Фанни Ҳуқуқ

Мурофиаи ҷиноятӣ дар има

Дар барқароршавӣ ва инкишофи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии ИМА ҳуқуқи англия таъсири ҳалкунанда дорад. Идеяҳои муҳими низоми ҳуқуқии англосаксонӣ дар решаи амрикоӣ қариб ки тағйир наёфтаанд.

Хусусияти мурофиаи ҷиноятии ИМА ба сохти федеративии давлатдорӣ асос меёбад. Бинбар ин дар баробари қонунгузории умумииттифоқӣ ҳар як штат қонунгузории мурофиаии ҷиноятии худро дорад. Вобаста ба ин фарқиятҳои ҷиддии танзимнамоии ҳуқуқии мурофиаи ҷиноятии умумииттифоқӣ ва мурофиаи ҷиноятии штатҳо ба назар мерасад. Ин фарқиятҳо аз ҳисоби гуногун будани ҳалли масъалаҳои ба ҳамдигар монанд дар штатҳо зиёд мегардад.

Дар байни сарчашаҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии умумииттифоқӣ Конуститутсияи ИМА соли 1787 ва Билл дар бораи ҳуқуқҳо соли 1791, ки даҳ тағйиротҳои ба Конуститутсия воридшударо дар назар дорад, аҳамияти махсус дорад. Билл дар бораи ҳуқуқҳо асосҳои либералӣ-демократии мурофиаи ҷиноятии америкоиро мустаҳкам менамояд[1].

Ба ғайр аз Конститутсияи ИМА сарчашмаҳои дигари ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии умумииттифоқӣ санадҳои Конгресси ИМА, қоидаҳои пешбурди судии ҷиноятӣ, ки аз ҷониби Суди Олии ИМА муқаррар шудаанд ва амсолҳои судӣ мебошанд.

Дар байни санадҳои Конгресси ИМА ҷои асосиро қонунҳои ҷудогона ишғол мекунанд, ки дар айни замон кодификатсия шудаанд ва ба Маҷмӯи қонунҳои ИМА дохил шудаанд.

Конгресси ИМА ба Суди Олӣ ваколат додааст, ки он қоидаҳои мурофиаи судии ҷиноятиро муқаррар намояд, ки ин қоидаҳо қувваи қонуни федеративиро доранд. Чунончӣ, Қоидаҳои федеративии мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки аз ҷониби Суди Олӣ қабул шудааст, ба қисми 18 Маҷмӯи қонунҳои ИМА дохил карда шудаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки судҳои поёнии умумииттифоқӣ низ метавонанд барои худ қоидаҳои мурофиаи ҷиноятиро муқаррар намоянд, ки ин қоидаҳо танҳо дар худи ҳамон судҳое, ки онҳоро қабул кардаанд амал мекунад.

Аз рӯи хусусиятҳои асосии худ сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии штатҳои алоҳида ба низои умумииттифоқӣ мувофиқат мекунанд. Дар штатҳо дар сатҳи болоии иерархия санадҳои легистратураҳои штатҳо ва баъд амсолҳои судӣ меистанд. Дар баъзе штатҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ кодификатсия шудаанд.

Тафтишоти пешакӣ. Мутобиқи меъёрҳои амалкунанда ва одатҳои ҳуқуқии мавҷудбуда, тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятиро дар ИМА мақомотҳо ва шахсони мансабдори гуногун амалӣ мекунанд. Дар байни онҳо политсия ва атторнетура муҳим мебошанд.

Қайд намудан зарур, ки тафтишоти пешакиро нисбати аксари парвандаҳои ҷиноятӣ мақомоти политсия анҷом медиҳад.

Низоми муосири политсияи амрикоӣ дар ҷаҳони капитализм яке аз низомҳои сахт ва ғайримарказонидашуда ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати ташкилӣ он бо дараҷаи баланди мураккабиаш фарқ мекунад. Қайд намудан кофист, ки дар ИМА қариб 40 000 сохторҳои политсия амал мекунад. Алоқаи сахти иерархӣ дар байни онҳо дар бисёр ҳолатҳо вуҷуд надорад, инчунин ягонагии ташкилӣ ба таври горизонталӣ таъмин нест.

Дар оғози тақиби ҷиноятӣ ва пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ хадамоти аторнетура нақши муҳим дорад*.

* Термин «апорией» в советской литературе часто переводится как «прокурор». Полагаем, что это не совсем правильно, ибо правовое положение и правомочия атторнея и прокурора, как они понимаются в странах, где имеется институт прокуратуры, не совпадают.

Атторнетураи умумииттифоқӣ сахт марказонидашуда буда, атторнеяҳои округӣ ба он тобеъ мебошанд ва онро Атторнеяи генералии ИМА роҳбарӣ мекунад, Ба ғайр аз ин хадамоти атторнеяи штатҳо мавҷуд аст, ки ба низоми умумииттифоқӣ тобеият надорад. Ҳаҷми ваколати атторнеяи амрико хеле васеъ мебошад. Аз ҳокимияти дисперсионӣ истифода намуда, вай метавонад бо хоҳиши худ масъалаи ба мақсад мувофиқ будан ё набудани таъқиби ҷиноятиро нисбати шахсони мушаххас, ҳал намояд. Таъсири атторнея ба рафти баррасии минбаъдаи парвандаи ҷиноятӣ хеле калон аст.

Ба ғайр аз мақомотҳо ва шахсони мансабдори зикршуда, пешбурди тосудии тафтишотро комиссияҳои махсуси тафтишотӣ (муваққатӣ ва доимӣ) ва мақомотҳои ҳукуматӣ амалӣ мекунанд. Дар ҳолатҳои алоҳида, вақте ки ба беғараз бурдани тафтишот аз ҷониби политсия ё атторнея шубҳа пайдо мешавад, мумкин аст, ки барои бурдани тафтишоти пешакӣ довари (журии) калони машваратчиён ташкил карда шавад.

Марҳилаи тафтишоти пешакӣ бо ҷамъ намудани далелҳои кофӣ ва тартиб додани санади айбдоркунӣ ё ҳуҷҷати мурофиавие, ки «иттилоот» ном дорад, анҷом меёбад.

Пешбурди пешакӣ дар суд. Қайд намудан зарур аст, ки мурофиаи ҷиноятӣ дар Амрико ба мисли мурофиаи англисӣ, ду тартиби мурофиавии пешбурд оиди парвандаро дар бар мегирад. Инҳо: пешбурди парванда тибқи санади айбдоркунӣ ва пешбурди соддашуда.

Маҳдуд намудани ин ду шакли пешбурди мурофиавӣ аз дараҷаи хавфнокии ҷиноятҳои намуди мушаххас вобаста аст. Вобаста аз ин қайд намудан лозим, ки марҳилаи пешбурди пешакӣ дар суд танҳо ҳангоми баррасии парванда тибқи санади айбдоркунӣ ё иттилоот воқеӣ мегардад. Вале дар ин маврид низ марҳилаи мазкур хусусияти факултативӣ дорад, зеро оғози пешбурд дар ин маврид аз дархости дахлдори тарафҳо ва баъзе ҳолатҳои дигар вобаста аст.

Дар марҳилаи пешбурди пешакӣ парванда дар суд чун қоида аз ҷониби судя танҳо баррасӣ мегардад. Айбдоркунанда ва ҳимоятгар бо навбат далелҳои ҷамъшударо пешниҳод намуда, исбот мекунанд. Дар асоси онҳо судя масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, интихоб кардан, тағйир додан ё иҷозат додан ба татбиқи чораи пешгирӣ ва дигар масъалаҳоро ҳал мекунд.

Басуддиҳӣ. Дар мурофиаи ҷиноятии ИМА ду тартиби ба суд додани айбдоршаванда амал мекунад: бо қарори атторнея ва бо қарори доварони калон.

Дар ҳолати аввал ба суд додан дар асоси иттилоот амалӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати мурофиавӣ аз ҷониби атторнея тартиб ва тасдиқ мешавад ва баъд аз он айбдоршаванда ба суд додашуда маҳсуб меёбад.

Тартиби дуввуми басуддиҳӣ мураккабтар буда, тибқи ин тартиб барои баррасии санади айбдоркуние, ки атторнея тартиб додааст, доварони калон таъсис дода мешаванд. Маҷлиси доварони калон дар шароити ғайриошкоро ва пинҳонӣ гузаронида мешавад.

Қайд намудан зарур аст, ки адабиёти ҳуқуқии амрикоӣ ба довари калон ҳамчун мақомоти ҷамъиятие, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ функсияҳои назоратиро амалӣ намуда, қонунӣ ва асоснок будани ба суд додани шаҳрвандони амрикоиро таъмин менамояд, аҳамияти нақши иситисноӣ дода шудааст. Аммо аҳамияти воқеии ин мақомот на он қадар калон аст. Инро аз он фаҳмидан душвор нест, ки ҳатто санади айбдоркуниро инкор намудани довари калон, баррасии судии минбаъдаро нисбати айбдоршавандаи мазкур истисно намекунад. Барои таъмин намудани ин натиҷа атторнея аз як қатор имкониятҳои мурофиавӣ бархурдор аст. Асоситарини ин имкониятҳо ин истифодабарии ҳуқуқ барои ҳалли масъалаи ба суд додан дар асоси иттилот мебошад, ки аз ҷониби ӯ тартиб ва тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат ба атторнея тағйир додани айбдокунӣ ба айбдоркунии сабуктар кофӣ буда, парванда ба суд равон карда мешавад, ки суд ӯҳдадор мешавад новобаста аз қарори манфии довари калон оид ба масъалаи кофӣ будани асосҳо барои ба суд додани айбдоршаванда, парвандаро моҳиятан баррасӣ намояд.

Моҳиятан муҳокима намудани парванда аз ҷониби суд. Расмиёти муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ аз як қатор амалҳои мурофиавии бонавбат иборат аст. Ба ҷумлаи онҳо дохил мешаванд: ба судшаванда эълон кардани моҳияти санади айбдоркунӣ ё иттилоот; муайян кардани муносибати судшаванда ба айбдоркунӣ; таъини машваратчиёни ҳалқӣ ба доварӣ; тафтиши судӣ; музокираи тарафҳо; баровардани вердикт аз ҷониби машваратчиёни халқӣ; муайян намудани чораи ҷазо ва баровардани ҳукм.

Дар ин ҷо ба он ҳолат бояд диққат дода шавад, ки ба мисли мурофиаи ҷиноятии Англия, ба гуноҳи худ иқрор шудани судшаванда якбора тамоми расмиёти минбаъдаи судиро содда мегардонад. Дар ин ҳолат тафтиши судӣ гузаронида намешавад, далелҳои дигар таҳқиқ нашуда, судя ҳукмро қабул мекунад.

Аммо дар ин ҳолат низ вақте мурофиа бо иштироки машваратчиёни халқӣ амалӣ мегардад, ҳангоми муҳокимаи парванда бисёр кафолатҳои мурофиавӣ мавҷуд нестанд. Аз ҷумла, дар музокираи судӣ айбдоркунанда охирон баромад мекунад ва ин бошад ба принсипи таъмин намудани ҳуқуқи айбдоршаванда ба ҳимоя, ки бо тағйироти шашуми Конститутсияи ИМА эълом гардидааст, мувофиқат намекунад.

Муносибатҳои ҳуқуқии байни судя ва машаваратчиёни халқӣ оиди аз ҷониби машваратчиён баровардани вердикти айбдоркунанда ба мурофиаи ҷиноятии Англия хеле монанд аст. Судя барои таъмини қабули қарори манфиатдор ваколатҳои васеъ дорад. Чунончӣ, судя метавонад вердиктро ғайриқонунӣ эътироф кунад ва барои қабули вердикти нав муҳокимаи судии нав таъин кунад.

Ҳамин тавр, дар ин марҳилаи мурофиаи ҷиноятии америкоӣ нақши ҷамъият дар шахсияти машваратчиёни халқӣ ба дараҷаи муайян нивелируется (в значительной степени нивелируется).

Тартиби муайян намудани чораи ҷазо ва қабул намудани ҳукм қариб ба он тартибе, ки дар мурофиаи ҷиноятии Англия амал мекунад, монанд аст. Дар баробари монандиҳо, инчунин фарқиятҳои муайян низ дар мурофиаи ҷиноятии ИМА дида мешавад. Чунончӣ, дар як қатор штатҳо чораи ҷазо аз ҷониби судя на ин ки танҳо, балки бо иштироки машваратчиёни халқӣ муайян карда мешавад. Аммо машваратчиёни халқӣ дар муайян намудани чораи ҷазо ба судя танҳо тавсия дода метавонанд, яъне иштироки онҳо дар ҳалли ин масъала на он қадар аҳамият дорад, зеро ки судя ҳуқуқ дорад тавсияи онҳоро ба назар нагирад.

Қайд кардад зарур аст, ки боз яке аз институтҳои муҳими мурофиавӣ дар ИМА бо номи «аҳд дар бораи эътирофкунӣ» маълум аст, ки ба он низ бояд диққат диҳем.

«Аҳд дар бораи эътирофкунӣ» то лаҳзаи бо иштироки судя шинос гардидани тарафи айбдоркунанда ва тарафи ҳимоя бо далелҳои ҷамъкардашудаи тарафҳо сурат мегирад. Ҳар ду ҷониб барои бовар кунонидани машваратчиён дар исбот шудан ё исбот нашудани айбдоркунӣ имкониятҳои воқеии худро баҳо медиҳанд.

Дар натиҷа мумкин аст айбдоркунанда аз қисми айбдоркунӣ даст кашад ё айбдоркуниро сабук кунад (масалан, аз айбдоркунии қасдан содир шудани ҷиноят ба содир кардани ҷиноят аз беэҳтиётӣ мегузарад).

Айбдоршавандае, ки бо чунин тағйироти айбдоркунӣ розӣ мешавад, худро гунаҳкор меҳисобад, ки ин боиси маҳрум гардидан аз баҳси исбот шудани айбдорӣ мегардад ва дар натиҷа зарурати гузаронидани муҳокимаи судӣ бо иштироки машваратчиён аз байн меравад. Дар чунин маврид судя аҳди содиршударо дар бораи эътирофкунӣ қайд мекунад, рафтореро, ки айбдоршаванда ба он иқрор шудааст бандубаст мекунад ва ба ӯ ҷазоро таъин мекунад.

Аҳд дар бораи эътирофкунӣ аз худи конструксияи мурофиаи ҷиноятии англосаксонӣ бармеояд. Мавҷуд будани ин эътирофкунӣ пешакӣ ба қабул кардани ҳукми айбдоркунанда сабаб мешавад. Бинобар ин кушиши айбдоркунанда дар мурофиаи ҷиноятӣ то андозае на ин ки барои муайян намудани ҳақиқат, балки барои гирифтани эътирофи айбдоршаванда, ки суд ба он шубҳа надорад равон гардидааст, ки бо ин роҳ ҳукми айбдоркунанда бароварда мешавад.

Ҳолате аҳамияти муҳим дорад, ки тибқи он ҳангоми маҳкум шудан аз рӯи аҳди эътирофкунӣ оқибатҳои номусоиде, ки дар вақти қабул кардани ҳукми айбдоркунанда бо роҳи моҳиятан муҳокима кардани парванда аз тарафи суд ба вуҷуд меоянд (маҳрум намудан аз ишғоли мансабҳои муайян, маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ғайра) фаро намерасанд.

Ҳамин тавр, гуфтаҳои боло аз васеъ паҳн гардидани аҳди эътирофкунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ шаҳодат медиҳанд, ки инро боз маълумотҳои омори судӣ дар ИМА тасдиқ менамояд. Миқдори ҳукмҳое, ки дар асоси ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда қабул шудаанд дар мамлакат дар солҳои гуногун аз 88 то 90 фоизи шумораи умумии тамоми ҳукмҳоро ташкил медиҳанд. Дар баъзе шаҳрҳо ва штатҳо ин миқдор боз зиётар аст. Чунончӣ, дар штати Нью-Йорк ин миқдор зиёда аз 96 фоизро ташкил медиҳад.

Пешбурди соддашуда. Баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо тарзи соддашуда вобаста ба шакли соддашудаи мурофиавӣ фарқ мекунад. Моҳиятан, ҳангоми пешбурди соддашуда на танҳо танҳо марҳилаи тафтишоти пешакӣ, балки якчанд марҳилаҳои судӣ (пешбурди пешакӣ аз ҷониби суд, басуддиҳӣ) низ вуҷуд надорад. Баррасии парванда бо тартиби пешбурди соддашуда бештар аз ҷониби судя танҳо амалӣ мегардад. Асоси мурофиавии чунин тарзи баррасӣ иттилооти полис ё шикояти ҷабрдида шуда метавонад. Дар ҳолати ба айби худ иқрор шудани айбдоршаванда судя фавран чораи ҷазоро муайян мекунад. Ҳангоми муносибати баракси айбдоршаванда ба айби пешниҳодшуда муҳокимаи ба муҳокимаи судӣ монанд гузаронида мешавад, вале дар ин ҳолат низ баррасии тамоми парванда, чун қоида на зиёда аз якчанд дақиқаро талаб мекунад. Ин ба баъзе ҳуқуқшиносони амрикоӣ баҳона гардид, ки тартиби соддашударо адлияи (конвейерной юстицией) номанд, зеро кафолатҳои мурофиавии қонунӣ ва асоснок будани ҳукм қурбони шакли соддашудаи мурофиа мегарданд.

Пешбурди аппелятсионӣ. Қонунгузории мурофиавии ҷиноятии амрико ҳуқуқи шикояти аппелятсиониро хеле маҳдуд муқаррар намудааст. Чунончӣ, асос барои арз намудани шикояти аппелятсионӣ тибқи қоидаи умумӣ танҳо масъалаи ҳуқуқ шуда метавонад ва нисбати ҳукм танҳо он маҳкумшудае, ки дар марҳилаи якум ба айби худ иқрор нашудааст шикоят оварда метавонад.

Дар марҳилаи аппелятсионӣ танҳо «хатогии ҷиддӣ» боиси бекор намудани ҳукми айбдоркунанда мегардад.

Дар таҷрибаи судӣ ба хатогиҳои ҷиддӣ одатан инҳо дохил шудаанд: вайрон намудани расмиёти таъсиси довари калон ва тасдиқи санади айбдоркунӣ; риоя накардани қоидаҳои муқарраргардидаи интихоби ҳайати машваратчиён (присяжных) ва вайрон кардани шартҳои асосии ҳал кардани масъалаи гунаҳкорӣ, нодуруст қабул намудан ё ба назар нагирифтани ягон факт ҳамчун далел оид ба парванда ва монанди инҳо, инчунин хатогиҳое, ки ҳуқуқҳои асосии мурофиавии судшавандаро вайрон мекунанд.

  1. Ниг..: Жигачев И.10. и др. Введение в правовую систему США М.: Норма, 1997 С. 179-181.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *