Фанни Ҳуқуқ

Қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ

МАФҲУМ ВА НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро асосан Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки он аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки аз ҷониби мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатӣ қабул гардида, тартиби оғоз, тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои ҷиноятӣ, фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии дар ин соҳа ба вуҷуд омадаро танзим менамояд.

Ба қонуни мурофиавии ҷиноятӣ чунин хусусиятҳо хосанд:

  1. қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ин санади мақомоти ҳокимияти қонунгузори давлат мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад;
  2. қонуни мурофиавии ҷиноятӣ тартиби оғоз, тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои ҷиноятиро танзим мекунад;
  3. қонуни мурофиавии ҷиноятӣ фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии байни онҳоро танзим мекунад;
  4. қонуни мурофиавии ҷиноятӣ барои амалӣ гардонидани вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ нигаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки мафҳумҳои «қонуни мурофиавии ҷиноятӣ» ва «қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ» як нестанд. Зери мафҳуми қонуни мурофиавии ҷиноятӣ гуфта, мо Кодекси мурофиавии ҷиноятиро мефаҳмем.

Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ин қонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатҳи баланди муайяни мантиқӣ аст, ки тавассути он муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми амалигардонии фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ба вуҷуд меоянд, пурра, ҳаматарафа ва низомнок танзим мешаванд.

Аммо дар амалигардонии фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ на танҳо Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, балки як қатор қонунҳо ва санадҳои дигар низ истифода мешаванд, ки онҳо низ қоидаҳои мурофиавии ҷиноятиро муқаррар менамоянд. Тамоми он қонунҳое, ки меъёрҳои мурофиавии ҷиноятиро муқаррар мекунанд, дар маҷмӯъ қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, зери мафҳуми қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ — ба маънои васеъ — маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои зериқонуние фаҳмида мешаванд, ки меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятиро муқаррар менамоянд. Ба маънои маҳдуд ва аслӣ қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ гуфта маҷмӯи қонунҳоеро мефаҳманд, ки меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятиро муқаррар мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки пурра ё қисми меъёрҳои онҳо хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, пурра ё дар қисмате, ки ба Конутитутсия мухолифат мекунанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд.

Мавриди зикр аст, ки меъёрҳои конститутионии ба мурофиаи ҷиноятӣ тааллуқдошта бештар дар бобҳои 2 ва 8 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ, суд бахшида шудаанд, муқаррар гардидаанд. Меъёрҳои конститутсионӣ ҳолатҳои асосиеро дар бар мегиранд, ки онҳо заминаи мурофиаи ҷиноятиро муҳаё месозанд. Чунончӣ, баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун ва суд; озодӣ ва дахлнопазирии шахсият; дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ; ҳимояи сирри муросилоти почтаю телеграф, гуфтугӯи телефонӣ: дахлнопазирии манзил; эҳтимолияти бегуноҳӣ; мубоҳисавӣ ва баробарҳуқуқии тарафҳо ва монанди инҳо, ки дар Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ҳамчун меъёрҳои асосиву роҳбарикунандаи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ баромад намуда, хислати ҳуқуқтаъсисдиҳиро дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ на танҳо Конуститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМҶ ҶТ дохил мешаванд. Барои дуруст татбиқ намудани муқарраротҳои КМҶ ҶТ, инчунин донистани ҳолатҳои якчанд қонунҳои дигар низ зарур мебошад. Ба ин қонунҳо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»[1]; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»[2]; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»[3]; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»[4] ва баъзе қонунҳои дигар дохил мешаванд, ки ташкилу фаъолияти мақомотҳои таҳқиқу тафтиш, прокуратура, суд ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ алоқамандро, танзим намудаанд.

Ба ғайр аз ин, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки ба пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дахл дошта, Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба қисми таркибии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дохил мешаванд. Ба ин гуна санадҳои байналмилалӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948), Санади байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (16 декабри соли 1966), Конвенсияи ИДМ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ» (22 январи соли 1993 дар Минск қабул шудааст) мисол шуда метавонанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ онҳоро эътироф кардааст. Агар тибқи ин санадҳо нисбат ба муқаррароти КМҶ ҶТ тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, он гоҳ муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.

Хусусан, дар танзимнамоии мурофиаи судии ҷиноятӣ шартномаҳо оид ба ёрии ҳуқуқӣ аҳамияти бештар доранд. Тавассути онҳо бисёр масъалаҳои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба тафтишот ва амалигардонии адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳал мегарданд. Ба ин гуна санадҳо Конвенсияи Минск аз 22 январи (дар газетаи Садои мардум 20 октябри соли 2009 С. 3 моҳи январ, вале дар китоби Громов моҳи декабр омадааст) соли 1993 «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ», ки байни ИДМ ба имзо расидааст, мисол шуда метавонад.

Қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ барои суд, мақомоти прокуратура, тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ, инчунин барои иштирокчиёни мурофиавии ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ қарорҳои Суди конститутионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуроти нав мебошад. Суди конститутсионӣ ваколати қабули санадҳои меъёриеро надорад, ки барои ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ бошад. Вале қароре, ки аз ҷониби ин мақомот қабул карда мешавад, мумкин аст, ки ба таври ҷиддӣ мундариҷа ва аҳамияти ҳуқуқии қонунгузориро тағйир диҳад. Ҳангоми амалӣ гардонидани назорати конститутсионӣ Суди конститутионӣ метавонад пурра ё қисман қонунро хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кунад, ки чунин қарор моҳиятан мазмуни онро дорад, ки қонун пурра ё қисми он татбиқ карда намешавад. Ин қоида ба қонунҳое низ тааллуқ дорад, ки мурофиаи судии ҷиноятиро танзим мекунад. Бинобар ин барои дуруст татбиқ намудани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ донистани қарорҳои дахлдори Суди конститутионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ лозим меояд.

МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ: МАФҲУМ, СОХТ,

ТАРЗҲОИ АМАЛИГАРДОНӢ ВА НАМУДҲОИ ОНҲО

Танзимнамоии фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ сурат мегирад.

Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ қоидаҳои умумиҳатмии рафтори иштирокчиёни фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ мебошад, ки аз ҷониби давлат дар қонун муқаррар гардида, иҷроиши онҳоро ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд.

Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ аз рӯи сохти мантиқиашон ба мисли меъёрҳои дигар соҳаҳои ҳуқуқ аз гипотеза, диспазитсия ва санксия иборатанд.

1. Гипотеза як қисми таркибии меъёри ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ буда, шароитҳои воқеии татбиқи он қоидаи рафтореро, ки дар меъёри ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ омадааст, дар бар мегирад. Гипотеза он ҳолатҳоеро, ки ҳангоми мавҷуд будан дар шакли муайян амал кардан лозим ё мумкин аст дар бар мегирад. Масалан, КМҶ ҶТ шартҳоеро муайян мекунад, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо судья аз иштирок дар парванда дур карда мешавад. Гипотеза ин ё он фактҳои ҳуқуқиеро дарбар мегирад, ки онҳо барои бавуҷудоӣ, тағйирёбӣ ва қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ хизмат мекунанд. Ғайр аз ин дар гипотеза мумкин аст, сатҳи амали меъёр ва доираи субъектон муайян шуда бошад.

2. Диспазитсия – қисми марказии меъёри ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ буда, бевосита худи қоидаи рафтори муқарраршударо дар бар мегирад. Дар меъёри ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ диспозитсия қоидаи рафтори иштирокчиёни мурофиаро ифода мекунад. Яъне диспазитсия талабот ё ҳолатҳои иҷозатдодашуда нисбат ба рафтори ҳуқуқӣ ва ё ин ки манъкунӣ нисбати амалҳои ғайриқонуниро дар бар мегирад. Чунончӣ, КМҶ ҶТ муфаттишро водор месозад, ки ҳангоми тафтишот ёрии оммаи мардумро васеъ истифода барад.

3. Санксияқисми меъёри ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ буда, дар он чораи таъсиррасонӣ нисбати вайронкунандаи меъёри ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ифода меёбад. Масалан, суд, судя мутобиқи моддаи 117 КМҶ ҶТ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои мурофиавӣ, риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ба миқдори то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда метавонад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 113 КМҶ ҶТ бо мақсади таъмини тартиби бо КМҶ ҶТ пешбинишудаи тафтиш ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иҷрои дахлдори ҳукм таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда чораҳои зерини маҷбурии мурофиавиро татбиқ намоянд: — муваққатан дур кардан аз вазифа; — маҷбуран овардан; — ҷарима таъин кардан; — ҳабси молу мулк, аз ҷумла маблағи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ.

Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ бо чунин тарзҳо амали гардонида мешаванд:

1. Истифодабарии меъёрҳои ҳуқуқи мурофивии ҷиноятӣ – ин ҷараёни ҳуқуқистифодабарист, ки дар он иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мустақилона истифода бурдан ё истифода набурдани ҳуқуқи муқарраргардидаро ҳал мекунанд.

2. Риояи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, дар худдорӣ кардани иштирокҷиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқии муқарраргардида зоҳир мегардад;

3. Иҷроиши меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, ки ҷараёни аз ҷониби иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ иҷро намудани ҳаракатҳои дар меъёри ҳуқуқ пешбинишударо дар назар дорад;

4. Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор сурат гирифта, дар иҷро кардани амалҳои аҳамияти ҳуқуқидошта ифода меёбад.

Намудҳои зерини меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятиро номбар кардан мумкин аст:

меъёрҳои умумӣ – меъёрҳое, ки муносибатҳои ҷамъиятии хусусияти умумидоштаро танзим менамоянд;

меъёрҳои махсус – меъёрҳое, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи мушаххас танзим менамоянд. Меъёрҳои махсус меъёрҳои умумиро мушаххас мегардонанд;

меъёрҳои ӯҳдадоркунанда, ки иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро барои иҷро намудани рафтори муайян водор месозанд. Яъне ба зиммаи шахс вазифаи иҷро кардани ҳаракати қонуниро мегузоранд;

меъёрҳои манъкунанда – меъёрҳое, ки содир намудани ин ё он амалро дар шароити муайян роҳ намедиҳанд. Яъне содир кардани ҳаракатҳои иҷозатнагаштаро манъ мекунанд;

меъёрҳои ваколатдоркунанда ба иштирокчиёни фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ҳуқуқи содир намудани амали муайянеро медиҳанд, ки ба оқибатҳои ҳуқуқӣ оварда мерасонад;

меъёрҳои императивӣ меъёрҳое, ки муқарраротҳои ҳокимиятиро дарбар мегиранд. Меъёрҳои императивӣ меъёрҳои ҳатмӣ буда, дар шакли муқарраршуда бе тағйири шартҳои он татбиқ мешаванд;

меъёрҳои диспозитивӣ меъёрҳое, ки дар онҳо имконияти озодона рафтор кардани субъектони ҳуқуқ, бо хоҳиши худ татбиқ кардани шартҳои он ифода меёбад;

меъёрҳои танзимкунанда меъёрҳое, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро муқарар мекунанд;

меъёрҳои муҳофизаткунанда меъёрҳое, ки муносибатҳои ҷамъиятии бо ҷавобгарии ҳуқуқи ва татбиқи чораи маҷбуркунии давлатӣ вобастабударо танзим мекунанд.

ҶАРАЁНИ ҚАБУЛ ВА СОХТИ КОДЕКСИ

МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Лоиҳаи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо такмил додани ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дахл дорад мутобиқи м. 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Лоиҳаи КМҶ ҶТ бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1735 аз 5 январи соли 2009 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд[5].

Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро мавриди омӯзиш ва таҳлили хамаҷониба қарор дода, ҷиҳати мукаммалгардонии он як қатор таклифу дархостҳо пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул бо мақсади ҷамбасти таклифу эродҳои аз тарафи кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон воридшуда ва аз ҷиҳати забонӣ мукаммал намудани матни лоиҳаи КМҶ ҶТ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон У.А. Давлатов таъсис дод. Ба гурӯҳи корӣ намояндагони кумита ва комиссиҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гаштанд. Гурӯҳи корӣ дар тӯли фаъолияти хеш ҷаласаҳои корӣ гузаронида ҳамаи таклифу эродҳои воридгаштаро мавриди омӯзиш қарор дод ва дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи КМҶ ҶТ якчанд тағйиру иловаҳои дорои хусусияти илмию таҳрирӣ ва ҳуқуқӣ ворид карда шуданд[6].

Инчунин, лоиҳаи КМҶ ҶТ ҷиҳати такмил ёфтанаш аз нуқтаи назари илмию забонӣ аз ҷониби профессори илми забоншиносӣ Б.Камолиддинов, директории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ С.Назарзода, доктори илми ҳуқуқ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Т.Шарифов ва дигар олимони шинохтаи ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Эродҳои хаттии пешниҳодкардаи онҳо бо иштироки худашон дар ҷаласаи кумитаи масъул бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон У.Давлатов ва ҳузури намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш.Салимзода, мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ш.Зоиров ва дигарон таҳлил гардида, таклифҳои қобили қабул донисташуда ҳамзамон ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Бо мақсади ошкор кардан ва рафъи каму касри ҷойдошта дар лоиҳа гурӯҳи корӣ бо ҳомиёни адолати судӣ, мутахассисоне, ки бевосита бо КМҶ ҶТ сарукор доранд, дар толори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ва 4 апрели соли 2009 мизи мудаввар гузарониданд. Тӯли ин ду рӯз иштироккунандагон – судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси суди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, раисони судҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Қурғонтеппа, Исфара, Конибодом, раиси Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндаи САҲА, сафоратхонаи ИМА, раис ва коршинос, инчунин якчанд кормандони шикати хориҷии «Аба Роли» ва дигарон оид ба лоиҳаи КМҶ ҶТ фикру мулоҳизаҳои муфид пешниҳод намуданд. Гурӯҳи корӣ ҳамаи пешниҳодҳои онҳоро сабт карда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор дар рафти ҷаласаи кории худ ба лоиҳа ворид намуд.

Ба ғайр аз ин гурӯҳи корӣ ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон З.Ализада, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ С.Шоназаров, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёров ва дигарон тайи 10 рӯз дар истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм лоиҳаи КМҶ ҶТ-ро модда ба модда қироат намуда, камбудиҳои ошкоркардаро бартараф намуданд.

Ҷиҳати пурра аз байн рабудани мухолифатҳои илмию таҳририи лоиҳа аз 7 то 10 сентябри соли 2009 Кумитаи масъул якҷоя бо гурӯҳи корӣ бо ҳамаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои васеъ гузаронида, зимни он ҳамаи таклифу эродҳо дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор ба лоиҳаҳои КМҶ ҶТ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавиди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони 7 октябри соли 2009 бо иштироки намояндагони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, ҳозиринро бо лоиҳаи такмилёфта шинос намуд ва хотиррасон сохт, ки ҳамаи таклифу эродҳои қобили қабул донисташуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи КМҶ ҶТ ворид карда шуданд.

Санаи 14 октябри соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм лоиҳаи КМҶ ҶТ дар таҳрири нав ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо назардошти тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида барои баррасӣ ва қабул гузошта шуд[7].

Лоиҳаи КМҶ ҶТ модда ба модда муҳокима гардид. Зимни муҳокима вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 9, 12, 39, 40, 62, 66, 69, 74, 186, 197, 198, 258, 326 ва 423 иловатан тағйиру иловаҳо пешниҳод карданд. Бо мақсади омӯзиши ин тағйиру иловаҳо гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва баъди машварат вакилон бо хулосаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳар як аз он моддаҳо шинос шуданд. Баъд лоиҳаи КМҶ ҶТ модда ба модда, боб ба боб ва фасл ба фасл ба овоз монда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани КМҶ ҶТ» ба овоз монда қабул гардид. Доир ба ин масъала қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 ноябри соли 2009 бо қарори худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ кард ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2009 ба он имзо гузошт. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 11 декабри соли 2009 дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр гардид.

Ҳамин тавр, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва тибқи моддаи 2 қонуни мазкур бошад КМҶ ҶТ аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор гирифт.

Дар асоси моддаи 3 қонуни зикршуда Кодекси пештараи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1961 аз ҷониби Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул шуда, аз 1 декабри ҳамон сол то ин вақт, яъне зиёда аз 48 сол бо чандин тағйиру иловаҳо амал мекард[8], аз 1 апрели соли 2010 беэътибор дониста шуд[9].

Сохти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисм (қисми умумӣ, қисми асосӣ ва қисми пешбурди судӣ), 12 фасл, 50 боб ва 486 модда иборат аст.

Қисми умумии КМҶ ҶТ аз панҷ фасл ва 16 боб иборат буда, ба масъалаҳои умумӣ, принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, асосҳои рад ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, салоҳияти суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиа ва монанди он бахшида шудааст. Дар ин қисм ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба далелҳо, ҷамъоварӣ ва баҳои ҳуқуқӣ додан ба онҳо, татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавӣ, шикоят аз амал ва қарори суд, даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ, мӯҳлат ва хароҷоти мурофиавӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Қисми махсуси КМҶ ҶТ аз 2 фасл ва 13 боб иборат буда, дар он масъалаҳои вобаста ба таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, аз ҷумла асосҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва тартиби оғоз кардани он, тартиби пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, амалҳои тафтишотӣ, ба монанди азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ, озмоиши тафтишотӣ, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почтаю телеграф, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ, пурсиш, рӯбарӯкунӣ, шинохтан, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса, гузаронидани экспертиза, эълон кардани айб ва пурсиши айбдоршаванда, боздоштан ва аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, анҷоми тафтиш ва амалҳои прокурор вобаста ба ҳалли тақдири минбаъдаи парвандаи ҷиноятӣ ба танзим дароварда шудааст.

Қисми сеюми КМҶ ҶТ аз 8 фасл ва 20 боб иборат буда, ба масъалаи пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум, аз ҷумла муҳокимаи судӣ, баровардани ҳукм, тартиби баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ, назоратӣ, аз рӯи ҳолатҳои навошкоргардида ва монанди он бахшида шудааст.

АМАЛИ ҚОНУНИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ

ДАР МАКОН, ЗАМОН ВА НИСБАТИ АШХОСИ МУАЙЯН

Амали қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар макон. Амали қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар макон дар моддаи 3 КМҶ ҶТ муқаррар гардида, маънои онро дорад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи КМҶ ҶТ сурат мегирад. Қоидаҳои КМҶ ҶТ ҳамчунин ҳангоми пешбурди парванда оид ба ҷиноятҳое татбиқ мегардад, ки дар ҳавопаймоҳо, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ таҳти парчам ё нишони фақкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ба таркиби қаламрави давлатӣ замин, об ва қаъри дар зери онҳо воқеъгардид, ҳамчунин фазои ҳавое, ки замин ва обҳоро иҳота мекунад, дохил шуда, ҳудуди он бо сарҳади давлатӣ муайян мегардад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани қонуни мурофиавии ҷиноятии давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, ки ин ҳолат дар санади ҳуқуқии байналмилали, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад.

Амали қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар замон маънои онро дорад, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ қонуни мурофиавии ҷиноятие татбиқ карда мешавад, ки дар вақти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ё баррасии парванда дар суд амал мекунад[10]. Яъне агар дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун қоидаи умумӣ қонуни дар вақти содиршавии ҷиноят амалкунанда татбиқ карда шавад, дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ бошад қонуне татбиқ мегардад, ки дар лаҳзаи пешбурди парванда амал менамояд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи қонунгузории баъзе давлатҳои хориҷӣ қонуне, ки иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро аз ҳуқуқ маҳрум мекунад ва ё ҳуқуқи онҳоро маҳдуд месозад қувваи бозгашт надорад. Ин гуна қонун нисбати парвандаҳое, ки пешбурди онҳо то нашри он оғоз шудааст, татбиқ намегардад.

Амали қонуни мурофиавии ҷиноятӣ нисбати ашхоси муайян маънои онро дорад, ки пешбурди парванда оид ба ҷинояте, ки аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шудааст, мутобиқи муқаррароти КМҶ ҶТ анҷом дода мешавад[11]. Яъне мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии ҷиноятӣ оиди ҷиноятҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардашуда, на фaқат нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, инчунин нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ гузаронида мешавад. Аммо аз қоидаи умумӣ истисноҳое мавҷуданд, ки ба шахсони истифодабарандаи имтиёзҳои дахлнопазирӣ тааллуқ доранд. Ба инҳо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, аъзоёни ҳайати дипломатӣ, инчунин шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои умумиэътиофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аз имтиёзҳои дахлнопазирии шахсӣ истифода мебаранд, дохил мешаванд.

Нисбат ба шахси дорои ҳуқуқи дахлнопазирии дипломатӣ, танҳо бо хоҳиш ё ризои ӯ, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад, амалиёти мурофиавии бо КМҶ ҶТ пешбинишуда гузаронида мешавад.

Ба ғайр аз шахсони дар боло зикршуда мутобиқи қонунҳои амалкунанда баъзе шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ аз имтиёзҳои дахлнопазирӣ истифода мебаранд, ба монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чунончӣ, мутобиқи моддаи 72 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз ҷониби ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

Ё ин ки мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” судяҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. Дахлнопазирии судя инчунин ба манзил ва утоқи хизматӣ, нақлиёт ва воситаҳои алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, муросилот ва ашёю ҳуҷҷатҳои вай тааллуқ дорад.

Судяро бе ризоияти мақомот ва ё шахси мансабдоре, ки ӯро интихоб ё таъин намудааст ба ҷавобгарӣ кашидан ё ба ҳабс гирифтан мумкин нест. Яъне судяҳои Суди Олиро бе ризоияти Маxлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест. Судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳияро бе ризоияти Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад ва он фақат аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Ба ҳабс гирифтани судя фақат бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят. Судяе, ки дастгир шудааст, ё ин ки ба мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти давлатӣ бо тартиби таҳқиқи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оварда шудааст, баъди маълум намудани шахсияташ бояд фавран озод карда шавад.

Дохил шудан ба манзил ё утоқи хизматии судя, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай, дар он ҷо гузаронидани кофтуков ё гирифтан, гуш кардани гуфтугӯи телефонии ӯ ва кофтукови шахсии судя, инчунин гирифтани муросилот, амвол ва асноди вай танҳо бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фақат дар иртибот бо парвандаи ҷиноии оғоз гардида нисбати ин судя сурат гирифта метавонад. Судя аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахсӣ бархурдор буда, барои зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқасдона ва камбуди ҳангоми иҷрои вазифааш рӯй додааст, мавриди таъқиби судӣ қарор гирифта наметавонад.

Яке аз масъалаҳои баҳснок дар илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ доир ба амали қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ин масъалаи татбиқи меъёрҳои қонуни мурофиавии ҷиноятӣ аз рӯи қиёс мебошад, ки вобаста ба ҳолатҳои мурофиавии дар меъёрҳои қонун танзимнашуда сурат мегирад. Дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ истифодаи қиёс иҷозат нашудааст. Дар назарияи мурофиаи ҷиноятӣ он масъалаҳои баҳснок мебошад. Бархе аз олимон танзимнамоии фаъолияти мурофиавии ҷиноятиро бе истифода аз қиёс ғайриимкон меҳисобанд[12]. Ба ақидаи Каминская В.И. бошад дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ холигӣ вуҷуд дошта наметавонад[13].

Аммо бояд қайд намуд, ки дар амалияи фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ, яъне дар таҷрибаи тафтишотӣ ва судӣ ба қиёси қонуни мурофиавии ҷиноятӣ рӯбарӯ мешавем. Чунончӣ, мутобиқи қонуни мурофивии ҷиноятӣ азназаргузаронии ҷои ҳодиса дар ҳолатҳои таъхирнопазир то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ мумкин аст. Аммо тартиби иҷроиши азназаргузаронӣ ва ҳайати иштирокчиёни он дар ҳолатҳои таъхирнопазир дар қонун муайян нашудааст ё худ танзим карда нашудааст. Дар чунин ҳолат холигӣ дар қонун вуҷуд дорад. Чи тавр ин холигиро мегузаранд? Бояд қайд намуд, ки дар қонуни амалкардаистода меъёрҳои мурофиавие муқаррар шудаанд, ки тартиби гузаронидани азназаргузаронии ҷои ҳодисаро танҳо дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ танзим мекунанд. Чунин тартиб нисбати ҳолатҳои гузаронидани азназаргузаронии ҷои ҳодиса дар марҳилаи оғози парвандаи ҷиноятӣ (то оғози парвандаи ҷиноятӣ) татбиқ карда мешавад, яъне қиёси қонун истифода мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *