Фанни Ҳуқуқ

Мафҳум, предмет ва аҳамияти ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки фаъолияти мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва судро оид ба тафтишот, баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба ин фаъолиятро бо мақсади расидан ба вазифаҳои мурофиавии ҷиноятӣ ба танзим медарорад.

Муҳимтарин хусусияти хоси ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар он ифода меёбад, ки сарчашмаи меъёрии он танҳо қонун – санади мақомоти қонунбарори кишвар мебошад. Зеро ки мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳуқуқу озодиҳои муҳими шахс сарукор дорад ва аз натиҷаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ номи нек, озодии инсон ва дар баъзан ҳолатҳо ҳаёти инсон вобаста аст.

Мафҳумҳои «мурофиаи ҷиноятӣ» ва «ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ» якхела нестанд. Агар мурофиаи ҷиноятӣ – ин фаъолияти иштирокчиёни мурофиа, яъне мақомот ва шахсони иштирокчӣ, ки байни онҳо муносибатҳо ҷой дошта бошад, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ бошад ин маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки чунин фаъолиятро танзим менамояд, инчунин муносибатҳои ҳуқуқие, ки ҳангоми пешбурди судии парвандаи ҷиноятӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, дорои предмет ва методи танзимнамоии худ мебошад. Ба предмети тамоми соҳаҳои ҳуқуқ доираи муносибатҳои ҷамъиятии тавассути меъёрҳои ҳуқуқии ин соҳа танзимшаванда дохил мешаванд.

Предмети ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятиро маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли масъалаҳо оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти он, баровардани ҳукм ва иҷроиши он оиди парвандаи ҷиноятӣ, тафтиши қонунӣ ва асоснок будани он ба вуҷуд меоянд.

Ҳамин тавр, мурофиаи ҷиноятӣ ин фаъолияти бо тартиби махсуси мурофиавӣ муқарраргардидаи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиш ва прокуратура доир ба ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳо, фош сохтани гунаҳгорон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо, ҳамчунин фаъолияти суд оиди баррасӣ ва ҳал кардани парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад.

Фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ дар шакли муносибатҳои мушаххаси ҳуқуқие ифода меёбад, ки ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ин фаъолият ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд. Бинобар ҳамин алоқаи фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ва муносибатҳои мурофиавии ҷиноятиро чун алоқаи мазмун (фаъолият) ва шакл(муносибатҳои ҳуқуқӣ) тавсиф намудан мумкин аст.

Доираи субъектони муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ гуногун мебошад. Ба монанди мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор, шаҳрвандон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Мавриди зикр аст, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ доимо ба сифати як тарафи ин муносибатҳо мақомоти салоҳиятдори давлатие (шахси мансабдори босалоҳияте) баромад мекунад, ки дорои ваколатҳои ҳокимиятӣ буда, фаъолияти мурофиавии ҷиноятиро амалӣ мегардонад.

Муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани сабаб ва асоси оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, яъне дар марҳилаи оғози парвандаи ҷиноятӣ, ба вуҷуд меояд.

Ба муноибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ чунин хусусиятҳо хос мебошанд:

а) муносибатҳои ҳуқуқии муровиавии ҷиноятӣ хусусияти давлатӣ-ҳокимиятӣ доранд ва чун қоида новобаста аз иродаи иштирокчиёни он дар асоси нишондоди қонун пайдо мешаванд;

б) онҳо бевосита бо фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ алоқамандӣ доранд, яъне низоми амалҳои тибқи қонун танзимшудаи иштирокчиёни мурофиа мебошанд;

в) доимо ба сифати иштирокчии як тарафи ин муносибатҳо давлат дар шахсияти шахсони мансабдори босалоҳият баромад мекунад;

г) муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ бо муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ робитаи қавӣ доранд. Аммо бояд қайд намуд, ки мурофивии ҷиноятиро ҳангом мавҷуд набудани муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ низ амалӣ кардан мумкин аст. Масалан, ҳангоми пешбурди парванда оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дошта.

Факти ҳуқуқӣ барои ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқии мурофиаии ҷиноятӣ мавҷуд будани сабаб барои оғози парандаи ҷиноятӣ мебошад.

Аҳамияти ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар иҷрои вазифаҳои зерин ифода меёбад:

— ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомотҳои ваколатдорро, ки вазифаи мубориза бар муқобили ҷинояткориро бар душ доранд, кор карда мебарояд;

— тавассути меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ танзими ҳуқуқии фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ сурат мегирад;

— бо меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ваколат ва функсияҳои мақомоти таҳқиқ, тафтиш, прокуратура ва суд муқаррар карда мешавад;

— ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ асосҳо, шарт ва намудҳои чораҳои маҷбуркуниро муқаррар менамояд;

— ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни баррасӣ ва ҳалли масъалахои оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти он, баровардани ҳукм ва иҷроиши он оиди парвандаи ҷиноятӣ, тафтиши қонунӣ ва асоснок будани он ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

Танзими ҳуқуқии пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

— таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони дар мурофиаи иштирокдошта;

— муҳаё сохтани шароитҳо ва кафолатҳо барои амалӣ намудани қонуни ҷиноятӣ;

огоҳонидани ҳолатҳои беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва маҳкум намудан;

— сафед кардани ҳар шахсе ки беасос таъқиби ҷиноятӣ ё маҳкум шудааст.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *