Фанни Ҳуқуқ

Моҳият, асосҳо ва шартҳои рӯёнидани товони зарар

Дар таҷриба ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шахсони бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё маҳкум карда мешаванд. Бешубҳа, дар чунин маврид барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо зарур аст. Зеро давлат барои ҳаракатҳои ғайриқонуние, ки аз тарафи шахсони мансабдорӣ давлатӣ содир мешаванд, масъулият дорад.

Ҳуқуқ барои рӯёнидани товони зараре, ки дар натиҷаи рафтори ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошад.

Ҳуқуқи шаҳрвандон барои рӯёнидани зараре, ки ҳангоми пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар натиҷаи рафтори ғайриқонунии шахони мансабдори давлатӣ расонида шудааст аҳамияти махсуси иҷтимоиву сиёсӣ дорад. Зеро дар мурофиаи ҷиноятӣ масъалаҳои вобаста ба обрӯю эътибори шахс, озодии шахсӣ, ҳолати ҳуқуқӣ, вазъи молумулкӣ ва дар ҳолатҳои истисноӣ масъалаи ҳаёти шахс ҳал мегардад. Бинобар ин хатогиву беэҳтиётӣ дар муносибат ба ваколатҳои ҳокимиятӣ дар ин соҳа на танҳо барои шахсият, балки барои ҷомеа ва давлат низ оқибатҳои хеле вазнин меорад. Вале новобаста аз ин оқибатҳо таваккали хатогиҳои тафтишотӣ ва судӣ доимо вуҷуд доранд. Ҳамасола дар судҳои Тоҷикистон, ки дар марҳилаи аввал парвандаи ҷиноятиро баррасӣ мекунанд шумораи зиёди ҳукмҳои сафедкунанда бароварда мешаванд, ки онҳо нисбати шахсони ғайриқонунӣ ба суд кашидашуда қабул мегарданд. Инчунин, дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ низ бо асосҳои сафедкунанда нафарони зиёде, ки айбашон бо далелҳо кофӣ тасдиқ наёфтааст озод карда мешаванд. Баъзан шаҳрвандон ғайриқонунӣ дастгир ё ба ҳабс гирифта мешаванд. Бинобар ин дар байни нафароне, ки нисбати онҳо бо асосҳои сафедкунанда парвандаи ҷиноятӣ қатъ мегардад ё нафароне, ки аз ҳабс озод карда мешаванд, одамоне ҳастанд, ки дар қонун ҳуқуқи онҳо барои рӯёнидани товони зарари аз ҷониби шахсони мансабдор расонидашуда пешбинӣ шудааст. Бинбар ин масъалаи рӯёнидани товони зараре, ки дар натиҷаи сохтакории далелҳо, хатогиву беэҳтиётӣ ҳангоми тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаи ҷиноятӣ расонида шудааст, хеле муҳим ва мубрам мебошад.

Ҳамин тавр, мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон товони зараре, ки ба шахс дар натиҷаи ғайриқонунӣ дастгир кардан, дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ нигоҳ доштан, муваққатан аз вазифа дур кардан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум кардан, татбиқ намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ расонида шудааст, аз тарафи давлат сарфи назар аз гуноҳи таҳқиқбаранда, мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва суд пурра рӯёнида мешавад. Ҳуқуқи рӯёнидани товони зарар бошад дар ҳолатҳои зерин ба вуҷуд меояд: 1) дар сурати озод намудани дастгиршуда ё ҳабсшуда бо сабаби тасдиқ нагардидани гумон дар содир кардани ҷиноят; 2) қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 КМҶ ҶТ пешбинишуда; 3) баровардани ҳукми сафедкунанда; 4) тағйир ёфтани бандубасти кирдор дар асоси он моддаи қонун, ки ҷинояти нисбатан сабуктарро бо таъини ҷазои нисбатан сабуктар мувофиқи ин модда ё аз ҳукм хориҷ кардани қисми айбдоркунӣ ва бо ин сабаб сабук кардани ҷазоро пешбинӣ менамояд; 5) бекор карда шудани қарори ғайриқонунии суд доир ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳолати фавти шаҳрванд ҳуқуқи рӯёнидани товони зарар бо тартиби муқарраршуда ба ворисони ӯ ва дар қисмати гирифтани нафақа ва кӯмакпулиҳое, ки пардохти онҳо боздошта шудааст, ба он аъзои оилаи ӯ мегузарад, ки ба доираи шахсони дар ҳолати фавти сарпараст бо нафақаи вобаста ба гум кардани сарпараст таъминшаванда мансубанд,.

Товони зарар дар ҳолате рӯёнида намешавад, ки шаҳрванд дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ бо роҳи худайбдоркунӣ барои ба миён омадани оқибатҳои дар қисми 1 моддаи 461 КМҶ ҶТ зикршуда мусоидат карда бошад. Аммо худайбдоркуние, ки дар натиҷаи нисбат ба шаҳрванд татбиқ гардидани зӯроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ ба вуҷуд омадааст, ба рӯёнидани товони зарар монеъ намегардад. Зимнан далели татбиқи чораҳои ғайриқонунӣ бояд аз тарафи мақомоти тафтишотӣ, прокурор ё суд муқаррар карда шаванд.

Қоидаҳои мазкр ба ҳолатҳое дахл надоранд, ки чораҳои маҷбуркунии мурофиавии нисбат ба шахс татбиқшуда ё ҳукми айбдоркунанда бекор карда ё бо сабаби қабули санади афв, гузаштани мӯҳлати даъво, нарасидани синну сол ё қабули қонуне, ки ҷавобгарии ҷиноятиро аз байн мебарад ё ҷазоро сабук мегардонад, тағйир дода шуда бошанд.

Дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва шартҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 464 КМҶ ҶТ зикршуда, шахс ҳуқуқ дорад ба:

— рӯёнидани товони зарари молумулкӣ (маош, нафақа, кӯмакпулӣ ва маблағҳои дигаре, ки аз онҳо дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ, мусодираи ғайриқонунии молу мулк ё дар асоси ҳукмҳо ё қарорҳои суд ба фоидаи давлат дохил кардани молу мулк маҳрум гаштааст, ҷаримаҳо ва хароҷоти мурофиавие, ки барои иҷрои ҳукми ғайриқонунии суд ситонида шудаанд, маблағе, ки барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ пардохта шудаанд ва хароҷоти дигар);

— барҳам додани оқибатҳои зарари маънавӣ;

— барқарор намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, нафақавӣ, манзилӣ ва ғайра.

Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ доир ба пурра ё қисман сафедкунии шахс қарор қабул карда, бояд ҳуқуқи ӯро оид ба рӯёнидани товони зарар эътироф намоянд. Нусхаи ҳукми сафедкунанда ё таъиноти (қарори) қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, бекор кардан ё тағйир додани дигар қарорҳои ғайриқонунӣ ба шахси манфиатдор супорида ё тавассути почта фиристода мешавад. Ҳамзамон бо ин ба ӯ хабарнома бо фаҳмондани тартиби рӯёнидани товони зарари молумулкӣ ва барқарор намудани ҳуқуқи дигари ӯ фиристода мешавад.

19.2. Муайян кардани андозаи зарар ва ТАРТИБИ РӮЁНИДАНИ он

Шахс ҳуқуқ дорад, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои дар моддаи 463 КМҶ ҶТ зикршуда бо хабарномаи тартиби рӯёнидани товони зарар, ба мақомоте, ки ҳукми сафедкунанда, оид ба қатъи парванда, бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои дигари ғайриқонунӣ таъинот (қарор) баровардааст, бо талабнома рӯёнидани зарари молумулкӣ муроҷиат намояд. Агар аз тарафи суди болоӣ парванда қатъ карда ё ҳукм тағйир дода шуда бошад, аризаи рӯёнидани товони зарар ба суде, ки ҳукм баровардааст, равон карда мешавад.

Судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ на дертар аз як моҳи баъд аз рӯзи ворид гардидани ариза андозаи зарарро муайян мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти молия ва таъминоти иҷтимоӣ ҳисобу китобро дархост карда, дар бораи анҷом додани пардохтҳо доир ба рӯёнидани товони зарар қарор мебароранд.

Аризаи рӯёнидани товони зарари молумулкӣ аз тарафи судя бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 401 КМҶ ҶТ ҳал карда мешавад.

Нусхаи тасдиқгардидаи қарор ба шахс ва дар ҳолати фавти ӯ ба шахсони дар қисми 3 моддаи 461 КМҶ ҶТ зикршуда барои пешниҳод ба мақомоте, ки вазифадоранд пардохтро анҷом диҳанд, супорида ё фиристода мешавад.

Аз қарорҳои судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ оид ба анҷом додани пардохтҳо мувофиқи тартибе, ки дар КМҶ ҶТ муқаррар гардидааст, шикоят кардан мумкин аст.

Даъвои рӯёнидани зарари маънавӣ ва зараҳои дигар ба тариқи пулӣ барои зарари расонидашуда бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ пешниҳод карда мешавад. Агар маълумоти дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, муваққатан аз вазифа дур сохтан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум намудан ва амалҳои дигари ғайриқонунии нисбат ба шахс татбиқшуда дар матбуот чоп карда, тавассути радио, телевизион ва воситаҳои дигари ахбори омма интишор шуда бошад, бо талаби шахси мазкур ва дар ҳолати фавти ӯ бо талаби хешовандони ӯ ё супориши суд, прокурор, муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ воситаҳои дахлдори ахбори умум вазифадоранд, ки дар муддати як моҳ дар ин бобат хабари зарурӣ интишор намоянд.

Бо талаби шахс ва дар ҳолати фавти ӯ бо талаби хешовандони ӯ судя, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ вазифадоранд, ки дар муддати то чордаҳ шабонарӯз доир ба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои кор, таҳсил ё зисти ӯ ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд.

Агар ариза доир ба барқарор кардани ҳуқуқи меҳнатӣ, нафақавӣ ва манзилӣ, анҷом додани пардохтҳо, ҳамчунин дар бораи баргардонидани молу мулк ё арзиши он қонеъ гардонида нашавад ё шахс бо қарори қабулшуда розӣ набошад, ӯ ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби мурофиаи гражданӣ ба суд муроҷиат намояд.

Ба шахсоне, ки аз рутбаҳои ҳарбӣ ва унвонҳои дигар, дараҷаҳои тахассусӣ, ҳамчунин ордену медалҳо маҳрум карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда рутбаю унвонҳо, дараҷаҳои тахассусӣ барқарор карда, ордену медалҳои онҳо баргардонида мешаванд.

Ариза оид ба анҷом додани пардохтҳои пулӣ ба ивази товони зарари молумулкӣ метавонад дар давоми се сол аз лаҳзае, ки шахсони дар қисми 3 моддаи 461 КМҶ ҶТ зикршуда таъинот ё қарорро доир ба анҷом додани чунин пардохтҳо мегиранд, пешниҳод карда шаванд.

Ариза дар хусуси барқарор кардани ҳуқуқҳои дигар метавонад аз тарафи шахс дар давоми як сол аз лаҳзаи гирифтани хабарномае, ки тартиби барқарор намудани ҳуқуқро мефаҳмонад, пешниҳод карда шавад.

Дар сурати бо сабабҳои узрнок гузаштани мӯҳлатҳои зикршуда, ин муҳлатҳо бо аризаи шахсони манфиатдор метавонанд аз тарафи муфаттиш, прокурор ё суд барқарор карда шаванд.

Товони зараре, ки ба шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ расонида шудааст, аз тарафи давлат пурра ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи бобби 47 КМҶ ҶТ рӯёнида мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *