Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

16. Айбҳои ҳамсаратро бипазир!

Ҳаёти оилавӣ пур аз воқеъаву ҳодисаҳост. Тавре мегӯянд ҳаёти якумрист. Аз ин рӯ, зану шавҳар ба ҷонибҳои мусбат ва манфии шахсияти якдигар аз наздик шинос мешаванд ва гоҳ мешавад, ки айби муайяне дар зан ба шавҳар маъқул намеафтад. Имкон дорад, ки қабули он айб ба шавҳар хеле сахт тамом шавад, лекин дар айни замон дар шахсияти зан низ ҷонибҳои мусбати зиёде вуҷуд доранд. Ҳамаи ин шавҳарро бояд водор созад, ки дар ин амр шитобкорӣ накарда, нисбати зан танҳо аз як ҷониб ҳукм накунад, балки ҳарду ҷониб: мусбат ва манфии шахсияти ӯро дар назар гирад ва барои як айби ночизе, ки дар табиъати ӯст, ӯро инкор накунад.

Каломи Худованд:

وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ فَإِن كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَى أَن تَكْرَهُواْ شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا

«Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, магар он ки муртакиби фаҳшои ошкоре шаванд ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад».[21]

Пас набояд шавҳар барои хислати ночизе занашро бад бинад. Расули акрам (с) мефармояд: «Нафрат намекунад марди мӯъмин зани мӯъминаро. Агар хислати муайянеро, ки дар ӯст бад бинад, хислати неки дигараш ӯро розӣ мегардонад».[22]

Шавҳар бояд огоҳ бошад, ки ҳаргиз зане, ки аз айб холӣ бошад, намеёбад. Имкон дорад, ки занаш бо вуҷуди айбҳояш аз бисёре аз занон беҳтар бошад. Агар инро фаҳмидан хоҳед, метавонед варақу қаламе ба даст гирифта, ҷонибҳои мусбату манфии шахсияти ҳамсаратонро нависед ва ба зудӣ дар хоҳед ёфт ки ҷонибҳои мусбат хеле зиёданд. Шумо огоҳ бошед, ки дар ҳаёти заношавҳарӣ имкон надоред ки завҷае пайдо кунед, ки сад дар сад мувофиқи табъи шумо бошад. Ҳатман табиъатҳо бо ҳам ихтилоф доранд ва ҳатман чизҳоеро мебинед, ки писанди шумост ва чизҳое ҳастанд, ки писанди шумо нест.

Луронс Гулд дар китоби худ «Аз ҳаёт лаззат бибар» мегӯяд:

«Беҳтарин чизе ки издивоҷ намуданро метавон бо он ташбеҳ намуд, ин мағозаи хӯроквориест, ки он ҷо ғизоҳои гуногун омода шудааст ва ғизое, ки он ҷо мувофиқи табъи шумо омода шавад, вуҷуд надорад. Фурсат дар дасти шумост, ки беҳтарин навъи таъомро мувофиқи табъатон ихтиёр кунед. Агар издивоҷ намуданро низ чунин тасаввур намоед онро хеле хушҳолкунанда ва дилпазир хоҳед ёфт».

Луронс бо ин сухани худ мехоҳад бигӯяд, ки завҷаи шумо тавре ки шумо мехоҳед нест ва нахоҳад буд, зеро ӯ то синни издивоҷаш тарбияе гирифтааст, ки аз тарбияи гирифтаи шумо фарқ мекунад ва табиъатеро касб кардааст, ки ғайри табиъати шумост. Эҳтимол дорад, ки дар баъзе корҳо бо шумо мувофиқ ва дар баъзеи дигар аз шумо фарқ дошта бошад. Ин ҳақиқатро пазируфтан лозим аст. Набояд бо ҳаёт муқовимат намуд ва хислатеро, ки ҷузъи табиъати инсон гаштааст мағлуб сохт. Тағйир додани он кори осон нест, гарчанде мумкин аст, лекин баъд аз муддати дароз ва сабри ҷамилу кушишҳои пайгирона.

17. Муноқиша дар корҳои ночиз.

Байни зану шавҳар гоҳо ихтилофоту нофаҳмиҳо рӯй медиҳанд, лекин ҳал нанамудани ин гуна мушкилоту нофаҳмиҳо ва побарҳаво гузоштани онҳо сабаб мегардад, ки онҳо ҷамъ шуда бузург шаванд ва ҳалли онҳо гарон шавад. Дар ҳоле ки бинандаи боинсоф ҳукм хоҳад кард, ки он чи байни занушавҳар рӯй додааст, боиси ихтилоф нест.

Бинобар ин Дейл Корнеги гуфтааст: «Мушкилоту ихтилофоти ночиз ва хурд дар ҳаёти заношавҳарӣ метавонад ақлҳои шавҳарону занонро мунҳариф созад, бирабояд ва сабаби дарди дил гардад, ки нисфи олам аз он дар азобанд».

Ҳамаи ин бо кадом сабаб аст? Иллати асоси ба фикри мо ин мушкилоту ихтилофоти ночиз нест, балки тариқаи бархурд бо ин мушкилот аст. Дар ҳақиқат асабонӣ ва дилгир шудани шавҳар ва сабр намудани ӯ бар баъзе аз ин гуноҳони хурде ки аз зан содир мешаванд, сабаб мешавад, ки рӯҳи инсон зуд аз ин ихтилофоту мушкилоти кӯчак ба танг ояд. Агар шавҳар корро ба осонӣ гирад ва ба сабаби ин гуна корҳо зуд асабонӣ нашавад ва занро дар он маъзур дорад, баъд аз чанд муддат он мушкилро эҳсос нахоҳад кард. Лекин шавҳар дар ҳамаи ин корҳо асабонӣ шуда, занро заҷру танбеҳ кунад, ана ин мушкили ҳақиқӣ аст.

Яке аз қозиҳое ки бештар аз 40 – ҳазор қазияи талоқро ҳукм намудааст, баён доштааст, ки «Ҳамеша умури ночиз сабаби бадбахтии зану шавҳар мегардад».

18. Дар корҳои хона ба ҳамсарҳоят ёрӣ расон.

Шарт нест, ки дар корҳои хона ба таври доим ба ҳамсарат ёрӣ диҳӣ, лекин ҳангоме ки гоҳ – гоҳ ёрии туро дар умури хона завҷаат мебинад, худро хушҳолу саъодатманд ҳис мекунад ва муҳаббаташ нисбат ба шумо меафзояд. Баъзе аз шавҳарҳо чунин мепиндоранд, ки иҷро кардани ҳар гуна кори манзил сабаби кам гаштани қадру манзалати онҳо мегардад. Ин мутлақан пиндори нодуруст аст. Беҳтарин фарзанди Одам, Паёмбари бузургвор (с) беҳтарини мардумон аз нигоҳи муъомала бо аҳлу аёлашон буданд. Бо вуҷуди бисёр будани машғулиятҳои даъватиашон ёвари хубе барои ҳамсаронашон дар умури манзил буданд. Уммулмӯъминин Оиша (р)-ро аз Паёмбар (с) дар ин бора суол карда шуд, ки чунин мегӯяд: «Шахсе буд, ҷомаи худро медухт, шири гӯсфандро медӯшид ва хидмати худро мекард».[23]

Инчунин Оиша (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) дар хидмати аҳли оилааш буд ва ҳангоме ки вақти намоз фаро мерасид, ба намозгоҳ мешитофт».[24]

Хидмат намудани зан шавҳарашро воҷиб аст, аммо кӯмак намудан ба зан дар умури манзил аз ҳусни муъошират ва аз василаи афзудани муҳаббат байни онҳост, хусусан ҳангоме ки зан аз умури хона хеле хаста мешавад.

19. Дар эҳсосоти худ бахил мабош.

Бахилтарин мардум касест ки бо ҳамсараш аз нигоҳи меҳру муҳаббат бахилӣ мекунад ва шахсест, ки ҳангоми мулоқоти рӯҳию ҷисмонӣ ё тавре мегӯянд алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсараш бахилӣ мекунад. Ин бахилӣ ҳангомест, ки мақсади шавҳар танҳо ризо сохтани нафси худ ва баровардани ҳоҷаташ бошад. Ва ба ҳоли ҳамсараш ва ризо намудани ӯ назар накунад, ки оё ӯ низ монанди худаш ризо шудааст ё на. Ин сабаби аз даст рафтани тавофуқи ҷинсӣ мешавад.

Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

«Баъд аз он ҳангоме ки шавҳар ҳоҷаташро бароварда сохт, пас бояд бар аҳлаш мӯҳлат диҳад, то ӯ низ ҳоҷаташро бароварад. Шояд баровардани ҳоҷати ӯ тӯлонитар анҷом пазирад, бинобар ин, шавҳар бояд шаҳвати ӯро барангезад. Ба ҳоли худ гузоштани зан дар ин ҳолат сабаби озори ӯ мегардад ва ихтилоф дар зуҳури «инзол» (расидан ба авҷи лаззат ва шаҳват) сабаби нафрат мегардад».[25]

Тавофуқ, яъне мувофиқат дар инзол барои зан хеле болаззат аст. Пас бояд шавҳар танҳо бо худ машғул нашавад ва ба ҳамсараш низ аҳаммият диҳад, зеро ӯ шояд аз ибрози ин масъала шарм кунад. Баъзе шавҳарон гумон мекунанд, ки зан бояд рағбати ҷинсии онҳоро қонеъ кунад ва бар худи онҳо лозим нест, ки одоби ҳамхобагиро риъоя кунанд. Ин, албатта, хатои маҳз аст.

Аз ҷумлаи одоби ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) ин унс гирифтан бо зан, лутфу меҳрубонӣ бо ӯ ва ҳазлу бозӣ ва суханони гарм гуфтан бо ӯст, то вай низ ба ин кор омода шавад ва ҷавоби мусбат диҳад. Бӯса намудан, даст задан, сухани гарм гуфтан ва ғайра ҳамчун умури муқадамотӣ барои ҳамхобагӣ хеле зарур ва муҳимманд. Пас барои шавҳар лоиқ нест, ки монанди ҳайвон бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ кунад, балки байни худ ва ҳамсараш бояд корҳои муқадамотие, ки дар боло зикр гардид, анҷом пазирад. Шавҳар бояд огоҳ бошад, ки бетафовут будан нисбат ба ҳамсараш дар ин амр, сабаби тира гардидани алоқа байни онҳо мегардад.

Инчунин ин амр сабаби пӯшидае барои бисёре аз мушкилиҳо мешавад, ки зан ҳарос намуда, онро ошкор намесозад ва далелҳои дигар меорад, ки ҳаққонӣ нестанд. Яке аз табибони мутахассис ҳолати теъдоди зиёде аз занону шавҳаронро таҳқиқ кард ва ин баҳсу таҳқиқи ӯ чандин сол давом намуд ва натиҷаи бисёр муҳим ва хатарнок ҳосил намуд, ки дар китобаш «Хатои шавҳарон чист» онро баён доштааст. Ин табиб доктор Ҳомилтун аст. Ӯ хулосаи натиҷаи ин ҷустуҷӯйи тӯлониро чунин мегӯяд:

«Дар ҳақиқат даст наёфтан ба тавофуқи ҷинсӣ ҳамеша асоси ҳар издивоҷи ноком аст. Ҳар мушкилоти дигареро ҳамсарон метавонанд аз мадди назар дур гиранд, агар тавофуқи ҷинсӣ байни зану шавҳар ҳосил шавад». Оё баъд аз ин (натиҷаи ҳосилшудаи мазкур) шавҳар нисбати ҳамсараш дар ҳосил намудани тавофуқи ҷинсӣ ва лаззат бурдан бахилӣ мекунад?

20. Нуқта назари ҳамсаратро эҳтиром кун.

Баъзе шавҳарон ақли ҳамсарони худ ва тариқаи фикр намудани онҳоро масхара мекунанд. Ин гуна шавҳарон бо чунин амалашон танҳо мушкилро меафзоянд ва хоҳишманди хушбахт шудан дар ҳаёти заношавҳарӣ нестанд. Ҳамчуноне ки ин гуна шавҳарон сазовори эҳтироми ҳамсаронаш нестанд, зеро эҳтиром амри дуҷониба аст ва ҳар вақте шахсеро эҳтиром накунед, ӯ низ шуморо эҳтиром намекунад, гарчанде шумо инро баръакс фаҳмед. Зане, ки аз шавҳараш чунин рафторро мушоҳида мекунад, ҳаргиз ӯро дӯст намедорад. Як масъалае вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардҳо онро ғалат мефаҳманд ва он гумони эшон бар ин аст, ки ақли зан заъиф аст, заковату зиракиаш кам аст ва тариқаи тафаккураш каҷ ва носолим аст ва раъйи дуруст дошта наметавонад. Ин суханоне ҳастанд, ки ҳеҷ гуна асос надоранд ва масдари он фаҳми нодурусти баъзе аҳодисест, ки дар ин мавзӯъ ворид шудааст. Масалан ҳадиси «Занон кӯтоҳақлу кӯтоҳдин ҳастанд». Баъзеҳо ғалат мефаҳманд, ки гӯё нуқсону кӯтоҳии ақл ин ҷо заковати сусту тариқаи носолими фикр аст.

Ин андеша нодуруст аст. Мақсади ин ҳадис аз кӯтоҳақлӣ он аст,ки фаромӯшхотирии зан бештар аз мард аст, чун зан ба бисёр корҳое дучор мешавад, ки ба фаромӯшхотирӣ сабаб мешаванд, хусусан дар ҳаёти оилавӣ. Далел ба ин гуфтаҳо ҳадиси Паёмбар (с) аст, ҳине ки занон пурсиданд:

— Эй Расули Худо, нуқсони ақлу дини мо чист?

Фармуданд (с):

Оё шаҳодати зан нисфи шаҳодати мард нест?

Гуфтанд:

— Бале!

Боз фармуданд (с):

— Ин аз нуқсони ақли ӯст, оё зан ҳангоми ҳайз диданаш намозу рӯзаро тарк намекунад?

Гуфтанд:

— Бале, эй Расули Худо.

Фармуданд (с):

— Ин аз нуқсони дини ӯст».[26]

Акнун нуқсоне, ки дар ҳадис ворид шудааст, маънояш равшан гашт. Инчунин нуқсони дини ӯ маънии нуқсон дар ҳақиқати динро надорад, балки мақсад нуқсон дар баъзе умури ибодат аст, ки зан барои тарк намудани адои он пурсида намешавад, балки агар он амрҳоро дар он ҳангом адо кунад, ҳаром хоҳад буд. Барои зани ҳайзбин рӯзаву намоз ҳаром аст, агар онро анҷом диҳад, гунаҳкор мешавад. Пас ақли зан мӯҳтарам аст. Занҳое вуҷуд доранд, ки заковаташон аз бисёр мардҳо беҳтар аст.

Нуктаи асосӣ дар ин амр ин аст, ки Худованд заковати занро ба андозаи дигар офаридааст, ки аз мард тафовут дорад. Ин барои ҳикматест, ки Худованд (ҷ) худ ба он доност.

Шояд ин ба сабаби ғанӣ гардонидани ҳаёт бошад, то нав ба нав гардад ва танҳо мард бо ақли худ дар он ҳаким (ҳукмкунанда) набошад, балки шояд отифаи пурҷӯшу хурӯши зан ҳаётро маънои дигар бахшад. Аммо агар маншаъи ин гуна эътиқод дар мардҳо нисбати ақли занон ба таври дар боло зикр шуда набошад ва дар ҳақиқат ҳам бо зане издивоҷ намудааст, ки заковаташ суст аст ва тариқаи тафкираш носолим аст, пас ҳоҷате нест, ки он айбро дар рӯ ба рӯяш бигӯяд ва доим фикри ӯро носолим шуморад, балки бар ӯ воҷиб аст, ки он айбро аз ӯ бипазирад, чун бо ҳамон айб ӯро издивоҷ намуда буд, пас аз рӯи инсоф нест, ки бо амре ки дар ихтиёру тавоноии ӯ нест, ӯро айбдор кунад.

Масъалаи дигаре, ки хеле муҳим аст, ин иштироки зан дар корҳои хона ва андешарониву ба нақшагирии умури он ҳамроҳи мард ва машварат бо зан дар ин корҳост. Эътиқоде байни бисёре аз мардҳо роиҷ аст, ки «машварат бо зан хонаро вайрон мекунад». Ин гуна фикр бо баъзе занҳо рост меояд, лекин дар ҳақиқат баъзе занҳо ва баъзе ҳамсарҳое ҳастанд, ки аз шавҳарашон дида фикрронии хуб доранд.

Машварат бо эшон сабаби ислоҳи бисёре аз корҳо гардидааст, ки шавҳаронашон онро фосид намуда буданд. Пас машварат бо зан ҳеҷ бадие надорад, чуноне ки баъзе мардҳо мепиндоранд. Баъзе мардум ин гуна ақида доранд он ҳам бо такя ба ҳадиси мавзӯъ (дӯруғ), ки мегӯяд: «Машварат кунед бо занон ва мухолофат кунед эшонро». Ин муҷарради як сухан аст. Шояд вазъкунандагони он ашхосе, ҳастанд, ки занро дар ҳаёти мусалмонон мехоҳанд аз саҳна дур созанд ва оиларо фосид кунанд. Ин ҳадафест, ки душманони уммати исломӣ кайҳо боз дунболи он ҳастанд.

21. Нисбати ҳамсаронат гумони нек дошта бош!

Пайдо шудани гумони бад нисбати зан саъодату хушбахтиро дар оила хотима мебахшад. Аз қоидаҳои маъруф дар алоқаҳои инсонӣ ин аст, ки «шубҳа сабаби ба вуҷуд омадани шак ва гумони бад мегардад ва боварӣ сабаби ба вуҷуд омадани боварӣ мегардад». Пас ҳангоме ки ба шахс бовар кардед, ӯ низ шуморо бовар мекунад ва хиёнат намекунад. Ин амр, албатта, ба шахсоне рост меояд, ки аз асл поку беолоиш ҳастанд, аммо хиёнатпешаву дуздҳо ва монанди онҳо сазовори боварӣ нестанд. Асл дар онҳо бадгумонист. Шавҳаре, ки зани мусалмону побанд ба исломро аз оилаи мусалмону мӯҳтараме ба занӣ гирифтааст, дар ҳақиқат интихоби хубе кардааст. Асл дар чунин ҳамсар побанд будан ба дин ва ахлоқи нек аст. Пас набояд шавҳар аз паси гумонҳову ваҳми худ рафта, ӯро дунболагирӣ кунад. Агар шавҳар чунин рафтор кунад оилаи худашро бешак вайрон кардааст ва ҳамсараш айбе надорад, балки шавҳар гунаҳгор аст, зеро, ки ин амали ӯ сабаби озори завҷааш мегардад ва зулм бар ӯ мешавад.

Паёмбар (с) низ аз чунин амал манъ намудааст. Дар ҳадиси шариф омадааст:

«Манъ намудааст Расулуллоҳ (с) аз даромадани мард бар аҳлаш шабона барои ҷӯё шудани хиёнати онҳо ё камбудии онҳо».[27]

Дар ҳақиқат Паёмбар (с) пайравӣ намуданро аз рашки ноҷо, ки гумон ва шакку шубҳаро дарбар мегирад ҳаром гардонидааст, ки он сабаби азоб додани зан бидуни ягон асос мегардад

Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ҳамоно ғайрат рашк намудане ҳаст, ки Худованд онро дӯст дорад ва дигар навъе ҳаст, ки Худованд аз он нафрат дорад. Аммо он ғайратро ки Худованд дӯст дорад ғайрат намудан дар шак аст. Аммо ғайратеро ки Худованд аз он нафрат дорад, ғайрат дар ғайри шак аст».[28]

Дар ҳақиқат бисёр мушоҳида намудаем, ки чӣ гуна шайтон шубҳа гумони бад ва ваҳмро дар дили баъзе шавҳарҳо дохил намуда, сабаби тӯҳмат намудани ҳамсарҳо мешаванд, ки эшон аз он тӯҳматҳо пок ҳастанд. Натиҷаи охири ин амалҳо вайрон гардидани оилаҳои мусалмон асту бас. Мушкилиҳои гумони бад ин аст, ки халос шудан аз он душвор аст ва ин ки соҳибаш ғайр аз он чизеро намебинад. Гоҳо мешавад, ки ҳазорон сабаби дигар вуҷуд дорад, лекин ғайр аз он гумоне, ки дар зеҳнаш мегардад. дигар чизеро намебинад.

Бинобар ин Худованд (ҷ) мефармояд:

وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ﴿۲٨﴾

«Ва ҳаройна, гумон барои шинохти ҳақиқат нест!»[29]

Паёмбар (с) фармудааст:

«Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарини суханон аст».[30]

22. Ба ҳамсарат ҳамчун ҳамсари намунавӣ назар намо!

Баъзе шавҳарҳо гумон мекунанд, ки насиҳату роҳнамоиҳои зиёде, ки ба ҳамсарашон тақдим мекунанд, сабаби ислоҳи айби онҳо мегардад ва баъд аз муддате шикоят карда мегӯянд: ҳамаи саъю кӯшишамро барои ислоҳи ӯ сарф намудам ва бо вуҷуди он ҳам чизеро тағйир дода натавонистам?! Сабаби ин ҳама дар чист?

Дар ҳақиқат ин гуна шавҳар чӣ гуна бархурд намудан бо ҳамсарашро надонистааст, балки чӣ гуна имкон доштани ислоҳи айби мардумро нафаҳмидааст…

Агар шахсеро танқид карда, ӯро пай дар пай барои кори муайяне итобу сарзаниш кунед, оё ин сабаби ислоҳ гардидани он шахс мегардад?! Ҳақиқате, ки воқеъиятро таъйид мекунад, ҷавоби манфӣ медиҳад.

Чунки ҳар шахс ҳангоме ки танқиду итобу сарзаниш ба хотири амале ба сӯи ӯ равона мегардад, ӯ ба он амр аҳаммият надода, ба шахсияти худ аҳаммият медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки аз шахсияти худ дифоъ кунад ва шахсияташро пок созад. Касоне, ки бо ҳамсаронашон ҳамин гуна рафтор мекунанд, бо чунин натиҷа рӯ ба рӯ мегарданд.

Пас агар мехоҳед, ки дар зиндагии оилавиатон саъодатманд бошед, бояд ҳамсаратонро ситоиш кунед ва ӯро огоҳ созед, ки ҳамсари намунавист. Баъд аз он агар мехоҳед, ки камбудиеро ишора карда ислоҳ кунед, пас бояд баъд аз ситоиши корҳои неки ӯ, ки анҷом додааст, онро баён доред ба ин тариқа насиҳати шуморо мепазирад ва муҳаббаташ низ нисбати шумо меафзояд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *