Фанни Ҳуқуқ

Мафҳум, матлаб ва низоми ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ

Нақшаи лексионӣ

1.Мафҳум ва матлаби ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ (ҲБХ)

2. Услуби ХБХ

Максади ҳар кадоме аз соҳаҳои ҳуқуқ ин муратабсозии муносибатҳои ҷамъияте мебошад, ки ба юрисдиксияи давлати муайян тааллуқ дорад. Аҳамияти ҲБХ дар он аст, ки он муносибатҳое ҷамъиятии дар қаламрави як мамлакат ба вуҷуд оянда вале бинобар дар таркиби ин муносибат мушоҳида гардидани элементи хориҷӣ, чунин муносибатҳои мураккабгардидаро бо истифода аз усулҳои коллизионӣ-ҳуқуқӣ ва моддӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дарорад.

ХБХ бо назардошти объективона дар ҷахон кариб дусад низоми ҳуқуқии мустақил ва аз як дигар вобаста набуда азри хастӣ доштанаш, бавучуд омадааст. Дар он ҳолате, ки ғайр аз шахсони воқеӣ ва ҳуҳукии як давлат дар муносибатҳои ҳуқуқи инчунин элементхои хориҷи низ иштирок менамояд, пас зарурияти иловагии ба танзимдарории ҳуқуқӣ ба миён меояд. Бинобар ғайр аз соҳаҳои ҳуқуқи миллие, ки муносибатхои дохилии давлатиро ба низом медарорад, зарурияте ба миён меояд, ки низоми махсуси ҳуқуқии табиати муносибатҳои байналхалқӣ доштаро ташкил намояд.Чунин низоми ҳуқуқӣ ин ХБХ мебошад.

Оид ба масъалаи табиати ҳуқуқии ХБХ ва давраҳои пеш баҳсу муносира бисёр вуҷуд дошт. Танҳо соли 1834 олими амрикоӣ Ҷ. Стори чунин номгузории соҳаи мазкурро пешниҳо намуда ҲБХ ҳамчун соҳаи алоҳида матлаби мустақил дошта пешниҳод намуд.

ҲБХ ин соҳаи мустақили ҳуқуқӣ буда аз маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳое ибора мебошад, ки муносибатҳои бо эленти хориҷӣ мураккаб гардидаро бо истифода за усулҳои ҳуқуқӣ-хусусӣ ва моддӣ-ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

ХБХ — менависад Ш.М. Менглиев, муносибатхои хукуки гражданиро меомузад. Лекин ин маънои онро надорад, ки ХБХ як қисми хукуки гражданӣ бошад. Хусусияти фарқкунандаи муносибатхои ҳуқуки граждание, ки дар таркиби ХБХ дучор шудан мумкин аст, танҳо ҳолатхое шуда метавонад, ки ХБХ фақат гурӯҳи махсуси муносибати хукуқи граждании хислати байналхалкӣ доштаро меомӯзад.

Хуқуқи байналхалкии хусусӣ:

— муносибатхои хусусӣ-хукукии дар муносибатҳои байналхалкӣ ба вучуд ояндаро ба танзим медарорад.

-матлаб ва услуби батанзимдарории худро дорад,

-қисми соҳаи хукуки дохилидавлатӣ мебошад,

— бо хукуки мехнатӣ, оилавӣ ва гражданӣалокамандии зич дорад, лекин вобастагии хамешагӣ надорад;

— бо хукуки байналхалкӣ гарчанде вобастагӣ дошта бошад хам, лекин ба ягонагии муқадимавии он нигоҳ накарда, қисми он намебошад,

Хамин тавр, ХБХ аз низоми хукуки коллизионнӣ ва меъёрхои хукукхои моддӣ-унификатсионӣ иборат буда, муносибатхои хукуки граждании элементхои хоричӣ доштаро ба танзим медарорад.

-дар самти банизом дарории ин муносибаҳо муамоҳои интихоби ваколатдори тартиботи хукукӣ ё ин ки ҳамон низоми хукукӣ хали худро меёбад ва бо кумаки кадоме мумкин аст дар назардошти ба инобат гирифтани хислатхои байналхалкӣ, ин муносибатҳоро мураттаб сохта батанзим даровардан мумкин аст.

Дар бахши хукуки байналхалкии хусусӣ сухан карда, қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳудуди муносибатхои хукукии сивилистӣ нисбат ба он худудхое, ки ХБХ вучуд дошта метавонад, васетар мебошад ва хеле васеъ аст. Ба матлаби ХБХ танхо муносибатхои хукуки граждание дохил мешавад, ки бо элементхои хоричӣ омехтагӣ дорад.

Матлаби ҲБХ. Дар илми ХБХ қайд меёбад, ки матлаби омузиши онро муносибатхои хукуки гражданӣ «дар маънои васеъ» ташкил медихад. Дар маънои васеъ ҷобаҷогузорӣ, соҳаҳои диференсионалии низоми хукукиро ба соҳаи хукуки гражданӣ, мехнатӣ, хочагӣ, бонкӣ, молиявӣ ва экологӣ тасвир кардан мумкин аст. Дифиренсасияи сохаи хукук нуқтаи охирон ва аз байнраванда намебошад. Харчанд дар бисёр муасисахои олии илмии хукукшиносӣ микдори гуногуни фанхои хукукшиносӣ мавриди омӯзиш қарор дошта бошанд ҳам, лекин оид бақатъи хотима ёфтани таксимоти сохахои хукук сухан кардан ҷоиз нест. Ин пурра конунӣ аст, зеро ки дар муносибатхои байналхалкӣ ва инчунин дар сатҳи давлатӣ дар назардошти рушди сохаи иктисолӣ ва ичтимоӣ масъалахои нав пайдо мешаванд, ки барои танзими хукуки ниёз дорад.

ХБХ ба он сохаи сивилистии хукук дохил мешавад, ки ба муносибатхои баробархукукии субъектон алокамандидорад. Ин сохаи муносибатхои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ натанҳо дар сохаи хукуки гражданӣ, балки дар сохаи оилавӣ, мехнатӣ, хочагӣ, экологӣ ва дигар сохахое, ки масъалахои молумулкӣ ва гайримолумулкӣ хали худро ёфта метавонанд, вучуд дошта метавонад.

Ба ақидаи профессор М.М. Богусловский, ХБХ ду гурӯҳи асосии муносибатҳоро ба танзим медарорад:

Якум — ин муносибатхои экологӣ, хочагӣ, илмӣ — техникӣ ва маданӣ, ба шарте, ки дар қисми ба ХБХ воластагӣ дошта бошад:

Дуюм — муносибатхои молумулкӣ, мехнатӣ, оилавӣ ва дигар муносибатхое, ки бо иштироки шахрвандони хоричӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба вучуд меоянд.

Хамин тавр, матлаби батанзимдарории ХБХ ин муносибатхои хусусияти хукуки гражданӣ доштае мебошад, ки ба элементхои хориҷи алокамандӣ дорад (дар маънои дигараш муносибатхои байналхалкии гражданӣ меноманд).

Мафҳуми элементхои хориҷӣ: Азбаски предмети ХБХ — ро муносибатхои гражданӣ дар алокамандӣ ба элементхои хориҷӣ ташкил медихад, пас ҷоизаст, ки тахлили мафхуми элементи хориҷиро ба амал барорем. Умуман ибораи «элементи хоричӣ» шартӣ аст.

Дар ҳамин ҷо зарур аст, ки бевосита муносибатҳои молу мулки ва шахсии ғайри молу мулкии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардонида шударо шарҳ диҳем. Элементи хориҷӣ мувофиқи ақидаи Сулаймонов Ф.С. дар се ҳолат муқаррар карда мешавад[1].

Якум, элементи хориҷӣ аз рӯи субъект муқаррар карда мешавад. Муносибатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ-хусусӣ мегардад, агар дар тарбики он яке аз иштирокчиён шахси ҳуқуқӣ ва ё воқеии хориҷӣ бошад (масалан, муносибатҳо оид ба харду фурӯши бор ва ё маҳсулот, ки тарафи фурӯшанда ва ё харидор субъекти хоҷагидори хориҷӣ бошад). Дар ин маврид танзими муносибат мураккаб мегардад.

Дуюм, элементи хориҷӣ аз рӯи объект муқаррар карда мешавад. Муносибатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ-хусусӣ мегардад, агар он атрофии объекте ба миён ояд, ки дар хориҷи кишвар воқеъ бошад. (Масъалан, муносибат оид ба пайдо кардани ҳуқуқи мерос нисбати объекти дар хориҷа вокеъ буда ва ба шарте, ки ақалан ё меросгузор ва ё меросгирон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда объекти меросӣ, фарз мекунем амволи ғайри манқул дар хориҷа воқеъ бошад).

Сеюм, муносибатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ-хусусӣ мегардад, агар онҳо бо фактҳои юридикие алоқаманд бошанд, ки бавуҷудоӣ, тағйирёбӣ ва қатъ гардидани ин фактҳо дар хориҷа муқаррар карда шавад. (Масъалан, таваллуди кӯдак, фавти шахс ва ё расонида шудани зарар ба шахс дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳамин тавр, агар дар ҳамагуна муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ элементҳои хориҷии дар боло қайд шударо дошта бошад, пас ин гуна муносибат дар танзми худ мураккабӣ пайдо мекунад. Барои батанзим даровардани чунин муносибатҳо қонунгузорӣ меъёрҳои махсуси хуқуқиро кор карда баромадааст, ки маҳс дар фасли VII Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёрҳо гирд оварда шудааст.

Методи ХБХ. Ба ХБХ тарз ва воситахои махсуси ба танзимдарории хукук ва ухдадорихое, ки иштирокчиёни муносибатхои хукуки гражданӣ хусусияти байналхалкӣ доранд, таалук дорад. Сухан дар бораи мувофикати ва бахам алокамандии ду метод меравад: коллизионӣ ва хукукхои моддӣ. Дар адабиётхои ХБХ одатан қайд мегардад, ки дар муносибатхои хукуқӣ бо элементхои хоричӣ мураккаб гардида, хамеша масъалаи коллизионӣ пайдо мешавад ва бояд муайян кард, ки кадоме аз ду конуни дучор омада истифода карда мешавад. Дар худуде, ки суди баррасикунандаи парванда ҷойгир аст ё ин ки конунгузории он кишваре, ки элементи хориҷӣ ба он таалук дорад. Барои он ки дар бораи методи коллизионӣ тасавурот пайдо намоем, бояд хукуки коллизиониро дарк кард.

НИЗОМИ ХБХ

Низоми ХБХ ҳамчун фанни таълимӣ аз ду қисм иборат мебошад. Умумӣ ва Махсус.

Дар кисми умумӣ масъалаҳое мавриди омӯзиш қарор мегиранд, ки барои ХБХ ахамияти нихоӣ дорад. Ин масъалахо хангоми тахлили меъёрхо ва институтхои хукуки мундаричаи баъзе мавзухои кисми махсусро дарбар мегиранд. Кисми умумӣ масъалахои хусусияти умуми соҳавӣ доштаро дар бар мегирад. Сарчашмахои ХБХ, яккатор мафхумхо ва принсипхоро, пеш аз хама методи батанзимдарорӣ, реҷаи миллӣ ва реҷаи боз ҳам мусоид, принсипи хамкорӣ, қоидахо оид ба таснифи мафхумхои хукукӣ ва ғайра.

Кисми махсус одатан аз чунин бахшҳо иборат аст:

1). Хукуки моликият; 2) хукуки ӯхдадориҳо пеш аз хама шартномаи хариду фурӯши мол ва шартномаи боркашонӣ; 3) муносибатхои хисоббаробаркунӣ ва кредитӣ; 4) ӯхдадориҳо аз ҳуқуқвайронкунӣ, 5) ҳукуки моликияти зехнӣ; 6) хукуки оилавӣ; 7) ҳукуки меросӣ; 8) муносибахои мехнатӣ; 9) хукуки мурофиави граждании байналхалкӣ; 10) баррасии бахсхо дар суди байналхалкии хаками.

Адабиётхои тавсия шаванда.

  1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Рахмонов ба муносибати 10- солгаии Конститутсияи Тоҷикистон. — Тирози ҷаҳон аз 17 ноябри соли 2004.
  1. Герасеменко Ю.В Иностраниы. Понятие и содержание их конституиионного статуса. — Омск. — 1997.
  2. .Карташкин В.А. Права человека в международном и внутригосударственном праве. — М. — М.О. — 1995.
  3. Лазарев Л.В Иностранные граждане (правовое положение) М — Рос. право. — 1992.
  4. Международное частное право (под. редакиией Г.К Дмитриева). — М. -Проспект. — 2000. – С. 650.

[1] Сулаймонов Ф.С. Международное частное право: комментарий к разделу VII Гражданского Кодекса Республики Таджикистан. – Душанбе. – Истеъдод. – 2011. – С.10-11.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *