Фанни Ҳуқуқ

Конференцияхои байналхалки

Конференцияҳои байналхалқӣ.

1.Мафҳуми конференцияи байналхалқӣ.

2.Тайёри ба даъват кардани конференцияи байналхалқӣ.

1.Мафҳуми конференцияи байналхалқӣ.

Дар зери мафҳуми конференцияи байниҳукумати мақомоти дастаҷамъи, муваққатии давлатҳибистиқлоли аъзои ин конференция фаҳмида мешавад, ки барои комёб шудан ба мақсадҳои мувофиқ гузаронида шуда аст. Мақсад ва фаъолияти конференцияҳои байниҳукумти бояд ба принципҳои ҳамаэътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ мувофиқ бошад.

Вобаста аз субъектҳои иштирокдоштаи конференцияҳои байниҳукуматӣ ва ғайриҳукумати тақсим мекунанд. Конференцияҳои байниҳукуматӣ яке аз шаклҳои дипломатия бисёртарафа Буда, воситаи асосии гуфтушуниди байналхалқӣ мебошад.

Намудҳои гуногуни конференцияҳои байниҳукумати ба монанди съезд, конгресс, конференция, маҷлис мазмуни ҳуқуқӣ надоранд. Вобаста ба доираи иштирокчиёнашон конференцияҳои байниҳукуматӣ ба универсалӣ, ки дар кори онҳо ҳар кадом давлати дунёи ҳуқуқ дорад иштирок кунад ва минтақавӣ, ки иштирокчиёни онҳо давлатҳои як минтақа мебошанд.

Ба бисёр конференцияҳое, ки СММ даъват мекунад ба сифати назоратчӣ намояндагони ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ инчунин давлатҳое, ки дар конференция иштирок намекунанд, роҳ дода мешаванд.

Ба ғайр аз ин баъзе конференцияҳои ҳозираи байнидавлатӣ ба сифати назоратчии намояндагони ҳаракатҳои миллиозодихоҳиро даъват мекунанд.

Вобаста аз сатҳи гузаронидани конференцияҳо, ки ба муҳимияти масъалаҳои дида мебаромада шуда ё сатҳи тайёрии онҳо барои муҳокима ва батанзимдарори муайян мешаванд, вакили дар конференцияҳои байниҳукумати ба сарварии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ ё дигар шахсони расмӣ гузаронида мешаванд. Муҳимаш дар он аст, ки дар ҳар маврид сарвари вакилон ваколатдор шудааст, ки аз номи давлат ё ҳукумат баромад кунад.

Конференцияи байналхалқӣ аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ ё ин ки давлатҳои ташабускор даъват карда мешаванд.

Даъват кардани конференция дар чорчӯба ё бо роҳбарии ташкилоти байниҳукуматӣ хусусияти онро, ҳамчун мақомоти мустақили байналхалқӣ дигаргун намесозад.

Вобаста аз мақсадҳои даъватшавӣ конференцияҳои байниҳукуматӣ ба осоишта, сиёсӣ, иқтисодӣ, дипломатӣ ва омехта тақсим мешаванд. Конференцияҳо бо мақсади тайёр ва қабули шартномаҳои байналхалқӣ, оинномаҳои ташкилотҳои байниҳукуматӣ, муҳокимаи масоилҳои муайяни байналхалқӣ, ивазкунӣ ба фикру ақида ва ахборот, инчунин коркарди тавсияҳо даъват карда мешаванд.

2.Тайёри ба даъват кардани конференцияи байналхалқӣ.

Ташаббускори даъвати конференцияи байналхалқӣ як ё якчанд давлатҳо ё ин ки ташкилоти байналхалқӣ баромад карда метавонанд. Тайёри ба конференцияи байналхалқӣ бо муайян кардани мақсади даъвати он оғоз меёбад. Оиди рӯзномаи маҷлис фикру ақидаҳои давлатҳо пешаки мувофиқ гардонида мешаванд. Инчуни сатҳи вакилон, вақт ва ҷои гузаронидан, қоидаҳои гузаронидани конференцияи байналхалқӣ пешаки мувофиқ гардонида мешавад. Давлатҳо андешаҳои худро нисбати гузаронидани конференцияҳои байналхалқи бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқ мегардонанд. Вақте, ки конференция дар чорчӯбаи ташкилотҳои байналхалқӣ даъват мешавад, вақт ва ҷои даъвати он дар қарорҳои муайяни ин ташкилотҳо дарҷ мегардад. Дар ҳолате, ки конференция бо ташкилоти байниҳукуматӣ даъват мешавад, он дар қарордод ё дар ҳудуди давлати аъзои ин ташкилот гузаронида мешавад.

Тариби гузаронидани конференция ва қоидаҳои гузаронидани он, пешакӣ дар вохуриҳои ибтидоӣ мувофиқ гардонида мешаванд. Тайёрии умуми ба конференция, аз таъмин кардан бо ҷои гузаронидани маҷлисҳо, бо қувваҳои ёрирасон ва ғайра иборат мебошад.

Ҳар як давлат дар вақти тайёри ба конференция кори зиёд ва гуногуни дипломатиро мегузаронад. Он ба воситаи мақомотҳои робитаҳои беруна бо роҳи гузаронидани машварати дутарафа ё бисёртарафа, мукотиба, мактубҳо баамл бароварда мешавад.

Кори конференцияҳо дар шакли иҷлосияҳо мегузарад, ки дар байни онҳо якчанд моҳҳо гузаштанаш мумкин аст.

Ҳайати намояндагони давлатҳо дар конференцияҳои байналхалқи аз рӯи хосият ва муҳимияти масоилҳои дида мебаромада шуда, муайян мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *