Фанни Ҳуқуқ

Муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ

1. Масъалаҳои умумии танзими ҳуқуқии муносибатҳои мехнатии хусусияти байналхалқи дошта

2. Танзими хукуки-байналхалқии шароити мехнати хориҷиён.

3. Хукукхои мехнатии шахрвандони ҶТ дар хоричӣ

Равандҳои глобалӣ ва минтақавӣ, ба вучудоии минтақаҳои даргир ва то ба сатҳи моҷароҳои байналхалқию дохили давлатӣ авҷ гирифтани он, пошхӯрии ИҶШС, дигар мамлакатҳои федератии дар қитъаи Аврупо, поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ин каламрав, замима барои шиддат гирифтани зуҳуротҳои мухочирати гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки моҷарои низомӣ ва шиддатнокии дохили давлатӣ ин равандҳро метезонад ва дар натиҷаи он шумораи мухочирон меафзояд.

Дар навбати худ аз як мамлакат ба мамлакати дигар мухоҷир гардидани ахолӣ ба ғайр аз муҳочират дар натиҷаи бесару сомони, инчунин бо мақсади шуғли меҳнат мебошад.

Зери мафҳуми муҳочири меҳнати ҳамагуна шахсе фаҳмида мешавад, ки ба каламрави давлати хоричи хозир шуда, бо фаъолияти қонунии иқтисодӣ ва ё бо фаъолияти муздноки меҳнати шуғл дорад.

Дар адабиётҳои ҳуқуки ишорат мегардад, ки баробари муносибатҳои ҳуқуқи-гражданӣ, муносибатҳои меҳнати низ матлаби батанзимдарории ҳуқуқи байналхалқи хусусро ташкил менамояд. Меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуки- меҳнатӣ дорои хусусияти дуҷониба мебошанд. Дар баробари меъёрҳои ҳуқуқи хусусӣ танзими муносибатҳои мехнати аз ҷониби меъёрҳои хуқуқи оммавӣ низ ба амал бароварда мешвад. Яъне баробаримеъёрҳои конунгузории бевосита муносибатҳои мехнатиро танзимкунанда (масалан, Кодекси мехнатии ҶТ), танзими хукукии ин кабил муносибатҳо аз тарафи санадҳои байналхалқӣ ба амал бароварда мешавад (масалан, санадҳои дар доираи Ташкилоти байналхалқии мехнат кабул шаванда).

Ба сифати сарчашмаи батанзимдарории муносибатҳои меҳнатии бо элементи хориҷи мураккаб гардида, санадҳои зерин дохил мешавад:

— Конститусияи ҶТ;

— Кодекси мехнатии ҶТ;

— Созишномаҳои байналхалкии дар соҳао мехнат қабулгардидае, ки ҶТ онро эътироф намудааст.

Дар таҷрибаи ҷаҳони, дар соҳаи муносибатҳои мехнатӣ формулаҳои мустаҳкамкунии зерин қабул шудааст:

  • Озодии интихоби ҳуқуқ (lex voluntais);
  • Қонуни ҷои фаъолияти меҳнатӣ (lex loci laboқis)
  • Қонуни ҷои қароргирии корфармо;
  • Қонуни шаҳрвандии корфармо;

2. Танзими хукуки-байналхалқии шароити

мехнати хориҷиён.

Эъломияи умуми хуки башар аз 10 декабри соли 1948, хукуки хар шахсро ба мехнат, озодона интихоб намудани шуғл, ба шароити боадолатона ва мухофизат аз бекориро мустахкам менамояд.

Давлатҳои иштирокчии Паймони байналхалки оид ба хукукхои сиёси ва гражданӣ аз соли 1966, ва Паймони байналхалки оид ба хукукхои иҷтимои ва маданӣ, хукук ба мехнат ва пардохти хакки бо адолатонаи онро дар саросари чахон эътироф менамоянд.

Ташкилоти байналхалкии мехнат яке аз ташкилотҳои кадимтарини сохтори СММ махсуб меёбад. Он соли 1919 тибки санади Версаль ташкил гардидааст. Дар доираи ТБМ Муохидаҳо ва тавсияҳои барои давлатҳои аъзо кабул мегардад. Тибки Тавсияномаи № 151 ТБМ мухочирони мехнати хукук доранд, карор дар бораи қатъ намудани то мухлатии фаъолияти мехнатии худро шикоят намоянд.

Дар доираи ИДМ масъалаи муносибатҳои мухочирати мехнати ахамияти басо калон дорад. Аз хамин сабаб Ассамблеяи байни Парлумонии давлатҳои узви ИДМ конунгузории тавсиявири дар бораи «Мухочирати захираҳои мехнати дар давлатҳои ИДМ» кабул крадидааст. Амалии санади тавсияии мазкур, нисбати мухочирони мехнати, аъзоёни оилаи онҳо, шахсони мансабдор, макомоти идоракуни, хамагуна субектони хочагидор ва ғайра пахн мегардад.

Тибки моддаи 3 санади мазкур мухочирати мехнати ин:

— берун гардидани шахс ба хорича бо максади пайдо кардани фаъолияти пардохта шавандаи мехнатӣ;

— ворид шудани шахрванди мамлакати хоричи бо максади пайдо кардани фаъолияти пардохта шаванда;

— мухочирати назди сархади;

1. Хукукхои мехнатии шахрвандони хоричӣ дар ҶТ

Дар каламрави ҶТ фаъолияти шахрвандони хоричие, ки ба таври легали ба ин худуд хозир гардидаанд, иҷозат дода мешаванд. Макоми баробар хукукии шахрвандони хоричи ва шахрвандони ватани дар муносибатҳои мехнати дар моддаи 16 Конститутсияи ҶТ дарч гардидааст. Шахрвандони хориxи ва ашхоси бешахрванд, ки дар Xумхурии Тоxикистон иқомат мекунанд, метавонанд, ба сифати коргар ва хизматчи дар ташкилотхо, ташкилоту муассисахо кор кунанд ва ё дар асос ва тибқи тартиби барои шахрвандони Xумхурии Тоxикистон муқарраргардидида, ба uайр аз ҳолатхое, ки қонунхои Xумхурии Тоxикистон муайян кардаанд, бо фаъолияти дигари мехнати машuул шаванд.

Амали қонунхои Xумхурии Тоxикистон дар бораи мехнат ба ашхосе, ки шахрванди Xумхурии Тоxикистон намебошанд, вале тибки шартномаи (қарордоди) мехнати дар ташкилотхои воқеъ дар қаламрави Xумхурии Тоxикистон кор мекунанд, агар дар Қонуни Xумхурии Тоxикиистон ва ё шартномаи байналхалқи бо иштироки Xумхурии Тоxикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, татбиқ мегардад. Дар ташкилотхое, ки пурра ва ё қисман ба ашхоси хуқуқи ва ё воқеии хориxи мансубанд ва дар қаламрави Xумхурии Тоxикистон xойгир шудаанд, қонунхои Xумхурии Тоxикистон оид ба мехнат бо илова ва истиснохое, ки санадхои қонунгузори ва ё дигар санадхои меъёрии хуқуқи мумкин аст муқаррар намоянд, татбиқ мегарданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *