Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чи бояд кард, то хамсарат туро дуст дорад?

44. Дар вақти мусибат ва ҳодисаҳо ҳамроҳи ҳамсарат бош!

Пӯшида нест, ки зан нисбат ба мард сабру таҳаммули кам дорад. Бинобар ин ба мард воҷиб аст, ки ҳангоми мусибат дар ҷониби ҳамсараш бошад, ӯро собитқадам созад ва аҳаммият диҳад ва фазлу баракати Худованд (ҷ)-ро барояш хотиррасон кунад.

Масалан, падараш вафот карда аст ё модараш ё ягон наздикаш бошад, дар ин вақт ақли зан дар ҷояш нест, гоҳе гиря мекунад ва гоҳо дод мезанад. Вуҷуди шавҳар дар он вақт аҳаммияти зарури дорад, то занро собитқадам созад ва аз анҷоми корҳои ғалат боз дорад, ки эҳтимоли судури он ҳангоми мусибат вуҷуд дорад.

Анас (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) аз назди зане гузашт, ки барои марги кӯдакаш мегирист, пас ба ӯ гуфт: «Аз Худованд (ҷ) битарс ва сабр кун». Он зан гуфт: Ба мусибати ман аҳаммияте намедиҳӣ. Баъд аз рафтани Паёмбар (с) ба он зан расониданд, ки ӯ Паёмбар (с) буд. Ин хабар ба ӯ хеле гарон афтод. Назди дарвозаи Паёмбар (с) шитофт ва дарбоне надид ва ба Паёмбар (с) гуфт: Эй Расули Худо туро нашинохтам. Паёмбар (с) фармуд: «Сабр назди садама авло аст».[55]

Дар зоҳир заҷр намудани Паёмбар (с) он занро ва панду андарзҳои ӯ (с) ба он зан нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо гиристааст, зеро муҷарради гиря намудан барои мурда ҳаром нест, лекин дар зоҳир гиряи ӯ махлут ба нола буд ва ин муносиби сухани ӯ (с): «Аз Худо битарс ва сабр кун», мебошад.

Қуртубӣ мегӯяд:

«Дар зоҳир гиряаш омехта бо нола ё ғайри он буд, аз ин рӯ ӯро ба парҳезкорӣ амр кард». Дар «Мурсал»-и Яҳё ибни Аби Касир матлабе ба таври зайл ворид шудааст, ки гуфтаҳои болоро таъйид мекунад: «Пас аз он зан чизе шунид, ки бад медид пас назди ӯ истод». Равшану возеҳ аст, ки ҳангоми мусибат бисёри занҳо доду фиғону нола мекунанд, бинобар ин Паёмбар (с) ба он зан фармуд: «Сабр дар лаҳзаи садамаи аввал аст», яъне ҳангоми лаҳзаи аввали шунидани хабар аст, на баъд аз нолаву фиғон. Сабри ҳақиқӣ лаҳзаи шунидани мусибат ва огоҳ шудан аз он аст.

Мусалмон бояд чунин бошад. Барои шавҳар лозим аст, ки ҳамсарашро аз нолаву фиғон ва рӯйканию мӯйканӣ ва амсоли он ҳангоми мусибатҳо, ки феъли мардуми замони ҷоҳилият буд, манъ кунад.

Паёмбар (с) мефармояд: «Аз мо нест, касе, ки ба рӯяш мезанад, доман пора мекунад ва ба анҷоми корҳои замони ҷоҳилият даъват мекунанд».[56]

Пас барои ҳеҷ мард ва зани мусалмон ҷоиз нест, ки чунин корро анҷом диҳад ва бар шавҳар лозим аст, ки ҳамсарашро дар сабру таҳаммул намудан ёрӣ диҳад ва ӯро ба раҳмати Худованд (ҷ) ва ризо ба қазову қадари илоҳӣ хотиррасон кунад.

45. Пайравӣ намудан аз таълими Ислом ҳангоми рӯй гардондани ҳамсар.

Каломи Худованд:

وَاللاَّتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَاهْجُرُوهُنَّ فِي الْمَضَاجِعِ وَاضْرِبُوهُنَّ فَإِنْ أَطَعْنَكُمْ فَلاَ تَبْغُواْ عَلَيْهِنَّ سَبِيلاً

«Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред!»[57]

«Нушуз» дар луғат маънои «баландӣ»-ро дорад ва он дар истилоҳ ба таънаи баланд шуморидани зан худашро аз шавҳараш ва тарк кардани амри ӯ ва рӯй гардонидан аз ӯст».

Дини мубини Ислом «завобити» (қоидаву қонуни) муайяне гузошта аст, ки дар ҳолати рӯй гардонидани зан аз шавҳар ва тарк намудани амри ӯ шавҳар дар муъомила ба зан онҳоро бояд риоя намояд.

Якумин қоида ё дастур ин «Таддаруҷ», яъне ба тадриҷ, дараҷа ба дараҷа ислоҳ намудани зан аст; аз панду андарз, то тарк намудан дар хобгоҳ ва задан.

Дуввумин қоида ин таҳдиди мусталаҳот аст, масалан, истилоҳи задан, ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омада аст: «Пас бизанед ҳамсаронро задани ғайри маҷрӯҳкунанда» (ғайра мубарриҳин).[58]

Уламо фармудаанд: Яъне задане, ки ба зан таъсири сахт надошта бошад, масалан, узвашро намешиканад ё ягон узвашро маҷруҳ намесозад ё дарди сахт надиҳад.

Шояд баъзеҳо ҳадисеро ривоят кардаанд, ки аз бисёр хондани он гумон мекунем, ки дуруст аст, вале дар асл мебинем ҳадисест заъиф ва мехоҳем ин ҷо дар бораи он огоҳӣ диҳем. Он ҳодисаест ривоят карда шуда аз Расули Худо (с) ба қавлаш ин ки: «Мард (рӯзи қиёмат) ба кадом сабаб ҳамсарашро задааст, пурсида намешавад». Ин ҳадис ба санади заъиф ривоят шудааст ва баъзеҳо аз ин ҳадис чунин бардошт намудаанд, ки шавҳар чӣ тавре хоҳад, занашро зада метавонад… ва барои ин амалаш пурсида намешавад.

Ин фаҳмиши нодуруст аст. Шайх Ғаззолӣ мегӯяд: «Агар мард чаҳорпоеро азоб диҳад дар ин дунё ва охират пурсида мешавад». Яъне чӣ гуна инсонро мезанад ва аз он пурсида намешавад? Паёмбар (с) аз задан дар рӯй ва қабеҳ сохтани он манъ намудааст. Инчунин аз задани зан ба шиддат монанди задани барда (каниз) манъ намуда фармудааст: «Яке аз шумо қасд намуда ҳамсарашро монанди каниз мезанад ва шояд дар охири ҳамон рӯз бо ӯ ҳамхоба шавад».[59]

Шайх Ғаззолӣ мефармояд: «Ба дурустӣ задани зан ё зарба дар рӯяш ҷоиз нест. Агар аз занаш ғазабнок шавад, ба хотири рӯй гардониданаш, пас ба қаламе, ки ба он менависад ё бо мисвокаш ё дандоншӯякаш ӯро занад».[60]

Ба дурустӣ задани зан баъд аз он буса кардани он ҳамоқат аст ё бемории равонӣ». Шахсе, ки ҳамсарашро мезанад ва дар охири рӯз ӯро мебусад ва бо ӯ ҳамхоба мешавад, ба камол наздик нест.

Аз Паёмбар (с) омадааст, ки он Ҳазрат ҳаргиз зан ё ходимеро бо дасташ назадааст, магар ин ки дар роҳи Худо (ҷ) ҷиҳод мекарда бошад.

Ин дар хусуси задан буд ва онро аввалан баён намудем, чун бештари шавҳарҳо табиъати ин амрро намефаҳманд ва нисбати он саҳлангорӣ мекунанд. Масалан, задан охирин васила баъд аз панду насиҳат ва тарк намудани зан дар бистари хоб аст. Ҳамчуноне ки задан барои адаб додан гардонида шудааст.

Пас, агар ба нафрат ва ҷудоӣ расонад, ҳеҷ хайре дар он нест, ин василаи бефоида мебошад. Ислом василаест, ки гоҳо бо баъзе мардум фоида меорад ва бо баъзе намеорад. Шавҳари доно касест, ки ҳамсарашро медонад, ки аз кадом навъ аст!

Аммо, дар хусуси тарк намудан дар хобгоҳро муқаррар намудааст, яъне фақат тарк намудани ҳамхобагӣ, пас набояд шавҳар дур хоб кунад ва хонаро тарк кунад, зеро ин сабаби бадбахтии зиёдтар мешавад.

Аммо тарк намудан дар бистари хоб барои мусолаҳа хеле муфид аст, то зан ақлаш дарояд ва шавҳарашро итоъат кунад. Панду насиҳат албата маълум аст, тавре, ки пеш баён намудем.

Шавҳар набояд гумон кунад, ки панду насиҳат маънояш ин аст, ки дар ҳоли хотиб (хутбахон) болои сари зан истода, ӯро аз оқибати маъсият огоҳонад. Шавҳар метавонад чунин кунад, лекин оё зан онро қабул мекунад?

Мавъиза фан аст ва воъиз шахси донову зирак мебошад, на шахсе ки матни китобҳоро ҳифз мекунад, балкӣ медонад, ки чи гуна шунавандагони худро зери таъсири сухани худ қарор диҳад. Шавҳар низ бояд чунин бошад. Пас, ӯ низ бояд ба қалби ҳамсараш бо пандҳои фақеҳҳона роҳ ёбад.

46. Худро ҳамеша ҳақ машумор!

Мушкилии баъзе шавҳарҳо ин аст, ки онҳо ҳамеша худро бидуни шак ҳақ шуморида, ҳамсари худро дар ҳақи хеш хатокор меҳисобанд. Ҳар гоҳе ки ихтилофе сар занад ё ягон мушкилие болои сарашон ояд ,сабабашро дар симои занаш мебинад, баъд аз он мехоҳад занаш ӯро дӯст дорад, нисбаташ ихлос дошта бошад!! Чи гуна ин тавр шавад? Эй шавҳари мусалмон, боинсоф бош, ба ҳақ бош, на болои ҳақ Худованд (ҷ) мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُونُواْ قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاء لِلّهِ وَلَوْ عَلَى أَنفُسِكُمْ أَوِ الْوَالِدَيْنِ وَالأَقْرَبِينَ

«Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо»[61]

Дар ҳол маломатро болои шарики ҳаётиат наандоз, сабр кун мавзӯъро бо оромӣ омӯз агар хато карда бошӣ онро эътироф кун ин айб нест ё ҳадди ақал ҳамсаратро бо коре, ки накардааст. муттаҳам насоз. Агар саросема шуда, ӯро ба коре муттаҳам сохтед ва баъд аз он дар ёбед, ки ӯ гуноҳ надорад, пас бояд аз ӯ узр пурсед, ё аввалан назди ӯ ҳақиқатро эътироф кунед. Ин гуна амали шумо каромати ӯро дубора бар мегардонад ва назди ӯ эҳсос мекунед, ки ӯро шумо эҳтиром мекунед ва дар дили шумо ӯ маконе дорад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *