Фанни Ҳуқуқ

Мурофиаи ҷиноятӣ дар англия

Мурофиаи ҷиноятии Англия мурофиаи классикии давраи капитализм ба шумор меравад. Маҳз дар Англия бори нахуст институтҳои заминавие ба вуҷуд омадаанд, ки минбаъд дастоварди низомҳои дигари мурофиавӣ гардиданд. Сарчашмаҳои асосии ҳуқук аз ҷумла сарчашмаи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар Англия, статутҳо (қонунгузории парламент) ва амсолҳои судӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин дар Англия асарҳои ҳуқуқшиносони классикӣ, ҳолатҳои ҳуқуқи канонӣ, одатҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ ва ҳатто меъёрҳои умуми эътрофгаштаи ахлоқ низ сарчашмаи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд. Дар низоми таърихан ташаккулёфтаи сарчашмаи ҳуқуқи Англия иерархия байни сарчашмаҳо қарибки тамоман вуҷуд надорад. Чунин хусусият ба зиддияҳо ва номувофиқии тамоми низоми сарчашмаҳои ҳуқуқ меорад, ки на танҳо ҳангоми муқоисаи байни намудҳои алоҳидаи сарчашмаҳо, балки ҳангоми муқоиса дар дохили намуди алоҳидаи сарчашмаи ҳуқуқ, иникос меёбад. Барои интихоб кардан аз байни гурӯҳи зиёди меъёрҳо усули қиёси рақобат истифода мегардад, ки он имкон медиҳад аз байни тамоми меъёрҳо ҳамонеро интихоб намоянд, ки нисбатан бештар ба баҳси (казуси) ҳуқуқии мазкур мувофиқ аст.

Мурофиаи ҷиноятии Англия ба принсипи мубоҳисавӣ асос ёфта, функсияҳои зеринро дар бар мегирад: функсияи айбдоркунӣ (оғози парвандаи ҷиноятӣ дар назди суд, ҷамъ кардани далелҳои айбдоркунанда, дастгирии айбдоркунӣ дар суд); функсияи ҳимоя (ҷамъ кардани далелҳои сафедкунанда, ҳимоя дар суд); функсияи суд (таъмини риояи қоидаҳои баҳси судӣ, ҳалли масъалаи гунаҳгорӣ, муайян кардани чораи ҷазо).

Тафтишоти пешакӣ[1]. Тибқи консепияи айбдоркунии умумишаҳрвандӣ, ки дар мурофиаи муосири Англия амал мекунад, ҳуқуқи таъқиби ҷиноятӣ ба ҳар як шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст. Дар ин гуна шароит ҷабрдида, инчунин дигар шахсоне, ки тибқи қонун ҳуқуқи таъқиби ҷиноятиро соҳибанд, метавонанд тафтишоти пешакиро шахсан ё бо роҳи даъвати детективи хусусӣ амалӣ намоянд ва ё ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат кунанд. Дар мавриде, ки таъқиби ҷиноятӣ аз номи давлат амалӣ мегардад, ё шахси хусусӣ ба мақомотҳои давлатӣ муроҷиат мекунад, тафтишоти пешакӣ аз ҷониби шахсони мансабдори полис, дастгоҳи тафтишотии департаменти Директор оид ба таъқиби оммавӣ, Хизмати давлатии айбдоркунӣ (с 1986) амалӣ карда мешавад.

Политсияи Британия тафтишоти пешакии қисми зиёди ҷиноятҳоро мегузаронад. Ваколатҳои политсия тибқи Қонун дар бораи политсия ва далелҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ аз соли 1984 хеле васеъ шудааст. Масалан, политсия ҳуқуқ пайдо кард, ки дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳабсро бе ордери суд анҷом диҳад, қарори мақомоти политсия дар бораи эълони айб метавонад, танҳо аз ҷониби директории таъқиби оммавӣ бекор карда шавад.

Оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки манфиатҳои давлатро халалдор мекунад (иғвогарӣ, порагирӣ, корупсия ва ҷиноятҳое, ки бо Қонун дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ аз соли 1912 пешбинӣ шудаанд) тафтишотро департаменти Директори таъқиби ҷиноятӣ бо роҳбарии Атторнеяи генералӣ мегузаронад. Атторнеяи генералӣ шахси мансабдори олии давлат дар соҳаи амалигардонии таъқиби ҷиноятӣ буда, супоришҳои ӯ барои ҳамаи шахсон ва мақомоте, ки тафтишоти пешакиро мегузаронанд, ҳатмӣ мебошад.

Дар натиҷаи ислоҳоти дастгоҳи тафтишӣ соли 1986 Хизмати давлатии айбдоркунӣ таъсис дода шуд, ки онро Атторнеяи генералӣ сарварӣ мекард.

Оғози парвандаи ҷиноятӣ. Дар ин марҳилаи мурофиа татбиқи якчанд чораҳои маҷбуркунии давлатӣ, аз ҷумла кофтуков, ҳабс иҷозат дода мешавад. Ин амалҳоро бе санксияи суд ва ҳатто бе санҷидани маълумотҳои аввалин дар бораи аломатҳои ҷиноят гузаронидан мумкин аст. Мутобиқи таълимоти айбдоркунии умумишаҳрвандӣ, агар дар бораи гумонбарии шахс дар содир кардани ҷинояте, ки ҳабсро пешбинӣ мекунад ё тайёрӣ дидан ба он асоси кофӣ мавҷуд бошад, ҳуқуқи анҷом додани ҳабсро на танҳо шахсони мансабдор, балки шахсони хусусӣ низ доранд. Дар чунин маврид хулоса баровардан мумкин, ки ваколатҳои аз ҳад зиёд боиси сӯиистифода гардад. Чунончӣ, тибқи маълумоти ВКД Британияи Кабир ҳамасола зиёда аз 50 000 ҳабси ғайриқонунӣ содир мешавад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ин гуна сӯистифодаҳо ва тафтишӣ қонунӣ будани татбиқи чораи баҳабсгирӣ дар Англия расмиёте, истифода мешавад, ки бо номи «хабеас корпус» маълум аст. Мутобиқи ин расмиёт шахсе, ки ба ҳабс гирифта шудааст ё ягон шахси дигар, ки аз номи ӯ амал мекунад, метавонанд бо ариза ба суд дар бораи ғайриқонунӣ будани ҳабс муроҷиат кунад. Дар ин маврид шахси ҳабскардашуда ба суд оварда мешавад ва масъалаи қонунӣ будани ҳабси ӯ бо иштироки ҳимоятгар баррасӣ мегардад.

Татбиқ намудани чораи маҷбуркунии мурофиавӣ аз ҷониби суд. Ин марҳилаи мурофиаи ҷиноятии Англия аз лаҳзаи ба суд аз ҷониби полис пешниҳод намудани ҳуҷҷати мурофиавие, ки бо номи «иттилоот» маълума аст, оғоз меёбад. Дар ин ҳуҷчати мурофиавӣ зарурати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси муайян асоснок карда мешавад. Агар судя бо иттилоот розӣ шавад, ӯ варрант (фармони судие, ки гузаронидани ҳабс, кофтуков ва дигар чораҳои маҷбуркунии мурофиавиро иҷозат медиҳад) қабул мекунад. Дар мурофиаи ҷиноятии Англия ду намуди варрант – махсус ва умумӣ маълум аст. Дар варранти махсус аниқ шахсе, ки ба ҳабс гирифта мешавад ё биное, ки дар он кофтуков гузаронида мешавад нишон дода мешавад. Варранти умумӣ бошад суроғаи конкретӣ надорад, яъне татбиқи чораи маҷбуркунии давлатиро нисбати шахсони номуайян дар алоқаманди бо тафтиши ҷинояти муайян иҷозат медиҳад.

Пешбурди пешакӣ дар суд. Дар мурофиаи ҷиноятии Англия ду навъи расмиёти баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ мавҷуд аст: 1) пешбурди судии соддашуда (суммарное, упрошенное); 2) пешбурди судӣ тибқи санади айбдоркунанда.

Дар асоси ин намуди тақсимот пеш аз ҳама дараҷаи хавфнокии намудҳои мушаххаси ҷиноятҳо меистад. Чунончӣ, ба тартиби пешбурди судии соддашуда парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки камаҳмият мебошанд, баррасӣ мешаванд. Ба парвандаҳое, ки санади айбдоркунандаро талаб менамоянд ҷиноятҳои нисбатан хавфнок дохил мешаванд.

Марҳилаи пешбурди судии пешакӣ ҳамон вақте имкон дорад, ки баррасии парвандаи ҷиноятӣ тибқи тартиби пешбурди судӣ бо санади айбдоркунӣ амалӣ гардад. Дар ин марҳила дар шароити мубоҳисавӣ аз ҷониби суд кофӣ будани асосҳо барои ба суд додани айбдоркунанда санҷида мешавад. Ҳангоми пешбурди соддашуда гузаронидани пурсиши шоҳидони айбдоркунӣ ва таҳқиқи далелҳои дигари айбдоркунанда имконпазир аст. Баъд аз гузаронидани амалҳои зикршуда судя ба айбдоршаванда формулаи айбдоркуниро эълон мекунад ва моҳияти онро мефаҳмонад. Сипас далелҳое, ки аз ҷониби ҳимоя пешниҳод шудаанд, баррасӣ мегарданд. Дар охир айбдоршаванда (ё ҳиоятгари ӯ) ва айбдоркунанда баромад намуда, ба далелҳои баррасишуда баҳои худро медиҳанд. Дар натиҷаи пешбурди судии пешакӣ дар бораи ба суд додани айбдоршаванда ё дар бораи қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул карда мешавад.

Моҳиятан муҳокима намудани парванда дар суд. Марҳилаи мазкур бо баррасӣ намудани лоиҳаи санади айбдоркунӣ аз ҷониби суд оғоз меёбад, ки санади мазкур моҳияти айбдоркуниро дар бар мегирад. Баъдан ин санад аз тарафи судя тасдиқ карда мешавад ва санади тасдиқшуда барои шиносоӣ ба айбдоршаванда пешниҳод мегардад. Аз ҷониби айбдоршаванда эътироф намудани айби пешниҳодшуда якбора тамоми мурофиаи минбаъдаро содда мегардонад. Баъд аз ин судя метавонад фактҳои асосии арзи айбдоршавандаро аз ҷониби айбдоркунанда, ҳимоятгари ӯ шунавад ва ҳукмро барорад.

Агар айбдоршаванда айби худро инкор кунад ва айбдоркунанда далелҳои исботкунии гуноҳи ӯро пешниҳод накарда бошад, судя дар бораи ба протокол қайд намудани вердикти сафедкунанда бе равон кардани парванда ба баррасии ҳакамон (присяжных), фарон мебарорад.

Дар ҳолате, ки агар айбдоршаванда гуноҳи худро эътироф накунад ва айбдоркунанда далелҳои исботкунии гуноҳи ӯро пешниҳод намуда бошад, судя барои ташаккули довари машваратчиёни ҳакамӣ (жюри присяжных заседателей) оғоз мекунад. Ҳайати доварон 12 нафар муқаррар гардидааст.

Ҳакамоне, ки нисбати онҳо раддия изҳор нашудааст барои муҳокимаи судӣ мегузаранд.

Аз ҷиҳати назариявӣ критерияи маҳдудсозии судя ва машваратчиёни халқӣ аниқ муайян гардидааст: доварон масъалаҳои факт, судя бошад масъалаҳои ҳуқуқро ҳал менамоянд. Ин критерия дар намуди меъёрӣ аллакай соли 1877 аз ҷониби Палатаи лордҳо мустаҳкам шуда буд. Баъдтар доираи масъалаҳое, ки аз ҷониби машваратчиён ҳал карда мешуданд кам шуда, мувофиқан салоҳияти судя васеъ гардид.

Тафтиши судӣ бо таҳқиқи далелҳои айбдоркунӣ оғоз меёбад. Тартиби гузаронидани тафтиши судӣ ба баррасии пешакии парванда дар суд якхела мебошад. Дар баробари фаҳмонидани моҳияти айбдоркунӣ ва образи далелҳои асосӣ аз ҷониби айбдоршаванда, шоҳидоне, ки дар санади айбдоркунӣ нишон дода шудаанд, даъват ва пурсида мешаванд. Сипас айбдоркунанда натиҷаи таҳқиқи далелҳои айбдоршавандаро ҷамъбаст мекунад. Баъди ин судшаванда ё ҳимоятгар метавонанд ба суд дар бораи нодрустии (неубедительности — боварӣ надоштанашон) далелҳои айбдоркунанда ариза пешниҳод кунанд. Агар судя арзи онҳоро асоснок шуморад, ба машваратчиён дар бораи сафедкунии судшаванда фармоиш медиҳад.

Агар ин гуна ариза мавҷуд набошад, далелҳои ҳимоя таҳқиқ карда мешаванд. Пеш аз пурсиши шоҳидони ҳимоя ба судшаванда ё ҳимоятгари ӯ барои фаҳмонидани далелҳои ҳимоя сухани ифтитоҳӣ дода мешавад. Баъди таҳқиқи далелҳои ҳимоя судшаванда ва ҳимоятгари ӯ хулосаҳоро ҷамъбаст мекунанд. Ба айбдоркунанда низ барои таҳлили далелҳои ҳимоя сухан дода мешавад.

Баъди гуш кардани тарафҳо ва баррасии далелҳои айбдоркунӣ ва ҳимоя, судя дар бораи натиҷаи тафтиши судӣ хулоса мекунад ва ба машваратчиён сухани ҷамъбастӣ мегуяд (произносит напутственное слово присяжным). Моҳиятан, дар сухани ҷамъбастӣ (напутственном слове) судя на танҳо тарафи воқеӣ, балки ҷиҳатҳои ҳуқуқиро низ таҳлил мекунад.

Сипас расмиёти баровардани вердикт аз ҷониби машваратчиёни халқӣ оғоз меёбад. Агар машваратчиён дар бораи мавҷуд будан ё набудани гуноҳи шахс ба қарори муайян наоянд, судя ҳуқуқ дорад ҳайати доваронро (журиро) барҳам диҳад ва муҳокимаи судии навро таъин кунад.

Баъд аз баровардани вердикт аз ҷониби машваратчиёни халқӣ, суд дар бораи муайян кардани чораи ҷавобгарӣ як қатор амалҳои мурофиавиро анҷом медиҳад. Бо ин мақсад суд нишондоди шоҳидонро дар бораи шахсияти судшаванда мешунавад, аргументҳои ҳимоя дар бораи сабук кардани ҷазо баррасӣ менамояд ва дар охир ба судшаванда сухани охирин дода мешавад.

Пешбурди соддашуда. Дар Англия бо тартиби пешбурди соддашуда аз ҷониби судҳои магистраторӣ зиёда аз 96 фоизи тамоми парандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ карда мешаванд.

Дар судҳои магистраторӣ адолати судӣ бе иштироки машваратчиёни халқӣ амалӣ мегардад. Шумораи судяҳо аз ду то ҳафт нафар ва баъзан пешбурд аз ҷониби судя танҳо амалӣ карда мешавад.

Ба пешбурди соддашуда чунин хусусият хос аст, ки дар он баррасии парванда бе иштироки судшаванда дар маҷлиси судӣ имконпазир аст. Доираи ҳолатҳои мушаххасе, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо парвандаро бе иштироки судшаванда баррасӣ намудан мумкин аст, бо Қонун дар бораи адолати судии ҷиноятӣ аз соли 1988 васеъ шудааст.

Тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои магистраторӣ аз муносибати судшаванда ба масъалаи айбдорӣ вобаста мебошад. Агар судшаванда ба гуноҳи худ иқрор шавад, суд бе таҳқиқи далелҳо ҳукмро қабул мекунад. Асоси ягонаи ин гуна ҳукм иқрори судшаванда ба гуноҳи худ мебошад, зеро маводҳои аз ҷониби политсия ҷамъ шуда ба таври мурофиавӣ чун сарчашмаи далелҳо мустаҳкам ва аз ҷониби суд моҳиятан дар маҷлиси судӣ санҷида намешаванд.

Дар ҳолате, ки агар судшаванда худро гунаҳкор наҳисобад, муҳокимаи судии минбаъда мутобиқи қоидаҳои пешбурди парванда бо санади айбдоркунӣ амалӣ карда мешавад. Танҳо масъалаи гунаҳкорӣ ва таъини чораи ҷазо бо қабули ҳукм аз ҷониби судҳои магистраторӣ ҳал мегардад.

Пешбурди аппелятсионӣ. Дар мурофиаи ҷиноятии Англия расмиёти ягонаи шикоят овардан ба ҳукм пешбинӣ нашудааст. Ин бо он асос меёбад, ки танзими мурофиавии шикоят овардан ба қарорҳои судие, ки бо тартиби соддашуда ва бо тартиби пешбурди парванда бо санади айбдоркунӣ қабул шудаанд, гуногун мебошад.

Якчанд зинаҳои аппелятсионӣ мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар фаъолияти худ меъёрҳои ҷудогонаи мурофиавиро ба роҳбарӣ мегиранд.

Шикоятҳои аппелятсионӣ ба ҳукмҳо ва қарорҳое, ки бо тартиби пешбурди соддашуда бароварда шудаанд дар Суди Карона баррасӣ мегардад. Шикоятҳо ба ҳукмҳои Суди Карона ва Суди Олӣ дар шӯъбача оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди аппелятсионӣ баррасӣ мегардад. Суди Олии мамлакат Суди Палатаи лордҳо маҳсуб меёбад, ки қарорҳои Суди аппелятсиониро ба тартиби аппелятсияи дуввумин баррасӣ менамояд.

Асосҳои шикояти аппелятсионӣ ба ду категория ҷудо мешаванд: асосҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ. Барои шикоят овардан ба ҳукм ва вердикти машваратчиён аз рӯи асосҳои воқеӣ иҷозати судяе, ки ҳукмро қабул кардааст ё розигии суди зинаи аппелятсионӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани парвандаи мазкур лозим аст.

Салоҳияти судҳои зинаи аппелятсионӣ хеле васеъ мебошад. Мутобиқи Қонун дар бораи судҳо аз соли 1971 ва Қонун дар бораи адолати судии ҷиноятӣ аз соли 1988 онҳо метавонанд ҳукмро бе тағйир монанд, ҳукмро бекор кунанд ва парвандаро барои баррасии нав ба суди поёнӣ ирсол кунанд, ҳукмро тағйир диҳанд инчунин метавонанд ҳукми нав қабул кунанд. Дар чунин ҳолат ҷазои аввала набояд, ки зиёд карда шавад, агар аппелятия аз рӯи асосҳои ҳуқуқӣ пешниҳод шуда бошад.

  1. Марҳилаи мазкур дар адабиёти мурофиавии Англия ҷудо нашудааст, зеро ки он қариб дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ танзим нашудааст.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *