Фанни Ҳуқуқ

Асосҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаи мавзӯъ:

1.Мафхуми хизмати харби ва намудхои он.

2. Хусусиятхои хизмати харби ва принсипхои он.

1.Мафхуми хизмати харби ва намудхои он.

Мутобиқи моддаи 43 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро пешбинӣ менамояд:қайди ҳарбӣ;тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ;даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ;адои хизмати ҳарбӣ;дар эҳтиёт будан, аз ҷумла даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ва гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ дар давраи дар эҳтиёт будан;таълими ҳарбӣ дар давраи ҷанг.

Аз ӯҳдадории ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд: мардони аз 16 — сола хурд ва аз 60 сола калон;занони аз 18 — сола хурд ва аз 50 — сола калон; онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд.

Аз тарафи шаҳрвандон иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дар доираи ваколатҳояшон, сарфи назар аз шакли моликият таъмин мекунанд.

Бо Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аз он ҷумла мақомоти идоракунии идораҳои он), Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбии мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ташкилшаванда пешбинӣ карда шудааст.

Дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ дар бораи диндорӣ, ақидаҳои сиёсӣ ва мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ҷунбишҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин маълумоти дигаре набояд бошанд, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванд гарданд, ба истиснои мавридҳое, ки худи шаҳрванд ба дохил кардани чунин маълумотҳо ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ исрор намояд.

Мафхуми хизмати харби дар моддаи 32 конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» дода шудааст: хизмати ҳарбӣ-навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи ӯҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар гирифта, иборат аст:

— аз хизмати ҳарбии мувофиқи даъват дар вазифаҳои аскар ва сержантҳо;

— аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои прапоршикҳо;

— аз хизмати ҳарбии мувофиқи даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати афсарон;

— аз хизмати ҳарбии ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон;

— аз хизмати ҳарбии курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ;

— аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сержантҳо.

Шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, наметавонад дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намояд.

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо карда истодааст, хизматчии ҳарбӣ буда, мақоми ҳуқуқиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дорад.

Мазмун ва тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар давраи осоишта бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби», оинномаҳои ҳарбӣ ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мегардад.

Хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ дар дигар воҳидҳои ҳарбӣ бо қонунҳо, ки фаъолияти онҳоро танзим менамояд, муайян мегардад.

Хусусиятҳои адои ҳарбӣ дар давраи сафарбаркунӣ, ҳолатҳои фавқулодда ё вазъияти ҷанг, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона бо қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мегарданд.

Хизмати харби-зухуроти мураккаби ичтимои-хукуки ба хисоб меравад.

Зери мафхуми намудхои алохидаи хизмати харби мутобики тахассуси мушаххаси харби,хусусиятхои вазъи хукукии хизматчиёни харби ва фаъолияти вокеъии онхо фахмида мешавад.

Хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аз он ҷумла мақомоти идоракунии идораҳои он), Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбии мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ташкилшаванда пешбинӣ карда шудааст.Функсияи асосии хамаи кисмхои харби новобаста аз тобеияти муассисавии онхо ин дар амал чори намудани функсияи давлат бо максади таъмини амнияти харби ва мудофиаи давлат мебошад.

2.Хусусиятхои хизмати харби:

Мутобики моддаи 5 конуни Чумхурии Точикистон аз 5 марти соли 2005 «Дар бораи хизмати давлати» (бо тагйиру иловахои 28.06.2011с. ворид карда шуда) ,ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

-хизмати давлатии шаҳрвандӣ;

-хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

-хизмати давлатии ҳарбӣ.

Хизмати давлатии шаҳрвандӣ ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ аз хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат мебошад ва тибқи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад.

Намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳои асосӣ ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба таъмини қонуният, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида мешавад.

Хизмати давлатии ҳарбӣ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ буда, ба таъмини мудофиа ва амнияти давлат нигаронида мешавад.

Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳо ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ ва намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар қисме, ки бо қонунгузории соҳавӣ ба танзим дароварда нашудааст, бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур қабул карда шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

Хизматчиёни харби дорои вазъи хукуки мебошанд,ки конуни Чумхурии Точикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи вазъи хукукии хизматчиёни харби» онро чунин мукаррар кардааст:

Вазъи ҳуқуқии (статуси) хизматчиёни ҳарбӣ маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи давлат, ҳамчунин масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ дорои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо маҳдудкунии муайяне мебошанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи омодагии ҷангӣ барои ҳимояи мусаллаҳона ва ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки он бо зарурати иҷрои бечунучарои ин вазифа дар ҳар шароит, аз ҷумла бо таҳдиди хатар барои ҳаёт вобаста мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои махсуси вазифаҳое, ки ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ гузошта шудаанд, ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд.

Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар замони ҷанг, дар давраи сафарбарӣ, дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона адо мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шаҳрвандӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо дода мешаванд.

Тартиби ба хизматчиёни ҳарбӣ додани хуҷҷатҳои номбурда ва маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбӣ барои нигоҳдорӣ, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар доираи ваколатҳои худ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дорои вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ мебошанд

Хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбиро адо менамоянд.

Ба ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ инҳо мансубанд:

афсарон, прапоршикҳо, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, сержантҳо ва аскарон.

Шаҳрвандон вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбиро аз ибтидои хизмати ҳарбӣ соҳиб шуда, баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ аз он маҳрум мегарданд.

Барои шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Мувофики талаботи моддаи 36 конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби» шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ дохилшуда ё хизмати ҳарбиро адо накарда ва бори аввал ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда, дар назди Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ Савганди ҳарбӣ ёд мекунад.

Матни Савганди ҳарбиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ёд кардани Савганди ҳарбӣ бо тартибе, ки оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.

То ёд кардани Савганди ҳарбӣ ҷалб кардани хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои супоришҳои ҷангӣ (иштирок дар амалиёти ҷангӣ, навбатдории ҷангии ҳарбӣ, хизмати ҷангӣ, гарнизонӣ, посбонӣ) ва иҷрои супоришҳо ҳангоми ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ва дар шароити задухӯрдҳои мусаллаҳона, ба онҳо аслиҳа ва техникаи ҳарбиро вобаста намудан, инчунин ба тариқи ҷазои интизомӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, манъ аст.

Хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ дар моддаи 7 конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» нишон дода шудааст,ки хамчунин ба хизмати харби — навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ мебошад,дахл дорад.

Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

-садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;

-инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;

-хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;

-ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;

-шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;

-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;

-ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;

-ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;

-устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;

-баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;

-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.

Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *