Фанни Ҳуқуқ

Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ

нақшаи лексионӣ

1. Мафҳум ва моҳияти сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ (ҲБХ);

2. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ;

  1. Мафҳум ва моҳияти сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.

Дар илми ҳуқуқ вақте ки дар бораи сарчашмаҳо сухан меравад, шаклҳоеро дар назар дошта мешавад, ки дар онҳо ин ё он меъёри ҳуқуқӣ ифода ёфтааст. Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ хусусияти ба худ хосро доранд. Дар соҳаи ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи ва қоидаҳое, ки дар шартномаҳо ва созишномаҳо пешбинӣ шудаанд диққати махсус дода мешавад. Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ аз 4 намуд иборат аст:

1. Шартномаҳои байналхалқӣ;

2. Қонунгузории миллӣ;

3. Амсоли судӣ ва арбитражӣ;

4. Урфу одатхо;

2. Сарчашмаи якумини соҳаи ҲБХ шартномаҳои байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, баромад мекунад. Лекин пеш аз ба баррасии масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ намудан, бояд ба табиати ҳуқуқии ин асоси татбиқгардии ҳуқуқи хориҷиро бояд дида бароем. Тибқи нишондоди қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси Граджании Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналхалқӣ, ки барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудааст, дар доираи қонунгузории мамлакат мавқеи худро дошта эътироф мешавад. Ҳамчунин бояд кардан лозим аст, ки ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи гражданӣ инчунин кодекси гражданӣ, конунҳои дигар, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.

Санадҳои дар боло қайд гардидаи ҳуқуқи гражданӣ аз тарафи мақомоти дахлдори мамлакат қабул гардидааст, шакли ҳуҷҷати хаттии дорои сохтори муайяне дошта дорои қувваи юридики дошта аз тарафи давлат муҳофизат ва таъмин карда мешавад.

Таҳлили шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон мндиҳад, ки низ дорои нишонаҳои зикр гардида мебошад. Мувофиқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сифати шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналхалқие фаҳмида мешавад, ки он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналхалқи баста шуда он барои танзими муносибатҳои байни онҳо равона карда шудаасвт фаҳмида мешавад.

Ба монанди санадҳои ҳуқуқи гражданӣ шартномаҳо байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санадҳои меъёри хуқуқӣ баромад менамояд. Лекин дар фарқият аз санадҳои дохили давлатӣ шартномаҳои байналхалқӣ созишномаи байни давлатҳо буда он доир ба шартҳои бо созиши ҳамдигар муқаррар намудаи ин давлатҳо баста мешавад. Барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намудани қувваи юридикӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ шартномаи байналхалқӣ бо тартиби дар он муқаррар карда шуда ба қувваи қонунӣ бояд дарояд. Талаботи қисми 4 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чопӣ расмии санадҳои қабул гардида нисбати шартномаҳои байналхалқӣ паҳн мешавад.

Аксарияти шартномаҳои бапйналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои танзими муносибатҳои хуқуқи гражданӣ нигаронида шудааст, муқаррарот оид ба соҳаи амал ва дар қадом давра он бояд амал намояд ҷой дода шудааст. Ба сифати чунин санад Муоҳидаи Вена «Дар бораи хариду фурӯши байналхалқии мол» аз соли 1980 ба шумор меравад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 1, Муоҳидаи соли 1980 нисбати шартномаҳои хариду фурӯши тарафҳое татбиқ мегардад, ки корхонаҳои тиҷоратии он дар мамлакатҳои гуногун воқеъ гардидааст: а) ба шарте, ки ин давлатҳо иштирокчии муоҳидаи Венагӣ бошанд ва б) вақте, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ҳуқуқи давлатати созишкунанда татбиқ гардад.

Розенберг М.Г. моҳияти Муоҳидаи Венаро таҳлил намуда масъалаҳои гуногуни амалиро бардоштааст. Агар бо назардошти мавқеи Розенберг М.Г. масъалагузори намоем, пас тибқи нишондоди моддаи 1 Муоҳидаи Венагӣ аз соли 1980, агар тарафҳои шартнома хариду фурӯш ба сифати ҳуқуқи татбиқ шаванда ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намоянд ва ё суд бо назардошти ягон асос муқаррар намояд, ки ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Дар чунин маврид бо дар назардошти талаботи моддаи 1 Муоҳидаи Венагӣ бояд ҳатман нишондоди ҳамин муоҳида татбиқ гардад.

Масъалаи бардоштаро ба хотима расонида бояд қайд намоем, ки дар шартномаи байналхалкии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи амал муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ ба ҳисоб равад, пас дар чунин маврид он нисбат ба нишондоди қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дошта бояд ба роҳбарӣ гирифта шавад. Моҳияти ҳуқуқӣ-байналхалқии хешро гум накарда шартномаҳои байналхалқӣ ба тартиботи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намегузаранд ва танзими худро ҳамчун меъёри ҳуқуқи байналхалқии махсус ба амал мебароранд.

Ҳамин тариқ ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳангоми муайян намудани нақши шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ татбиқгардии шартномаҳои байналхалқӣ на дар асоси нишондоди санадҳои ҳуқуқи миллӣ (моддаи 7 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) балки дар асоси муқаррароти худи шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба доираи амали он ва принсипи умуми эътироф гардида «шартномаҳо бояд риоя шаванд – pucta sunt servanda», ки таҷассуми хешро дар моддаи 26 Муоҳидаи Венагӣ «Дар бораи шартномаҳои байналхалқӣ» аз соли 1969 танзим карда мешавад.

Ба кадом қонунҳои хосияти дохилӣ дошта, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд бояд диққати махсус зоҳир намуд, ба онҳо дохил мешаванд:

1.Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 (моддаҳои 1,5,10,11,15,16 ва ғайра) ;

2. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 7 «ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ» қисми сеюми Кодекси гражданӣ ҶТ қувваи амалро 1 марти соли 2005 пайдо намуд.

3. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 (охирон тағйироту иловаҳо 1 августи соли 2012 ворид карда шудаанд);

4. Кодекси оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998;

5. Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 аз 1 феврали соли 2009;

6. Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008.

Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии танзимкунандаи муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардидашуда дониста мешавад. Аксарияти меъёрҳои коллизионии дар фасли VII кисми 3 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бобҳои 63 «Муқаррароти умумӣ»; боби 64 «Меъёрҳои коллизионӣ» ҷамъ оварда шуда аст. Боиси қайд аст, ки дар боби 64 нӯҳ параграфҳои бо ҳам алоқаманд ҷой дода шудааст.

Дар асоси моддаҳои боби 64 масъалаҳои зерин таҳлили хешро меёбанд: Конуни шахсӣ (моддаи 1200 КГ); ҳуқуқе, ки ҳангоми муқаррар намудани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии шахси ҷисмонӣ (моддаи 1201 КГ), қонуни шахсии шахси юридикӣ (моддаи 1206 КГ).

Ба ғайр аз ин дар боби 64 меъёрҳои коллизионие мустаҳкам карда шудааст, ки тибқи он ҳуқуқи бо иродаи тарафҳо нистати шартнома интиҳоб кардан (моддаи 1218 КГ) ва инчунин ҳуқуқе, ки ҳангоми аз ҷониби тарафҳо интихоб нагардидан (моддаи 1219 КГ) муқаррар карда шудааст. Дар адабиётҳои муосири юридикӣ ҳангоми баррасии масъалаи меъёрҳои коллизионӣ, мавҷуд будани як қатор камбудиҳо қайд мешавад. Ҷараёни танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-хусусии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардонида шуда аз давраҳои бо ҳам алоқаманд иборат мебошад. Якум, ҳалли коллизияи ҳуқуқ ва бо ёрии меъёри коллизионӣ интихоби тартиботи нисбати муносибати мазкур татбиқшаванда; Дуюм, татбиқи меъёрҳои моддӣ-ҳуқуқии тартиботи дахлдор. Дар ҳар яки ин давраҳои баррасишаванда муаммоҳои дахлдори худ вуҷуд дорад. Дар давраи якум муаммои бевосита бо ҷараёни интихоби ҳуқуқ алоқаманд буда ба вуҷуд меояд.

Одатҳои байналхалкӣ.

Ба сифати сарчашмаи навбатии ҲБХ одатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, баромад менамояд. Дар адабиёти юридикӣ ҳангоми баррасии масъалаи одатҳо истилоҳҳои гуногун истифода мешавад. Масалан, истилоҳҳои одатҳои муомилоти корӣ одатҳои байналхалқӣ ва одатҳои давлатэътироф намуда. Ҳангоми мавҷуд будани намуди гуногуни одатҳо саволе ба миён меояд, ки бо кадом хусусият одатҳо аз ҳамдигар фарқ менамоянд ва кадом аз одатҳои номбурда ба сифати асоси татбиқ гардидани ҳуқуқи хориҷӣ баромад менамояд.

Дар назарияи ҳуқуқ зери мафҳуми одатҳо қоидаи рафтори хусусияти умуми доштае фаҳмида мешавад, ки таърихан ташаккул ёфта бинобар бисёр такрор гардидан хусусияти танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятиро пайдо намудааст. Байни ҳамаи одатҳо одатҳои ҳуқуқиро ҷудо мекунанд. Ба одатҳои ҳуқуқӣ одатҳое дохил карда мешаванд, ки он аз тарафи давлат бо воситаи дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба он ишорат намудан эътироф карда шудааст.[1] Ҳангоми таснифи одатҳо бояд чунин хусиятҳо ба инобат гирифта шавад.

  1. Аҳамияти омили вақт;
  2. Зарурати татбиқ ва риоя гардидани мунтазами одатҳо ;

Байни ҳамаи одатҳо, одатҳои байналхалқиро фарқ менамоянд. Ҳамаи одатҳои байналхалқиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд. Якум, он одатҳое, ки дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ ташаккул ёфтааст ва ба сифати сарчашмаи ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ баромад менамоянд. Дуюм, он одатҳое, ки дар таҷрибаи савдои байналхалқӣ байни шахсони хусусӣ ташаккул ёфтааст. Чунин одатҳоро одатҳои савдоии байналхалқӣ меноманд.

В.П. Звеков қайд намудааст, ки одатҳо ба одатҳои байналхалқии дар шароити муносибатҳои байналхалқӣ ва одатҳои байналхалқии тиҷоратии дар ҷараёни фаъолияти соҳибкорӣ ба миён омадаасст, фарқ карда мешавад.

Бо назардошти ақидаи олимони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ ҳамаи одатҳорои танзимкаунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданиро ба се намуд ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Одатҳои байналхалқӣ;
  2. Одатҳои байналхалқии тиҷоратӣ;
  3. Одатҳои давлат эътироф намуда, яъне он одатҳое, ки дар доираи юрисдиксияи ягон давлат ташаккул ёфтааст.

Амсоли судӣ ва амалиётҳои судӣ.

Дар зери мафҳуми амсоли судӣ одатан қарори пештар баровардаи суд фаҳмида мешавад, ки асоснокии он ҳатмӣ ба шумор меравад, ҳангоми аз назар гузаронии парвандаҳои навбатӣ ё аз ҷониби мақомотҳои дар поён мавқеъ гирифта, ки дорои хосияти монандӣ доранд, чунин система дар бисёр кишварҳо дар кишварҳои системаи ҳуқуқии англисӣ-амрикоӣ амал менамояд. ( Британияи Кабир, Зеландия нав , ИМА ва Канада).

Нақшаи лексия: Мақсад ва вазифаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ;

1. Мақсади ҲБХ

2. Вазифаҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.

Вазифаҳои асосии ҳуқуқҳои байналхалқии хусусӣ ин :

Ҳифзи ҳуқуқҳои моликиятӣ ва ғайри моликиятии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ҳуқуқи хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи ҳуқуқҳои хориҷиён бо воситаи пешниҳоди усули коллизионии танзими муносибатҳои танзимгирии ҳуқуқии миллӣ ба онҳо амалӣ мегардад. Дар ин ҷо, бояд қайд намуд,ки қонунгузории ҳар як давлат меъёрҳои махсусро дорад, ки онҳо хусусиятҳои статуси ҳуқуқии хориҷиёнро ба назар мегирад. Чунин меъёрҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз ҷумла дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ дохил карда шудаанд.

Дигар вазифаи муҳими дар назди ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ мавқеъ гирифта – ин ҳамоҳангкунии қарорҳои судӣ ва арбитражӣ аст. Ҳамоҳангкунии онҳо вобаста аз зарурияти таъминкунии натиҷаи ҳуқуқии объективӣ новобаста аз мавқеи аз назаргузаронии мунозира мебошад. Дар охир гуфтан зарур аст,ки охирон вазифаи ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ин ёрмандӣ ба гардиши тиҷоратии шаҳрвандӣ,ки дар он шахсони ҳам миллӣ ва ҳам хориҷӣ инфиродӣ ва юридикӣ ширкат меварзанд. Чунин вазифаро ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ,пеш аз ҳама дар фазои беруниқтисодӣ амалӣ мегарданд. Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ мундариҷаи шартномаҳои беруниқтисодиро муайян месозад, ҳуқуқҳои истифодашавандаро ҳангоми ба танзимгирии масъалаҳои гуногуне, ки дар созишҳои беруниқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, муайян месозанд.

Адабиётхои тавсия шаванда.

  1. Конвенсия государств участников СНГ «О правовой помощи и правовых отношениях по гражданским семейным, уголовным делам». Звеков В.П. Международное частное право. – М. – Норма. – 2000.
  2. Международное частное право (под. редакиией Г.К Дмитриева). — М. -Проспект. — 2000. – С. 650.
  3. Международное частное право (Под.ред Ш.М. Менглиева). – Душанбе.– 2002– 360 с.

[1] Зыкин И.С. Обычаи и обыкновения в международной тавговле. М., 1983. – С.13 — 17.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *