Фанни Ҳуқуқ

Тавсифи умумии ҳуқуқи меҳнатӣ

1. Предмет ва мафҳуми ҳуқуқи меҳнатӣ

2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ

3. Принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ

4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд ва корфармо

5. Мафҳум ва таъиноти шартномаи коллективӣ

§ 1. Предмет ва мафҳуми ҳуқуқи меҳнатӣ

Нишонаи муҳимтарини ба соҳаҳои алоҳида ва мустақил таҷзия намудани ҳуқуқи миллиро предмет ва усулҳои танзимнамои ташкил медиҳанд. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ дорои предмети ба худ хос мебошад, ки аз доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ иборат аст. Муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳарчанд табиати ягонаи иҷитимоӣ дошта бошанд ҳам, аз якдигар бо мазмун, хусусияти он фаъолияте, ки нисбати он одамон ба робитаи ҷамъиятӣ дохил мешаванд, фарқ мекунанд.

Ҳуқуқи меҳнатӣ ҳамчун як соҳаи алоҳида ва мустақил, муносибатҳои ҷамъиятӣ – меҳнатиеро, ки оиди аз ҷониби шаҳрвандон ба амал баровардани қобилияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Гуногуншаклии моликият, гуногуншаклии татбиқи меҳнатро рӯӣ кор овард, ки бо хусусияти робитаи коркун ва соҳибмулк, дараҷаи иштироки коркунон дар идоракунии истеҳсолот, шаклҳои тақсими даромад ва дигар аломатҳо алоқаманд мебошад[1]1. Аз ин рӯ, муносибатҳои ҷамъиятӣ-меҳнатиро вобаста ба шакли моликият ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

1)муносибатҳои ҷамъиятӣ — меҳнатие, ки дар заминаи моликияти давлатӣ ба вуҷуд меоянд;

2) муносибатҳои ҷамъиятӣ — меҳнатие, ки ба моликияти коллективӣ асос ёфтаанд;

3) муносибати ҷамъиятӣ — меҳнатие, ки дар пояи моликияти хусусӣ қарор доранд[2]2.

Гурӯҳҳои нисбатан мустақил ва ба иқтисодиёти бозоргони хосро муносибатҳо оиди татбиқи меҳнати кироя ташкил медиҳанд. Онҳо дар тамоми мавридҳое, ки коркун ба ҳайси соҳибмулк баромад намекунад ва дар тақсимоти даромад ширкат намеварзад, ба вуҷуд меоянд. Чунин коркунон дар асоси шартномаи (қарордодӣ) меҳнатӣ кор карда, қувваи кории худро ба кордиҳанда ба киро медиҳад. Ин муносибатҳои меҳнатӣ, хусусияти универсалӣ дошта, бо тамоми шаклҳои моликият алоқаманд буда метавонанд.

Ғайр аз муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин дигар гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ низ ҷой доранд, ки ба муносибатҳои меҳнатӣ пайвастагии ногусастанӣ дошта, бо ҳуқуқи меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд:

— муносибатҳои ташкилӣ – идоракунӣ ва иҷтимоӣ — иқтисодӣ дар бахши меҳнат;

— муносибатҳои бо кор таъминкунӣ;

— муносибатҳо оиди омадагии касбӣ ва такмили ихтисос бевосита дар корхонаҳо;

— муносибатҳо оиди масъулияти тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ;

-муносибатҳо оиди назорат аз болои ҳифзи меҳнат ва риояи қонунҳои меҳнатӣ;

— муносибатҳо оиди баррасии баҳсҳои меҳнатӣ ва ғайра.

Муносибатҳои меҳнатии дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ басташуда, инчунин шомил шудан ба корхонаҳои кооперативӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳуқуқи меҳнатӣ гуфта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии аз тарафи давлат ё бо иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ муқарраршуда ва инчунин дар санадҳои локалӣ сабтшудаеро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ – меҳнатӣ ва дигар гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятии ба онҳо алоқамандро танзим менамоянд.

Муносибатҳои меҳнатӣ на танҳо тавассути қонун, балки ба воситаи шартнома низ танзим карда мешаванд.

Сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат муқаррар менамоянд.

Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд.

Шартҳои созишнома ва шартномаҳое, ки вазъи кормандонро дар қиёс ба муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бадтар менамоянд, эътибор надоранд.

Шартҳои созишнома ва шартномаҳо оид ба меҳнат, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд. Масъалаҳое, ки бо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳукуқӣ оид ба меҳнат танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо тавассути шартномаҳои меҳнатӣ ҳалу фасл мегарданд. Дар сурати байни онҳо ба даст наомадани созиш тибқи тартибе, ки мутобиқан барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва ё инфиродӣ муқаррар гардидаанд, ҳалу фасл мешаванд.

§ 2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ

Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ ба маънои мушаххас шакли ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқиро меноманд[3].

Ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ санадҳои меъёрӣ баромад мекунанд, ки ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

1) қонунҳо;

2) санадҳои меъёрии зериқонунӣ.

Қонунҳо бошанд, дар навбати худ ба қонунҳои конститутсионӣ ва муқаррарӣ ҷудо мешаванд. Ба санадҳои меъёрии зерқонунӣ бошад, фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат, санадҳои меъёрии локалӣ дохил мешаванд.

Аз ин нуқтаи назар, ба сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ санадҳои зерини меъёрӣ мутааллиқанд:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ;

5) Санадҳо – созишномаҳо: Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ шаҳрӣ);

6) шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) оид ба меҳнат (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали рухсатиҳо, инчунин фармонҳо, амрияҳо, нишондодҳо ва дигар санадҳое, ки роҳбари ташкилот дар дораи салоҳияти худ мебарорад);

7) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

§ 3. Принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ

Принсипҳои ҳуқуқӣ гуфта, ғояҳои роҳбарикунандаеро меноманд, ки моҳият, хусусиятҳои асосӣ ва раванди умумии такмили меъёрҳои ҳуқуқиро ифода менамоянд[4].

Принсипҳои ҳуқуқӣ ба принсипҳои умумӣ, байнисоҳавӣ, соҳавӣ ҷудо мешаванд.

Ҳуқуқи меҳнатӣ ҳамчун соҳаи алоҳида ва мустақил, дорои принсипҳои ба худ хос мебошад. Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои зерини танзими ҳуқуқии меҳнатро мустаҳкам намудааст:

— озодии меҳнат ва имконияти озодона ихтиёрдорӣ намудан аз қобилияти меҳнатӣ, интихоби шакли фаъолият ва касб;

— манъ будани меҳнати маҷбурӣ;

— ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат;

— ҳуқуқ ба гирифтани маълумот;

-ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ. Кафолати фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо бо истифода аз тамоми воситаҳои бо қонун манънашуда;

— ҳуқуқ ба гирифтани ҳаққи меҳнат бе ҳеҷ гуна поймолкунии ҳуқуқ ва на камтар аз ҳадди ақали муқарраршуда.

— ҳуқуқ ба истироҳат.

§ 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд ва корфармо

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад.

Давлат ба ҳар як корманд кафолати чунин ҳукукҳоро медиҳад:

1) хизматрасонии бепул барои интихоби касб, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

2) ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва сари вақт пардохтани музди он;

3)мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор;

4) шароити меҳнате, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад;

5) истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;

6) иштирок дар идора намудани ташкилот;

7) муҳайё намудани кори мувофиқ ба мӯҳлати на камтар аз се сол барои мутахасисони ҷавон – хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости корхнаҳо ба кор омаадаанд;

8) ҷуброни хароҷоти моддӣ барои кӯчидан ба ҷои нави истиқомат ва кор тибқи муқаррароти қонунҳо;

9) ҷуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатӣ ё амволи ӯ расидааст;

10) муттаҳид шудан дар итифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд;

11) корпартоӣ;

12) ҳимояи судии меҳнатӣ аз ёрии тахасусии ҳуқуқӣ;

13) ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои мувақатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун;

14) ҳимоя аз бекорӣ;

Корманд вазифадор аст:

— мутобиқи шартномаи (қарордди) меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд;

— интизоми меҳнатӣ ва технологияро риоя кунад;

— бо амволи корфармо эҳтиёткорона муносибат намояд;

Корфармо ҳуқуқ дорад:

— ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намояд;

— шартномаҳои (қарододҳои) меҳнатӣ бандад ва онҳоро бекор кунад;

— шумораи зарурии кормандонро барои иҷрои кор муайян кунад;

дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҷузъии ҳуқуқӣ қабул намляд, ки барои кормандони ташкилот ҳатмист;

— кормандонро барои меҳнатӣ сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд гардонад;

— аз кормандон иҷрои қоидаҳои таритиботи дохлии меҳнатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартномаҳои меҳнатиро талаб намояд.

— дар сурати вайрон кардани ( аз ҷониби корманд роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ) интизоми меҳнатӣ кормандро ба ҷавобгарии интизомӣ кашад;

— якҷоя бо дигар корфармоён барои ҳимояи манфиатҳои касбии хеш иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил диҳад ва ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад.

Корфармо ӯҳдадор аст:

Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси мазкури меҳнат, қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар ташкилот риоя гардидани қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолӣ ва ҳимоя аз сӯхторро таъмин намояд;

— ҳангоми бастани шартномаи (қарордди) меҳнатӣ кормандро ба шартномаи коллектвӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ташкилот шинос намояд;

— музди меҳнати кормандро сари вақт пардозад;

— ба кормандон васоит (таҷҳизот) ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳйё намояд.

Имтиёзҳо барои кормандон, ки дар баробари кор таҳсил мекунанд:

— корфармо вазифадор аст барои маълумоти касбӣ гирифтан дар истеҳсолот, такмили ихтисос ё аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардани кормандон ҷиҳати пешбурди якҷояи кор ва таҳсил шароити зарурӣ муҳайё намояд.

— кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда танҳо дар ҷойи кори асосӣ дода мешавад.

— корфармо вазифадор аст, ки касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси дуюм (муҷовир) ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои касбомӯзӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.

— баъди хатми таҳсили касбӣ ба корманд тахассуси дахлдор (гурӯҳ, дараҷа, категория) – и касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад. Маълумоти умумии касбии кормандон ҳангоми баланд бардоштани дараҷа, гурӯҳ ва категорияҳои ихтисосӣ, таъини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи баладтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.

— кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, бо рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷои кор ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрӣ ҳақ доранд. Дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санади меъёрии ҷузъии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълими мехонанд, аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шуда метавонанд.

— Имтиёзҳо барои талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ:

Кормадоне, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ мехонанд, ба ҳафтаи кӯтоҳи кории на камтар аз як рӯзи корӣ ё ба ҳамон қадар соати корӣ (дар сурати кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ дар давоми ҳафта) ҳақ доранд.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рӯзи тақвимӣ ҳангоми шаш рӯз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон қадар соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрӯза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рӯз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои фориғ аз кор тағйир меёбад.

Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ӯ аз ҷои кори асосӣ на камтар аз панҷоҳ фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ аз ҷои кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба мӯҳлати на камтар аз андозаи муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсатӣ ҳақ доранд.

— Имтиёзҳо барои талабагони омӯзишгоҳҳои маълумоти умумии касбӣ:

Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омӯзишгоҳҳои касбиютехникӣ ё ҳамин хел омӯзишгоҳҳои дигар мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабараторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиёзҳо омодагӣ ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷои кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рӯзи аз кор озод ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи кори миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

§ 5. Мафҳум ва таъиноти шартномаи коллективӣ

Шартномаи коллективӣ — санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба танзим медарорад ва аз тарафи намояндагони ваколатдорашон байни корфармоён ва кормандон баста мешавад (қисми 11 М1 Қонун «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» аз 28 июли соли 2006).

Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд[5].

Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ аз ҷониби тарафҳо ва намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо амалӣ мегардад.

Ба мақсади беҳтар намудани гузориши масъала ва ҳали мусбии он зарурияти омузиш ва таҳлили мафҳумҳои зеринро қайд бояд кард. Аз ҷумла:

1) шарикии иҷтимоӣ-ҳамкории иштирокчиёни муно-сибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатие, ки ба таъмини мувофиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд;

2) системаи шарикии иҷтимоӣ-принсипҳо ва қоидаҳое, ки тавассути онҳо дар сатҳу сохторҳои гуногун, бо мақсади ҳосил шудани ризоияти тарафҳо, қабули қарорҳои муштарак, татбиқи амалиёти якҷоя ва пешгирии ихтилофот, ҳамкории иштирок-чиёни муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ созмон дода мешавад;

3) муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ –маҷмӯи муносибатҳо байни кормандон ва корфармоён;

4) тарафҳои шарикии иҷтимоӣ –мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдори онҳо тибқи тартиби муқаррар-гардида;

5) корфармо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва бахшҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузорӣ дорои хуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;

6) намояндагони кормандон – мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо (ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), ки мувофиқи оинномаҳои онҳо ҳамчун намоянда ваколатдор шудаанд, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии дар маҷлиси умумии (конференсия) кормандони ташкилот таъсисёфта ва аз ҷониби онҳо ваколатдоршуда;

7) корманд — шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад;

8) иттиҳодияҳои корфармоён – шакли ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки ба узвияти корфармоён асос ёфтааст;

9) созишнома дар бораи шарикии иҷтимоӣ- санади хуқуқиест, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии байни кормандон, корфармоён, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳо ва касбҳоро ба танзим медарорад.

Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

-татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, аз ҷумла масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;

-зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;

-таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

-гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли низоъҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

-таҳким ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;

-фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи бозори меҳнат.

Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

-музокирот ва машваратҳо;

-таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак;

-бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

-иттилоотонии мутақобилаи Тарафҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои қабулгардида.

Мақомоти асосии системаи шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд.

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ-комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, мақомоти оид ба таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешаванд. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои корфармоён иборатанд.

Дар сатҳи соҳавӣ-комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби Тарафҳо ташкил карда мешавад.

Дар сатҳи минтақавӣ комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.

Дар сатҳи ташкилотҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ комиссияҳои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.

Дар сатҳи гурӯҳҳои молиявӣ-саноатӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ комиссияҳои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратҳои) коллективӣ, таҳия ва бастани созишнома дар иттиҳодияҳои хоҷагиҳои мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои берун аз ҳудуди давлат ҷойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мебошанд.

Аз номи кормандон ҳуқуқи гузаронидани музокироти коллективӣ ба мақомоти намояндагии онҳо дода мешавад.

Дар музокироти (машваратҳои) коллективӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён иштирок менамоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, инчунин корфармо (соҳибмулк) вазифадоранд оид ба масъалаҳое, ки барои баррасӣ аз тарафи иттифоқҳои касаба ва ё мақомоти дигари намояндагии ваколатдори махсуси кормандон пешниҳод карда мешаванд, музокирот доир намоянд.

Ҳар кадоме аз тарафҳо дар муддати на дертар аз се моҳи то ба охир расидани мӯҳлати амали созишномаҳо ва шартномаҳои коллективии қаблӣ ё дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи ин ҳуҷҷатҳо ҳақ дорад ба тарафи дигар оид ба оғози музокирот огоҳии хаттӣ ирсол намояд.

Дар ҳамаи ҳолатҳои зикргардида Тарафе, ки аз Тарафи дигар огоҳии хаттӣ гирифтааст, вазифадор аст дар муддати 7 рӯз дар сатҳи ташкилот ва дар муддати 15 рӯз дар дигар сатҳҳо музокирот оғоз намояд.

Барои гузаронидани музокироти коллективӣ Тарафҳо бо шумораи баробари намояндагон, ки дорои ваколатҳои зарурӣ мебошанд, барои таҳияи лоиҳаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ комиссия таъсис медиҳанд.

Ҳайати комиссия, мӯҳлат, макони баргузорӣ ва рӯзномаи музокирот бо қарори Тарафҳо муайян карда мешавад.

Тарафҳое, ки дар музокирот иштирок менамоянд, ҷиҳати интихобу муҳокимаи масъалаҳое, ки ба ҳалли ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо тааллуқ доранд, комилҳуқуқанд.

Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи шарикии иҷтимоӣ ба гирифтани иттилооти эътимодбахш ба тариқи ройгон ва бемонеа ҳуқуқ доранд. Иттилооти мазкурро Тарафҳо вазифадоранд ба якдигар на дертар аз ду ҳафта аз рӯзи гирифтани дархости дахлдор пешниҳод намоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, инчунин корфармо (соҳибмулк) вазифадоранд, ки ба мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон барои салоҳиятнок гузаронидани музокирот иттилооти зарурӣ пешниҳод намоянд. Иштирокчиёни музокирот, шахсони дигари ба музокирот алоқаманд, набояд маълумоти дорои сирри давлатӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратиро ошкор созанд.

Агар дар анҷоми музокирот созишнома ба имзо расонида нашавад, протокол тартиб дода мешавад, ки ба он пешниҳодҳои ниҳоии ифодаёфтаи Тарафҳо ва тадбирҳое, ки мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, корфармо (соҳибмулк) бо тартиби яктарафа ҷиҳати ҳалли ихтилофот бояд андешанд, дохил карда мешавад.

Шахсоне, ки ба сифати намояндагони Тарафҳо дар музокирот иштирок менамоянд, инчунин мутахассисони дар давоми музокирот ба кори комиссия даъватгардида аз ҷойҳои кори асосиашон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат муваққатан озод карда мешаванд. Тамоми хароҷоти вобаста ба иштирок дар музокирот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Музди меҳнати коршиносон ва мутахассисоне, ки бо мувофиқаи Тарафҳо даъват карда мешаванд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён (соҳибмулкон) пардохта мешавад.

Намудҳои созишномаҳо-созишномаҳои Генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ.

Созишномаи Генералӣ-санади ҳуқуқиест, ки принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодиро муқаррар намуда, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва ӯҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади меҳнаткашонро бо мурури мӯътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.

Созишномаи соҳавӣ санади ҳуқуқиест, ки равандҳои иҷтимоиву иқтисодии инкишофи соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуғл, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоиро барои кормандони соҳа муқаррар ва масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамояд.

Созишномаи минтақавӣ санади ҳуқуқиест, ки дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро ба танзим медарорад, ки барои ҳамаи Тарафҳо ҳатмист ва ҳангоми бастани шартномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Созишнома бо мувофиқаи Тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ, ки дар музокироти сетарафа ширкат меварзанд, дар сурати ба он исрор намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ кунанд.

Созишномаҳо дар сатҳҳои зерин баста мешаванд:

-дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва намояндагони кормандони Тоҷикистон;

-дар сатҳи соҳавӣ – байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон;

-дар сатҳи вилоятӣ – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои вилоятии намояндагони кормандон;

-дар сатҳи шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ноҳияҳои шаҳрҳо-байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён (соҳибмулкон), намояндагони кормандон.

Тартиб, мӯҳлати таҳияву бастани созишнома ва ҳайати комиссия аз ҷониби Тарафҳо муайян гардида, тавассути протокол ба расмият дароварда мешаванд.

Лоиҳаи созишнома аз ҷониби комиссия таҳия гардида, аз тарафи мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон ба имзо расонида мешавад.

Тартиби мушаххаси бастани созишномаҳоро Низомномаи тартиби таҳия ва бастани Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти намояндагии кормандон ва иттиҳодияҳои корфармоён тасдиқ кардааст, муайян менамояд.

Мазмуни созишномаро Тарафҳо муайян мекунанд.

Дар созишнома инҳо пешбинӣ мегарданд:

-ӯҳдадориҳо дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

-иҷрои маҷмӯи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат, таъминоти муфиди шуғли аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи мардум ва кишоварзӣ;

-муқаррар намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

-муқаррар намудани имтиёзот ва афзалиятҳои иловагӣ ба ташкилотҳо, корфармоёне (соҳибмулконе), ки ҷойҳои кории иловагӣ ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, ҷавонон, аз ҷумла наврасон истифода менамоянд;

-иштироки кормандон дар истифодабарии даромадҳое, ки аз фурӯши амволи ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта ба даст меоянд;

-ҳифзи манфиати кормандон ҳангоми хусусигардонии фонди манзилӣ;

-зиёд намудани ҳаҷми иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта, ки андозаи ҳадди ақаллашон дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидааст;

-таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатӣ;

-масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;

-беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳои ба соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ вобаста, инчунин ӯҳдадориҳо оид ба пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ ва эътирозҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба ҷараёни иҷрои созишнома.

Созишнома аз рӯзи ба он имзо гузоштани Тарафҳо ва ё аз рӯзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва мӯҳлати бастани созишномаро Тарафҳо муайян мекунанд.

Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.

Ҳангоми ба амал баровардани назорат тарафҳо вазифадоранд ҳамаи иттилооти зарурии дар даст доштаашонро пешниҳод намоянд.

Намояндагони тарафҳо, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ва ё дар мӯҳлатҳои дар шартномаи коллективӣ муқаррар гардида оид ба иҷрои дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнатӣ ҳисбот медиҳанд.

Тавассути шартномаи коллективӣ танзими коллективӣ- шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ –иқтисодии байни кордиҳандагон ва коркунони корхона, муассиса ва ташкилотҳо мушаххас ба амал бароварда шуда, ҳамоҳангсозии манфиат ва ҳамкории кордиҳанда ва коркунони корхона ва воситаи муҳимтарини таъмини иштироки меҳнаткашон дар идоракуии корхонаҳо мебошад.

Шартномаи коллективӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, макотибӣ, олӣ, миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ баста мешавад.

Шартномаи коллективиро коллективи меҳнатӣ дар симои як ё якчанд иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдоркардашуда бевосита бо кордиҳанда ё намояндагони ваколатдоркардаи он баста метавонанд.

Ба мақсади пеш бурдани музокироти коллективӣ ва таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ аз намояндагони баробаршумори тарафҳо комиссияи муштарак созмон дода мешавад.

Лоиҳаи омодагаштаи шартномаи коллективӣ дар коллективҳои меҳнатии корхона муҳокима шуда, дар шакли мукаммал ҳаволаи маҷлиси умумӣ (конференсияи коллективӣ меҳнатӣ корхона) мешавад.

Шартномаи коллективӣ аз лаҳзаи ба имзо расиданаш ё аз рӯзи дар он нишондодашуда қувваи юридикиро доро мешавад. Давраи амали шартномаи коллективиро тарафҳо муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ дар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои моликият ва намуди хоҷагидориашон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ, ҳамчунин дар воҳидҳои таркибии ташкилотҳо оид ба масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти ин қисматҳои сохторӣ мебошанд, баста мешаванд.

Тарафҳои шартномаи коллективӣ мақомоти намояндагии кормандон, корфармо, (соҳибмулк) ё мақомоти аз тарафи онҳо ваколатдоршуда ба ҳисоб мераванд.

Дар сурати дар ташкилот мавҷуд будани якчанд мақомоти намояндагии кормандон, бо мувофиқаи байни онҳо, ба сифати тарафи шартномаи коллективӣ мақомоти намояндагие, ки аксарияти кормандони ташкилотро муттаҳид менамояд ё мақоме, ки дар он ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот мутаносибан аз рӯи шумораи аъзояшон намояндагӣ мекунанд, тарафи шартномаи коллективӣ шуморида мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати бастани шартномаи коллективӣ, ҳайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъиншавандаро Тарафҳо муаяйн мекунанд, ки он бо фармони корфармо ба расмият дароварда мешавад.

Лоиҳаи шартномаи коллективӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилдодашуда аз тарафи маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатии ташкилот бо протокол (қарор) намояндаи худро вазифадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективӣ бандад (имзо кунад).

Намояндаи кормандон ҳуқуқ дорад, ки бо тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективӣ муқаррар-намудаи Қонуни мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективӣ, ки аз номи коллективи меҳнатӣ баста шудааст, музокирот намояд. Замима ҷузъи ҷудо-нашавандаи шартномаи коллективӣ буда, баробари он эътибори ҳуқуқӣ дорад.

Мазмуни шартномаи коллективиро Тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

-дар бораи ташкили меҳнат;

-дар бораи шаклҳо, системаи пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кӯмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва пардохтҳои иловагӣ;

-дар бораи андозаҳои тарифии маош ва маошҳои вазифавӣ вобаста ба касб, дараҷаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити корӣ, ки онҳо иҷро менамоянд;

-дар бораи давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат;

-дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломатӣ, кафолатҳои суғуртаи тиббии аъзои коллективи меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, дигар намудҳои суғурта;

-дар бораи таъмини шуғл, омодасозии кадрҳо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

-дар бораи танзими тартиботи дохилии меҳнат;

-дар бораи тартиботи таъсис ва фаъолияти комиссияҳои созиш оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

-дар бораи тартиботи огоҳонидани мақомоти намояндагии кормандон ва гузаронидани машварат ҳангоми ба таври оммавӣ озод намудани коргарон бо сабаби такмил додани ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ва ё қисман аз кор бозмондани истеҳсолот.

Дар шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии ташкилот метавонанд шартҳои дигар, аз ҷумла шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок дар муқоиса бо меъёрҳо ва муқаррароти бо қонунгузорӣ ва созишномаҳои муқаррарнамуда (рухсатиҳои иловагӣ, иловапулиҳо ба нафақа, ҷуброни хароҷоти нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ, таъмини хӯроки ройгон ё қисман пардохтшавандаи кормандон дар истеҳсолот ва фарзандони онҳо дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагии дигар) ҷой дошта бошанд.

Мӯҳлати эътибори шартномаи коллективиро Тарафҳо муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ аз рӯзи аз ҷониби Тарафҳо имзо шуданаш ё аз рӯзи дар шартномаи коллективӣ муқаррар-гардида эътибор пайдо мекунад.

Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идоравии ташкилот, иваз шудани соҳибмулки амвол, шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.

Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шартномаи коллективӣ дар тамоми мӯҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.

Ба шартномаи коллективӣ дар давоми мӯҳлати амали он бо мувофиқаи Тарафҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.

Назорати татбиқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, Тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.

Назорати рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба шарикии иҷтимоӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

Созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз имзо шуданаш бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат фиристода мешавад.

Бақайдгирӣ ба эътибори қонунӣ пайдо кардани созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ таъсир намерасонад.

Шартҳои созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ, ки ҳолати кормандонро нисбат ба қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бад мекунанд, беэътиборанд ва набояд татбиқ карда шаванд.

Дар сурати саркашӣ намудан аз музокирот ва бо иштибоҳи яке аз Тарафҳо иҷро нагардидани шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ Тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвоӣ пешниҳод намояд.

  1. 1Муфассал ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Њуқуқи меҳнатии Љумҳурии Тоҷикистон.Душанбе. 2006.
  2. 2Ёомон \о? С.7-12.
  3. Ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Њуқуқи меҳнатии Љумҳурии Тоҷикистон.Душанбе. 2006.С.32-61.
  4. Ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Њуқуқи меҳнатии Љумҳурии Тоҷикистон.Душанбе. 2006. С.62-118.
  5. Ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Њуқуқи меҳнатии Љумҳурии Тоҷикистон.Душанбе. 2006.С.155-178.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *