Фанни Ҳуқуқ

Пешбурди парвандаи айбдоркунии хусусӣ

Парвандаи айбдоркунии хусусӣ, ки дар қисми 2 моддаи 24 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудааст аз тарафи судяи суди шаҳру ноҳия баррасӣ карда мешавад.

Парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ бо роҳи ба суд додани ариза дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс оғоз карда мешавад. Ариза бояд инҳоро дар бар гирад: — номи судеро, ки ариза ба он супурда мешавад; — баёни ҳодисаи ҷиноят; — маҳал ва вақти содир кардани ҷиноят бо нишон додани далелҳо; — дархост ба суд оид ба қабул карда гирифтани парванда барои пешбурд; — маълумот дар бораи шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад; — рӯйхати шоҳидоне, ки даъваташон ба суд зарур аст; — имзои шахси арзкарда.

Ариза ба суд бо нусхаҳои баробари шумораи шахсоне, ки дар ҳаққи онҳо парвандаи айбдоркунии хусусӣ оғоз мегардад, пешниҳод карда мешавад

Аз лаҳзаи аризаро барои пешбурд қабул кардани суд шахси онро пешниҳодкарда айбдоркунандаи хусусӣ ҳисобида шуда, ба ӯ бояд ҳуқуқҳои бо моддаи 43 КМҶ ҶТ пешбинишуда фаҳмонда шаванд.

Инчунин парвандаи айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби прокурор низ тибқи талаботи қисми 4 моддаи 24 КМҶ ҶТ оғоз карда мешавад.

Дар ҳолате, ки аризаи пешниҳодшуда ба талаботи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 354 КМҶ ҶТ ҷавобгӯ набошад, судя бо қарори худ шахси арзнамударо вазифадор мекунад, ки далелҳо пешниҳод кунад, камбудиҳоро бартараф созад ва барои он мӯҳлат муқаррар мекунад. Ҳангоми иҷро накaрдани қарор судя бо қарори худ ҷиҳати баррасӣ қабул намудани аризаро рад намуда, дар ин бора шахси арзнамударо огоҳ месозад.

Ба маҷлиси суд бе сабабҳои узрноки дар қисми 2 моддаи 224 КМҶ ҶТ зикргардида ҳозир нашудани айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ӯ боиси қатъ кардани пешбурди парванда мегардад.

Бо дархости айбдоркунандаи хусусӣ судя бояд ба ӯ дар ҷамъоварии далелҳо мусоидат кунад.

Судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои таъини маҷлиси суд дар мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи ворид гардидани ариза ба суд вазифадор аст, шахсеро, ки нисбати ӯ шикоят карда шудааст, даъват намуда, ӯро бо маводи парванда шинос кунад ва ҳуқуқҳои судшавандаро дар маҷлиси суд, ки моддаи 47 КМҶ ҶТ пешбинӣ намудааст, фаҳмонад ва муайян кунад, ки киҳоро ба сифати шоҳид ва ҳимоятгар ба суд даъват кардан мумкин аст.

Судя вазифадор аст ба тарафҳо имконияти оштӣ шуданро фаҳмонад.

Дар сурати аз ҷониби тарафҳо расидани ариза дар бораи оштӣ пешбурди парванда дар асоси сархати панҷуми қисми 1 моддаи 27 КМҶ ҶТ бo қарори судя қатъ карда мешавад.

Агар тарафҳо бо ҳамдигар оштӣ нашаванд, судя пас аз иҷрои талаботи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 355 КМҶ ҶТ тибқи қоидаҳои моддаи 262 КМҶ ҶТ баррасии парвандаро таъин мекунад.

Парванда дар маҷлиси суд аз тарафи судя тибқи қоидаҳои умумии муҳокимаи судӣ бо истиснои тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда, баррасӣ карда мешавад.

Муҳокимаи судӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ба суд расидани ариза сар карда шавад.

Баррасии аризаро оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ бо баррасии аризаи мутақобила якҷоя пеш бурдан мумкин аст. Якҷоя кардан тибқи қарори судя то оғози тафтиши судӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми якҷоя кардани аризаҳо дар як пешбурд, шахсоне, ки онро арз кардаанд, дар мурофиа ҳамзамон ба сифати айбдоркунандаи хусусӣ ва судшаванда иштирок мекунанд. Барои омодагӣ ба ҳимоя ва вобаста ба ворид шудани аризаи мутақобила ва якҷоя кардани пешбурд тибқи дархости шахсе, ки нисбати ӯ аризаи мутақобила дода шудааст, парвандаро ба мӯҳлати на бештар аз се шабонарӯз мавқуф гузоштан мумкин аст.

Пурсиши ин шахсон оид ба ҳолатҳои дар аризаҳо инъикоснамудаашон тибқи қоидаҳои пурсиши ҷабрдида, оид ба ҳолатҳои дар аризаҳои мутақобила инъикосёфта бошад, тибқи қоидаҳои пурсиши судшаванда анҷом дода мешавад.

Айбдоркунӣ дар маҷлиси суд аз ҷониби айбдоркунандаи хусусӣ ё намояндаи ӯ тақвият дода мешавад.

Тафтиши судӣ аз зикри ариза аз тарафи шахси онро арз карда ё намояндаи ӯ оғоз меёбад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *