Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

31. Байни ҳамсаронат адл кун!

Мушкили бисёре аз касоне ки ба бисёрзанӣ рӯй овардаанд, ин аст, ки байни ҳамсаронашон адл карда наметавонанд ва дар ин ҳолат эшон дар як ҳараҷи шаръӣ воқеъ шудаанд.

Каломи Худованд:

فَانكِحُواْ مَا طَابَ لَكُم مِّنَ النِّسَاء مَثْنَى وَثُلاَثَ وَرُبَاعَ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلاَّ تَعْدِلُواْ فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ

«Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат наварзед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду, се ва чаҳор ба никоҳ дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед» [36]

Агар барои издивоҷ намудан аз як зан зиёдтар эҳтиёҷ дошта бошӣ, пас издивоҷ намо ба ду, се ё чаҳор зан, лекин ба шарте, ки байни онҳо адл намоӣ. Шояд баъзеҳо гӯянд, ки адл намудан ғайримумкин аст. Ин сухани нодуруст аст, вагарна Худованд (ҷ) ҳаргиз бисёрзаниро мубоҳ намегардонид. Баъзеҳо инро аз қавли Худованд (ҷ) истидлол мекунанд:

وَلَن تَسْتَطِيعُواْ أَن تَعْدِلُواْ بَيْنَ النِّسَاء وَلَوْ حَرَصْتُمْ

«Ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Лекин якбора ба сӯи яке майл накунед, то дигареро саргаштазане, ки на шавҳар дорад ва на талоқ шудааст, раҳо карда бошед»[37]

Адле, ки дар ин оят зикр шудааст, адлест, ки дар муҳаббат ва хоҳишоти қалбӣ аст, ки ин ғайриимкон аст, лекин адле, ки дар ояти аввал зикр шудааст, он матлуб ва имконпазир аст ва он адл намудан дар нафақа, ҷои хоб ва муъомалаи некӯ кардан аст. Пас, ояти аввал далолат бар ҳаром будани бисёрзанӣ барои шахсе мекунад, ки аз зулм намудан бар ҳамсараш ба хотири ҳамсари дигараш ё бартар шуморидани ин бар он меҳаросад. Ба ҳамин тариқ, ба шавҳаре, ки бо дуюм зан издивоҷ мекунад лозим аст, ки муҳаббаташ ба ӯ сабаби зулм намудани зани аввала нагардад ва на баръакс. Бар шавҳар воҷиб аст, ки байни онҳо адл намояд ва ба хотири яке ба дигаре ҷабр накунад. Баъзе мардҳо ба ин амр аҳаммияте намедиҳанд, чун аз хатари он чи мекунанд, огоҳ нестанд. Ин ноогоҳии эшон онҳоро ба анҷоми муҳаррамот мерасонад, дар ҳоле ки гумон мекунанд, ки кори ночизеро карда истодаанд.

Зулм дар ин дунё сабаби торикиҳо дар рӯзи қиёмат мегардад ва сахттарин чиз бар зан ин аст, ки ҳамсараш ба ӯ зулмро раво бинад. Пас, бояд шавҳар аз дуъои бади зан бипарҳезад, чун даъвати мазлум мустаҷоб аст.

Барои мо беҳтарин намуна Паёмбар (с) ва зиндагонии ӯст. Эшон бо сабабҳое, ки уламо баён намудаанд ба бисёрзанӣ рӯй овардаанд ва он ҳам баъд аз вафоти ҳамсараш Хадиҷа (р) буд. Бо вуҷуде, ки Хадиҷа (р) саиба буд, боз ҳам ба ин нигоҳ накарда бар болояш издивоҷ накард, зеро, ки ӯро бисёр дӯст медошт ва аёми ҷавониашро бо ӯ гузаронид. Ҳангоме ки Расуллулоҳ (с) аз сабаби ҳикмати олияе, ки бар ӯ маъмул буд, бо чанде аз занҳо издивоҷ кард, ҳаргиз ба яке аз онҳо зулм накард ва ба сабаби яке бар дигаре ҷабр нанамуд. Байни ҳамаи ҳамсаронаш адл мекард, бо вуҷуде ки Оиша (р)-ро бисёр дӯст медошт. Ҳар вақте ба ҷанге мерафт, байни ҳамсаронаш қуръа меандохт ва номи касе, ки дар қуръа мебаромад, онро бо худ мебурд. Ҳангоми бемории охири ҳаёташ аз ҳамсаронаш иҷозат пурсид, то дар хонаи Оиша (р) нигоҳубин шавад. Ҳамаи ин адл намудани ӯ (с) байни ҳамсаронаш ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо буд.

32. Бо ҳамсарат хушмуомила бош!

Бузургтарин васила барои ба даст овардани қалби зан ин муъомилаи некӯ кардан бо ӯст. Шавҳари хушмуъомила, хушахлоқ ва хушрафтор шавҳарест, ки ҳарчи байни ӯ ва ҳамсараш рух медиҳад, ҳаргиз ҳамсараш ӯро бад намебинад. Беҳтарини мардум касест, ки бо ҳамсараш муъомилаи нек дорад. Паёмбар (с) мефармояд:

«Беҳтарини шумо, хубтарини шумо аз барои аҳлаш аст ва ман аз ҳамаи шумо дида, бо аҳлам беҳтарин ҳастам». Паёмбар (с) моро ба муъомилаи нек кардан бо аҳли хонаводаамон васият намудааст ва ин аз охирин васиятҳои ӯ (с) пеш аз вафоташ дар ҳаҷҷатул – вадоъ буд, ки ҳамаи мусалмонон шоҳиди он буданд. Ин далолат бар бузургии ин васият ва аҳаммияти он мекунад: Паёмбар (с) фармудааст:

«Огоҳ бошед, ки шуморо дар мавриди занҳо бо хайрхоҳӣ васият мекунам, зеро онҳо ёварони шумоянд ва ғайр аз ин дигар ҳеҷ ҳокимияте болои онҳо надоред, магар ин ки рафтори нописанде аз онҳо сар занад. Пас агар чунин кореро карданд аз ҳамхобагӣ бо онҳо дурӣ ҷӯед ва бизанедашон задани ислоҳпазирӣ. Пас агар итоъати шуморо карданд, роҳи дигареро бар зарари онҳо истифода набаред. Огоҳ бошед, ки дар ҳақиқат шумо болои занонатон ҳақ доред ва занонатон низ болои шумо ҳақ доранд ва ҳаққи шумо болои занонатон он аст, ки иҷозати нишастан болои фарши хобатон надиҳанд, барои касе, ки шумо намехоҳед ва иҷозати ворид шудан ба манзилатонро барои касе, ки шумо намехоҳед, надиҳанд. Огоҳ бошед, ки ҳуқуқи онҳо болои шумо ин аст, ки хӯрок ва пӯшокашонро ба ваҷҳи некӯ барояшон муяссар гардонед»[38]

Ҳусни муъомила намудан дар озор надодани ҳамсар, дар омода намудани либосу хӯроку манзили истиқоматӣ мувофиқи тавонмандӣ ва бухл наварзидан бар ӯ ва фарзандон мебошад. Чун муҳайё намудани нафақа барои зан аз воҷиботи шаръӣ мебошад. Баъзе шавҳарҳо гумон мекунанд, ки нафақа намудани шавҳар бар ҳамсараш аҷру савобе надорад. Ҳаргиз чунин нест, балки ҳар он чизе, ки шавҳар ба ҳамсараш нафақа мекунад, аҷри бузурге дорад. Паёмбар (с) мефармояд:

«Динореро, ки дар роҳи Худо хайр кардаед ва динореро, ки барои озодии ғуломе садақа кардаед ва динореро, ки ба мискинон нафақа кардаед ва диноре, ки ба аҳлу оилаатон нафақа кардаед, бузургтарини ин садақаҳои шумо аз рӯи аҷр ҳамоне аст, ки ба аҳлатон нафақа кардаед».[39] Ин маънои онро надорад, ки садақа кардан барои ғайри аҳлу аёл аҷр надорад ва ё савобаш кам аст, ҳаргиз чунин нест, балки ин ҳадис тарғиб бар он дорад, ки нафақа ва нигоҳубини аҳли оила риъоя шавад, зеро инҳо касонеанд, ки дар рӯзи қиёмат аз дигарҳо дида бандаро аввал аз ҳаққи ҳаминҳо пурсида мешавад.

Паёмбар (с) шахсеро ки аҳлу авлоди худро зоеъ месозад ва нафақаву сарпарастии эшонро тарк мекунад, барҳазар дошта фармудааст: «Кофист барои инсон аз рӯи гуноҳ ин ки шахсеро нафақа медиҳад зоеъ намояд».[40] Яъне аҳлу авлоди худ ва онҳоеро, ки нафақаашон бар души ӯст зоеъ кунад. Бар ӯ воҷиб аст, ки нафақаи онҳоро фарохтар намояд, агар тавоноии онро дошта бошад.

Каломи Худованд:

﴿لِيُنفِقْ ذُو سَعَةٍ مِّن سَعَتِهِ وَمَن قُدِرَ عَلَيْهِ رِزْقُهُ فَلْيُنفِقْ مِمَّا آتَاهُ اللَّهُ لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا مَا آتَاهَا سَيَجْعَلُ اللَّهُ بَعْدَ عُسْرٍ يُسْرًا﴾

«Ҳар молдоре аз моли худ нафақа диҳад ва касе, ки тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Худо ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад ва ба зудӣ Худо пас аз сахтӣ осонӣ пеш орад».[41]

33. Чӣ гуна ӯро ҳамсари муносиб мегардонӣ?

Баъзе шавҳаронро фикр ё ақидаи «беҳтарини ҳамсарҳо» ҳайрон месозад. Мебинӣ, ки эшон ҳамеша аз худашон мепурсанд: «Оё ҳамсари ман беҳтарин ҳамсар барои ман ҳаст?» Баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ақидаи (беҳтарин ҳамсар) ё (беҳтарин шавҳар) ин як хоби тифлонаест. Дар гӯшае аз зеҳнат сурате нақш баста аст, ки чашмат ҳаргиз ба он барнахӯрдааст ё шояд надонед, ки дар ҳақиқат вуҷуд дорад, ана ҳамон намунаи олии ҳамсарест, ки шумо орзу доред. Агар ба шумо фурсат шавад, ки ба он назар кунед, дар он сифатҳоеро хоҳед ёфт, ки дар падару модаратон мушоҳида намуда будед, хусусан дар модаратон.

Дар лаҳзаҳое, ки ҳоҷати шуморо бароварданд ва рағбати шуморо ризо намуданд, илова бар сифатҳое ки шумо мехостед, ки онҳо худро бо он музайян созанд. Шумо аз ҳамсаратон мехоҳед, ки чунин бошад; дар вақти беморӣ мисли модарат нарм бошаду меҳрубон. Хулоса бонуе, ки шумо орзуяшро доред, ӯро худатон мувофиқи табъатон дар зеҳнатон сохтаед, ки дар ҳаёташ ҳеҷ ташвише ҷуз ба даст овардани ризову саъодатмандии шумо надорад.

Албатта, инчунин ҳамсарро ҳаргиз нахоҳед ёфт ва ин умеду орзуи шумо ҳаргиз дар амал пиёда намешавад.

Зеро аксар ҳамсарро мебинед, ки дар навбати худ аз шумо муҳаббату саъодатро металабад ва мехоҳад дар худ ҳамсари намунавиеро бинад, ки шумо онро барояш месозед. Аз ҳамин ҷост, ки агар (шумо ва ҳамсаратон) ин намунаи олиятонро дар равшании воқеъиятҳо аз сари нав дида набароед, издивоҷи шумо он чиро ки шумо таваққуъ менамоед, нахоҳад ба бор овард.

Ин илова бар он аст, ки модар табиъатан тифлашро дӯст медорад ва омодаи фидо намудани ҷони худ барои ӯст. Ин амри фитрист, ки дар вуҷуди ӯ офарида шудааст, аммо ҳамсаратон ин отифаву аз худгузариҳоро аз куҷо дорост? Модаратон мумкин шуморо бе пешкаш намудани узр бубахшад, аммо ҳамсаратон бошад, барои оддитарин сабаб аз шумо меранҷад. Ҳақиқати амр ин аст, ки шавҳар бояд воқеъӣ бошад ва дар хобу хаёли дур аз ҳақиқат фурӯ наравад. Шавҳар ҳар коре кунад ва ҳар ҷое биҷӯяд ҳаргиз ҳамсареро намеёбад, ки муомилаи модарро пурра анҷом диҳад. Агар шавҳар дар пайи чунин фикр афтад ӯ ҳаёти худро зоеъ кардааст ва ҳаргиз он чиро ҷустуҷӯ дорад, нахоҳад ёфт. Дар ҳақиқат издивоҷ намудан, ин доду гирифт аст. Агар мехоҳӣ, ки ҳамсарат нисбат ба шумо ҳалиму меҳрубону дӯст бошад, пас бояд шумо низ нисбати ӯ чунин бошед.

34. Дар тоъату ибодат ёвари ҳам бошед!

Беҳтарин амре, ки саъодату хушбахтиро байни зану шавҳар бардавом месозад, ин дастгирии ҳамдигар дар тоъату ибодат аст ва ин, ки вақтеро барои анҷоми ибодате бо ҳам махсус бигардонанд ва якҷоя анҷом диҳанд. Масалан вақтеро баъд аз фориғ шудан аз адои амалҳояшон махсус гардонида ҷузъе аз Қуръонро бо ҳам бихонанд. Ё яке аз эшон дигареро бедор намуда, ду ракъат намози таҳаҷҷуд дар дили шаб бигузоранд ва шабзиндадорӣ кунанд. Ин ба таҳқиқ байни эшон муҳаббатеро зиёд мекунад ва ҳаёти онҳоро саъодатманд мегардонад. Ин дар дунёст, аммо дар охират беҳтарин аҷрро насиб хоҳанд гашт, иншоаллоҳ.

Паёмбар (с) мефармояд: «Ба дурустӣ, мард ҳар вақте ҳамсарашро дар дили шаб бедор намуда, бо ҳам ду ракъат намоз мегузоранд, аз зумраи касоне навишта мешаванд, ки Худовандро бисёр зикр мекунанд».[42]

Боз мефармоянд:

«Худованд раҳмат намудааст, мардеро, ки ҳамсарашро шабонгоҳ бедор кунад, пас агар ибо меварзад, ба рӯи ӯ об мепошад ва раҳмат кардааст Худованд занеро, ки шабонгоҳ хеста шавҳари худро бедор мекунад, пас агар ибо меварзад бар рӯяш об мепошад».[43]

Барои чӣ дар тоъату ибодат ҳамдигаро кӯмак ва ташвиқ намекунем? Барои чи шавҳар занашро ба тоъати Худованд (ҷ) ва мудовамат бар он насиҳат намекунад? Барои чӣ ӯро ба намозу садақаву закот додан амр намекунад?

Худованд (ҷ) аз ҳазрати Исмоил (а) ҳикоят карда мефармояд:

وَكَانَ يَأْمُرُ أَهْلَهُ بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ وَكَانَ عِندَ رَبِّهِ مَرْضِيًّا

«Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд»[44]

Ин оят моро ба иқтидо намудан ба ҳазрати Исмоил дар ин амр мекунад. Чӣ гуна ин тавр набошад, ки Худованд (ҷ) мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ

«Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред»[45]

Мусалмон бояд аввал худро ислоҳ намояд ва аз оташи дӯзах худро нигоҳ дорад, баъд аз он ғайри худро даъват кунад ва беҳтарини мардумон барои даъват намудан аҳлу оилаи ӯст.

Ин дар хусуси воҷибот аст, лекин шавҳари донову оқил ба воҷибот иктифо намекунад, балки аҳли хонаводаашро ба анҷоми суннату нафлҳо насиҳат мекунад. Паёмбар (с) аз назди хонаи духтараш Фотима (р) мегузашт ва дари ӯро мекӯбид дар ҳоле, ки ӯ ва ҳамсараш Алӣ (р) хуфтаанд, ба онҳо мегуфт: «Оё шумо намоз намегузоред?» [46]

Ба таҳқиқ Ӯ (с) эшонро ба гузоридани намоз нафл ва наздикӣ ҷустан ба Худованд (ҷ) насиҳат мекард, на танҳо ба пойбанд будан ба фароиз.

35. Аз хона канораҷӯӣ накунед!

Мумкин барои бисёре аз шавҳарон нишастҳои дӯстдоштаи онҳо ин нишастҳои тарабхонаву чойхонаҳо ва ғайра бошад, то аз фазои хонаву оилаву фарзандон ва мушкилоти эшон дур бошанд.

Бо такрор ва истимрори ин амал онро метавон фирори аз хона шуморид ва он чизе аст, ки алоқаҳои заношавҳариро сарду тира мекунад ва байни зану шавҳар фосила эҷод мекунад, чун шавҳар ба ҷои рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти худ бо ҳамсараш ё ҳамроҳӣ бо фарзандонаш аз хона мегурезад ва муддатҳои тӯлонӣ дар берун аз манзил боқӣ мемонад. Ин табъан ҳалли мавзуъ нест, балки корро мушкилтар мегардонад, зеро мушкилоти хурд болои ҳам омада бузург ва ғайри қобили ҳал мегардад.

Беҳтар барои шавҳар ин аст, ки бо мушкилоти хонаводааш рӯ ба рӯ шавад на ин ки аз он гурезад. Бо ҳамсаратон нишаста он чи байни шумо нофаҳмиҳо ҷой дорад, бо ҳусни тафоҳум ҳал намоед.

Агар мушкили ҳалнопазир ё монанди он бошад, кӯшиш кунед, ки созише ёбед бо ҳамсаратон. Агар чунин намудӣ, ҳаёти заношавҳариатро хеле осуда ва хушбахт хоҳӣ ёфт. Бояд шумо аз ин ҳадиси Паёмбар (с) огоҳ бошед, ки мефармояд «Аҳли шумо бар шумо ҳақ дорад».[47] Пас ҳамеша онҳоро тарк накунед, балки ба шумо лозим аст, ки ҳамроҳи эшон нишинед, аз ҳоли онҳо огоҳ шуда насиҳаташон кунед.

36. Ба гузашта салавот!

Аз ҷумлаи сабабҳое, ки мушкилоти хонаро зиёдтар мегардонад, ин аст, ки шавҳар ҳамсарашро аз он чи гузаштааст, хотиррасон намуда мегӯяд оё чунин ва чунон нанамуда будӣ? Бо вуҷуди гузаштани муддатҳои тӯлонӣ аз он амалҳо ин амр ҳамсарро ғамгин месозад ва гумон мекунад, ки шавҳараш ӯро бад мебинад, чун он амалҳои гузаштаро ба ёд меорад, дар ҳоле ки муддати зиёде аз он гузаштааст ва он мавзӯъ ба поён расидааст?! Пас, чӣ лозим аст, ки дубора ба он мавзӯъҳо баргардад?

Дар ҳақиқат ин гуна амалкард ҷароҳатро дубора месабзонад, халалҳоеро, ки ислоҳ шудаанд, боз ба миён меорад, ҳар гуна амре, ки бошад набояд, шавҳар мушкилоти гузаштаро ёдовар шавад, дар ҳоле ки ҳалли худро ёфтааст.

Масъалаи дигар ин аст, ки гоҳо мешавад, ки зан гузаштаи муъайяне бо худи ҳамин шавҳараш дорад ё ҳамроҳи шавҳари дигараш, монанди ин ки бева монда бошад ё талоқ шуда бошад, пас дар ин ҳолатҳо шавҳар набояд ӯро аз шавҳари аввалааш хотиррасон кунад ва ин ки ӯ аз он шавҳараш беҳтар аст ва ғайраву ғайра. Инчунин агар шавҳар гузаштаи муъайяне бо дигар зан дошта бошад, пас набояд он занро дар назди занаш ёдовар шавад, то онро айбҷӯӣ кунад ё гӯяд, ки ӯ аз шумо беҳтар буд! Зеро ин амал оташи ғайратро (нангу номусро) дар қалби зан бармеангезад, магар дар ҳоле ки зани аввалӣ, масалан вафот намуда бошад ва шавҳар ӯро ба ёд оварда гӯяд, ки некӯкору мӯъмин буд ва ба ӯ раҳмат гӯяд, то бошад, ки ин зан ба ӯ иқтидо ва пайравӣ кунад. Ҳамчуноне ки Паёмбар (с) аз Хадиҷа (р) сухан мегуфт, чун ӯ хидмати зиёд ва ҷонбозиҳои бешуморе дар роҳи даъвати дини мубини ислом намуда буд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *