Фанни Ҳуқуқ

Далелҳо ва исботкунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ

5.1. МАФҲУМ, сарчашма ВА ТАСНИФИ ДАЛЕЛҲО

Мутобиқи моддаи 72 КМҶ ҶТ далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ҷиноят ҳодисаи гузашта мебошад ва маълумот оиди ҷиноят дар шуури одамон ва ё дар объектҳои моддӣ инъикос меёбанд. Маълумот оид ба ҳолатҳои содиршавии ҷиноятро шоҳидон, ҷабрдидагон хабар медиҳанд, ё ин ки чунин иттилоъ аз ашёе, ки пайҳои ҷиноятро нигоҳ медоранд, гирифта мешавад.

Ҳамин тавр, ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта бо ёрии маълумот дар бораи онҳо дарк карда мешавад. Танҳо он маълумоте, ки аз сарчашмаҳои дар қонун номбаршуда гирифта шудааст, аҳамияти исботкунӣ дошта метавонад.

Дар асоси қисми 2 моддаи 72 КМҶ ҶТ маълумотҳо оид ба ҷиноят аз сарчашмаҳои зерин гирифта мешаванд: — нишондоди шоҳид; — нишондоди ҷабрдида; — нишондоди гумонбаршуда; — нишондоди айбдоршаванда; — нишондоди судшаванда; — хулоса ва нишондоди коршинос; -хулоса ва нишондоди мутахассис; — далелҳои шайъӣ; — протоколҳои амалҳои тафтишӣ ва судӣ; — сабтҳои пинҳонӣ; — гуфтугӯи телефонии гӯшкардашуда ва сабтгардида; — мушоҳидаҳои электронӣ, видео ва магнитофонӣ; — ҳуҷҷатҳои дигар.

Дар илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ длелҳоро вобаста аз асосҳои (омилҳои) гуногун ба намудҳо ҷудо мекунанд[1]. Чунончи:

1. Вобаста аз сарчашмаи гирифташуда далелҳоро ба намудҳои ибтидоӣ ва ҳосилшуда ҷудо мекунанд.

Далелҳои ибтидоӣ он далелҳое мебошанд, ки аз нахустсарчашма гирифта шудаанд. Масалан, нишондоди шоҳид доир ба ҳодисаи ҷиноят, ки ӯ бевосита бо ёрии узвҳои ҳиссиёташ дарк намудааст, ё ин ки маълумоте, ки субъекти исботкунӣ аз ҳуҷҷати аслӣ гирифтааст.

Далелҳои ҳосилшуда делелҳое, мебошанд, ки маълумоти дар онҳо ҷойдошта ба иборае « аз дуюм даст» гирифта шудааст. Масалан, қолаби гипсе, ки аз пайи пой сохта шудааст; нусхаи ҳуҷҷат; нишондоди шоҳид оид ба ҷинояте, ки онро шахсан мушоҳида накардааст ва ғайра.

Ҳамин тавр, мантиқан дараҷаи эътимоднокии маълумоте, ки аз сарчашмаи аввал (ибтидоӣ) гирифта шудааст, нисбат ба маълумоти ҳосилшуда баландтар аст, зеро дар мавриди далелҳои ҳосилшуда дар вақти аз сарчашма ба сарчашма гузаштани маълумот, гум шудан ё таҳриф гирифтани қисми он эҳтимол дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки далелҳои ҳосилшударо дар вақти исботкунӣ истифода бурдан номумкин аст. Дар баъзе мавридҳо масалан, ҳангоми гум шудани далелҳои ибтидоӣ далелҳои ҳосилшуда аҳамияти муҳим доранд. Чунончӣ, бо ёрии далелҳои ҳосилшуда далелҳои ибтидоиро ёфтан мумкин аст.

2. Дар муносибат ба ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд, далелҳои мустақим ва ғайримустақимро ҷудо мекунанд.

Далелҳое, ки маълумот оиди ҳолатҳои ба предмети исботкунӣ дохилшавандаро бевосита дар бар мегиранд, далелҳои мустақим номида мешаванд. Чунин далелҳо мустақиман, яъне бевосита ба ҳодисаи ҷиноят ва гунаҳгор будани айбдоршаванда, инчунин дигар ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд ишора мекунанд. Масалан, нишондоди ҷабрдида дар хусуси ба ӯ расонидани зарари ҷисмонӣ; нишондоди шоҳид оид ба ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро тавсиф мекунанд; маълумотнома дар бораи маблағи ашёи дуздидашуда, ки андозаи зарари расонидашударо тасдиқ мекунад ва ғайра.

Далелҳои ғайримустақим маълумоти фосилавиро, ки дар асоси онҳо дар бораи мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои ба предмети исботкунӣ дохилшаванда хулоса баровардан мумкин аст, дар бар мегиранд. Масалан, ҳангоми азназаргузаронӣ дар либоси айбдоршаванда ёфт гардидани доғҳои хуне, ки ба ҷабрдида тааллуқ дорад; ҳангоми кофтукови манзили айбдоршаванда ёфт гардидани яроқи шикорие, ки бо он ҷабрдида кушта шудааст; бозёфт шудани пайҳои дасти айбдоршаванда дар ҷои ҷиноят.

Ҳеҷ кадоме аз далелҳои дар боло нишондодашуда худ ба худ барои хулоса баровадан дар хусуси он, ки ҷиноятро айбдоршаванда содир намудааст, асос буда наметавонанд. Масалан, ягон кас метавонист бе иҷозати айбдоршаванда яроқро барои содир кардани ҷиноят гирад ва баъд ба ҷояш баргардонад; айбдоршаванда метавонист пайҳои дастро дар ҷои ҳодиса то содир шудани куштор гузорад ва ғайра. Лекин ҳамаи далелҳои овардашуда дар якҷоягӣ метавонанд барои хулоса баровардан дар хусуси ҷиноятро содир намудани айбдоршаванда имконият диҳанд.

3. Дар муносибат ба айби эълоншуда далелҳо ба далелҳои айбдоркунанда ва далелҳои сафедкунанда ҷудо мешаванд.

Далелҳои айбдоркунанда далелҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо гунаҳгор будани шахс дар содир кардани ҷиноят ва ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд, муқаррар карда мешаванд. Масалан, нишондоди ҷабрдида; маълумотнома дар бораи қаблан доғи судӣ доштани айбдоршаванда.

Далелҳои сафедкунанда далелҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо айбдорӣ рад карда мешавад, бегуноҳии айбдоршаванда ё ҳолатҳое, ки ҷазои ӯро сабук мекунанд муқаррар карда мешаванд.

4. Вобаста ба тарзи ташаккулёбӣ далелҳоро ба далелҳои шахсӣ ва далелҳои шайъӣ ҷудо мекунанд.

Далелҳои шахсӣ он далелҳое мебошанд, ки бо тарзи дар шуури шахс (одамон) инъикос гардидани маълумот оид ба ҳолатҳои ба предмети исботкунӣ дохилшаванда, ташаккул меёбанд. Масалан, нишондоди гумонбаршуда, нишондоди айбдоршаванда; хулосаи эксперт; протоколҳои ҳаракатҳои тафтишию судӣ ва ғайра.

Далелҳои шайъӣ он далелҳое мебошанд, ки бо тарзи дар объектҳои моддӣ инъикос гардидани иттилоъ оид ба ҳолатҳои ба предмети исботкунӣ дохилшаванда, ташаккул ёфтаанд. Масалан, олоти ҷиноят; ашёе, ки дар худ пайҳои ҷиноятро нигоҳ медорад ва ғайра.

5.2. НАМУДҲОИ ДАЛЕЛҲО ДАР МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ

1. Нишондоди шоҳид яке аз намудҳои васеъ паҳнгардидаи далелҳо мебошад. Ба сифати шоҳид барои додани нишондод шахсе даъват карда мешавад, ки ба ӯ ягон ҳолати барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта маълум бошад.

Мутобиқи қ. 2 моддаи 56 КМҶ ҶТ шахсони зеринро ба сифати шоҳид пурсида намешаванд:

— шахсоне, ки бо сабаби норасоиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ қобилият надоранд, ки ҳолатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ муқарраршавандаро дуруст дарк ва барқарор намоянд;

— адвокат ва ёрдамчии ӯ барои аниқ намудани маълумоте, ки мумкин аст ба онҳо ба сабаби муроҷиат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё расонидани чунин ёрӣ аён гардидааст;

— хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ба шарте, ки онҳо барои пурсиш ба сифати шоҳиди парвандаи мазкур розӣ нашуда бошанд; — судя, машваратчии халқӣ оид ба ҳолатҳои муҳокимаи масъалаҳое, ки ҳангоми иштироки онҳо дар баррасии парванда маълум гаштааст.

Дар асоси моддаи 73 КМҶ ҶТ барои муқаррар намудани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла дар хусуси шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва муносибатҳои байни онҳо бояд аз шоҳид пурсида шавад. Агар шоҳид сарчашмаи ин маълумотро нишон дода натавонад, маълумоти додаи ӯ далел шуда наметавонад.

Шоҳид ҳуқуқ дорад: — бо забони модарӣ ё бо забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад; — аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад; — ба тарҷумоне, ки дар пурсиши ӯ иштирок мекунад, раддия изҳор намояд; — бо дасти худ дар протоколи пурсиш нишондодашро сабт кунад; — оид ба татбиқ намудани чораҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ тибқи муқаррароти моддаи 12 КМҶ ҶТ дархост пешниҳод намояд; — аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

Шоҳид вазифадор аст: — бо даъвати таҳқиқкунанда, муфаттиш, прокурор ва суд ҳозир шавад; — ҳамаи он чизеро, ки оид ба парванда барояш маълум аст, саҳеҳ иттилоъ диҳад ва ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб диҳад; — бе иҷозати пурсишкунанда маълумоти оид ба ҳолатҳои парванда ба ӯ маълумро фош накунад; — тартиби муайяншудаи пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси судро риоя кунад.

Шоҳид ҳангоми қасдан аз рӯи даъват ҳозир нашудан маҷбуран оварда мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Барои саркашӣ аз ҳозир шудан ва барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ё нахостани додани нишондод бошад шоҳид мутобиқи моддаҳои 351 (Гувоҳии бардуруғ) ва 352 (Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

2. Нишондоди ҷабрдида. Ҷабрдида шахсест, ки сарфи назар аз синну сол, ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ба ӯ аз ҷиноят зарари ҷисмонӣ, моддӣ, маънавӣ расонида шудааст, инчунин шахсе мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ӯ зери таҳдиди бевоситаи суиқасд ба ҷиноят қарор гирифтааст. Инчунин ҷабрдида шахси ҳуқуқие низ эътироф шуда метавонад, ки дар натиҷаи содир гардидани ҷиноят ба ӯ зарари моддӣ ё маънавӣ расидааст. Дар ин сурат ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷабридидаро намояндаи шахси ҳуқуқӣ татбиқ мекунад. Дар бораи ҷабрдида эътироф кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди муқаррар кардани ҳодисаи ҷиноят ва воқеияти бар асари ҷиноят расидани зарар фавран қарор қабул карда, суд таъинот мебарорад[2].

Мутобиқи моддаи 74 КМҶ ҶТ ҷабрдида оид ба ҳолате, ки нисбати ҳамин парванда бояд исбот карда шавад, инчунин оид ба муносибатҳои байни ӯ ва гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда метавонад пурсида шавад. Агар ҷабрдида сарчашмаи маълумоти додаашро нишон дода натавонад, он далел шуда наметавонд.

Ҳангоми баҳодиҳӣ ба нишондоди ҷабрдида бояд ба назар гирифт, ки ҷабрдида иштирокчие мебошад, ки шахсан манфиатдор аст ва аламзада будану ҳиссиёти қассосгирӣ доштани вай истисно намегардад.

Бояд қайд намуд, ки ҷабрдида ҳангоми ба даъват бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданаш маҷбуран оварда мешавад. Барои саркашӣ аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд ё саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ҷабрдида тибқи моддаҳои 351 (Гувоҳии бардуруғ) ва 352 (Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё тарҷума кардан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

3. Нишондоди гумонбаршуда. Чуноне ки аз мавзӯҳои гузашта маълум гардид гумонбаршуда шахсест, ки нисбат ба ӯ бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин бора ба ӯ муфаттиш ё таҳқиқбаранда хабар медиҳад ё ӯ дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ӯ то пешниҳод кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст.

Гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат бояд пурсида шавад (қ. 2 моддаи 46 КМҶ ҶТ).

Мутобиқи моддаи 75 КМҶ ҶТ гумонбаршуда ҳуқуқ дорад дар хусуси ҳолатҳое, ки барои дастгир шудани ӯ ё интихоб кардани чораҳои пешгирӣ дар ҳаққи ӯ асос шудаанд, инчунин дар хусуси ҳолатҳои ба ӯ маълуми парвандаи ҷиноятӣ нишондод диҳад.

Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад: — нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад; — донад, ки барои чӣ гумонбар шудааст; — нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гирад; — бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад; — аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад; — далелҳо пешниҳод кунад; — дархост изҳор кунад; — бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ӯ гузаронида шудаанд, ҳамчунин бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ӯ чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос шавад; — раддия изҳор намояд; — аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда шикоят намояд.

4. Нишондоди айбдоршаванда. Айбдоршаванда шахсе мебошад, ки нисбат ба ӯ қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бароварда шудааст.

Мутобиқи моддаи 76 КМҶ ҶТ айбдоршаванда ҳуқуқ дорад дар бораи айби ба ӯ эълоншуда, инчунин дигар ҳолатҳои ба ӯ маълуми барои парванда аҳамиятдошта ва далелҳо нишондод диҳад. Ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда барои гуноҳгор эътироф намудани ӯ асос шуда наметавонад, ба шарте, ки он бо маҷмӯи далелҳои дар парванда ҷамъоварда исбот нашуда бошад.

5. Хулоса ва нишондоди коршинос. Коршинос дар ҳолатҳое даъват карда мешавад, ки барои пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён ояд. Ба сифати коршинос ҳар шахсе, ки барои пешниҳоди хулоса дониши махсус ва дар ҳолатҳои зарурӣ иҷозатномаи дахлдор дорад, даъват шуданаш мумкин аст.

Мутобиқи моддаи 77 КМҶ ҶТ агар ҳангоми пешбурди тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ дониши махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё касбу ҳунар зарур бошад, экспертиза таъин карда мешавад, ки тартиби гузаронидани онро боби 24 КМҶ ҶТ муайян намудааст.

Экспертиза аз тарафи мутахассисони муассисаҳои экспертӣ, муассисаҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ё шахсони воқиф, ки муфаттиш таъин кардааст, гузаронида мешавад. Иваз кардани экспертиза бо таҳқиқоте, ки берун аз тарзи мурофиавии муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад, мумкин нест. Хулосаҳои нозироти идоравӣ, актҳои ревизия, машваратҳои мутахассисон зарурати гузаронидани экспертизаро истисно намекунанд.

Мутобиқи моддаи 209 КМҶ ҶТ дар ҳолатҳои зерин таъин ва гузаронидани экспертиза ҳатмист:

1) барои муқаррар кардани сабаби марг; 2) барои муқаррар кардани хусусият ва дараҷаи вазнинии зарари ҷисмонӣ; 3) барои муқаррар кардани синну соли гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ба шарте, ки ин барои парванда аҳамият дошта бошад ва ҳуҷҷатҳо доир ба синну сол вуҷуд надошта ё шубҳаовар бошанд; 4) барои муқаррар кардани ҳолати рӯҳӣ ё ҷисмонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, вақте ки дар масъалаи мукаллафӣ ё қобилияти онҳо дар бобати ҳимояи мустақилонаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ дар мурофиаи ҷиноятӣ шубҳа ба миён меояд; 5) барои муқаррар кардани ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии ҷабрдида, шоҳид дар ҳолатҳое, ки қобилияти онҳо дар бораи дуруст дарк кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта ва додани нишондод доир ба онҳо таҳти шубҳа қарор мегирад.

Ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва ҷабрдида ҳуқуқ доранд:

— бо қарори таъин намудани экспертиза шинос шаванд; — ба коршинос раддия изҳор намоянд; — дар бораи дур кардани муассисаи экспертӣ аз гузаронидани экспертиза дар сурати муқаррар гардидани ҳолатҳое, ки ба оқибати парванда манфиатдор набудани роҳбари муассисаи экспертӣ ҷои кори шахси салоҳиятдорро таҳти шубҳа қарор медиҳанд, дархост пешниҳод намоянд; — хоҳиш намоянд, ки шахсони аз тарафи онҳо зикршуда ё мутахассисони муассисаҳои мушаххаси судии экспертӣ ба ҳайси коршиносон ҷалб карда шаванд; — саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд; — дар вақти гузаронидани экспертиза ҳузур дошта бошанд ва ба коршинос саволҳо диҳанд, шарҳу тафсир кунанд; — бо хулосаи коршинос ё хабари имконнопазирии додани хулоса шинос шаванд.

Экспертизаи ҷабрдидагон ва шоҳидон танҳо бо розигии ихтиёрии онҳо, ки ба шакли хаттӣ дода мешавад, сурат мегирад. Агар ин шахсон ба синни шонздаҳ нарасида бошанд ё суд онҳоро номукаллаф эътироф карда бошад, розигии хаттиро барои гузаронидани экспертиза намояндагони қонунии онҳо медиҳанд.

Ҳангоми гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ муфаттиш қарори худ ва маводи заруриро ба ин муассиса ирсол менамояд. Дар чунин ҳолат роҳбари муассисаи экспертӣ вазифадор аст:

— гузаронидани экспертизаро ба як ё якчанд коршинос супорида, дар ин бора ба муфаттиш хабар диҳад; — ба коршиносон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро, ки дар моддаи 58 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, фаҳмонад, оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан огоҳ кунад ва дар ин бобат аз онҳо забонхат гирад, ки он якҷоя бо хулосаи эксперт ба муфаттиш равон карда мешаванд.

Агар экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ гузаронида шавад, муфаттиш пеш аз баровардани қарор оид ба таъини экспертиза бояд ба шахсияти фарде, ки экспертизаро ба ӯ супориданист, ба салоҳиятнокии ӯ боварӣ ҳосил намуда, муносибати ӯро бо айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида ва бо шахсе, ки таҳти экспертиза қарор гирифтааст, муайян намояд ва санҷад, ки оё асосҳо барои дур кардани коршинос мавҷуданд ё не. Баъди аниқ кардани маълумоти зарурӣ муфаттиш дар бораи таъини экспертиза қарор мебарорад, онро ба коршинос месупорад, ба ӯ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дар моддаи 58 КМҶ ҶТ пешбинишударо мефаҳмонад ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ огоҳ мекунад. Доир ба иҷрои амалҳои мазкур муфаттиш дар қарори таъин кардани экспертиза қайд мегузорад ва он бо имзои коршинос тасдиқ карда мешавад.

Экспертизаи комиссионӣ дар ҳолатҳои зарурати анҷом додани таҳқиқоти мураккаби экспертӣ ва аз тарафи якчанд нафар коршиноси дорои як ихтисос (касб) гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи комиссионӣ коршиносон натиҷаҳои ҳосилшударо якҷоя таҳлил мекунанд ва баъди ба як ақида омадан хулосаи ягона (ё акт дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса) тартиб медиҳанд ва имзо мекунанд. Дар сурати мавҷуд будани ихтилофи назар дар байни коршиносон ҳар кадоми онҳо ё як қисми онҳо хулосаи алоҳида пешниҳод мекунанд ва ё коршиносе, ки нуқтаи назари ӯ аз хулосаҳои аксарият фарқ дорад, ақидаи худро дар хулоса алоҳида инъикос мекунад[3].

Экспертизаи комплексӣ дар ҳолатҳое таъин карда мешавад, ки барои таҳқиқот маълумоти соҳаҳои гуногуни дониш зарур бошад. Он аз тарафи коршиносони дорои ихтисосҳои гуногун дар доираи салоҳиятнокии онҳо гузаронида мешавад. Дар хулосаи экспертизаи комплексӣ бояд зикр гардад, ки ҳар як коршинос кадом таҳқиқотро ба кадом ҳаҷм анҷом дод ва ба чӣ хулоса омадааст. Ҳар як коршинос ҳамон қисми хулосаро имзо мекунад, ки дар он таҳқиқоти ӯ инъикос ёфтааст. Хулоса (хулосаҳо)-и умумиро коршиносоне мебароранд, ки дар баҳодиҳии натиҷаи ҳосилшуда салоҳият доранд. Агар далелҳои аз ҷониби яке аз коршиносон (коршиносони алоҳида) муқаррар кардашуда асоси хулосаи ниҳоии комиссия ё як қисми он бошад, он бояд дар хулоса зикр шавад. Дар сурати ихтилофи назар байни коршиносон натиҷаи таҳқиқот мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 213 КМҶ ҶТ ба расмият дароварда мешавад. Агар экспертиза ба муассисаи экспертӣ супорида шуда бошад, ташкили таҳқиқи комплексӣ ба зиммаи роҳбари он муассиса гузошта мешавад (м. 214 КМҶ ҶТ).

Агар ҳангоми таъин кардан ё гузаронидани экспертизаи тиббии судӣ ё равонпизишкии судӣ зарурати муоинаи стасионарӣ ба миён ояд, гумонбаршуда ё айбдоршавандаро дар муассисаи давлатии тиббӣ ҷойгир кардан мумкин аст, ки ин ҳолат дар қарори таъини экспертиза зикр карда мешавад.

Агар зарурати экспертиза ва дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардани судшаванда ҳангоми маҷлиси суд ба миён ояд, суд, судя дар ин бобат бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ оид ба ин масъала таъинот ё қарор мебарорад.

Баъди гузаронидани таҳқиқ аз рӯи натиҷаҳои он коршинос ё коршиносон аз номи худ хулосае тартиб медиҳанд, ки дар он бояд маълумоти зерин зикр гардад:

— экспертиза кай, дар куҷо гузаронида шудааст; — аз тарафи кӣ (фамилия, ном, номи падар, маълумот, ихтисос, собиқаи кор, дараҷаю унвони илмӣ, вазифаи ишғолкарда); — дар кадом асос экспертиза гузаронида шудааст; — қайди бо имзои коршинос тасдиқшуда доир ба он ки ӯ дар бобати ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани хулоса ё дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан огоҳ карда шудааст; — ҳангоми гузаронидани экспертиза кӣ иштирок дошт; — коршинос чӣ гуна маводро истифода намудааст ва кадом таҳқиқотро гузаронидааст; — саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ва ҷавобҳои асосноки ӯ.

Хулоса дар шакли хаттӣ пешниҳод ва аз тарафи коршинос (коршиносон) имзо карда мешавад. Ба хулосаи коршинос бояд далелҳои шайъии баъди таҳқиқ боқимонда, намунаҳое, ки бо роҳи таҷриба гирифта, барои муқоиса истифода бурда мешаванд, ҳамчунин аксҳо, тарҳрезаҳо, нақшаҳо, ҷадвалҳо ва маводи дигари иловагие, ки хулосаҳои коршиносро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд. Замимаи хулоса низ аз тарафи коршинос имзо карда мешавад.

Агар коршинос итминон ҳосил намояд, ки масъалаҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ӯ берун мебароянд ё маводи ба ӯ пешниҳодшуда барои пешниҳод кардани хулоса корношоям ё нокифоя аст ва пурра кардани он номумкин мебошад ё ин ки сатҳи илм ва амалияи экспертӣ барои ҷавоб додан ба масъалаҳои гузошташуда имконият намедиҳанд, вай хабари асоснок кардашударо дар бораи ғайриимкон будани пешниҳоди хулоса тартиб медиҳад ва онро ба мақомот ё шахси экспертизаро таъиннамуда ирсол менамояд.

Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки коршиносро барои шарҳ додани хулосаи пешниҳодкардааш пурсиш намояд. Коршинос метавонад ҷавобҳояшро бо дасти худ нависад. Пурсиши коршинос то аз тарафи ӯ пешниҳод шудани хулоса мумкин нест.

Хулосаи коршинос ё хабари ӯ дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса, ҳамчунин протоколи пурсиши коршинос то анҷоми тафтиши пешакӣ ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин ба шоҳиде, ки таҳти экспертиза қарор гирифта буд, пешниҳод карда мешавад ва онҳо ҳақ доранд, ки шарҳу мулоҳизаи худро пешниҳод кунанд ва ақидаи худро оид ба хулосаи коршинос изҳор намоянд. Дар сурати қонеъ гардонида шудан ё рад шудани чунин дархост муфаттиш қарори дахлдор бароварда, ба шахсе, ки дархост додаст, бо гирифтани забонхат эълон мекунад.

Ҳангоми нофаҳмо ё нопурра будани хулоса, инчунин ба миён омадани масъалаҳои нав нисбати ҳолатҳои қаблан таҳқиқшуда, мумкин аст экспертизаи иловагӣ таъин карда, иҷрои он ба ҳамон коршинос ё коршиноси дигар супурда шавад.

Дар ҳолати беасос будани хулосаи коршинос ё ба миён омадани шубҳа оид ба дурустии он экспертизаи такрорӣ таъин намудан мумкин аст, ки гузаронидани он ба коршинос ё коршиносони дигар супурда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки хулосаи коршинос барои суд, судя ҳатмӣ нест, вале норизоии онҳо нисбати хулоса бояд асоснок бошад. Коршинос оид ба ҳолатҳое, ки аз хулосаи ӯ бармеоянд, пурсида шуданаш мумкин аст.

6. Далелҳои шайъӣ ашёе ба ҳисоб мераванд, ки:

— чун олоти ҷиноят истифода шудаанд; — дар худ нишонаҳои ҷиноятро нигоҳ доштаанд; — объекти содир шудани кирдори ҷиноятӣ будаанд; — пул ва дигар арзишҳое, ки бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд; — ашёи дигаре, ки барои ошкор намудани ҷиноят, муайян кардани ҳолатҳои воқеии парванда, пайдо намудани гунаҳгорон ё рад кардани айб ё сабук кардани ҷавобгарӣ восита шудаанд.

Далелҳои шайъӣ бояд дар протоколи азназаргузаронӣ муфассал сабт гардида, ба қадри имкон аксбардорӣ карда, бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ба парванда илова карда шаванд.

Ҳангоми баровардани ҳукм, таъинот ё қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд масъалаи далели шайъӣ бо чунин роҳҳо ҳал карда шавад:

— олоти ҷиноят, ки ба айбдоршаванда, судшаванда тааллуқ дорад, бояд мусодира карда ё ба муассисаи дахлдор супорида ё нобуд карда шавад; — ашёе, ки муомилоти он манъ аст, бояд ба муассисаи дахлдор супорида ё нобуд карда шавад; — ашёе, ки ҳеҷ арзиш надорад ва аз тарафи шахсе талаб карда нашудааст, бояд нобуд карда шавад ва ё онро дар ҳолати гирифтани дархости шахси манфиатдор ё муассиса ба онҳо додан мумкин аст; — пул ва дигар ашёи қиматноке, ки бо роҳи ҷинояткорӣ ба даст оварда шудаанд, бо ҳукми суд ба фоидаи давлат гузаронида шуда, ашёи дигар ба моликони қонунии онҳо баргардонида мешавад, дар мавриде. ки соҳибони онҳо муайян нашуда бошанд, ба моликияти давлат гузаронида мешаванд; — дар сурати ба миён омадани баҳс оид ба мансубияти ашё баҳс бояд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда шавад; — ҳуҷҷате, ки далели шайъӣ мебошад, ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта ё ба муассисаи дахлдор супурда мешавад.

Таҳти ашё суд аҳамияти далели шайъиро фақат дар ҳолатҳои зерин эътироф мекунад, агар:

— бо тасвири мукаммали он, мӯҳргузорӣ ва дигар чунин амал, ки фавран баъди ба даст овардани он анҷом дода, имконияти иваз кардани он, ба таври назаррас тағйир додани нишона, хосият, изҳои дар он мавҷуда бартараф карда шуда бошанд; — он бевосита пеш аз таҳқиқ дар суд аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид шинохта шуда бошад.

Далелҳои шайъӣ бояд якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шаванд. Дар сурате, ки калонҳаҷм бошад ва ё бо сабабҳои дигар бо парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ доштани он имконнопазир бошад, далели шайъиро аксбардорӣ карда, мӯҳр зада, дар ҷое, ки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя нишон медиҳанд, нигоҳ дошта, дар ин бора дар парванда маълумоти дахлдор сабт карда мешавад.

Дар вақти аз мақомоти таҳқиқ ба муфаттиш ё аз як муфаттиш гирифта ба муфаттиши дигар супоридани парвандаи ҷиноятӣ, инчунин ба прокурор ва суд супоридани он далели шайъӣ якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ равон карда мешавад.

Агар нигоҳдории далели шайъӣ бар зарари парванда набошад, он гоҳ ба нигоҳубини соҳибаш вогузор карда, ҳамзамон ӯ огоҳонида мешавад, ки дар сурати содир намудани ҳаракати ғайриқонунӣ нисбат ба далелҳои шайъӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Далели шайъӣ то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё то тамом шудани мӯҳлати шикоят аз қарор ё таъиноти оид ба қатъ кардани парванда нигоҳ дошта мешавад. Дар мавридҳое, ки баҳси ҳуқуқ доштан ба ашё бо роҳи мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда мешавад, далелҳои шайъӣ то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд нигоҳ дошта мешаванд.

Агар далелҳои шайъӣ маҳсулоти зуднобудшаванда бошанд ва онҳоро ба соҳибаш баргардондан мумкин набошад, барои мақсаднок истифода бурдан онҳо ба муассисаҳои дахлдор супурда мешаванд. Агар зарур шавад, ба ҷои онҳо ба соҳибаш чизҳои дорои ҳамон гуна сифат ё арзишашон пардохта мешавад.

7. Протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд

Протоколи амали тафтишӣ, ки мувофиқи талаботи КМҶ ҶТ тартиб дода шуда, ҳолатҳоеро тасдиқ мекунанд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, дастгиркунӣ, барои шинохтан пешниҳод намудан, санҷиши нишондодҳо дар ҷои ҳодиса, озмоиши тафтишӣ, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар воситаҳои техникии алоқа ҷой доштанд, инчунин протоколи маҷлиси суд, ки мутобиқи талаботи КМҶ ҶТ тартиб дода шудаанд, далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ ба шумор мераванд.

8. Ҳуҷҷатҳои дигар ҳамчун далел эътироф мешаванд, ба шарте, ки маълумоти дар онҳо аз ҷониби корхонаю ташкилот, шахсони мансабдор ва воқеӣ инъикос ё тасдиқнамуда барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамият дошта бошанд. Ҳуҷҷат метавонад маълумотеро дар бар гирад, ки хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шудааст. Ба ҳуҷҷат маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео дохил мешаванд, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар гирифта шудаанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 86 КМҶ ҶТ пешниҳод ва ҳамчун далели парванда эътироф гардидаанд.

Ҳуҷҷат ба маводи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоте, ки мурофиаи ҷиноятиро пеш мебарад, ҳамроҳ карда, дар тамоми давраи мавҷудияти он нигоҳ дошта мешавад. Агар ҳуҷҷати гирифта ва ба парванда ҳамроҳкарда ба соҳиби қонуниаш барои ҳисобгирӣ ё ҳисоботдиҳии ҷорӣ ё мақсадҳои дигари қонунӣ зарур шавад, ба ӯ имконият дода мешавад, ки ин ҳуҷҷатро барои истифодаи муваққатӣ гирад ё нусхабардорӣ кунад.

Баъди як соли эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ё қарори мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар бораи қатъи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуҷҷати аслии ба парванда хамроҳкардашуда тибқи дархост ба соҳиби қонуниаш баргардонида мешавад. Ҳамзамон дар парванда нусхаи ҳуҷҷате нигоҳ дошта мешавад, ки саҳеҳ будани он вобаста ба ҷойи нигаҳдошти парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш, прокурор ё суд, судя тасдиқ карда шудааст.

Маводи дар ҷараёни амали оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст овардашуда ба шарте далел эътироф карда мешаванд, ки бо риояи муқаррароти КМҶ ҶТ ҷамъоварӣ шуда бошанд.

5.3. Мафҳум, предмет ва ҷараёни ИСБОТкунӣ

Исботкунӣ ин фаъолияти бо тартиби қонуни мурофиавии ҷиноятӣ муқарраргардидаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, прокуратура ва суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки барои ҷамъ кардан, санҷидан ва баҳо додани далелҳо бо мақсади муайян кардани ҳақиқат оиди парвандаи ҷиноятӣ ва иҷро намудани вазифаи мурофиаи ҷиноятӣ равона шудааст.

Меъёрҳои ҳуқуқии мурофиавӣ-ҷиноятие, ки мақсад, тартиб, ҳудуд ва мазмуни исботкуниро оиди парвандаи ҷиноятӣ танзим мекунанд, ҳуқуқи исботкунӣ номида мешаванд.

Мақсади исботкунӣ ин муқаррар кардани ҳақақат оиди парвандаи ҷиноятӣ мебошад. Ҳақиқат оиди парвандаи ҷиноятӣ ҳамон вақт муқарраркарда ҳисобида мешавад, ки агар ҳамаи ҳолатҳои воқеии парванда, кирдори шахси ҷиноятро содиркарда дуруст муайян карда шуда бошад, ба ин кирдор баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуда, ҷазои татбиқгардида ба қонун ва ҳамаи ҳолатҳои парванда, дараҷаи хавнокии кирдор, шахсияти гунаҳгор мутобиқат кунад.

Предмети исботкунӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ ин маҷмӯи ҳолатҳои воқеие мебошанд, ки муқаррар кардани онҳо барои ҳалли дурусти парвандаи мазкур заруранд.

Мавриди зикр аст, ки барои ҳар як парванда ҳолатҳое, ки ба вай хосанд, моҳиятан муҳим ва зарур шуда метавонанд. Аммо ҳаммаи ҷиноятҳо ҳамчун кирдори ғайриқонунии барои ҷамъият хавфнок, ба худ умумият дошта, як қатор ҳолатҳои умумие ҳастанд, барои исботкунӣ оиди ҳар як парвандаи ҷиноятӣ бояд муқаррар карда шаванд.

Ҳамин тавр, мутобиқи моддаи 85 КМҶ ҶТ оид ба парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ ҳолатҳои зерин бояд исбот карда шаванд:

— ҳодисаи ҷиноят (вақт, ҷой, тарз ва дигар ҳолатҳои содир намудани ҷиноят);

— ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро муайян мекунанд;

— ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд;

— ҳолатҳое, ки метавонанд боиси аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод кардани шахс гарданд;

— ҳолатҳое, ки гунаҳгории айбдоршавандаро дар содир кардани ҷиноят ва мусоидат намудан ба он, дараҷаи гуноҳ ва ангезаи онро муайян мекунанд;

— ҳолатҳое, ки хусусият ва андозаи зарари аз ҷинояти содиршуда расидаро муайян мекунанд;

— ҳолатҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят гардидаанд;

— ҳолатҳои ба дараҷа ва хусусияти ҷавобгарии айбдоршаванда таъсиррасонанда, ки дар моддаҳои 61 ва 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, инчунин дигар ҳолатҳое, ки шахсияти айбдоршавандаро арзёбӣ мекунанд.

Дар моддаҳои 61 ва 62 таносубан ҳолатҳои сабуккунандаи ва вазнинкунандаи ҷазо пешбинӣ шудаанд. Чунончӣ, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) бори аввал содир намудани ҷиноят; б) ноболиғ будани гунаҳгор; в) ҳомиладор будан; г) кӯдакони хурдсол доштани гунаҳгор; д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рӯи дилсӯзӣ содир намудани ҷиноят; е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳие, ки сабаби он зӯроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад; ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан, дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр; з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмони ё рӯҳи вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят; и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови амволи дар натиҷаи ҷиноят бадастомада; к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кӯмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо бошад инҳо мебошанд:

а) такроран содир намудани ҷиноят, рецидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят; б) оқибати вазнин доштани ҷиноят; в) дар ҳайати гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят; г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят; д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани ашхосе, ки гирифтори бемории рӯҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин ашхоси хурдсол ё ноболиғ; е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати маҳалгароӣ, миллӣ, нажодӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қассосгирӣ барои амалҳои қонунии ашхоси дигар, инчунин бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он; ж) дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кӯдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад; з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ ё ҷамъиятиаш; и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст; к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус садизм, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида; л) содир намудани ҷиноят нисбати ашхос бо истифодаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ , техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок; м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқулодда, офати табиӣ ё фалокатҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ; н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда; п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё дигар нияти нопоку паст.

Агар ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи дар моддаҳои 61 ва 62 қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда дар моддаи дахлдори қисми махсуси КҶ ҶТ ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онҳоро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунанда ё вазнинкунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест.

Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари низ мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд. Аммо ҳангоми таъини ҷазо суд наметавонад ҳолатҳоеро, ки дар моддаи 62 КҶ ҶТ пешбинӣ нашудаанд ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф кунад.

Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон ба муайян кардани ҳолатҳои зайл диққати махсус додан лозим аст:

— синну соли ноболиғ (рӯз, моҳ, соли таваллуд); — шароити зиндагӣ ва тарбия; — сабаб ва шароитҳое, ки ба ҷиноят содир кардани ноболиғ мусоидат намудаанд; — мавҷудияти таҳриккунандагон ва шарикони дигар.

Ҳангоми мавҷуд будани маълумот дар бораи камақлии ноболиғ, ки бо бемории рӯҳӣ алоқаманд нест, инчунин бояд моҳияти кирдори худро пурра дарк карда тавонистани ӯ ошкор карда шавад. Барои муқаррар кардани ин ҳолат бояд падару модари ноболиғ, муаллимон, мураббиёни ӯ ва шахсони дигаре, ки маълумоти зарурӣ дода метавонанд, пурсида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои лозима талаб карда, амалҳои дигари тафтишӣ ва судӣ анҷом дода шаванд.

Ҷараёни исботкунӣ гуфта рафти ҷамъ овардан, тафтиш кардан ва баҳодиҳӣ ба далелҳо бо мақсади дуруст муайян кардани ҳолатҳои воқеӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ фаҳмида мешавад.

Ҷараёни исботкунӣ се давраро дар бар мегирад. Инҳо, ҷамъ овардани далел, тафтиши далел, баҳодиҳии далел мебошанд.

Ҷамъ овардани далел дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ бо тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТ анҷом дода мешавад. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, инчунин суд, судя бо дархости тарафҳо ҳуқуқ доранд: — оид ба парвандаи таҳти пешбурд қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ ҳар шахсро барои пурсиш ва пешниҳод кардани хулоса ба сифати коршинос ҷалб намоянд;

— азназаргузаронӣ, кофтуков ва амали дигари тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкурро анҷом диҳанд; — аз корхона, ташкилот, муассиса, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом додаанд, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва ашёи барои парванда аҳамиятдоштаро талаб намоянд; — пешбурди тафтиш ва санҷишро (ревизия) аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор талаб кунанд.

Ҳимоятгаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ барои иштирок дар баррасии парванда роҳ дода шудааст, ҳуқуқ дорад:

— далелҳо пешниҳод кунад; — маълумотеро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ҷамъ оварад; — маълумотнома, тавсифнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз муассиса, ташкилот ва корхонаҳои мухталиф, ки бо тартиби муқарраршуда ба додани ин ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо ӯҳдадоранд, талаб кунад; — бо ризои ҳимояшаванда фикри мутахассисонро барои шарҳи масъалаҳое, ки вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба миён меоянд ва онҳо дониши махсусро талаб мекунанд, пурсад.

Маълумот ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ, сабти аудиою видео, инчунин ашё ва ҳуҷҷатҳоеро, ки далел шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгар, айбдоркунанда, судшаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, шаҳрвандон, шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассиса ҳуқуқ доранд пешниҳод кунанд.

Тафтиши далелҳо. Ягон далели ҷамъовардашуда, то кадом дараҷае боваринок ва бенуқс набошад, тафтиш нагардида барои хулоса баровардан асос шуда наметавонад. Яъне шахсони барандаи тафтишоти пешакӣ, прокурор ва суд вазифадоранд тамоми далелҳои аз рӯи парванда ҷамъовардашударо бодиққат, ҳамаҷониба ва холисона тафтиш кунанд.

Тафтиши далелҳо аз таҳлили далелҳои ба даст овардашуда, муқоисаи онҳо бо дигар далелҳо, далелҳои нави ҷамъовардашуда, манбаъҳои ба даст овардашудаи далелҳо иборат аст.

Баҳодиҳии далелҳо давраи ҷамбастии ҷараёни иботкунӣ мебошад, ки дар асоси он парванда ҳалли худро меёбад.

Ҳар як далел бояд аз нигоҳи мансубият, имконпазирӣ, саҳеҳ будан ва ҳамаи далелҳои ҷамъоваришуда дар маҷмӯъ аз ҷиҳати кифоя будан барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо дода шавад.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қонун ва дарки ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, далелҳоро бо ақидаи ботинии худ баҳо медиҳанд. Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ далелҳоро аз нуқтаи назари кифоя будан барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс баҳо медиҳанд. Суд, судя ба далелҳо аз нуқтаи назари кифоя буданашон барои ҳалли масъалаи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баҳо медиҳанд. Ягон далел пешакӣ қувваи муайянкунандаро доро нест.

Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд, инчунин барои исботи ҳолатҳои дар моддаи 85 КМҶ ҶТ зикрёфта татбиқ карда намешаванд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *