Фанни Ҳуқуқ

Чавобгари дар хукуки байналхалки

Чавобгари дар хукуки байналхалки

Аз нимаи авали асри 20 сар карда хукуквайронкунихои байналхалки ба деликтхои байналхалки ва чиноятхои байналхалки таксим мешаванд. Чиноятхои байналхалки тачовузкори, мачбуран баркарор кардан ё нигох доштани хукмронии мустамликави, генотсид, апартеид ва гайрахо мебошанд.

Чавобгарии давлати хукуквайронкунанда дар намуди шаклхои муаххас вучуд доранд. Чавобгарии хукуки вобаста ба хукуки байналхалки аз чавобгарии хукуки фарк мекунад. Дар хукуки байналхалки вобаста ба хусусияти зарари расонидашуда ду намуди чавобгари чудо карда шудааст:

1. Чавобгарии сиёси

2.Чавобгарии модди.

Чавобгарии сиёси дар шакли сертификатсия (конеъгардони) зохир мегардад. Сертификатсия, хамчун коида, дар холати зарури гайримодди ба нуфуз ва шаъну шарафи давлати чабрдида расонидашуда ба вучуд меояд. Шакли дигари чавобгарии сиёси ин амалиёти чавобии мачбури, ки аз тарафи субъекти зарардида ба амал бароварда мешаванд ва он репрессалия ном дорад. Мисол, доштани киштии мохидори барои гайриконуни гирифтани мохи.

Аз репрассаллия бояд мо реторсия, яъне икдоми чавобиро бо сабаби амалиётхои гайридустона, ки инхо хукуквайронкуниро ташкил намедиханд (мисол, бозхонди сафир дар чавоби изхори гайридустона)фарк мекунем.

Чиноятхои байналхалки ба кирдорхои вазнинтарини зиддихукукии байналхалки, ки ба асосхои мавчудияти давлату халкхо тачовуз мекунад ва принсипхои асосии хукуки байналхалкиро вайрон мекунанд, дохил мешаванд.

Объекти чиноятхои байналхалки метавонанд сулхи умумичахони ва амнияти байналхалки, муносибатхои дустонаи байни давлатхо ва халкхо , хукукуи миллату халкхо барои худмуайянкуни, конунхо ва одатхои чанги, хукуки инсон ва гайрахо бошанд.

Аввалин маротиба дар Оинномаи Трибунали харбии байналхалкии Нюренберг ва Токио чиноятхо ба мукобили инсоният хамчун чиноятхои вазнинтарини байналхалки муайян карда шуд. Баъдтар чунин бахогузориро инчунин чиноятхои генотсид (Конвенсия оид ба пешгирии чинояти генотсид ва чазо барои он аз соли 1948 );

Нажодпарасти ва махдудкунии нажоди (Конвенсияи байналхалки оид ба бархамдихии хамаи шаклхои махдудкунии нажоди аз соли 1965);

Апартеид (Конвенсияи байналхалки оид ба бархам додани чинояти апартеид ва чазо барои он аз соли 1973);

Истифодабарии яроки ядрои (Деклоратсияи Ассамблеяи генералии СММ оид ба манъ кардани истифодабарии яроки ядро ибо максади чанг аз соли 1961);

Ба тарики мустамликави пешниход кардани истиклолият аз соли 1960 ва гайрахо гирифтаанд.

Чиноятхои байналхалки дар шакли харакат ва бехаракати зохир мешавад. Субъектхои чиноятхои байналхалки ва чавобгари барои вайрон кардани онхо метавонанд субъектхои хукуки байналхалки, инчунин шахсони вокеи бошанд.

Давлат ва дигар субъектхои хукуки байналхалки чавобгарии сиёси ва модди мебаранд, шахсони вокеи бошанд, чавобгарии инфиродии чинои.

Дар хукуки байналхалкии мусир чавобгарии инфиродии шахсони вокеи барои аз тарафи онхо содир кардани чиноят ба мукобили сулх ва амнияти инсоният эътироф шудааст.

Вазъи расмии шахсон (сардори давлат ё хукумат) онхоро аз чавобгарии чинои озод намекунад.

Бояд кайд намуд, ки Чумхурии Точикистон низ хануз соли 1998 ин статутро ба тавсиб расонид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *