Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Чойгох ва ахкоми намози Чумъа

4.Ҷамоат

Шарти муҳимми дигар барои баргузории намози ҷумъа шумораи намозгузорон мебошад. Азбаски ин масъала дар фиқҳи исломӣ ба таври ниҳоят васеъ баҳсу баррасӣ гаштааст, зарур аст, ки онро ба таври алоҳида ва муфассал матраҳ бикунем, то назари мазҳабҳои исломӣ ва аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ дар ин маврид барои хонандагони азиз возеҳу рӯшан гардад.

Моҳияти ин масъала дар он аст, дар истилоҳи шаръӣ мафҳуми ҷамоат чӣ миқдор намозгузорро дар бар мегирад ва барои баргузории намози ҷумъа бояд чӣ миқдор намозгузор ҷамъ ояд? Баррасии ин масъала дар манбаъҳои фиқҳии исломӣ нишон медиҳад, ки дар масъалаи шумораи зарурӣ ё ҳадди ақалли намозгузорон барои барпо кардани намози ҷумъа назари мактабҳои фиқҳӣ яксон нест, вале нуктае, ки ҳамаи мазҳабҳои фиқҳӣ болои он тавофуқ доранд, шарт будани миқдори зарурии намозгузорон барои доир шудани ҷамоат аст.

Гарчи дар бораи адади камтарини намозгузорон барои барпо кардани намози ҷамоат дар Қуръони карим ҳукме наомадааст, вале баъзе муфассирон бо лафзи ҷамъ ба намози ҷумъа ҳукм шудани мусалмонон дар Қуръонро ба маънои ҳадди ақалл се нафар будани шумораи намозгузорон дар ҷумъа донистаанд. Масъалаи шумораи ҳадди ақалли намозгузорон дар намози ҷумъа дар ҳадисҳои набавӣ, қавли саҳобагони киром ва фатвоҳои пешвоёни мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат ба таври муфассал баён ёфтааст.

Масалан, Дорақутнӣ дар бораи адади намози ҷамоат ва ҷумъа ду ҳадисҳои зеринро овардааст:

Ҳадиси 1:

«عن أم عبد الله الدوسية قالت سمعت رسول الله y يقول الجمعة واجبة على أهل كل قرية وإن لم يكونوا إلا ثلاثة رابعهم إمامهم »

Тарҷума: Расули Худо, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, фармуданд: Ҷумъа бар аҳли ҳар деҳа воҷиб аст, гарчи се нафар бошанд ва чаҳорумашон имомашон бошад.

«Сунани Дорақутнӣ», ҷилди 2, саҳ. 9

Ҳадиси 2:

«عن جابر بن عبد الله Z قال مضت السنة أن في كل ثلاثة إمام أو في كل أربعين فما فوق ذلك جمعة وأضحى وفطرا وذلك أنهم جماعة»

Тарҷума: Суннат ин аст, ки дар се нафар имом барои ҷамоат насб карда шавад ва дар ҳар 40-нафар ва зиёда аз он, ҷумъа ва иди Фитру Қурбон адо карда шавад

«Сунани Дорақутнӣ», ҷилди 2, саҳ. 3

Байҳақӣ дар ин масъала ҳадиси зеринро ривоят кардааст:

Матни ҳадиси:

«عن أبي موسى الأشعري Z أن النبي y قال الإثنان فما فوقهما جماعة»

Тарҷума: Абумӯсо Ашъарӣ мегӯяд, ки Паёмбар, алайҳиссалом, фармуданд: Ду кас ва зиёда аз он ҷамоъат аст.

«Ал-мустадрак ала-с-саҳиҳайн», ҷӣлди 4, саҳ. 371, ҳадиси 7957

Илова бар ин, дар «Сунани Абудовуд» ва «Сунани Ибни Моҷа» ҳадисе ворид шудааст, ки мувофиқи он Паёмбари акрам, алайҳиссалом, иқомаи намози ҷумъаро бо иштироки чил нафар ҷоиз дониста, худашон низ дар он иштирок кардаанд:

Ҳадис:

«عَنْ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ كَعْبِ بْنِ مَالِكٍ وَكَانَ قَائِدَ أَبِيهِ بَعْدَ مَا ذَهَبَ بَصَرُهُ عَنْ أَبِيهِ كَعْبِ بْنِ مَالِكٍ Z أَنَّهُ كَانَ إِذَا سَمِعَ النِّدَاءَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ تَرَحَّمَ لِأَسْعَدَ بْنِ زُرَارَةَ فَقُلْتُ لَهُ إِذَا سَمِعْتَ النِّدَاءَ تَرَحَّمْتَ لِأَسْعَدَ بْنِ زُرَارَةَ قَالَ لِأَنَّهُ أَوَّلُ مَنْ جَمَّعَ بِنَا فِي هَزْمِ النَّبِيتِقُلْتُ كَمْ أَنْتُمْ يَوْمَئِذٍ قَالَ أَرْبَعُونَ».

Тарҷума: «Абдурраҳмон ибни Каъб ибни Молик, ки пас аз нобино шудани падараш роҳнамо ва асокаши ӯ буд, аз падараш Каъб ибни Молик нақл мекунад, ки вақте ӯ овози азони ҷумъаро мешунид, барои Асъад ибни Зурора аз Худо тараҳҳум мехост (дуои хайр мекард). Ба ӯ гуфтам: Аз чи сабаб вақте овози азонро шунидӣ, барои Асъад ибни Зурора тараҳҳум хостӣ? Падараш гуфтанд: Барои он, ки ӯ аввалин касест, ки намози ҷумъаро дар деҳаи «Ҳазми набит» ташкил кардааст. Гуфтам: Он рӯз шумо чанд нафар будед? Гуфт: Чил нафар».

«Сунани Абудовуд», китоби «Салот», ҳадиси 903

ва «Сунани Ибни Моҷа», китоби «Иқомату-с-салот ва-с-сунната фиҳо», ҳадиси 1072

Барои ошноӣ бо шарҳи ин ҳадис ниг.: «Авну-л-маъбуд шарҳи «Сунани Абудовуд», ҷилди 3, саҳ. 281-286

Дар осори пешвоёни мазҳабҳои фиқҳии исломӣ ва фақеҳони мӯътабар масъалаи шумораи зарурии намозгузорон барои барпо кардани намози ҷамоат ба таври бисёр муфассал баррасӣ шуда ва мавқеи мазҳабҳои исломӣ дар ин масъала муайян мебошад. Дар таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ҳадди ақалли ҷамоат барои баргузории намози ҷумъа ва идайн се нафар аст ва ҳам аз Имом Абуҳанифа(р) ва ҳам аз шогирдашон Имом Муҳаммад ҳамин қавл ривоят шудааст. Имом Шамсуддини Сарахсӣ дар «Ал-мабсут» дар ин бора чунин хабар додаст:

Матн:

« وأقل الجمع المتفق عليه ثلاثة … ولهذا قال أبو حنيفة ومحمد رحمهما الله تعالى في صلاة الجمعة النصاب ثلاثة سوى الإمام »

Тарҷума: … Камтарин ҷамоате, ки болои он иттифоқ шудааст се нафар аст… Аз ин сабаб, Абуҳанифа ва Муҳаммад(р) дар намози ҷумъа нисобро се нафар ғайр аз имом гуфтанд…

Шамсуддини Сарахсӣ. «Ал-Мабсут», ҷилди 1, саҳ. 42

Муаллифи китоби машҳури «Дурру-л-мухтор» низ назари мазҳаби ҳанафиро дар ин маврид чунин баён медорад, ки ҳадди ақалли ҷамоат барои намози ҷумъа се нафар аст:

Матн:

» والسادس الجماعة وأقلها ثلاثة رجال ولو غيرالثلاثة الذين حضروا الخطبة سوى الإمام بالنص لأنه لا بد من الذاكر وهو الخطيب وثلاثة سواه بنص فاسعوا إلى ذكر»

Тарҷума: «Ва шарти шашум барои саҳеҳ шудани ҷумъа ҷамоат аст ва камтарин ҷамоат се нафар аст ғайр аз имом бо насси Қуръон: «Ба сӯи зикри Худо (намози ҷумъа) шитобед»…

«Дурру-л-мухтор»,ҷилди 2, саҳ. 151

Дар ҳамин маврид Абдуррауфи Мухлис дар тафсири «Анвору-л-Қуръон» низ баҳс карда, дидгоҳи имомони аҳли суннатро ба таври зерин баён кардааст: «Аз назари Имом Абуҳанифа ва Имом Муҳаммад камтарин шумора барои ҷамоат, ки ба ҷуз имом дар намози ҷумъа ҳозир бошанд, се тан аст, ҳарчанд мусофир ё бемор бошанд…».

Абдурауфи Мухлис. «Тафсири Анвору-л-Қуръон». — Теҳрон: Эҳсон, 1381 ҳ.ш. ҷилди 6 — С. 257

Ҳамин тавр, аз мулоҳазаю далелҳои боло рӯшан мегардад, ки мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ барои баргузории намози ҷумъа будани се нафар намозгузор бо як нафар имом кофӣ мебошад. Яъне, мувофиқи мазҳаби мо, дар ҳар куҷое, ки шартҳои дигари баргузории намози ҷумъа муҳайё шавад, бар мусалмонон воҷиб аст, ки бо иштироки се нафар намозгузор ва як имом ҷумъаро барпо намоянд. Аз сабаби он, ки мардуми мусалмони Тоҷикистон асосан пайравони мазҳаби Имом Абуҳанифа(р) мебошанд, бояд дар амри ташкили намозҳои ҷумъа мувофиқи меъёри мазҳаби ҳанафӣ амал кунанд.

3. Савоб ва фазилатҳои намози ҷумъа

Масъалаи дигаре, ки аҳаммияти болои намози ҷумъаро дар таълимоти исломӣ нишон медиҳад, фазилату савобҳоест, ки ислом барои барпокунандагони ҷумъа таъйин кардааст. Фазилату савобҳои ин ибодати бузург хусусан, дар ҳадисҳои Расули акрам, алайҳиссалом, ба таври бисёр муфассал баён шудаанд, ки баъзе аз намунаҳои он чунин аст:

Ҳадиси 1:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: إِنَّ الْمَلَائِكَةَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ عَلَى أَبْوَابِ الْمَسَاجِدِ يَكْتُبُونَ النَّاسَ عَلَى مَنَازِلِهِمْ جَاءَ فُلَانٌ مِنْ سَاعَةِ كَذَا جَاءَ فُلَانٌ مِنْ سَاعَةِ كَذَا جَاءَ فُلَانٌ وَالْإِمَامُ يَخْطُبُ جَاءَ فُلَانٌ فَأَدْرَكَ الصَّلَاةَ وَلَمْ يُدْرِكْ الْجُمُعَةَ إِذَا لَمْ يُدْرِكْ الْخُطْبَةَ.»

Тарҷума: Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Фариштагон дар рӯзи ҷумъа бар дари масҷидҳо истода, мардумро мувофиқи ба масҷид дохил шуданашон рӯйхат мекунанд: Фалонӣ ин соат ва фалонӣ он соат омад, фалонӣ вақти хутба хондани имом расид, фалонӣ омаду намозро дарёфт ва хутбаро дарёфт накард, пас модоме ки хутбаро дарёфт накарда бошад, ҷумъаро дарёфт накардааст.

«Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 8167

Ҳадиси 2:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y قَالَ: الصَّلَاةُ الْخَمْسُ وَالْجُمْعَةُ إِلَى الْجُمْعَةِ كَفَّارَةٌ لِمَا بَيْنَهُنَّ مَا لَمْ تُغْشَ الْكَبَائِرُ.»

Тарҷума: Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Намозҳои панҷгона ва ҷумъа то ҷумъа каффораи гуноҳонест, ки дар миёни онҳо сурат гирифтааст, ба шарте ки гуноҳони кабира содир нагашта бошад.

«Саҳеҳи Муслим», китоби «Таҳорат», ҳадиси 342

Сунани Тирмизӣ, китоби «Салот», ҳадиси 198

Ҳадиси 3:

«عَنْ أَوْسِ بْنِ أَوْسٍ Z قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ y: مَنْ اغْتَسَلَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ وَغَسَّلَ وَبَكَّرَ وَابْتَكَرَ وَدَنَا وَاسْتَمَعَ وَأَنْصَتَ كَانَ لَهُ بِكُلِّ خُطْوَةٍ يَخْطُوهَا أَجْرُ سَنَةٍ صِيَامُهَا وَقِيَامُهَا«…

Тарҷума: Аз Авс писари Авс ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, фармудаанд: Касе, ки дар рӯзи ҷумъа сару бадани худро бишӯяд ва барвақт ба масҷид биравад, ба имом наздик шуда, хомӯшона (сухани ӯро) гӯш бидиҳад, барои ӯ ба ҳар қадами гузоштааш, савоби намозу рӯзаи (нафлии) яксола дода мешавад.

«Сунани Тирмизӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 456

ва «Сунани Насоӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1364

Ҳадиси 4:

«عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ Z أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ y ذَكَرَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ فَقَالَ: فِيهِ سَاعَةٌ لَا يُوَافِقُهَا عَبْدٌ مُسْلِمٌ وَهُوَ قَائِمٌ يُصَلِّي يَسْأَلُ اللَّهَ تَعَالَى شَيْئًا إِلَّا أَعْطَاهُ إِيَّاهُ »

Тарҷума: Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо, алайҳиссалом, рӯзи ҷумъаро ёд карда, фармудаанд: Дар он соатест, ки бандаи мусалмон дар ҳолати намоз гузориданаш аз Худои таъоло чизе бипурсад, Худои таъоло он чизро ба ӯ медиҳад…

«Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 883

ва «Саҳеҳи Муслим», китоби «Ҷумъа», ҳадиси 1406

Ҳадиси 5:

«عَنْ أَبِي لُبَابَةَ بْنِ عَبْدِ الْمُنْذِرِ Z قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ y: إِنَّ يَوْمَ الْجُمُعَةِ سَيِّدُ الْأَيَّامِ وَأَعْظَمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَهُوَ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ مِنْ يَوْمِ الْأَضْحَى وَيَوْمِ الْفِطْرِ فِيهِ خَمْسُ خِلَالٍ: خَلَقَ اللَّهُ فِيهِ آدَمَ وَأَهْبَطَ اللَّهُ فِيهِ آدَمَ إِلَى الْأَرْضِ وَفِيهِ تَوَفَّى اللَّهُ آدَمَ وَفِيهِ سَاعَةٌ لَا يَسْأَلُ اللَّهَ فِيهَا الْعَبْدُ شَيْئًا إِلَّا أَعْطَاهُ مَا لَمْ يَسْأَلْ حَرَامًا وَفِيهِ تَقُومُ السَّاعَةُ مَا مِنْ مَلَكٍ مُقَرَّبٍ وَلَا سَمَاءٍ وَلَا أَرْضٍ وَلَا رِيَاحٍ وَلَا جِبَالٍ وَلَا بَحْرٍ إِلَّا وَهُنَّ يُشْفِقْنَ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ.»

Тарҷума: Аз Абулубоба ривоят аст, ки Расули Худо, дуруд бар ӯ, фармудаанд: Рӯзи ҷумъа сайиди рӯзҳо ва бузургтарини онҳост дар назди Худо. Ҳатто, аз рӯзи иди Қурбон ва иди Фитр ҳам бузургтар аст. Дар он панҷ хислат аст: Худои Таъоло Одамро дар он рӯз офарида ва дар он рӯз ба замин фуроварда ва дар он рӯз миронда аст. Дар он рӯз соатест, ки бандаи (мӯъмин) дар он чизе аз Худо бипурсад (бихоҳад) барои ӯ медиҳад, модоме ки ҳаромеро наталабида бошад. Дар ин рӯз қиёмат оғоз мешавад ва фариштагони муқарраб, осмону замин, боду баҳру кӯҳҳо аз қиёмате, ки дар рӯзи ҷумъа барпо мешавад, метарсанд ва дар ин рӯз аз Худованд умеди шафақат доранд.

«Сунани Ибни Моҷа», китоби «Иқомату-с-салоти ва-с-суннати фиҳо», ҳадиси 1074

ва «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 14997

Намунаҳое, ки аз ҳадисҳои Паёмбари акрам, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, оварда шуданд, нишон медиҳанд, ки ҳар фарди мусалмоне, ки хоҳони дарёфти ризоят ва савоби илоҳӣ мебошад, бояд дар намози ҷумъа ширкат варзад ва аз ин фазилату савоби бузург бебаҳра намонад.

Предыдущая страница 1 2 3 4Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *