Фанни Ҳуқуқ

Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ

Нақшаи мавзӯъ:

1.Мақсади омӯзиши фан ва сохтори он.

2. Тавсифи мухтасари ҳуқуқи ҳарбӣ ва қонунгузории ҳарбӣ.

1.Мақсади омӯзиши фан ва сохтори он

Мақсади омӯхтани фанни махсус Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ иборат аз чуқуртар шинос намудани донишҷӯён бо самтҳои асосии ташаккули ҳуқуқи ҳарбӣ,проблемаҳои квалификатсияи ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ,пешгирии ин ҷиноятҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,мебошад.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 43 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Дар қисми 1 моддаи 43 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд вазифаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд: ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат.

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси хар шаҳрванди Точикисон эълон мешавад. Истилоҳи «вазифаи муқаддас» ба он ишора мекунад, ки он вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар шаҳрванд аст. Вазифаи муқаддас будани ҳифзи Ватан аз муқаддасоти Ватан бармеояд. Ватан бо сарзамини аҷдодии тоҷикон алоқаманд буда, ба алоқаи сокинони имрӯзаи кишвар бо ҳаёту фаъолият, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, меҳнату корнамоии наслҳои пештара ишора мекунад. Ватани аҷдодӣ пуштибонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро аз мероси таърихии фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, аз он ҷумла анъанаҳои давлатдории миллӣ, осори ғании таърихӣ дар назар дорад. Ватан маънии муҳити зисти ҷуғрофиро дар назар дорад. Ҳифзи Ватан ҳимояи ҳудуди ҷуғрофӣ, ҳимоя ва истифодаи оқилонаву самараноки боигариҳои табииро пешбинӣ мекунад. Ватан маънои давлати миллӣ, ҳудуди ташаккулу инкишофи анъанаҳои давлатдории миллӣ ва пуштибонӣ аз онҳоро дар назар дорад. Ҳисси ватаншиносӣ дар суруди миллӣ, парчам ва нишони давлат ифодаи хешро меёбад.

Ҳифзи Ватан — ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарватҳои табииӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ, мероси таърихиро дар назар дорад. Ҳифзи Ватан дар ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона ва эълони ҳолати ҷанг гирифтани яроқ, шуҷоат, қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии хар шаҳрванди Тоҷикистонро талаб мекунад. Ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, нигоҳдошти сарзамини аҷдодӣ ва осори фарҳанги миллӣ, рушди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ободонии кишвар, ҳаёти хушбахтонаи наслҳои ҳозира ва минбаъда амалӣ карда мешавад.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он аз ҳам ҷудо нестанд. Манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ, ватаншиносӣ алоқаманданд. Ватан бо давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, амнияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии худ алоқаманд аст. Ватан ташаккулу рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ, таҳкими амният ва иқтидори мудофиавии онро дар назар дорад.

Манфиати давлат дар ҳадафу вазифаҳои он, дар самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, аз он ҷумла сиёсати ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, барномаву чорабиниҳои гуногун дар бахши беҳдошти зиндагӣ, таҳкими истиқлолият, амният, иқтидори мудофиавӣ ва фаъолияҳои дигари ҳамарӯзаи ифода мегардад. Манфиати давлат бо манфиатҳои ҷомеа ва аъзои он марбут аст. Ягонагии манфиатҳои давлат, ҷомеа ва халқ заминаи пешрафти ҷомеа мебошад. Манфиати давлат аз манфиати ҷомеа ва халқ сарчашма мегирад.

Манфиати давлат ба пешрафту камолоти ҷомеа, сатҳи баланди некӯаҳволии халқ, шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида мешавад. Дар шароити имрӯзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва энергетикӣ нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Таҳкими истиқлолияти давлат пеш аз ҳама ҳифзи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Ҳамзамон сохибистиқлолии давлат таҳкими минбаъдаро тақозо мекунад. Таҳкими истиқлолияти давлат бо чораҳои мухталифи давлатӣ дар самти пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Истиқлолитяи давлатӣ, ҳимоя ва тахкими он бо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазам, афзун намудани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, миллатшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободонии кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд. Барои ҳамин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолияти давлат таҳкими амният ва ҳимояи онро тақозо мекунад. Истиқлолияти давлат ва манфиатҳои давлати соҳибистиқлол дар ҳолати таъмини амният, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар амри воқеӣ мегарданд. Ҳифз ва таҳкими амнияти миллии давлат маънои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва таъмини амният дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-стратегӣ, илмӣ-техникӣ, иттилоот ва экологияро дорад. Шаҳрвандоне, ки ҳаёту фаъолияташон бо ин соҳаҳо вобастаанд, вазифадоранд дар таҳкими амнияти давлат саҳмгузор бошанд.

Амнияти давлат, амнияти ҷомеа ва амнияти шахс бо ҳам алокаманданд, якдигарро пурра мекунанд. Вазифаи конститутсионии шаҳрванди Тоҷикистон дар хусуси таҳкими амнияти давлат ҳамзамон таҳкими амнияти шахс ва ҷомеаро дар назар дорад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»: «Амният ҳолати муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад» (моддаи 1). Манфиатҳои ҳаётан муҳимро маҷмӯи эҳтиёҷот ташкил медиҳанд, ки қонеъгардонии онҳо мавҷудият ва имконияти рушди шахс, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд. Шахс ва ҳуқуқу озодиҳояш, ҷомеа ва арзишҳои моддиву маънавии он, давлат, сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он объектҳои асосии амниятро ташкил медиҳанд (моддаи 1 Қонун «Дар бораи амният»).

Азбаски тибқи Конститутсия таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар шаҳрванд аст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба ҳайси субъектони таъмини амният шаҳрвандонро дар қатори давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту идораҳо эътироф мекунад (моддаи 2). Шаҳрвандон якҷоя бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, мақомоти амният, идораҳои дигари давлатӣ, иттиҳодияҳо системаи аминиятро ташкил медиҳанд (моддаи 8 Қонун «Дар бораи амният»). Шаҳрвандон мисли дигар субъектҳо дар таъмини амният иштирок намуда, дорои ҳуқуқу вазифаҳоянд. Давлат ин ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд (моддаи 2 Қонун «Дар бораи амният»). Шаҳрвандон ҳақ доранд оид ба маҳдуд гаштани ҳуқуқу озоиҳояшон аз мақомоти таъмини амният тавзеҳот гиранд (моддаи 7 Қонун «Дар бораи амният»).

Таъмини амният баҳри пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба объектҳои амният сурат мегирад. Амният зимни сиёсати ягонаи давлатии соҳаи таъмини амният, тавассути тадбирҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин мешавад. Иштироки шаҳрвандон дар таъмину таҳкими амният дар заминаи принсипҳои тавозуни манфиатҳо ва масъулияти дуҷонибаи шахс, ҷомеа ва давлат сурат мегирад (моддаи 5 Қонун «Дар бораи амният»). Иштироки шаҳрвандон дар ҳифз ва таҳкими амният бо роҳу шаклҳои мухталиф сурат мегирад. Чунончи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба маълумоти сирри давлатӣ роҳ дода мешаванд, набояд онро фош созанд, шахсони воқеии мансуб ба соҳаи хизматрасонии алоқаи почта вазифадоранд талаботи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистонро иҷро намоянд (моддаҳои 10, 22). Шаҳрвандон ҳамчунин дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои террористӣ, пешгирии гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ иштирок мекунанд.

Тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи моддаи 43 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун тартиби хизмати ҳарбиро муайян мекунад. Дар Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии хизмати харбӣ бо қонунгузории соҳаи мудофиа ва хизмати ҳарбӣ муайян мешаванд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбӣ «навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи ӯҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар гирифта», аз инҳо иборат аст: хизмати ҳарбӣ мувофиқи даъват дар вазифаҳои аскар ва сержантҳо; хизмати ҳарбии ихтиёрӣ дар вазифаи прапоршикҳо; хизмати ҳарбии даъватӣ ва ихтиёрӣ дар вазифаи афсарон; хизмати ҳарбии ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон; хизмати ҳарбии курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълими ҳарбии касбӣ; хизмати ҳарбии ихтиёрии сержантӣ дар мақомоти амнияти давлатӣ (моддаи 23). Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вазифаи фахрии шахрванд аст (моддаи 16). Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон «сохтори ҳарбии давлатӣ мебошанд, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ аз таҷовуз таъин гаштааст» (моддаи 17).

Хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, қӯшунҳои сарҳаддӣ, қӯшунҳои дохилӣ, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ ва диар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ пешбинӣ мешавад. Хизмати ҳарбӣ тибқи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ сурат мегирад, ки қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмии ҳарбӣ, даъвати ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбӣ, эҳтиёти ҳарбӣ, таълими ҳарбиро дар давраи ҷанг пешбинӣ мекунад. Аз ӯҳдадории умумии ҳарбӣ мардони аз 16-сола хурд ва аз 60-сола калон, занони аз 18-сола хурд ва аз 50-сола калон озоданд (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»).

Тибқи Қонуни мазкур даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ду маротиба дар як сол — аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар васоити ахбори умум на камтар аз як моҳи пеш аз даъват чоп мешавад, анҷом дода мешавад (моддаи 22). Қонун ҳамчунин мӯҳлати хизмати ҳарбиро барои намудҳои алоҳидаи хизмати ҳарбӣ пешбинӣ мекунад, аз ҷумла мӯҳлати хизмати ҳарбӣ барои даъватшудагон ба вазифаҳои аскарон ва сержантҳо 24 моҳ муқаррар шудааст (моддаи 34). Бо мақсади такмили Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг аз ҷумлаи шаҳрвандон эҳтиёти ҳарбӣ таъсис дода мешавад. Ин шаҳрвандон ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ӯҳдадории умумии ҳатмӣ бо мақсади мудофиаи давлат ташкил мешаванд. Мудофиа вазифаи муҳими давлат, халқ ва ҳар шаҳрванд аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» зери мафҳуми мудофиа «системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст» (моддаи 1). Шаҳрвандони Тоҷикистон ӯҳдадории умумии ҳарбиро адо мекунанд ё ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, дар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ иштирок мекунанд, метавонанд баҳри таҳкими мудофиа ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил кунанд, дар ҳолати ҷанг бо талаби мақомоти ҳокимият биноҳо, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва амволи дигари мансуб ба моликияташонро бо ҷуброни минбаъдаи онҳо аз давлат барои эҳтиёҷоти мудофиа диҳанд (моддаи 16 Қонун «Дар бораи мудофиа»). Бо эълони ҳолати ҷанг ё вазъияти ҳарбӣ сафарбарии умумӣ ё ҷузъӣ эълон карда мешавад (моддаи 21).(Ннг.:Тафсири илмӣ-оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Зери таҳрири Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М. А. Маҳмудов. Душанбе.- 2009.- 655 саҳ.

Вазифаи омӯхтани фанни махсус ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ ин aз нуқтаи назари илмӣ aз худ намудани донишҳои назаравияии донишжӯён оид ба масъалаҳои ҷавобгарии ҷиноятии хизматчиёни ҳарбӣ,ба ҳисоб меравад,яъне ҳадафи асосии курси мазкур таҳлили мавқеъи мансабии шахсони ба Қувваҳои Мусаллаҳ мансубият дошта,ки ба банду басти (квалификатсияи) ҷиноят таъсир мерасонад,мебошад.

Сохтори фанни мазкур

Курси махсус чиноятхо ба мукобили хизмати харби масъалахои зеринро дарбар мегирад:

— ташаккули хукуки харби ва конунгузории харби дар Чумхурии Точикистон;

Асоси ба таври махсус ҷудо кардани ҳифзи манфиатҳои хизмати ҳарбӣ;

— Аҳамияти Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷмӯи нишондодҳо расмӣ дар таъмини амнияти ҳарбӣ;

— Асосҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Хизматчии ҳарбӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқ;

— Конуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Проблемаҳои умумии банду басти (квалификатсияи) ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ;

— Баъзе хусусиятҳои ташкил ва пешбурди таҳқиқ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Фаъолияти ҳуқуқии командирон (сардорон) дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии хизматчиёни ҳарбӣ.

Сохтори мазкур метавонад вобаста аз дигаргун гардидани конунгузории чори тағйир ёбад.

2. Тавсифи мухтасари ҳуқуқи ҳарбӣ ва қонунгузории ҳарбӣ.

Дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон,дигар конунхои чори дар Точикистон Куввахои Мусаллах амал менамоянд,ки фаъолияти онхо бо конунгузории харби ба танзим дароварда шудааст.

Дар Точикистони муосир назарияи хукуки харби ва конунгузории харби нав ташаккул ёфта истодааст.Бинобар хамин холо мафхуми хукуки харби аз чониби мухаккикони хамин соха муайян нагардиааст.Бо максади таълими,дар асоси тахлили сарчашмахо доир ба мавзуи мазкур дар хоричи кишвар,пеш аз хама Россия мафхуми хукуки харбиро чунин баён намудан мумкин аст:

Хукуки харби мачмуи меъёрхое мебошанд,ки муносибатхои чамъиятиро дар сохаи вобаста ба хизмати харби ба танзим медарорад.

Мафхуми «хукуки харби»-ро дар се чанба барраси намудан мумкин аст:1)хамчун сохаи хукук,ки муносибатхои муайяни чамъиятиро ба танзим медарорад;2)хамчун илм (сохаи хукукшиноси);хамчун фанни таълими (дар мактабхои Олие,ки чори аст).Онхо байни худ алокамандии зич доранд,декин хар кадоме маънои мустакилро доро аст.

Хукуки харби хамчун сохаи хукукба сифати замина барои сохаи илми хукук ва фанни таъдими баромад мекунад.

Сохахои хукук аз хамдигар пеш аз хама бо предмети ба танзим дарории худ фарк мекунанд,яъне намудхои муносибатхои чамъиятие,ки меъёрхои хамин сохаи хукук амал мекунад.

Предмети умумии хукуки харби муносибатхои чамъиятие,ки дар сохаи вобаста ба фаъолияти харбии давлат ба вучуд меоянд,ба хисоб меравад.Дар дохили предмети мазкур якчанд гуруххои нисбатан якхелаи муносибатхои чамъияти,ки дар сохахои гуногуни фаъолияти харбии давлат ба вучуд меоянд чудо мешаванд.

Ба гурухи якум муносибатхои чамъиятие,ки дар сохаи таъмини мудофиаи давлат ва амнияти давлат тавассути методхои харби,бо ин максад тайёри ва истифодаи элементхои ташкили харбии давлат;сохтмони харби;идоранамоии ташкилоти харбии давлат ва таъмини хаматарафаи он мансубият доранд.

Ба гурухи дуюм муносибатхои вобаста ба ичрои ухдадории харби,дохил шудан ба хизмати харби,гузаштани хизмати харби,хамчунин вазъи хукукии (статуси) хихматчии харби дохил мешаванд.

Ба гурухи сеюм муносибатхое,ки вобаста ба таъмини интизоми харби,конуният ва тартиботи хукуки,фаъолияти макомоти адлияи харби мансубият доранд.

Ба гурухи чорум муносибатхое дохил мешаванд,ки тавассути меъёрхои хукуки байналхалки вобаста ба масъалахои хамкории харба,хамчунин чавобгари барои вайрон намудани меъёрхои хукуки байналхалкии гуманитари танзим мегарданд.

Муносибатхои номбурда мафхуми «муносибатхои харбиро» дар бар мегирад,ки асосан дар фаъолияти хокимияти ичроия инъикос мегардад.

Хукуки харби ба сохаи хукуки комплекси дохил мешавад.

Меъёрхои хукуки харби нисбат ба дигар сохахои хукук бо катъияти баланд ва чавобгарии хукукии сахттари хизматчиёни харби фарк мекунад.

Хамчун сохаи хукук дар Россия рисолахои илми вобаста ба хизмати харби хам дар доираи хукукхои сохави химоя меобгаришаванд ва хам дар доираи ихтисоси илмии «Хукуки харби.Проблемахои харбии хукуки байналхалки» («Военная право.Военнқе проблемқ международного права»,шифр-20.02.03),ки он ба тарики объективи мавчудияти мустакилонаи хукуки харбиро нишон медихад.

Хукуки харби хамчун сохаи илм мачмуи донишхо доир ба чараёнхои хукуки ва зухуротхо вобаста ба он,ки дар самтхои гуногуни фаъолияти харбии давлат ба вучуд меояд мебошад ва онхоро тадкик менамояд.

Хукуки харби хамчун фанни таълими дар баъзе аз муассисахои таълимии тахсилоти оли омухта мешавад.

Конунгузории харби ин системаи конунхои конститутсиони,дигар конунхои чори,санадхои меъёри-хукукии сохави,шартномахои байналмиллали вобаста ба таъмини мудофиаи давлат ва хизмати харби мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *