Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

23. Ба ҳамсарат дар рушди истеъдоду тавонмандиҳояш кӯмак расон

Оё ба ҳамсарат дар рушди истеъдоду тавонмандиаш кӯмак расонидаӣ? Инсон ҳангоме мебинад, ки шахсе ба ӯ дар ҳосил намудани рағбаташ кӯмак мерасонад он шахсро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Баъзе шавҳароне ҳастанд, ки истеъдоду қудратмандии ҳамсарашонро паст шуморида, онро амри ночиз медонанд. Ин кори зишт аст, занро аз мард дилгир месозад. Марде, ки чунин рафтор дорад ӯ ҷоҳил аст, намедонад, ки бо мардум чӣ тавр бархурд кунад, балки бо шахси ба худаш наздиктарин. Амали дӯстдоштаи ҳамсаратро бояд эҳтиром намоӣ, гарчанде, ки он дар назарат ночиз намояд. Барои мисол Паёмбар (с)-ро ба ёд биёр. Ӯ (с) хурдии синну соли ҳамсараш Оишаро (р) дарк мекард, бо ӯ мусобақаи давидан карда, гоҳо мебуриду гоҳе мебохт.

Бо Оиша (р) ҳазлу шӯхӣ мекард. Оиша (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) аз ғазваи Табук ё Хайбар баргашт, дар ҳоле ки Оиша (р) машғули бозӣ буданд. Шамоли вазидаистода тарафе аз пардаро баланд намуд ва «духтарҳои» Оиша (р), (яъне лухтакҳо) намоён шуданд. Паёмбар (с) фармуд: «Инҳо чист эй Оиша (р)?»

Оиша (р) гуфт:

— Духтарони ман. Паёмбар (с) байни онҳо асперо дид, ки бол дошт, пас фармуд: «Ин чист, ки миёни онҳо мебинам?»

Оиша (р) гуфт:

— Асп.

Ӯ (с) фармуд: «Чист бар он?»

Оиша (р) гуфт:

— Болҳои он.

Ӯ (с) фармуданд: «Асп ба худ бол дорад?».

Оиша (р) гуфт:

— Нашунидаӣ, ки Сулаймон (а) филе дошт, ки чандин бол дошт?!

Пас Паёмбар (с) хандиданд ба ҳадде, ки дандонҳои курсиашон намоён гардиданд.[31]

Шумо бинед, ки ҳамсаратон ба баъзе бозии давраи бачагӣ машғул аст, оё ҳамчун Расулуллоҳ (с) хушмомилагӣ карда, ба ҳазлу шухӣ мепардозед ва ё маломат карда масхарааш мекунед? Шавҳар бояд донад, ки амали писандида ё истеъдоди шахс барои ӯ хеле маҳбуб аст. Ӯ дар он амал худашро мебинад ва бо анҷоми он эҳсоси хушҳолӣ мекунад ва шумо ҳангоме, ки истеъдоди ӯро маҷрӯҳ месозед ё амали писандидаи ӯро масхара мекунед, бо ин амалкард шумо роҳеро, ки ӯ аз он саъодаташро касб мекунад бастаед. Ва аз ҳаққи шумо нест, балки агар бо ҳамсаратон чунин рафтор кунед, натиҷаи нохубе барои шумо ба бор хоҳад овард.

Ҳенри Ҷеймс мегӯяд:

«Аввалин чизе ки дар фанни муъомила бо мардум бояд донист, ин аст, ки садди роҳҳое, ки саъодаташонро аз он касб мекунанд нашавед, магар дар ҳоле, ки он садди роҳи шумо бошад».

24. Ҳассосияти ҳамсаратро дар ҳоли бордорӣ ва давраи моҳона (ҳайз) риоя намо.

Бешубҳа ҳолати нафсии зан баъзе вақтҳо дигаргун мешавад, табиъаташ нозук гашта, мизоҷаш олуда мешавад ва монанди ин дигар иллатҳо. Ин иллатҳо замони давраи моҳона, ҳомиладорӣ, хусусан дар моҳи аввали бордори зоҳир мешаванд. Ин илова бар дарду аламҳое ҳастанд, ки дар он ҳангом зан дучори онҳо мегардад. Аз ин лиҳоз барои мард лозим аст, ки дар ин марҳилаҳо нафсияти занро риъоя намуда, заъфи ӯро ба назар гирад. Аллома Мавдудӣ дар китоби худ «Ҳиҷоб» аз баъзе устодони тиб суханони муҳиммеро дар бораи дигаргуниҳое, ки бар зан аснои ҳомиладорию давраи моҳона ворид мешаванд нақл мекунад: масалан ӯ мегӯяд:

«Муъоинаҳои тиббие, ки табиб Креҷу бар иддае аз занҳо анҷом додааст, далолат бар он мекунанд, ки нисфи занҳо дар рӯзҳои давраи моҳонаашон аз камҳазмии меъдаашон шикоят мекунанд ва дар рӯзҳои охири давраи моҳона аз қабзият ё сахт шудани мизоҷашон шикоят мекунанд. Табиб Ҷеб Ҳорд мегӯяд: кам ҳастанд заноне, ки дар рӯзҳои давраи моҳонаашон аз иллате шикоят накунанд, бисёри занҳо аз дарди сар, алами зери ноф ва камиштиҳои шикоят мекунанд. Табиъати эшон тира гашта, гоҳо гиря мекунанд».

Табиб Фулситшифкий аз мушоҳидаҳои дақиқи худ чунин натиҷа гирифтааст, ки дар рӯзҳои давраи моҳонааш қувваи ақлӣ ва фикрии зан заъиф мегардад. Табиб Крофт Ийнбеҷ менависад: дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мушоҳида мекунем, ки занҳое, ки ахлоқи ҳамида, рафтори нарм доранд ва қобилияти хуби корӣ доранд, табиъаташон ба муҷарради дохил шуданашон дар рӯзҳои давраи моҳона дигаргун мешавад. Бинобар ин,ба шавҳар лозим аст, ки дар рӯзҳои давраи моҳона ба ҳар тасарруфоти зан иллатҷӯӣ накунад, чун дигаргуниҳои зиёди баданию рӯҳӣ, ки заъфу нотавонӣ дар пай дорад, ба ӯ ворид мегардад, тавре ки пештар баён доштем. Инчунин тағйиротҳои шадидтар аз он чи баён доштем ба зан дар замони бордориаш ворид мегардад, хусусан дар се моҳи аввали он. Табиб Реберф мегӯяд:

«Қувваи зан дар замони ҳомила тавоноии бардошти машаққати баданию ақлиро тавре ки дар дигар ҳолатҳо соҳиб аст, надорад. Дар ҳақиқат аворизи (дигаргуниҳои) бордорӣ агар барои мард ё зани ғайрибордор бошад, ҳаройна, бидуни шак, бар он зан ё мард ҳукм ба беморӣ карда мешавад».

Дар муддати бордорӣ асаби зан халалдор барои чанд моҳ боқӣ мемонад, тавозуни зеҳниаш музтариб мегардад ва ҳамаи он унсурҳои зеҳниаш дар ҳолати нобасомон мебошад. Ӯ дар ин асно байни беморию сиҳатӣ аст ва камтарин сабаб метавонад ӯро ба беморӣ гирифтор кунад. Табиб Фишер мегӯяд:

«Ба таҳқиқ, ҳатто зани солим аз изтироби шадид дар замони бордорӣ дар амон намемонад; мизоҷаш ҳамеша дигаргун мешавад, афкораш мушавваш мегардад ва дар ақлаш фикрҳои бад ворид мешавад».

Ва нуқтаи дигаре ки Ҳюлок Ийлс, Алберт Мул ва ғайри онҳо иттифоқ намудаанд, ин аст, ки дар моҳи охир аз моҳҳои бордорӣ ҳеҷ гуна такаллуфи баданӣ ва ақлӣ барои зани ҳомиладор ҷоиз нест».

Пас, барои шавҳар сабр намудан дар ин асно ва кӯмак намудани зан дар он чи барояш мушкил аст воҷиб мебошад.

25. Кӯмак намудан ба зан дар тарбияи фарзандон.

Барои мард айб нест, ки ҳамсарашро дар тарбияи фарзандон ёрӣ расонад. Дар ҳақиқат ин амри хеле муҳим аст, гоҳо осон ба назар мерасад, лекин дар асл хеле мушкил аст ва ба кӯмаки падар эҳтиёҷ дорад, хусусан ҳангоме, ки зан берун аз манзил низ кор мекунад. Дар чунин ҳолат масъулиятҳои зан меафзояд ва тарбияи фарзандон бидуни ёрии падар барояш душвор мешавад.

Таҷрибаҳо ва санҷишҳо собит намуданд, ки мард метавонад ба фарзандони худ иноят фармояд. Ва ин амал, бешубҳа, василаи комёбест барои шиносоии падар ба ҳоҷатҳои баданию нафсӣ ва истеъдодҳои гуногуни фарзандаш.

Инчунин эҳтиёҷи зан ба ёрии шавҳар дар тарбияи фарзандон дар ҳолати беморӣ зиёд мегардад. Баробар аст, ки бемории зан бошад ё аз фарзандон. Пас барои мард сазовор нест, ки дар ҳолати бемории фарзандонаш занашро нотавон дида, ба онҳо ёрӣ надиҳад! Онҳо фарзандонаш ҳастанд ҳамчуноне, ки фарзандони зан ҳастанд. Онҳо дар зери сарпарастии ӯ ҳастанд ва бар ӯ воҷиб аст, ки онҳоро сарпарастии нек кунад. Ҳар падар бояд огоҳ бошад, ки ёрӣ намудани ҳамсараш дар тарбияи фарзанд, хусусан дар ҳолати кор кардани зан берун аз манзил ё беморӣ амри заруриест, ки аз ӯ ҷои гурез нест. Ин амал бар ӯ воҷиб аст ва бояд воҷибаашро адо кунад, то дар дунё ва охират саъодатманд бошад.

26. Эҳтиром ва некӯӣ кардан бо хешу табори ҳамсар ва манъ нанамудани ӯ аз зиёрати онҳо.

Ислом дини муҳаббату раҳмат ва таъоруф байни мардумон аст ва алоқаи «мусоҳара» (хешу таборӣ аз тариқи издивоҷ) аз ҷумлаи робитаҳои мустаҳкамест, ки дини Ислом тавассути он мехоҳад сафи мусалмононро пурқувват гардонад ва муҳаббату улфатро байни онҳо паҳн намояд. Ҳангоме, ки ду оила бо ҳам ба василаи арӯсу домод алоқаи хешутаборӣ барпо мекунанд ва фарзандон ба дунё меоянд ба онҳо «амак» ва баъзе дигарро «тағову хола» мегӯянд. Ин робита пайванди хешу таборист, зеро маълум месозад, ки чӣ гуна он бояд пурқувват бошад.

Шавҳаре, ки ин амрро мефаҳмад, ҳатман бояд аз аввал алоқаашро бо аҳлу оилаи завҷааш хуб намояд, онҳоро икрому эҳтиром кунад, балки завҷаашро ба некӯӣ намудан ба онҳо амр кунад, ӯро аз зиёрати эшон манъ нанамояд, зеро онҳо хешу табори ӯ ҳастанд ва ҳаққи зиёде бар болои вай доранд. Аммо шавҳароне, ки дар алоқа бо хешу табори ҳамсарашон мушкилот эҷод мекунанд, то робитаашон қатъ шавад, эшон бо ин амалашон аз фармудаҳои илоҳӣ дур мешаванд ва сабаби қатъи силаи раҳм мегарданд. Пас, оқибати хешутаборие, ки душманию нафратро ба бор орад чист? Дар ҳақиқат шавҳари мусалмон касест, ки барои ба ҷо овардани силаи раҳм ва эҷоди дӯстию муҳаббат байни мусалмонон саъю кӯшиш мекунад, на барои ҷудоиандозию душманӣ.

Каломи Худованд:

فَهَلْ عَسَيْتُمْ إِن تَوَلَّيْتُمْ أَن تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوا أَرْحَامَكُمْ

«(Эй, касоне, ки аз Ислом рӯй гардонидед ва ё касоне, ки аз ҷиҳод саркашӣ кардед) Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд)?»[32]

Пас, қатъ намудани силаи раҳм монанди нашри фасод дар рӯи замин аст. Оё шавҳар розӣ мешавад, ки аз зумраи фосидкорони дар рӯйи замин бошад?!

27. Ҳамроҳӣ дар сари дастархон.

Баъзе шавҳарҳоро аз сабаби ба таври доими машғул буданашон бо кор ё даст надодани вақтҳои корӣ мушоҳида мекунед, ки гоҳ – гоҳе ҳамроҳ бо ҳамсарашон сари дастархон менишинанд. Ин амрест, ки сардшавиро дар алоқаи заношавҳарӣ меафзояд. Иштирок намудан дар хӯрокхӯрӣ бо зан, ақаллан як маротиба дар як рӯз зарур аст.

Нишастан ҳамроҳи фарзандон, маънои ҷамъ омадани оила барои таъом аст, ки фоидаҳои зиёде дорад; аз ҷумла афзудани меҳру муҳаббат байни зану шавҳар ва байни фарзандон ва волидайн ва байни худи фарзандон, таълим гирифтани фарзандон одоби тановули таъомро аз падару модар, омӯхтани фарзандон, ки чӣ гуна интизор шудан лозим, то падар омада ба сари дастархон нишинад, инчунин модар, ба хӯрдан оғоз кунад баъд аз он фарзандон бо эшон ҳамроҳ шаванд ва ғайра. Инчунин суханони даври дастархон табъиати хос дорад. Он ҷо ҳар фарди оила дар атрофи як мавзӯъ сухан мегӯяд, ҳар яке аз ҳолати худаш сухан мегӯяд ва он чи бо ӯ рӯй додааст, нақл мекунад.

Ба ҳамин шакл падару модар аз рафтору кирдори фарзандон огоҳ шуда, бо мушкилоти онҳо шинос мешаванд. Инчунин шавҳар аз мушкилиҳои зан ва он чи дар давоми рӯз бо ӯ рух медиҳад, огоҳ мешавад, ӯро маъзур медорад ва саъю кӯшиши ӯро, ки харҷ кардааст, қадр мекунад ва бо ӯ лутфу меҳрубонӣ менамояд. Инчунин ҳамсар хастагию бемадории шавҳарро дар кору бораш дида, онро ба назар гирифта, ҳамаи талаботи худро бо лутфу нармӣ пешниҳод мекунад.

28. Ҳамсаратро мадҳу ситоиш намо!

Як сухани зебо ба ҳамсарат муҳаббату саъодати зиёде ба шумо меорад. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, кам ҳастанд шахсоне, ки ин амалро анҷом медиҳанд. Гоҳо мешавад, ки ба хона бармегардед ва мебинед, ки ҳамсаратон беҳтарин либос ба бар кардаву сару сурати худро ба беҳтарин ваҷҳ оро додааст ва шумо ҷаҳду кӯшишеро, ки ӯ анҷом додааст, қадр намекунед!

Албатта, ин ҷаҳду кӯшиши зиёдро талаб мекунад. Зан монанди мард нест. Шумо мумкин дар зарфи панҷ дақиқа либосатонро иваз намуда, атри муносиб занед, лекин ҳамсаратон ҳаргиз чунин карда наметавонад. Агар шумо ин гуна ҷаҳду кӯшишеро, ки ҳамсарат барои шумо анҷом медиҳад, қадр накунед, ӯ шикастаҳол мешавад. Пас, шумо чӣ гуна таърифу тавсиф намудани либоси нави ӯро фаромӯш мекунед? Чӣ гуна ситоиши зебу зинати ӯро, ки ба хотири шумо намудааст, аз хотир мебароред? Суханони пурмадҳу ситоиш ақли ҳамсаронро мерабояд, онҳоро мутеъи ҳамсаронашон мегардонад ва муштоқи дидори ҳамсаронашон месозад. Пас чӣ гуна мадҳ намудани ҳамсаратро биомӯз, то бо сифатҳову хислатҳои дӯстдоштааш ӯро мадҳ гӯӣ.

Ҳангоме аз мадҳу ситоиш сухан гуфтем, беҳтар аст, ки шавҳарон аз итобу сарзаниш бипарҳезанд, хусусан дар он чи зан аз боби зинат анҷом медиҳад.

29. Рози ҳамсаратро пӯшида дор!

На танҳо зан бояд рози шавҳарашро нигоҳ дорад, балки мард ҳам бояд сирри ҳамсарашро ҳифз намояд, чун дар фош намудани роз зарари хеле калон ба ҳарду тараф ворид мегардад. Бадтар аз ҳама дар ифшои роз он аст, ки шавҳар сирри ҳамхобагӣ бо хонумашро фош карда, он чи байни ӯ ва ҳамсараш рух медиҳад, ба дигарон ҳикоя кунад. Ин рафтори шайтонист, мӯъмину мусалмон имкон надорад ин амалро анҷом диҳад, зеро мусалмони ҳақиқӣ аз ин амал ҳаё мекунад.

Паёмбар (с) мефармояд: «Бадтарини мардумон аз рӯи манзалат рӯзи қиёмат дар назди Худованд мардест, ки бо ҳамсараш якҷо мешавад (ҳамхоба мешавад) ва баъд аз он сирри занро фош мекунад».[33]

Аз Асмоа бинти Язид (р) ривоят аст, ки мегӯяд: назди Паёмбар (с) будам ва занону мардон низ он ҷо нишаста буданд, пас Паёмбар (с) фармуд: «Шояд марде ҳаст, ки он амалеро, ки бо аҳлаш анҷом медиҳад, (ба дигарон) бигӯяд ва шояд зане ҳаст, ки аз он коре, ки бо шавҳараш мекунад (ба дигарон) хабар диҳад?! ».

Мардуми ҳозир буда сокит шуда ҷавоб надоданд, пас ман гуфтам: Оре, савганд ба Худо (ҷ), эй Расули Худо (с), занону мардон ин амалро мекунанд. Расули Худо (с) фармуд:

«Чунин корро накунед, чун анҷом додани ин амал монанди амали шайтонест, ки бо шайтони дигаре дар роҳ вомехӯрад, пас, бо ӯ якҷо мешавад, дар ҳоле ки мардум ба онҳо нигариста истодаанд».[34]

30. Ҳуқуқи ҳамсаратро ҳифз намуда, онро зоеъ магардон!

Аз ҳама аламовар барои инсон ин аст, ки ҳаққашро дигарон поймол кунанд, хусусан ҳангоме ки шахси поймолкунанда наздиктарин шахс барояш бошад. Дар он вақт аз муҳаббат байни онҳо асаре боқӣ нахоҳад монд ва шояд он меҳру муҳаббат ба душманӣ табдил гардад.

Аз Муъовия ибни Ҳийда (р) ривоят аст, ки мегӯяд: ба Расулуллоҳ (с) гуфтам:

— Эй Расули Худо! Ҳаққи ҳамсар чист?

Паёмбар (с) фармуданд: «Ин аст, ки вақте ки таъом мехӯрад, таъомаш диҳад, вақте ки либос мепӯшад либосаш диҳад ва тақбиҳи ваҷҳ накунад, масалан нагуядаш, ки Худо рӯятро сиёҳ кунад ва дар рӯяш назанад ва дар ғайр аз хона ӯро тарк накунад».[35]

Ҳангоме шавҳар ҳаққи занашро дар таъому либос поймол мекунад дар ҳоле ки беҳтарин таъомро ва беҳтарин либосро барои ӯ муҳайё намуда метавонанд. Ин ҳангом ҳаққи ӯро поймол кардааст. Инчунин агар дар рӯйи ӯ занад ё ӯро дашном диҳад, ӯро дар ин ҳолат зулм намудааст, пас бояд аз ҳамсараш узр пурсад, то Худованд (ҷ) низ ӯро бубахшад ва ба он амали зишт дигар барнагардад.

Аз ҷумлаи ҳифзи ҳуқуқи зан ин аст, ки моли ӯро нигаҳбонӣ кунад ва беҳуда сарф нанамояд ва бе иҷозати ӯ онро харҷ накунад. Мардоне, ки бар моли ҳамсарони худ соҳибӣ мекунанд ва онро мувофиқи рағбату ҳавою ҳаваси худ сарф мекунанд дар ҳақиқат золим ҳастанд, ки бар ҳуқуқи дигарон таҷовуз намудаанд. Шахсе, ки маҳри ҳамсари худро мехӯрад ва ба ӯ намедиҳад, он шахс монанди зинокорон аст, зеро он маҳреро, ки ҳамсарашро барои ӯ ҳалол мегардонад, гирифтааст.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *