Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

37. Нагузор касе дар ҳаёти заношавҳарии шумо дахолат кунад.

Ҳаёти заношавҳарӣ ҳаётест, ки сифат ва хосиятҳои худро дорад. Ҳамчунон хусусиятҳоеро дорост, ки набояд касе аз он иттилоъ ёбад, агар маслиҳате барояш дар он вуҷуд надошта бошад. Ҳарчанд васиятҳову насиҳатҳо ба яке (аз зан ё шавҳар) зиёд шавад, ҳамон қадар мушкилот меафзояд ва саъодату хушбахтӣ дур мешавад. Ҳамсар дӯст намедорад, ки касе амру фармону шартҳои худро бар хилофи шавҳараш болои ӯ бор кунад.

Барои мисол модари шавҳар ё падараш дар заношавҳарии онҳо дахолат мекунад, тавре ки яке аз онҳо фикри худро дар корҳое ки хоси зану шавҳар аст, иброз мекунад, ё яке аз онҳо ҳамсарро ба кори муайяне фишор меорад. Ин амрест, ки ҳассосияти ҳамсарро нисбати онҳо зиёдтар мекунад ва мушкилотро байни занушавҳар меафзояд. Ин гуна воқеъаҳо ғолибан бар зану шавҳаре рух медиҳад, ки бо падару модари шавҳар якҷо зиндагӣ мекунанд.

Аҳёнан падари шавҳар келинашро (сунҳорашро) ба анҷоми баъзе корҳо амр мекунад ва сунҳор наметавонад ӯро нофармонӣ кунад ва чун ӯ ин корро беҳуда меҳисобад, дилгир мешавад. Ё писарашро ба иҷрои корҳое амр мекунад, ки хоси келинаш ҳаст ва ӯ ин корро дахолат дар умури заношавҳарии худ мепиндорад. Ин корҳо ҳамсарро ба он водор месозад, ки шавҳарашро фоқиди шахсият пиндорад ва дар наздаш беэътибор гардонад.

Ҳақиқатан, итоъати волидайн воҷиб аст, лекин дахолати онҳо дар ҳаёти заношавҳарии фарзандон ин амрест, ки робитаи заношавҳариро фосид месозад, магар дар ҳоле ки падар ё модар донад, ки келин ,масалан ҳамсари фосидулахлоқ аст ва мумкин писарашонро дар мушкилот андозад. Дар ин ҳолат, насиҳат кардан як амри зарурист ва боке надорад. Ин амрест, ки паёмбар Иброҳим (а) бо фарзандаш Исмоил (а) анҷом додааст. Ҳангоме ки Иброҳим (а) писараш Исмоилро дидорбинӣ меравад ва ӯро намеёбад, аз келинаш ҳоли эшонро мепурсад ва ӯ аз сахтии аҳволи худ ва Исмоил шикоят мекунад.

Иброҳим (а) аз ин бархӯрд бо ҳамсари писараш, ба хулосае меояд, ки зани ғайри солиҳа аст ва барои ҳамсари Исмоил (а) будан, лоиқ нест. Бинобар ин, ба ӯ фармуд: ҳар вақте Исмоил (а) омад, ба ӯ бигӯ: пирамарде бо чунин сифатҳо омада буд, шуморо салом гуфт ва амр кард, ки «поёни (санҷидарии) дари худро тағйир диҳад». Ҳангоме ки Исмоил (а) омад ва ҳамсараш ӯро аз ин амр огоҳ намуд..

Гуфт : «Он пирамард падари ман аст ва маро амр намудаст, ки туро талоқ диҳам ва инак ту озод ҳастӣ». Ба ҳамин тариқ Исмоил (а) занашро талоқ дод. Лекин дахолати бисёри падару модар дар ҳаёти заношавҳарии писарашон ва ба таври мустақим амр намудани ҳамсари писарашон амрест, ки хатарҳои зиёд дорад. Инчунин ғайри падару модар баробар аст, ки бародар бошад ё рафиқ, набояд дар ҳаёти ҳамдигар дахолат кунанд. Хусусиятҳои ҳаёти заношавҳарии худро бояд ҳифз намоед, то саъодату хушбахтӣ насибатон гардад.

38. Аз издивоҷи ғалат барҳазар бош!

Баъзе шавҳарҳо барои таҳқиқи ҳадафи муайяне издивоҷ менамояд: Масалан, баъзеҳо зани сарватмандеро ба хотири молу дороиаш ба занӣ мегиранд. Баъзеҳо занеро, ки соҳиби обрӯву эътибори дар ҷомеъа ҳаст, ба занӣ мегиранд, то шӯҳрат пайдо кунанд . Издивоҷе, ки бар асоси ҳамин ҳадафҳо барпо шудааст, издивоҷи ноком аст ва он ҳам бо чанд сабаб; яке аз ин сабабҳо ин аст, ки ин издивоҷ бар асоси ғалат ва хато бунёд шудааст,зеро асоси дурусте, ки мусалмон бар он бояд издивоҷ намояд, дин аст. Пас бояд зани соҳибдину мусалмон ва пойбанд ба аҳкоми динро ба занӣ гирад. Ҳадафаш аз издивоҷ набояд молу маконати иҷтимоъии зан бошад, балки ҳадафаш фарзандони солеҳ ба дунё овардан ва аз ҳаром худро нигоҳ доштан бошад.

Шахсе, ки ба ҳадафи нигоҳ доштани шармгоҳаш аз зино ва ҳифзи назараш аз муҳаррамот ва ба дунё овардани фарзандони солеҳ издивоҷ мекунад, Худованд (ҷ) ба ӯ ва ҳамсараш, баракат ато мекунад. Аммо шахсе ки ба ғайр аз ин ҳадаф издивоҷ мекунад зиёну зарар хоҳад дид. Паёмбар (с) мефармояд:

«Занро барои чаҳор чизаш издивоҷ мекунанд: барои молаш, барои зебоиаш, барои насабаш ва барои диндориаш, пас ба соҳибдин даст ёбед, то баракат ёбед».[48]

Аз ҷумлаи сабабҳои нокомии издивоҷе, ки бар асосҳои ғалат барпо шудааст, ин аст, ки шавҳараш ҳаргиз хушбахтию саъодати заношавҳариро намебинад, зеро ӯ ҳамсарашро барои ҳадафи муайяне издивоҷ намуда буд ва ҳамсараш инро дарк хоҳад кард ва ӯро дӯст нахоҳад дошт, чун медонад, ки ба хотири молаш ӯро ба занӣ гирифтааст ва ин амр ӯро ҳини таъомули моддӣ ҳарис мегардонад ва шояд бахилӣ карда ба ӯ надиҳад ва бо ҳамин мушкилиашон даҳчанд гардад. Гоҳ шахс ба хотири ҳоҷати дохилии худ издивоҷ мекунад ва ҳадафаш аз издивоҷ ҳамон мебошад ва агар ҳоҷаташ бароварда нашавад, ҳаёти пурташвишиеро ба сар мебарад. Барои мисол шахсе, ки падару модарашро дар тифлӣ аз даст додааст ва аз эҳсоси атфу меҳрубонӣ маҳрум мондааст, мехоҳад издивоҷ намояд, то иваз бар онро ёбад. Ин шавҳар шояд он чиро ки меҷӯяд наёбад, зеро ҳамсар ҳаргиз дар лутфу меҳрубонӣ монанди модар намешавад. Ҳамсар чуноне ки ба шавҳараш муҳаббаташро арзонӣ медорад ӯ низ ба он чиз ниёз дорад. Издивоҷ додугирифт аст. Аммо модар муҳаббаташро арзонӣ медорад ва мунтазири музду фоида намебошад, ӯ табиъатан бо муҳаббати фарзандаш офарида шудааст.

Бале, агар аз ҳамсарат орзуи муҳаббат дорӣ, онро хоҳӣ ёфт, лекин шумо низ бояд ӯро дӯст доред. Шумо на бояд ба ин бовар бошед, ки ӯ бояд муҳаббаташро ба шумо бе муҳаббати тарафайн арзонӣ дорад.

39. Ба саломатии ҳамсарат аҳамияти ҷиддӣ бидеҳ.

Зан нисбат ба масъалаи сиҳатию беморӣ ҳассосияти шадиде дорад. Баъзе занҳо гоҳо эҳсоси беморӣ мекунанд, дар ҳоле ки бемор нестанд, лекин ин маънои онро надорад, ки дар ташхис намудани ҳолати ӯ мо саҳлангорӣ кунем, зеро зан гумон мекунад, ки шавҳараш ки ӯро ба назди табиб дар вақташ намебарад, нисбати ӯ бетафовут ё марги ӯро мехоҳад. Бинобар ин, ба шавҳар лозим аст, ки дар ҳоли ҳоҷатманд шудани ҳамсараш, ба назди табиби мутахассис ӯро фавран барад, ба хотире, ки ин амрест воҷиб болои шавҳар.

Инчунин шавҳар бояд аз ҳоли ҳамсараш дар давоми муъолиҷа гирифтанаш назорат кунад ва ӯро аз истеъмол кардан ё накардани даво пурсад. Зеро зан бисёр вақтҳо фаромӯш мекунад, пас ба шавҳар лозим меояд, ки ӯро хотиррасон кунад. Инчунин ба шавҳар воҷиб аст, ки ба саломатии ҳамсараш ба таври умум аҳамияти ҷиддӣ диҳад, на фақат ба назди табиб бурдану бас, балки бояд ба ӯ нишон диҳад, ки ба саломатии занаш аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва дар сиҳат шуданаш хушҳол мегардад. Дар ҳоли бемории зан кӯмак намуданро набояд фаромӯш кунад. Бояд ӯро ба суханони нарм ва зуд шифо ёфтанаш ба хости Худованд (ҷ) дилдорӣ ва тасаллият диҳад ва огоҳ созад, ки Худованд (ҷ) бо ин бемори гуноҳони бандаи мусалмонро пок месозад ва ин амри хайр аст.

40. Дар хурсандиҳо ӯро шарик бисоз!

Баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки шавҳар бояд ғаму андӯҳи худро аз ҳамсараш бипӯшад ва ӯро аз мушкилиҳову камбудиҳояш огоҳ насозад, чун худи ӯ низ мушкилот дорад ва набояд аз тавоноияш зиёд бар ӯ фишор ворид намуд. Ба шавҳар лозим аст, ки дар рӯ ба рӯи ҳамсараш табассум намояд ва аҳёнан хушҳолию хурсандии сохтакорона намояд, то ин ки бар фазои хона ғаму андӯҳ фуруд наояд.

Ин дар хонаест, ки шавҳар гирифтори мушкилоти муайяне бошад ва ё камбудию нохушии хосе дар корҳояш дошта бошад. Аммо, баръакс ҳангоме, ки шавҳар дар ҳолати хуб бошад ё хабарҳои хушнуд кунанда дошта бошад, пас бояд ба зудӣ ба зану фарзандонаш онро расонад ва хушҳолашон созад. Ҳамеша кӯшиш намояд, ки дар фазои хона хушҳолию хурсандӣ ҳукмрон бошад, яъне ғаму андӯҳе ки хоси шумо ҳастанд, аҳёнан бояд фаромӯш созад, хусусан ҳангоме ки боду ҳаво нохуб бошад ва доимо ҳамсаратро дар хурсандию хушҳолият шарик дон. Агар дар кори шумо ба таври доимӣ камбудию мушкилиҳо бошад, пас лозим нест, ки ба сабаби он ҳамеша фазои хонаро бо ғаму андӯҳ олуда созӣ ва нагузоред, ки ҳамсаратон бо ин мушкилоти шумо мутаъассир гардад.

Ҳамаи мушкилот ва ғаму андӯҳатро ҳини даромадан пушти дар бигузор ва бо табассуми ширин намуда вориди манзилат гард ва бо аҳли оилаат осудаву хушҳол зиндагӣ кун. Дар ин сурат саъодати ҳақиқии заношавҳариро ёфта метавонӣ.

41. Дар ҳоли сафар намудан ба ӯ нома навис ва аз ҳолаш бипурс!

Гоҳо шароити ногувори зиндагӣ ва камбудию норасоии он шавҳарро маҷбур месозад, ки ба хотири ба даст овардани ризқу рузии зану фарзандон манзилашро тарк намояд. Дар ҳолати сафар намудан якчанд масъаларо шавҳар бояд риъоя намояд:

  1. Муддати тӯлонӣ набояд ғоиб бошад: зеро ин амал сабаби азияти ҳамсараш мегардад, чун бо дарду алами ҷудои ва маҳрумият аз муҳаббат ва лутфу меҳрубонии шавҳар дар муддати сафари ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Тавре ки донишмандони соҳаи равоншиносӣ мегӯянд: «Ғоиб будан ба муддати кӯтоҳ аз назди ҳамсар гоҳо муфид ва зарурӣ мебошад, лекин ба муддати тӯлонӣ ғоиб будан ба ҳамсар ва ба алоқаи заношавҳари зарари зиёд дорад». Ҳамсар бар шавҳар ҳуқуқи зиёде дорад ва ғоиб будани шавҳар муддатҳои тӯлонӣ ҳуқуқи зиёди ӯро поймол мекунад.
  2. Шавҳар дар муддати сафараш, яъне мусофир буданаш, бояд, ки ҳамеша бо ҳамсараш дар тамос бошад ва номаи зиёд барояш нависад, то аз ҳоли ӯ мутмаин гардад ва аз шароити ӯ ва фарзандон ва он чи ҳоҷат доранд, огоҳ шавад ва ба онҳо фиристад.
  3. Ба қадри кофӣ хӯроку либоси зану фарзандонашро омода карда равад ё барои онҳо маблағе равон кунад, ки эҳтиёҷоташонро муддати мусофир буданаш бароварда созанд ва дар ҳеҷ чиз барои онҳо бахилӣ накунад ва ҳамеша ин фармудаи Худоро ба ёд орад:

Каломи Худованд:

لِيُنفِقْ ذُو سَعَةٍ مِّن سَعَتِهِ

«Ҳар молдоре аз моли худ нафақа диҳад».[49]

42. Талабҳоятро равшан намо ва саросема мабош!

Бисёр вақтҳо мушоҳида мекунем, ки шавҳар бо ҳамсараш ихтилоф намуда, масалан, мегӯяд: оё аз шумо чунин ё чунон талаб нанамуда будам? Ҳамсар мегӯяд: на, ҳаргиз чунин нашунида будам. Ин ба хотирест, ки шавҳар талабҳои ғайри возеҳ мекунад, бинобар ин сабаби нофаҳмие мегардад, ки байни ӯ ва ҳамсараш воқеъ мегардад ва натиҷааш бад гаштани алоқа байни онҳо ва дур шудани меҳру муҳаббат мебошад. Пас, ҳангоме ки шавҳар сухан мегӯяд, бояд равшану возеҳ сухан гӯяд. Баъзе шавҳарҳо мегӯянд: ман як бор гап мезанам ва бояд онро шунавад!

Ин сухан нодуруст аст. Ҳар инсонро эҳтимол аст, ки бори аввал суханро нашунавад. Чи зарар дорад, ки суханатонро як ё ду бор такрор кунед, то касоне ки нашунидаанд бишунаванд?! Паёмбар (с) суханашро такрор мекард, то касоне нашунидаанд ва нафаҳмидаанд бишунаванд ва бифаҳманд. Ходими Расули Худо (с) Анас (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) ҳини сухан гуфтанаш калимаеро се бор такрор мекард, то онро бифаҳманд ва ҳар вақте назди ҷамоъате аз мардум меомад ва ба онҳо салом медод, се маротиба салом медод».

43. Дар ҳоли рашк намуданаш ӯро риъоя намо ва маъзур дор.

Дар ҳақиқат рашки зан аз рашки мард фарқ мекунад. Рашки зан рашки отифист. Ӯ аз ин ки шавҳар ғайри ӯро дӯст дорад рашкаш меояд. Гоҳе аз ҳусни муъомилаи шавҳараш бо дигар зан гарчанде бидуни қасд бошад рашк мекунад, ҳатто аз дигар зан дар наздаш сухан гӯяд, рашк мекунад. Пас бояд шавҳар ин амрро дар ҳамсараш риъоя намояд: он ҳам бо тариқи зайл:

  1. Дар бораи дигар зан набояд, назди ҳамсараш сухан гуфта ӯро ситоиш намояд ва хубиҳояшро баён кунад.

Ҳангоми рашк намудани ҳамсараш аз дигар занҳо ӯро маъзур дорад. Зан ҳини рашк намуданаш, он чи ки мекунад ё мегӯяд худ намедонад! Дар ҳадиси Паёмбари Худо (с) омадааст: «Зане ки ғайрати (рашк) зиёд дорад поёни водиро аз болояш дида наметавонад».[50]

Ҳодисаҳои рашки ҳамсарони Паёмбар (с) аз ҳамдигар хеле зиёд буданд ва ҳадиси «мағофир»[51] машҳур аст ва далолат бар шиддати рашк зан мекунад ва ин ки зан дар ҳолати рашк намуданаш корҳое анҷом медиҳад, ки худаш баъдан пушаймон мешавад.

Оиша (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) назди Зайнаб бинти Ҷаҳш (р) меистод ва асал тановул мекард. Мегӯяд: пас, ману Ҳафса (р) маслиҳат намудем, ки кадом яке аз ҳардуи моро наздаш Паёмбар (с) дохил шавад, мегӯем: Аз шумо бӯи мағофир меояд ё мағофир хӯрдаӣ?! Пас назди яке аз онҳо дохил шуд ва ба ӯ (с) чунин гуфтанд, Расули Худо фармуд: «Балки назди Зайнаб бинти Ҷаҳш асал тановул кардам ва ҳаргиз барои тановули он барнамегардам». Ин ҳангом ояти Қуръони нозил шуд:

Каломи Худованд:

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ لِمَ تُحَرِّمُ مَا أَحَلَّ اللَّهُ لَكَ

«Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ?»[52]

То ин ҷо, ки мефармояд:

إِن تَتُوبَا إِلَى اللَّهِ فَقَدْ صَغَتْ قُلُوبُكُمَا

«Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ (каме) бозгаштааст»[53]

Ин ҷо мурод Оиша ва Ҳафса аст.[54]

Бидон рашк бо Оиша ва Ҳафса чӣ кард? Онҳоро ба ин оварда расонид, ки ба Паёмбар (с) гӯянд, ки даҳони шумо бӯи «мағофир» мекунад, то назди Зайнаб бинти Ҷаҳш асал тановул накунед, зеро онҳо аз Зайнаб (р) рашкашон меомад. Ин бо ҳамсарони Паёмбар (с) рух додааст, пас ҳамсарони мо чӣ гуна хоҳанд буд? Пас, шавҳар бояд ғайрати занашро қадр кунад, бо ӯ дуруштӣ накунад, мунтазир шавад, то ин ки ором шавад бо нармӣ ва ҳикмату дониш бо ӯ сухан гӯяд. Дар ҳадиси гузашта ишора аст бар ин ки Паёмбар (с) аз ин ки яке аз занҳояш аз даҳони ӯ (с) бӯи бад эҳсос кунад, бадаш меомад. Аз ин рӯ вақте ки гумон намуд, ки сабаби бадбӯи асал аст фармуданд:

«Назди Зайнаб (р) асал тановул кардам ва ҳаргиз ба он барнамегардам», яъне то ки бӯи бад дигар такрор нашавад. Табъан он дуруст набуд ва даҳони ӯ (с) ҳеҷ бӯе надошт, лекин нақшае буд, ки аз тарафи Оиша (р) ва Ҳафса (р) тарҳрезӣ шуда буд бар асоси рашкашон нисбати Зайнаб.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *