Фанни Ҳуқуқ

Муносибатҳои хуқуқи оилави дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ

Нақша.

1. Масъалаҳои коллизионии муносибатҳои никоҳу оилавӣ

2. Бастани ақди никоҳ ва бекор кардани он

Адабиёт:

Конститутсияи ҶТ. – Душанбе. – Шарқи озод. – 2003.

Кодекси граждании ЧТ. (қисми сеюм) – Хуҷанд. – Р.Чалил. – 2005.

Международное частное право. (Под.ред. Менглиева Ш.М.) – Душанбе. -2002.

1. Муносибатҳои никоҳу оилавӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ – ин муносибатҳо оид ба бастани ақди никоҳ, бекор кардани он, беэътибор донистани никоҳ, мукарра кардани реҷаи ҳуқуқии амволи ҳамсарон, ӯҳдадориҳои алиментии аъзоёни оили нисбати ҳамдигар, масъалаҳои фарзандхони, васоят ва парасторӣ инчунин дигар масъалаҳое, ки бо элементи хориҷӣ мураккаб гардонида шудааст.

Соҳаи муносибатҳои никоҳу оилавӣ аз соҳаҳое махсуб мебошад, ки беш аз ҳама ба танзими меъёрҳои модди-хукукии унификатсия гардида гирифтор мебошад. Зеро ин холат бо он шарҳ дода мешавад, ки дар соҳаи мазкур, нисбат ба соҳаҳои дигар, то ҳол таъсири одатҳою анъанаҳо, меъёрҳои дин ива миллӣ – ҳамаи он меъёрҳои иҷтимоие, ки хусусияти хар як халқу миллати алоҳидаро таҷассум менамояд, мушоҳида карда мешаванд. Махз аз хамин сабаб, ҳатто дар ибтидои асри 21 ҳукуқи оилавии мамлакатҳои алоҳида нисбати ҳамдигар тафриқаҳои гуногунро дар бар гирифтаанд, ки баъзан ба таври принсипиали аз ҳамдигар фарқ менамоянд.

То ҳол конунгузории мамлакатҳо дар танзими муносибатҳои якхела меъёрҳои гуногун фарқ карда мешавад. Масалан, синни никоҳи аз 12 то 21 фарқ мекунад; Қонунгузории баъзе мамлакатҳо (масалан, Алҷазоир, Тунис) то ҳол дар танзими масъалаи никох аз принсипи полигамия (бисёрникоҳӣ) бар меоянд; Хастанд мамлакатҳое, ки дар қонунгузории онҳо волоияти шавҳар ба амволи ҳамсар мустаҳкам карда шудааст; конунгузориҳое низ вомехуранд, ки меъёрҳои табъизӣ (дискриминаииони) ба монанди «мусулмон зан наметавонад ба шавҳар ба ғайри мусулмон барояд. – Моддаи 31 Кодекси оилаи Чумхурии Алҷазоир»-ро дар бар гирифтаанд.

Фарқият дар танзими муносибатҳои никоҳу оилавии дорои чунин гуногунӣ асос барои ба вуҷудоии коллизия, яъне бархурдани конунгузории мамлакатҳои гуногун дар масъалаҳои номбурда ба шумор меравад. Мавҷуд будани коллизия инчунин асос барои ба вуҷудоии «никоҳоои ноустувор» мегардад, яъне чунин никоҳҳое, ки да ркаламрави як мамлакат эътирофи хукуки дораду дар мамлакати дигар он окибатҳои хукукиро ба вуҷуд намеоварад.

Ҳамагуна муносибатҳои хусусияти табъизи дошта, ба монанди бисёрникохи, волоияти шавҳар аз боло амволи хамсар ва ғайра дар каламрави ҶТ эътибор надоранд ва окибати хукукиро ба вуҷуд намеоварад.

2. Бастани ақди никоҳ ва бекор кардани он

Масъалаи танзими хукукии муносибатҳои никоху оилави дар ЧТ мундариҷаи навро баъд аз кабул гардидани Кодекси Оилави аз 13 ноябри соли 1998 пайдо намуд. Ба ҷои меъёрхои коллизионии яктара дар кодекси нав меъёрхои коллизионии дутарафаи формулаҳои мустахкамкунии «конуни шахрвандии тарафи издивочкунанда; конуни ҷои зисти хамсарон; конуни суд» -ро дар бар гирифтааст. Дар фасли 8 Кодекси оилаи ЧТ масъалаҳои бастани акди никох бо иштироки шахрванди хоричи муайян карда шудааст. Дар моддаи 167 КО ЧТ масъалахои шакл ва шартхои бастани акди никох байни шахрвандони ЧТ ва холричиён танзим карда шудааст.

Шаклу тартиби ақди никох дар қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи қонунхои Ҷумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Шартхои ақди никох дар қаламрави Ҷумхурии Точикистон барои хар шахси ақди никохшаванда дар асоси қонунхои давлате, ки дар лахзаи ақди никох e шахрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи моддаи 14 Кодекси оилави дар бобати холатхое, ки монеъи ақди никох мегарданд, муайян карда мешаванд.

Агар шахс дар баробари шахрванди давлати дигар будан шахрвандии Ҷумхурии Тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартхои ақди никохи қoнунгузории Ҷумхурии Тоxикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шахрвандии якчанд давлати хоричӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатхо истифода бурда мешавад.

Шартхои ақди никохи шахси бешахрвандb дар қаламрави Xумхурии Тоxикистон дар асоси қонунхои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он xои истиқомати доимb дорад.

Ақди никохи дар байни шахвандони Xумхурии Тоxикистон, ки берун аз худуди Xумхурии Тоxикистон зиндагb мекунанд, дар намояндагихои дипломатb ва муассисахои консулии Xумхурии Тоxикистон сурат мегирад.

Ақди никох дар байни шахрвандони хориxb, ки аз тарафи намояндагихои дипломатb ва муассисахои консулии кишвархои хориxb дар Xумхурии Тоxикистон анxом дода шудааст, агар ин шахсон дар лахзаи ақди никох шахрвандони давлати хориxие бошанд, ки дар Xумхурии Тоxикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.

Никоххои шахрвандони Xумхурии Тоxикистон ва ақди никоххои байни шахрвандони Xумхурии Тоxикистон бо шахрвандони хориxb ё шахсони бешахрвандb, ки берун аз худуди Xумхурии Тоxикистон бо риояи қонунхои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф монеахои дар моддаи 14 Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Xумхурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад.

Никохи шахрвандони хориxb, ки берун аз худуди Xумхурии Тоxикистон бо риояи қoнунхои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никох сурат гирифтааст, дар Xумхурии Тоxикистон боэътибор дониста мешаванд.

Бекор кардани ақди никохи шахрвандони Xумхурии Тоxикистон бо шахрвандони хориxb ё ашхоси бешахрвандb, инчунин ақди никохи байни хамдигарии шахрвандони хориxb дар Xумхурии Тоxикистон тибқи қонунхои Xумхурии Тоxикистон сурат мегирад.

Шахрвандони Xумхурии Тоxикистон, ки берун аз [удуди Xумхурии Тоxикистон истиқомат мекунанд, хуқуқ доранд ақди никохро бо хамсари худ, ки берун аз худуди Xумхурии Тоxикистон зиндагb мекунад, сарфи назар аз шахрвандии e, дар суди Xумхурии Тоxикистон бекор кунанд. Дар холатхое, ки тибқи қонунгузории Xумхурии Тоxикистон ба бекор кардани ақди никох дар мақмоти сабти асноди [олатхои шахрвандb иxозат дода мешавад, ақди никох дар намояндагихои дипломатb ё муассисахои консулии Xумхурии Тоxикистон бекор карда мешавад.

Бекор кардани ақди никохи байни шахрвандони Xумхурии Тоxикистон ва шахрвандони хориxb ё шахсони бешахрвандb, ки берун аз худуди Xумхурии Тоxикистон, бо риояи қонунгузории кишвари хориxии дахлдор салохиятнокии мақомоте, ки оиди бекор кардани ақди никох қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки хангоми бекор кардани ақди никох бояд истифода бурда шавад, дар Xумхурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад.

Бекор кардани ақди никохи байни шахрвандони хориxb, ки берун аз [удуди Xумхурии Тоxикистон, бо риояи қонунгузории кишвари дахлдор салохияти мaқоме, ки дар бораи ақди никох қарор баровардааст ва қонунхое, ки бояд хангоми бекор кардани ақди никох истифода шаванд, дар Xумхурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад.

Хуқуқхои шахсии uайриамволию амволb ва eхдадорихои зану шавхар тибқи қонунхои давлате, ки онхо дар худуди он иқоматгохи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгохи муштарак бошад, тибқи қонунхои давлате муайян карда мешаванд, ки онхо дар қаламрави он иқоматгохи охирини муштарак доштанд. {уқуқхои шахсии uайриамволию амволb ва eхдадорихои зану шавхаре, ки иқоматгохи муштарак надоранд, дар Xумхурии Тоxикистон мутобиқи қонунхои Xумхурии Тоxикистон муайян карда мешаванд.

2. Зану шавхаре, ки шахрвандии умумb ё иқоматгохи муштарак надоранд, [ангоми бастани ахдномаи ақди никох ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба хамдигар метавонанд қонунхоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани хуқуқу eхдадорихояшон дар хусуси пардохти алимент аз рeи ин ахднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *