Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

51. Аз неъмати фаромӯшӣ баҳра бибар!

Оё дар баъзе вақтҳо эҳсос мекунед, ки фаромӯшӣ неъмати бузургест, ки Худованд онро барои инсон арзонӣ доштааст?! Агар ин неъматро Худованд барои мо ато намекард, ҳаёти мо монанди зиндоне мешуд, ки зиндагӣ бароямон номумкин мегашт.

Зеро инсон аз роҳи фаромӯш намудан бисёр ҳодисаҳои аламовар ва мусибатҳои сахтро аз зеҳнаш дур месозад. Агар чунин намебуд инсон ба ин шакл азоб мекашид ва роҳи халосӣ намеёфт.

Бисёри мардум ин неъматро нодида мегиранд ва қадри онро намедонанд ва ҳамеша ғаму андӯҳ ва мусибатҳоро ба ёд меоранд. Баъзе шавҳарҳо доиман камбудию норасиҳо ҳамсарашонро ба ёд оварда, онро фаромӯш намесозанд, аз ин ҷост, ки ҳамеша занашро ба он хотиррасон мекунад. Ҳар вақте ҳамсараш хатое содир кунад, ба ӯ мегӯяд: оё фалон рӯз чунину чунон накарда будӣ… ва пайваста камбудию ғалатҳои ӯро мешуморад ва бо ин роҳ ғаму андӯҳи зиёдеро ҷамъ мекунад.

Ба дурустӣ Исломи бузург моро таълим додааст, ки аз хатои бародари мусалмонамон бигузарем, пас чӣ гуна аз хатои ҳамсарамон нагузарем? Моро таълим додааст, ки ба душманонамон бо хислате ки беҳтарин аст, ҷавоб диҳем, пас чигуна ба дӯстонамон ин гуна рафтор накунем?

Каломи Худованд:

ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِي بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِيٌّ حَمِيمٌ ﴿٣٤﴾

«Ҳамеша ба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад».[76]

Паёмбар (с) низ бо баъзе мушкилиҳо аз тарафи ҳамсаронаш, дар натиҷаи рашк нисбати ҳамдигарашон, рӯ ба рӯ шуда буд, ва бо онҳо бо раҳму меҳрубонӣ муъомала кард. Ба ҳар як гуноҳи хурду бузург онҳоро муохоза намекард, балки аз хатои эшон мегузашт ва онҳоро мебахшид. Ин аст ахлоқи шавҳари солеҳу накукор.

52. Дар охир аз ҳамсарат интизори мӯъҷиза мабош!

Ҳамчун инсон ҳамаи мо аз аҷзу нотавонӣ холӣ нестем. Ҳаёт ба сифати умум ва ҳаёти заношавҳарӣ бо сифати хос аз ташвишу камбудиҳо ва нофаҳмиҳо орӣ нест.

Ҳамсар монанди дигар занҳо дорои сифат ва хислатҳост, ки ҳарчанд барои тағйир додани онҳо бикӯшед, наметавонед. Ӯ бо ин сифатҳое ки ҳамчун зан ӯро мутамайиз месозад, маҷмӯъаи дигаре аз сифат аст, ғайр аз мард ва он навъи муҳим ва зарурӣ барои ҳаёт ва идомаи он аст. Агар монанди мард аз ноҳияи нафсию мизоҷӣ ва инфиолӣ баробар офарида мешуд, зебоии ҳаёт ва сурури он аз даст мерафт. Бале, гоҳо сабаби ташвишу камбудӣ мегардад, боке надорад, тавре ки мегӯянд: ширинӣ бе оташ ёфт намешавад. Шояд ҳамсарат дорои сифатҳои муайян бошад, ки бо он одат кардааст ё бо он офарида шудааст, онро бе тағйир ҳамчуноне, ки ҳаст қабул намо ва мунтазир набош, ки ҳамсарат пурра зидди он сифатҳо мегардад ё ба тамом сифатҳояшро тағйир медиҳад. Ба шумо лозим аст як амри муҳимро донед ва он ин аст, ки дигаргун сохтани сифат ва табиъати инсон кори осон нест.

Ин бори гарони тағйир додани ҳамсаратро ба дӯш нагир, то ӯро шахси дигар сохта муносиби худ гардонед ва ё чи гуна, ки хоҳед ӯро шакл диҳед, зеро агар шумо ин бори гаронро ба дӯш гиред, ҳамеша он ба дӯши шумо хоҳад буд, шояд тамоми ҳаёт идома ёбад ва чизе ҷуз хаста намудани нафси худ ва дигарон фоида набинед. Мо аз сифат ва хусусиятҳо сухан гуфта истодаем, на аз рафторҳои ғалат. Мусалмон бояд ғайри худро насиҳат кунад, то аз гуноҳу хатокорӣ манъ шавад ва шавҳар ҳаргиз аз насиҳати ҳамсараш ва иршоди ӯ дар тоъату ибодати илоҳӣ малол нашавад. Аммо, ин ки доимо тағйир додани сифат ва табиъати ӯро талаб намоед, ин амрест дастнорас.

Чун (яке аз таҳқиқгарон) муддати зиёда аз бист сол мушкилоти нафсиро, ки мардум, хусусан заношавҳарон, гирифтор мешаванд, мавриди омӯзиш қарор дод. Баъд аз он нуқтаи муҳиммеро дар китобаш «Аз ҳаёт баҳра бибар» нақл намуда. гуфтааст: «Ба дурустӣ мӯъҷизаҳо нодир ҳастанд ва ҳеҷ умеде аз вуқӯъи он нест ва ҳеҷ асосе барои аламе ки шумо эҳсос мекунед вуҷуд надорад, зеро мӯъҷизае, ки шумо интизори он ҳастед, ба вуқуъ нахоҳад пайваст. Аз ин ҷост, ки ба шумо лозим меояд, ки бо шарики ҳаёти худ ҳамчуноне ки ҳаст, назар кунед, на чуноне, ки шумо мехоҳед бошад.

Издивоҷи комёб ҳодисае нест, ки воқеъ шавад ё насибае бошад, ки ризқи шумо шавад, балки он амалест, ки барои анҷоми он муддатҳо сарф мекунед, то самара бахшад ва ҳосиле ширинтар аз ҳосили издивоҷи комёб вуҷуд надорад».

Шумо мумкин аст, ки дар ҳаёти заношавҳариатон хушбахт шавед, агар аз сифати ҳамсарат, ки хушатон намеояд ва дар ҳаёти заношавҳариатон таъсири калон надорад, ташвиш надошта бошед. Аз он гуна сифати ҳамсарат чашм бипӯш ва дар сифати неки ӯ ва хислатҳои наҷиби ӯ фикр кун… ҳаёти заношавҳариатро хеле осуда ва босаъодат хоҳӣ ёфт.

  1. Сураи Рум, ояти 21

  2. Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст (3895).

  3. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  4. Ин ҳадисро Молик ривоят кардааст.

  5. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  6. Ин ҳадисро Абудовуд, ибни Њаббон ва ибни Моҷа ривоят кардаанд.

  7. Ин ҳадисро Бухорӣ, Муслим ва дигарон ривоят кардаанд.

  8. Ин ҳадисро Тибронӣ ва Насоӣ ривоят кардаанд.

  9. Ин ҳадисро Бухорӣ, Муслим ва дигарон ривоят кардаанд.

  10. «Чӣ гуна дўстонро меёбӣ» — Дейл Корнегӣ.

  11. Сураи Оли Имрон, ояти 134

  12. Аз китоби «Оила ва мушкилоти он»-и доктор Маҳмуд Њасан.

  13. Сураи Нисо, ояи 21.

  14. Ин ҳадисро Абудовуд ва ибни Моҷа ривоят кардаанд.

  15. Муттафақун алайҳи.

  16. Сураи Иброҳим, ояти 23.

  17. Ба ривояти Тирмизӣ.

  18. Сураи Нисо, ояти19

  19. Ба ривояти Муслим.

  20. Саҳиҳи Бухорӣ.

  21. Сураи Нисо, ояти 19

  22. Ба ривояти Муслим.

  23. Ба ривояти Аҳмад.

  24. Ба ривояти Бухорӣ.

  25. «Иҳёи улуми дин» (2\50).

  26. Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.

  27. Ин ҳадисро Бухорӣ ва дигарон ривоят кардаанд.

  28. Ин ҳадисро Абудовуд, Насоӣ ва ибни Моҷа ривоят кардаанд.

  29. Сураи Наҷм, ояти 28.

  30. Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.

  31. Ин ҳадисро Абудовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.

  32. Сураи Муҳаммад, ояти 22.

  33. Ба ривояти Муслим.

  34. Ба ривояти Аҳмад.

  35. Ин ҳадисро Абдовуд ва Њоким ривоят кардаанд.

  36. Сураи Нисо, ояти 3.

  37. Сураи Нисо, ояти 129.

  38. Ин ҳадисро Тирмизӣ, ибни Моҷ ва дигарон ривоят кардаанд.

  39. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  40. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  41. Сураи Талоқ, ояи 7.

  42. Ин ҳадисро Абудовуд, Ибни Њаббон ва Ибни Моҷа ривоят кардаанд.

  43. Ин ҳадисро Абудовуд, Насоӣ, аҳмад,ибни Њаббон ва Њоким ривоят кардаанд.

  44. Сураи Марям, ояти 55.

  45. Сураи Таҳрим, ояти 6.

  46. Ин ҳадисро Бухорӣ ва дигарон ривоят кардаанд.

  47. Муттафақун ъалайҳӣ.

  48. Муттафақун ъалайҳӣ.

  49. Сураи Талоқ, ояти 7.

  50. Ин ҳадисро Тибронӣ ривоят кардааст.

  51. «Мағофир» ҷамъи калимаи «мағфур» мебошад ва мағзи ширинест, ки бўи бад дорад. Аз дарахте истихроҷ мешавад, ки онро «ирфит» гўянд, ки дар Њиҷоз мерўяд.

  52. Сураи Таҳрим, ояи 1.

  53. Сураи Таҳрим, ояи 4.

  54. Муттафақун ъалайҳи.

  55. Саҳиҳи Муслим (2\637).

  56. Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.

  57. Сураи Нисо, ояти 34.

  58. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  59. Муттафақун ъалайҳи.

  60. «Кунузун мина-с-суннати», Шайх Муҳаммад Ѓаззолӣ.

  61. Сураи Нисо, ояти135

  62. Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.

  63. Сураи Фурқон, ояти 54

  64. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  65. Ин ҳадисро Абудовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.

  66. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  67. Ин ҳадисро Аҳмад ва Абудовуд ривоят кардаанд.

  68. Ин ҳадисро Аҳмад ва дигарон ривоят кардаанд.

  69. Сураи Бақара, ояти 223.

  70. Ин ҳадисро Тирмизӣ, Насоӣ ва дигарон ривоят кардаанд.

  71. Сураи Бақара, ояти 222

  72. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  73. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

  74. Ин ҳадисро Абўдовуд ва Тирмизӣ ривоят кардаанд.

  75. Сураи Нур, ояти 31.

  76. Сураи Фуссилат, ояи 34.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *