Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгох ва ахкоми намози Чумъа

4.Гуноҳ ва оқибатҳои бидуни узр тарк кардани намозҳои ҷумъа аз назари шариати ислом

Ҳамзамон бо таъйин намудани савобу дараҷаҳои зиёд барои баргузоркунандагони намози ҷумъа, шариати ислом мусалмононеро, ки ин ибодати бузурги илоҳиро бе ҳеҷ узр тарк мекунанд, ба таври бисёр шадид мазаммат карда, барои онҳо ҷазову уқубатҳои сахтеро пешбинӣ менамояд. Мувофиқи мазмуни куллии ҳадису ривоятҳое, ки дар ин масъала ворид шудаанд, намози ҷумъа навъе пайванди доимии фарди мусалмонро бо ҷомеаи мусалмонон таъмин менамояд ва шахсе, ки аз намози ҷумъа дур мемонад, батадриҷ ин ҳисси пайванд бо ҷомеаи мусалмононро аз даст медиҳад. Илова бар ин, дар натиҷаи дур мондан аз ин ибодати илоҳӣ дар дили ӯ гиреҳе ба вуҷуд омада, дар кулл имони ӯ заиф ва тира мегардад. Яъне Худованд дар дили ӯ мӯҳре мезанад, ки ӯ аз лаззати имон ва озодии рӯҳ бебаҳра мемонад. Ин мазмунҳоро метавон дар ҳадисҳои зерини Расули акрам, алайҳиссалом, дар бораи оқибатҳои тарки намози ҷумъа ба хубӣ мушоҳида кард:

Ҳадиси 1:

« عَنْ أَبِي الْجَعْدِ يَعْنِي الضَّمْرِيَّ وَكَانَتْ لَهُ صُحْبَةٌ فِيمَا زَعَمَ مُحَمَّدُ بْنُ عَمْرٍو Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: مَنْ تَرَكَ الْجُمُعَةَ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ تَهَاوُنًا بِهَا طَبَعَ اللَّهُ عَلَى قَلْبِهِ..

Тарҷума: Аз Абулҷаъди Замрӣ ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Касе, ки намози ҷумъаро се бор бепарвоёна тарк кунад, Худо бар дили ӯ мӯҳре мезанад.

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 460,

«Сунани Насоӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1352

ва «Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 888

Ҳадиси 2:

«عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ Z قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y مَنْ تَرَكَ الْجُمُعَةَ ثَلَاثًا مِنْ غَيْرِ ضَرُورَةٍ طَبَعَ اللَّهُ عَلَى قَلْبِهِ».

Тарҷума: Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Расули Худо, дуруд бар ӯ, фармудаанд: Касе, ки бидуни зарурат ҷумъаро се бор тарк кунад, Худо бар дили ӯ мӯҳр мезанад.

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Иқомату-с-салоти ва-с-суннати фиҳо», ҳадиси 1116

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 14032

Бо ҳамин мазмун дар «Сунани ибни Моҷа» низ ҳадисе омадааст. Руҷӯъ бикунед:

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Иқомату-с-салоти ва-с-суннати фиҳо», ҳадиси 1117

Мӯҳр ё қуфли худовандӣ ва баста шудани дили мусалмоне, ки намози ҷумъаро бе узр тарк мекунад, на танҳо як навъ ҷазои маънавӣ ва ухравист, балки ин ҳолат боис мешавад, ки чунин шахс дар ин дунё низ бо як силсила нобарорию парешониҳо гирифтор шавад. Чунончи ҳадиси дигари Паёмбари акрам, алайҳиссалом, ин мазмунро баён мекунад:

Аз матни ҳадис:

«عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ Z قَالَ: خَطَبَنَا رَسُولُ اللَّهِ y فَقَالَ: وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ قَدْ افْتَرَضَ عَلَيْكُمْ الْجُمُعَةَ فِي مَقَامِي هَذَا فِي يَوْمِي هَذَا فِي شَهْرِي هَذَا مِنْ عَامِي هَذَا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ فَمَنْ تَرَكَهَا فِي حَيَاتِي أَوْ بَعْدِي وَلَهُ إِمَامٌ عَادِلٌ أَوْ جَائِرٌ اسْتِخْفَافًا بِهَا أَوْ جُحُودًا لَهَا فَلَا جَمَعَ اللَّهُ لَهُ شَمْلَهُ وَلَا بَارَكَ لَهُ فِي أَمْرِهِ أَلَا وَلَا صَلَاةَ لَهُ وَلَا زَكَاةَ لَهُ وَلَا حَجَّ لَهُ وَلَا صَوْمَ لَهُ وَلَا بِرَّ لَهُ حَتَّى يَتُوبَ فَمَنْ تَابَ تَابَ اللَّهُ عَلَيْهِ »

Тарҷума: Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки мегӯянд: Расули Худо, алайҳиссалом, бар мо хутба хонданд: … бидонед, ки Худои Таъоло барои шумо дар ин ҷой, дар ин рӯзи ин моҳи ин сол ҷумъаро то рӯзи қиёмат фарз гардонидааст. Касе, ки аз рӯи таҳқир ё инкор дар ҳаёти ман ё баъди ман ҷумъаро тарк кунад, чи дар он кишвар ҳокими одил бошад ва чи золим, Худо парешонию парокандагии ӯро ҷамъ намесозад ва дар кораш баракат намедиҳад. Огоҳ бошед, ки намозу рӯза, ҳаҷҷу закот ва хайру некиҳои ӯ мақбул нест, то вақте ки тавба накунад. Чун тавба кунад, Худо тавбаашро мепазирад…

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Иқомату-с-салоти ва-с-суннати фиҳо», ҳадиси 1071

Ҷои дигар Паёмбари акрам, алайҳиссалом, тарккунандагони намози ҷумъаро шадидан мазаммат карда, онҳоро ба гурӯҳи ғофилон ва ҳалокшудагон нисбат медиҳад, ки мӯҳри илоҳӣ дили онҳоро аз дарки имон ва аз дарёфти лаззати ибодат маҳрум сохтааст:

Ҳадис:

« أَنَّ عَبْدَ اللَّهِ بْنَ عُمَرَ Z وَأَبَا هُرَيْرَةَ Z حَدَّثَاهُ أَنَّهُمَا سَمِعَا رَسُولَ اللَّهِ y يَقُولُ: عَلَى أَعْوَادِ مِنْبَرِهِ لَيَنْتَهِيَنَّ أَقْوَامٌ عَنْ وَدْعِهِمْ الْجُمُعَاتِ أَوْ لَيَخْتِمَنَّ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِهِمْ ثُمَّ لَيَكُونُنَّ مِنْ الْغَافِلِينَ».

Тарҷума: Аз Абуҳурайра ва Ибни Умар ривоят аст, ки эшон аз Расули Худо, алайҳиссалом, шунидаанд, ки бар болои минбараш истода мегуфт: «Гурӯҳе аз мардум аз сабаби тарки намози ҷумъа корашон тамом шудааст (яъне ҳалокшудагонанд) ё ин ки Худо бар дилҳояшон мӯҳр задааст ва онҳо дар зумраи ғофилонанд».

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1432

ва «Сунани Насоӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1353

Ҳамин тавр, дар шариати ислом касоне, ки аз намози ҷумъа маҳрум мемонанд, бо касоне, ки аз ҷаннат маҳрум мемонанд, баробар хонда шудаанд:

Ҳадис:

«عَنْ سَمُرَةَ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: احْضُرُوا الْجُمُعَةَ وَادْنُوا مِنْ الْإِمَامِ فَإِنَّ الرَّجُلَ لَيَتَخَلَّفُ عَنْ الْجُمُعَةِ حَتَّى إِنَّهُ لَيَتَخَلَّفُ عَنْ الْجَنَّةِ وَإِنَّهُ لَمِنْ أَهْلِهَا».

Тарҷума: Самура мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Дар намози ҷумъа ҳозир шавед ва наздики имом нишинед. Зеро шахсе, ки ба ҷумъа намеравад, ҷаннат нахоҳад рафт, дар ҳоле ки ӯ бояд аз аҳли ҷаннат бошад.

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 19253

Масъалаи дигаре, ки аз ҷумлаи гуноҳони шаръӣ ҳисоб шудани тарки бе узри намози ҷумъаро собит мекунад, таъйин шудани каффорат ё ҷуброн барои он аст. Ҳадиси зерин каффорати тарки намози ҷумъаро барои мусалмонон чунин таъйин кардааст:

Ҳадиси 6:

«عَنْ سَمُرَةَ بْنِ جُنْدُبٍ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: مَنْ تَرَكَ الْجُمُعَةَ مِنْ غَيْرِ عُذْرٍ فَلْيَتَصَدَّقْ بِدِينَارٍ فَإِنْ لَمْ يَجِدْ فَبِنِصْفِ دِينَارٍ».

Тарҷума: Аз Самура ибни Ҷундуб ривоят аст, ки Расулуллоҳ, алайҳиссалом, фармудаанд: Касе, ки намози ҷумъаро бе узр тарк кунад, бояд як динор садақа кунад, агар як динор надорад, бояд ки ним динор садақа кунад.

«Сунани Насоӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1355

ва «Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 889

Илова бар ҳамаи он чӣ, ки гуфта шуд, тарки намози ҷумъа мусалмонро дар ин дунё низ аз ҷомеаи муслимин ҷудо карда, ҳамчунин аз рушду баракати корҳои дунявӣ бенасиб мегардонад.

5.Аҳаммияти беҳдоштии намози ҷумъа

Яке аз амалҳои дигаре, ки дар рӯзи ҷумъа аз мусалмонон дархост шудааст, ғусл, яъне шустушӯй ва пок сохтани бадан мебошад. Ин нукта аз ин ҷиҳат муҳимм аст, ки дар канори савобу аҷри илоҳӣ, масъалаи беҳдошт — покизагии шахсӣ ва тозагии ҷисмӣ барои зиндагии инсонҳо аҳаммияти хосса дорад. Ба воситаи дар рӯзи ҷумъа мустаҳабб гардонидани ҳаммом ё шустушӯи бадан, ислом покию тозагиро ба доираи талаботи шаръӣ ва фарҳанги зиндагии мусалмонон ворид сохтааст. Чунонки ҳадиси набавӣ дар ин бора мефармояд:

Матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: غُسْلُ يَوْمِ الْجُمُعَةِ وَاجِبٌ عَلَى كُلِّ مُحْتَلِمٍ».

Тарҷума: Абусаъиди Худрӣ мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Шустушӯи бадан дар рӯзи ҷумъа бар ҳар шахси болиғ воҷиб аст.

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 1494

Зарурати шустушӯй ва хушбӯй кардани зоҳири худ дар рӯзи ҷумъа дар ҳадиси дигари Паёмбари ислом, алайҳиссалом, ба таври зерин омадааст:

Матни ҳадис:

«عَنْ سَلْمَانَ الْفَارِسِيِّ Z قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ y: لَا يَغْتَسِلُ رَجُلٌ يَوْمَ الْجُمُعَةِ وَيَتَطَهَّرُ مَا اسْتَطَاعَ مِنْ طُهْرٍ وَيَدَّهِنُ مِنْ دُهْنِهِ أَوْ يَمَسُّ مِنْ طِيبِ بَيْتِهِ ثُمَّ يَخْرُجُ فَلَا يُفَرِّقُ بَيْنَ اثْنَيْنِ ثُمَّ يُصَلِّي مَا كُتِبَ لَهُ ثُمَّ يُنْصِتُ إِذَا تَكَلَّمَ الْإِمَامُ إِلَّا غُفِرَ لَهُ مَا بَيْنَهُ وَبَيْنَ الْجُمُعَةِ الْأُخْرَى».

Тарҷума: Салмони Форсӣ мегӯяд, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Шахсе дар рӯзи ҷумъа шустушӯ карда, бадани худ (ва либосҳояшро) он қадар, ки битавонад пок бисозад, муйи худро равған ва бадани худро аз атре, ки дар хона дорад хушбӯй созад, сипас ба роҳ баромада, миёни ду кас ҷудоӣ наандохта, дар масҷид он қадар, ки битавонад намози нафл гузорад, баъд аз он, вақте ки имом ба сухан дарояд, ӯро хуб гӯш кунад, гуноҳонаш, ки дар миёни ин ҷумъа ва ҷумъаи гузашта содир гаштааст, бахшида мешавад.

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 834

ва Муснади Имом Аҳмад, ҳадиси 22596

Шариати исломӣ ба масъалаи тозагӣ ва покизагӣ то ҷое эътибори баланд додааст, ки онро ҷузъи ибодат ва дар баробари қурбонӣ кардан донистааст. Дар ҳадиси зерини Паёмбари акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, аз ҷумла гуфта шудааст:

Аз матни ҳадис:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: مَنْ اغْتَسَلَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ غُسْلَ الْجَنَابَةِ ثُمَّ رَاحَ فَكَأَنَّمَا قَرَّبَ بَدَنَةً «…

Тарҷума: Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Касе, ки дар рӯзи ҷумъа бадани худро ҳамчун ғусли ҷинобат (яъне пурра) бишӯяд, баъд аз он ба масҷид биравад, гӯё, ки як шутур қурбонӣ карда бошад…

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 832

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1403

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мисолҳо метавон дид, ки масъалаи намози ҷумъа на танҳо ҷанбаҳои ибодию илоҳӣ дорад, балки як силсила ҷанбаҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва беҳдоштию тарбиятиро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ширкат дар намози ҷумъа ва ба ҷой овардани аҳкому талаботи он на танҳо дар дарёфти савоб ва тақвияти имони мардуми мусалмон, балки дар масъалаи таҳкими ваҳдати ҷомеаи мусалмонон ва боло бурдани фарҳанги зиндагии онҳо низ таъсири бузург хоҳад дошт.

Предыдущая страница 1 2 3 4

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *