Фанни Ҳуқуқ

Хукуки шартномахои байналхалки

Ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ.

1.Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ.

2.Мафҳуми шартномаҳои байналхалқӣ ва таснифоти он.

Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ.

Амалияи муносибатҳои сиёсию иқтисодии байни давлатҳо вобастагии муҳимро бо шартномаҳои байналхалқӣ дошта ва дар ин ҷода онҳо дорои мавқеи аввалиндараҷа мебошанд. Шартномаҳои байналхалқӣ дар намуди хаттии созиши давлатҳо дар охири асри IV ва ибтидои асри III пеш аз мелод пайдо шудаанд. Шартномаҳои байналхалқие, ки пайдоиши онҳо ба масъалаҳои сулҳ ва ёриҳои ҳарбӣ дода мешуданд ва дутарафа буданд, яъне тарафҳо дар шартномаи байналхалқӣ танҳо ду давлат баромад мекард. Аммо вобаста ба инкишофи муносибатҳо доири танзими масъалаҳои шартномаҳо васеъ гардид ва шартнома оиди сарҳаду тиҷорат ва доири ҳуқуқи хориҷиён баста шудаанд. Дар сохти феодалӣ бошад шартнома танзимкунандаи муносибатҳои консулӣ; баҳрӣ ва дигар масъалаҳо гардид ва дар ин доира шартномаҳои бисьёртарафа пайдо гаштанд.

Бо мурури замон дар танзими муносибатҳои байналхалқӣ, шартномаҳои байналхалқӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда дар Айни ҳол ба ҳайси сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ баромад мекунад. Ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ дорои принсипҳои ва меёрҳо мебошад, ки он танзимкунандаи фаъолияти давлат ва дигар субъектҳои шартн ҳуқуқи байналхалқӣ дар вақти бастан, иҷро кардан ва қатъ намудани амали шартномаҳои байналхалқӣ иборат мебошад.

Ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ баромад мекунанд: Конвенцияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ» аз 23 маи соли 1969: Конвенцияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байни давлату ташкилотҳои байналхалқӣ ва байни ташкилотҳои байналхалқӣ» аз 21 марти моли 1966. Дар ин ҷо қайд намудан лозим аст, ки шартномаҳое, иштирокчиёнашон ташкилотҳои байнидавлатӣ мебошанд. Конвенцияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ» аз 23 маи соли 1969 паҳн намегардад. Бинобар он дар Вена 21 марти соли 1986 Конвенция «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байни давлату ташкилотҳои байналхалқӣ ва байни ташкилотҳои байналхалқӣ» қабул гардид, ки он ташкилкунандаи шартномаҳои байни ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад. Ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ доираи қоидаҳо ва ҳайати иштирокчиёни шартнома ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн, тартиби ратификация ва беэътибор сохтани шартнома ва тартиби маънидодкунии онро дар бар мегирад.

Шартномаи байналхалқи ин танзими ҳуқуқи созиши байни дув а зиёда давлатҳо мебошад, ки он асоси барқароршавӣ, тағйирёбӣ ва қатъгардии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн дар ин ё он соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мегардад. Дар ҳуқуқи байналхалқӣ коркарди ягонаи умумиэътирофгаштаи критерияи таснифоти шартномаҳои байналхалқӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз шартномаҳои байналхалқиро аз нигоҳи шумораи иштирокчиёнашон ба шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа ҷудо мекунанд. Вобаста ба ҳайати иҷтимоии субъектҳо шартномаҳои байналхалқиро ба шартномаҳои байни давлатҳои низоми иҷтимоӣ иқтисодиаш гуногун /социалистӣ, сармоядорӣ ва ғ./ тақсим менамоянд.

Вобаста ба мазмуни матлаб ва танзими объекташон шартномаҳои байналхалқиро ба :

  1. шартномаҳои сиёсӣ;
  2. шартномаҳои иқтисодӣ;
  3. шартномаҳои доири ҳамкориҳо ва дар сохаи илм ва фарҳанг;
  4. шартномаҳои маъмури ҳуқуқӣ;
  5. шартнома доири масъалаи нақлиёт ва алоқа;
  6. шартномаҳо доири масъалаи тандурустӣ ва ғайра ҷудо менамоянд.

Шартномаҳои сиёсӣ дар навбати худ ҷудо мешаванд ба шартномаҳои сулҳ, шартномаи оиди дӯстӣ, шартномаи оиди муборизаи якҷоя зидди таҷовузкорӣ, шартнома оиди бетарафӣ, шартнома оиди истифода набурдани қувва; шартномаи минтақаи доири бехатарии дастаҷамъи шартнома оиди сарҳад, шартнома оиди барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ ва ғайра.

Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии 125 шартномаи байналхалқӣ Буда, аз он 75 – шартномаи иқтисодӣ ва 50-шартномаи сиёсию ҳарбӣ мебошад. Шартномаҳои иқтисодӣ низ дар навбати худ ҷудо мешавад ба шартномаҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо оиди қарз; шартнома оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ; шартнома оиди интеграцияю иқтисодӣ, шартнома оиди ёрии техникӣ; созишномаҳо доири ҳамкориҳо, оиди сохтмони объектҳои гуногун ва ғайра. Шартномаҳои доири масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳанг – танзимкунандаи масъалаҳои характери иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ дошта мебошанд.

Шартномаҳое, ки масъалаҳои ҳуқуқиро дар бар гиранда ин шартномаҳои кӯмаки ҳуқуқи ном доранд, ки онҳо танзимукунандаи масъалаҳои ҳуқуқи мебошанд. мисол; Конвенция дар бораи ёрии ҳуқуқи ва муносибатҳои ҳуқуқи дар соҳаи корҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, ки 22 январи соли 1993 дар шаҳри Минск аз тарафи Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил ба имзо расида буд, 26 июни соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ратификация намуд. Шартномаҳои байналхалқӣ боз тақсим мешаванд ба шартномаҳои кӯшода ва пӯшида. артномаҳои кӯшода чунин шартномаҳое мебошанд, ки ба онҳо давлатҳои дигар ҳуқуқи ҳамроҳ шуданро доранд. Шартномаи пӯшида бошад чунин ҳуқуқро ба ҳар давлат намедиҳад, танҳо ба он давлате медиҳад ҳуқуқи ҳамроҳшавиро, ки сохти иҷтимоию иқтисодӣ он ба давлатҳои аъзои ин шартнома ва мақсадашон мувофиқ бошад.

Сохтори шартномаи байналхалқӣ одатан аз се қисм иборат мебошад:

  1. Кисми муқаддимавӣ;
  2. мазмун ё қисми асосӣ;
  3. қисми хулосавӣ.

Дар қисми муқаддимавии номи давлатҳои иштирокчӣ ва мақсади бастани шартнома, нишон дода мешавад. Қисми асоси бошад, моддаҳои шартнома, объекти шартнома, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн, тарзҳои таъмини иҷроиши шартномаро дар худ таҷассум мекунад. Дар қисми хотимавӣ мӯҳлати асосии шартнома тартиби ратификация кардан, забони шартнома, шароити ба қувваи амал даровардани он, шароити беэътиборшавии шартнома, тартиби дароз кардани мӯҳлати он ва агар шартнома бисёртарафа бошад тартиби ҳамроҳшави ба шартномаро нишон медиҳад.

Дар вақти бастани шартномаи байналхалқӣ тарафҳо бо розигии якдигар забони шартномае, ки имзо мекунанд, интихоб менамоянд. То қарнҳои XVII бисёрии шартномаи байналхалқӣ бо забони лотинӣ баста мешуд. Дар миёнаҳои қарни XVIII бошад забони расмии ҳуҷҷатҳои дипломатӣ ва шартномаҳои байналхалқӣ забони французӣ гашт.

Баъди ҷанги якӯми ҷаҳон забонҳои французию англисӣ дар Лигаи миллатҳо забонҳои расмӣ эътироф гаштанд. Инқилоби Октябр принципи баробарҳуқуқии забонҳоро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба вуҷуд овард, ки шартномаҳои дутараф басташуда навишта мешуданд. Дар замони муосир бошад дар Созмони Миллали Муттаҳид ба сифати забонҳои расмӣ, забони англисӣ, французӣ, русӣ, испанӣ, хитоӣ, арабӣ ва немисӣ эътироф карда шудаанд. Истилоҳи шартнома дар шартномаи байналхалқӣ ҳамчун:

а/ розигии ирода иду ва зиёда субъектҳои шартномаи байналхалқӣ

б/ номгӯи ҳуҷҷатҳои мушаххасе, ки субъектҳои ҳукиқи байналхалқӣ бастаанд, истифода мешавад. Қоидаҳои умумиэътирофгаштаи барқарор намудани номгӯи ҳуҷҷатҳои ягонаи байни давлатҳо ба имзо расида вуҷуд надоранд. Лекин дар Амалия номгӯи шартномаҳои ҳуқуқи байналхалқии зерин дучор омадан мумкин аст: шартнома, созишнома, Конвенция, хартия, протокол, эъломия, изҳорот, мубодилаи мактубҳо ё нотаҳо.

Шартнома, ки ҳуҷҷати байналхалқии созиши байни давлатҳо мебошад, ки аз дигар номгӯҳои шартномаи байналхалқӣ бо мазмун, тартиби ба расмиятдарорӣ ва мӯҳлати амалаш фарқ мекунад. Шартнома ҳамчун қоида дар худ ҳолатҳоеро мустаҳкам менамояд, ки аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ иборат мебошанд.

Шартнома аз ҷониби сарвари давлат баста шуда ва аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ратификация карда мешавад ва мӯҳлати зиёда аз 5 солро дар бар мегирад. Асосан номгӯҳои шартнома ҳамчун ҳуҷҷати байналхалқӣ иборат аст, аз шартномаи сулҳ; шартномаи оиди бехатарӣ; шартнома оиди ҳуҷумнаоварӣ; шартнома оиди кӯмакҳои тарафайн: шартномаҳои тиҷоратӣ.

Созишнома – яке аз номгӯҳои шартномаҳои байналхалқӣ мебошад ва назар ба шартнома доираи муносибатҳои байналхалқии маҳдуд ва мушаххасро дар бар мегирад. Созишнома баъди имзо ба қувваи амал медарояд ва онро аз номи Ҳукумат имзо менамоянд. Мӯҳлати Созишнома маҳдуд мебошад. Конвенция – яке аз номгӯҳои паҳнгаштаи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ мебошад, ки доираи масъалаи алоҳидаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва дигар масъалаҳои мазкурро дар бар мегирад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *