун онҳо овози ғулғулаи мусалмонҳоро шуниданд, гумон карданд, ки қувваи сахте ба сарашон ҳамла оварда истодааст. Ва бешак, ин лашкари мусалмонҳо буд, ҳамон лашкаре, ки барои рондан ва берун кардани мушрикон баромада буданд. Хулоса, мушрикон ба тарафи Макка фирор карданд. Вақте ки Абубакри Сиддиқ (р) ва Зубайр (р) ҳамроҳи асҳоби Расули акрам (с) баргаштанд, ягон душманеро рӯ ба рӯ нашуданд. Пас дар ин вақт Аллоҳ таъоло ин ояти муборакро фурӯ фиристод.

فَانقَلَبُواْ بِنِعْمَةٍ مِّنَ اللّهِ وَفَضْلٍ لَّمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُواْ رِضْوَانَ اللّهِ وَاللّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ

Сухани Худо:

«Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст»![118]

Уммулмӯъминин Оиша (р) ба Урва писари Зубайр (р) мегуфт: Эй писари хоҳарам, қасам ба Худо, падарони ту (яъне, Абубакр (р) ва Зубайр (р)-ро дар назар дошт) аз зумраи касоне буданд, Худованд (ҷ) дар ин оят онҳоро васф менамояд:

الَّذِينَ اسْتَجَابُواْ لِلّهِ وَالرَّسُولِ مِن بَعْدِ مَآ أَصَابَهُمُ الْقَرْحُ لِلَّذِينَ أَحْسَنُواْ مِنْهُمْ وَاتَّقَواْ أَجْرٌ عَظِيمٌ

Сухани Худо:

«Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худо битарсанд, музде бузург доранд».[119]

Ғазваи Аҳзоб

Кофирону мушрикони зиёде омада, Мадинаи мунаварраро муҳосира карданд ва дар он рӯз мусалмонҳо беқарор шуданд, чашмҳо заъиф шуда, ҷон ба ҳулқум расид ва мусалмонҳо дар он рӯз сахт ҷунбиш хӯрданд. Ва дар ин лаҳзаҳои мусибатнок Расули акрам (с) фармуданд: «Кӣ хабари қавмро ба ман мерасонад?»

Зубайр (р) гуфт: — Ман.

Дуюмбора Расули акрам (с) ин суханро такрор намуд.

Боз Зубайр (р) гуфт: Ман.

Боз сеюмбора Расули акрам ин суханро гуфт.

Боз ҳам Зубайр (р) гуфт: Ман.

Сипас Паёмбар (с) аз дасташ гирифта фармуд: «Аз барои ҳар набие ҳаворӣ аст (яъне, носир ва пок аз кулли айб) ва ҳавории ман Зубайр (р) аст».[120]

Вақте ки Абдуллоҳ писари Зубайр (р) падарашро дид, ки набард мекунад ва бани Қурайзаро далерона зарба мезанад, барояш гуфт:

— Эй падар, ҷангатро дар болои аспи ашқарат (яъне, аспи тиллоиранг) рӯзи Хандақ дидам!

Пас Зубайр (р) гуфт: — он рӯз маро дидӣ, эй писаракам?

Абдуллоҳ гуфт: — Бале!

Сипас Зубайр (р) гуфт: — Ба таҳқиқ Расули Худо (с) дар он рӯз бароям мегуфт: «Тир андоз эй Зубайр падару модарам фидоят бод!».

Дар рӯзи Хандақ Зубайр (р) бо шамшераш чунон бар сари Усмон ибни Абдуллоҳ ибни Муғира зад, ки ӯро ду пора кард.[121]

Фатҳи Хайбар

Вақте ки (Марҳаб) қумандони яҳудон кушта шуд аз дасти Алӣ ибни Абутолиб (к.в.), дар ин вақт бародараш Ёсир, ки яке аз зӯроварони яҳуд буд, такаббурона мегуфт: Оё ягон кас ҳаст, ки бо ман муқовамат кунад? Дар ин вақт Зубайр (р) пеш баромад, модараш Сафия гуфт, ки эй Расули Худо, ӯ писарамро мекушад. Расули акрам (с) бо итминон барояш гуфт: «Балки писарат ӯро мекушад, иншоаллоҳ». Дар ин вақт ҳар ду рӯ ба рӯ шуданд ва набарди сахте барпо шуд, билохира Зубайр (р) яҳудиро кушт.

Фатҳи Макка

Пеш аз ҳаракат кардани лашкари мусалмонҳо барои фатҳи Маккаи мукаррама, Ҳотиб ибни Абубалтаъ як номае ба сӯйи Қурайш равон карда, онҳоро хабар медиҳад, ки Расули акрам (с) бар зиддашон лашкаре омода кардааст. Ва ин номаро ба дасти як зане равон кард, то ки ба Қурайш бирасонад ва бар ӯ аҷри муайян ҳам ваъда карда буд. Сипас он зан номаро ҳамроҳи худ гирифта, равона шуд. Дар ин вақт Расули акрам (с)-ро хабар дода шуд аз ҷониби Аллоҳ таъоло. Пас Расули акрам (с) Алӣ (р) ва Зубайр (р)-ро аз пайи ин зан равон кард, пас баромаданд ва он занро ёфта номаи Ҳотибро аз дасташ гирифта, ба ҷониби Расули акрам (с) оварданд. Ва вақти фатҳи Макка Зубайр (р) аз тарафи чапи Расули акрам (с) буд ва Миқдод (р) бошад аз тарафи росташ, дар ин вақт Расули акрам (с) ливои (байрақ) Саъд ибни Убодаро ба дасти Зубайр (р) дод, пас ба ду ливо (байрақ) ба Маккаи мукаррама даромад.

Вақте ки Расули акрам (с) ба Макка даромад ва мардум ором шуданд, дар ин ҳангом Зубайр (р) бо аспаш омад, пас Расули акрам (с) аз ҷояш бархост ва ғуборро аз рӯй ва либоси Зубайр (р) пок кард ва гуфт: «Ба таҳқиқ ман барои асп ду ҳисса ҷудо кардаам ва аз барои аспсавор як ҳисса, пас шахсе, ки аз ҳардуи инҳо нуқсон ва камӣ кунанд, Худованд (ҷ) ӯро нуқсон кунад».[122]

Рӯзи Ҳунайн

Дар ин рӯз Зубайр (р) фаросату шуҷоъати беназир аз худ нишон дода, бо далериаш душманро зада дур кард. Пас вақте ки Ҳавозин шикаст ёфт, маликашон Молик ибни Авфи Назрӣ дар як роҳе дар тарафи кӯҳ буда истода ба рафиқонаш гуфт:

— Шумо ақиб истед ҳатто, ки камқувватони шумо ба пеш гузаранд ва қафомондагон даррасанд Дар ин вақт як аспсаворе намоён шуд, пас Молик ибни Авф ба рафиқонаш гуфт:

— Чиро мебинед? Гуфтанд:

— Як аспсавори баландқоматро мебинем, ки найза дар болои китфаш дорад ва сарашро бо порчаи сурхе бастааст ва моро, ҷустуҷӯ дорад. Дар ин вақт Молик ибни Авф дар ҳоле, ки хавфу тарс фаро гирифта будаш, гуфт:

Ин Зубайр ибни Аввом аст, қасам ба Лот, ки ӯ ҳароина, ба назари шумо мерасад, пас барои ӯ собитқадам бошед. Пас вақте ки Зубайр (р) ба мавзеъи мушрикҳо расид, онҳоро дида, бо вуҷуди танҳо буданаш ҳамроҳашон набард кард, ҳатто, ки чашми онҳоро тарсонда ва шавкаташонро шикаста, онҳоро аз ин мавзеъ бароварда пеш кард.[123]

Ҷанги Ярмук

Ҳамчуноне ки Зубайр (р) дар аҳди Расули Худо (с), яке аз муборизони вафодори мусалмонҳо буд, дар замони хулафои рошидин низ бар ин сифати хеш боқӣ монд. Ҳамроҳи Абубакри Сиддиқ (р) бо муртадҳо ҷиҳод намуд ва ҳамроҳи лашкари фотеҳин ба сӯйи Шом баромад ва дар ҷанги Ярмук иштирок кард ва аз беҳтарин иштирокчиёни ин набард буд. Ҳамчунин дасти фарроху ҳиммати баланд дошт.

Дар он рӯз ҷамъоате аз муборизони шуҷоъу далер ба гирдаш ҷамъ омаданд ва барояш гуфтанд:

— Оё тоқати ин ҷангро мекунӣ, ки мо низ ҳамроҳат бардошт кунем? Зубайр (р) ҳуҷум кард ва асҳоб ҳамроҳаш ҳуҷум карданд. Чун бо сафи румиҳо рӯ ба рӯ шуданд, ёронаш ақибнишини карданд ба ҷуз Зубайр (р), ки доим собитқадам ва устувор буд. Ӯ (р) сафи душманонро зада, онҳоро пароканда карда, аз он тарафи сафи душман гузашт, пас боз ҳам сафи онҳоро пора карда ба тарафи асҳобаш омад. Баъд аз он Зубайр (р) боз ҳамин тавр ҳамлаашро такрор кард. Дар ҳамон рӯз захми бисёр ҳам бузург байни ду китфаш ба ӯ расид.[124]

Фатҳи Миср

Вақте ки Амр ибни Ос (р) хост Мисро фатҳ намояд, ҳамроҳаш лашкаре иборат аз 3500 мард буд. Пас ба сӯйи халифа Умар ибни Хаттоб (р) номае фиристод, то ки ба ӯ лашкар изофа кунад. Ҳазрати Умар (р) Зубайр (р)-ро бо лашкаре, ки иборат аз 4000 мард буд ба кӯмакаш фиристод. Зубайр (р) ҳамроҳи асҳобаш ба роҳ баромаданд ва дар роҳ барояш гуфта шуд, ки дар Миср тоъун (офате, балое) ба вуқуъ омадааст, ба он ҷо дохил нашав! Зубайр (р) дар ҳоле ки ба Худо (ҷ) яқину боварӣ дошт, фармуд:

Мо худ барои таъну тоъун омадем!!

Вақте ки Зубайр (р) назди Амр ибни Ос (р) омада расид, ӯро дар ҳоле ёфт, ки қалъаи Бобилюнро муҳосира намуда буд. Дар ин вақт Зубайр (р) аспашро савор шуда, хандақеро, ки дар гирди қалъа буд, давр зад. Баъд аз он муборизонро дар аторофи он хандақ гузошт. Ва ин муҳосира ҳафт моҳ давом ёфт.

Зубайр (р) дар ҳоле, ки муштоқи шаҳодат дар роҳи Худо (ҷ) шуда буд, мегуфт:

— Ба таҳқиқ ман ҷонамро аз барои Худо фидо мекунам ва чашми умед дорам, ки Худованд (ҷ) ба сабаби ман мусалмонҳоро кушоиш диҳад. Пас нардбонеро гирифта, ба ҷониби қалъа гузошт, баъд аз он баромад ва ба мусалмонҳо дастур дод, ки вақте ки такбири (Аллоҳу акбар) маро шунидед дарҳол ҳамла кунед. Ва каме нагузашта, Зубайр (р) болои қалъа баромада, шамшерро кашида такбир гуфт. Мардум ҳамагӣ ҳамла карданд, лекин Амр ибни Ос (р) онҳоро манъ карда гуфт, ки метарсам аз ин ки нардбон мешиканад.

Чун аҳли Рум диданд, ки мусалмонҳо ба қалъа зафар ёфтанд, қафонишинӣ карданд ва дарҳол дарҳои қалъаи «Бобилюн»-ро барои мусалмонҳо кушоданд.

Дар ин вақт Амр ибни Ос (р) бо Муқавқис (сардори аҳли Рум) сулҳ бастанд ва Амр (р) барои аҳли Миср китоби амон навишт. Ва Зубайр (р) яке аз шоҳидони ин сулҳ байни тарафайн буд[125].

Тоҷири сахӣ

Зубайр ибни Аввом (р) тоҷири бобарор буд, шабу рӯз ба сӯи кишвари Шом барои тиҷорат мерафт. Ва рӯзе барояш гуфта шуд:

— Ба чӣ чиз расидӣ аз тиҷоратат? Пас Зубайр (р) гуфт:

— Ман ягон чизи айбдорро намехарам ва фоидаи бисёреро ҳам намехоҳам ва Худованд ба ҳар касе, ки бихоҳад, баракат медиҳад.

Зубайр (р) он чунон сахиву карим буд, ки боре ба уммулмӯъминин Оиша (р) дар ду ғирора,[126] ба миқдори 180 ҳазор дирҳам равон кард. Ва аз бузургтарини мардум дар аҳди Паёмбар (с) ба шумор мерафт. Ва ҳамчунон моли бисёреро дар роҳи Худо (ҷ) сарф менамуд. Рӯзе як ҳавлиеро ба нархи 600 ҳазор дирҳам фурӯхт. Барояш гуфтанд, ки эй Абуабдуллоҳ, ту зарар кардӣ. Пас Зубайр (р) гуфт:

— Ҳеҷ гоҳ, қасам ба Худо (ҷ), ҳароина, шумо медонед, ки ман зиён накардаам, вай дар роҳи Худованд (ҷ) аст.

Ва ҳамчунон аз барои Зубайр (р) ҳазор ғулом хироҷ медоданд. Ӯ дар як шаб ҳамаашро тақсим мекард ва вақте ки ба манзилаш бармегашт, ҳамроҳаш чизе боқӣ намемонд.

Инчунин Зубайр (р) шаҳомату амонати бузурге дошт, аз ҳамин ҷиҳат буд, ки мардум ба ӯ (р) боварии сахт доштанд. Ва бисёре аз саҳобагон молу амволашонро ба ӯ васият карда буданд, аз ҷумла: Усмон ибни Аффон (р) ва Миқдод ибни Аввом (р) ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ва Абдураҳмон ибни Авф (р). Зубайр (р) амволи онҳоро ҳифз карда, бар фарзандҳояшон ва ворисонашон хуб тақсим менамуд.[127]

Тарс ва парҳезгориаш

Зубайр (р) шахси парҳезгор ва поку ботақво буд, доим аз Аллоҳ таъоло хавфу тарс дошт. Чун ин сухани Аллоҳ таъоло нозил шуд:

ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عِندَ رَبِّكُمْ تَخْتَصِمُونَ

Сухани Худо:

«Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар хусумат хоҳед кард».[128]

Зубайр (р) гуфт:

— Эй Расули Худо (с) оё такрор меёбад бар мо он чизе, ки байни мо буд. дар дунё, бо вуҷуде, ки гуноҳҳои хос дорем?

Паёмбари акрам (с) фармуд: «Бале».

Зубайр (р) гуфт: — Қасам ба Худо, ҳароина ман ин корро сахт мебинам.[129]

Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) рӯзе ба падараш гуфт:

— Чаро шумо аз Паёмбари акрам (с) монанди дигар асҳобаш ҳадис намегуед? Зубайр (р) дар ҷавоб гуфт:

— Ҳақиқатан аз вақте ки ман Ислом овардам, аз Паёмбари Худо (с) ҷудо набудам ва ноил шудам аз саҳобагон беҳтарин чизеро, ки онҳо ноил мешуданд. Ва байни ману байни Паёмбари акрам (с) қаробату хешу таборист ҳамчуноне, ки медонӣ ва лекин ман шунидам, ки Ӯ (с) мегуфт: «Шахсе, ки бар ман дурӯғ гӯяд, пас ҷояшро дар оташи дӯзах омода кардааст». Аз ҳамин ҷиҳат Зубайр (р) ҷуз каме аз аҳодис дигар аз Паёмбари акрам (с) ҳадис ривоят накардааст.[130]

Васияти ҳавории (нусратдиҳанда)-и Расули акрам (с)

Зубайр (р) дар бовариву мартаба ва меҳру муҳаббат дар назди Паёмбар (с) маконати хосе дошт. Ва Зубайр (р) аз ҷумлаи касоне, буд ки Паёмбари акрам (с) аз онҳо маслиҳат мепурсид ва ба онҳо такя мекард. Ва ҳамчунон Расули акрам (с) барои Зубайр (р) аз заминҳои бани Назир барояш хурмозоре ҷудо кард. Вақте ки Расули акрам (с) ба Парвардигораш ҷон супурд, Зубайр (р) шитобон ба назди Абубакри Сиддиқ (р) рафта. байъат кард. Зубайр (р) пеш аз мусалмон шуданаш бо Абубакри Сиддиқ (р) рафиқи ҷонӣ ҳам буда, баъди аз байъаташ ба Абубакри Сиддиқ (р) яке аз машвартдиҳандагони ӯ (р) ба шумор мерафт. Ва Абубакр (р) барои Зубайр (р) аз Мадинаи мунаварра тақрибан 3-гектар замин ҷудо карда дод.

Чун замони хилофати Умар (р) омад, манзалати Зубайр (р) дар назди ӯ хеле ҳам баланд буд ва Умар (р) барояш раёсати Мисрро пешкаш намуд. Зубайр (р) гуфт: Ман ғозӣ буданро меписандам, на волӣ буданро.

Умар (р) барояш «Ақиқа»[131]-ро ҳадия намуд. Ва ҳамчунин аз асҳоби Шӯрои шашнафараи ихтиёркардаи Умар (р) буд, ки дар бораашон мегуфт:

— «Намеёбам касеро, ки ба ин амр ҳақдортар ҷуз ин нафарҳо, ки Расули акрам (с) вафот кард. дар ҳоле, ки аз инҳо розӣ буд. Пас кадоме аз инҳо баъд аз ман халифа таъин карда шавад, ӯ халифа аст».

Ва Умар (р) барои Зубайр (р) чунин гуфтааст:

Агар бо касе дар бораи чизе аҳд мебастам ё ин ки меросеро мегузоштам, дӯстдоштатаринаш барои ман Зубайр (р) буд, ба ростӣ ӯ сутуне аз сутунҳои дин аст.

Ҳамчунон назди халифаи сеюм Усмон ибни Аффон (р) Зубайр (р) мартабаи баланде дошт ва инчунин аз мушовирони ӯ ба шумор мерафт. Ҳангоме ки халифаи сеюм Усмон (р) бемори сахт шуд, то он ҷое, ки аз ҳаҷ кардан боз монд. Барояш гуфта шуд:

— Халифа ихтиёр кун.

Гуфт: — Оре, Зубайр (р)-ро ихтиёр мекунам. Ва қасам ба зоте, ки нафси ман ба дасти ӯст ҳароина, Зубайр (р) беҳтарини ин асҳоб аст аз он чизе, ки ман медонам ва ҳамчунин назди Паёмбари акрам (с) дӯстдоштатаринашон буд.[132]

Вақте ки амирулмӯъминин Усмон (р) кушта шуд, Зубайр (р) шитобон ба назди Алӣ (к.в.) омада байъат намуд.

Вақте ки фитна барпо шуд, Зубайр (р) писараш Абдуллоҳро (р)-ро субҳи рӯзи маъракаи Ҷамал фарёд карда, барояш гуфт:

— Эй писаракам, ин ҳама узвҳои ман, ҳамроҳи Расули акрам (с) маҷруҳ шудааст. Эй писаракам, бешак, дар ин рӯз касе, ки кушта мешавад ё золим аст ё мазлум. Ба ростӣ маро намебинӣ ба ҷуз ин ки кушта мешавам, дар ин рӯз мазлум. Бузургтарин фикру ғами ман имрӯз ин қарзи ман аст. Агар қарзамонро диҳем, аз моламон чизе боқӣ мемонад? Ва қарзҳои ӯ ин тавр буд, ки марде молашро оварда, дар наздаш вадиат мегузошт то ки молашро ҳифз кунад, лекин дар ин мавридҳо Зубайр (р) мефармуд:

— Не, ба ростӣ, ман метарсам зоеъ шудани ин молро, лекин бо вуҷуди рад кардани Зубайр (р) он мард чун ба амонатдорӣ ва садоқаташ боварӣ дошт он молро назди ӯ мегузошту мерафт. Ва доим Зубайр (р) писарашро васият намуда мегуфт:

— Эй писаракам, молҳоямонро фурӯхта қарзҳоямонро адо намо, пас агар аз адокардани қарзамон дармондӣ, талаби ёриву мадад кун аз Мавлоям. Пас Абдуллоҳ аз падараш савол карда гуфт:

— Эй падар, кист мавлоят? Пас Зубайр (р) бо сидқу яқин ҷавоб дод: Аллоҳ азза ва ҷалла. Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ҳамеша мегуфт: қасам ба Худо (ҷ), ҳар вақте дар зимни қарзаш дар мемондам, мегуфтам: эй мавлои Зубайр (р), адо кун аз ӯ қарзашро, пас адо мекардаш.[133]

Дар зумраи шуҳадо

Таърихнависон иттифоқ доранд, ки ҳазрати Алӣ (к.в.) дар гармогармии ҷанги Ҷамал Зубайрро ба назди худ хост ва ин ду нафар он қадар ба ҳам наздик шуданд, ки гардани аспҳояшон дар баробари ҳам қарор гирифт. Дар ин ҷо Алӣ (р) ба Зубайр (р) мегӯяд: Туро ба Худо савганд медиҳам оё дар ёд дорӣ он ҳамнишиниамонро, ки Расулуллоҳ (с) наздамон омад ва ба ту гуфт, оё дӯст медорӣ Алиро, эй Зубайр (р) ва ту гуфтӣ чӣ хел дӯст намедорам тағобача ё амакбачаамро ва ҳол он ки бар дини ман аст. Пас Расулуллоҳ (с) маро пурсид, ки оё дӯст медорӣ Зубайрро эй Алӣ ва ман гуфтам чӣ гуна дӯст надорам писараммамро ва ҳол он ки бар дини ман аст. Пас Расулуллоҳ (с) гуфт: «эй Зубайр (р) қасам ба Худо (ҷ) ту бо Алӣ (р) ҷанг хоҳӣ кард дар ҳоле ки барои ӯ ситамкорӣ».

Зубайр мегӯяд:

«Бале, бале фаромуш карда будам, то ҳоле, ки ба ёдам овардӣ, ба Худо қасам инак, бо ту намеҷангам».

Зубайр аз ҳамин ҷо аспашро бармегардонад ва аз байни сафҳои лашкари худ мегузарад ва аз майдон хориҷ мешавад. Писараш Абдуллоҳ пеш меояд ва мегӯяд:

— Чӣ шуда? Ба куҷо меравӣ?

— Зубайр мегӯяд:

— Алӣ дар гуфтугӯяш бо ман ҳадисе аз Паёмбарро ба ёдам овард, ки фаромӯш карда будам. Акнун қасд кардам ва қасам ёд кардам, ки бо ӯ наҷангам.

Баъд аз он Зубайр (р) баргашт ва мехост, ки ба сӯйи Мадинаи мунаварра биравад. Марде аз бани Тамим ӯро дида, ба Аҳнаф ибни Қайс гуфт:

— Ин Зубайр (р) аст дар водии Сибоъ[134], ки ба Мадина меравад.

Инро шунида Амр ибни Ҷурмузи Тамимӣ ва Фузола ибни Ҳобис ва Нуфайъ ибни Ҳобиси Тамимӣ ба аспҳояшон савор шуданд ва дар талаби Зубайр (р) баромаданд. Чун ба назди ӯ расиданд, Амр ибни Ҷурмуз ҳазрати Зубайр (р)-ро аз пушташ зада захмдор кард, лекин Зубайр (р) бардошт карда, худро аз даст надод. Пас вақте Амр гумон кард, ки Зубайр (р) ӯро мекушад, ба овози баланд фарёд карда гуфт:

— Эй Фузола, эй Нуфайъ!!

Баъд аз он Амр бечораҳолона ба Зубайр (р) гуфт:

— Аз Худо битарс, аз Худо битарс, эй Зубайр маро накуш!!

Сипас Зубайр (р) аз ӯ бозистод ва роҳи худро ба сӯйи Мадина пеш гирифт. Аммо Фузола ва Нуфайъ ба назди Амр расиданд, якҷоя ба Зубайр (р) ҳамла оварда, ӯро ба шаҳодат расониданд. Ин ҳодиса дар рӯзи панҷшанбеи моҳи ҷимоду-л-охири соли 36-уми ҳиҷрӣ рух дода буд ва умраш дар он вақт ба 64 расида буд. Ҷасади покаш дар ҳамон водии Сибоъ дафн карда шуд.

Ибни Ҷурмуз сари буридаи ҳазрати Зубайр (р) ва шамшерашро ба даст мегирад ва назди ҳазрати Алӣ меояд ва гумонаш ин буд, ки ба Алӣ (к.в.) мужда бидиҳад ва ҷоиза бигирад, вале Алӣ (р) аз ин воқеъа хеле ғамгин мешавад ва ба ҷойи ин, ки тибқи гумони ибни Ҷурмуз ба ӯ ҷоиза бидиҳад, мефармояд: «Ба ибни Ҷурмуз оташи ҷаҳаннамро башорат бидиҳед». Сипас шамшери Зубайрро ба даст мегирад, нигоҳе бар он меандозад ва мефармояд:

«Ин шамшер дар муддати зиёде бисёр андӯҳу мушкилоти ҷангиро аз Паёмбар (с) дафъ ва рафъ мекард. Ман чашми умед дорам, ки Худованд (ҷ) ману Талҳаву Зубайрро аз зумраи касоне бигардонад, ки дар ҳақашон чунин гуфтааст.[135]

وَنَزَعْنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَانًا عَلَى سُرُرٍ مُّتَقَابِلِينَ

Сухани Худо:

«Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳамдигаранд».[136]

Мувофиқи баъзе ривоятҳо Амр ибни Ҷурмуз бо шунидани ин фармоиши ҳазрати Алӣ (р) ба ҳадде аз кори норавояш пушаймон ва ғамгин шуд, ки ҳамон ҷо даст ба худкушӣ зад.

Аммо бинобар ривояти дигар Амр ибни Ҷурмуз то замони волӣ гардидани Мусъаб ибни Зубайр (р) дар Ироқ зиндагӣ мекард. Чун аз волӣ шудани Мусъаб огоҳ шуд, нопадид гашт. Вақте ба Мусъаб гуфтанд, ки қотили падарат зиндааст, мисли падари бузургвораш ҷавонмардӣ нишон дода, ин сухани таърихиро иброз дошт: «Бигӯедаш, ки ӯ дар амон аст».

Ҷавонмардию мардонагиро аз Мусъаб ибни Зубайр (р) бояд омӯхт, ки ӯ бо вуҷуди он ки метавонист интиқоми падарашро бигарад, маҳз ба хотири Худо Амр ибни Ҷурмузро бахшид.

Пас ин ҷо ба хонандаи нуктасанҷ ҳаминро хотиррасон карданием, ки Зубайр (р) дорои чунин хислатҳо ва сифоти ҳамидае буд, ки қалам аз навиштани он оҷизу нотавон аст. Он ихтилофу вазъи нобасомоне, ки дар айёми садри Ислом, вуҷуд дошт, ҳамчунин дар ҳар асру замон имкони сар задани он аз эҳтимол дур нест. Огоҳ бош, ки ҳеҷ фитна ва тавтиъаҳое, ки дар он замон сар зада буданд аз фазоил ва корнамоиҳои ин абармард ва дигар ёрони ҷасуру нексиришти Расули акрам (с) чизе кам намекунад ва дараҷоти волои он абармардони мадрасаи Муҳаммадиро аз миён нахоҳад бурд. Пас ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки нисбати ин некмардон қазовати кур-курона кунад. Бояд дӯсташон бидорем ва номи онҳоро зинда созем, то дар рӯзи қиёмат аз шафоъати Паёмбари Худо (с) бенасиб нагардем.

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Абдурраҳмон ибни Авф (р)[137]

Вай Абдурраҳмон ибни Авф, ибни Абдуавф, ибни Аб, ибни Ҳорис, ибни Зуҳра, ибни Килоб, ибни Мурраи Қурайшии Зуҳрӣ аст. Ва кунияташ Абумуҳаммад буда ва яке аз даҳгонаи башоратдодаи Расули акрам (с) ба ҷаннат мебошад. Дар замони ҷоҳилият номаш Абдуамр буд ва ба ривояти дигар Абдулкаъба пас Расули акрам (с) Абдурраҳмон номаш гузошт.

Абдурраҳмон писари Авф даҳ сол баъд аз соли «Фил» таваллуд шудааст ва ҳамчунин аз Расули акрам (с) даҳ сол хурд мебошад. Абдурраҳмон писари Авф марди қаддароз, хубрӯй, сафедпӯст буд ва сару ришашро ранг намекард, марди ботаҷриба буда, чеҳрааш далолат ба мардонагиву пуршарафӣ менамуд. Ва инчунин авсофи хубу маноқибаш беандоза аст.

Модараш:

Шифо духтари Авф ибни Абд ибни Ҳорис ибни Зуҳра ибни Килоб мебошад, ки Ислом оварда ва ҳиҷрат намудааст.

Фарзандонаш:

Фарзандони Абдурраҳмон ибни Авф (р) инҳо буданд:

— Солими калонӣ (пеш аз Ислом мурдааст) модараш умми Гулсум духтари Утба ибни Рабиъа;

— Умму-л-Қосим (ин ҳам низ пеш аз Ислом таваллуд шудааст) ва модари ин бошад, духтари Шайба ибни Рабиъа аст;

— Муҳаммад ва кунияташ ба номи ҳамин писараш буд, Иброҳим ва Ҳумайд ва Исмоил ва Ҳумайдаву Аматурраҳмон, ки модари инҳо умми Гулсум духтари Уқба ибни Абумуъайт мебошад;

— Маън, Умар, Зайд ва Аматурраҳмони хурдӣ, ки модари инҳо бошад Саҳла духтари Осим ибни Адӣ аз бани Қузоъа буда ва инҳо аз мардуми ансор мебошанд;

— Урваи калонӣ, ки (рӯзи Ифриқия кушта шуд) модараш Баҳрия духтари Ҳониъ писари Қубайса аз бани Шайбон мебошад;

— Солими хурдӣ (рӯзи фатҳи Ифриқия кушта шудааст) ва модараш Саҳла бинти Суҳайл ибни Амри Омирӣ аст;

— Абубакр, ки модараш умми Ҳаким духтари Қориз аст;

— Абдуллоҳ, ки (ин ҳам низ рӯзи фатҳи Ифриқия кушта шудааст), модараш духтари Абулҳис ибни Рафиъ ибни Имриулқайс аз бани Авси ансориён аст;

— Абусалама (ҳамон Абдуллоҳи хурдӣ аст), ки модараш Тумозир духтари Асбағ ибни Амр ибни Саълаба аз бани Килоб мебошад ва ин аввалин калбиест, ки Қурайшӣ никоҳаш кардааст;

— Абдурраҳмон, ки модараш Асмоа духтари Сулома аст;

— Мусъаб ва Оминаву Марям, ки модарашон умми Ҳурайс аз асирони бани Қузоъа аст[138];

— Суҳайл (лақабаш Абулабяз аст), ки модараш Маҷд духтари Язид ибни Сулаймони Ҳимярӣ аст;

— Усмон, ки модараш Ғазол духтари Кисрост ва ин канизаке аст, ки Саъд ибни Абуваққос ҳангоми фатҳи Мадоин ба асорат гирифта буд;

— Умми Яҳё, ки модараш Зайнаб духтари Саббоҳи ибни Саълаба аз қавми Қузоъа аст;

— Ҷувайрия, ки модараш Бодия духтари Ғайлон ибни Саламаи Сақафӣ аст.

Абдурраҳмон ибни Авф (р) ҳамагӣ 15 зан ва 25 фарзанд дошт, ки 17-тои он писар ва 8-нафари онҳо духтар буданд.

Бо роҳи ҳақ

Аз рӯзҳои аввали зуҳури Ислом Абдурраҳмон ибни Авф (р) ба нидои имону ҳақ лаббайка гуфт ва пеш аз ин ки Расули акрам (с) ба хонаи Арқам дарояд, имон овард. Ва Абдурраҳмон ибни Авф (р) яке аз ҳаштгонаест, ки дар Ислом оварданашон пешқадамӣ карда буданд ва яке аз панҷнафарае, ки ба дасти Абубакри Сиддиқ (р) имон овардааст ва яке аз даҳгонае аст, ки Расули акрам (с) онҳоро дар замони ҳаёташон ба ҷаннат башорат додааст. Пас вақте, ки Абубакр (р) ба Абдурраҳмон (р), Усмон (р), Зубайр (р), Талҳа (р) ва Саъд (р) Исломро арз кард, бе ягон шакку шубҳа ва дудилагӣ дар ин амр имон оварданд ва шитобон ба назди Расули акрам (с) рафта, байъат намуда, байрақи Исломро баланд бардоштанд.[139]

Муҳаббат ва фидокорӣ

Абдурраҳмон (р) дар роҳи Худо (ҷ) азоби бисёре дид, ки мусулмонҳои пеш аз ӯ надида буданд. Пас сабр кард ва хушнудии Худовандро хост ва ба он чизе, ки бо Худованд аҳд намуда буд вафо кард. Ва дини худро гирифта, ба кишвари Ҳабаша ҳиҷрат намуд, сипас ба сӯйи Макка баргашт. Вақте ки Расули акрам (с) асҳобашро амр намуд, то ба сӯйи Мадина ҳиҷрат кунанд, Абдурраҳмон (р) пеш-пеши муҳоҷирон барои ризои Худову расули Худо молу амвол ва хонаашро тарк намуда, ҳиҷрат кард.

Ҳар гоҳ Усмон ибни Аффон (р) Абдурраҳмон (р)-ро медид, барояш мегуфт:

— Касе наметавонад, ки ба ин шайх аз рӯйи фазлу бузургии ду ҳиҷраташ баробар шавад. Вақте Абдурраҳмон (р) ба Мадина расид, бисёр фақир буд ва чизе надошт. Расули акрам (с) байни ӯ ва байни Саъд ибни Рабиъи ансорӣ бародархондагӣ барқарор намуд. Сипас Саъд барояш гуфт:

— Эй бародар, ман аз ҳамаи аҳли Мадина бисёртар мол дорам, акнун нимашро бигир ва низ ду зан дорам, пас бингар кадоме аз ин ду барои ту писандаст, ҳатто ки ӯро талоқ диҳам ва барои ту ҳалол шавад, то ки ӯро ба никоҳӣ худ дарорӣ. Абдурраҳмон (р) аз ин кор ибо карда, ба бародари ансориаш гуфт:

— Худованд туро дар аҳлу молат баракат диҳад, маро бар бозор бибар. Пас ӯро ба бозор бурд. Баъд аз он хариду фурӯш карда фоидаву захираро шурӯъ кард, ҳатто, ки маҳри як занро ҷамъ намуда, пас зан гирифт. Чун ба назди Расули акрам (с) омад, аз Абдурраҳмон (р) асари хушбӯӣ ба машомаш расид.

Расули акрам (с) барояш гуфт: «Оё зан гирифтӣ?»

Гуфт : Оре, як зан аз ансор.

Боз Расули акрам (с) гуфтанд: «Чӣ маҳраш додӣ?»

Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Миқдори вазни як дона аз тилло.

Пас Расули акрам (с) ба ӯ гуфтанд:

«Тӯйи арӯсӣ барпо кун, агарчи як гӯсфанд ҳам сарф шавад».

Худованд (ҷ) барои Абдурраҳмон (р) дарҳои ризқи васеъро кушода намуда буд, ки ба худаш чунин мегуфт: агар сангеро бардорам ва умед кунам, ки дар зераш тилло ё нуқра бошад, воқеъан ҳам, ҳамон мешавад. Ба ростӣ, мардуми ансор барои муҳоҷирон пеш аз ин ки хонаҳояшонро кушоянд дилҳояшонро барои онҳо боз намуда буданд. Ва барои икрому истиқболи онҳо шитоб мекарданд, то ҷое ки аҳли Мадинаро барои икрому истиқбол ва инчунин саховатмандиашон зарбулмасал қарор дода буданд ҳатто муҳоҷирон ба расули Худо (с) гуфтанд:

— Эй расули Худо, (с) ансориҳо моро бениҳоят азизу гиромӣ медоранд, мо мисли онҳо қавме надидаем. Ва ба таҳқиқ, камбудиву ҳоҷатамонро бароварданд ва дар хурсандияшон шарикамон гардонданд, ҳатто, ки мо тарсидем ин ки ҳамаи аҷрро мебаранд.

Пас Расули акрам (с) гуфтанд:

«Не! Бар онҳо ба пуррагӣ сано нагуфтед, аз Худо дуъо бихоҳед барояшон».

Пас Худованд (ҷ) ин ояти муборакаро дар мавриди дӯстиву фазлу фидокории байни муҳоҷирон ва ансор фуруд овард.[140]

﴿وَالَّذِينَ تَبَوَّؤُوا الدَّارَ وَالْإِيمَانَ مِن قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِّمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ ﴿٩﴾

Сухани Худо:

«Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳарчанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд!»[141]

Дили пур аз имон

Абдурраҳмон ибни Авф (р) дар парҳезгорӣ ва тақводорӣ камназир буд. Ва Расули акрам (с) ба ӯ боварӣ кард, ба имонаш ӯро вакил мегузошт. Боре Расули акрам (с) ҷамоъаеро чизе ато кард ва дар қатори онҳо Абдураҳмон (р) низ буд, лекин Расули акрам (с) ба ӯ чизе надод. Пас Абдурраҳмон (р) гирякунон баромад. Ин ҳангом ӯро Умар ибни Хаттоб (р) дида, барояш гуфт:

— Чи чиз туро мегирёнад? Абдурраҳмон (р) ин ҳодисаро барояш ҳикоя намуд ва низ чунин гуфт: метарсам,ки Паёмбар (с) бар ман ғазабе дошта бошаду маро аз ин садақа барои ҳамин маҳрум сохта бошад. Пас Умар (р) ба назди Паёмбари акрам (с) даромада он Ҳазрат (с)-ро аз ин кори Абдурраҳмон (р) хабардор намуд.

Расули акрам (с) фармуданд:

«Ман ба ӯ ҳеҷ ғазабе надорам ва лекин ман ӯро ба имонаш вакил гузоштам[142]».

Боре як марде назди Паёмбари акрам (с) Қуръонро тиловат менамуд ва бисёр овози фораме ҳам дошт, пас дар ин ҷамоъа касе намонда, ҳама ашк резонданд, ба ҷуз Абдурраҳмон ибни Авф (р). Сипас Расули акрам (с) фармуданд:

«Агарчи Абдурраҳмон ашк намерезад, лекин дили ӯ мегиряд».[143]

Дар рӯ ба рӯи мунофиқон

Рӯзе Расули акрам (с) ба асҳобаш хутба хонда, онҳоро ба ҷамъ кардани садақа тарғиб кард. Пас Абдурраҳмон (р) 4000 дирҳам оварда ба назди Паёмбари гиромӣ (с) гузошт ва гуфт:

— Дар назди ман 8000 дирҳам буд пас 4000 ҳазорашро барои худам ва аҳлу оилаам боқӣ мондам ва ин 4000 ҳазорро дар роҳи Худо сарф месозам. Пас Расули акрам (с) гуфтанд:

«Худованд дар моли додагиву боқимондаат баракат ато фармояд».

Ва дар ин маврид қавли Худованд фуруд омад[144]:

مَّثَلُ الَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنبَتَتْ سَبْعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنبُلَةٍ مِّئَةُ حَبَّةٍ وَاللّهُ يُضَاعِفُ لِمَن يَشَاء وَاللّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ ﴿۲٦۱﴾ الَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ ثُمَّ لاَ يُتْبِعُونَ مَا أَنفَقُواُ مَنًّا وَلاَ أَذًى لَّهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

Сухани Худо:

«Масали онон, ки моли худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд, мисоли донаест, ки ҳафт хӯша бароварад ва дар ҳар хӯшае сад дона бошад. Худо подоши ҳар киро, ки бихоҳад, чанд баробар мекунад. Худо кушоишдиҳанда ва доност! Музди касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд ва пас аз инфоқ миннате намениҳанд ва озоре намерасонанд, бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на андӯҳгин».[145]

Вақте Абдурраҳмон (р) нисфи молашро (4000 ҳазор дирҳам) садақа намуд, баъзе мунофиқҳо ба ӯ таъна заданд ва гуфтанд, ки Абдурраҳмон (р), ҳароина, риёкор аст. Пас дар ҷавоби ин сухани мунофиқон Худованд ин оятро нозил кард.

الَّذِينَ يَلْمِزُونَ الْمُطَّوِّعِينَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ فِي الصَّدَقَاتِ وَالَّذِينَ لاَ يَجِدُونَ إِلاَّ جُهْدَهُمْ فَيَسْخَرُونَ مِنْهُمْ سَخِرَ اللّهُ مِنْهُمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿٧٩﴾

Сухани Худо:

«Худованд ба масхара мегирад касонеро, ки бар мӯъминоне, ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст».[146]

Пас Абдурраҳмон (р) аз ҷумлаи мӯъминони итоъаткунанда мебошад, ҳамонҳое, ки Худои пок ба ин корашон шоҳидӣ додааст.[147]

Хушхабарӣ ба ҷаннат аз осмон

Худованди пок дуъои Набияшро иҷобат карда, Абдурраҳмон (р)-ро дар молаш баракат дод. Пас тиҷорати пурбаракаташ дар авҷу барор буд ва ҳамеша ҳалолро ҷустуҷӯ мекард. Ӯ дар тиҷораташ аз ҳарому чизҳои шубҳанок худро канора мегирифт. Пас рӯз ба рӯз тиҷораташ авҷ гирифта. зиёд мешуд ва қофилаҳояш ба тарафи Мадинаи мунаввара омаду рафти бисёре менамуданд ва ба мардуми ин шаҳр чизҳои лозимиро таъмин менамуд. Ва инчунин дар Ҷуруф (номи як мавзъе аст дар Мадина) зироъаткорӣ менамуд ва аз ин киштзор хурду хӯроки яксолаи аҳлу аёлашро ба даст меовард.

Ва дуъои Расули акрам (с) ба Абдурраҳмон (р) боқӣ монд, ба ин ки то вақте ки ҳаёт дорад, Худованд (ҷ) баракаташ диҳад. Ҳатто аз рӯи молдориву сарватмандӣ ғанитарини саҳобаҳо буд. Рӯзе Паёмбари акрам (с) барояш чунин дуъо карда гуфтанд: «Эй писари Авф, бешак, ту сарватманд ва молдор ҳастӣ, пас ҳаргиз дохили Ҷаннат намешавӣ магар ин ки пойҳоят баста, пас Худои бузургро қарз бидеҳ, то ки қадамҳоятро кушояд».

Пас Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Эй Расули Худо (с), чи чизро барои Худованд қарз бидиҳам? Паёмбари акрам (с) гуфтанд: «Бипардоз он чизҳоеро, ки то бегоҳ ба даст меоварӣ». Пас Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Эй расули Худо (с), оё ҳамаашро?

Фармуданд: Бале!

Пас Абдурраҳмон (р) амри расули Худо (с)-ро итоъаткунон баромад, дар ҳоле, ки тасмим гирифт ба садақа кардани ҳамаи он чизе, ки дар назди худ дошт. Пас Расули акрам (с) нафареро фиристод, то ки ӯро пеш аз ин кораш дарёб кунад ва барояш бигӯяд, ки ба ростӣ, Ҷабраил (а) гуфтааст:

— Амр кун Абдурраҳмон (р)-ро, то ки гиромӣ дорад меҳмонро ва таъом диҳад мискинро ва ато кунад соилро (талбандаро), пас ибтидо кунад ба шахсе, ки мӯҳтоҷ аст, пас агар вай ин корҳоро кунад барои ӯ покие мешавад дар он чизе, ки вай дар он аст[148].

Пас Абдурраҳмон (р) фоидае бисёре кард ба он чизе, ки ба ӯ расид, пас ҳамаи молашро барои хушнудии Худову Расулаш сарф кард, ҳатто ки ба дасти росту чапаш пӯшидаву ошкоро хайр мекард. Пас ин хайр карданаш барои ӯ як файзу футуҳе буд, ҳатто ки мерос барои ҷаннату-л-фирдавси аъло гашт.

Вақте ки қофилаи бузургаш аз тиҷорате, ки дар Шом буд, баргашт, ҳамаашро ба назди Паёмбари акрам (с) бурд, дар ин вақт Расули акрам (с) ӯро ба ҷаннат хонд ва барояш дуъои хайр намуд, пас Ҷабраил (а) ба назди Расули акрам (с) ташриф овард ва гуфт: «Худои пок ба ту салом мефиристад ва мегӯяд, ки ба Абдурраҳмон (р) салом бигӯ ва ӯро ба ҷаннат хушхабарӣ бидеҳ».[149]

Муборизаи Абдурраҳмон ибни Авф (р)

Абдурраҳмон (р) худаш шахсан бо ҷонаш дар роҳи Худованд (ҷ) корнамоиҳои бузурге намудааст, ҳамчуноне, ки бо молаш ҷиҳод карда ва аз ягон ғазва ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) ақибнишинӣ накардааст. Дар ғазваи Бадр барои ризои Худо ҷангид ва мушриконро кушту асир гирифт ва ғанимат ҳам ба даст овард. Абдурраҳмон (р) яке аз шахсиятҳоест, ки Паёмбари акрам (с) барояшон чунин гуфтааст: «Шояд Аллоҳ таъоло ба аҳли Бадр огоҳ шудааст». Ва низ фармудааст: «Ҳар чӣ мехоҳед, бикунед, эй аҳли Бадр, зеро, ки Ҷаннат барои шумо воҷиб шудааст».[150]

Чун як сол аз ғазваи Бадр гузашт ва ғазваи Уҳуд даррасид, Абдурраҳмон (р) саховатмандияшро бо виқор баланд кард ва дар ин маъракаи ҷанг яке аз пешқадамони мусалмонҳо буд. Ҳар вақте мардум аз атрофи Паёмбари акрам (с) пароканда мешуданд, ӯ (р) собитқадам буд ва бо душман меҷангид, ҳатто, ки бисту як ҷароҳат бардошт. Ва аз асари ин ҷароҳатҳо доим мелангид ва дар гуфтораш низ халале буд ва инҳо ҳамааш ба шуҷоъатмандиву собитқадамиаш далолат менамуданд.[151]

Ҳамчунон рӯзи ғазваи Ҳудайбия вақте, ки Паёмбари акрам (с) аз қарордоди сулҳ фориғ шуд, шоҳидон аз ду тараф аз як сӯ мусалмонҳо ва аз тарафи дигар мушрикон ширкат варзида шоҳидӣ медоданд. Ва яке аз ин шоҳидон аз тарафи мусалмонҳо Абдурраҳмон (р) буд. Ва аз аҳли ин ояти карима ба шумор меравад.

لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا

Сухани Худо:

«Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик подошашон дод».[152]

Пешвои ҷамоъае аз мусалмонҳо дар

Думату-л-ҷандал[153]

Ба ростӣ, Абдурраҳмон (р) дар ҳама ғазваҳое, ки иштирок намуда буд барои душманҳо як балои азиме буд. Ва хусусан дар ғазваи Уҳуд шуҷоъатмандиву далерияшро дар ин ҷанг ва набардҳои дигар зоҳир намуд, ва яке аз шуҷоътарини мусалмонҳо ба шумор мерафт ҳатто, ки ӯро сарлашкари сарлашкарҳо меномиданд.

Дар моҳи шаъбони соли шашуми ҳиҷрӣ Расули акрам (с) Абдурраҳмон (р)-ро ба назди худ хонда, ба ӯ амр кард, ки ҳафсад ҷанговарро омода карда, ба Думату-л-ҷандал биравад.

Абдурраҳмон (р) ба худ тасмим гирифта, салаи сиёҳи пахтагинро ба сараш печонд. Расули акрам (с) ба ӯ наздик шуда, он салаи бастаашро аз сараш гирифта, бо дасти муборкаи худ ба сари ӯ печонд ва аз пушташ ба миқдори чаҳор ангушт фаш бароварда гуфтанд: «Ҳамин тавр салла бибанд, эй писари Авф, зеро, ки ин тавр бастан хубтару маъруфтар аст».

Баъд аз он Паёмбари акрам (с) ба Билол (р) амр кард, ки байрақро ба дасти Абдурраҳмон (р) бидиҳад. Ва баъди ҳамди Худо ба Абдурраҳмон (р) чунин гуфт:

«Бигир байрақро, эй писари Авф ва роҳӣ шавед ба номи Худо ва ҳамаатон якҷоя дар роҳи Худо биҷангед, пас касе, ки имон ба Худо наоварад, бикушедаш ва дар ғаниматҳо хиёнату ғадр ҳам накунед ва кӯдакҳоро макушед. Ин аҳди Худову сирати набияш бо шумо аст».

Пас Абдурраҳмон (р) байрақро гирифта ҳамроҳи ҷамоъаташ ба сӯйи Думату-л-ҷандал ба роҳ баромад. Ҳангоме ки ба он ҷо расиданд, аҳли он мавзеъро ба Ислом овардан даъват намуданд. Пас аз се рӯз хушбахтона, подшоҳашон Асбағ писари Амр писари Саълабаи Калбӣ имон овард, ки қаблан ӯ насронӣ буд.

Абдурраҳмон (р) аз ин фатҳи Худовандӣ Паёмбари акрам (с)-ро хабардор кард. Расули акрам (с) ба ӯ мактуб равон кард, ки духтари подшоҳашонро (ки номаш Тумозир духтари Асбағ аст) ба занӣ бигир. Абдурраҳмон (р) бо ӯ издивоҷ кард. Баъди анҷом додани ин кори муҳим байрақи Расули Худо (с) дар даст ба Мадинаи мунаввара баргашт.[154]

Расули акрам (с) аз паси Абдурраҳмон (р) намоз мегузорад

Вақте, ки лашкари мусалмонҳо дар роҳ ба сӯйи Табук мерафтанд, ин ҳангом Абдурраҳмон (р) дар як эҳтирому иззати бузурге буд, ки ба ҷуз Абубакр (р) дигар касе аз мусалмонҳо ба ин тавр бузургӣ дар он вақт ноил нашуда буданд. Чун вақти намози фаҷр (субҳ) даррасид ва намозро шурӯъ карданд, Расули акрам (с) барои ҳоҷати худ баромада буданд. Мусалмонҳоро Абдурраҳмон (р) имоматӣ кард. Ракъати аввалро тамом накарда, Расули акрам (с) омада ба ӯ иқтидо кард ва Абдурраҳмон (р) ҳис кард, ки Расули акрам (с) аз пасаш иқтидо кардааст ва хост, ки Паёмбари акрам (с)-ро пеш гузаронад, лекин Расули акрам (с) ба сӯяш ишора кард, ки дар ҷоят биист. Ҳамин тавр Расули Худо (с) аз паси Абдурраҳмон (р) намозро адо намуд. Вақте ки Абдурраҳмон (р) салом дод, Паёмбари акрам (с) ба асҳобаш рӯй оварда чунин гуфтанд: «Ба ростӣ ба хайр расидед ва кори хуб ҳам кардед». Мурод ин буд, ки шумо намозатонро дар вақташ хондед.

Баъд аз он Паёмбари акрам (с) фармуданд: «Қабзи рӯҳи набие карда намешавад, ҳатто аз пушти марди солиҳе аз умматаш намоз гузорад».[155]

Сайиди мусалмонон

Умар ибни Хаттоб (р) умми Кулсуми духтари Уқбаро, ки зани Абдурраҳмон (р) буд, дид ва барояш гуфт:

— Оё Расули акрам (с) ба ту гуфт, ки зани сайиду-л-муслимин Абдурраҳмон ибни Авф бишав?

Пас умми Кулсум фармуд:

Бале.

Боре расули Худо (с) Бусра духтари Сафвонро ба назди худ даъват карда, ба ӯ гуфт:

— Умми Кулсумро, ки хостгорӣ кардааст?

Бусра ҷавоб дода гуфт:

— Фалонӣ ва фалон кас ва Абдурраҳмон (р).

Расули акрам (с) фармуданд: «Умми Кулсумро ба Абдурраҳмон писари Авф никоҳ кунед, зеро ӯ аз беҳтарини мусалмонон аст. Ва беҳтарини мусалмонон касе мебошад, ки мисли ӯст».

Баъд аз он умми Кулсум духтари Уқба (р) фармуд: Шахсеро ба сӯйи бародарам Валид фиристодам то, ки омада маро ҳамин лаҳза ба Абдурраҳмон писари Авф никоҳ кунад[156].

Паёмбари акрам (с) чунин мефармуданд: «Абдурраҳмон ибни Авф (р) яке аз пешвоёни мусалмонон аст». [157]

Дар байни дӯстон

Байни Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва Абдураҳмон ибни Авф (р) каме нофаҳмиҳо буд. Рӯзе Талҳа (р) бемор шуд ва Абдурраҳмон (р) ба аёдаташ омад.

Талҳа (р) гуфт: — Қасам ба Худо, эй бародар ту аз ман беҳтару хубтар ҳастӣ.

Абдурраҳмон ибни Авф (р) гуфт: — Эй бародар, ин тавр магӯ.

Талҳа (р) гуфт: — Бале, қасам ба Худо (ҷ), агар ту бемор мешудӣ, шояд ман туро хабаргирӣ намеомадам[158].

Дар яке ҷангҳо байни Абдурраҳмон (р) ва байни Холид ибни Валид (р) хилофу ҳамдигарнофаҳмие шуд ва Холид (р) ба Абдурраҳмон (р) суханҳои сахте гуфт. Абдурраҳмон (р) ба назди Расули акрам (с) рафта, аз Холид (р) шикоят кард.

Расули акрам (с) фармуданд: эй Холид, мардеро. ки аз аҳли Бадр аст, озор мадеҳ. Агар ту ба миқдори кӯҳи Уҳуд тилло дар роҳи Худо (ҷ) сарф намоӣ, амали аҳли Бадрро нахоҳӣ ёфт.

Холид (р) гуфт:

— Бар ман ҳамла мекунанд, пас онҳоро аз худ рад менамоям.

Расули акрам (с) ҳамчун падари меҳрубону дилсӯз барои ислоҳи фарзандонаш дар байни онҳо гуфт:

— Холид (р)-ро озор надиҳед, зеро ки ӯ шамшерест аз шамшерҳои Худованд, ки ӯро Худованд бар болои кофирон фуруд овардааст[159].

Адолат ва ризоят

Абдурраҳмон (р) бо ахлоқи пок ба воя расид ва рашиду оқил ва андешаманд буд. Корҳои ҷоҳилият ва урфу одаташро эътибор намедод. Аз ҷумлаи шахсоне буд, ки дар вақти ҷоҳилият арақро ҳаром шумурда буд. Ва яке аз нафароне буд, ки дар ҳаёти Расули акрам (с) дар Мадинаи мунаввара мусалмонҳоро фатво медод.

Абдурраҳмон ибни Авф (р) шахсе буд, ки дар аҳди Абубакри Сиддиқ (р) ва Умари Хаттоб (р) ва Усмони Зиннурайн (р) мусалмонҳоро ба он чизе, ки аз Паёмбари акрам (с) шунида буд, фатво медод. Ва Умари Форуқ (р) барояш мегуфт, ки барои мо аз Расули Худо (с) ҳадис бигӯ, зеро ту дар назди мо одилу ризоманд ҳастӣ.

Умар (р) сухани Абдурраҳмон (р)-ро гирифта, аз кишвари Шом баргашт ва ба он ҷо надаромад аз ҷиҳати тоъун (як навъ бемории сирояткунанда). Ва ҳамчунон амирулмӯъминин Умар (р) ҳадди (ҷазо додан) арақнӯшро ва инчунин дар гирифтани ҷизя аз маҷусиҳо раъй ва фикри Абдурраҳмон (р)-ро таъйид намуд.

Вақте ки Худованди бузург кишвари Шомро барои мусалмонҳо фатҳ намуд Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Шоҳидӣ медиҳам ин ки Расули акрам (с) барои ман ва Умари Хаттоб (р) заминеро ҷудо карда буд, ки он замин Салил ном дошт, лекин Расули акрам (с) вафот карду барои ман мактубе нанавишт. Ба ростӣ ба ман гуфта буд:

— Вақте ки Худованд барои мо кишвари Шомро фатҳ намояд, пас ҳамон замин барои туст.

Боре Зубайр ибни Аввом (р) аз хонаводаи Умар (р) насибаашонро харид, баъд аз он ба назди халифаи ҳамонвақта, ки Усмон ибни Аффон (р) буд, рафт ва барояш гуфт:

— Ба ростӣ Абдурраҳмон ибни Авф (р) чунину чунон гуфт:

ва ман ҳиссаи хонаводаи Умар (р)-ро харидам.

Ҳазрати Усмон (р) матлаби эътимоднокии Абдурраҳмон ибни Авф (р)-ро таъкид намуда, фармуданд: «Шаҳодати Абдурраҳмон писари Авф (р) аз барои худаш ва барои дигарон қабул аст».[160]

Содиқу солеҳ

Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфтааст:

— Паёмбари гиромиро дар манзили Фотима (р) дидам дар ҳоле ки Ҳасану Ҳусайн аз гуруснагӣ гиря мекарданд. Пас Паёмбари акрам (с) фармуданд: «Кӣ моро навозиш мекунад ва чизе медиҳад?» Пас Абдурраҳмон (р) бо табақе дар даст, ки дар он хурмо, равған, ду нон ва муррабо овард. Сипас Расули акрам (с) ба Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Аллоҳ таъоло корҳои дунёиятро кифоягӣ фармояд ва охирататро бошад ман зомин ҳастам (яъне ҳатман туро шафоъат мекунам)[161].

Ва Паёмбари акрам (с) ба занҳои покаш мегуфт:

— Ба таҳқиқ шахсе, ки баъди ман шуморо нигоҳубин мекунад, вай содиқу солеҳ аст. Эй бор Худоё, Абдурраҳмон ибни Авфро аз салсабили ҷаннат бинӯшон [162].

Абдурраҳмон (р) барои занҳои Паёмбари акрам (с) амонатнигаҳдор буд. Ҳамроҳашон мебаромад ва ҳамроҳашон ҳаҷ мекард ва низ чизҳои лозимаро барояшон таъмин мекард. Ва саховатмандии Абдурраҳмон (р) барои мусалмонҳо, хусусан барои занони Паёмбари акрам (с), ки модарони мусалмонҳо мебошанд, ба ҳадде расид, ки як заминашро ба миқдори 4000-ҳазор динор фурӯхта, ҳамаашро барои фақирони бани Зуҳра ва ҳоҷатмандони мусалмонҳову модарони мӯъминон тақсим намуд.

Пас вақте ки ҳиссаи Оиша (р)-ро аз моли Абдурраҳмон (р) оварда доданд, гуфт:

— Кӣ инро ба ман равон кард?

Барояш гуфтанд, ки Абдурраҳмон (р).

Сипас Оиша (р) гуфт:

— Ба ростӣ шунидам, ки Расули акрам (с) мегуфт: «Лутфу меҳрубонӣ намекунанд бар шумо баъди ман магар, ки сабркунандагон» ва дар ривояти дигар «магар солеҳон». Баъд аз он барои Абдурраҳмон (р) дуъои хайри Паёмбари Худо (с)-ро карда, гуфт:

— Худованд туро аз салсабили ҷаннат сероб гардонад.

Ва инчунин Абдурраҳмон (р) аз барои модарони мӯъминон як боғеро, ки чорсад ҳазор нарх гузошта шуда буд, васият кард[163].

Амини осмону замин

Вақте амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) аз дунё реҳлат менамуд, шаш нафарро аз асҳоби Расули акрам (с) ихтиёр кард то, ки баъди ӯ кори хилофатро пеш баранд. Ва онҳоро хабар дод, ки Расули акрам (с) вафот карду аз онҳо розӣ буд. Пас Абдурраҳмон (р)-ро, ки яке аз ҳамон шашнафара буд, амр кард, то ки намози мардумро бихонад, пас намози мардумро хонд. Пас асҳоби машварат дар як хонае аз мардум дур ҷамъ шуда, дар кори худашон машварат намуданд. Сипас гапҳо бисёр шуданд ва овозҳо баланд шуданд, то ҷое, ки Зубайр (р) амри хилофатро ба сӯйи Алӣ (к.в.) равон кард ва Саъд писари Абуваққос (р) бошад, амри хилофат ба сӯйи Абдурраҳмон (р) ҳавола кард ва Талҳа (р) бошад ҳаққи худро аз амри хилофат ба Усмон писари Аффон (р) гузошт.

Пас вақте амри хилофат дар байни Аливу Усмону Абдурраҳмон (р) мунҳасир шуд, Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Кадоме яке шумо аз ин амр озод мешавед, то ки кори хилофатро ба сӯйи як нафар ҳавола кунем? Худованд ва Исломро бар худ ҳоким медонем, ки албатта беҳтарини яке аз ду марди боқимонда соҳиби хилофат мегардад. Ҳазрати Усмон (р) ва Алӣ (к.в.) хомӯш монданд. Абдурраҳмон (р) чун ин ҳолро дид, тарки хилофатро барои худ авло дониста аз ҳаққи худ гузаштанашро эълон кард ва гуфт: «агар шумо розӣ бошед Худо ва Исломро бар болои худ ҳоким қарор дода иҷтиҳод намоям бар ин ки яке аз беҳтарини ҳардуи шуморо валии баҳақ гардонам». Усмон (р) ба ин фикр розӣ буданашро эълон карда гуфт: бале, ман ба ин фикр розӣ ҳастам. Алӣ (к.в.) бошад гуфт, ки аввалин шахси ба ин фикр розӣ мешудагӣ ин ман мебошам, зеро аз расули Худо (с) шунидаам, ки мегуфт: «Абдурраҳмон писари Авф (р) амини аҳли осмону замин аст».

Пас вақте амрро ба дӯши иҷтиҳоди Абдурраҳмон (р) гузоштанд, то ки афзали мусалмонҳоро ихтиёр карда, валӣ бигардонад, қавм пароканда шуданд. Баъд аз он Абдурраҳмон (р) баромад ва мардумро дар бораи Аливу Усмон (р) суол карда, машварат мепурсид ва дар муддати се шабонарӯз фикрҳои мусалмонҳоро ҷамъ карда, сипас ба намозу дуъову истихора шурӯъ кард ва ин чизро аз Худованд мепурсид, ки кадоми ин ду соҳиби раъйи хуб бошад, барои амри хилофат ҳамонро халифа бигардон.

Чун шаб ба субҳи чаҳорумин рӯзи шаҳодати ҳазрати Умар (р) мерасад ва ҳол он, ки Абдурраҳмон (р) касеро пайдо карда наметавонад, ки майл дошта бошад барои халифа таъин нашудани ҳазрати Усмон (р), бинобар ин ҳардуяшонро-яъне ҳазрати Усмон ва Алӣ (р)-ро ба наздаш мехонад ва мегуяд:

— Ман мардумро аз ҳардуи шумо савол карда пурсидам пас касеро наёфтам, ки маро ба бартарии яке аз шумо далолат кунанд. Сипас Абдурраҳмон (р) ҳар яке аз ин дуро мавриди хитоб қарор дода, фазилатҳояшонро барояшон гуфт ва аз ҳар яке аз ин ду аҳду паймон гирифт бар ин, ки агар кадоме аз ин ду халифа шавад, бояд ки адл кунад ва агар бар болои ӯ дигарӣ халифа шавад, бояд гӯш биандозад ва итоъат кунад.

Баъд аз он Абдурраҳмон ҳардуи онҳоро гирифта ба масҷид даромад ва саллае, ки Паёмбари акрам (с) ба сари ӯ баста буд, онро бар сараш монда шамшерро ба бараш гирифта, рӯ ба рӯйи мардуми муҳоҷиру ансор баромад, баъд аз он ба мардум нидо карда гуфт:

— Намози ҷамъоат аст, намози ҷамъоат аст. Чун масҷиди набавӣ пур аз одам шуд, ҳатто, ки ба мардум ҷой нарасид то ҷое, ки барои Усмон (р) ҷой намонд, ки бинишинад ва дар ақиби ҷамоъаи мардум нишаст. Баъд аз он Абдурраҳмон (р) ба минбари Расули акрам (с) баромада, вуқуфи бисёре карда дуъои дарозе хонд, ки аз мардум касе намешунид, баъд аз он ба мардум рӯ оварда гуфт:

— Эй мардум ман шуморо дар бораи хостанатон яке аз ин ду шахсияти бузургро пинҳону ошкор ҷӯё шудам, вале наёфтам касеро, ки ё аз Усмон (р) ва ё Алӣ (к.в.) бигзарад. Акнун эй Алӣ (р) ба назди ман биё. Чун Алӣ (к.в.) аз ҷояш бархост ва ба зери минбари Паёмбари акрам (с) омада истод, Абдурраҳмон (р) аз дасташ гирифта гуфт:

— Оё ту маро байъат мекунӣ бар китоби Худо ва суннати Паёмбараш ва ба кардаи Абубакр ва Умар (р)?

Пас Алӣ (к.в.) Гуфт:

— Эй бор Худоё, не, лекин ба қадри иститоъатам. Пас Абдурраҳмон (р) дасташро сар дода гуфт:

— Аз ҷоят бархез, эй Усмон (р), пас аз дасти Усмон (р) гирифта, барояш гуфт:

— Оё ту маро байъат мекунӣ бар китоби Худо ва суннати Расулаш ва кардаи Абубакр ва Умар (р)? Пас ҳазрати Усмон (р) гуфт:

— Эй бор Худоё, бале! Дар ин вақт Абдурраҳмон (р) сарашро ба тарафи сақфи масҷид бардошта, дасти Усмон (р)-ро баланд карда гуфт:

— Эй бор Худоё, бишнав ва шоҳид бош, эй бор Худоё бишнав ва шоҳид бош, эй бор Худоё бишнав ва шоҳид бош, ки он чи дар гардани ман буд, ба гардани Усмон (р) гузоштам. Баъд аз он Абдурраҳмон (р) дар ҷои Паёмбари акрам (с) нишаста, Усмон (р)-ро дар поёнтари аз худаш бинишонид ва мардум ҳама омада бо Усмон (р) байъат менамуданд ва Алӣ (к.в.) барои байъат пешо-пеши мардум буд. Ва ҳамин тавр Абдурраҳмон (р) тақводорӣ ва амонатдориашро дар амри хилофат нишон дод. [164]

Ҳаракат дар Мадинаи мунаввара

Абдурраҳмон ибни Авф (р) шахси бисёр фурӯтан буд, ки дар байни ғуломонаш ӯро шинохта намешуд. Саховатманд ва марди покдилу поксиришт буд.

Абдурраҳмон ибни Авф (р) мегуфт:

-Ба шиддату сахтӣ озмоиш карда шудем, пас сабр кардем ва ба сиҳативу хушӣ озмоиш карда шудем, пас сабр накардем.

Абдурраҳмон (р) аз бисёрии молдориаш бузургаш доим дар тарсу ҳарос буд ва гирди Байтуллоҳ тавофу зиёрат мекард ва мегуфт:

— Эй бор Худоё, маро аз бахилии нафсам нигоҳ дор!

Боре Абдурраҳмон (р) ба назди модари мӯъминон Умми Салама (р) даромад ва барояш гуфт:

— Эй модарам, ман метарсам ин ки бисёр будани молам маро ҳалок накунад, зеро ки ман дар байни мардуми Қурайш аз ҳама сарватмандтар ҳастам. Умми Салама (р) барояш гуфт:

— Эй писарам, садақа бикун, зеро ки ман Паёмбари Худо (с)-ро шунида будам, ки мегуфтанд: «Ба таҳқиқ аз асҳоби ман шахсест, ки намебинад маро баъд аз ин ки аз ӯ ҷудо мешавам».

Сипас дасташро барои хайр кардан боз кард, гӯё ки ӯ аз фақирӣ ҳеҷ наметарсад. Пас дар як рӯз сӣ ғуломашро озод кард ва ҷумлагӣ ғуломоне, ки ӯ озод кардааст, сӣ ҳазорро ташкил мекунад. Баъд аз он чиҳил ҳазор динорро садақа намуд, боз ҳам баъди ин ҷиҳил ҳазор динори дигарро садақа кард ва ҳамчунон панҷсад аспро дар роҳи Худо (ҷ) дод, баъд аз он як ҳазору панҷсад роҳиларо (шутурони борбар) дар роҳи Худо (ҷ) ҳиба намуд.

Як рӯз ъире (корвонест аз шутурҳо) аз тарафи кишвари Шом, ки аз Абдурраҳмон (р) буд, баргашт ва ҷумлагӣ ҳафсад роҳила буданд, пас вақте ки ба Мадинаи мунаввара даромаданд ва садои сумбҳои ин чорпоён баланд шуд, пас уммулмӯъминин Оиша (р) гуфт:

— Ин садои ҳаракати чист? Барояш гуфта шуд, ки роҳилаест аз Абдурраҳмон (р), ки иборат аст аз ҳафсад шутур пур аз гандуму орд ва дигар хӯрока.

Пас Оиша (р) гуфт:

-Ҳақиқатан ҳам, ман аз Расули Худо (с) шунида будам, ки мегуфт:

«Абдурраҳмон писари Авф (р) аз рӯйи атову саховаташ дохили Ҷаннат мешавад».

Чун ин хабар ба гӯши Абдурраҳмон (р) расид, ба назди Оиша (р) омада аз он чи ки шунида буд, суолаш кард. Оиша (р) хабарро барояш ҳикоят фармуд. Сипас Абдурраҳмон (р) гуфт:

— Қасам ба Худо, агар ман тавонам, ҳароина росто дохил мешавам ҷаннатро. Эй модари бузургворам, ту шоҳид бош, ки ҳамаи ин корвонам ҳамроҳи борҳояшон дар роҳи Худои бузургу меҳрубон садақа аст[165].

Беҳтарин ҳамнишин

Навфал ибни Илёси Ҳузалӣ (р) гуфт:

— Абдурраҳмон (р) ҳамнишини мо буд ва беҳтарин ҳамнишин буд. Рӯзе ба хонаи ӯ (р) омадем ва ӯ даромада, ғусл гирифт. Баъд аз он омада ҳамроҳамон нишаст ва моро ба як табақе, ки пур аз нону гӯшт буд, меҳмондорӣ кард. Ҳангоми ниҳодани ин табақ Абдурраҳмон (р) гирён шуд. Аз Ӯ пурсидем, ки чи туро гирён кард, эй Абумуҳаммад?

Абдурраҳмон ибни Авф (р) гуфт:

-Расули акрам (с) ва аҳлу байти ӯ аз нони ҷавин сер накарда буданд, мо бошем нону гӯшт мехӯрем дар ҳоле, ки Ӯ (с) беҳтарини мо буд[166].

Боре ба назди Абдурраҳмон таъоме оварданд ва ӯ рӯзадор буд, ба он нигариста гуфт:

— Мусъаб писари Умайр (р) кушта шуд, дар ҳоле, ки вай беҳтар аз ман буд ва либосе наёфтем, ки ӯро кафан кунем, пас бо либоси баданаш ӯро кафан карда шуд, ки агар сарашро мепушондем пойҳояш луч мемонд ва агар пойҳояшро мепӯшондем сараш кушода мемонд. Ҳамза (р) кушта шуд дар ҳоле, ки ӯ беҳтар аз ман буд, барои ӯ ҳам чизе наёфтем, ки кафанаш кунем. Баъд аз он барои мо аз дунё дода шуд, он чизе, ки дода шуд ва расид аз дунё барои мо он чизе, ки расид ва акнун ман метарсам, ки аз ҷумлаи касоне набошам, ки дар дунё барояшон дода мешаваду бас ва низ метарсам ки аз рафиқонам пасмон шавам аз ҷиҳати бисёрии молам. Баъд аз он бисёр гирист то ин ки он таъомро тарк кард[167].

Хушбахтӣ дар охират

Бемории Абдурраҳмон ибни Авф (р) авҷ гирифта, ӯро ба дарду ранҷ вомегузошт, пас ба шиддати касалии худ машғул буд. Дар як шабе беҳуш шуда афтид, ҳатто, ки мардум гумон карданд, ки рӯҳаш баромадааст, пас вақте ба ҳуш омад гуфт:

— Оё ман, бехуд шудам?

Мардум гуфтанд:

— Бале!

Пас фармуд:

— Ба таҳқиқ маро ду малак омада, гуфтанд:

— Биё ҳамроҳи мо, туро муҳокима мекунем дар назди Азизи Амин. Пас маро ҳамроҳи худ бурданд, то ҷое, ки як малакро диданд. Ӯ барояшон гуфт:

— Куҷо мебаред инро? Гуфтанд, ки ба сӯйи Азизи Амин, то муҳокимааш кунем. Пас он малак гуфт, ки инро ба ҳоли худ гузоред, зеро ки ӯ аз ҷумлаи касонест, ки дар ҳоли дар батни модар буданаш хушбахтиро соҳиб гашта аст.

Баъд аз ин ҳодиса Абдурраҳмон (р) як моҳи дигар зиндагӣ карда, сипас дар Мадинаи мунаввара дар соли 32-уми ҳиҷри, дар синни 75-солагӣ вафот кард. Ва намози ҷанозаашро Усмон ибни Аффон (р) хонд ва дар гӯристони Бақиъ дафн карда шуд ва яке аз бардорандагони тобуташ Саъд ибни Абуваққос (р) буд. Ҳазрати Алӣ (к.в.) ӯро видоъи охир карда, мегуфт:

— Бирав, эй писари Авф, пас ба ростӣ ту афзалтарин ҷойро дарёфтӣ ва аз ифлосӣ ба ту чизе олуда нашуд[168].

Вакили Худову Расул

Абдурраҳмон писари Авф (р) як рӯзе дар замони ҳаёти Расули акрам (с) бемор шуд. Пас сеяки молашро васият кард, баъд вақте аз беморӣ халос ёфт, ин моли васияткардаашро ба дасти худаш садақа кард, сипас ҳазор аспро дар роҳи Худо (ҷ) садақа намуд ва низ панҷоҳ ҳазор динори дигарро барои хушнудии Худованд садақа дод. Баъд аз он дар байни мардум фарёд карда гуфт:

— Эй асҳоби расули Худо (с), кадоме аз шумо аз аҳли Бадр бошад, барояш аз ҷониби ман чаҳорсад динор ҳадя дода мешавад. Усмон (р) аз ҷояш хеста ҳамроҳи мардум рафт, пас барояш гуфта шуд:

— Эй Усмон (р), оё ту сарватманд нестӣ?

Усмон (р) гуфт:

— Ин ҳадяву атия аст аз Абдурраҳмон (р) аз моли ҳалолаш на ин ки садақа. Пас Абдурраҳмон (р) дар ҳамон рӯз ба аҳли Бадр яксаду панҷоҳ ҳазор динор садақаву инфоқ кард, пас вақте шаб шуд, дар хонааш нишаста, як рӯйхате тартиб дод ба мақсади тақсим намудани ҳамаи молаш барои муҳоҷирину ансор, ҳатто, ки дар он навишт, либоси баданам аз фалон кас ва саллаи сарам аз фалон кас ва аз молаш чизе намонда, балки ҳамаашро барои фақирон навишт.

Пас вақте, ки намози субҳро аз паси Расулуллоҳ (с) хонд, Ҷабраил (а) омад ва гуфт :

— Эй Муҳаммад (с), Худованд (ҷ) бароят мефармояд, ки ба Абдурраҳмон аз ҷониби ман салом бигӯ ва рӯйхаташро аз ӯ қабул бикун, баъд аз он ба ӯ боз бигардон ва барояш бигӯ:

— Ба таҳқиқ Худованд (ҷ) садақаи туро қабул кардааст ва Абдурраҳмон вакили Худову вакили Расулаш аст, пас молашро чи тавре ки мехоҳад сарф кунад, ҳамчуноне, ки пештар сарф мекард ва ба ӯ ҳисобе нест ва хушхабараш бидеҳ.[169]

Ва аз дуъоҳои Паёмбари акрам (с) барояш ин буд, ки «Худованд дар молат туро баракат диҳад ва ҳисобатро дар рӯзи қиёмат сабук бигардонад».[170]

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Насаби Саъд (р)

Ӯ Саъд ибни Абуваққос аст ва номаш Молик ибни Вуҳайб (баъзеҳо Уҳайб гуфтанд) ибни Абдулманоф ибни Зуҳра ибни Килоб ибни Мурра… Қурайшии Зуҳрии Маккӣ мебошад. Абуваққос кунияташ ба ҳисоб меравад.

Модараш: Ҳамна бинти Суфиён ибни Умая, духтари амаки Абусуфиён ибни Ҳарб ибни Умая аст.

Фарзандонаш:

— Исҳоқи Акбар ва Умми Ҳаками Кубро, ки модарашон духтари Шиҳоб ибни Абдуллоҳ ибни Ҳорис ибни Зуҳра мебошад;

— Омир, Исҳоқи Асғар, Исмоил ва Умми Имрон, ки модари инҳо Умми Омир бинти Амр мебошад;

— Иброҳим, Мӯсо, Умми Ҳаками Суғро, Умми Амр, Ҳинд, Умми Зубайр ва Умми Мӯсо, ки модарашон Забад духтари Ҳорис ибни Яъмура ибни Шуроҳила мебошад;

— Мусъаб, ки модари ӯ Ҳавла духтари Амр ибни Авс мебошад;

— Абдуллоҳи Асғар, Буҷайр (номи асосиаш Абдурраҳмон) ва Ҳумайда, ки модарашон Умми Ҳилол духтари Рабеъ ибни Мурра мебошад;

— Умайри Акбар ва Ҳамна, ки модарашон Умми Ҳакам духтари Қориз аз қавми Кинона, мебошад. Ва Кинона аз ҳампаймонҳои бани Зуҳра буд;

— Умайри Асғар, Амр, Умрон, Умми Амр, Умми Айюб, Умми Исҳоқ, ки модарашон Салмо духтари Ҳасфа мебошад.

— Солеҳ, ки модараш Тайиба духтари Омир ибни Утба мебошад;

— Усмон ва Рамла, ки модарашон Умми Ҳуҷайра мебошад;

— Амра (ин духтарро Суҳайл ибни Абдурраҳмон ибни Авф ба занӣ гирифт), ки модараш зане аз асираҳои араб буд;

— Оиша духтари Саъд.

Саъд ибни Абуваққос ҳамагӣ 11 зан ва 30 фарзанд дошт, ки 15 писару 15 духтар буданд.

Ислом овардани Саъд

Пеш аз мусалмон шуданаш Саъд (р) дар хоб дид, ки дар маконе торику зулмонӣ роҳгум задааст ва чизеро намебинад. Ногоҳ рӯшноии моҳро дид ва дунболи он рӯшноӣ равон шуд. Дар пеши худ чанд нафареро дид, ки онҳо низ ҷониби рӯшноӣ мерафтанд. Ва ба онҳо наздик шуда, Зайд ибни Ҳорис, Алӣ ибни Абутолиб (к.в.) ва Абуакри Сиддиқ (р)-ро шинохт ва аз онҳо пурсон шуд:

— Шумо кай ба ин ҷо омадед?

Гуфтанд:

— Ба қарибӣ.

Вақте ки Саъд аз хоб бедор шуд, рӯз равшан шуда буд. Худи ҳамон рӯз хабар ёфт, ки Расули акрам (с) ба тарзи пинҳонӣ ба Ислом даъват мекунад. Ин ҳодиса қабл аз маъво гирифтани Паёмбар (с) ва асҳоби киром дар хонаи Арқам (р) буд.

Саъд андеша карда, ба хулосае омад, ки Худованд ба ӯ некӣ мехоҳад ва хостааст, ки ӯро аз зулмот ба рӯшноӣ барорад. Саъд (р) бо шитоб назди Расули акрам (с) равона гардид ва ӯро дар кӯҳи наздикии Макка, дар ҳоле, ки намози асрро мехонд, дучор омада, гуфт:

— Эй Муҳаммад (с), ба сӯйи чӣ даъват мекунӣ?

Расули Худо гуфтанд:

«Шоҳидӣ бидеҳ, ки ҷуз Аллоҳ маъбуде барҳақ нест ва Муҳаммад расули Худо аст».

Саъд (р) калимаи тавҳидро ба забон овард ва аз нури он қалбашро мунаввар сохт. Дар он рӯз Саъд ҳабдаҳ сола буд ва аз ҷумлаи аввалин собиқадорони Ислом гардид, ки Худованд синаҳояшонро барои қабули нури имон мунаввар гардонид.

Расули акрам (с) аз мусалмон шудани Саъд ибни Абуваққос (р) бағоят хушнуд шуд, зеро модари Паёмбар (с) Омина бинти Ваҳаб аз қабилаи бани Зуҳра ва духтари амаки Саъд (р) буд. Аз ин ҷиҳат Расули акрам (с) Саъд (р)-ро бениҳоят эҳтиром мекард ва вақте Саъд наздик меомад, Паёмбар (с) аз миёни асҳоб бо лутф аз Саъд ифтихор карда, мегуфт: «Саъд тағои ман аст, ку кӣ тағояшро ба ман нишон медиҳад».

Эй модаркуш

Саъд (р) шахси раҳмдилу меҳрубон буд ва нисбат ба падару модар муҳаббати бепоён дошт, махсусан модарашро бениҳоят дӯст медошт. Вале модараш чун хабар ёфт, ки фарзандаш мусалмон шудааст, ғазабаш ҷӯш зад. Тасаввур карда наметавонист, ки чӣ гуна писари ҳабдаҳ-солааш аз дини аҷдодиаш рӯй мегардонад?!

Баъд аз он ки тамоми кӯшишҳои модари Саъд (р) барои аз роҳи Худо баргардонидани фарзандаш ба шикаст мувоҷеҳ шуд, усулеро пеш гирифт, ки ҳама боварӣ доштанд, ки ин усул иродаи Саъд (р)-ро мешиканад. Модар ба фарзандаш гуфт: «Эй Саъд, ин динатро тарк мекунӣ ё ман аз хӯрданиву пӯшиданӣ даст мекашам, то бимирам ва ту қотили модар номида мешавӣ».

Саъд ибни Абуваққос (р) дар ҳолати ногувор монда буд. Ӯ бояд аз ду якеро интихоб мекард. Модараш аз таъом даст кашид, то аз гуруснагӣ бимирад. Аммо дили Саъд барои Ислом кушода шуда буд ва бозгашт ба торикии куфрро ҳаргиз намепазируфт. Ҳарчанд ҳаёти модараш ҳам вобаста ба он бошад, Худованд аз ҳама болотару бузургвортар аст. Дар ҳамин лаҳза имони мисли кӯҳ побарҷову мустаҳками Саъд мисли тӯфон дар баҳри дилаш туғён кард ва чизе дар назараш нанамуд. Саъд (р) ба модараш гуфт:

— Эй модар, ин корро накун! Ман динамро ҳаргиз тарк намекунам. Модари Саъд (р) ба фарзандаш эътиборе надод ва аз таъом билкул даст кашида, барои расидан ба мақсад ҷаҳду талоши зиёде кард. Чун Саъд аҳволи модарашро дид, ба ӯ бо қатъият гуфт:

— Эй модар, дониста бош, қасам ба Худо, агар сад ҷон дошта бошӣ ва ҷонҳоят ҳар яке паси якдигар барояд ҳам, ман аз динам даст намекашам. Дар хӯрдан ё нахӯрдани таъом ихтиёр дорӣ.

Чун модари Саъд салобат ва устувории фарзандашро дид, аз нияташ даст кашид ва дубора ба ғизо рӯй овард.[171]

Худованд вобаста ба ин ҳодиса оят нозил кард:

وَإِن جَاهَدَاكَ عَلى أَن تُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا وَصَاحِبْهُمَا فِي الدُّنْيَا مَعْرُوفًا وَاتَّبِعْ سَبِيلَ مَنْ أَنَابَ إِلَيَّ ثُمَّ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Сухани Худо:

«Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон макун. Дар дунё бо онҳо ба тариқе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегардад, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам».[172]

Аввалин мубориз дар Ислом

Баъд аз се соли нубувват Худованди азза ва ҷалла паёмбарашро амр кард, ки даъваташро ошкор намояд ва бар озору азияти мушрикон сабр кунад. Асҳоби Паёмбар (с) ҳар вақте намоз хонданӣ мешуданд, ба гӯшае аз канораҳои Макка рафта, аз мушрикон пинҳонӣ намоз мехонданд.

Рӯзе Саъд ибни Абуваққос (р) ҳамроҳи як нафар аз саҳобагон дар гӯшае аз гӯшаҳои Макка намоз мехонданд, ки ногоҳ ҷамъоате аз мушрикони Макка расида омаданд ва ба таҳқиру истеҳзои онҳо шурӯъ карданд. Ба ин ҳам қонеъ нашуда, аз пайи зарбу лати онҳо шуданд. Саъд (р) барои ҳимояи ҳамроҳаш далерона аз ҷой бархост ва устухони партофташудаи уштурро гирифта, марде аз мушриконро зада маҷрӯҳ кард. Ин аввалин хуне буд, ки баҳри ҳимояи Ислом резонида шуд.

Ҳамчунин озору азияти мушрикон барои Паёмбар (с) ва асҳобашон муддати тӯлонӣ боқӣ монд. Саъд (р) низ сабрро пеша карда, насибаи худро аз озору азият ва қаҳтию гуруснагӣ таҳаммул мекард.

Боре шабона Саъд (р) барои қазои ҳоҷат берун баромад. Дар он ҳангом ҳис кард, ки чизе дар зери пояш садо мебарорад. Саъд (р) он чизро аз замин гирифта дид, ки пораи пӯсти уштур аст. Онро шуста дар оташ сӯхт, сипас онро байни ду санг гузошта онро орд кард. Сипас каме орди онро ба даҳон партофта, аз болояш об нӯшид. Ҳамин тавр се рӯз хӯрокаш ҳамин орди аз пӯсти уштур буд.

Ҳангоме ки Паёмбар (с) бо мушрикон гуфтушунид мекард ва ҳамроҳаш шаш саҳоба бо шумули Саъд (р) буд, мушрикон ба Паёмбар (с) гуфтанд:

— Инҳоро аз наздат бирон. Инҳо ҷуръати бо мо даст боло кардан надоранд. Дар ҳамин лаҳзаҳо Худованд ба Расулаш ояти муборакро нозил кард:

وَلاَ تَطْرُدِ الَّذِينَ يَدْعُونَ رَبَّهُم بِالْغَدَاةِ وَالْعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجْهَهُ مَا عَلَيْكَ مِنْ حِسَابِهِم مِّن شَيْءٍ وَمَا مِنْ حِسَابِكَ عَلَيْهِم مِّن شَيْءٍ فَتَطْرُدَهُمْ فَتَكُونَ مِنَ الظَّالِمِينَ

Сухани Худо:

«Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон дароӣ».[173]

Дере нагузашта Худованд ба Паёмбар (с) ва мусалмонон иҷозати ҳиҷратро дод. Саъд ибни Абуваққос (р) ҳамроҳи бародараш Умайр (р) пеш аз қудуми Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат карданд ва дар манзили Утба фуруд омаданд.

Вақте ки Паёмбар (с) ба Мадина қадам ранҷа карданд, байни Саъд ибни Абуваққос (р) ва Саъд ибни Муъози ансорӣ бародархондагӣ эълон намуданд. Пеш аз ҳиҷрат бошад, Саъд ибни Абуваққос (р) бо Мусъаб ибни Умайр паймонӣ бародархондагӣ доштанд.[174]

Савораи Ислом

Саъд ибни Абуваққос (р) аз моҳиртарин ва машҳуртарини тирандозони аҳди Расули акрам (с) ба шумор мерафт. Саъд (р) аз рӯзе, ки имон оварда буд, аз саворагони ҷонфидои Паёмбар (с) ба ҳисоб мерафт ва ҳар ҷое, ки барои Ислом мушкиле эҷод мекарданд, он ҷо ҳозир мешуд. Аз ин рӯ ӯро савораи Ислом меномиданд.

Рӯзе аз рӯзҳо Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд: «Эй Саъд, ту ҳар ҷое, ки бошӣ, нусратбахши дин ҳастӣ».

Ибни Аббос (р) аз Паёмбар (с) шунид, ки ҷойи дигар мегуфтанд:

— Саъд ибни Абуваққос (р) баробари ҳазор марди савора аст.[175]

Баъд аз ҳиҷрат Саъд ибни Абуваққос (р) дар якчанд сафарҳои ҳарбие, ки қабл аз ғазваи Бадр баргузор шуда буданд, иштирок дошт. Дар яке аз ин гуна сафарҳо ӯ ҳамроҳи Ҳамза ибни Абдулмутталиб (р) (амаки Паёмбар (с)) буд ва сарварии гурӯҳи муборизонро Саъд ба ӯҳда дошт. Ин гурӯҳ аз бист нафар иборат буд ва бо дастури Паёмбар (с) бояд ба минтақаи Харрори сарзамини Ҳиҷоз мерафтанд ва бо корвони қурайшиҳо даргир мешуданд. Вале онҳо бо касе дучор наомада, ба Мадинаи мунаввара баргаштанд.

Саъд ибни Абуваққос (р) иштирокчии фаъоли ҷангҳои Бадру Уҳуд буд ва дар ғазваи Уҳуд, вақте ки мусалмонон шикаст хӯрда парешон шуданд, Саъд ҳамроҳи Паёмбар (с) муборизаро идома дода, дар ҷояш устувор истод.

Инчунин Саъд дар ғазваи Хандақ ва сулҳи Ҳудайбия ҳозир буд ва аз ҷумлаи шахсоне аст, ки бо Паёмбар паймони Ризвонро баст ва Паёмбар (с) дар ҳамон макон дар бастани сулҳи Ҳудайбия бо мушрикон Саъдро шоҳид гирифт.

Саъд (р) шоҳиди фатҳи Макка гардид ва дар он рӯзи муборак яке аз се парчами муҳоҷиронро дар даст дошт. Саъд (р) аз ягон муҳорибае, ки Паёмбар (с) шоҳиди он буд, сар напечидааст.[176]

Аввалин тирандоз

Моҳи шавволи соли аввали ҳиҷрӣ Паёмбар (с) аввалин парчамро ба Убайда ибни Ҳорис дод ва ӯро ҳамроҳ бо шаст нафар аз муборизони муҳоҷир, ки Саъд низ миёни онҳо буд, ба мавзеъи Робиғи сарзамини Хиҷоз фиристод. Мусалмонон гурӯҳи калони мушрикони Қурайшро дучор омаданд. Миёни ин ду гурӯҳи мутахосим оташи ҷанг аланга гирифт. Саъд дар ҳамин макон ҷониби мушрикон тир андохт, ки он аввалин тири дар роҳи Худо андохташуда буд.

Ғазваи Бадр

Саъд ибни Абуваққос (р) яке аз ширкаткардагони фаъоли ғазваи Бадр буд. Дар майдони муҳориба ӯ қаҳрамонона ҷангид, ҳатто биме аз марг надошт. Дар он рӯз Саъд ду нафар аз мушриконро асир гирифт ва Саъид ибни Осро, ки яке аз пешвоёни мушрикон буд, ба қатл расонда, шамшерашро гирифт. Шамшери Саъид ибни Ос калон ва зебо буд. Саъд ибни Абуваққос (р) онро ба даст гирифта, назди Паёмбар (с) омад. Паёмбар (с) ба Саъд гуфт: «Шамшерро дар кафи дасти соҳибаш бигзор» (зеро он вақт ғанимати ҷангӣ ҳанӯз ҳалол набуд). Саъд (р) баргашт ва гуфтаи Паёмбар (с)-ро ба ҷо овард. Саъд (р) ба майдони мубориза баргашт ва мардона ҷангид. Дар ҳамин асно Худованд ба Паёмбараш сураи Анфолро (ғаниматҳо) нозил кард. Баъдан вақте Паёмбар (с) Саъдро дучор омада ба ӯ гуфт: «Бирав ҳамон шамшератро бигир».

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р), ки яке аз саҳобагони машҳур аст, дар бораи Саъд ибни Абуваққос (р) чунин гуфтааст:

— Рӯзи Бадр Саъд (р)-ро дидам, ки далерона меҷангид.

Дар ин ғазва барои Саъд каромати бузурги дигаре низ муяссар шуд. Ӯ ду малоикаи муқарраби даргоҳи илоҳӣ, Ҷабраил (а) ва Микоил (а)-ро дид, ки либосҳои сафед бар тан доштанд ва яке ҷониби рост ва дигаре аз ҷониби чапи Паёмбар (с) истода, бо мушрикон меҷангиданд ва Паёмбар (с) бо хушнудӣ ба эшон менигарист ва аз фатҳу зафаре, ки Худованд насибаш гардонида буд, шукргузорӣ мекард.

Падару модарам фидоят

Вақте ки дар ғазвави Уҳуд мусалмонон бо шикаст рӯ ба рӯ шуданд ва аз Паёмбар (с) ҷуз чанд нафар, ҳама ҷудо гардиданд. Саъд (р) яке аз онҳо буд, ки бо камонаш аз Паёмбар (с) ҳимоят кард. Ҳар як тире, ки Саъд (р) меандохт, як мушрикро аз миён мебурд. Вақте Паёмбар (с) ин гуна тирандозии Саъдро дид, тирҳояшро ба ӯ дод ва ба тирандозӣ далераш карда гуфт:

— Падару модарам фидои ту бод, тирборон кун.

Дар аснои тирандозии Саъд (р) Паёмбар (с) дар майдони муҳориба марде аз мушриконро дид, ки дар куштани мусалмонон ҷидду ҷаҳди зиёд дорад. Инро дида Паёмбар (с) ба Саъд (р) тиреро дод, ки пайкон надошт ва амр кард, ки ҳамон мушрикро бизан. Саъд (р) он тири бепайконро гирифта, паронд. Тир парвозкунон рафта, ба пешонии мушрик бархӯрд ва ӯ пуштнокӣ афтод ва пойҳояш ба ду ҷониб пароканда шуд ва ҳама ҷояш намоён шуд. Паёмбар (с) аз ин нишоназании Саъд (р) ва ҳоли мушрик хандааш омада, хандид, ҳатто дандонҳояш намоён шуданд.

Саъд ибни Абуваққос (р) рӯзи Уҳуд қариб ҳазор тир аз камонаш андохт. Аз худи ӯ ривоят аст, ки мегӯяд:

— Дар рӯзи Уҳуд ҳар боре тир меандохтам марде сафедпӯши хушчеҳраи ношинос онро ба ман бозмегардонд. Баъди муҳориба гумонам ғолиб шуд, ки ӯ малак буд.

Оиша духтари Саъд (р) аз корнамоиҳои падараш ифтихор карда, мегӯяд: «Ман духтари муҳоҷире ҳастам, ки Паёмбар (с) ба ӯ дар рӯзи Уҳуд «Падару модарам фидоят» гуфт. [177]

Посбони некӯкор

Расули акрам (с) дар яке аз ғазваҳо шаб дер боз хоб рафта натавонист, зеро аз ҳамлаи душман эмин набуд. Аз ин рӯ ба Оиша (р) гуфт: «Кош марди солиҳе аз асҳобам имшаб маро посбонӣ мекард». Дере нагузашта аз беруни хайма садои қадаммонӣ ва овози силоҳ шунида шуд. Расули акрам (с) гуфтанд: «Ин кист?»

Дар ҷавоб марде гуфт:

— Ман Саъд ибни Абуваққос (р) ҳастам, эй расули Худо (с).

Паёмбар (с) гуфтанд: «Чӣ туро ба ин ҷо овард?»

Саъд (р) гуфт:

— Ноамние барои расули Худо (с) эҳсос кардам ва барои посбонияш омадам.

Расули акрам (с) барои Саъд (р) дуъо карданд ва ором гирифта зуд хобашон бурд. [178]

Марде аз аҳли ҷаннат

Беҳтарин фазилатҳои Саъд ибни Абуваққос (р) рӯҳи пок ва қалби моил ба Худо буд. Аз тарси Худо бисёр ашк мерехт. Ҳар гоҳ мавъизаҳои Паёмбар (с)-ро мешунид, беихтиёр ашки чашмонаш мисли сели баҳорон ҷорӣ мешуд ва ришашро тар мекард. Нисбат ба ягон нафар мусалмон кина ва ба ягон махлуқ нияти бад надошт. Танҳо сухани некӯ мегуфт.

Рӯзе Паёмбар (с) ҳамроҳи асҳоб нишаста буданд. Ногоҳ чашмони Паёмбар (с) ба уфуқ духта шуданд ва дуру дароз суханони касеро, ки паст-паст ва махфӣгап мезад, бо диққат гӯш карданд. Баъд аз ин ба асҳоби киром рӯй оварда, гуфтанд: «Ана ҳозир ба назди шумо марде аз аҳли ҷаннат ворид мешавад».

Чашмони саҳобагон ба дар дӯхта шуданд, то ки он марди хушбахтро, ки ба ҷаннат башорат ёфт, бубинанд. Ҳар як орзу мекарданд, ки худи онҳо бошанд. Ҳамин лаҳза Саъд ибни Абуваққос (р) вориди хона гардид.

Рӯзи дигар Расули акрам (с) ҳамон гуфтаашонро такрор карданд ва ин бор ҳам Саъд ибни Абуваққос (р) аз дар даромад. Дар рӯзи сеюм низ ҳамин кор такрор ёфт.

Дар рӯзи сеюм баъди он ки Паёмбар (с) аз хона баромаданд, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) аз дунболи Саъд ибни Абуваққос (р) равона шуд ва дар роҳ ба ӯ гуфт:

— Маро падарам сарзаниш кард ва қасам хӯрдам, ки се шабонарӯз ба хона намеравам. Агар маро дар хонаат ҷой диҳӣ, се шабонарӯз ҳамроҳат меистам, то ки қасамам ба ҷо биёяд ва ба хона баргардам.

Ҳамин тавр, Абдуллоҳ дар хонаи Саъд (р) се рӯз зиндагонӣ кард, аммо ғайр аз ибодатҳои ҳаррӯза дигар ягон амали изофие аз Саъд (р) мушоҳида накард. Дар рӯзи сеюм Абдуллоҳ дар назди Саъд (р) нишаст ва ба ӯ гуфт:

— Ман се бор шунидам, ки Расули акрам (с) дар се нишастанашон гуфтанд: «Ба назди шумо аз ин дар марде аз аҳли ҷаннат ворид мешавад». Дар ҳар се маротиба ту, эй Саъд (р) вориди хона шудӣ. Аз ин рӯ дар хонаат сокин шудам, то ки амали туро бубинам ва аз ту пайравӣ намоям, то ки он чиро ки ту ноил шудӣ, ман низ ба даст биёрам. Вале ибодатҳои зиёд аз ту мушоҳида накардам. Сабаби комёбиатро ба ман бигӯ».

Саъд (р) бо хоксорӣ ва тавозӯъ гуфт:

— Ғайр аз ибодатҳое, ки мушоҳида кардӣ, дигар амали беш надорам, вале ман бар ягон мусалмон кина намегирам ва бар ягон кас бадӣ намехоҳам ва ҷуз сухани нек намегӯям

Абдуллоҳ ибни Амр (р) инро шунида гуфт:

— «Ин чизест, ки насиби ту гаштааст ва ман тоқати онро надорам».

Он чизе ки ба покдилии Саъд (р) далолат мекунад ин аст, ки чун боре байни ӯ ва байни Холид ибни Валид (р) мубоҳиса ва муноқишае ба вуқуъ пайваст, марде назди Саъд (р) омад ва аз Холид (р) ғайбат кард. Саъд (р) ӯро маҷоли сухан надод ва ба ӯ гуфт:

— Он чизе, ки байни мо гузашт, ба дини мо дахл надорад[179].

Васияти Саъд (р)

Баъд аз фатҳи Макка дар айёми ҳаҷҷи Видоъ (охирин ҳаҷҷи Паёмбар (с)) Саъд (р) сахт бемор шуд. Расули акрам (с) ба сари болини бемор омада, дасти муборакашро ба пешонии Саъд (р) ниҳод, сипас рӯй, пеши бар ва шиками ӯро масҳ кард ва чунин дуъо намуд: «Худовандо, Саъдро шифо ато намо, шифо ато намо. Худовандо, дардро аз ӯ рафъ бигардон. Илоҳи одамиён, подшоҳи одамиён, Ту шифобахшӣ, ҷуз Ту шифобахше нест. Бо номи Худо дуъоят мехонам, то ки аз тамоми ранҷу балоҳо эмин шавӣ, аз балои чашм ва ҳасад. Худовандо, ба қалбу ҷисмаш сиҳатӣ бахш ва дардашро рафъ намо ва дуъояшро мустаҷоб гардон».

Саъд (р) бо лутфу сипос ба ҷониби Расули акрам (с) назар карда, бо овози шахсе, ки ба лиқои Парвардигор мерасад, гуфт:

— Эй расули Худо (с), ман сарвати зиёд дорам. Ворисам танҳо духтарам аст, оё тамоми сарватамро барои ту васият кунам?

Расули акрам (с) дар ҷавоб гуфтанд:

— На, тамоми молатро васият накун.

Саъд (р) гуфт:

— Ин тавр бошад, оё аз се ду ҳиссаи моламро барои ту (барои молик шудан) васият кунам ва як ҳиссаи боқимондаашро ба ворисонам гузорам?

Паёмбар (с) гуфтанд:

— На, чунин ҳам макун.

Саъд (р) гуфт:

— Ин тавр бошад, оё нисфи моламро барои ту васият кунам ва нисфи дигарашро барои ворисонам бигузорам?

Паёмбар (с) гуфтанд:

— На, чунин низ макун.

Саъд ин маротиба гуфт:

— Оё аз се як ҳиссаи моламро барои ту васият кунам ва ду ҳиссаи дигарашро барои ворисонам бигузорам?

Ин дафъа Расули акрам (с) розигӣ доданд ва афзуданд:

— Сеяки моли васият кардаат аз ҳад зиёд аст. Агар ту ворисонатро баъди сарат дар дунё сарватманд бигузорӣ, беҳтар аст, аз он ки фақиру нодор таркашон кунӣ. Шояд ту баъд аз ҳамаи хешу наздиконат дунёро тарк кунӣ. Ҳар нафақае, ки ба хотири Худо медиҳӣ, ҳатто луқмае, ки барои ҳамсарат муҳайё месозӣ, аз ҷониби Худо аҷру савоб дода мешавад.

Саъд ин суханони гуҳарборро шунида гуфт:

— Эй расули Худо, ман орзу дорам дар замине бимирам, ки аз он ҳиҷрат кардаам.

Паёмбар (с) гуфтанд:

— Шояд ту умри дароз бинӣ ва аз ту қавме фоида барад ва қавме зарар. Худовандо барои асҳоби ман ҳиҷрати бобарор насиб гардон ва онҳоро ноумед макун.

Саъд (р) баъд аз ин дуъохониҳои Расули акрам (с) аз даргоҳи илоҳӣ шифо ёфт ва аз се як ҳиссаи молашро садақа кард. Худованд молу сарвати Саъдро зиёдтар кард ва наслашро афзун гардонд. Саъд (р) ҳодисаи дар вақти бемориаш қадам ранҷа кардани Расули акрам (с)-ро доимо ёдовар мешуд ва мегуфт:

— То ҳанӯз сардии дасти мубораки Расули акрам (с)-ро дар ҷигарам ҳис мекунам. [180]

Дуъои мустаҷоб

Саъд ибни Абуваққос (р) хост, ки аз Паёмбар (с) ҷоизаи бузурге насибаш гардад, ки то рӯзи маргаш бо ӯ боқӣ монад. Аз ин рӯ ба Расули акрам (с) гуфт:

— Эй расули Худо (с), дуъо бикун ва аз даргоҳи илоҳӣ таманно намо, то ки дуъои ман ҳамеша мустаҷоб гардад.

Паёмбар (с) гуфтанд:

«Эй Саъд, Худованд дуъои бандаашро намепазирад, то даме, ки луқмаашро поку ҳалол накунад».

Саъд (р) гуфт:

— Эй расули Худо (с), аз Худо бихоҳ, ки луқмаи маро поку ҳалол гардонад, зеро ман ба ҷуз бо дуъои Шумо ба ин кор қодир нестам.

Паёмбар (с) гуфтанд:

«Худовандо, луқмаи Саъдро пок бигардонад».

Баъд аз ин Расули акрам (с) дар ҳаққи Саъд (р) дуъо карда, гуфтанд: «Худовандо, тирашро нишонрас, дуъояшро мустаҷоб гардон ва ӯро маҳбуби бандагонат бикун».

Саъд (р) мувофиқи васияти Расули акрам (с) зиндагонӣ мекард. Ҳатто аз хӯшаи гандуме, ки миёни зироъоташ пайдо мекард ва ё алафе, ки барои чорпоҳояш медоданд, эҳтиёткориро аз даст надода, аз они кӣ будани онро пурсуҷӯ мекард ва мегуфт:

— Он хӯшаи гандумро аз ҷойе, ки гирифта шудааст, баргардонед ва он алафро ба ҷойе, ки даравида шудааст, бигузоред.

Саъд (р) ба ҳамин минвол яке аз сарватмандтарин мусалмони замонаш гардид. Худованд ба ӯ моли зиёди ҳалолро насиб гардонд. Кӯшиши Саъд (р) дар садақа кардани мол дар роҳи Худо аз кӯшишҳои ӯ дар роҳи ҳалолу покиза ҷамъоварии он кам набуд.

Аз ин рӯ Саъд (р) шахси мустаҷобу-д-даъва (шахсе, ки дуъояш пазируфта мешавад) гардид. Ҳар гоҳ дуъое мекард, Худованд онро мепазируфт.

Мардум ин сифати Саъдро медонистанд, зеро миёни бародарону дӯстон бо ин сифат машҳур шуда буд. Баъзан аз дуъои бади Саъд (р) меҳаросиданд.

Рӯзе Саъд (р) мардеро дучор омад, ки Алӣ (к.в.), Зубайр (р) ва Талҳа (р)-ро носазо мегуфт. Саъд (р) ба он мард гуфт:

— Бародаронамро носазо магӯ!

Он мард ибо накард ва ба суханаш давом дод. Саъд (р) гуфт:

— Ин тавр бошад, дуъои бадат мекунам.

Он мард бо истеҳзо ҷавоб дод:

— Ту ба ман таҳдид мекунӣ, гӯё, ки паёмбар бошӣ?!

Саъд чизе нагуфта, таҳорат кард ва ду ракъат намоз гузорида, чунин дуъо кард:

— «Худовандо, медонӣ, ки ин мард ашхосеро носазо гуфт, ки аз Ту ба онҳо некии фаровон расидааст ва ин суханони носазо, ҳароина, боиси ғазаби Ту хоҳанд шуд. Пас ин мардро имрӯз ояте (далелу бурҳоне) ва ибрате барои бандагонат гардон».

Дере нагузашта уштури беморе пайдо шуд, ки одамонро озор медод. Уштур он мардро дунболагир карда, зери по даровард ва то мурдан лагатмолаш кард.

Мардум ин ҳодисаро дида, ба назди Саъд (р) шитофтанд ва ба ӯ гуфтанд:

— Хуш ба ҳолат, эй Абуисҳоқ (кунияти Саъд ибни Абуваққос) дуъоят мустаҷоб гардид[181].

Баъд аз он ки Яздигурд бар тахти Эрон нишаст, форсҳо дар атрофи ӯ гирд омада, дар Ироқ ба муқобили мусалмонҳо омодаи ҷанг шуданд. Аҳолие, ки бо мусалмонон аҳд карда зиммабардор шуда буданд, аҳдшиканӣ карданд ва соҳибкорони мусалмонро аз минтақаҳояш азият дода, пеш карданд. Амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) вазъияти бади Ироқро пай бурда, лашкарро гирд оварда, азм кард, ки шахсан худаш ба майдони муҳориба ҷониби Ироқ равад.

Пеш аз сафар аҳли Шӯрои саҳобагонро ҷамъ кард, то ки ин азмашро баррасӣ намоянд. Аъзои Шӯро ба ҷуз Абдурраҳмон ибни Авф (р) ин азми ҳазрати Умар (р)-ро хуш пазируфтанд. Абдурраҳмон ибни Авф (р) гуфт:

— Ман аз он хавф дорам, ки агар амирулмӯъминин ба шикаст мувоҷеҳ шаванд, он боиси шикасти мусалмонон дар тамомои манотиқ мегардад. Аз ин рӯ ман пешниҳод мекунам, ки ту ба Мадина баргардӣ ва шахси дигареро бифиристӣ.

Вақте ки Умар (р) ва аҳли Шӯро ин фикри Абдурраҳмон ибни Авф (р) мулоҳиза карданд, онро мувофиқи мақсад дарёфтанд ва ҷонибдорӣ карданд.

Сипас ҳазрати Умар (р) ба Абдурраҳмон ибни Авф (р) гуфт:

— Ба Ироқ киро бифиристам?

Абдурраҳмон (р) каме андеша намуда, сипас бо хушнудӣ садо баланд кард:

Ёфтам! Шерро ёфтам! Саъд ибни Молики Зуҳриро бифирист.

Ҳазрати Умар (р) ва аҳли Шӯро ин пешниҳоди Абдурраҳмон (р)-ро пазируфтанд ва Умар (р) Саъд (р)-ро даъват карда, ба ӯ парчам дод ва лашкарашро омода сохта дар алоҳидагӣ ва ҳамроҳи лашкар насиҳаташ кард.

Дар Қодисия

Лашкари мусалмонон дар ҳайати 30 ҳазор нафар ба мавзеъи Қодисия расиданд. Саъд (р) афроди худро ба ҷониби форсҳо фиристод, то хабари лашкари Яздигурдро биёранд. Ба Саъд (р) хабар оварданд, ки форсҳо барои ҷанг бо мусалмонон 120 ҳазор аскар омода намуда, фармондеҳии онро ба яке аз беҳтарин ҷангсолорон — Рустами Фаррухзод супоридаанд.

Саъд ибни Абуваққос (р) намояндагонашро ба назди Яздигурд ва Рустам фиристод, то ки бо онҳо гуфтушунид намуда, талаби мусалмононро, ки мухтасаран аз се дархост иборат буд ба онҳо бирасонанд. Мусалмонон талаб карданд, ки ё Исломро мепазиред ё ҷизя ва ё ҷангро. Яздигурд бошад, фиристодагони Саъд (р)-ро бо тамасхӯр ва истеҳзо қабул намуда, ба онҳо гуфт:

— Агар шумо намояндаи ваколатдор намебудед, ҳатман шуморо мекуштам.

Сипас ба ходимонаш гуфт:

— Зарферо пур аз хок карда ба сарвари инҳо бидиҳед ва аз дарвозаи Мадоин биронедаш.

Баъд аз ин ба намояндагони боқимонда рӯй оварда, гуфт:

— Ба назди солоратон рафта, ба ӯ бигӯед, ки ман Рустамро ба ҷанги ӯ мефиристам, то ки ҳамроҳи лашкараш дар хандақи Қодисия дафнаш кунад, то барои шумо ва наслҳои ояндаатон панд шавад. Он мардеро, ки Яздигурд зарфи пур аз хок дода аз Мадоин берун ронд, Осим ибни Амр (р) буд. Ӯ он зарфи пур аз хокро ба назди Саъд (р) оварда гуфт:

— Шодиёна диҳед, қасам ба Худо, ки Худованд ин сарзаминро насиби мо мегардонад. Мусалмонон овардани хоки сарзамини форсро нишонаи нек гирифтанд.

Ҳодисаи Қодисия воқеъаи азиме буд, ки дар сарзамини Ироқ назир надошт. Вақте ки ду лашкар дар муқобили якдигар қарор гирифтанд, сарлашкари мусалмонон Саъд (р) сахт бемор шуд. Аз шиддати дард ба асп савор шудану вориди ҷанг шудан он тараф истад, ҳатто нишастан барояш мушкил буд. Мусалмонон аҳволи Саъд (р)-ро дида, узри ӯро пазируфтанд, ба ҷуз як нафар, ки дар ҳаққи ӯ бадгӯиҳо мекард.

Саъд (р) фитнагариҳои он шахсро шунида, чунин дуъо кард:

— Худовандо, маро аз бадии забон ва дастони ӯ эмин бигардон.

Дере нагузашта дар вақти муҳориба тире омада ба даҳони он бадзабон бархӯрд ва дар идомаи набард дастонаш низ бурида шуданд.

Саъд (р) ҳамроҳи мусалмонон бо як азоб намози зуҳрро хонд ва баъди намоз ба онҳо рӯ оварда, онҳоро ба мубориза даъват кард ва ояти зерини Калому-л-лоҳро ба онҳо тиловат кард:

وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِن بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ ﴿۱٠٥﴾

Сухани Худо:

«Ва пас аз Таврот, мо дар Забур, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман ба мерос хоҳанд бурд».[182]

Саъд (р) қориёни лашкарро амр кард, оятҳои ҷиҳодро қироъат намоянд, то ки мусалмононро суботу матонат биафзояд.

Баъд аз ин Саъд (р) чаҳор маротиба такбир (Ал-лоҳу акбар) гуфта, бо дасташ ба сӯйи душманони Худо ишора кард ва мусалмононро ба ҳуҷум ва зиёд гуфтани калимаи «Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ» (ҳеҷ қудрату тавоноие ҷуз бо ёрии Аллоҳ нест), ташвиқ намуд. Ҷанг миёни ду лашкар — лашкари мӯъминони яктопараст ва мушрикони оташпараст аланга гирифт. Саъд (р) дар айвони баланди манзиле ҷойгир шуд. Ӯро, ки ҳанӯз беморӣ азияташ медод, бо болиште такя карда, аз айвон рафти ҷангро мушоҳида мекард ва ҳатто дари айвонро набаст. Агар одамон зери фишор ва воҳимаи муҳориба фирор мекарданд, форсҳо Саъд (р)-ро асир мегирифтанд.

Саъд (р) рӯ ба майдони ҳарбу зарб истода, рафти муҳорибаро мушоҳида мекард ва тадбир меҷӯст. Бо овози худ сарбозонро ташвиқ мекард ва гӯё ҳар яки онҳо як лашкари комил буданд ва онҳоро ба ин ё он ҷойи зарурӣ таҳрик медод. Ҳамин тавр, баъд аз муҳорибаҳои хунини зиёд Худованд ғалабаро насиби мӯъминон гардонд.

Сарлашкри форсҳо — Рустам хост, ки аз майдони муҳориба савори асп фирор намояд, вале мусалмонон ӯро ба қатл расониданд. Инчунин Ҷолинус, фармондеҳи талояи (қушуни пештози лашкар) Қодисия низ ба қатл расид. Ҳамин тавр лашкари 30 ҳазор нафараи мусалмонон лашкари сершумори форсҳоро шикаст дода, роҳро ба ҷониби Мадоин кушод.

Фатҳи Мадоини Кисро

Саъд (р) сиҳат ёфт ва бо лашкар ҷониби Мадоин, пойтахти Кисро роҳ пеш гирифт ва баъд аз ғалабаҳои пай дар пай ба соҳили дарёи Даҷла баромаданд ва дар рӯ ба рӯйи шаҳри овозадори Мадоин қарор гирифтанд.

Саъд (р) кӯшиш мекард, ки баҳри таъмини амнияти мусалмонон дарёро бо заврақҳо убур намояд, вале чизе пайдо карда натавонист. Зеро ҳама заврақҳоро душманон ба соҳили муқобил ҷамъ карда буданд, то ки мусалмонон маҳрум монанд ва аз он истифода набаранд. Саъд (р) ба лашкариён амр кард, ки дарёро бидуни заврақ убур кунанд. Бо ин мақсад ба лашкар рӯ оварда, ба онҳо гуфт:

— «Аз Худо ёрӣ металабем ва ба Ӯ таваккал мекунем, Худованд моро (барои ёрӣ) кифоя аст ва чи хуб вакил аст ва ҳеҷ қуввату тавоноие нест, магар бо ёрии Аллоҳ. Қасам ба Худо, ки Худо дӯсташро нусрат медиҳад ва динашро ошкор месозад ва душманашро шикаст медиҳад».

Мусалмонон бо шунидани хитоби Саъд (р) худро ба дарё заданд. Ҳамаи онҳо ба амр ва ваъдаи Худо имони комил доштанд. Роҳбари онҳо Саъд (р) яке аз даҳ саҳобаи ба ҷаннат башоратёфта буд ва Расули акрам (с) аз ӯ розӣ аз дунё реҳлат кард ва барои Саъд (р) дуъо карда, гуфта буд: «Худоё, дуъояшро мустаҷоб гардон ва тирашро ба нишон бирасон». Мусалмонон аз дарё фавҷ-фавҷ берун меомаданд, ҳамон тарзе ки ба он ворид шуда буданд ва касе ва чизеро аз даст надоданд.

Форсҳо ин манзараро мушоҳида карда, ба даҳшат афтоданд ва мегуфтанд:

— Ҷинниён, ҷинниён, мо на бо одамон, балки бо ҷинниён меҷангем.

Инро гуфта рӯ ба фирор оварданд ва тамоми сарваташонро гузоштанд.

Мусалмонон ба пойтахти имперотурии Форс ворид шуданд ва ғанимати бешуморро диданд. Саъд (р) ба Айвони Кисро ворид шуд ва аз тарси Худо ба тиловати оёти Қуръони маҷид оғоз кард:

﴿۲٤﴾ كَمْ تَرَكُوا مِن جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ ﴿۲٥﴾ وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ ﴿۲٦﴾ وَنَعْمَةٍ كَانُوا فِيهَا فَاكِهِينَ ﴿۲٧﴾ كَذَلِكَ وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِينَ ﴿۲٨﴾

Сухани Худо:

«Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд, бо киштзорҳову хонаҳои некӯ, бо неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд. Ба ин сон буданд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар вогузоштем».[183]

Баъд аз ин Саъд (р) ба пеши Айвони Кисро рафта, ҳашт ракъат намози фатҳ хонд.

Хушхабар дар Мадина

Умар ибни Хаттоб (р) ҳар рӯз ба роҳи самти Ироқ мебаромад ва аз ашхоси аз роҳ расида ахбори лашкари Саъд (р)-ро пурсуҷӯ мекард. Дар яке аз чунин рӯзҳо Умар (р) аз дур савореро дида, ба ҷониби ӯ равон шуд. Савор ба ҳазрати Умар (р)-ро муждаи фатҳи Мадоинро расонид ва мактуби Саъд (р) ба халифа супорид. Умар (р) номаро бо хушнудӣ гирифта, дар назди мардуми Мадина болои минбар баромада бо садои баланд хонд:

«Аммо баъд, ба таҳқиқ, Худованд баъд аз муҳорибаҳои дуру дароз моро бар аҳли Форс ғолиб гардонд. Форсҳо бо асбобу олоти ҷангии зиёде ба муҳориба ҳозир шуданд, ки назири онро ҳаргиз надида будем, вале Худованд он ҳама дастгоҳу олоти ҷангиро ба мусалмонон насиб гардонд ва он ҳама таҷҳизот низ судашон накард. Мусалмонон лашкари Форсро дунболагирӣ карда, ба маконҳои серобу сердолу дарахт расиданд. Аз байни мусалмонон Саъд ибни Убайд — қории Қуръон ва чандин нафарон захмӣ шуданд, ки шумори онҳоро ғайр аз Худо дигар касе намедонад. Худованд, ҳароина аз ҳоли эшон огоҳ аст. Шабона мусалмонон машғули қироъати Қуръон мешаванд. Рӯзона бошад, мисли шер ба майдон мебароянд, ҳатто шерон низ ба онҳо баробар шуда наметавонанд».

Умар (р) бо фармони худ Саъд (р)-ро волии Ироқ таъйин кард. Баъд аз он сарлашкаронро ба ҷониби Шарқу Ғарб фиристод ва он кишварҳоро низ фатҳ карданд. То ҳанӯз байрақи Ислом дар он кишварҳо партавафшон аст. Аз ҷумлаи ин дастовардҳо фатҳи Ҷалуло (шаҳре дар Хуросон) буд, ки онро фатҳи фатҳҳо меномиданд.

Саъд (р) дар мавзеъи муносибе шаҳри Куфаро тарҳрезӣ карда, бунёд кард ва он ҷо барои худ хонае сохт. Оҳиста –оҳиста хонаҳои мусалмонон дар ин шаҳри навбунёд зиёд мешуд.

Амирии Саъд (р)

Умар ибни Хаттоб (р) одате дошт, ки аз одамон дар бораи амиронашон пурсуҷӯ мекард. Рӯзе Ҷарир ибни Абдуллоҳи Ҷабалиро вохӯрда, аз ӯ дар бораи тарзи кори Саъд (р) пурсон шуд. Ҷарир (р) дар ҷавоб гуфт:

— Саъд ибни Абуваққос (р) каримтарин амир ва одилтарин пешво аст. Ӯ барои раъият монанди модар меҳрубонӣ мекунад ва мардум низ дӯсташ медоранд.

Аз ин рӯ Саъд (р) мавриди боварӣ ва эътимоди Умар (р) қарор дошт. Ҳазрати Умар (р) боре ба фарзандаш Абдуллоҳ (р) гуфт:

— Ҳар гоҳ Саъд (р) аз Паёмбар (с) сухане бигӯяд бовар бикун ва дигар касеро аз ҳақиқати он суол макун.

Ҳамин буд, ки Умар (р) қабл аз маргаш Саъд (р)-ро дар шумори шаш нафаре қарор дод, ки бояд аз миёни худ халифаро интихоб мекарданд[184].

Бандаи парҳезгор

Баъд аз халифа интихоб шудани Усмон (р) Саъд (р) дар Куфа боқӣ монда ва кори аморатро идома дод. Баъди ба шаҳодат расидани Усмон (р) Саъд (р) ихтилофи мардумро дида, аз онҳо канора гирифт ва ба ибодат машғул шуд ва ба аҳли хонаводааш гуфт, то даме ки мусалмонон ба гирди як имом муттаҳид нашаванд, аз ахбори онҳо чизе ба ман нагӯед.

Рӯзе писари Саъд (р) ба назадаш рафт. Саъд (р) он дам гӯсфандҳоро мечаронд. Писараш гуфт:

— Эй падар, оё ту розӣ ҳастӣ, ки мисли аъробӣ гӯсфанд чаронӣ, дар ҳоле ки мардум мулку аморатро миёни худ тақсим мекунанд?!

Саъд (р) ба ғазаб омад ва писарашро сахт тела дода, ба ӯ гуфт:

— Хомӯш шав, ман аз расули Худо (с) шунидаам, ки мегуфт:

«Худованди азза ва ҷалла бандаи сарватманди парҳезгори хоксорро дӯст медорад».

Баъд аз гуфтани ин суханҳо фарзандашро насиҳат карда, гуфт:

— Эй фарзанди ҷигарбандам, ҳар вақте хостори сарват шудӣ, онро ҳамроҳ бо қаноъат талаб намо, зеро шахсе, ки қаноъат надошта бошад, молу сарват ҳаргиз ӯро ғанӣ намегардонад.

Дере нагузашта писари бародараш Ҳошим ибни Утба ибни Абуваққос (р) ба ҳузури Саъд (р) омад ва гуфт:

— Эй амаки бузургворам, дар ҳамин ҷо сад ҳазор марди шамшерзан омадаанд ва онҳо туро барои хилофат муносиб мебинанд.

Саъд (р) бо овозе, ки аз моли дунё барӣ буд ва маънои қаноъатро медонист гуфт:

— Аз он шамшерҳо фақат як шамшер мехоҳам, ки агар бо он мӯъминро бизанам, озоре ба ӯ нарасад ва агар кофирро бизанам, пора созам.

Аз гуфтори Саъд (р) писари амакаш мақсади ӯро пай бурда, ӯро дар кунҷи танҳоияш тарк кард.

Хуш ба ҳолат

Ҳаёти Саъд (р намунаи барҷастаи ҳаёти шахсияте буд, ки ҳамеша кӯшиши дарёфти ризои Худо мақсади асосии онро ташкил медод. Нури Худо ҳаёти ӯро нуронӣ сохта буд. Саъд (р) зери сояи хилофати халифаҳои рошид ҳаёти саъодатмандона дошт. Саъд (р) то замони хилофати Муъовия ибни Абусуфён умр ба сар бурд.

Дар лаҳзаҳои охирини ҳаёташ ҳангоме, ки сараш болои зонуи фарзандаш Мусъаб буд, чашмони Мусъаб пур аз ашк шуд. Саъд (р) ба писараш гуфт:

— Ҳоли ту маро ба ташвиш овардааст.

Саъд (р) бо имони комил, ки ҳатто даҳшати марг низ онро мушавваш карда наметавонест, гуфт:

— Барои ман гиря макун. Ҳароина, Худованд маро ҳаргиз азоб намекунад, ман аз аҳли ҷаннатам. Худованд мӯъминонро ба сабаби амалҳои холисашон муқарраби даргоҳаш мегардонад, вале ҳасаноти кофиронро сабук месозад.

Баъд аз ин илова намуд:

— Ҳар як банда савоби амалашро аз касе талаб намояд, ки амалашро холисона барои ҳамон кас анҷом додааст.

Мусъаб дар ҷавоб ба ин гуфтаи падари бузургвораш гуфт:

— Қасам ба Худо, ки рост гуфтӣ ва хуш ба ҳолат, эй падари арҷманд!

Вақте ки маргаш наздик шуд Саъд ибни Абуваққос (р) ишора кард, ки хазинаашро боз кунанд ва аз он ҷомаи пашминеро берун биёранд. Пас аз ҳозир кардани ҷома Саъд (р) гуфт:

— Маро дар ҳамин ҷомаи пашмин дафн кунед, зеро ба ин либос дар рӯзи ғазваи Бадр бо мушрикон рӯ ба рӯ шудам ва онро барои ҳамин рӯзам гузошта будам.

Вақте ки ҷон ба Ҷонофарин супорид, 78 — сола буд ва соли 55-уми ҳиҷрии қамарӣ мегузашт. Ҷисми покашро мардони мӯъмин аз манзилаш, ки дар мавзеъи Ақиқ ҷойгир буд ва дар дурии даҳ мил аз масҷиди расули Худо интиқол доданд. Дар масҷиди Набавӣ Марвон ибни Ҳакам, ки волии Мадина буд, намози ҷанозаро гузорид. Баъд аз ин ҷасади Саъд (р)-ро ба ҳуҷраи модарони мӯъминон, яъне ҳамсарони Расули акрам (с) бурданд ва онҳо низ намози ҷаноза хонданд. Модари мӯъминон, Умми Салама (р) гириста, мегуфт:

— Бақияи асҳоби расули Худо (с). Сипас ҷисми охирини муҳоҷирон, охирини даҳгонаи башоратёфта дар гӯристони Бақиъ ба хок супорида шуд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *