Фанни Ҳуқуқ

Субъектҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ

Нақша лексия:

1.Масъалаҳои умумии шахси ҳуқуқӣ ҳамчун субъекти ҲБХ

2.Шахси ҳуқуқӣ ҳамчун субъекти ҲБХ

Масъалаҳои умумӣ. Дар шароити имрӯза фаъолияти хоҷагии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди як давлат маҳдуд нест ва миқдори чунин субъектон доимо зиёд мешавад. Содироти сармоя ба он мебиёрад, ки ташкилоти дар як давлат вуҷуд дошта пурра ё қисман ба шароити дигар давлат таллуқ дорад.

Шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди давлатҳои муайян ташкил карда мешавад. Лекин фаъолияти онҳо дар ҳудуди ҳамин давлат маҳдуд нест ва метавонад дар ҳудуди дигар мамлакатҳо паҳн гардад. Ҳангоми иҷрои ин фаъолият 2 савол ба миён меояд:

-аввал, оиди баинобатгирии ҳуқуқи субъектнокии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ.

-дуюм оиди роҳдодани он барои ҳалли фаъолияти хоҷагӣ дар ҳудуди ин давлат ва оиди шароити чунин фаъолият.

Масъалаи иҷозати шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба фаъолияти хоҷагӣ дар ҳудудӣ давлат аз тарафи қонунгузории ҳамон давлат хал карда мешавад. Дар бисёр мамлакатҳо чунин фаъолияти шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мумкин аст , вале ҳангоми иҷрои қоидаҳо муайяни шарту шароитҳо, ки аз тарафи органҳои қонунгузории миллии давлат таъсис карда шудааст.

Мансубияти давлатии шахсони ҳуқуқӣ. Дар қоидаҳои байналхалқии хусусӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ чунин мафҳуми қонуни шахсӣ ё низомномаи шахсии шахсони ҳуқуқӣ (lexsocietatis) истифода мешавад. Дар асоси ин қонун, ин ё он маълумоти шахси ҳуқуқӣ, соҳаи ҳуқуқӣ,коршоямии онро донистан мумкин буда, ҳамчун масъулиятнокӣ аз рӯи ӯҳдадории шахсони ҳуқуқӣ ва ғайраҳо муайян мегардад.

Қонуни кадом давлат , ки ҳамчун қонуни шахсӣ дида баромада мешавад, бо миллати шахси ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Калимаи «миллат» монанди дигар калимаҳои соҳаи ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ба шахсони ҳуқуқӣ назар ба дигар шахсон шартан истифода мешавад. Сухан дар бораи таъсисшавии мансубияти шахсони ҳуқуқӣ ба давлатҳо муайян меравад.

Масъала оиди меъёрҳои муайян намудани «миллат»-и шахсони ҳуқуқӣ дар давлатҳо гуногун ба таври гуногун ҳал мегардад.

Меъёрҳои гирдоварии қонунҳои ҷорӣ бе тағийрот.

Дар қонунҳои Биртания Кабир, ИМА ва дигар давлатҳои системаи ҳуқуқии англо- америкоӣ, дар давлатҳои Скандинавия меъёри ҳукмроникунанда барои муайян намудани «миллат»- и шахсони ҳуқуқӣ ҷои муассисаи он, яъне ҳуқуқи он давлате, ки шахси ҳуқуқӣ ба амал омада ва дар он ҷой низомнома тасдиқ шудааст .

Меъёри ҷойгиршавӣ. Дар давлатҳои континенталии Аврупои Ғарбӣдигар принсипҳои муайянкунии «миллат»-и шахсони ҳуқуқӣ истифода мешавад.

Ба сифати барқароркунии « миллат»-и шахсони ҳуқуқӣ қонун дар бораи ҷойгиршавии он истифода мешавад. Ҷойи дарёфти шахсони ҳуқуқӣ гуфта ҷоеро меноманд, ки маркази идораи он мавҷуд аст. Чунин принсип дар Фаронса, ФРГ, Австрия, Швейсария, Полша, Литва, Латвия, Эстония, Испания қабул шудааст.

Меъёри ҷои фаъолият. Дар адабиёти ҳуқуқӣ боз як меъёри муайян намудани «миллат»-и шахсони ҳуқуқӣ-ҷои фаъолият (маркази истифодабари) пешниҳод карда шуда буд. Ин меъёри дар мамлакатҳои мутарақӣ ба амал татбиқ менамоянд. Ҷои фаъолиятин ҷои фаъолияти истеҳсоли мебошад. Мисол, идора дар як давлат, коркарди зеризаминӣ дар дигар давлат. Ҳамин тариқ дар «Дар бораи корхонаҳо»аз соли 1956 Ҳиндустон нисбати корхонаҳои хориҷӣ муқаррароте омадааст,ки мувофиқи он ки корхонае, ки тибқи қонунҳои хориҷӣ ташкил гардидааст дар Ҳиндустон мумкин аст ба қайд гирифта шавад.

Дар як қатор давлатҳо муайянкунии «миллат»-и шахсони ҳуқуқӣ дар асоси пайвасти меъёрҳои гуногун хос мебошад.

«Назарияи назорат». Ҳангоми пайдо намудани ба ки таалуқ доштани шахси ҳуқуқӣ, ки онро назорат мекунанд.

Ин назария сараввал дар замони ҷанги якуми ҷахон ташкил шуда буд ва дар таҷрибаи судӣ мубориза зидди қонунвайронкунӣ дар бораи «хориҷиёни душман» истифода шуда буд.

Ин масъала якумин бор дар амалиёти судии англисӣ дар амалиёти судии англисӣ дар кори маъмули Даймлер (1916) ба вуҷуд омад. Дар Англия ширкати саҳомии фурӯши чархҳо таъсис гардид. Маблағи он аз 25 ҳазор саҳмия иборат буда, аз он танҳо 1 донааш аз они англис буд, дигари он дар дасти соҳибмулкони Олмонӣ буд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ англисӣ ширкат-шахси ҳуқуқии англисӣ мебшад. Лекин суд дар ин ҳолат муқарар намуд, ки шахси ҳуқуқиро ки назорат мекунад ва масъалаи ба куҷо тааллуқ доштани онро ҳал намуд. Минъбад маҳаки назорат ин чунин дар қонунгузории як қатор мамлакатҳо ворид карда шуд, илова бар ин бояд қайд кард ки дар қонунгузории мамлакатҳои номбурда истилоҳи «Шахсони юридикии бадхоҳ» истифода мешавад, ки ин истилоҳмарбут ба шахсони юридикии мамлакатҳое, ки нисбати мамлакати мазкур бадхоҳи доранд истифода мешаванд.

Меъёри назоратро баъди ҷанги ҷаҳон дар ҳама ҳолат ба куҷо тааллуқ доштани шахси ҳуқуқӣ васеъ истифода бурда мешуд.

Принсипи назоратӣ натанҳо дар ҳолати зиддияти мусаллаҳона, балки ҳангоми истифодаи муҷосоти иқтисодӣ, ки Шӯрои бехатарии СММ дохил кардааст, истифода мешавад.

Мавқеи ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии хориҷии ҶТ. Мавқеи ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии хориҷии ҶТ ҳам қоидаҳои қонунгузории мо ва ҳам мавқеи шартномаҳои байналхалқии ҶТ ба дигар давлатҳоро муайян менамояд.

Дастурҳои асосии оиди истифодаи ҳуқуқ ба шахсони ҳуқуқӣ дар қ.1 моддаи 1206 Кодекси Граждани мавҷуд аст.

1.Ҳуқуқи шахсии шахсони ҳуқуқӣ ин ҳуқуқи мамлакатҳо, ки он ҷо шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст мебошад.

Инак, қонунияти граждании россияи муосир ҳангоми муайянкунии «миллат»-и шахси ҳуқуқӣ аз меъёри инкорпоратсия ба амал меояд. Ин принсип дар қонуниятии пешина низ истифода мешуд. Аз ин бар меояд, ки барои меайян намудани ташкили ин ё он шахси ҳуқуқӣ, зарур аст, ки ба кадом давлат тааллуқ дорад.

Мувофиқи моддаи 1207 Кодекси Граждани қонуни худи ташкилоти хориҷӣ аз рӯи ҳуқуқи хориҷӣ, ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, ҳуқуқи он кишваре ҳаст, ки ин ташкилот таъсис ёфтааст. Масалан, агар қонуни шахсии пурраи рафиқона қонуни англис мегардад ва чунин рафоқат аз тарафи шахси ҳуқуқӣ қабул карда намешавад. Ҳангоми ба ҷо мондани он, ки чунин қонуни шахсӣ қонунни фаронсавӣ бошад, аз тарафи шахси ҳуқуқӣ дида баромада мешавад.

Аз рӯи принсипи инкорпаратсия қонун дар бораи фаъолияти савдои беруна аз 03.07.2012с сар мешавад, чунки он ба шахсони хориҷиишахсони ҳуқуқӣ тааллуқ дорад ва ташкилоти дигар шакли ҳуқуқӣ, ки қобилияти ҳуқуқии граждании он аз тарафи давлатҳои хориҷа муайян мегардад, ки дар он ҷо онҳо таъсис гардида аст. Равиши умумии қонунгузории ватанӣ чунин аст. Лекин дар баъзе соҳаҳои махсус (андоз, асъор, қонуниятҳои бонкӣ), мувофиқи созишномаҳои байналхалқӣ ба сифати меъёри асосӣ меъёри ҷойгиршавии шахсони ҳуқуқӣ истифода мешавад, мувофиқи он «намоянда» ва «ғайринамоянда» муайян када мешавад.

Инак қонуни шахсии дар ҶТ ташкил шудани шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки хориҷиён қонуни ҶТ буда новобаста аз андозаи ҳиссаи иштироки сармояи хориҷӣ дар он аст. Вале дар он ҳолатҳои зикр гардида агар зарурияти муҳофизаткунӣ ба миён ояд пас пеш аз ҳама мақсади иқтисодиёти дохилӣ истеҳсолкунандаи ватани ва даровардани маҳдудияти муайян ба ҳамкории шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва ба онҳо шахсони ҳуқуқии руссиягӣ баробар карда мешаванд, маблағи сармояи хориҷие, ки ба 50% баланд бардошта мешавад. Ин гуна муқарраркунии воқеъи лавозимоти иқтисодии ин ё он шахси ҳуқуқӣ нишон дода шуда буд, ки пеш аз ҳама дар қонунгузории замин, дар қонунгузории бонкӣ, дар фаъолияти суғуртавӣ ва дар дигар фаъолиятҳо.

2.Диққати худро бояд ба он равона кард, ки дар қисми сеюми КГ номгуи масъалаҳо вуҷуд дорад, ки дар асоси қонуни шахсии шахсони ҳуқуқӣ бояд муайян гардад.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 1206 дар асоси қонуни шахсии шахсони ҳуқуқӣ чунин масъалаҳо муайян карда мешавад.

1.Ҳолати ташкилот ба сифати шахсони ҳуқуқӣ.

2.Шакли ташкили-ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ.

3.Талабот ба номгӯи шахсони ҳуқуқӣ.

4.Масъалаҳои ташкил, барҳамхӯрӣ ва аз нав ташкилкунии шахсони ҳуқуқӣ аз он ҷумла масъалаҳои қабули ҳуқуқӣ.

5.Мундариҷаи соҳибҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ.

6.Тартиби аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ба даст овардани ҳуқуқҳои гражданӣ ва қабули вазифаҳои гражданӣ.

7.Муносибати дохилӣ аз он ҷумла муносибати шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки онҳо.

8.Қобилияти шахсони ҳуқуқӣ аз рӯи ӯҳдадориашон ҷавобгӯ мебошанд.

Суоли муайянкунии шаҳрвандии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба миён омадани тавзеҳоти асосӣ дар эътироф кардани ҳуқуқи субъективии онҳо ҳамчун шарти муқаддимавӣ барои бастани шакртнома зарур мебошад. 4

Мувофиқи моддаи 2 КГ ҶТ шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мувофиқи ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо бо шахсони ҳуқуқии ҶТ баробар мебошад. Қоидаҳои аз тарафи қонунияти гражданӣ ҷоришуда, мувофиқи иштироки шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, агар аз тарафи қонунгузор дигар қонун дида нашавад, истифода бурда мешавад.

Шахсони ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд:

-дар ҳудуди ҶТ чунин фаъолияти хоҷагиро ҳангоми риояи қоидаҳои бурдани чунин фаъолият аз тарафи онҳо, ки қонуни дохилии ҶТ ҷори нашудааст, иҷро карда метавонанд;

-доду гирифти иқтисодии беруна бея гон иҷозатномаи махсус баста метавонанд (хариду фурӯши маҳсулотҳо, додугирифти дутарафа, амалиёти лизингӣ, пудрати сохтмонӣ ва дигарҳо). Дар ин ҳангом бақайдгирии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ шарт нест;

-замин, иморат ва ҳуҷраҳо барои коргоҳро иҷора гирифта метавонад, фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда метавонад, ва ҳуқуқӣ гирифтани молу мулки ғайриманқули шахсӣ дорад;

-метавонад ҳисоби бо доду гирифт амалиётҳои пули-қарзӣ, нақлиётӣ ва дигарҳо алоқамандро иҷро намояд.

-метавонанд муассис ва иштирокчии ташкили ҷамъиятҳо ва ширкатҳо дар ҶТ гардад;

-ташкилотҳо,ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва ширкатҳои ба он тааллуқ доштаро пурра ташкил намояд ё бо шахсони Гуссиягӣ ҳамроҳ иҷро намояд;

-дар ҳудуди ҶТ намояндагӣ ва шӯъбаҳо таъсис намояд;

-ба харида гирифтани ташкилотҳои давлатӣ ва маҳаллӣ иштирок намояд;

-нишонаҳои молӣ ва номгӯи маҳалли истеҳсолотро ба қайд гирифта метавонад;

-метавонад муассис ва иштирокчии ташкилоти хайриявӣ ва ғайритиҷоратӣ гардад.

Маҳдудияти асосии ҳуқуқи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки қонунгузорӣ ба расмият даромадааст, имконияти маҳдудияти ҳуқуқӣ шахсӣ ба замин ва надоштани чунин ҳуқуқ ба минтақаи замини хоҷагии қишлоқ дахл дорад. (оиди дастури Кодекси Замин 2007), боз маҳдудият дар соҳаи суғурта ва фаъолияти бонкӣ, синамо аст.

ШАХСОНИ ЮРИДИКИИ ХОРИҶӢ ДАР ҶТ

Нақшаи лексия

1. Мавқеи ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии ҶТ да хориҷа.

Мавқеи ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии ҶТ дар хориҷа бо қонунгузории ватанӣ муайян мегардад, бояд шахсони ҳуқуқӣ роҳбарӣ намоянд, ки фаъолияти худро дохилии давлат иҷро менамоянд,ва бо шартномаҳои байналхалқӣ низ кор мекунанд.

Қонунияти ҶТ бояд барои сармояи давлат ба хориҷа нагузаштан муқобилият намояд, аз дигар тараф ба ҶТ воридоти сармояи хориҷӣ мусоидат намояд. Ҳамаи шахсони ҶТ иштирокчиёни додугирифт, новобаста аз шакли амвол ҳуқуқ доранд дар хориҷа мувофиқи қонунияти ҶТ фаъолияти савдои берунаро мустақилона иҷро намояд .

Ҳамаи шахсони ҶТ- иштироккунандаи гардишӣ новобаста аз намуди хусусӣ ҳуқуқи бо хоҳиши худ ба амалбаровардани фаъолияти савдои берунаи хориҷиро дар асоси қонунгузории амалкунандаи ҶТ ба роҳ монад. Онҳо метавонанд, ки созиш банданд,ки ҷавобгарӣ ва ӯҳдадориробарои ҳамаи амволи ба ӯ таллуқ дошта пайдо намоянд.

Дар муносибатбо татбиқи ҳуқуқии фаъолияти шахсони ҳуқуқии ҶТ-ро дар хориҷи кишвар низ бояд қонунгузории милли ба инобат гирифта шавад, ки дар ҳар мамлакат қонунгузории миллии худ амал мекунад, соҳиби ҳ хусусиятҳои муайян дар қатори ин дар муносибат бо маҳалли ҷойгиршавии дахлдор иҷозати шахси хориҷии ҳуқуқӣ дар ба амалбарории фаъолияти хоҷагидорӣ.

Муносибатҳои байни давлатҳои Аврупои аъзоёни иттифоқи Аврупои роли асосиро Сосишнома дар бораи ҳамкорӣ ва шарикӣ соли 1994 қабул шуда 1997 ба амал татбиқ шудааст. Шахсони ҳуқуқии мамалакатҳои ИДМ бошад аз руи дастурамали Муоҳидаи Минск ки соли 1993 қабул шудааст, истифода менамоянд. Дастури Муоҳидаи Кишенев соли2002 низ ба шахсони ҳуқуқӣ (қ4моддаи1) истифода мешавад. Аҳамияти муҳим барои ҳамон субъектҳои хоҷагидории давлатҳои иштирокчиёни ИДМ барои муҳофизати ҳуқуқии худ Созишномаи соли 1992 қабул шуда буд.

Зери субъектони хоҷагидории ин созишнома ҳамаи муассисаҳо, мутаҳидшавии онҳо, ҳамаи ташкилотҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ки дар асоси қонунгузории давлатҳо-иштирокчиён фаҳмида мешаванд.

Ба шахсони ҳуқуқӣ боз шартномаҳои дутарафаи мувофиқ дар бораи ёрии ҳамдигарӣ, ки нисбат ба ҶТ амалкунандаи дигар давлатҳо истифода мешавад.

Адабиётхои тавсия шаванда

  1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон. – Душанбе. – 2004.
  2. Международное частное право (под. редакиией Г.К Дмитриева). — М. -Проспект. — 2000. – С. 650.
  3. Гражданское право. Том 3 (Под. ред. Сергеева А.П., Толстого Ю. К.). – М. –Проспект. – 2000.-560 с.
  4. Серебровский В.И.Очерки Советского наследственного права. – М. – 1983. – 600 с.
  5. Гражданское право. Том 3 (Под. ред. Сергеева А.П., Толстого Ю. К.). – М. –Проспект. – 2000.-560 с.
  6. Иоффе О.С. Советское гражданское права. Курс лекиий. – М. – 1977. –С.312.
  7. Наследственное право Российской Федераиии (Отв. Ред. Ю.Н. Власов). – М. – 1998. -400 с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *