Фанни Ҳуқуқ

Масъалаи ҳуқуқи моликият дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ

1. Асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои молу мулкӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.

2. Масъалаҳои коллизионии ҳуқуқи моликият.

Институти ҳуқуқи моликият институти базавии ҳамагуна низоми ҳуқуқӣ дониста мешавад. Кадом соҳаи ҳуқуқро мо барраси нанамоем, масъалаи моликият дар он мақоми марказиро ишғол менамояд. Чунин ҳолат пеш аз ҳама ба ҳуқуқи гражданӣ таалуқ дорад. Инчунин, масъалаҳои вобаста ба моликият дар соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, меҳнатӣ ва ғайраҳо мавқеи марказӣ ишғол менамояд.

Меъёрҳои ҳуқуқи моликият мансуб будани ин ё он молу мулкро ба шахси алоҳида муайян намуда, ваколатҳои вайро оид ба соҳиби, истифодабари ва ихтиёрдори намудани молу мулки мазкур мустаҳкам менамояд. Қонунгузории мамлакатҳои оид ба моликият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҳамдигар фарқ менамояд.

Ҳуқуқи моликият мумкин аст ҳам дар ду маънӣ, объективи ва ҳам субъективӣ баррасӣ гардад. Дар маънии объективӣ ҳуқуқи моликият ин низоми меъёрҳои ҳуқуқии муқаррар намояндаи сарҳади амалҳои имконпазирро оид ба соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории амволи дар муомилоти гражданӣ манъ нагардида фаҳмида мешавад. Дар маънии субъективӣ ҳуқуқи моликият ин имконияти юридикии шахс аз рӯи хоҳиши худ, дар доираи қонунгузории амалкунанда соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдори намудани молу мулк фаҳмида меавад.

Муайян намудани объекти ҳуқуқи моликият барои ҳал кардани масъалаҳои бо элементи хориҷӣ алоқаманд буда, лозим мебошад. Бо назардошти хусусияти амвол, онро ба амволи манкула ва ғайри манқула ҷудо мекунанд. Чунин ҷудо намудани ҳуқуки моликият таърихан аз ҳуқуқи хусусии Римӣ сарчашма мегирад. Ба ғайр аз ин вобаста ба субъекти ҳуқуқи моликият шаклҳои моликияти давлатй ва хусусӣ ва ғайраро фарқ мекунанд. (236 КГ ҶТ)

Баробари ин моликияти давлатӣ дар навбати худ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналй фарқ карда мешавад. (238 КГ ҶТ). Моликияти хусусӣ бошад, ба моликияти шаҳрвандон ва моликияти корхонаҳо ҷудо мешавад. (237КГ ҶТ)

Низоми ҳукукии мамлакатҳои гуногун ба таври тафриқанок масъалаи танзими муносибатҳои хукуки моликият муқаррар менамояд. Мамлакатҳои гуногун ба таври тафиканок маънидодкунии моликият, ба амволи манқула ва ғайри манқула таъаллуқ доштани онро муайян менамояд. Масалан, калиди хонаи истиқоматӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиккунандаи ҳуқуқи соҳибии қитъаи замин, қисмҳои ҷудогонаи амволи ғайри манқул маънидод карда мешавад. Лекин соҳиб мулки он аз тарафи ҳуқуқи Англия хамчун шахси дар амволи ғайри манқул манфиатдошта маънидод карда мешавад. Масалае ба миён меояд, ки кадом тартиботи хукуки бояд афзалият дошта бошад, агар амвол аз нигохи хукуки як мамлакат манкула маънидод гардида, аз тарафи хукуки мамлакати дигар, ғайри манкула баҳо дода шавад.

Усули танзими хукукии муносибатҳо вобаста ба моликият дар Хукуки байналхалкии хусусӣ, усули коллизиони-хууки ба шумор меравад, зеро новобаста аз вуҷуд доштани санадҳои меъёри – хукукии зиёд, муоҳидае вуҷуд надорад, ки меъёрҳои модди-хукукии универсалиро дар ин соҳа дар бар гирифта бошад.

Дар ҶТ масъалаҳои танзими коллизиони- хукукии масъалаҳои моликият дар асоси Кодекс Граждани, кисми сеюм ба амал бароварда мешавад.

Хамчунин, кушиши танзими ин масъала дар Муоҳидаи Минск дар бораи ёрии хукуки ва муносибатҳои хукуки оид ба парвандаҳои граждани, ҷинояти ва оилави аз 22 январи соли 1993 – ро намбар кардан мумкин аст.

2. Масъалаҳои коллизионии ҳуқуқи моликият

Конуни «ҷои воқеъ гардии амвол» — меъёри асоси хангоми баррасии масъалаи моликият маънидод карда мешавад. Аз рӯи конуни «ҷои воқеъ гардии амвол» масъалаҳои гуногун мукаррар карда мешаванд. Масалан, оё амволи мазкур мумкин аст ба матлати хукуки моликият мансуб карда шавад. Аз рӯи конуни дода шуда мукарар мешавад, ки тартиби бавучудоии хукуки моликият, хаҷми он в катъгардии ин хукук.

Дар КГ ҶТ дар боби 64, зербоби 4 танзими коллизионии хукуки моликият оварда шудааст. Дар он омадааст, ки мазмуни хуқуқи моликият ва хуқуқи дигари ашё ба моликияти манқул ва uайриманқул ва хамчунин татбиқи онхо бо хуқуқи кишваре, ки ин моликият дар он xо воқеъ гардидааст, муайян карда мешавад.

Мансубияти амвол ба ашёи uайриманқул ё манқул ва хамчунин бандубасти дигари хуқуқии амвол бо хуқуқи кишваре, ки ин амвол дар он xо воқеъ гардидааст, муайян карда мешавад.

Ба вуxуд омадан ва қатъ гардидани хуқуқи ашё ба амвол бо хуқуқи кишваре муайян карда мешавад, ки ин амвол дар лахзаи амал ё холати дигар, ки барои ба миён омадан ё қатъ гардидани хуқуқи ашё асос гардидааст, дар он xо воқеъ гардида буд, агар санадхои қонунгузории XТ тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.

Ба вуxуд омадан ва қатъ гардидани хуқуқи ашё ба амвол, ки предмети ахд мебошад, бо хуқуқи кишваре, ки ин ахд тобеи он мебошад, муайян карда мешавад, агар созишномаи тарафхо тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Ба вуxуд омадани хуқуқи моликият ба амвол вобаста ба мeхлати бадастовари тибқи хуқуқи кишваре муайян мегардад, ки дар ла[заи ба охир расидани мeхлати бадастовари амвол дар он қарор дошт.

Хуқуқи моликият ва хуқуқи дигари ашё ба амволи манқули тибқи ахд дар рох қарордошта бо хуқуқи кишваре, ки аз он ин амвол ирсол шудааст, муайян карда мешавад, агар бо созишномаи тарафхо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

1. Танзими ҳуқуқии сармоягузории хоричӣ

Дар назарияи хукуки байналхалкии хусуси дар доираи мавзуи хукуки моликият инчунин масъалаи танзаими хукукии сармоягузори хоричи муайян карда шудааст. Дар ЧТ санади асосии танзим кунандаи масъалаи мазкур Конуни Чт «Дар бораи сармоягузори» аз 12 маи 2007 ба шумор меравад.

Мувофики нишондоди конуни номбурда зери мафхуми сармоягузори хама гуна шаклхои хуқуқи молу мулки (ба истиснои молу мулке, ки ба истифодабарии шахси ва ё бо фаъолияти фурeши мол бе коркарди он алоқаманд аст), бо шумули маблаu, қоuазхои қиматнок, таxхизоти истесолию-технологи ва натиxаи фаъолияти зехни, ки ба сармоягузор аз рeи хуқуқи моликият мансубанд ва аз тарафи e ба объектхои фаъолияти сармоягузори бо мақсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиxаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд, фахмида мешаванд. Ба сифати объектхои фаъолияти сармоягузори инхо баромад карда метавонанд:

-молу мулки ғайриманқул;

-қоғаззои қиматнок;

-моликияти зехни;

-дигар объектхое, ки қонунгузории ЧТ фаъолияти сармоягузориро дар онхо манъ накардааст.

Дар моддаи 4 конун кафолати сармоягузори дар каламрави ЧТ мукаррар карда шудааст.

Давлат баробархуқуқии сармоягузори хориxи ва сармоягузори ватаниро кафолат дода, дар муносибат бо сармоягузорон вобаста ба мансубияти шахрванди, милли, забони, xинси, нажоди, эътиқоди дини, xои анxом додани фаъолияти иқтисоди, инчунин кишвари асли баромади сармоягузор ва сармоягузори, ба хеx гуна поймолкунии хуқуқ рох намедихад.

Мақсади дастгирии давлатии сармоягузори фарохам овардани фазои мусоиди сармоягузори барои рушди иқтисодиёт ва хавасманд гардонидани сармоягузори, бунёд намудани истехсолоти нав, таxдиди истехсолоти амалкунанда бо истифода аз таxхизот ва технологияи муосир, нигох доштан ва мухаё намудани xойхои нави кори, тандурусти, хифзи мухити зист ва додани имтиёзхо барои дастгирии сохаи сармоягузори мебошад.

Дастгирии давлатии сармоягузор аз тарафи мақомоти заколатдор, ки {укумати ЧТ муайян менамояд, амали карда мешавад.

Имтиёзхои сармоягузори дар намудхои зерин дода мешаванд:

-имтиёзхои андозбанди;

-имтиёзхои гумруки;

-додани грантхои аслии давлати.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *