Фанни Ҳуқуқ

Ахоли дар хукуки байналхалки

Аҳолӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ.

1.Мафҳуми аҳолӣ ва ҳайати он.

2.Шаҳрвандӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ.

  1. Мафҳуми аҳолӣ ва ҳайати он.

Мафҳуми аҳоли дар ҳуқуқи байналхалқӣ чунин таъриф дода шудааст, маҷмӯи шахсони ҷисмоние, ки дар Айни ҳол дар ҳудуди давлати муайян зиндагӣ мекунанд.

Ҳайати аҳолӣ ҳар як давлат иборат мебошад; аз шаҳрвандони худи давлат, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ /апатридҳо/, шахсони душаҳрвандӣ /бипатритҳо/. Чунин тақсим намудани ҳайати аҳоли олимони шинохтаи соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ Г.И.Тункин., С.В.Черниченко, В.И.Менжинский, Н.Т.Бхатова тарафдор мебошанд.

Ҳаҷми додани ҳуқуқу озодиҳо бо аҳоли алоқаманд ба хусусиятҳои инкишофи иқтисодии иҷтимоии миллии ҳар як мамлакат мебошад. Аммо шаҳрванди худи давлати истиқоматдошта, назар ба дигар гурӯҳҳои аҳолӣ дорои ҳуқуқу озодиҳои васеъ мебошад. Ҳолати ҳуқуқии хориҷиён, шахсони ба шаҳрвандӣ ва шахсони ду шаҳрванди аз сохти иҷтимоии мамлакати истиқоматдоштаашон ва то чи андоза ҳуқуқу озодиҳои демократии инсонро, ки дар меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ таҷассум ёфтаанд давлати мазкур дар фаъолияташ ба роҳбари мегирад, вобаста мебошад.

Дар танзими ҳолатҳои ҳуқуқии аҳолӣ мавқеи муҳимро санадҳои ҳукуқи байналхалқӣ ишғол менамояд ва соли 1975 ба сифати яке аз приципҳои мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ; принципи эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон эътироф шуд, ки мувофиқи Принсипи мазкур ҳар як давлати иштирокчии муносибатҳои байналхалқӣ ӯҳдадор аст, ки бояд қонунгузории дохилидавлати худро ба санадҳои байналхалқӣ оиди ҳуқуқи инсон ҷавобгӯ созад.

Ҳуқуқу озодии инсонро Оинномаи СММ, Эъломияи ҳуқуқи башар, Пактҳои байналхалқи оиди ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналхалқии муқаддас мешуморанд. Баҳри мубориза бурдан барои бартарфсозии поймолшавии ҳуқуқи инсон дар олами муосир, даҳҳо ташкилотҳои байналхалқӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ба ин мисол шуда метавонад Созмони Миллали Муттаҳид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва иштирокчии муносибатҳои байналхалқӣ дар Қонуни Асоси ҳуқуқ ва озодии ва озодии инсонро муқаддас шуморида ба воситаи ҳуқуқҳо ва санадҳои байналхалқие, ки эътироф намудааст, ҳифзи онро таъмин менамояд.

Маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон ва тартиботи ҷамъияти, ҳимояи сохти конститутсиони ва тамомияти арзи ҷумҳури раво дониста мешавад.

  • Шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ.

Мафҳуми шаҳрванд дар адабиётҳои ҳуқуқи алоқаи шахси ҷисмони бо давлати муайян фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дар муносибат бо ин давлат ба вуҷуд меояд ва тобеи ҳокимияти мустақӣли он мебошад. Истилоҳи гуногуни таалуқияти шахси воқеи ба давлат дар қонунгузории давлатҳо дода мешавад. Масалан дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумхурияви истилоҳи «шаҳрванд», давлатҳои шакли идоракуниашон монархия «тобеият» /подданство/ ва дар баъзе қонунгузориҳо истилоҳи «миллат» низ ба ҷои истилоҳи «шаҳрванд» кор фармуда мешавад.

Ҳолати ҳукуқи тартиби ба даст овардани шаҳрванди ва роҳҳои маҳрум шудан аз он дар қонунгузории дохилидавлатӣ ва роҳҳои маҳрум шудан аз он дар қонунгузории дохилидавлати барқарор шуданд.

Роҳҳои ба даст даровардани шаҳрвандиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд. Гурӯҳи аввал, тартиби умуми оиди роҳи ба дастоварии шаҳрванд ва гурӯҳи дуюм бошад тартиби истиснои ном дорад. Тартиби умуми ду тарзи ба дастоварии шаҳрвандиро муқаррар кардааст: 1) дар натиҷаи таввалуд. 2) дар натиҷаи натурализация /қабул ба шаҳрвандӣ/.

Тартиби истиснои роҳи бадастоварии шаҳрванд дорои тарзҳои зерин мебошад. 1) гирифтани шаҳрванди ба тариқи гурӯҳи ё натурализацияи коллективӣ /трансфет/; 2) шаҳрвандӣ: 3) реинтеграция – барқароркуни ба шаҳрвандӣ. Тарзи бадастоварии шаҳрвандӣ дар натиҷаи таввалуд бо принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад.: 1/присипи ҳуқуқи хуни /Милли/: 2/Принсипи ҳуқуқи хоки /ҳудуди/

Мувофиқи Принсипи ҳуқуқи хуни шаҳрванди шахс аз дигар шаҳрванди волидайнаш муайян мешавад новобаста аз ҷои таваллуд.

Принсипи мазкур дар як қатор давлатҳои Аврупо, Австрия, Норвегия, Финляндия, Италия дида мешавад. Мувофиқи ҳуқуқи хоки бошад шаҳрвандиро шахс новобаста аз шаҳрванди волидайнаш, балки аз ҷои тавваллуд мегирад. Принсипи ҳукуқи хоки дар давлатҳои Америкаи Лотинӣ истифода мешавад. Ба ғайр аз присипҳои номбаршуда боз присипи дигар яъне Принсипи омехта низ дар вақти ба даст оварии шаҳрванди истифода мешавад. Мувофиқи ин принсип кӯдаки шаҳрванди давлати муайян, ки дар дохил ва хориҷи он таваллуд ёфтааст ва ё кӯдаки шаҳрванди хориҷ, ки дар қаламрави он таваллуд шудааст шаҳрванд ҳисоб мешавад.

Чунин принсип дар Америка, Англия, Франция, Ҳиндустон истифода мешавад Роҳи дигар ба дастоварии шаҳрванди ин тарзи натурализация мебошад, ки шахс шаҳрванди ин давлатро аз бешаҳрвандиаш ё шаҳрванди дигар давлат буданаш қабул менамояд.

Тартиби ба натурализация гирифтани шаҳрванди чуни наст: 7/қабули шаҳрванди аз тарафи шахси бешаҳрванд; 2/ дар натиҷаи ба никоҳ даровардани шаҳрванди як давлат ба шаҳрванди давлати дигар; 3/ бо роҳи фарзандхонди кӯдак, ки бешаҳрванд ё шаҳрванди дмгар давлат мебошад.

Дар баъзе давлатҳо мӯҳлат ва шартҳои пешбини шудааст бо роҳи натурализация қабул кардани шаҳрванд. Мисол.Франция, ШМА – 3 сол, Англия, Норвегия – 7 сол, Испания – 10сол, муқаррар мекунанд. Шартҳои дигари пешбинишуда ин донистани забон, истиқомати доими, набудани душмани сохти мавҷуда ва ғайра мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ» 4 ноябри соли 1995 қабул шуд, ки мувофиқи моддаи 15 он шахс ба таври зайл шаҳрванди ҶТ мешавад:

  1. аз рӯи таваллуд; 2. аз рУи бақайдгирии он; 3. дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ 4. дар натиҷаи барқарор шудан ба шаҳрванди ҶТ; 5. бо роҳи интихоби шаҳрванди /оптация/ дар сурати тагйир ёфтани мансубияти давлати қаламрав ва аз рӯи асосҳои дигаре, ки шартномаҳои байналхалқииҶТ пешбини кардаанд.

Шартҳои қабул кардан ба шаҳрвандии ҶТ инҳо мебошанд: 1/ шахс 18сола ва қобили амалкуни дошта бошад; 2/ барои шаҳрванди ҶТ дархост намояд; 3/дар ҶТ истиқомати доими дошта бошад. Шартҳое, ки ба шаҳрвандии ҶТ қабул шуданро осон мекунанд, инҳо мебошанд; 1/ шаҳрванди собиқ ИҶШС будан; 2/ фарзандхон кардани кӯдаке, ки шаҳрванди ҶТ аст; 3/ доштани комёбиҳои калон дар соҳаи илму техника ва маданият ҳамчун соҳиби касбу ҳунаре будан, ки барои ҶТ манфиат меоварад; 4/ хизматҳои шоиста доштан дар назди ҶТ дар эҳёи ҶТ ва амали намудани ормону арзишҳои умумибашар ӣ; 5/ паноҳгоҳ ёфтан дар қаламрави ҶТ; 6/ дар собиқ аз рӯи таваллуд шаҳрванди ҶТ будани шахс ё ақкалан яке аз хешовандони наздики ӯ; 7/ дар ақди никоҳи шаҳрванди ҶТ; Мақомотҳое, ки корҳои оиди шаҳрвандиро дар ихтиёр доранд дар ҶТ инҳо мебошанд; Президенти ҶТ, Комиссия оиди ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти ҶТ; Вазорати Корҳои дохилии ҶТ; Вазорати корҳои хориҷии ҶТ; намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои ҶТ.

Доири фарзандҳое, ки волидайнашон шаҳрванди ҶТ мебошанд, принципи хуни ҷорӣ мешавад сарфи назар аз ҷои таваллуд.

Нисбати фарзандҳои шахсони бешаҳрванд бошад, приципи хоки, яъне кӯдаконе, ки дар қаламрави ҶТ таваллуд меёбанд ва волидайнашон шахси бешаҳрванд мебошанд, шаҳрванди ҶТ ҳисоб мешаванд. Фарзандҳои шаҳрвандони хориҷиён, ки дар қаламрави ҶТ таваллуд ёфтаанд дар ҳолати давлати дигар онро шаҳрванди давлати худ қабул накунад, он гоҳ шаҳрванди ҶТ ҳисоб мешавад.

Асосҳои рад намудан ба шаҳрванди ҶТ инҳо мебошад; 1/ тарафдори зӯран тағйир додани сохти конститутсияи ҶТ бошад, шахси дархосткунанда; 2/ узви ҳизбҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо присипҳои конститутсионии ҶТ мувофиқ набошад ; 3/ маҳкум шуда, шакли маҳрумият аз озоди барои амалиёте, ки мувофиқи қонуниятҳои ҶТ таъқиб мешавад, адои ҷазо мекарда бошад; 4/ шаҳрванди давлати дигар бошад, дар сурате, ки ба ӯ дар бораи шаҳрвандии дӯстона мувофиқатномаи байнидавлатӣ баста нашудааст. Шахрванди дар мавридҳои зерин қатъ мегардад; 1/ дар натиҷаи тарки шаҳрванди; 2/ дар натиҷаи аз даст додани шаҳрванди; 3/ дар натиҷаи бекор кардани қарори оиди ба шаҳрванди қабул кардан; 4/ дар натиҷаи маҳрум кардан аз шаҳрванди; 5/ дар натиҷаи тағйири қаламравӣ /оптация/.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *