Фанни Ҳуқуқ

Давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ

1. Мафҳум ва хусусияти давлат ҳамчун субъекти ҲБХ.

2. Давлат ҳамчун субъекти муносибатҳои молумулкӣ

Давлат фаъолона ба муносибатҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла молумулкӣ бо шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ташкилотҳои хоҷагидории байналхалқӣ ва ҳатто бо соҳибкорони алоҳидаи хориҷ ӣ, дохил мешавад. Агар давлат ба онҳо танҳо ба ҳайси як тараф ворид шавад, он гоҳ ин муносибатҳо на бо меърҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, балки бо ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Ҷ умҳурии Тоҷ икистон метавонад:

— қарз диҳад ва қарз гирад;

— аз рӯи аз рӯи қарзҳо кафолат диҳад;

— бо маблағгузорони хориҷ ӣ созишномаҳои имтиёзнок бандад;

— оид ба тақсими маҳсулот созишнома бандад, пеш аз ҳама созишномаҳо оиди сармоягузории калони ба давраи дурудароз ба назар гирифташуда, дар навбати аввал саноати нафтҳосилкунӣ ва коркарди нафт;

— дар хориҷ а қитъаҳои замин ба даст оварад ва киро намояд, қитъаҳои замин, бино ва иншооти дар хориҷ а ба ӯ тааллуқдоштаро фурӯшад ва ба иҷора диҳад ;

— барои эҳтиёҷ оти давлатӣ оиди иҷ рои корҳои пудратӣ шартномаҳо бандад;

— оид ба хариду фурӯши молҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва ғайра созишномаҳо бандад;

— дар хориҷ а ба ҳайси вориси молу мулки бесоҳибмондаи пас аз фавти шаҳрвандони руссия боқимонда, ё ба ҳайси ворис аз рӯи васиятнома баромад намояд.

Дар ин маврид одатан ду намуди муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар он давлатҳо иштирок мекунанд, фарқ мекунанд. Аввалан, муносибатҳои ҳуқуқие, ки байни давлатҳо, ҳамчунин байни давлат ва ташкилотҳои байналхалқӣ (аз рӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илми-техникӣ, қарзӣ ва ғ.) ба вуҷуд меоянд. Дуюм, муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар он давлат ба ҳайси танҳо як тараф баромад мекунад; тарафи дигар дар ин муносибатҳои ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналхалқии (на байнидавлатии) хоҷ агидор ва шахсони алоҳида буда метавонанд.

Муносибатҳои намуди аввал танҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи оммавӣ ба танзим дароварда мешаванд, ҳарчанд онҳо бо муносибати намуди дуюм сахт алоқаманд мебошанд. Муносибатҳои намуди дуюм бошад, онҳо муносибатҳо оиди расонидани молҳо, иҷрои хизматрасонии гуногун ва дигарҳо буда метавонанд.

Ҷ умҳурии Тоҷ икистон худ ҳамчун субъекти муносибатҳои молу мулкӣ дар сохтани бино барои сафоратхона дар хориҷ а, кирои қитъаи замин ё иҷ ораи хонаи истиқоматӣ, баромад мекунад. Дар ҳама ҳолатҳо ин аҳдҳо аз тарафи сафорати ҶТ аз номи давлат баста мешаванд. Бояд ба таври ҷ иддӣ ҳолатҳое, ки давлат ҳамчун субъекти муносибатҳои молумулки баромад мекунад ва ҳолате, ки дар он субъекти муносибатҳо шахсони ҳуқуқии давлатӣ ё дигар шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, фарқ карда шаванд.

Дар соҳаи муносибатҳои молумулкӣ давлат ҳамчун субъекти махсуси ҳуқуқ баромад мекунад он шахси ҳуқуқи намебошад.

Назарияи муосири иштироки давлат дар муносибатҳои гражданию ҳуқуқӣ ки солҳои 90-ум дар ИҶ ШС, баъдан ҶТ сохта шуданд, дар Асосҳои 1991 сол ва ГК ҶТ инъикос гардиданд. Мутобиқи моддаи 137 ГК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои гражданb танзимшаванда бо иштирокчиёни ин муносибатҳо баробар иштирок менамояд. аз рeи ҳолатҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ давлат ба молу мулки дар асоси ҳуқуқи моликияти ба онҳо тааллуқдошта, молу мулке, ки ба шахси ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоxагb ё идораи оперативb вобаста карда нашудааст, ҷ авобгар мебошад.

1. Масунияти давлатӣ ва намудҳои он.

Масунияти давлатӣ ва намудҳои он. Мафҳуми «масуният» аз калимаи лотинии сифати immunus (озодӣ аз чизе, озодшуда) ва исм immunitas (озодӣ аз андоз, аз хизмат ва ғ.).

Худи фаҳмиши «масунияти давлатӣ» дар ҳуқуқи байналхалқӣ дар аввал ба сифати меъёри муқаррарӣ сониян бо таҷрибаи судӣ, қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналхалқӣ муайян карда мешуданд.

Асоси масунияти давлат якто аст – истиқлолияти давлат имкон намедиҳад, ки нисбати давлат ягон хел чораҳои маҷ бурӣ истифода бурда шаванд.

Масунияти давлат дар он асос мегирад, ки он истиқлолият дорад, хамаи давлатҳо баробар ҳастанд. Ин оғози ҳуқуқи байналхалқӣ буда, дар баёнияи зерин изҳор карда шудааст: «Paқ in paқem поп nabet impeқium» (Баробар нисбат ба баробар ҳокимият (қудрат) надорад).

Дар назария ва таҷ рибаи давлатҳо одатан якчанд намуди масуниятро фарқ мекунанд:

— судӣ;

— аз таъмини пешакии даъво;

— аз иҷ рои маҷ бурии ҳалнома.

Масунияти судӣ аз тобеъ набудани як давлат ба судҳои давлати дигар (Paқ in paқem поп habet juқisdictionem) — Баробар нисбат ба баробар ҳуқуқи судкунӣ надорад, иборат мебошад. Бе розигии давлат он наметавонад ба суди давлати дигар ҷалб карда шавад. Дар баробари ин фарқ надорад бо чӣ ё вобаста ба кадом масъала давлат ният дорад ба суд муроҷ иат мекунад.

Масуният аз таъмини пешакии даъво аз инҳо иборат аст: бе розигии давлат бо тартиби таъмини пешакии даъво ягон-намуд чораҳои маҷбурӣ нисбат ба моликияти он татбиқ кардан, мумкин нест.

Дар зери масуният аз иҷ рои маҷ бурии ҳалнома бе розигии давлат номумкин будани амалигардонии иҷроиши маҷбурии ҳалномае, ки муқобили давлат бароварда шудааст фаҳмида мешавад.

Дар назарияи (доктринаи) ҳуқуқӣ одатан ду фарзияи масунияти давлат – мутлақ ва маҳдуд дида баромада мешаванд. Фарзияи масунияти мутлақ аз он бармеояд, ки а) даъвоҳо нисбат ба давлати хориҷӣ наметавонанд бе розигии ӯ дар судҳои давлати дигар баррасӣ карда шаванд; б) бо тартиби таъмини даъво молу мулки ягон давлат аз тарафи давлати дигар наметавонад ба чораҳои маҷбурӣ гирифтор гардад, в) нигаронидани чораҳои иҷроиши маҷ бурӣ ба молу мулки давлат бе розигии ӯ роҳ дода намешавад.

Мутобиқи фарзияи масунияти маҳдуд давлати хориҷӣ, мақомоти он ҳамчунин молу мулки онҳо танҳо ҳамон вақт бо масуниятро истифода мебаранд, ки давлат вазифаҳои истиқлолияти худро амалӣ мегардонад. Агар давлат амлиёти хусусияти тиҷ оратӣ доштаро (бастани шартномаҳои берунӣ тиҷ оратӣ, созишномаҳои қарзӣ ва дигар шартномаҳоро) иҷро намояд, он вақт ӯ масуниятро истифода намебарад. Ба таври дигар гӯем намояндагони фарзияи масунияти маҳдуд мешуморанд, ки вақте ки давлат худро ба ҳолати шахси воқеӣ мегузорад нисбати ӯ метавонад даъво пешниҳод карда шавад ва ба молу мулки ӯ чораҳои маҷбурӣ паҳн гардад.

Дар нимаи дуюми асри ХХ фарзияи масунияти маҳдуд дар таҷрибаи қонунгузорӣ, судӣ ва шатрномавии давлатҳои гуногун ба таври васеъ паҳн гардид. Ин бо он фаҳмонида мешавад, ки давлат иштироки худро дар соҳаи иқтисодӣ васеъ намуд.

Давлат ба фаъолияти тиҷоратӣ, ки бо бозорҳои байналхалқии молӣ ва пулӣ зич алоқаманд аст, та таври васеъ ҷалб шуданд. На танҳо шумораи аҳдҳои аз тарафи давлатҳо басташаванда зиёд шуданд, балки онҳо бештар гуногуннамуд шуданд. Давлат аз пештара бештар ба бонкҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқии молӣ барои гирифтани қарз муроҷ иат мекунанд.

Дар муносибатҳои муосири иқтисодӣ масъалаи масуният барои он давлатҳое, ки сиёсати ҷалби фаъоли маблағгузории хориҷ иро мегузаронанд, аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Маблағгузорон манфиатдор бар он ҳастанд, ки давлати сармояро қабулкунанда дар ҳолатҳои пайдо шудани баҳс байни сармоягузор ва ҳамин давлат аз масунияти худ даст кашанд.

Барои ин фарзияи бештар паҳншуда муайянкунии хусусияти тиҷоратӣ доштани шартнома аҳамияти ҳалкунанда дорад, аммо муайян намудани он мушкил аст. Аён аст, ки ба талаботи хусусият, ки бо талаботи мақсади амали шартнома мутобиқат мекунад, бояд диққати аввалиндараҷ а дода шавад.

Дар охири асри ХХ масъала нисбати муносибати масунияти давлат аз рӯи даъвоҳо дар бораи ҳуқуқи инсон вобаста ба суди олии Юнон, аз рӯи даъво ба РФГ ва қарорҳои суди дигар давлатҳо оид ба даъвои қурбониҳои миллатпарастӣ ба миён омад. Ҳамин тавр даъво дар бораи товони зарар дар судҳои юнон аз тарафи хешовандони шахсоне, ки дар вақти гузаронидани амалиёти зерқисми мақомоти қудратӣ дар деҳоти Юнон дар соли 1944 нест карда шуда буданд, пешниҳод карда шуда буд. РФГ дар норозигии худ ба принсипи (асосҳои роҳбарии) масунияти давлат истинод меоварад. Аз тарафи ареопагом (Суди олии Юнон) масуният эътироф карда нашуд ва даъво қонеъ карда шуда буд.

Дар бисёр давлатҳо масунияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва молу мулки он ба таври маҳдуд эътироф карда мешаванд. Ин хулосаро дар нишондодҳои зерин кардан мумкин аст: дар як қатор давлатҳо – дар ИМА, Бритониёи Кабир, Австралия, Аргентина, Канада, Покистон, Сингапур, Республикаи ҷануби Африқоӣ қонунҳое, ки масунияти давлатҳоро маҳдуд мекунанд қабул карда шуда буданд. Чуноне ки дар боло қайд карда шуда буд, дар Қонуни ИМА аз соли 1976 гузариш аз мавқеи эътирофи масунияти мутлақ ба мавқеи масунияти ба ном иммунитети вазифавӣ устувор карда шуд. Дар Қонуни ИМА соли 1976 ҳамчунин барои муайянкунии он ки кадом амалиётҳо оммавӣ-ҳуқуқӣ ва кадомаш – шахси ҳуқуқӣ мебошанд, аз тарафи судҳои амрико кадом талабот бояд истифода бурда шавад, муайян карда шудааст. Ба сифати ин талаботҳо мақсад не, балки хусусият, табиати амалиёт ё аҳди алоҳида интихоб карда шудааст.

Дар РФГ, Фаронса, Итолиё, Юнон, Дания, Финляндия, Норвегия ва дигар давлатҳо аз фарзияи масунияти маҳдуд таҷ рибаи судӣ бармеояд.

Масъалаи масунияти давлати ва молу мулки он дар ҶТ чӣ тавр ҳал карда мешаванд? Қонунгузории ҶТ, чун қонунгузории давлатҳои ИДМ, чун қоида аз фарзияи классикии масунияти мутлақ бармеояд, ки ба таври анъанавӣ новобаста аз хусусияти амалиётҳои давлат ва мақомотҳои он принсипи масунияти давлатҳоро дар ҳама ҳолат эътироф менамояд.

Адабиётҳои тавсия шаванда

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. – 2004.
  2. Богуславский М.М. Международное частное право.– М. – М.О. -1998. -.645 с.
  3. Гражданское право. Том 3 (Под. ред. Сергеева А.П., Толстого Ю. К.). – М. –Проспект. – 2000.-560 с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *