Фанни Ҳуқуқ

Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ

Мафҳуми «шахси воқеӣ» — ро дар қонунгузории гражданӣ ва ҳам дар созишномаҳои байналхалқӣ барои инсонро ҳамчун субъекти ҳукуқ нишон додан истифода бурда мешавад. Аз рӯи мавқеи ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ ба шахсони воқеӣ ҳамаи иштирокчиёни ба муносибатҳои ҳуқуқи мувофиқ буда новобаста аз шаҳрвандии онҳо тааллуқ доранд, ки инҳо шуда метавонанд: шаҳрванди ҶТ, шаҳрвандони хориҷа ва шахсони бешаҳрванд. Шаҳрвандони хориҷа шахсоне ҳисобида мешаванд, ки шаҳрванди ҶТ намебошанд ва дорои исботи мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷаро доранд. Шахси бешаҳрванд ин шахсест, ки шаҳрванди ҶТ намебошад ва исботи мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷаро надорад.

Ҳуқуқҳои молумулкӣ, шахсии ғайри молумулкӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва мурофиавии хориҷиён бо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ танзим карда мешаванд.

Аҳамияти асосӣ барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии хориҷиён дар давлатҳои гуногун бояд дорои принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои хуқуқи байналхалқӣ оиди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бошад.

Принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои хуқуқи байналхалқӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ оиди ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ оиди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва протоколи факултативӣ ба ҳамин паймон, Конвенсияи Аврупо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, Конвенсияи ИДМ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ҷамъ оварда шудааст.

Ба шахсоне, ки дар муносибат ба онҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ амал мекунанд, аз рӯи хусусияти вазъи ҳуқуқии онҳона танҳо шаҳрвандони хориҷа дохил мешавад инчунин шахси бешаҳрванд, гурезаҳо, шахсоне, ки ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ дода мешавад, шахсони зӯран кучонидашуда ва ғайраҳо.

Дар асоси Конститутсия дар ҶТ ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд мувофиқи принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф ва кафолат дода мешавад (қ.1 м.5).

Ҳангоми ҳалли масъалаҳои коллизионӣ дар қонунгузорӣ ва доктринаи як қатор давлатҳо мафҳуми қонуни шахсии шахси воқеӣ (lex personalis) васеъ истифода бурда мешавад, ки барои танзими ҳамаи масъалаҳои асосии баробарҳуқуқии субъектон ҷалб карда шудааст. Барои муайян намудани чунин қонун намуди бисёртар паҳншудатаринро истифодаи принсипи қонуни шахсии шаҳрванд (lexpatқiae) дар ҶФО, Австрия, Италия ва дигар давлатҳои аврупо соҳиб гаштааст. Аммо дар ИМА, Англя ва дигар давлатҳои «ҳуқуқи умумӣ», инчунин дар якчанд давлатҳои гуногун қонуни шаҳрвандӣ не балкӣ қонуни маҳалли истиқомат (lex domicilii) ё худ низоми омехта татбиқ карда мешавад.

Мавқеи хориҷиён дар ҶТ пеш аз ҳама бо Конститутсияи ҶТ муайян карда мешавад. Мувофиқи Конститутсия шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун ва шартномаҳои байналхалқии ҶТ пешбинӣ намудааст (қ.2 м.16).

Дар асоси мутобиқат ба Конститутсияи ҶТ қоидаҳои умумӣ оид ба режими миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ дар қисми 1 моддаи 2 КГҶТ ҷамъ оварда шуда, дар он гуфта шудааст: « Қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси гражданӣ, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар мавриди муносибатҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, шахси бешаҳрвандӣ ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ низ истифода мешаванд ».

Ба санадҳои асосии қонунгузорӣ оиди муқаррар намудани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ дар қатори Конститутсия ва КГ ҶТ Қонуни конститутсионии ҶТ « Дар бораи шаҳрвандии ҶТ» аз 04 ноябри соли 1995, Қ ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ» аз 01 феврали соли 1996 тааллуқ дорад.

Қонунгузории ҶТ аз чунин принсипҳои асосии вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ бармеояд:

  • шаҳрвандони хориҷӣ баробари шаҳрвандони ҶТ аз ҳуқуқ ва озодиҳо истифода мебаранд ва баробари онҳо вазифа ва масъулият доранд;
  • шаҳрвандони хориҷӣ новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк дар назди қонун баробаранд;
  • дар муносибат бо шаҳрванд он давлатҳое, ки дар онҳо маҳдудиятҳои махсуси ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ватанӣ мавҷуд аст, мумкин аст маҳдудиятҳои ҷавоби гузошта шавад;
  • ҳангоми истифодаи ҳуқуқ аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ дар ҶТ, набояд ба манфиатҳои ҷамъият ва давлат, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванони ҶТ ва дигар шахсон зарар расонда шавад. Баробари дигар иштирокчиёни муносибатҳои гражданӣ, хориҷиён уҳдадоранд қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва ҳамчунин он қонунҳое, ки тартиби ба амалбарории ҳуқуқҳои граждании субъектонро муайян менамояд, риоя намоянд.

Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён дар ҶТ

Қонунгузории муосири граждании ҶТбарои муқаррар намудани ҳуқуқе, ки вазъи ҳуқуқии шахси воқеиро муайян менамояд, мафҳуми қонуни шахси воқеӣро (м. 1200 КГҶТ) истифода мебарад. Қонуни шахсӣҳуқуқеро муайян менамояд, ки барои татбиқи чунин масъалаҳо равона гардидааст:

  • қобилияти ҳуқуқдории граждании шахси воқеӣ (м.1201 КГ ҶТ);
  • қобилияти амалкунии граждании шахси воқеӣ (қ. 4 м.1201 КГ ҶТ);
  • муайян намудани номи шахси воқеӣ (м.1203 КГ ҶТ);
  • бедарак ғоибшуда ё фавтида эълон намудани шахси воқеӣ(м.1202 КГ ҶТ).

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд молу мулкро бо ҳуқуқи моликият дошта бошанд, ворис бошанд ва моликиятро ба мерос гузоранд, бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намуди фаъолият машғул шаванд, бо тартиби муқарраргардида шахсони ҳуқуқиро ба тариқи инфиродӣ ё дастаҷамъӣ якҷоя бо шахсони воқеӣ, инчунин бо шахсони ҳуқуқии ҶТ ташкил намоянд. Дар навбати худ Кодекси замин оиди ҳуқуқихориҷиён ба замин як қатор маҳдудиятро муқаррар кардааст.

Шаҳрвандони хориҷӣ баробари шаҳрвандони ҶТ ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқиро дар ҶТдоранд. Шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ метавонанд истифодабарандаи қаъри замин бошанд, агар аз тарафи қонунгузорӣ ҳуқуқи машғул шудан ба чунин намудро иҷозат дода шуда бошад. Сухан дар бораи фаъолият оид ба тадқиқ ва истифодаи қаъри замин меравад. Дар чунин ва дар як қатор ҳолатҳо шаҳрвандони хориҷӣ (ва шахсони ҳуқуқӣ) метавонанд ба намудҳои муайяни фаъолият бо иҷозатнома ва ё шаҳодатномаи иҷозатнома машғул шаванд.

Ба ғайр аз ин бояд мавриди таваҷҷӯҳ дод, бинобар ба хориҷиён додани ҳуқуқи баробар бо шаҳрванди ҶТ маҳдудиятҳои муайян муқаррар карда шудааст. Ин маҳдудиятҳо камшумор мебошанд ва ба ду гуруҳ дахл доранд.

Ба гурӯҳи якум маҳдудиятҳо дар муносибат оиди имконияти хориҷиён ба ишғоли мансаб ё машғул шудан ба фаъолияти муайян баробари шаҳрвандони ватанӣ дохил мешаванд. Онҳо наметавонанд:

  • бахизмати давлатӣ ва маҳаллӣ дохил шаванд;
  • ба корхона ё муассисае, ки фаъолияти онҳо барои таъмини бехатарии ҶТ бахшида шудааст ба кор қабул карда шаванд;
  • роҳбари киштии ҳавоии авиатсияи гражданӣ бошанд;
  • бо баъзе намуди фаъолият ва хизмате машғул шаванд, ки қонун ба шаҳрвандони хориҷӣ машғул шуданро маҳдуд кардааст.

Гурӯҳи дуюми маҳдудиятҳоро қоидаҳои муқарраркардашудаирежими махсуси ҳуқуқи хориҷиён, муайянкунандаи мавҷудияти ҳуқуқҳои ҳифзшаванда ва хусусиятҳои табиати ҳуқуқии онташкил медиҳад.

Маҳдудиятҳо барои хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд аз режими миллӣ мумкин аст дар асоси қ.3 м.16 Конститутсия факат бо қонун ва шартномаҳои байналхалқии ҶТ муқаррар карда мешавад. Ин онро мефаҳмонад, ки на дар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, на дар санадҳои мақомоти иҷроияи ҶТ наметавонанд қоидаҳои махсус барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ карда шаванд.

Назар ба қонунгузории граждании пешина Кодекси граждании нави ҶТ васоят ва парасториро ҳамчун институти ҳуқуқи гражданӣ ҳисобида, қоидаҳои коллизионии васоят ва парасториро ба қисми сеюми КГҶТ дохил намудааст.

Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ дар хориҷа

Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ дар хориҷа тавре ки қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар менамояд, ҳамон тавр бо қонунгузории давлати маҳалли истиқомат муқаррар карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, дар вазъияти духела қарор доранд: аз як тараф вазъи ҳуқуқии онҳо бо қонунгузории мувофиқи хориҷӣ муайян карда мешавад, аз тарафи дигар онҳое, ки дар ҳудуди ҶТ истиқомат мекунанд бо баробари шаҳвандони ватанӣ аз ҳуқуқҳо истифода мебаранд ва масъулият доранд ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналхалқии ҶТ муқаррар кардааст. Шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, яке аз онҳо шаҳрвандии ҶТ аст,ҳуқуқу озодиҳои онҳо маҳдуд карда намешавад ва аз уҳдадорӣ озод карда намешаванд, агар дигар ҳолатро қонунгузории ҶТ ва шартномаҳои байналхалқии ҶТ пешбинӣ накарда бошад.

Шаҳрвандони ҶТ дар хориҷа таҳти ҳимоя ва парстории ҶТ қарор доранд. Мутобиқи Конститутсия «ҶТ барои шаҳрвандони худ дар хориҷа ҳимоя ва парасториро кафолат медиҳад». Иҷроиши ин вазифа аз тарафи сафоратхонаҳо ва идораҳои консулии ҶТ дар давлатҳои гуногун таъмин карда мешавад.

Ба вазифа ва функсияҳои асосии сафоратхона ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии ҶТ дар давлате, ки онҳо қарор доранддохил мешавад. Ба идораҳои консулииҶТ уҳдадорӣ гузошта шудааст, ки шаҳрвандони ҶТ барои истифодаи васеи ҳуқуқҳо, ки қонунгузории ҳамон давлат ва шартномаҳои байналхалқие, ки ҶТ ва ҳамон давлат иштирокчии он мебошанд, инчунин одатҳои байналхалқӣ муқаррар кардааст чораҳодида шаванд. Агар аз тарафи идораҳои консулӣ муқаррар карда шавад, ки ягон ҳуқуқҳои шаҳрванд вайрон гардидааст онҳо бояд чораҳои барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншударо андешанд.

Ғайр аз ин идораҳои консулии ҶТ берун аз ҳудуди он як қатор функсияҳоеро, ки бевосита ба таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон алоқаманд аст, иҷро менамоянд. Онҳо чунин амалҳоро иҷро мекунанд:

  • бақайдгирии давлатии таваллуд;
  • бастани никоҳ;
  • қатъи никоҳ (бекор кардан);
  • фарзандхонӣ;
  • муқаррар намудани падарӣ;
  • ивази ном ва ғайраҳо.

Шахсони ваколатдори идораҳои консулӣ як қатор амалҳои нотариалиро низ иҷро менамоянд, ки инҳо мебошанд:

  • тасдиқи созишҳо;
  • оиди нигоҳубини молу мулки меросӣ чораҳо меандешад; шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос медиҳад;
  • шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба ҳисса аз моликияти умумии ҳамсаронро медиҳад;
  • дурустии ҳуҷҷатҳо ва нусхаи онро тасдиқ мекунад;
  • дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ мекунад.

Адабиётхои тавсия шаванда

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. – 2004.
  2. Международное частное право (под. редакиией Г.К Дмитриева). — М. -Проспект. — 2000. – С. 650.
  3. Гражданское право. Том 3 (Под. ред. Сергеева А.П., Толстого Ю. К.). – М. –Проспект. – 2000.-560 с.
  4. Серебровский В.И.Очерки Советского наследственного права. – М. – 1983. – 600 с.
  5. Гражданское право. Том 3 (Под. ред. Сергеева А.П., Толстого Ю. К.). – М. –Проспект. – 2000.-560 с.
  6. Иоффе О.С. Советское гражданское права. Курс лекиий. – М. – 1977. –С.312.
  7. Наследственное право Российской Федераиии (Отв. Ред. Ю.Н. Власов). – М. – 1998. -400 с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *