Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгох ва ахкоми намози Чумъа

2.Хутба:

Пеш аз хондани ду ракъат фарзи намози ҷумъа хутба хондани имоми ҷумъа яке аз шартҳои баргузории он мебошад. Хутбаи намози ҷумъа ва зарурати он далели қатъии шаръӣ дошта, ҳам дар амал ва ҳам дар фармудаҳои ҷаноби Паёмбар, алайҳиссалом, ба таври возеҳ таъкид гаштааст.

Дар мавриди хутбаи намози ҷумъа се масъалаи хосса вуҷуд дорад, ки фақеҳони исломӣ онро ба таври мушаххас баррасӣ намудаанд:

1. Шарт будани худи хутба дар намози ҷумъа. Дар ин бора фақеҳон назари ягона доранд ва бо такя ба манобеи шаръӣ ба фарзияти он таъкид кардаанд. Масалан, Имом Сарахсӣ дар ин бора меорад:

Матн:

«والخطبة من شرائط الجمعة لحديث بن عمروعائشة رضي الله عنهما إنما قصرت الجمعة لمكان الخطبة ولظاهر قوله تعالى فاسعوا إلى ذكر الله يعني الخطبة والأمر بالسعي دليل على وجوبها ولأن رسول الله y ما صلى الجمعة في عمره بغير خطبة فلو جاز لفعله تعليما للجواز »

Тарҷума: Ва хутба низ аз шартҳои ҷумъа аст, бинобар ҳадиси Умар ва Оиша(р), ки «намози ҷумъа кӯтоҳ карда шуд, ба хотири хонда шудани хутба» ва зоҳири қавли Худованд «Ба сӯи зикри Худо шитобед… », барои шунидани хутба шитобед мебошад ва амр ба шитофтан далел ба воҷиб будани хутба аст. Зеро Расули Худо, алайҳиссалом, ҳеҷ гоҳ дар умрашон ҷумъаро бе хутба баргузор накардаанд. Агар ҷумъаи бехутба ҷоиз мебуд, ишон барои таълим адо мекарданд…

2. Воҷиб будани гӯш додани намозгузорон ба хутба. Масъалаи дуюм дар мавзӯи хутба ин аст, ки намозгузорон бояд ба он гӯш андозанд ва дар вақти хутба аз гап задан худдорӣ варзанд. Ин амри шаръӣ дар ҳадиси зерини набавӣ чунин омадааст:

Матни ҳадис:

«عَنْ عُقَيْلٍ عَنْ ابْنِ شِهَابٍ قَالَ أَخْبَرَنِي سَعِيدُ بْنُ الْمُسَيَّبِ Z أَنَّ أَبَا هُرَيْرَةَ Z أَخْبَرَهُ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ إِذَا قُلْتَ لِصَاحِبِكَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ أَنْصِتْ وَالْإِمَامُ يَخْطُبُ فَقَدْ لَغَوْتَ».

Тарҷума: … Абуҳурайра хабар медиҳад, ки Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Дар рӯзи ҷумъа, ҳангоме, ки хатиб хутбаи ҷумъа мехонад, агар ба ҳамнишини худ ҳатто «хомӯш бош» бигӯӣ, фазилати намози ҷумъаро аз байн мебарӣ. (Яъне, ҳангоми хутбаи имом бо ҳеҷ мақсад даҳон ба сухан кушодан дуруст нест.)

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 882

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1404

Дар ҳадиси дигаре, ки Абдуллоҳ ибни Аббос аз ҷаноби Паёмбар, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, овардааст, низ ишон онҳоеро, ки дар ҳангоми хутбаи намози ҷумъа гап мезананд, шадидан сарзаниш карда, ин амалро манъ фармудаанд:

Матни ҳадис:

«عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ Z قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y مَنْ تَكَلَّمَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ وَالْإِمَامُ يَخْطُبُ فَهُوَ كَمَثَلِ الْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًا وَالَّذِي يَقُولُ لَهُ أَنْصِتْ لَيْسَ لَهُ جُمُعَةٌ»

Тарҷума: Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯяд: Паёмбари Худо, алайҳиссалом, фармуданд: Шахсе, ки дар ҳангоми хутбаи имом гап мезанад, ҳамонанди харест, ки китоби зиёде бар ӯ бор мекунанд. Ва касе, ки ба ӯ бигӯяд, ки «хомӯш бош», низ ҷумъаи ӯ дуруст нест.

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 1929

3. Мазмуни хутба. Аз он ҷо, ки худи калимаи «хутба» маънои хитоб кардан ва хитоба гуфтанро дорад, аз маънии он чунин бармеояд, ки имом пеш аз баргузории намоз хитобан ба ҷамъшудагон сухан меронад. Чун намози ҷумъа фурсати ҷамъомади ҳазорон нафар мусалмон мебошад, барои имоми ҷумъа беҳтар аст, ки дар ин соат барои намозгузорон аз масъалаҳои муҳимми шаръию имонӣ сӯҳбат ороста, онҳоро ба риояти фармудаҳои шариат ва ахлоқу маънавияти исломӣ даъват кунад. Хутбаҳои намози ҷумъа бояд мисли дарсҳои ахлоқу маънавият барои намозгузорон ва аз ҷумла, барои ҷавонон судманд бошанд.

3.Изни омм:

Яке аз шартҳои дигари баргузории намози ҷумъа «изни омм» аст. Маънои «изни омм» ҳаққ ва иҷозати иштирок доштани ҳамаи мусалмонон мебошад. Яъне ҳангоми баргузории намози ҷумъа бояд дарҳои масҷиди ҷомеъ кушода бошанд ва ҳамаи хоҳишмандон битавонанад дар он ширкат варзанд. Дар ин маврид муфтӣ Муҳаммадошиқи Баранӣ мегӯяд: «Маънои изни омм он аст, ки дарвозаҳои масҷиди ҷомеъ гушуда шуда ва ба ҳамаи мардум иҷозаи дохилшавӣ дода мешавад. Агар гирем, гурӯҳе дар масҷиди ҷомеъе гирд оянд ва дарвозаҳои масҷидро баста, намози ҷумъа хонанд, ҷоиз нест…»

Муҳаммадошиқ Илоҳии Баранӣ. «Шарҳи Қаддурӣ» (Ат-тасҳилу-з-зарурӣ ли масоил-ил-қаддурӣ), поварақии саҳ. 80-81 ва «Фатвои ҳиндия», ҷилди 1, саҳ. 148

Муаллифи китоби «Дуру-л-мухтор» дар мавриди ин шарт назари худро чунин баён кардааст:

Матн:

«والسابع الإذن العام من الإمام وهو يحصل بفتح أبواب الجامع للواردين كافة »

Тарҷума: Ва яке дигар аз шартҳои ҷумъа «изни омм» аст. Ва имоми масҷид бояд барои тамоми намозгузорон дарҳои масҷидро боз бигзорад…

«Дурру-л-мухтор», ҷилди 2, саҳ. 152

Қобили зикр аст, ки яке аз шартҳои асосии намози ҷумъа будани «изни ом» ё иҷозату дастрасии ҳамагон барои иштирок дар намоз нишон медиҳад, ки масъалаи аз намози ҷумъа маҳрум ва манъ кардани занон ва наврасон аз ҷумла бо ин амри шаръӣ мухолифат дорад. Зеро дар сурати аз иштирок дар намози ҷумъа манъ кардани бахше аз мусалмонон, он намоз сиҳҳатии худро аз даст медиҳад.

Предыдущая страница 1 2 3 4Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *