Фанни Ҳуқуқ

Қонун дар бораи баҳодиҳии мутобиқат

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқати объектҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ танзим намуда, низоми ягонаи сиёсати давлатиро барои амалӣ сохтани баҳодиҳии мутобиқат таъмин менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

баҳодиҳии мутобиқат — фаъолият оид ба муайян кардани мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки санҷиш, назорат, сертификатсия ва аккредитатсияро дар бар мегирад;

аккредитатсия — расмиёти аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия расман эътироф шудани салоҳиятнокии шахсони ҳуқуқӣ дар гузаронидани корҳо оид ба санҷиш ва сертификатсия;

Системаи давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Системаи аккредитатсия) — маҷмӯи субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки қоида ва расмиёти аккредитатсия ва дар маҷмӯъ фаъолияти системаро муайян менамоянд;

аломати мутобиқати Системаи давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – аломати системаи аккредитатсия) – аломате, ки бо тартиби муқарраргардида оид ба гузаронидани ҳамаи расмиёти зарурии аккредитатсия ва дар бораи мутобиқати мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ гувоҳӣ медиҳад;

мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсиямақомоти давлатӣ ва ташкилоте, ки барои иҷрои корҳои сертификатсия дар доираи муайян аккредитатсия шудаанд;

озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда – ташкилоте, ки барои гузаронидани санҷиши маҳсулот дар доираи муайян аккредитатсия шудааст;

доираи аккредитатсия — соҳаи фаъолияте, ки дар он ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда барои иҷрои корҳои сертификатсия ё гузаронидани санҷиши маҳсулот ҳуқуқ дода мешавад;

шаҳодатномаи аккредитатсия — ҳуҷҷатест, ки дар бораи салоҳияти шахси ҳуқуқӣ барои иҷрои корҳо оид ба сертификатсия ё гузаронидани санҷиши маҳсулот дар доираи муайяни аккредитатсия шаҳодат медиҳад;

мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия — мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аккредитатсия, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аккредитатсия мебошад;

мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия — мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиш ва сертификатсия;

дархосткунандаи аккредитатсия — шахси ҳуқуқӣ, ки бо дархост барои аккредитатсия муроҷиат менамояд;

феҳристи Системаи давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷмӯи маълумоте, ки аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия дар бораи шаҳодатномаҳои аккредитатсияи додашуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ ва тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо тартиб дода мешаванд;

сертификатсия — шакли тасдиқи мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки аз тарафи мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия амалӣ карда мешавад;

декларатсиякунонии мутобиқат — шакли тасдиқи мутобиқат, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда ё фурӯшанда амалӣ мегардад;

Системаи давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Системаи сертификатсия) — маҷмӯи субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки қоида ва расмиёти сертификатсия ва дар маҷмӯъ амали системаро муайян менамоянд;

аломати мутобиқати Системаи давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — аломати Системаи сертификатсия) – аломате, ки бо тартиби муқарраргардида дар бораи гузаронидани ҳамаи расмиёти зарурии сертификатсия ва дар бораи мутобиқ будани объектҳои баҳодиҳии мутобиқати тамғагузоштаи онҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ гувоҳӣ медиҳад;

истеҳсолкунанда (фурӯшанда) — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ, ки маҳсулот истеҳсол мекунад ё мефурӯшад;

сертификати мутобиқат — ҳуҷҷате, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ мутобиқ будани объекти баҳодиҳии мутобиқатро тасдиқ мекунад;

декларатсия оид ба мутобиқат – ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда ё фурӯшанда мутобиқати маҳсулоти истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаи худро ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ тасдиқ мекунад;

сертификати салоҳиятнокӣ — ҳуҷҷате, ки салоҳияти касбии шахси воқеиро барои иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои муайян тасдиқ менамояд;

дархосткунандаи сертификатсия — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ, ки бо дархост барои сертификатсия муроҷиат менамояд;

тарҳи (схемаи) сертификатсия — амалиёти муқарраргардидаи пай дар пай, ки натиҷаҳои онҳо ба сифати исботи мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ баррасӣ карда мешаванд;

системаи идоракунии сифат — қисми системаи умумии идоракунӣ, ки сохтори ташкилӣ, банақшагирӣ, масъулият, усулҳо, расмиёт, равандҳо ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки барои таъмини сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ зарур мебошанд;

системаи идоракунии муҳити зист — қисми системаи умумии идоракунӣ, ки сохтори ташкилӣ, банақшагирӣ, масъулият, усулҳо, расмиёт, равандҳо ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки иҷрои талаботи ҳифзи табиатро таъмин мекунанд;

феҳристи Системаи давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷмӯи маълумоте, ки аз тарафи мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия доир ба сертификатҳои мутобиқат ва сертификатҳои салоҳиятнокӣ додашуда, декларатсияҳо оид ба мутобиқати бақайдгирифташуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ, тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо тартиб дода мешаванд;

мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқатмақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, ки танзими давлатиро дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсад ва принсипҳои асосии баҳодиҳии мутобиқат

1. Баҳодиҳии мутобиқат бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва ҳифзи муҳити зист;

— баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;

— фароҳам сохтани шароити мусоид барои таъмини гардиши озоди маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, инчунин барои иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ, илмию техникӣ ва савдои байналмилалӣ.

2. Принсипҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мебошанд:

— таъмини мутобиқати комили ҳаммонандии қоида ва расмиёти сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ;

— риояи талаботи махфияти маълумоте, ки ҳангоми иҷрои корҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқат дастрас мегардад;

— роҳ надодан ба якҷоякунии ваколатҳо оид ба аккредитатсия ва сертификатсия дар як мақом;

— роҳ надодан ба якҷоякунии вазифаҳои назорати давлатӣ ва сертификатсия дар як мақоми давлатӣ;

— мустақилияти мақомоти сертификатсия аз истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагон ва харидорон.

Моддаи 4. Объектҳои баҳодиҳии мутобиқат

Объектҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мебошанд:

— маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва безараргардонии партовҳои маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;

— системаи идоракунии сифат;

— системаи идоракунии муҳити зист;

— салоҳиятнокии шахси ҳуқуқӣ оид ба иҷрои корҳои сертификатсия ё гузаронидани санҷиши маҳсулот;

— салоҳиятнокии касбии ҳайати кормандон барои иҷрои корҳои муайян ва хизматрасонӣ;

— объектҳои дигар, ки нисбат ба онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат қарор қабул гардидааст.

Моддаи 5. Субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат

Субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мебошанд:

— мақомиваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мақомотиаккредитатсияшуда оид ба сертификатсия;

— озмоишгоҳ (марказ) – ҳои санҷишии аккредитатсияшуда;

— дархосткунандагони аккредитатсия;

— дархосткунандагони сертификатсия.

Моддаи 6. Намудҳои баҳодиҳии мутобиқат

Баҳодиҳии мутобиқат дар намудҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— назорат;

— аккредитатсия;

— сертификатсия;

— санҷиш.

Моддаи 7. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат

1. Ба ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мансубанд:

— шаҳодатномаи аккредитатсия;

— сертификати мутобиқат;

— сертификати салоҳиятнокӣ;

— декларатсия оид ба мутобиқат.

2. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ

СОҲАИ БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ

Моддаи 8. Танзими давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат

Танзими давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат аз инҳо иборат мебошад:

— муайян ва амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;

— ҳамоҳангсозии корҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқат;

— муқаррар намудани қоида ва расмиёти ягонаи иҷрои корҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқат;

— тасдиқи номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия мешаванд.

Моддаи 9. Мақомоте, ки танзим ва идоракунии давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқатро амалӣ менамоянд

Танзими давлатӣ ва идоракунии соҳаи баҳодиҳии мутобиқатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ амалӣ менамоянд.

Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат мансубанд:

— муайян ва амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;

— тасдиқ намудани номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин дигар объектҳои баҳодиҳии мутобиқате, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман бояд сертификатсия шаванд;

— амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;

— иштирок намудан дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат;

— ташкил ва амалӣ намудани системаҳои аккредитатсия ва сертификатсия;

— таҳия ва такмили қоидаҳо оид ба аккредитатсия ва сертификатсияиба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ;

— муайян намудани мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия ва мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия;

— муайянкунии тасвир ва тартиби истифодаи аломатҳои системаҳои аккредитатсия ва сертификатсия;

— муайян намудани тартиби эътирофи ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат ва протоколҳои санҷиши маҳсулоте, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиби эътирофи ин ҳуҷҷатҳо бо шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар карда шудааст;

— дар асоси пешниҳоди мақомоти давлатӣ таҳия намудани номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин дигар объектҳои баҳодиҳии мутобиқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо;

— амалӣ намудани назорати давлатии мувофиқ омадани объектҳои баҳодиҳии мутобиқат, ки аз сертификатсия гузаштаанд, таҳти сертификатсияи ҳатмӣ қарор доранд ва ё бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи баҳодиҳии мутобиқат тасдиқ гардидаанд, ба талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳо оид ба соҳаи стандартонӣ;

— тасдиқи меҳнатталабии иҷрои корҳо дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

— дар доираи ваколатҳои худ намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

— дар доираи ваколатҳои худ бастани шартномаҳои байналмилалии дорои хусусияти байниидоравӣ;

— таъсис ва таъмини фаъолияти маркази иттилоотӣ оид ба масъалаҳои баҳодиҳии мутобиқат;

— иҷрои ваколатҳои дигари муқаррарнамудаиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат.

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат

Мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат:

— дар татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ иштирок мекунанд;

— барои ворид намудани объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқати ҳатман сертификатсияшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамоянд;

— иҷрои корҳоро оид ба сертификатсияи ҳатмӣ тибқи ваколатҳои ба зиммаи онҳо вогузоштаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия таъмин менамоянд.

Моддаи 13. Назорати давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат

1. Назорати давлатӣ нисбат ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ) – ҳои санҷишии аккредитатсияшуда оид ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баҳодиҳии мутобиқат шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат амалӣ менамоянд.

2. Назорати давлатиро оид ба мувофиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат, ки аз сертификатсия гузашта дорои ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ мебошанд, шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат амалӣ менамоянд.

3. Назорати давлатиро барои аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ё ҳайати кормандони онҳо иҷро намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ вобаста мебошад, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ амалӣ менамоянд.

4. Мақомоти давлатӣ, ки оид ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат назорат мебаранд, мувофиқи қисми 3 моддаи мазкур ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дар бораи боздоштан ё манъ кардани фурӯши маҳсулот, хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва фаъолияти объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқати ҳатман сертификатсияшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳуқуқ дорад барои бартараф кардани камбудиҳо, боздоштан, манъ кардани истеҳсол ё фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ амрияҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад, инчунин фурӯши маҳсулот, хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва фаъолияти объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқатро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия мешаванд ё аз сертификатсияи ихтиёрӣ гузашта, вале ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ ва қоидаҳои савдо мувофиқ нестанд, боздорад ё манъ намояд.

6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат фаъолияти дигар мақомоти давлатиро, ки ба соҳаи баҳодиҳии мутобиқат назорат мебаранд, ҳамоҳанг месозад.

7. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, ки ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳии мутобиқат назорат мебаранд, ба биноҳои хизматӣ, истеҳсолӣ ва савдои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии назоратшаванда, ки таҳти санҷиш қарор гирифтаанд, ҳуқуқи озодона ворид шуданро доранд.

1 2 3Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *