Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ШАШ КАЛИМАИ ДИНИ

1.КАЛИМАИ ТАЙЙИБА — Ло илоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур Расулуллоҳ.
Нест маьбуде ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад Расули Аллоҳ
аст
2.КАЛИМАИ ШАҲОДАТ — Ашхаду ан ло илоҳа
иллаллоху в а ашхад у анна Мухаммада н
абдуху ва расулуху.
Гувоҳй мециҳам ин ки нест маьбуде ҷуз Аллоҳ ва
гувоҳӣ медиҳам ба дурустй, ки Муҳаммад банда ва
Расули Аллоҳ аст.
З.КАЛИМАИ ТАВҲИД — Ашҳаду ан ло илоҳа
иллаллоху вахдах у ло шарик а лах . Лаҳу л
мулқу ва лахул хамду юхйи ва юмит. Ва хува
хаййун ло ямут. Би ядихил хайру ва ҳу ва ъало
кулли шайин қадир.
Гувоҳй медиҳам ин ки нест маъбуде бар ҳақ ҷуз
Аллоҳ. Зоҳид аст — нест шарике мар ӯро. Аз барои
Ӯст мулк ва Ӯст сазовори ҳамд, зиндакунанда ва
миронанда аст. Ва Ӯ зинда аст ҳаргиз намемирад ба
дасти Ӯст хайр. Ва Ӯ бар ҳама чиз қодир аст.
4. КАЛИМАИ ТАМҶИД — Субхоналлохи
Валхамдулиллохи, ва ло илоха иллаллоху
валлоху акбар. Ло хавла ва ло қувват а илло
биллохил ъалиййил ъазим. Мо шоаллоху кона
ва мо лам яшаъ лам якун.
Аллоҳ аз ҳама нуқсонҳо пок аст. ва мар Ӯрост
ҳамд. Тамоми ситоиш ва шукр. Ва нест маьбуди барҳаққ
магар Худои ягона. Ва Аллоҳ бузург аст. Нест гаштане
аз маъсият ва нест қуввате бар тоъат магар ба ёрии
Аллоҳи олии бузург. Он чизе ки Худо хост мебошад.
Он чизе ки Худо нахост намебошад.
5.КАЛИМАИ ИСТИҒФОР — Астағфируллоха,
астағфируллоха, астағфируллоха таъоло, мин
кулли занбин азнабтуху ъамдан ав хатаа н
НАМОЗ калиди ҷаннат
сирран ав ъало ниях. Ва атубу илайхи миназзанбил-лази аъламу ва миназ-занбил-лазй ло
аъламу. Иннака анта ъалломул ғуюб.
Мағфирати гуноҳон мепурсам Аллоҳтаъолоро, аз
ҳама гуноҳоне, ки гуноҳ кардам қасдан ё саҳван, пинҳон
кардам ё ошкоро. Ва бо тавба бозмегардам ба сӯи У
аз гуноҳон, он чунон гуноҳоне, ки медонам ва аз
гуноҳоне, ки намедонам. Ба таҳқиқ Ту (эй Аллоҳ) бисёр
хуб донандаи ғайб ҳасти.
6. КАЛИМАИ РАДДИ КУФР — Аллохумма инни
аъузубика мин ан ушрика бикашайан ва ана
аъламу . Ва астағфирука ли мо ло аъламу .
Иннака анта ъалломул ғуюб. Ва сатторул ъуюб.
Ва ғаффоруз зунуб. Ва кашшофул қулуб. Ва ло
қавла ва ло қуввата илло биллохил ъалиййил
ъазим.
Эй бор Илоҳо албатта ман паноҳ мебарам ба сӯи
Ту аз ширк оварданам ба Ту чизеро ва ман медонам.
Ва мағфират мепурсам Туро аз он чизҳои ширке ки
намедонам. Албатта Ту бисёр хуб донандаи ғайб ҳастй.
Ва бисёр хуб пӯшонандаи айбҳо ҳастй. Ва бисёр хуб
мағфираткунандаи гуноҳон ҳастй. Ва бисёр хуб
кашфкунандаи дилҳо ҳастй. Нест гузаште аз маьсият
ва нест қуввате бар тоъат магар ба ёрии Аллоҳи олии
бузург.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *