Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

11. Дар он мавзӯъе, ки ҳамсаратро хушҳол мекунад, сухан бигу.

Оё медонед, ки роҳ ёфтан ба қалби шахс аз тариқи сухан гуфтан бо ӯ дар мавзӯъе, ки ӯ дӯст медорад ё коре, ки бисёр аҳаммият медиҳад, гап задан аст? Ин қоидаро уламои равоншинос ва дастандаркорони робитаҳои иҷтимоӣ муқаррар намудаанд. Дейл Корнейги ин амрро дар китоби «Чӣ гуна дӯстонро меёбӣ» таъкид намуда аз устоди адаб дар донишгоҳи «Бел» баъзе суханонро аз табиъати инсонӣ нақл карда мегӯяд:

«Ҳангоми ҳаштсола буданам одат карда будам, ки дар рӯзҳои истироҳатии охири ҳафта ба зиёфати аммаам равам. Дар яке аз бегоҳирӯзиҳо марде ба хонаи аммаам омад, ки миёнасол буд. Пеш аз ин ӯро надида будам ва дар он ҳангом ба заврақҳо рағбати зиёде доштам. Чун марди зоир (меҳмон) аз ин огоҳ шуд суханашро бо ман аз қайиқҳо ва он чи марбути он аст шурӯъ кард.

Суханони ӯ дар вуҷуди ман асари нек боқӣ гузошт. Пас аз хайрухуш намудан ва рафтани он шахс аз аммаам пурсидам, ки ин шахс кӣ буд? Ва ба кадом сабаб ба заврақҳо эҳтимоми зиёд дорад?

Аммаам маро хабар дод, ки ӯ дар шаҳри Нюёрк адвокат аст ва ҳеҷ рағбате ба заврақҳо надорад. Пас аз аммаам пурсидам, ки набошад барои чӣ ҳамаи суханонаш дар бораи заврақҳо буд? Аммаам гуфт, ки чун ӯ марди латифу хушахлоқ аст ва дарёфт, ки ту ба заврақҳо завқи зиёд дорӣ, барои ҳамин ҳам аз чизе сухан гуфт, ки ту бештар ба он таваҷҷӯҳ дорӣ.

Занон ба сифати умум баъзе суханони дӯстдошта доранд ва албатта, шумо медонед, ки кадом навъи сухан ба ҳамсаратон писанд меояд, пас мувофиқи табъи ӯ сухан гӯед ва бисёртар суханонеро гӯед, ки эҳтимому таваҷҷӯҳи ӯро бармеангезад ва сабаби саъодату хушбахтии ӯ мегардад. Ҳаргиз худпарасту худхоҳ набош, зеро шахси худхоҳ танҳо дар бораи чизе сӯҳбат мекунад, ки худи ӯро хушнуд мекунаду бас.

Аз ҷумлаи мавзӯъҳое, ки сухан гуфтан аз он назди зан хуш аст, барои мисол, ин мавзӯъи тарбияи фарзандон ва ғизо додани онҳост, ки дар айни замон барои шумо низ муҳим аст. Пас ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад, ки ҳамроҳи ҳамсарат, нишаста аз тарбия намудани фарзандон ва иноят ба онҳо сухан кунед. Инчунин аз тарбияи ҷисмониву рӯҳонии тифл ва ҳаллу фасли баъзе мушкилиҳо, монанди мушкили беихтиёр пешоб кардан, мушкили ҷанҷолу нофаҳмиҳо байни фарзандони хурдсол ва ғайра.

12. Ҳамсаратро назди аҳли оилааш ва аҳли оилаи худ ситоиш намо!

Аз ҳама бештар чизе ки сабаби ғаму андӯҳи зан мегардад ин аст, ки шавҳараш назди бегонагон айби ӯро гӯяд ва аз он ҳам зиёдтар ин аст, ки айби ӯро назди аҳли оилааш гӯяд. Чун зан нисбати аҳли оилаи шавҳараш ҳассосияти шадиде дорад, пас назди онҳо айбгӯӣ кардани шавҳараш чӣ натиҷа хоҳад дод?. Бе шубҳа ин рафтор кори баде аз ҷониби шавҳар ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд аз ҳамсарат чизе дида бошӣ, сазовор нест, ки айбҳои ӯро назди аҳли оилаат бигӯӣ, балки баръакс барои шумо лозим аст, ки ӯро назди падару модар ситоиш кунӣ, корҳои неки ӯро зикр кунӣ. Бисёр ҳолатҳои талоқро мушоҳида намудем, ки сабабашон гуфтани шавҳар айбҳои ҳамсарашро дар назди аҳли оилаашон будааст. Чун ин сабаб мегардад, ки аҳли оилаи шавҳар баъд аз он бо он айбҳои зикрнамуда занро таъна мезананд. Ба ин кифоя накарда мавзӯъро ба дигарон ба ҳамсояҳо ҳикоя карда, вазъиятро боз ҳам душвортар сохта ва сабаби ба амал омадани талоқ мегарданд. Гарчанд байни зану шавҳар мушкиле набуд, ки муҷиби ба вуқӯъ пайвастани талоқ гардад. Пас бояд шавҳар бисёр кӯшиш намояд, ки айбҳои ҳамсарашро дар назди аҳлу оилааш ё бегонагон нагӯяд ва муҳаббати ҳамсарашро нисбати худаш ҳифз намояд. Чун ин амр аз ҷумлаи зиндагонии нек кардан бо занон аст, ки Аллоҳ (ҷ) ба он амр намудааст.

Каломи Худованд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, магар он ки муртакиби фаҳшои ошкоре шаванд ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад »[18]

13. Бо ҳамсарат хӯшгуфтор бош!

Чӣ хоҳад шуд, агар шумо таъомеро, ки ҳамсаратон омода намудааст, айб гиред? Ё дар бораи тариқи либоспушии ӯ сухан гӯед, ки ӯ написандад, ё зебоии зани бегонаро назди ӯ ситоиш кунед?!

Бешубҳа, ин рафтор нишонае аз бефаросатии шавҳар ва шояд камшуурии ӯ мебошад. Гоҳо ҳамсарат таъоме муҳайё мекунад, ки ба тариқаи каме бесифаттар, масалан аз он таъоме ки модарат омода менамуд, пас оё ин маънои онро дорад, ки ӯ таъоми болаззат тайёр карда наметавонад? Ва акнун шумо ҳамеша дар назди ӯ таъомҳои тайёрнамудаи модаратонро таърифу тавсиф намоед? Зиндагии заношавҳарӣ ба зиракию мадоро эҳтиёҷ дорад, ҳаргиз таъомашро айб нагир ё таъоми дигареро дар пеши ӯ тавсиф накун, чунки бо ин рафторат қалби ӯро маҷрӯҳ месозӣ ва нишон медиҳӣ, ки ӯ ҳамсари сазовор барои ту нест, пас чӣ гуна баъд аз ин аз ӯ муҳаббату садоқатро интизор мешавӣ?

Чӣ мешуд, агар ба ӯ гӯед: «Дар ҳақиқат шумо таъомро хеле хуб тайёр намудед ва ин таъоми шумо беҳтарин таъомест, ки дар ҳаётам чашидаам» ва ғайра.

Гоҳо мешавад, ки ин суханон аз қабили луқма (комплимент) бошад ва ин амрест, ки дар ҳаёти заношавҳарӣ матлуб аст. Баъзе мардум шояд гӯянд, ки ин дуруғгӯист. Фарз кунем ки дӯруғ аст. Дӯруғ гуфтан аз ин навъ дар ҳаёти заношавҳарӣ мубоҳ аст, чун муҳаббатро байни зану шавҳар меафзояд ва барои марду зан дар ҳаёти заношавҳарӣ саъодат ба бор меорад. Дар ин маврид Шайх Саъдӣ барҳақ фармуда:

— Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез.

Ба ҳамин хотир, аз Умми Кулсум бинти Уқба (р) омадааст, ки мегӯяд: «Аз Расулуллоҳ (с) нашунидам, ки дар амре дӯруғ гуфтанро иҷозат диҳад, магар дар се чиз: «Мард сухане барои ислоҳ гӯяд ва сухане ки мард дар ҳарб гӯяд ва сухане, ки мард бо ҳамсараш ва ҳамсар бо шавҳараш гӯяд».[19]

Бале, чӣ мешавад агар мард ба ҳамсари худ гӯяд:

— Шумо беҳтарин зане ҳастед, ки ман дар ҳаётам дидам? Шумо имрӯз хеле зебо менамоед ва ғайра. Барои чӣ шавҳар аҳёнан ба ин тариқа аз ҳамсараш дилҷӯӣ намекунад? Акнун бо худ биандеш, ки оё чанд рӯз ё ҳафта ё моҳ пештар ҳамсаратро бо суханони нек таъриф кардаӣ, рафтори ӯро ё шаклу сурати ӯро? Баъд аз он боз аз сахтдилии ҳамсар шикоят мекунед!

Ҳамоно Умар (р) дар замони халифаи мусулмонон буданаш, ҳангоми муҳокимаи зане, ки ба суоли шавҳараш, ки оё маро дӯст медорӣ, ҷавоби манфӣ дода буд, Умар (р) ӯро назди худ хонда пурсид:

— Барои чӣ чунин гуфтӣ?

Зан гуфт: Маро савганд дод ва ман дӯруғ гуфтан нахостам.

Умар (р) гуфт:

— Бале, яке аз шумо дар ин масъала бояд дӯруғ гӯяд ва дилҷӯӣ кунад. На ҳар хонадон бар асоси дӯстию муҳаббат бунёд мегардад, балки зиндагонӣ кардан бар асоси Ислому насаб аст.

Мақсади Умар (р) ин аст, ки зан бояд дар сухани худ бо шавҳараш дилҷӯӣ карда, гӯяд ки ман шуморо дӯст медорам. Мешавад, ки чунин набошад, лекин аз боби дилҷӯӣ ва дилёбӣ.. ва шояд қалбҳо дигаргун шаванд!

Шавҳар низ бояд чунин гӯяд ки ман шуморо дӯст медорам, гарчанде чунин набошад. Шояд Худованд дар рафтори ҳамсараш дигаргуние биёварад ва муҳаббати ӯро зиёд гардонад. Пок аст Худованде, ки тасарруфи дилҳо дар дасти ӯст.

14. Усули муҳаббат байни шумо.

Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки занҳо ба сифати умум гулро дӯст медоранд. Гул барои зан чизи муҳим аст ва он аз ҷиҳати моддӣ ҳадяи бисёр оддист, лекин аз ҷиҳати маънавӣ дар нисбати занҳо чизи хеле бузург аст. Пас оё ягон маротиба шавҳар дар бораи як даста гули зебо овардан ба ҳамсараш фикр кардааст? Ё ҳатто як дона гул барои ӯ ҳозир намудааст! Ҳамчун изҳори муҳаббати ӯ? Ҳадя ин бисёр чизи муҳим ва зарурист, он муҳаббатро байни ду тараф меафзояд. Баланд будани нархи тӯҳфа шарт нест. Шахсе, ки қимати ҳадяро ва баланд будани нархи моддии онро менигарад, ҳаргиз маънои ҳадяро дарк накардааст. Ӯ инсони моддист, маънои муҳаббатро дар ҳақиқат нафаҳмидааст. Агар ман ҳадяи оддие ба шахсе пешниҳод намудам, ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки ман ӯро дӯст намедорам.

Инчунин пешниҳод намудани тӯҳфаи қиматбаҳо аз шахсе ба дигаре маънои онро надорад, ки ҳадякунанда ӯро бисёр дӯст медорад. Гоҳо ин дуруст мебарояд ва гоҳо шояд чунин набошад. Ҳеҷ алоқае байни андозаи муҳаббат ва қимати ҳадя вуҷуд надорад, магар ки инсон бахил бошад ва ин чизи дигар аст, лекин ба шакли умум тӯҳфа нишонаи дӯстию муҳаббат аст. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Байни ҳам ҳадя диҳед, то дӯстиатон биафзояд».

Маросимҳои зиёд барои зан вуҷуд дорад, ки мард онҳоро медонад ва сазовор аст, ки ҳамсарашро дар онҳо фаромӯш накарда аз тӯҳфаҳо истифода барад.

15. Зиндагиро хуш гузарон!

Аз ҷумлаи чизҳое ки бисёре аз занонро дар ҳаёти заношавҳариашон дилгиру хаста мекунад, эҳсоси андӯҳ ва малол шуданашон аз корҳои ҳаррӯзаву якранги рӯзгору зиндагии онҳост. Ин амр дар охир натиҷаи манфии худро бар фазои оила меорад.

Шавҳари комёб касест, ки ҷӯёи ҳаёти саъодатмандона аст, касест, ки мехоҳад муҳаббати ҳамсараш нисбати ӯ зиёд гардад.

Ин гуна шавҳар шахсест, ки намегузорад ҳаёти оилавиаш малолкунанда бошад. Барои ба даст овардани ин чандин корҳоро анҷом додан мумкин аст, ки як оила, аз дигараш бо зиндагии саъодатмандонааш фарқ кунад, тавре ки як муҳит, бо муҳити дигар фарқ дорад. Муҳити деҳа ғайри муҳити саҳро ё шаҳр аст. Инчунин оилаи фақиру нодор ғайри оилаи сарватманду дорост василаҳо фарқ мекунанд, лекин на ба таври куллӣ, чунки то андозае муштарак ҳастанд. Масалан, барои тамошои кӯҳу лолазор рафтан (бидуни дар назардошти макони он ва имкониёти он). Ба чунин сайру сайёҳат баромадан, бешубҳа, маҷрои ҳаётро хеле дигаргун месозад, хастагию зиқӣ ва ташвишро дур сохта, ҳаракату нишотро дар вуҷуди инсон зинда месозад. Ин гуна корҳо шавқу рағбати занро нисбат ба зиндагии заношавҳарӣ зиёд мекунад ва муҳаббаташро нисбат ба шавҳараш меафзояд. Зиёрату дидорбиниҳои оилавӣ низ аз ҷумлаи василаҳое ҳастанд, ки зиқиву малолро аз фазои хона дур месозанд. Илова бар ин бо ин зиёратҳо силаи раҳмро ба ҷо меоранд, фарзандон бо хешу ақрабои худ вохӯрда бо ҳам бозӣ мекунанд ва меҳру муҳаббат байни онҳо меафзояд, инчунин аз василаҳои дур намудани хастагӣ аз фазои оила, ин муҳофизати зану шавҳар ба тоъату ибодати илоҳӣ ва ибодатҳои фарз- шуда хусусан, намозҳои панҷгонааст, зеро адои онҳо дар вақташ сабаби роҳати рӯҳи инсон мегардад, инучунин дуъои «Маъсур» аз Паёмбар (с) низ василае хубе барои рафъи хастагию малол мебошад, ки худи Ӯ (с) фармудааст: «Худоё, ҳамоно паноҳ мебарам ба шумо аз ғаму андӯҳ ва паноҳ мебарам ба шумо аз нотавонию танбалӣ ва паноҳ мебарам ба шумо аз бахилию буздилӣ ва паноҳ мебарам ба шумо аз ғолиб омадани қарз бар ман ва аз қаҳри мардон».[20]

Бешубҳа, ҳангоме ки шахси мусалмон ҳар субҳу шом ин дуъоро мехонад, Худованди бузург ғаму андӯҳ ва хастагию малолро аз ӯ дур мекунад.

Василаҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд, ки боиси рафъи хастагию озурдагии инсон мешаванд. Барои намуна чанде аз онҳоро зикр мекунем:

Шинос шудан бо одамони нав; изҳори муҳаббат нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред; қайд намудани чизҳо ё корҳои мусбате, ки анҷом додаӣ ё мехоҳӣ, ки анҷом бидиҳӣ; мутоълиаи китоби нав; ситоиши сифати мусбате, ки дар ҳамсарат ё дар ягон рафиқат вуҷуд дорад; гирд омадан ҳамроҳи рафиқон барои корҳои хайр ва тоъат.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *