Фанни Ҳуқуқ

Хукуккабулкунии давлатхо

1.Ҳуқуққабулкунии давлатҳо нисбати шартномаҳои байналхалқӣ;

2.Ҳуқуққабулкунии давлатҳо нисбати моликияти давлатӣ;

1.Ҳуқуққабулкунии давлатҳо нисбати шартномаҳои байналхалқӣ.

Мувофиенцияи Венагӣ соли 1978 ва таҷрибаи байналхалқӣ масъалаҳои ҳуқуққабулкунии давлатҳо нисбати шартномаҳо вобаста аз он ки кассе барои ҳуқуққабулкуни он мебошад ҳал карда мешавад, яъне дар ҳолати муттаҳид шудани давлат, тақсимшавии давлатҳо ё ин ки ҷудо шудани қисми ҳудуди он.

Дар ҳолати муттаҳид шудани давлат ва ташкил шудани ин давлати ворис ҳал кардани шартномае, ки дар давраи ҳуқуққабулкунӣ нисбати ҳар давлати муттаҳидшуда қувваи қонун дошт, нисбати давлати ворис амалашро давом медиҳад агар тарафҳои шартнома ба дигар созиш наояд. Ин шартнома фақат нисбати он ҳудуди давлати ворис, ки дар давраи ҳуқуққабулкуни қувваи қонуни дошт, истифода мешаванд. Аммо дар шартномаи дутарафа тарфҳои созиш метавонанд шартҳои онро дигаргун созанд. Ба ҳамин тарз давлати ворис ва дигар аъзоёни шартномаи бисьёртарафа бо шумораи маҳдуд давлатҳои иштирокдошта созиш карда метавонанд.

Дар вақти тақсимшавии давлати собиқ ва дар ҷои он ташкил шудани якчанд давлатҳои ворис ҳамаи шартномаҳое, ки нисбати тамоми қаламрави давлат қувва доштанд, нисбати ҳамаи давлатҳои дар натиҷаи тақсимшавии давлатӣ собиқ пайдо шуданд, амал мекунанд агар тарафҳои муайян ба созиш наоянд.

Агар қисми ҷудошудаи як давлат қисми давлати дигар шавад он гоҳ шартномаҳои давлатҳои собиқ нисбати ин территория қувваи худро гумм мекунанд ва шартномаҳои давлати ворис амали худро сар мекунанд. Ҳуқуққабулкунии давлатҳо масъалаи ӯҳдадориҳои оиди истифодабарии ягон ҳудуд ё маҳдудкунии он, ки бо шартнома ба фоидаи давлати хориҷи муқаррар кардааст дар бар намегирад.

Дар ҳамаи масъалаи ҳуқуққабулкуни нисбати мероси шартномавии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ он давлатҳои ворис, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил доданд, мувофиқи Конвенцияи Венагӣ соли 1978 масъалаҳои муайянро бо созиши давлатҳои ворис ҳал карда метавонанд.

Дар ҳуҷҷатҳои таъсискунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /Созишномаи Минск дар бораи ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991 ва протоколи Алма-Ато / пешбинишуда буд, ки давлатҳои аъзои ташкилот иҷроиши ӯҳдадориҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро кафолат медиҳанд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар созишнома оиди ҳамдигарфаҳми нисбати шартномаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки манфиатҳои дутарафа ва аҳамияти махсус дар устувор ва инкишофи ояндаи муносибатҳои бо дигар давлатҳо доранд зарур донистанд. ки муносибати умумиро дар ҳоли масъалаҳои ҳуқуққабулкуни нисбати шартномаҳо муайян созанд. / шумораи умуми аз 15000 зиёд аст /.

Дар Қарори Шӯрои давлатҳои Муштарак-ул-Манофеъ оид ба масъалаҳои ҳуқуқан /булкуни аз 12 марти соли 1992 қайд гардидааст/, ҳамаи шартномаҳои бисёртарафаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои давлатҳои Иттиҳод манфиатҳои умуми доранд. Ҳар як давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаи иштирок намуданро дар ин масъалаҳо вобаста аз хусусияти ҳолати мушаххаси шартнома, характер ва мазмуни онро ҳал мекунад.

2.Ҳуқуққабулкунии давлатҳо нисбати моликияти давлатӣ.

Меъёрҳои асосие, ки ба ин масъала бахшида шудааст дар Конвенцияи Вена дар бораи ҳуқуқкабулкунии давлатҳо нисбати моликияти давлати, бойгонҳои давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ аз соли 1983 муқаррар карда шудааст. Режими ҳуқуққабулкунӣ ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ паҳн намегардад, чунки ин меъёрҳо ба моликияти давлати собиқ таалуқ дорад.

Дар зери моликияти давлатии давлати собиқ молу мулк, ҳуқуқ ва манфиатҳое фаҳмида мешаванд, ки дар вақти гузариши он ба давлати ворис мувофиқи ҳуқуқи дохилӣ ба давлати собиқ таалуқ дошт.

Мувофиқи Конвенцияи Венагии соли 1983 ҳамчун қоидаи умумӣ гузариши моликияти давлатӣ бе ҷубронкунӣ ба амл бароварда мешавад, агар тарафҳо оид ба ҳолатҳои дигар аҳду паймон накарда бошанд.

Меъёри ҳуқуққабулкунӣ режими нобаробарро муқаррар намудааст.

Дар сурати мутаҳид шудани давлатҳо ва ташкил шудани як собиқдавлати ворис, тамоми моликияти давлатии давлати собиқ ба як давлати ворис мегузарад.

Дар ҳолати тақсим шудани давлат ва дар қаламравии он ташкил шудани дув а ё зиёда давлати ворисон:

— моликияти ғайриманқулаи давлати собиқ ба он давлати ворис мегузарад, ки дар ҳудуди он ин моликият мавҷуд аст;

— моликияти ғайриманқулае, ки берун аз ҳудуди давлати собиқ воқеъ аст, чунин моликият ба давлати ворис, чи тавре, ки дар конвенцияи Венагии соли 1983 пешбини шудааст, аз рӯи саҳми олимона мегузарад.

— моликияти манқули давлати собиқ, ки фаъолияти он ба масъалаи ҳудудии алоқаманд буда, объекти ҳуқуққабулкуни мебошад ба давлати вориси дахлдор мегузарад; дигар моликияти манқул бошад ба ворис аз ҳиссаи одилона мегузарад.

Тамоми ин ҳолатҳо дар он вақт татбиқ мегарданд, ки агар давлат ворисони дахлдорон оид ба шартҳои дигар аҳду паймон накарда бошанд.

Ҳангоми аз тарафи давлат додани қисми ҳудуди худ ба дишгар давлат гузаштани моликияти давлатӣ мувофиқи Созишномаи байни ин давлатҳо ба танзим дароварда мешаванд.Дар сурати набудани чунин созишнома ҳангоми додани чунин ҳудуд моликияти ғайриманқули давлати собиқ, ки объекти ҳуқуққабулкуни мебошад, ба давлати ворис мегузарад.

Ҳамин гунна қоида инчунин дар ҳолатҳо ҳангомӣ ҷудо шудани қисми ҳудуди давлат ва дар он ташкил ёфтани ва ё муттаҳид шудани он бо дигар давлатҳо низ татбиқ мешавад.

Аз рӯи ҳамаи ин масъалаҳо давлати собиқ давлати ворис метавонанд дар бораи тартиботи дигари гузаштани моликият аҳду паймон кунанд.

Дар сурати ҷудошавии давлат масъала дар бораи ҳуқуққабулкуни нисбати моликияти манқул ва ғайриманқули давлати собиқ дар хориҷа ба вуҷуд меояд. Чунин моликият ба давлати ворис аз рӯи ҳиссаи одилона мегузарад. Имконияти ҷуброни одилона низ пешбини шуданаш мумкин аст.

Мамлакатҳои ИДМ дар соли 1991 Созишнома дар бораи моликияти бик ИҶШС дар хориҷаро бастанд. Мувофиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод аз 20 марти соли 1992 мақомоти махсус – Коммисия оиди ҳуқуққабулкуни нисбати шартномаҳо бойгонҳои давлатӣ, моликияти давлатӣ, қарзҳо ва активҳои собиқ ИЧШС таъсис дода шуда буд. Фаъолияти Комиссия исбот намуд, ки қоидаҳои умумии ҳуқуққабулкуниро аниқ ифода кардан номумкин аст, ва он барҳам дода шуд, 6 июли соли 1992 Созишнома дар бораи тақсимоти тамоми моликияти ИҶШС дар хориҷа баста шуд. Дар ин созишнома ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ дар фоиз муқаррар шуда буд, ки мувофиқи он моликияти зикршуда бо риоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои тарафҳо тақсим карда шуда буд: Озарбойҷон- 1,64 фоиз, Беллорусия-4,13 фоиз, Қазоқистон-9,86 фоиз, Қирғизистон-0,45, Молдавия-1,29, Россия-61,34, Тоҷикистон-0,83, Туркманистон-0,70. Аммо ин созишнома низ аксарияти масъалаҳоро ҳал карда натавонист.

Ба мақсади танзими Ҳуқуқии моликияти Федерасияи Руссия дар хориҷа бо Фармони Презеденти Федерасияи Руссия аз 8 феврали соли 1993 «Дар бораи моликияти давлатии собиқ Иттиҳоди ҶШС дар хориҷа» муайян карда шуд, ки Россия ҳамчун давлат – давомдиҳандаи ИҶШС-ро, ки дар хориҷа мавҷуданд, инчунин иҷро намудани ҳамаи он ӯҳдадориҳое, ки истифодабарии ин моликият алоқаманд аст, ба зиммаи худ мегирад.

Реаксия зуд ба вуҷуд омад. Вазорати корҳои хориҷии Украина изҳор намуд, ки ҳама гунна қарори яктарафа оид ба муайян кардани статуси худ ҳамчун давомдиҳандаи ИҶШС ба меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ зид буда, боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигар давлатҳо субъектони собиқ ИҶШС мегардад.

Ҳамаи ин тақозои онро менамояд, ки роҳи аз ҳама бештар эътимодбахш ин созишномаи дутарафа дар бораи ҳуқуққабулкуни буда, он имконият медиҳад, ки хусусияти ҳар як ҳодисотро ба назар гирад.Тасодуфи нест, ки аҳамияти он дар Конвенсияи Венагӣ дар бораи ҳуқуққабулкунӣ /1978 / таъкид карда шудааст.

А Д А Б И Ё Т Ҳ О:

  1. Курс международного права., том 3 сов. авт.ред. И.И.Лукашук.,Москва, «наука»1989, 240 стр.
  2. И.И.Лукашук «Международное право, общая часть»,Москва, «Бен»,1997.
  3. Н.Т.Блатова,Г.М.Меликов.,«Международное право в документах»,Москва «ИНФРА-М»,1997, 696 стр.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *