Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

47. Пайравӣ намудан аз таълими Ислом дар вақти ҳамхоба шудан бо ҳамсаратон.

Бисёр вақтҳо ҳамсарон ҳангоми алоқаи ҷинсӣ зикри номи Худо (ҷ)-ро аз ёд мебароранд. Ин амри хеле муҳим аст, ҳатто агар рафтаву Худованд (ҷ) фарзанде насиби онҳо гардонад, шайтон ба ӯ зарар намерасонад.

Паёмбари гиромӣ (с) мефармояд: «Агар яке шумо вақте ки ба аҳлаш наздик шавад, пас бигӯяд: Парвардигоро, дур бигардон маро аз шайтон ва дур бигардон шайтонро аз он чи ризқ додаи моро. Агар дар ин вақт байни онҳо валад афтод, шайтон ба ӯ зарар расонда наметавонад».[62]

Инчунин аз таълими Ислом барои домоду арӯс ин аст, ки ҳангоми дидори аввалин домод дуъоеро барои арӯс мехонад, ки ҳамааш хайру баракат аст, то Худованд (ҷ) дар вуҷуди он арӯс барои домод баракате ато кунад ва дар ҳаёти заношавҳарияшон онҳоро саъодатманд гардонад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар вақте яке аз шумо занеро ба никоҳи худ даровард, даст ба пешониаш гузорад, номи Худо (ҷ)-ро гирад ва баракат биталбад ва гӯяд: Эй боро Худоё, хайри ӯ ва хайри он чӣ дар ӯ офаридаӣ металабам ва аз шарри ӯ ва шарри он чи дар ӯ халқ кардаӣ ба шумо паноҳ мебарам». Пас, агар муҷамоъат кунад ва вақти инзол ояд, мустаҳаб ин аст, ки бо худ (дар дилаш) гуяд: Алҳамдулиллоҳ.

Каломи Худованд:

وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ مِنَ الْمَاء بَشَرًا فَجَعَلَهُ نَسَبًا وَصِهْرًا وَكَانَ رَبُّكَ قَدِيرًا﴾ ﴿

«Ӯст, ки одамиро аз об (нутфа) биёфарид ва ӯро насабу пайванд сохт ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!»[63]

Аз одоби Ислом ин аст, ки ҳар вақте шавҳар бо ҳамсараш ҳамхобагӣ кунад, баъд аз он онро иродаи такрор кардан намояд мустаҳаб аст, ки таҳорат созад ё ғусл.

Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар вақте яке аз шумо бо ҳамсараш ҳамхоба шавад ва онро такрор кардан хоҳад, пас бояд байни онҳо таҳорат намояд, зеро таҳорат сохтан барои дубора анҷом додани амалаш фоидаовар аст».[64]

Паёмбар (с) ҳангоме ки дар як рӯз назди ҳамсаронаш мерафт, дар назди ҳар яки онҳо ғусл менамуд. Абурофиъ мегӯяд: Эй Расули Худо ҳамаи онро як ғусл нагардонидӣ? Ӯ (с) мефармояд: «Ин поку беолоиш ва назофат аст».[65]

Барои шавҳар ҷоиз аст, ки баъд аз бедор шудан аз хобаш ғусл намояд, агар пеш аз бомдод хеста ғусл карда тавонад, то намозро дар ҷамоъат дарёбад. Аммо чунин амал имконнопазир бошад, пас барои шавҳар мустаҳаб аст, ки пеш аз хоб ғусл намояд.

Аз Оиша (р) пурсиданд:

Паёмбар (с) ҳини ҷанобат чӣ кор мекард? Оё пеш аз хоб ғусл мекард ё баъд аз он?

Оиша (р) гуфт:

— Ҳамаи ин корҳоро мекард, гоҳо ғусл карда мехобид, гоҳ таҳорат карда мехобид.

Илова бар он чӣ гузашт, шавҳар бояд донад, ки ҳамхоба шудан бо ҳамсараш ибодат аст, аҷру савоб дорад, пас набояд ниятро фаромӯш кунад. Пас бояд шавҳар ба нияти хушнуд сохтани ҳамсараш ва худ ва фарзандонаш бошад.

Паёмбар (с) фармудааст: «Ҳамхоба шудан бо ҳамсарат садақа аст». Гуфтанд: Эй Паёмбар (с) оё яке аз мо шаҳваташро мебарораду баъд аз он ин боз садақа аст? Паёмбар (с) фармуд: «Агар бинед, ки он шаҳваташро дар ҳаром сарф мекунад, оё гуноҳ нест? Пас, агар дар ҳалол сарф кунад, пас барои он аҷр хоҳад гирифт».[66]

48. Аз алоқаи ҷинсӣ намудан дар ҳоли ҳайз ё дар қафои зан бипарҳез!

Дини Ислом барои шавҳар алоқаи ҷинсӣ намудан дар қафои занро ҳаром гардонидааст, чун ин амал сабаби фасоду бадиҳои зиёде барои фард ва ҷомеъа мегардад. Ба дурустӣ шавҳаре, ки дар ақиби занаш алоқаи ҷинсӣ мекунад, кореро анҷом медиҳад, ки Худованд (ҷ) онро ҳаром гардонидааст ва ҳамсарашро ба ин амал озори шадиде медиҳад.

Ин гуна мард бояд аз Худованд (ҷ) битарсад ва ба доираи Ислом бозгардад ва амали мисли қавми Лутро тарк намояд.

Паёмбар (с) мефармояд: «Шахсе ки занашро дар ақибаш алоқаи ҷинсӣ мекунад, лаънат карда шудааст».[67]

Боз мефармояд: «Шахсе бо зан дар ҳоли ҳайз ҷимоъ кунад, ё дар қафои зан ҷимоъ кунад, ё назди коҳине рафта, гуфтаҳои ӯро тасдиқ намояд ба дурустӣ ба он чи ба Муҳаммад (с) нозил шудааст, кофир шудааст».[68]

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯянд: Умар ибни Хаттоб (р) назди Расулуллоҳ (с) омада гуфт: Эй Расули Худо, ҳалок шудам. Паёмбар (с) фармуд: «Чӣ чиз туро ҳалок сохт?» Умар гуфт:

«Яъне имшаб бо занам ҳамхоба шуда бо ӯ аз роҳи қафо дар фарҷ ҷимоъ кардам. Паёмбар (с) ба Умар чизе ҷавоб надод, пас ин оят ба Паёмбар (с) нозил шуд:

Каломи Худованд:

نِسَآؤُكُمْ حَرْثٌ لَّكُمْ فَأْتُواْ حَرْثَكُمْ أَنَّى شِئْتُمْ

«Занонатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед».[69]

(Яъне барои ҳамхобагӣ бо ҳамсар мард аз ҳар равише истифода кунад ихтиёр дорад, хоҳ ҳамсарашро ба пушт хобонад, хоҳ ба шикам баҳрабардорӣ аз фарҷ (роҳи пеш) бояд бошад на аз дубур (роҳи қафо)).

Расули Худо мефармояд: «Аз роҳи пеш ё қафо ҳамхобагӣ кунед, лекин аз ҷимоъ намудан дар ҳоли ҳайз ё аз қафо парҳез намоед».[70]

Инчунин барои шавҳар ҷимоъ намудани зан дар ҳоли ҳайз ҳаром аст, аммо ба ӯ як ҷо шудан дар ҳоле ки аз фарҷ парҳез намояд боке надорад.

Каломи Худованд:

وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْمَحِيضِ قُلْ هُوَ أَذًى فَاعْتَزِلُواْ النِّسَاء فِي الْمَحِيضِ وَلاَ تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىَ يَطْهُرْنَ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللّهُ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ وَيُحِبُّ الْمُتَطَهِّرِينَ

«Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ гузинед ва ба онҳо наздик машавед, то пок гарданд. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Ҳар ойна Худо тавбакунандагонро дӯст дорад!».[71]

Яҳудиҳо чунин одат доштанд, ки зан чун ҳайз медид, ӯро дар хона дар хурду нӯш тарк мекарданд ва ҳамнишинӣ намекарданд. Пас, дини Ислом бо дигар таълимот омада, ки ҳамнишинӣ ва хурду нӯш кардан бо занро дар ҳоли ҳайз ҷоиз гардонид, магар ҳамхоба шудан бо ӯро.

Паёмбар (с) мефармояд: «Бо ҳамсари ҳоиза ҳар чӣ мехоҳед анҷом диҳед, магар ҷимоъ намуданро».[72]

49. Ҳамсаратро аз назари шайтонҳои инсӣ нигоҳ дор!

Чӣ гуна мард дар байни мардум дасти ҳамсарашро гирифта, дар ҳоле ки занаш, худро зинат дода ва атр задааст, меравад?!

Туро ба Худо (ҷ) савганд медиҳам, эй шавҳари мусалмон, чӣ гуна розӣ мешавӣ, ки марди бегона ба ҳамсарат чашм дӯхта зебу зинат ва қаду қомати ӯро тамошо кунад?!

Оё нисбати ҳамсарат нангу номус надорӣ? Фарз кардем, ки шумо доред, пас барои чӣ ба ҳамсарат иҷозати берун шуданро ба он шакл медиҳӣ? Оё ба хотире, ки шумо ба тасарруфоти ӯ назорат карда наметавонед?! Ё аз оқибати кори худ ва кори ӯ огоҳ нестед?

Ба ҳадиси Паёмбари гиромӣ (с) гӯш диҳед, ки мефармояд:

«Ду гурӯҳ аз аҳли оташ (дӯзахӣ) ҳастанд, ки онҳоро ман надидаам: Мардуме ҳастанд, ки бо худ қамчинҳо доранд монанди думи гов, бо онҳо мардумро мезананд ва занҳои нимбараҳнаву урён…».[73]

Уламо мегуянд: Занҳои нимбараҳнаву урён, яъне либоси нозуку тунук мепӯшанд, ки андомашон намоён мегардад ё либоси танг мепӯшанд, ки авраташон намудор мешавад.

Оё ҳадиси Паёмбар (с)- ро шунидаӣ, ки мегӯяд: «Ҳар зане, ки атр зада, аз назди мардум мегузарад, то бӯи онро бибуянд, пас ӯ чунину чунон аст. Яъне зинокор аст».[74]

Пас агар дар ҳақиқат рашк дошта бошед, ба шумо лозим аст, ки ҳамсаратонро панду андарз диҳед ва сухани таъсирнок ба ӯ бигуед, то ин либосе, ки андоми занро намудор месозад ба бар накунад ва либосе пушад, ки авратро сатр кунад. Шумо дар ислоҳи ҳамсаратон оҳиста-оҳиста қадам ба қадам пеш равед, шояд Худованд (ҷ) ӯро ислоҳ намояд.

Маро маъзур доред, то бигӯям аз аввал хато аз шумост, зеро ихтиёри нодуруст намудед ва касеро ихтиёр намудед, ки андоми худро аз назари мардум намепӯшад. Ва шумо барои ислоҳи ин хатои ҳамсаратон масъул ҳастед. Эй шавҳари мусалмон, аз даъватгароне ки ба сӯи оташи дӯзах мардумро мехонанд, барҳазар бош. Онҳо ба шумо мегӯянд: зан дар пӯшидани либоси худ озод аст, чи тавре хоҳад мепушад, ин озодии шахсӣ аст. Ба онҳо гуед: озодӣ дар сояи таълимоти Исломи азиз ва пойбанд будан ба манҳаҷи илоҳист. Оё инсон масалан озод аст, ки касеро хоҳад бикушад? Ё озод аст, ки моли касеро ғорат кунад? Бале зан озод аст, лекин дар сояи чанг задан ба қонунҳои Илоҳӣ ва шариъати Ӯ (ҷ) дар рӯи замин ва қонуни Худованд (ҷ) дар бораи занҳо.

Каломи Худованд:

وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ»[75]

Ба дурустӣ намоиш додани зан қафаси сина, мӯй ва дастони то китф урёни худро назди ғайри шавҳар, озод будани занро ифода намекунад, балки ин амал зиёнест ба худи зан ва барои дигарон.

50. Моли хусусӣ ба ҳамсарат бидеҳ, ғайр аз он чи барои манзил талаб мекунад.

Гоҳо ҳамсарат барои харидани чизҳои махсус ба худаш эҳтиёҷ пайдо мекунад, пас набояд барои ҳар як дирҳам ӯро муҳосаба кунед. Ба шумо лозим аст, ки маблағи махсусе ба ӯ диҳед ва аз он ӯро напурсед, бигузор чи гунае, ки мехоҳад онро сарф намояд.

Нисбати ӯ дар молатон бахилӣ накунед, то ки ӯ маҷбур шуда бе иҷозат аз моли шумо бигирад. Ба дурустӣ, бузургтарин мушкилоте ки мумкин аст зан ба он рӯ ба рӯ шавад, ин ҳоҷати ӯ ба мол аст. Пас, бар ҳазар бош аз ин ки ҳамсарат ниёз ба мол дошта бошаду ба ӯ надиҳӣ. Бояд огоҳ бошед, ки Расули Худо (ҷ) барои зан аз моли шавҳараш, ки бахилу мумсик аст, гирифтанро бе иҷозату огоҳии ӯ иҷозат дода, мубоҳ гардонида аст, лекин ба андозае бояд гирад, ки барои худ ва фарзандонаш кифоя кунад, лекин шавҳари мусалмону мӯъмин ҳамсарашро ба он ҳолат намегузорад, ки маҷбур шуда ин корро анҷом диҳад, пас бар ӯ лозим аст, ки ба ҳамсараш ба қадри ҳоҷаташ ва зиёдтар аз он мол диҳад. Он маблағро масрафҳои шахсӣ номидан мумкин аст. Пас, барои ҳамсарат масрафи шахсӣ бояд бошад ва чи тавре хоҳад, онро сарф намояд, бидуни ин ки ӯро аз он масраф пурсед.

Инчунин барои шумо лозим аст, ки ба фарзандони худ низ аз хурдсолӣ масрафи шахсӣ диҳед, барои ҳар як аз онҳо, гарчанде он масраф каму ночиз бошад, лекин он барои онҳо зарур ва боаҳамият аст. Ин амал онҳоро ба тарзи ҳифзу нигоҳдошти мол одат мекунонад ва қимати онро мешиносанд, чун ҳар вақте ҳоҷате пайдо намуданд ба он моли худ иктифо мекунанд. Агар аз модари худ пурсанд, шояд он ниёзи онҳоро ҳозир карда натавонад ва гӯяд, ки маблағашон нокофист.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *